Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи Маскав “бозмегардад”

Ба хабари Фергана.ру раисиҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба меҳмонхонаи “Президент-отел”-и Маскав роҳ надодаанд ва гуфтаанд, барояш ҷой фармоиш нашудааст. Раҳмон ва ҳамроҳонаш маҷбур шудаанд, ба кофтукови меҳмонхонаҳои Маскав раванд. Шояд русҳо инро як навъ фишори равонӣ номанд, аммо кор аз кор гузашта, ин дигар тавҳин ба як миллат аст. Раҳмони мо бад аст ё нек, раҳбари як давлати мустақил аст ва намебоист, ҳатто соҳибонаш бо ӯ чунин рафтор кунанд!

Аз 57 нафаре, ки дар раъйгирии “Андеша” ширкат карданд, лағви сафари президент Раҳмон ба Маскавро чунин шарҳ доданд:

  • 44% (25 овоз) — як амали муваққати сиёсӣ
  • 23% (13 овоз) — ноумедӣ ва омодагӣ ба истеъфо
  • 18% (10 овоз) — оғози иттиҳод бо Амрико ва Ғарб
  • 16% (9 овоз) — эълони қатъи коршарикӣ бо Русия

Ҳоло назарсанҷии мо тамом нашуда, Раҳмон аз раъйи худ гашт ва маҷбур шуд ба Маскав сафар кунад.  Пас 44 дарсади раъйдодагон хеле зиракона фаҳмидаанд, ки ин амали ЭШР танҳо нишон додани як қаҳри сабук буд.

Ба ҳар ҳол дар 16 сол аввалин бор раҳбари Тоҷикистон нишон дод, ки ба ғайр аз таъзим ба Маскав гарданшахӣ ҳам карда метавонад. Барои касе ки то ҳоло ба ҳамаи талабҳои Русия тан додааст, на танҳо тан, балки дувумин маркази тарассути кайҳонии “Окно” дар ҷаҳонро низ, ҳатто ҳамин як “не”-и хеле кӯтоҳ ҳам осон набуд.

Маскав ӯро “қаҳргардон” накард. Хабарҳое ки гӯё зорааш кардаанд, ба Маскав биёяд, дурӯғи маҳзанд. Намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия ба нашрияи “Известия” гуфт, “ему же будет хуже за эту инфантилность директора совхоза.” Ба ҳамин лаҳн бо ӯ гап задаанд. Ба ин нигоҳ накарда Раҳмон боз ба Русия бовар дорад ва ру ба дигарон оварданй нест. Агар барномаи мушаххасе медошт, аз гапи худ намегашт.

Раҳмон аз Маскаве, ки бо ин қадар ваъдаҳои пуч Тоҷикистонро дар банд нигоҳ дошт, дур шуданй нест. Ин барои Тоҷикистон чӣ пайомад хоҳад дошт?

 

4 Responses

  1. “раисиҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба меҳмонхонаи “Президент-отел”-и Маскав роҳ надодаанд ва гуфтаанд, барояш ҷой фармоиш нашудааст.” – Агар ин хабар рост бошад, ин як давои миллии мо шуд. Бехурмати акнун ба таври расми ба халки Точик карда шуд.
    Хам кардани сари халки Точикро намегузорем! Бархезед!!!

  2. Что Мы за люди Таджики? Начинаем хвалить такого Палача как Рахмон.Он же уничтожил и продолжает уничтожать таджиков . Он виновник всех Наших бед. Теперь из ваших комментариев выходит что он Герой? Просто потому что отказался ехать в Россия? Может он был в запое. 17 лет нищеты и бездарного правления Рахмона Вам недостаточна?Благодаря Рахмона мы превратились в Равшанов и Джамшудов. Мы-таджики главная тема шуток и издевок всех народов бывшего СССР. Кто нас довел до ЭТОГО? Не Рахмон и его ДАНГАРИНЦЫ?
    Скорее всего скажете что хватит МАХАЛГАРОИ. Да хватит ! Но кто ГЛАВНЫЙ МАХАЛГАРО ? Не САМ ЧАНОБИ ОЛИ?
    И смех и грех. Вдруг все заговорили о государстве о роли Рахмона как символ Таджикистана . И возмущаетесь что ему не нашлось место в ПРЕЗИДЕНТ-ОТЕЛЕ?Надо же!!!! Какие мы патриоты !!! Ведь из-за Него вся нация превратилось в нищих голодных бача и наркобаранов.Вся УЖАС правления Рахмона вы увидите еще через 10-15 лет. Когда вырастут Армия тупых безмозглых молодых таджиков которые нигде не учились и кроме ТЕЛЕГИ -АРОБАКАШИ ничего не знают. Вот тогда ….
    Пока не поздно надо Всем Нам думать…

  3. Har chi ham naboshad noehtiromii Rusho nisbati khalki tojik khele ziyod shudaast. Moro chun millate ham nameshunosand ba fikram. CHunin raftori rushoro khalqi tojik faromush nakhohad kard. Dust on boshad ki girad dasti dust Dar pareshonholivu darmondagi.

  4. Shoyad bad az in kame khun dar raghoyash be jush oyad !!! Va bo andesha Yak Darvesh rozihastam shoyad ru ba Amriko bieyrad ???

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: