Агар кофирем, кофири озода бошем!

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Баъд аз дарҷи мақолаи банда ба унвони «Сарони дин ва сарони давлат» дар сомонаи «Андеша», касе ба номи Рустами Шаҳринавӣ зимни ибрози андешаи худ дар робита бо ин мақола, ба соҳиби сомона, яъне бародари арҷманд ҷаноби Рустами Субҳонӣ, тавсия мекунад, ки саҳмгузор дар «исломкунӣ»-и Тоҷикистон набошад.

 Ҳарчанд ин таълиқа шоистагии рад бар нависандаашро надорад, вале барои худам вазифа донистам то нукотеро, ба унвони тазаккур ва ёдоварӣ барои хонандагон, хотиррасон шавам:

  1. Шаҳринавӣ ҳанўз зоҳиран аз истилоҳи «давлати дунявӣ», ҳамонанди бархе аз сиёсатмадорони давлати кунунии мо, бардошт ва тафсири нодурусте дар зеҳн дорад. Чунин меандешад, ки «давлати дунявӣ» яъне «давлати бединон» ва ба иборати дақиқтар, давлате, ки аз бединон ташкил ёфтааст ва барои диндорон дар он ҷое нест. Дар ҳоле ки дар қомуси сиёсии ҳеҷ як аз кишварҳое, ки хештанро «дунявӣ» қаламдод мекунанд, чунин бардоште ёфт намешавад. Давлати дунявӣ аз назари онон, давлатест, ки дар он ҳокимият дар дасти идеологияи мушаххасе қарор нагирифта бошад, балки ҳар касе дар гароиш ба дину оине, ки дорад ва ҳамчунин дар ибрози он, ба шарте ки мояи ҳарҷу марҷ дар ҷомеа нагардад, озод аст. Масалан Шўравии собиқ, дар дидгоҳи чунин афрод, давлати «динӣ» (дин ба маънои идеология) ба шумор мерафт. Чаро ки дар он, як равия ва як идеологияи мушаххас ҳукмрон буд ва касе ба ҷуз «коммунистҳо», ҳаққи ибрози эътиқоди муайянеро надоштанд. Бинобар ин, Шаҳринавӣ ва амсоли ў, аз ин ки тоҷике диндор бошад ва ибрози ақидаи худро намояд, ба ин баҳона, ки давлати мо дунявист, ҳақ надорад садди роҳи ў шавад. Дар акси ҳол, худ «диндоре» хоҳад буд, ки монеъ аз ибрози ақоиди дигарон мешавад ва тарафдори ҳукумати «динӣ» аст. (Албатта агар «дин»-ро ба маънои идеология қаламдод кунем, ки дар ин сурат, амсоли Шаҳринавӣ пойбанд ба идеологияи «бединӣ» буда ва барои касе ҷуз худашон ҳаққи ибрози ақида қоил нестанд);
  2. Намедонам чаро Шаҳринавӣ мухолифи он аст, ки дар Тоҷикистони мо, идораи умури динӣ ба дасти диндорони варзида ва огоҳ қарор гирад? Магар қарор аст диндорони новарзида ва ноогоҳ мутасаддии чунин мақоме шаванд? Албатта дар кишвари мо, мутаассифона на танҳо дар соҳаи дин, балки тақрибан дар ҷамии соҳаҳо, ноогоҳон ва афроди белаёқат сари коранд. Эй кош дар ҳар соҳае, мутахассисаш мутасаддии он соҳа мешуд, ки дар он ҳол, Тоҷикистони мо беҳтар аз он буд, ки имрўза шоҳиди онем. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҳатто дар ҷоҳое, ки бархе ба номи дин, давлат таъсис карда (мисли Толибон) ва мояи нанги дин мешаванд, ба иллати ноогоҳии онон ба маорифи дин аст, на баръакс;
  3. Шаҳринавӣ иддао мекунад, ки Ислом боис гардидааст Тоҷикистон 1400 сол ақиб биафтад. Албатта чунин иддаоеро қаблан аз забони коммунистҳо ҳам мешунидем. Дар ҳоле ки чунин иддаое пуч ва бепоя аст. Ба Шаҳринавӣ ва амсоли ў, тавсия ин аст, ки таърихро аз нав варақ бизананд ва бубинанд, ки кадом замон, мардуми мо ақиб афтоданд? Оё замоне ки ҷомеаи мо амсоли Ибни Сино, Берунӣ, Хоразмӣ ва садҳо абармардони илму маърифатро ба дунё овард ақиб афтода буд, ё замоне ки зери сайтара ва истеъмори Рус қарор гирифта ва маҷбуран даст аз Ислом бардошт? Давлати Сомониҳо, ки маҳди илму дониш ва маърифати исломӣ буд, оё дар замони худаш, давлати ақибафтода ба ҳисоб мерафт, ё баръакс як кишвари пешрафта дар замони худ маҳсуб мегардид?
  4. Қазовати Шаҳринавӣ роҷеъ ба маорифи исломӣ (чӣ дар заминаи худошиносӣ ва чӣ дар заминаи паёмбаршиносӣ ва қуръоншиносӣ) хеле сатҳӣ аст. Ў зоҳиран чашббаста суханони амсоли Ризо Фозилиро тўтивор ба забон меоварад ва худ намедонад, ки чӣ мегўяд. Бинобар ин, банда ин ҷо барои худ шоиста намебинам, ки ба ин иддаоҳои пуч посух бидиҳам. Огоҳон бо маорифи исломӣ худ медонанд, ки чунин иддаоҳое бепоя аст. Танҳо тавсияам ба Шаҳринавӣ ин аст, ки агар толиби ҳақиқат дар ин мавзўъ бошад, баҳси муфассалеро дар ин замина дар ин пойгоҳи интернетӣ (http://kemyaesaadat.com/index.php?option=com_content&view=article&id=12:2008-12-12-22-53-55&catid=17:2008-12-09-19-20-03&Itemid=22) метавонад пайдо кунад;
  5. Нуктаи дигар он ин ки Шаҳринавӣ ду суханеро ба донишманди маъруф Ибни Сино (р) нисбат медиҳад, ки аслан дурўғ ва бўҳтон ба мақоми волои Ибни Сино аст. Шаҳринавӣ зимни ин иддао, ки ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбар нест, балки ҳар чи гуфта, ба сабаби беморӣ будааст, мегўяд: «Ба ин сабаб Ибни Сино гуфтааст, ки дар як намуди бемории рухи ба назари одам фариштахо менамоянд ва у хаёлан бо онхо гап зада вакте ба холати солими бармегардад, ин хамаро рост мешуморад.»

Банда бо тамоми масъулият метавонам бигўям, ки Ибни Сино чунин сухане надорад. Тамоми китобҳояшро дорам ва мутолеа кардаам ва дар ҳеҷ як аз онҳо чунин сухани зиште нисбат ба мақоми волои Паёмбари азимушшаъни Ислом (с) вуҷуд надорад. Балки баръакс, дар китоби «Наҷот» дар мақоми исботи паёмбарӣ ва ниёзи инсонҳо ба паёмбар, далели ақлӣ оварда, мегўяд: «Ниёз ба паёмбар ва баёнкунандаи шариати илоҳӣ дар бақои навъи инсон ва дар расидани инсон ба камоли вуҷудии инсонияш, басе бештар аст аз ниёз ба рўёнидани мў бар абрувон ва муқаар (ва мутаносиб) сохтани кафи ду по ва манфиатҳое дигар аз ин қабил, ки сирфан манфиатнок дар бақои навъи инсонанд бидуни он ки зарурати бақои навъ эҷоб кунад.»  Тавзеҳ он ки Ибни Сино мегўяд: Худованд, ки инсонро барои ҳадафе офаридааст (чун аз ҷониби Худо корҳои беҳуда содир намешавад), дидааст, ки барои бақои навъи инсон, ба як силсила чизҳое ниёз ҳаст, ки бояд дар вуҷуди инсон бошад, мисли мў дар абрувон доштан ва ё муносиб будани кафҳои по. Зеро агар инсон бар абрувон мў надошт ва ё кафҳои поҳояш ба гунае дигар буданд, ҳаёт барояш душвор мешуд. Мебинем Худо ин ниёзҳоро, ҳарчанд ниёзҳои кучак, барояш муҳайё кардааст. Бинобар ин агар дидем инсон дар зиндагии инсонияш, ба як барномаи зиндагӣ ниёзманд бошад ва ин ниёз беш аз ниёзмандии ў ба баровардани мў бар абрувон ва ё мутаносиб сохтани кафҳои поҳояш бошад, бешак Худованд ин ниёзро ба тариқи авло барои инсон бароварда хоҳад намуд. Ва баровардани ин ниёз, бо фиристодани Паёмбарон таҳаққуқ ёфтааст.

Нисбати норавои дигар ба Ибни Сино аз ҷониби Шаҳринавӣ ин аст, ки иддао мекунад, ки Ибни Сино «ҳануз хазор сол пеш таъкид карда буд, ки олам аз тарафи ягон кувваи фавкутабии офарида нашудааст».

Ин ҳам як дурўғ, балки як бўҳтони ошкор ба мақоми волои ин донишманд. Ибни Сино на танҳо чунин назаре надошт, балки дар заминаи исботи офаридгор ва зоте, ки холиқи ҳастӣ аст, барои аввалин бор дар таърих, далели «сиддиқин»-ро ба армуғон овардааст. Қабл аз ў, назди файласуфон, танҳо далели «ҳаракат» (ки аз ҷониби Арасту иброз гардида буд), ба унвони далели ақлӣ бар вуҷуди офаридгор матраҳ буд. Аммо Ибни Сино бо овардани далели «сиддиқин», таҳаввули азиме дар заминаи фалсафа ва худошиносӣ эҷод кард. Аммо ин ки мазмуни ин далел чист, ин ҷо мақоми пардохтан ба он намебошад, бояд дар ҷои худаш онро матраҳ кард;

  • Дар поён ба ин нукта ҳам шоиста аст ишора намоям, ки ҷаноби Шаҳринавӣ бо ибрози чунин ақида, яъне бо инкори вуҷуди Худо ва инкори паёмбарӣ, расман аз доираи мусалмонӣ хориҷ шуда ва кофир шудаанд. Албатта бо шунидани ин, набояд тааҷҷуб кунанд. Ҳеҷ ишколе надорад, ки як нафар кофир шавад. Ҳар касе дар андеша озод аст. Ислом ҳам ба камоли сароҳат мегўяд: «Дар дин (ақида) ҳеҷ иҷборе нест», «Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, куфр варзад». Бинобар ин ҳеҷ мушкиле надорад ва касе ҳам ҳақ надорад, ки ба ў эътироз кунад, ки чаро кофир шудааст. Паёмбар (с) ҳам дар замони худ бо кофирон рўбарў буд ва ба онҳо мегуфт: «Дини ман барои худам ва дини шумо барои худатон».

Балки он чи матлуб аст, озода будан аст. Хеле аз кофирон ҳастанд, ки дар ақида кофиранд (яъне на ба Худо имон доранд ва на ба паёмбар), аммо дар айни замон, озодаанд. Ба ақидаи дигарон эҳтиром қоиланд, аз ибрози ақоиди мухолиф тарсу ваҳшат надоранд.

Бинобар ин, сухани банда барои Шаҳринавӣ ва амсоли ў ин нест, ки чаро кофир шудаед, балк ин аст, ки чаро озода нестед? Чаро тобу тоқати таҳаммули шунидани афкору андешаҳои мухолифи худро надоред?

Албатта ин сухан ба диндорон ва исломгароёне ҳам, ки тоқати шунидани афкор ва ақоиди дигаронро надоранд низ сидқ мекунад. Яъне онҳо ҳам бояд озода бошанд ва аз шунидани эътиқодоти мухолифи шариати исломӣ ваҳшатзада нашаванд, балки матлуб он аст, ки ибтидо хуб гўш бидиҳанд ва сипас бо мантиқ ба посухи он бароянд.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ!

http://www.kemyaesaadat.com/

Advertisements

98 Responses

  1. Далелхои хубу нишонрасе матрах шудаанд.

    Як бародар ба имейли ман нома зада, тахдид ва тааддй кардааст, ки бояд андешаи Рустами Шахринавиро кур кунам ва ин гуна мавод ба нашр нарасонам.

    Агар он нома намебуд, ин матлаби бароио бисёрихо мухими чаноби Сайидюнуси Истаравшанй харгизба миён намеомад.

    Ман тарафдори баёни озодонаи фикру андешахо мебошам ва ин принсипро муроъот хохам кард.

  2. Right to the point.

    Very good, I think the first point he made was just simple. He made each word clear and defined them, rather than throwing out different terminologies. I found that quite interesting, since philosophers tend to look sophisticated and throw out those big words, but not this writer.

    I was very pleased with the second point as well. He sent the ball right to his court.Iit definitely was a very good counter-argument.

    The third one is pretty shaky and is not that strong or convincing. The comparison of Soviet times back to eras of Sino & others is just ridiculous. There are many other major factors, which the writer is neglecting.

    The fourth one is a very subjective and I would not wand to bring that because it eventually leads to nowhere. The very essence of the word faith in religion is putting your trust and believing into something which can’t be proven 100% or something which does not exist.

    And the last one is questionable, he might have said that or he might not. I have not read his books or writings, so I’ll refrain from commenting on this one.

    I was very impressed that the writer was cool headed and did not get emotional to some extent and made a brilliant conclusion. He was inclusive on that.

    Thanks for sharing your thoughts Saidynus (forgive me if I misspelled your name).

    and Rustam I believe into your integrity and hope you’ll stick to that principle.

  3. Мо зи Куръон магзро бардоштем,

    Пусти он пеши сагон бигзоштем.

    (Мавлавй)

  4. Salom Dusti aziz Rustamjon. Blogaton baroi tarakii demokratiya dar Tojikiston sahmi arzandaye dorad. Man yak peshnihode doshtam ki mekhostam shumo dar blogaton dar kismi makolaho onro nashr kuned. Peshnihod chunin ast ki Oyo obi geshoro ziyoda az yak marotiba istifoda burda az obi kam kuvvai barki ziyod hosil kardan . Yane 4 5 nasoshoi purquvvata dar poyoni GES nasb karda obi az obanbor baromadaro dubora ba GES dokhil kunem chi khel meshavad. Peshnihodi 2 yum : Jalb kardani khalki tojik ba ekonomikai Tojikiston yane avtoinvestisiya. Lekin na ba energetika chunki energetika dar Tojikiston dar solhoi daroz daromad meorad. Boyad Gesho 100 % az tarafi davlat sokhta shavand. Lekin ba mikroekonomika masalan korkardi konhoi tilloyu nukra yo in ki zavodhoi khurdi pakhtayu digaru digar investitsiyahoi dokhiliro khub ba roh mondan mumkin ast. Masalan pesh az hama 1 fondi makhsus ki tamomi mablag az tarafi khalq jam karda meshavad tashkil doda targibi onro khub ba roh mondan lozim. Ba khudi fond mustaqiliyat dodan darkor (yane az tarafi yak orgai khudi idora shavad na az tarafi hukumatu bonkho). Masalan har moh ba tavri ikhtiyori boyad mablag jam kard. Masalan mansabdoroni davlati har moh 15 $ i har yak shahrvand har moh ba mablagi 1 $ i har safir 10 $ i kumak rasonad. Boz sohibkoroni Tojiki himmatnok ziyodand ki har moh masalan to 50 $ i kumak karda metavonand. Az budjet ham har moh ba mablagi to 100 000 $ i judo shavad. Inchunin muhojiron niz bovari doram ki inro dastgiri mekunand chunki khudi onho bo kor tamin khohand shud agar in barnoma khub ba roh monda shavad. Yane fahmondadihii khub lozim ast. Bovari doram ki har moh 10 15 million $ jam khohad shud. Va har moh ba kadri imkon zavodhoi az kor mondaro ba kor medarorem va zavodhoi khurd khurdi ziyode sokhta metavonem. Inchunin ba shakhsone ki investitsiya guzoshta foida ba dast ovardan mekhohand dar dokhili fond programmai alohida baroi onho judo kardan mumkin ast ki mablagi jamshavandaro ba marotib ziyod khohad kard.
    Man bovari doram ki khalki tojik az hama peshtar az in buhroni moliyavii jahoni mebaroyand. Baroi in bisyor ba karzhoi khoriji umed nakarda ba kuvvai khudi bovari kardan lozim ast. Az shumo khohish mekunam ki dar kismi makolahoyaton ın navishtajotro joy dihed (Ba shrifti liriki gardondani onro va tahrirashro az shumo khohonam) Makolaro az nomi Yak donishju gufta nashr kuned. Az kadom adres budanamro nanavised. Salomat boshed

  5. Банда бо тамоми масъулият метавонам бигўям, ки Ибни Сино чунин сухане надорад. Тамоми китобҳояшро дорам ва мутолеа кардаам ва дар ҳеҷ як аз онҳо чунин сухани зиште нисбат ба мақоми волои Паёмбари азимушшаъни Ислом (с) вуҷуд надорад.
    ——————————————————
    Савол ин аст: Оё вучуд дошта метавонист?
    Саволи дигар: Оё имруз касе дар китоби худ метавонад акаллан зидди Эмомалй Рахмон сухане нависад?

  6. боракаллох бародари исломи САИДЮНУС! хуб чавоби як ахмаки бединро додаи. ачаб ин аст ки ин хукумати бедини вучудаш ана аз хамин гуна шахринавихо пур аст. ва мо мебинем ки як кризиси акидави мардумро фаро гирифтааст. чун ин хукумат мабнояш аз бедини е худ мубориза бар зидди дин барпо шудааст.
    ба ед биеред солхои 92 ро вакте ки аскарони бобои сангак хона ба хона китоби исломи ва е дини мекофтанд. то хануз ман чисткаи файзали саидови кахрамони миллати точикро фаромуш накардаам.
    худоё ин олими точикро дар зери химояти худ карор дех. омин.

  7. Чи хуш буд, агар хама мисли Сайидюнус бо одоби хасана, далоили кавй, эхтироми инсонй ва пахноварии биниш ба хаёти худ менигаристем!

  8. Сайидюнус,

    Агар касе ба шумо бигуяд, ки замин гирд нест ва хамвор аст, бовар хохед кард? Албатта, дар гузашта хамаи муллохо ва мардуми оддй хам бовар мекарданд, хам дар Аврупо ва хам дар Шарк. Вале холо хам бовар мекунед? Фикр намекунам. Тасвирхои мохвораи нишон медиханд, ки замин гирд аст. Ва агар касе пофишорй кунад, ки замин соф аст, одамон уро истехзо мекунанд. Ва агар бихохад, ки барои исботи назараш дигаронро бизанад, одамон худи уро мезананд ва ба акидааш хам эхтиром намегузоранд ва акидаи уро тахаммул намекунанд.

    Бисёре аз гуфтахои Аллох дар Куръон хам бо дарёфтахои илмии имруз намесозад. Ва аслан назарияи китоби Худованд будани ин навиштахои парешон ба хеч навъ собит нашудааст, аммо заъифу суст будани он ва эродхои башарии он аз аввали ислом то холо собит шудаву мешавад. Барои хамин хелехо дигар онро тахаммул хам намекунанд. Мисли он ки як нафар ба шумо гуяд, ман «человек-невидимка» хастам, вале шумо уро бибинед. Шумо хам ба чизе бовар доред, ки бунёд надорад.

  9. Суханхои Рустами Шахринави чон дорад. Агар он суханхо оиди Ибни Сино рост намебуданд, Имом Газоли дар бист маврид ихтилоф доштани Синоро бо дин таъкид намекард.
    Ризо Фозили хам аз руи китобхои донишмандони эрони Ганчи ва Шучоъ гап мезанад, на аз номи худаш. Яъне ин як бахси илми аст. Агар Сайидюнус донишманди дилсузи ислом бошад ба ин китобхо раддия менавист ва мо хам ба у бовар мекардем. Холо бошад ба донишмандоне бовар дорем, ки мегуянд: Куръон аз мачмуи донишхои хазору чорсадсол пеш дар бораи олам доштаи арабхои сахронишин иборат аст.

  10. БА ТАБАР!
    наметавонам туро бародар гуям зеро мебинам бародарам нести. наметавонам туро ахли илму хирад гуям зеро аз номат маълум аст ки кисти. хуб мешуд ба чои ин бехиради ва беэхтироми нисбати як олим каме дарс мехонди ва аз илм бархурдор мешуди. гумонам чоят хезумхона аст. хуб мешуд он чо сокит мебуди. ва ба бародар САИДЮНУС ГУФТАНИАМ:
    «Шумо кухед аз ин бодхо наларзед»
    худованд шуморо дар амони худаш нигах дорад. омин

  11. Бо дуруд бар ҷаноби Табар,
    Бо камоли эҳтиром ба раъйу назаре, ки иброз доштед, ҳузури гиромиятон бирасонам, ки масъала чунин нест, ки ҷаноби шумо меангоред. Чаро?
    Аввалан, Қуръон, ки китоби осмонии мо мусалмонон ба ҳисоб меравад, як китоби илмӣ нест, ки мо интизор дошта бошем дар он назария ва фарзияҳои илмӣ, ки бо гузашти айём, яке пас аз дигаре иваз шуда, назарияи илмии ҷадид ҷойгузини назарияи қадим мегардад, бароямон тарҳ шуда бошад. Қуръон, ба гуфтаи худаш, китоби ҳидоят ва роҳнамоӣ аст. Роҳнамоӣ ба сўи камоли моддӣ ва маънавии ў дар дунё ва охират. Ба сухани дигар, оятҳои қуръонӣ, дар воқеъ дастуруламалҳое мебошанд, ки амал ба муқтазои онҳо, инсонро комил ва саодатманд месозанд. Мисоли Қуръон, дуруст мисоли қонуни асосиро монад, ки амал мутобиқи он, (ба гуфтаи гузорандагонаш) барои фард ва ҷомеа зиндагонии хуш ва саодатмандеро фароҳам меоварад. Танҳо бо ин тафовут, ки қонунҳои башарӣ, маҳдуд ба замон ва макони муайяне мебошанд, вале Қуръон (ки фиристандааш офаридгори мост) фаромакон ва фарозамон аст ва барои ҳар замон (то қиёмат) ва ҳар маконе салоҳияти тазмини расондани инсонҳо ба саодаташон дар дунё ва охиратро дорост.
    Сониян, ҳатто бо ин вуҷуд, ки Қуръон ўҳдадори баёни назарияҳои илмӣ нест, вале аз он ҷо ки каломи Худост (ва ҳеҷ ботил ва дурўғе дар он вуҷуд надорад), аҳёнан оятҳое дар он пайдо мешаванд, ки ҳаққонияти онҳо бо гузашти рўзгор барои одамиён бармало шудааст. Қуръон ишороти сареҳ ба қонуни ҷозибаи умумӣ (ки аз сўи Нютон кашф гардид), ба моҳияти вуҷуди кўҳ дар рўи замин (ки ахиран барои башар собит шуд) ва ба даҳҳо иктишофоти илмӣ, ки баъд аз замони нузули Қуръон барои башар маълум шудаанд мекунад. Барои мисол, оятеро бароятон меоварам, ки Қуръон ба сароҳат ва бар хилофи пиндори шумо, ишора ба курашакл будани замин дорад. Дар сураи Раҳмон ояте ҳаст, ки мегўяд: “Раббул-машриқайни ва раббул-мағрибайн”, яъне Худо парвардигори ду машриқ ва ду мағриб аст. Муфассирони Қуръон, қабл аз кашфи курашаклии замин, дар тафсири ин оят ҳайратзада мешуданд. Мегуфтанд: мо нафаҳмидем, ки муроди Худо аз ду машриқу ду мағриб чист? Мо танҳо як мағриб ва як машриқ дорем. Аммо баъд аз он ки куравияти замин ошкор гардид, муфассирон фаҳмиданд, ки агар инсоне дар ин паҳлўи замин қарор дошта бошад, ҷиҳати мағриб барояш ҳамон аст, ки барои инсони дигаре, ки дар он паҳлўи дигар қарор дорад машриқ аст. яъне дар воқеъ, барои ду инсоне, ки дар ду паҳлўи замин қарор доранд, ҷиҳати мағриб аз машриқ мутафовит аст. Ин аст маънои саҳеҳи “Парвардигори ду машриқ ва ду мағриб”.
    http://www.kemyaesaadat.com/

  12. Бо дуруд бар ҷаноби Табар,
    Бо камоли эҳтиром ба раъйу назаре, ки иброз доштед, ҳузури гиромиятон бирасонам, ки масъала чунин нест, ки ҷаноби шумо меангоред. Чаро?
    Аввалан, Қуръон, ки китоби осмонии мо мусалмонон ба ҳисоб меравад, як китоби илмӣ нест, ки мо интизор дошта бошем дар он назария ва фарзияҳои илмӣ, ки бо гузашти айём, яке пас аз дигаре иваз шуда, назарияи илмии ҷадид ҷойгузини назарияи қадим мегардад, бароямон тарҳ шуда бошад. Қуръон, ба гуфтаи худаш, китоби ҳидоят ва роҳнамоӣ аст. Роҳнамоӣ ба сўи камоли моддӣ ва маънавии ў дар дунё ва охират. Ба сухани дигар, оятҳои қуръонӣ, дар воқеъ дастуруламалҳое мебошанд, ки амал ба муқтазои онҳо, инсонро комил ва саодатманд месозанд. Мисоли Қуръон, дуруст мисоли қонуни асосиро монад, ки амал мутобиқи он, (ба гуфтаи гузорандагонаш) барои фард ва ҷомеа зиндагонии хуш ва саодатмандеро фароҳам меоварад. Танҳо бо ин тафовут, ки қонунҳои башарӣ, маҳдуд ба замон ва макони муайяне мебошанд, вале Қуръон (ки фиристандааш офаридгори мост) фаромакон ва фарозамон аст ва барои ҳар замон (то қиёмат) ва ҳар маконе салоҳияти тазмини расондани инсонҳо ба саодаташон дар дунё ва охиратро дорост.
    Сониян, ҳатто бо ин вуҷуд, ки Қуръон ўҳдадори баёни назарияҳои илмӣ нест, вале аз он ҷо ки каломи Худост (ва ҳеҷ ботил ва дурўғе дар он вуҷуд надорад), аҳёнан оятҳое дар он пайдо мешаванд, ки ҳаққонияти онҳо бо гузашти рўзгор барои одамиён бармало шудааст. Қуръон ишороти сареҳ ба қонуни ҷозибаи умумӣ (ки аз сўи Нютон кашф гардид), ба моҳияти вуҷуди кўҳ дар рўи замин (ки ахиран барои башар собит шуд) ва ба даҳҳо иктишофоти илмӣ, ки баъд аз замони нузули Қуръон барои башар маълум шудаанд мекунад. Барои мисол, оятеро бароятон меоварам, ки Қуръон ба сароҳат ва бар хилофи пиндори шумо, ишора ба курашакл будани замин дорад. Дар сураи Раҳмон ояте ҳаст, ки мегўяд: “Раббул-машриқайни ва раббул-мағрибайн”, яъне Худо парвардигори ду машриқ ва ду мағриб аст. Муфассирони Қуръон, қабл аз кашфи курашаклии замин, дар тафсири ин оят ҳайратзада мешуданд. Мегуфтанд: мо нафаҳмидем, ки муроди Худо аз ду машриқу ду мағриб чист? Мо танҳо як мағриб ва як машриқ дорем. Аммо баъд аз он ки куравияти замин ошкор гардид, муфассирон фаҳмиданд, ки агар инсоне дар ин паҳлўи замин қарор дошта бошад, ҷиҳати мағриб барояш ҳамон аст, ки барои инсони дигаре, ки дар он паҳлўи дигар қарор дорад машриқ аст. Яъне дар воқеъ, барои ду инсоне, ки дар ду паҳлўи замин қарор доранд, ҷиҳати мағриб аз машриқ мутафовит аст. Ин аст маънои саҳеҳи “Парвардигори ду машриқ ва ду мағриб”.
    http://www.kemyaesaadat.com/

  13. Афшини Истаравшанӣ,
    Ҳузури гиромиятон маълум бошад, ки ихтилофи марҳуми Ғаззолӣ (р) бо Шайхур-раис Ибни Сино дар мавриди вуҷуд ва ё адами вуҷуди Худо, ё масъалаи паёмбарӣ ва ин ки оё паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари бар ҳақ ҳастанд ё нестанд, намебошад. Балки ихтилофи Ғаззолӣ бо Ибни Сино перомуни равиши баҳс (методология) аст. Тавзеҳ он ки марҳуми Ғаззолӣ, равиши ақлӣ (фалсафӣ) дар баррасии масоилро қабул надорад ва бинобар ин, китобе ҳам дар радди фалсафа ба унвони “Таҳофут ал-фалосифа” нигоштааст. Ва ишколи ў бар фалсафа, дар навбати аввал, перомуни ба коргирии равиши мантиқи арастуӣ (мантиқи сурӣ) аст. Бештари ихтилофоти ў бо Ибни Сино дар ҳамин хусус аст ва ҳеҷ рабте ба маорифи динӣ надорад. Ғаззолӣ дар баррасии масоил, аз назари равиши баҳс, наздиктар ба позетивистҳо аст. Аммо Ибни Сино бар хилофи Ғаззолӣ, равиши ақлӣ-фалсафиро дар баррасии масоил пеш гирифта ва мўътақид аст калиди ҳамаи маориф (чи илоҳӣ ва чи башарӣ), ин ақли фалсафӣ аст.
    Ман тааҷҷуб мекунам аз ин ки баъзеҳо исрор доранд Ибни Синоро дар зумраи аттеистҳо мулҳақ созанд! Ё аслан китобе аз Синоро мутолеа накардаанд ва ё бар қасд ин корро мекунанд. Агар аз рўи ноогоҳӣ чунин мекунанд, тавсия он аст, ки ҳадди ақал китоби “Наҷот” ва “Шифо” (ҳам бахши мантиқ ва ҳам бахши фалсафааш)-ро боре мутолеа кунанд. Аммо агар қасдан чунин иттиҳоме бар мақоми волои Ибни Сино мезананд, бидонанд, ки чунин коре, кори номардҳост ва аз рўи инсоф нест. Набояд инсон (ҳар кӣ бошад, худобовар ва ё худонобовар) надониста чизеро ба касе нисбат диҳад ва худ бидонад, ки аз рўи огоҳӣ чунин мекунад.

  14. Сайидюнус,

    Ташаккур, ки ба чанд мавриди дакики ишколхои куръон ишора кардед.

    Агар Куръон карор набуд китоби кулл бошад, чаро Умар мегуфт, ки «чун мо Куръонро дорем, дигар ба хеч китобе ниёз нест»?

    Агар Куръонро китоби Худо бидонем, чи гуна Худо метавонад барои башар ду Шарк ва ду Гарб коил шавад, дар холе ки мо як шарк ва як гарб бештар надорем? Тавзехи шумо гурез аз хакикат аст. Агар он вокеъан сухани Худост, чаро бояд бо башари нодони худ ба забони муаммо гуфтугу кунад? Чаро сухане аз чанубу шимол ба миён намеоварад? Ин чи рабте дорад ба гирд будани кураи замин? Дар кучои Куръон омадааст, ки Замин гирд аст? Хеч чо.

    Дар кучои Куръон омадааст, ки куххо зилзила ба вучуд меоваранд? Баракс, Куръон мегуяд, ки куххо заминро аз балохо хифз мекунанд, заминро устувор нигох медоранд. Илм собит кард, ки куххо далели аслии заминларзахо хастанд ва минтакахои кухистонй ларзахезтар аз минтакахои хамворанд.

    Далели ихтилофи Газзолй бо Абуалй Сино танхо дар шеваи бахс набуд. Агар мушкили Газзолй шеваи бахс буд, чаро у Синоро мушрик медонист? У бо дониши илмии Сино мушкил дошт. Газзолй як муллои тангназар буд ва душмани фалсафа. Сино як инсон буд дар миёни тудахои торикфикр. Аз ин ру зиндагиаш дар азоб гузашт ва хамеша аз дасти хамин мутассибони беакл дар гурез буд. Мутаассибоне, ки «хар к-у на хар аст, кофираш мехонанд.» Сино аз замони худ хадди акал 1500 сол пешравтар буд.

  15. Чанд ишколи дигар Куръон:

    Дар сураи 41;9, 10 ва 12 мехонем, ки Худованд чахонро дар хашт руз сохт. Аммо сураи 10:3 теъдоди рузхои офариниш шаш руз зикр шудааст. Яъне Куръон бо худаш танокуз дорад.

    Куръон дар сурат Тохо (20:90-100) мегуяд, ки сомирихо (самаритяне) ба исроилихо кумак карданд, ки як гусолаи тиллои созанд. Аммо таърих гувох аст, ки сомирихо хадди акал 1000 сол пеш аз зухури Мусо ва хичрати яхудихо аз Миср хам вучуд надоштанд ва наметавонистанд бо Мусо гуфтугу кунанд, он гуна ки дар Куръон омадааст.

    Куръон дар сураи Тавба (9:30) мегуяд, ки яхудихо Узайрро писари Худо медонистанд (Waqalati alyahoodu AAuzayrun ibnu Allahi waqalati alnnasara almaseehu ibnu Allahi ). Дар хеч китоби яхудихо ин мавзуъ вучуд надорад ва яхудихо Узайрро писари аллох намедонистанд.

    Дар сураи Кахф (18:89-98) мехонем, ки Зулкарнайн (баъзехо онро ба Искандари Макдунй ва баъзехо ба Куруши Бузург нисбат медиханд) як мусулмони диндор буд ва умри дарозе дошт. Таърих гувох аст, ки Зулкарнайн (чи Искандар бошаду чи Куруш) харгиз мусулмон набуданд, чун исломе набуд он замон. Динхои Искандару Курушро имруз мусулмонхо ширк медонанд ва ахли китоб нестанд. Ва хеч кадом умри дароз надиданд. Пас ин хам дуруст нест.

    Куръон дар сураи Моида мегуяд (5:116 ва 5:73-75), ки сегонагй (троица)-и насронихо иборат аст аз се худо – Падар, Модар ва Писар. Аммо мо медонем, ки сегонаи насронихо Падар, Писар ва Рухулкудс аст.

    Аз ин танокузхо дар Куръон бисёр аст.

  16. Ба ин ишколхо хам таваччух кунед:

    1. Куръон дар бораи аввалин фарди мусулмон дар чахон чандин назарро медихад:

    Мухаммад (6:14, 163), Мусо (7:143), баъзе мисрихо (26:51), Иброхим (2:127-133, 3:67) ё Одам, ки у хам аз Аллох илхом гирифта буд. Билохира, кист аввалин мусулмон?

    2. Куръон дар чанд маврид дар бораи дида шудан ё нашудани Аллох ду назари мухталиф медихад:

    Бале, Мухаммад Аллохро дидааст (53:1-18; 81:15-29)

    На, Аллохро намешавад дид (6:102-103; 42:52)

    Ба кадомаш бовар кунем?

    3. Оё фариштахо метавонанд боиси марги одамон шаванд? Дар ин бора хам Куръон мутмаин нест.

    Куръон ба онхое, ки касеро гайр аз Аллох мепарастанд, хамла мекунад, зеро онхо на метавонанд чизе биофаринанд ё онро аз байн бибаранд, зиндагй намедиханд ва зиндагиро хам намегиранд ва факат Аллох аст, ки ин корхоро мекунад. Аммо дар чанд сура (4:97; 16:28, 32; 32:11) Аллох ишора мекунад, ки як ё чанд фаришта заминасози марги баъзехо хастанд.

    4. Куръон ба мусулмонхо ичоза намедихад, ки бо занони мушрик издивоч кунанд (сураи 2:221) ва насронихоро мушрик ва бебовар меномад (9:28-33), аммо боз хам ба мусулмонхо ичоза медихад, ки бо занони насронй издивоч кунанд (5:5). Билохира, издивоч кунем ё накунем?

    5. Оё Аллох ба кофирони некукор подош хохад дод?

    Сураи 9:17 ва 9:69 ошкоро мегуянд, на. Кофар мархамати илохиро нахохад дид, хатто агар кори хуб кунад. Вале сураи 99:7 ишора мекунад, ки бале, хохад дод. Сураи 2:62 хам ваъдаи подош мекунад, ки насронихои некукор подош хоханд дид. Вале сурахои 9:28-33, 5:17, 72-73 насронихоро мушрик медонанд ва сураи 9:17 ошкоро мегуяд, ки мушрикон подоши нек нахоханд дид. Ба кадомаш бовар кунем?

    6. Як мусулмон чандто модар метавонад дошта бошад?

    Танхо якто (сураи 58:2, хамоне ки моро зодааст), ё дуто (4:23, хамрох бо дояе, ки ба мо шир додааст) ё хадди акал дахто (33:6)???

    Агар хостед, боз хам табарвор ин порахоро бароятон пора-пора хохам овард.

  17. Эх афсус ТАБАР,ки ту худоро ба аклу тафаккур ва чашми дили хеш нашинохтаи,балки ба фахмиши фарангимаобону бехудоён шинохтай! Аз фитрати ирфониву мисли як ашёи бечонй махрумй ва аз эхсоси хештаншиносй дараке наёфтай!!!
    Худоро бо акли худ бишнос!
    Онро,ки зи Кур,ону хабар з-у нарахй,
    Он аст чавобаш,ки чавобаш надихй!

  18. Бародарони азиз,

    Лутфан ба одоби бахс муроот кунед.

  19. Ҳамнавъи мўҳтарам Табар,
    Дар оғози посух ба чанд маврид аз мулоҳизоти шумо, ки онҳоро ба унвони “ишколот” бар Қуръони Карим (ки дар воқеъ на ишкол аст, балки ишколнамост) тарҳ намудаед, сазовор мебинам ин нуктаро бароятон маълум набуда бошам, ки он чи шумо (ба қавли худатон “табарвор”) матраҳ кардаед, солҳо балки садаҳост, ки аз ҷониби бархе ҳамраъйҳои шумо матраҳ шуда ва аз сўи донишмандони исломӣ барои ҳар яке посухҳои дандоншикан дода шудааст. Барои шумо ва амсоли шумо шоиста ин буд, ки вақте бо ишколе перомуни маорифи исломӣ, ба вижа маорифи қуръонӣ рўбарў мешавед, агар ҷўёи ҳақиқат ҳастед, боре ҳам ба дунболи назари андешмандони исломӣ, ки бар дақоиқи ин маориф огоҳанд, биравед ва бубинед дидгоҳи онон перомуни ин “ишколот” чист. Оё воқеан он чи шумо “ишколот” бар Қуръон меангоред, ишколоти воқеист, ё на, бархоста аз адами огоҳӣ ва ошноии соҳибони ин “ишколот” бо маорифи исломӣ мебошад?
    Ба ҳар ҳол, вазифаи худ медонам, ба ин мулоҳизоти ишколнамои шумо посух гардонам:

  20. 1. Он чи ба банда нисбат медиҳед, ки “ба чанд мавриди ишколҳои Қуръон ишора кардаам”, нисбати дурусте нест, чун банда дар мақоми дифоъ аз Қуръонам, на эроди ишкол бар он. Аммо агар бардошти шумо аз суханони банда чунин бошад, сазовор буд бигўед: бардошти ман аз суханони шумо ин аст.
    2. Банда нагуфтам, ки Қуръон китоби кулл намебошад, балки он чи гуфтам ин буд, ки Қуръон китоби ҳидоят ва роҳнамоист, на китоби илмӣ, ки ўҳдадори баёни назарияҳо ва фарзияҳои илмӣ бошад. Ва ҳар он кас ҳам, ки интизори ў аз Қуръон ин бошад, ки Қуръон барои ў назарияҳои илмиро матраҳ кунад, интизори беҷое доштааст. Ва аз он ҷо ки бархе бо чунин пешфарзе рў ба Қуръон меоваранд (яъне бо ин пешфарз, ки Қуръон дар садади баёни фарзияҳо ва назарияҳои илмӣ барои ў мебошад), ба маҳзи бархўрд бо оятҳое, ки дар бораи кўҳҳо, вазидани бодҳо, ихтилофи шабу рўз ва ғайра сухан меронад, зуд қазоват мекунад, ки чаро Қуръон чунин гуфтааст ва чунон нагуфтааст. Ў бояд бидонад, ки Қуръон агар ин масоилро матраҳ мекунад (ва қатъан ҳар он чи Қуръон мегўяд, сад дар сад ҳақ аст), на барои ин аст, ки барои ў мехоҳад аз як назарияи илмӣ сухан бигўяд, балки ҳадафи Қуръон аз тарҳи чунин масоил, барои огоҳонидани башар ва ҷалби таваҷҷўҳи ўст ба сўи қудрате, ки ин падидаҳоро офарида ва идора мекунад. Хеле аз уламо ва донишмандон, ки исломӣ ҳам ҳастанд, мутаассифона мехоҳанд Қуръонро ба унвони як китоби илмӣ матраҳ кунанд.
    Қуръон ҳамон тавре ки гуфтем, китоби роҳнамоӣ аст; роҳнамоӣ ба сўи он чи мояи саодат ва камоли инсон аст. Ва аз ин назар, қатъан китоби кулл ва баёни тамоми чизҳоест, ки асбоби саодат ва камолро барои инсон фароҳам меоварад. Ва рўшан аст, ки яке аз асбоби саодат ва камоли инсон, доштани илму маърифат аст; чи илми динӣ ва чи улуми башарӣ (аз физиёву кимиёву риёзиёту ва ғайра ва ҳоказо).
    Акнун, дар робита бо ин мавзўъ, оё мо аз Қуръон чунин интизор дошта бошем, ки чун доштани илм мояи саодат аст, пас Қуръон бояд ҳамаи назарияҳо ва фарзияҳои илмӣ (он ҳам дар улуми гуногун)-ро бароямон матраҳ кунад ва ба қавли мардум: оши тайёрро дар ихтиёри мо бигузорад, ё на, ҳамин кофист, ки ба андўхтани илм ташвиқамон кунад ва бигўяд: талаби илм барои расидани ту ба саодат, хеле зарурӣ аст.
    Қатъан посух ин аст, ки кофист моро ба сўи талаб ва андўхтани дониш тарғибамон намояд. Бо таваҷҷўҳ ба ин муқаддима гўем: Қуръон китобест, ки аз сўе мегўяд, мўъмин бояд таслими ҳақ бошад (ва аслан маънои “ислом” дар арабӣ ба маънои таслим будан аст) ва ҳар он чи ҳақ аст (минҷумла назарияҳои илмӣ, ки аз сўи назарияпардозон матраҳ мешавад), бояд дар баробараш таслим шавад ва онро бипазирад.
    Ва аз сўи дигар, на танҳо водор ба таслим дар баробари ҳақ мекунад, балки мехоҳад мо худ дар ковиши илму маърифат кўшо бошем. Чунин набошем, ки фақат илмро аз дигарон бигирем, балки худ камари ҳиммат баста, дар ҳар соҳае аз соҳаҳои маърифатӣ, пешоҳанги дигарон бошем. Аввалин ояти Қуръон бо калимаи “Иқраъ”, яъне бихон шурўъ мешавад. Оё ин худ кофӣ нест бар ташвиқи андўхтани илму маърифат? Паёмбар (с) фармудаанд: “Талаби илм (ҳар илме) фарз аст бар ҳар мусалмон чи мард бошад ва чи зан”, “Дар талаби илм бошед (ҳар илме) аз гаҳвора то гўр”, “Дар талаби илм бош ҳатто агар бо сафар ба сўи Чин бошад”. Ва далели мо бар ин ки илме, ки мавриди ташвиқи ислом аст, ҳар илму донишест, фармони он ҷаноб (с) аст ба сафар ба сўи Чин барои андўхтани илм. Зеро илме, ки дар Чин буд, ҳамоно илми дунё буд, на илми охират.
    Хулоса ин шуд, ки Қуръон китоби кулл ва ё ба сухани дигар, баёни тамоми асбобест, ки мояи саодат ва камоли инсонӣ аст. Ва чун яке аз асбоби саодат, доштани илму маърифат мебошад, аз ин рў Қуръон ва ислом, омўзиши донишро бароямон фарз (ба андозаи фарз будани намозу рўза) гардонидааст.

  21. 3. Чаро шумо дар бораи ҳикмати ин ки Қуръон аз ду машриқу ду мағриб сухан мегўяд, некў наанешидед? Банда гуфтам: Дар сурати мусаттаҳ донистани замин, чунин сухане маъно надошт, вале чун замин куравишакл аст, Қуръон аз ду машриқ ва ду мағриб сухан ба миён овардааст. Зеро агар инсоне дар ин паҳлўи замин қарор дошта бошад, ҷиҳати мағриб барояш ҳамон аст, ки барои инсони дигаре, ки дар он паҳлўи дигари замин қарор дорад, машриқ аст. Яъне дар воқеъ, барои ду инсоне, ки дар ду паҳлўи замин қарор доранд, ҷиҳати мағриб ва машриқ мутафовит аст, на яке. Таваҷҷўҳ кунед!
    4. Шумо дар радди ин ки Қуръон мегўяд, кўҳҳо заминро устувор нигоҳ медоранд, иддао мекунед, ки “Илм собит карда, ки кўҳҳо далели аслии заминларзаҳо ҳастанд ва минтақаҳои кўҳистонӣ ларзахезтар аз минтақаҳои ҳамворанд”. Намедонам шумо аз куҷо чунин сухани беасосеро нақл мекунед, оё огоҳона ё аз рўи нодонӣ? Барои маълум шудани ҳақиқати илмӣ барои шумо дар ин замина, сазовор медонам аз китоби ҷуғрофиёе, ки дар макотиби тамоми дунё тадрис мешавад, матолибе перомуни иллати вуқўи зилзила нақл кунам: “Зилзила замоне воқеъ мешавад, ки сангҳои ноҳияе аз қишри замин муқовимати худро дар баробари нерўҳое, ки аз даруни замин ба онҳо ворид меояд, аз даст медиҳанд ва ба таври ногаҳонӣ мешикананд ва энергияи зиёде озод мешавад”. Пас маълум мешавад, ки сабаби зилзила кўҳҳо, ки дар беруни замин қарор доранд нестанд, балки иллати он, нерўест аз дохили замин, ки бар қишри замин ворид мешавад ва он гоҳ замин тоби муқовимат дар баробари онҳоро аз даст медиҳад ва зилзила ба вуқўъ мепайвандад.

  22. 5. Шумо иддао мекунед, ки Қуръон бар он аст, ки “сомириҳо (самаритяне) ба исроилиҳо кўмак карданд, ки як гўсолаи тиллоӣ созанд”. Сипас дар идомаи иддаои хеш чунин мегўед: “Аммо таърих гувоҳ аст, ки сомириҳо ҳадди ақал 1000 сол пеш аз зуҳури Мўсо ва ҳиҷрати яҳудиҳо аз Миср ҳам вуҷуд надоштанд ва наметавонистанд бо Мўсо гуфтугў кунанд, он гуна ки дар Куръон омадааст”.
    Посухи чунин иддаоҳои беасоси шумо ин аст, ки аввалан Қуръон чунон нагуфта, ки шумо иддао мекунед, балки фармуда: “(Эй Мўсо!) Мо баъд аз (таваҷҷўҳи ту ба сўи миқот) қавми туро мавриди озмоиш қарор додем ва эшонро Сомирӣ гумроҳашон сохт” (Сураи Тоҳо, ояти 85). Сухан аз як шахсест ба номи Сомирӣ, на қавми сомириҳо чунон ки иддао мекунед. Ва аммо гумроҳсозии Сомирӣ қавми Мўсо (а)-ро, ба ин буда, ки “Ў барои қавм колбади гўсолае берун овард, ки ўро бонге буд, пас Сомирӣ ва пайравонаш гуфтанд: Ин худои шумо ва худои Мўсо аст” (Сураи Тоҳо, ояти 88). Сомирӣ, номи шахсест аз ашхос, ки аз Бани Исроил буд ва ҳеҷ иртиботе бо қавми сомириҳо, ки замонҳое қабл аз зуҳури ҳазрати Мўсо (а) зиндагӣ мекарданд надорад.
    6. Мегўед: Қуръон ҷое офариниши осмону заминро дар 6 рўз дониста ва дар ҷои дигар 8 рўз ва иддао мекунед, ки ин, навъе таноқузгўӣ аст. Дар посух ба ин шубҳаи шумо мегўем: Оре, дар ҳафт маврид аз Қуръон, Худованд хилқати ҷаҳонро дар 6 “явм” баён карда. Ва қатъан муроди Қуръони Маҷид аз “явм”, 24 соат (як шабонарўз) нест. Зеро “явм” дар забони арабӣ, ҳарчанд дар бархе маворид бар маънои “як шабонарўз” меояд, вале дар мавориди дигар, дорои маъноҳои дигарест ва яке аз маъноҳои он, “даврон” аст, чунон чи дар тафсир омадааст: “Шаш рўз, яъне шаш вақт” (Тафсири Ал-қуммӣ, зайли сураи Ҳадид, ҷ. 2, с. 350). Ва ин маъно, бо ёфтаҳои илмии имрўз, ки миллионҳо солро барои ба вуҷуд омадани замину осмон лозим медонад, бисёр муносиб ва балки мутобиқ аст. Бинобар ин, “явм” дар ин оятҳо ба маънои “даврон” ё “давра” аст, яъне замину осмон дар тайи шаш давра халқ шудаанд.
    Аммо ин ки чаро дар оятҳои (9 то 12) сураи Фуссилат хилқати замину осмонро дар ҳашт явм (давра) медонад, муфассирон фармудаанд: Манзур аз “чаҳор айём” (чаҳор давра), такмили чаҳор явм (чаҳор давра) аст ба ин тартиб, ки дар ду давраи аввал аз ин чаҳор давра, замин офарида шуда ва дар ду давраи баъд дигар хусусиёти замин ва он гоҳ хилқати осмон низ дар ду давра анҷом шудааст, ки маҷмўан 6 давра аст.
    Бино бар ин тафсир, байни ин ду даста оятҳо мувофиқат эҷод мешавад ва оятҳои сураи Фуссилат ба баёни дигаре ҳамон 6 давраро баён мекунад, махсусан ки дар оятҳои сураи Фуссилат адади 8 наомадааст, балки ба сурати марҳала 2 ва 4 ва 2 омадааст.

  23. 7. Иддаои дигари шумо ин аст, ки мегўед: “Қуръон дар сураи Тавба мегўяд, ки яҳудиҳо Узайрро писари Худо медонистанд. Дар ҳеҷ китоби яҳудиҳо ин мавзўъ вуҷуд надорад ва яҳудиҳо Узайрро писари Аллоҳ намедонистанд”.
    Дар посух ба ин иддаои бепоя низ гўем: “Узайр” дар луғати араб ҳамон “Эзро” дар луғати яҳуд аст. Ва аз он ҷо ки араб ба ҳангоме ки номи бегонаеро ба кор мебарад, маъмулан дар он тағйире эҷод мекунад, махсусан гоҳ барои изҳори муҳаббат онро ба сиғаи тасғир медароварад, бар ин асос “Эзро”-ро низ табдил ба “Узайр” кардааст. Ҳамон гуна ки номи аслии “Исо”, ки “Ясуъ” аст ва “Яҳё”, ки “Юҳанно” аст, пас аз кўчонидан ба забони арабӣ дигаргун шуда ва ба шакли “Исо” ва “Яҳё” даромадааст.
    Ба ҳар ҳол, Узайр дар таърихи яҳуд мавқеияти хоссе дорад, то он ҷо ки баъзе асоси миллият ва дурахшиши таърихи ин ҷамъиятро ба ў нисбат медиҳанд. Ва дар воқеъ ў хидмати бузурге ба ин оин кард, зеро ба ҳангоме ки дар воқеаи Бухтуннаср (подшоҳи Бобил) вазъи яҳуд ба василаи ў ба куллӣ дарҳам рехта шуд, шаҳрҳои онҳо ба дасти сарбозони Бухтуннаср афтод ва маъбадашон вайрон ва китоби онҳо (Таврот) сўзонда шуд, мардонашон ба қатл расиданд ва занону кўдаконашон асир ва ба Бобил интиқол ёфтанд ва ҳудуди як қарн дар он ҷо буданд.
    Сипас ҳангоме ки Куруш (подшоҳи Эрон) Бобилро фатҳ кард, Эзро ки яке аз бузургони яҳуд дар он рўз буд, назди вай омад ва барои онҳо шафоат кард. Ў мувофиқат кард, ки яҳуд ба шаҳрҳояшон бозгарданд ва аз нав Таврот навишта шавад.
    Дар ин ҳангом Эзро тибқи он чи дар хотираш аз гуфтаҳои пешиниёни яҳуд боқӣ монда буд, Тавротро аз нав навишт.
    Ба ҳамин далел яҳуд Эзроро яке аз наҷотдиҳандагон ва зиндакунандагони оини хеш медонанд ва ба ҳамин ҷиҳат барои ў фавқулода эҳтиром қоиланд.
    Ин мавзўъ сабаб шуд, ки гурўҳе аз яҳуд лақаби “Ибнуллоҳ” (фарзанди Худо)-ро барои Эзро интихоб кунанд, ҳарчанд аз баъзе аз ривоятҳои исломӣ (монанди ривояти “Эҳтиҷоҷ”) истифода мешавад, ки онҳо ин лақабро ба унвони эҳтиром ба Эзро (ки ҳамон Узайр аст) итлоқ мекарданд. Вале дар ҳамон ривоят мехонем: Ҳангоме ки ҳазрати Паёмбар (с) аз онҳо пурсид: “Шумо агар Узайрро ба хотири хадамоти бузургаш эҳтиром мекунед ва ба ин ном мехонед, пас чаро ин номро бар Мўсо (а), ки бисёр беш аз Узайр ба шумо хидмат кардааст намегузоред?” Онҳо аз посух фурў монданд ва ҷавобе барои ин савол надоштанд.
    Вале ҳар чи буд, ин номгузорӣ дар зеҳни гурўҳе аз яҳуд, аз сурати эҳтиром болотар рафта буд ва он чунон ки равиши авом аст, онро бар мафҳуми ҳақиқӣ ҳамл карданд ва ўро ба ростӣ фарзанди Худо мепиндоштанд. Зеро ҳам онҳоро аз дарбадарӣ ва оворагӣ наҷот дода буд ва ҳам ба василаи бознависии Таврот, ба оинашон сару сомоне бахшид. Албатта ҳамаи онҳо чунин ақидаеро надоштаанд, вале аз Қуръон истифода мешавад, ки ин тарзи тафаккур дар миёни гурўҳе аз онҳо, ки махсусан дар асри Паёмбар (с) мезистаанд вуҷуд дошт, ба далели ин ки дар ҳеҷ таърихе нақл нашуда, ки онҳо бо шунидани ин оят ин нисбатро инкор ва ё сарусадо ба роҳ андохта бошанд. Ва агар чунин буд, ҳатман вокуниш аз худ нишон медоданд.
    Аз он чи гуфтем, посухи ин савол рўшан мешавад, ки имрўз дар миёни яҳуд чунин ақидае (ки Эзроро фарзанди Худо донанд) вуҷуд надорад, бо ин ҳол чаро Қуръон чунин нисбатеро ба онҳо додааст?
    Посух он ки лузуме надорад ҳамаи яҳуд чунин эътиқодеро дошта бошанд. Ҳамин қадр мусаллам аст, ки дар асри нузули оятҳои Қуръон, дар миёни яҳуд гурўҳе бо ин ақоид вуҷуд доштаанд. Ба далели ин ки ҳеҷ гоҳ нисбати фавқро инкор накарданд ва дар баробари эроди Паёмбар (с), ки чаро ин эҳтиромро барои худи Мўсо (а) қоил нестед, оҷиз монданд.
    Ва ба ҳар ҳол, ҳар гоҳ ақидаеро ба қавме нисбат медиҳанд, лузуме надорад, ки ҳамаи онҳо дар он муттафиқ бошанд, балки ҳамин миқдор, ки иддаи қобили мулоҳизае чунин ақидаеро дошта бошанд кофӣ аст.

  24. 8. Иддао мекунед, ки “Дар сураи Каҳф мехонем, ки Зулқарнайн (баъзеҳо онро ба Искандари Макдунӣ ва баъзеҳо ба Куруши Бузург нисбат медиҳанд) як мусулмони диндор буд ва умри дарозе дошт. Таърих гувоҳ аст, ки Зулқарнайн (чи Искандар бошаду чи Куруш) харгиз мусулмон набуд, чун исломе набуд он замон. Динҳои Искандару Курушро имрўз мусулмонҳо ширк медонанд ва аҳли китоб нестанд. Ва ҳеҷ кадом умри дароз надиданд. Пас ин ҳам дуруст нест”.
    Дар посух ба ин иддаои шумо гўем: Оре, бо нигоҳе ба оятҳои Қуръони Карим, ба хубӣ истифода мешавад, ки Зулқарнайн марде яктопараст ва солеҳе буд ва Худованд ба ў хайри дунё ва охиратро иноят кардааст, чун подшоҳе боазамат буд ва Худованд дунёро аз маҳалли тулўи хуршед то ғурубгоҳи он ва ҳамчунин густариши адл ва иқомаи ҳақ ва мубориза бо бадиҳо ва палидиҳоро ба ў додааст. Ў дар сафараш ба мағриб ба қавми золиме бархўрд кард, ки онҳоро азоб намуд ва ҳамчунин баъд аз муроҷиат аз сафари машриқ, садде байни ду кўҳ бино кард, ки дар он аз оҳану мис истифода намуд. Ва ин тамоми он чизест, ки Қуръон дар бораи ин подшоҳи одил сухан мегўяд. Дар ҳеҷ ҷое аз Қуръон, дар бораи ному насаби ў сухане ба миён наомадааст. Он чи бархе аз муфассирон ин подшоҳро ба Искандар ё Куруш татбиқ додаанд, маҳзи ҳадсу гумони муфассирон аст. Бинобар ин, агар Зулқарнайни Қуръон бо Искандар ё Куруш (аз назари таърихӣ) татбиқ нашавад, ин гуноҳи Қуръон нест, балки эрод бар муфассирон ворид аст.
    Матлаби дигар он ки шумо мегўед, ки Қуръон ўро мусалмон донистааст дар ҳоле ки дини ислом дар он замон набуд, пас аз куҷост, ки ўро мусалмонаш донем?
    Посухи ин шубҳа он аст, ки дар фарҳанги Қуръон чунин нест, ки вожаи “мусалмон” (ки дар луғати араб ба маънои таслимшуда омадааст) фақат бар уммати ҳазрати Муҳаммад (с) итлоқ гардад, балки ин вожа бар ҳар касе, ки таслими ҳақ бошад итлоқ мегардад. Масалан, дар Қуръон дар бораи ҳазрати Иброҳим (а) мехонем: “Иброҳим на яҳудӣ буд ва на насронӣ, балки яктопарасте мусалмон буд ва аз зумраи мушрикон ҳам набуд” (Сураи Оли Имрон, ояти 67).

  25. 9. Ва аммо дар робита бо ин иддаои шумо, ки Қуръон дар таъйини аввалин мусалмон таноқузгўӣ кардааст, гўем: Чунин шубҳае хеле хандаовар аст ва интизор намерафт, ки чунин иддаои кўдаконаеро матраҳ кунед. Зеро барои ҳар касе рўшан аст, ки вожаи “аввалин мусалмон” ва ё “аввалин мўъмин”, он ҷо ки аз забони касе нақл мешавад, марбут ба замони ўст. Яъне агар Иброҳим (а) гўяд ман аввалин мусалмонам, ё Мўсо бигўяд ман нахустин мусалмонам, ё мўъмини Оли Фиръавн чунин гўяд ва ҳоказо, маънояш ин аст, ки ман дар замони худам ва ё дар миёни инсонҳои даъватшуда, нахустин касе ҳастам, ки имон ва ё ислом овардааст.
    10. Дар бораи ин шубҳа, ки оё Худо дида мешавад ё намешавад, посух ин аст, ки аслан дидан, чи аз дидгоҳи Қуръон ва чи аз назари ҳақиқат, ба ду маъно меояд: яке дидани бо қалб ва дигаре дидани бо чашм. Он чи аз дидгоҳи ислом, имконпазир нест, дидани Худост ба василаи чашм, аммо дидани Худо аз тариқи мушоҳидаи қалбӣ имкон дорад. Бинобар ин, он ҷо ки сухан аз дидани Худост, мурод мушоҳидаи қалбист монанди ин оят, ки “Дили (Муҳаммад (с)) он чиро дид, дурўғ нагуфт (яъне хато накард)” (Сураи Наҷм, ояти 11). Аммо он ҷо ки сухан аз адами имкони руъяти Худост, мурод дидан ба василаи чашм аст мисли ин оят, ки мефармояд: “Ва он гоҳ ки Мўсо барои миқоти мо омад ва парвардигораш бо ў сухан гуфт, (Мўсо) арз кард: Парвардигоро! Худро ба ман нишон бидеҳ то туро нигоҳ кунам. (Худо дар посухи ў) фармуд: Ҳаргиз маро набинӣ…” (Сураи Аъроф, ояти 143).

  26. 11. Ва аммо перомуни ин шубҳаи шумо, ки мегўед оё фариштагон метавонанд одамиро миронанд, ё наметавонанд? Ва агар тибқи Қуръон, ки анҷоми ҳамаи корҳоро ба Худо нисбат медиҳад, мўътақид бошем, ки ҷоиз нест ба фариштагон анҷоми коре (минҷумла мирондан)-ро нисбат диҳем, пас чаро дар мавориде Қуръон амали миронданро ба фариштагон нисбат медиҳад?
    Посух ин аст, ки Қуръон он ҷо ки анҷоми корро ҷуз Худо барои касе нисбат намедиҳад, муродаш ин аст, ки ҳеҷ мавҷуде ба таври мустақил ва бе такя бар Худо, тавоноии анҷоми ҳеҷ кореро надорад, чун қодир ва тавонои мутлақ ва мустақилле ҷуз Ў вуҷуд надорад ва тамоми мавҷудот дар ҳитаи ҳукумат ва султаи Ў қарор доранд ва нашояд, ки бе такя бар Ў коре аз онҳо сохта бошад: “Эй мардум! Ҳамагӣ ба Худо ниёзмандед, Ўст танҳо бениёз…”
    Ва аммо он ҷо ки анҷоми кореро барои дигар мавҷудот нисбат медиҳад, ба ин қайд аст, ки онҳо бо такя бар Худо ва бо рухсати Ў анҷом медиҳанд. Яъне ин Худост, ки тавоноии анҷоми он корро ба он эшон бахшида ва агар лаҳзае инояти худоӣ аз онон бурида шавад, ҳеҷу пучанд. Бар ҳамин асос аст, ки мебинем Қуръон ҳар ҷо кореро ба мавҷуде аз мавҷудот (минҷумла миронданро ба фариштагон) нисбат медиҳад, зимнан қайди “Би изнилл-лоҳ”-ро ёдовар мешавад, яъне онон ба изну рухсати Худо ва бо такя бар Ў, тавоно бар анҷоми он коранд.

  27. 12. Дар посух ба шубҳаи шумо перомуни иҷозат ё адами иҷозати Қуръон ба издивоҷ бо Аҳли китоб (насоро ва яҳуд), гўем: Дар Қуръони Карим ошкоро издивоҷ бо Аҳли китоб ҷоиз дониста шудааст: “Имрўз барои шумо покиҳо ҳалол қарор дода шудааст ва ҳамчунин таоми Аҳли китоб бароятон ҳалол аст ва низ таоми шумо барои эшон. Ва занони покдомани боимон ва занони покдоман аз касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоб дода шуда (яҳуд ва насоро) ҳаргоҳ маҳрияҳояшонро бидиҳед дар ҳоле ки покдоман бошед на зинокор ва на дўстгиранда, (барои шумо ҳалол аст)” (Сураи Моида, ояти 5).
    Ва аммо ин ки издивоҷ бо мушрикон ҷоиз нест, ин ҳам аз мусалламот аст ва касе дар он шакке надорад. Лозим ба ёдоварӣ бошад, ки дар истилоҳи Қуръон, Аҳли китоб аз мушрикон нестанд, гарчи аъмоли ширколуд анҷом диҳанд. Бинобар ин, ҳеҷ таноқузе дар ин замина дар Қуръон вуҷуд надорад, зеро масъала доир мадори истилоҳи қуръонист, на маънои луғавии он. Вагарна, чи басо мусалмоне, ки бо камтарин риёкорӣ вориди ҷиргаи мушрикон гардад. Зеро ба фармудаи Паёмбари ислом (с) “Риё аз ширки кучак аст”. Диққат шавад!
    13. Ва аммо дар мавриди ин шубҳаи шумо, ки “Оё Худо ба кофирони некўкор подош хоҳад дод, ё на?” посухи мо ин аст, ки як асл бар кулли Қуръон ҳоким аст ва он ин ки “Ҳар он кас, ки ба андозаи мисқоле некўкорӣ анҷом диҳад, подоши худро дарёфт мекунад ва ҳар он кас, ки ба андозаи мисқоле бадӣ анҷом диҳад, ў низ ҷазои аъмоли хешро мебинад” (Сураи Залзала). Дар ин оят ҳеҷ қайде нест, ки чунин касеро ба доштани дину оини муайяне муқайяд созад, балки ба сурати мутлақ омадааст, яъне шомили ҳар кас, новобаста ба дину диёнати ў мешавад.
    Аммо баъзе аз оятҳое, ки шумо ба унвони шоҳид бар ин ки Қуръон кофиронро сазовори дарёфти подоши илоҳӣ намедонад, овардаед, бо дар назар гирифтани раванди куллии сурае, ки ин оятҳо дар он ворид шудаанд, маълум мегардад, ки ишораи Қуръон ба кофирони муайян ва мушаххасе аст (кофирони замони Паёмбар (с), ки бо вуҷуди даъвати ошкори ислом, аз он рўй бартофтанд), на кулли касоне, ки мусалмон ва мўъмин набошанд.
    Албатта ногуфта намонад, ки кофире, ки дар сурати расидани паёми ҳақ ба гўши ў, боз ҳам инод ва лаҷоҷат варзида ва аз қабули ҳақ рўй бартобад, агар кори некўе ҳам анҷом диҳад, аз ў пазируфта нест. Ин ҷо аст, ки қабули амали некў, машрут ба имон аст.
    14. Ва аммо дар робита бо шубҳаи ахири шумо перомуни ин ки як мусалмон чанд модар метавонад дошта бошад, ин шубҳа ба қадре масхараомез ва хандаовар аст, ки дигар барои хеш лоиқ надидам, ки барои он вақт талаф карда, ба посухи чунин шубҳаи пуч пардозам. Чун бо камтарин мулоҳиза ба оятҳое, ки дар ин замина овардаед, масъала комилан рўшан аст. Масалан ояте, ки шумо дар мавриди эҳтимоли имкони доштани даҳ модар барои як мусалмон ба он часпидаед (ояти 23 сураи Нисо), сухан аз ҳурмати никоҳ бо модари танӣ, модари ризоӣ ва модари зан мекунад, на он чи шумо ҷоҳилона тўҳмат ворид мекунед.

  28. Хамтоифаи азиз, Сайидюнус.

    Агар шумо нагуфтед, чадди шумо Умар ибни Хаттоб гуфта буд, ки Куръон китоби кулл аст ва ба хеч китоби дигаре ниёзе нест. Пас аз замоне фахмидем, ки (он тавре ки шумо хам эътироф кардед) Куръон китоби кулл буда наметавонад, китобхои дигаре тахриру мунташир шуд. Пас якто будани Куръон зери суол рафт. Гузашта аз он, бисёре аз дастурхои Куръон бо ниёзхои имрузй мутобикат надорад. Ба монанди ин ки «хамаи занони Мухаммад модарони шумо хастанд». Шумо омидона аз ин тазаккури банда чашмпушй кардед. Аммо ин танокуз бисёр барчаста аст, ки Куръон дар як маврид мегуяд, мо танхо як модар дорем (касе, ки моро зодааст). Сипас мегуяд, мо ду модар дорем (хамрох бо касе, ки моро шояд шир додааст). Ва дар сурае дигар теъдоди модарони моро ба беш аз 10 тан мебарад, ки шумори занони Мухаммад аст. Чаро ин мавридиро нодида гирифтед, устоди бузургвор?

  29. Сайидюнус,

    Шумо ё бояд кабул дошта бошед, ки Куръон китоби кулл нест ё бипазиред, ки Куръон танхо чузъе аз донистахои башарият дар карни хафтуми мелодист. Наметавонед хам ба наъл бикубеду хам ба мех. Хар чизе хадду худуде дорад. Суханбозй хам.

    Муллохо хамеша талош доштаанд, ки заъфу нотавонии худро бо суханбозй бипушонанд. Аммо замоне ки мо медонем ба чуз аз шарку гарб, чанубу шимол хам хаст, ва Куръон ин хакикатро намедонад, бояд чи фикр кунем? Куръон хануз дар паи ду шарк ва ду гарб мегардад, ки тасаввури арабхои бадавй буд. Ин хеч рабте ба гирд будани замин надорад. Бо мантики шумо, хар касе дар замини мусаттаху хамвор хам метавонад шимоли худро гарб ва чануби худро шарк бихонад. Аммо агар Куръон вокеан китоби Худо буд, ки нест, хатман ба шимолу чануб хам таваччух мекард ва бо «ду шарку ду гарб» сари мардумро гич намекард.

  30. Сайидюнус,

    Дар Куръон хатто як мавридро пайдо намекунед, ки манзур аз «илм» дониш бошад. Дониш ба он маъное, ки чахони имрузй мепазирад. Манзур аз «илм» дар Куръон донистахои исломист ва дигар хеч. Бино ба Куръон, касе доност, ки мусалмон аст. Ва хар касе, ки мусалмон нест ва ба Аллох имон надорад, кофиру нодон аст. Аммо дар чахони имрузй мебинем, ки бештари доноён ва созандагони чахони навин мусалмон нестанд, аммо доноянд. Пас Куръон иштибох мекунад ва намедонад, ки чойгохи дониш бартар аз чарандиёти он аст.

  31. Дар ин ки сарзаминхои кухистонй ларзахезтаранд, шакке нест ва интизор набуд, ки шумо бо дониши казой, ки ба намоиш гузоштаед, мункири ин хакикат бошед. Шояд барои шумо ин пурсиш матрах нашудааст, ки чаро Гарб (манзур аз Гарб як Гарби маълум аст, на ду гарби мачхули куръонй) ларзахез нест. Посухи он сода аст: чун Гарб кухистонй нест ва Осиё кухсор аст. Лутфан дар канори китобхои исломй ба китобхои илмй, аз чумла физик хам таваччух фармоед.

  32. Эзро дар забони форсй вучуд надорад. Шояд манзури шумо «Азир» бошад. Аммо на Азир ва на Узайр дар таърихи мазхаби яхудй писари Худо махсуб намешуданд, чи бирасад ба писари Аллох будани у. Чун Аллох чизе беш аз як бут дар буткадаи кавми Курайшу Хошимй набуд ва он бутро бисёре аз сомихо (гузашта аз арабхо) ба расмият намешинохтанд. Пас ин иддаои Куръон, ки яхудихо Узайрро писари Худо медонистанд, чизе беш аз як харфи муфи нест. Мухаммад дарси таъриху мазхабро ба хубй фаро нагирифта буд, зохиран.

  33. Дар мавриди Зулкарнайн танхо ду фарзия вучуд дорад: Искандари Макдунй ё Куруши Бузург. Хамон гуна ки каблан накл шуд, хеч як аз ин ду чехра мусалмон набуданд, исломро намешинохтанд ва ахли китоб хам ба шумор намеоянд. Искандар даххо худои олимпй дошт ва Куруш ба чуз ах Ахурамаздо ба худои бобилихо (Мардук) хам эхтироми хос дошт. Гузашта аз он, хеч як ба пирй нарасиданд ва дар ин маврид хам сухани Куръон галат аст.

  34. Мо саранчом нафахмидем, ки ба тасаввури шумои мусалмон, аввалин мусалмони чахон кй будааст: Мухаммад, Одам, Иброхим, Мусо, бархе аз мисрихо ё каси дигаре? Чун Куръон хамаи инхоро дар мавридхои гуногун ба хайси нахустин мусалмони чахон муаррифй кардааст.

  35. Дар бораи диданй будан ё набудани Аллох. Куръон менависад ва таъкид мекунад, ки Аллох диданй ва расиданй нест. Дар чохои мутааддид. Аммо чи гуна Мухаммад ба дидани Аллохи нодиданй ноил шуд? Оё Худо барои «фиристода»-и худ «через» коил шуд? Чи гуна аст, ки хама чо мешунавем, ки Аллох диданй нест (сухбат аз калб, димог, гуш ва бинй нест, балки танхо чашм аст, ки мебинад), аммо ба ногох касе бо номи Мухаммад уруч мекунад, ба баъсат мерасад ва Аллохро бо тамоми хайбаташ мебинад? Куръон дар ин бора тавзехе надорад ва хар чи хаст, суханбозии муллоён аст.

  36. Куръон дар мавридхои бешумор таъкид мекунад, ки танхо Аллох аст, ки ба инсонхо хаёт медихад ва хаётро мегирад. Аммо ба ногох дар чанд сура ба ин инхироф меравад, ки фариштахо хам метавонанд моро бимиронанд. Ва хеч ишорае ба иродаи худовандй нест. Аллох нест, ки мукассири казия аст, балки фариштахои бадчинсе чун Азроил, меоянду чони моро мегиранд. Пас билохира кадом як аз ин иддаохои афсонаи дуруст аст? Худо моро мекушад ё Азроил? Ва кучои Куръон ин нукта равшан шудааст? Хеч чо.

  37. Куръон насороро дар чанд чо ахли китоб медонад ва дар чандин чои дигар мушрик мехонад. Куръон ба пайравонаш ичоза намедихад, ки бо мушрикон (насоро хам он чо хастанд) издивоч кунанд, аммо боз мегуяд, ки бо занони насоро мешавад издивоч кард. Чавоби шумо чизе чуз масхара набуд. Ин мавзуъро бишикофед, ки саранчом як мусалмони бечора метавонад бо як зани насоро издивоч кунад ё на. Ва агар издивоч кард, ба дузах хохад рафт ё бихишт? Охир магар хамин Куръони шумо набуд, ки мегуфт, насоро мушриканд? Ва мушрикон ахли дузаханд? Ва бо мушрик набояд издивоч кард? Чи рабте ба даврахои таърихй дорад? Агар мегуед, ки ин марбут ба давраи Мухаммад аст, ин китоб дар карни 21 чи кор мекунад? Худо чаро барои як давраи кутох, ки дар баробари таърихи башарият як дакика хам махсуб намешавад, як сураи муфассал фиристодааст? Агар карор набуд ман дар садаи 21 ба он таваччух кунам, он сура чаро барои абадият фиристода шуда ва баъд аз карни 7 мансух нашудааст? Ин бахонахо чизе чуз аз фирор аз хакикат нест, ахли башари азиз Сайидюнус.

  38. Агар Аллох ба кофирони некукор подош намедихад, пас Аллох Худовандгор нест. Аллох хануз хамон бути буткадаи кавми Хошимй аст. Чун чахони имрузй юар пояи ёфтахову донистахои одамоне устувор аст, ки хеч кадом хамдини шумо набуданд, аммо чахонро аз бадбахтихо начот доданд. Шумо, ки вактатонро барои фаро гирифтани сафсатахои исломй хадар медихед, мухим хастед, ё Нютоне, ки себи афтода бар сари шуморо ба як конуни физикй таъбир мекунад? Шумо, ки занхоро дар бадбахтй махбус мекунед, инсонед, ё Индира Гандй, ки бузургии занро ба намоиш мегузорад? Кучои шуморо бояд тамчид кард? Хамин ки аз зан зода шудаед ва модари худро камтар аз чинси худ медонед? Ба чи чизи шумо бояд эхтиром гузошт? Шумо ки худ на ба дониш, на ба андешаи гайр, на ба инсони дигарандеш, на ба марди сохибихтиёр, на ба зани озода арче надоред. Шумо махсур ба таассуби торики ислом хастед, ки ба 1400 пеш бармегардад. Шумо ва амсоли шумо боиси бадбахтй ва сиёхрузии мардуми мо хохед шуд.

  39. Бахси чолиб ва сангинест. Лутф кунед ва ба иззати нафси хамдигар нарасед, дустон.

    Чаноби Табар,
    Бисёр порчахои Куръон бо Китоби мукаддас ва ривоёти динии яхудиён хамонаво ва хамоханг аст. Бархе ба адёни дигар низ. Шумо ба хамаи ин дину мазхаб чунин назар доред ва ё танхо ба ислом?

    Барои ман чолиб аст донистани ин.

    Бо эхтиром
    Рустам

  40. Хонандагони гиромӣ,
    Банда дар посухҳои хеш ба мулоҳизоти ҷаноби Табар, ки ба унвони “таноқузгўиҳои Қуръон” матраҳ карда ва аз ин ҷониб хостори посух ва рўшанандозӣ ба онҳо шуд, қалам ба даст гирифта, дар ҳадди тавони хеш, ба посухи онҳо пардохтам. Аммо дере напоид, ки ҳамнавъи мо, бо саросемагӣ, рудуде бар онҳо нигошт. Банда онҳоро мутолеа намудам. Дидам, ин ҳамнавъи мо, исрор дорад сухани хешро рўи курсӣ нишонад, бе он ки ба посухҳо таваҷҷўҳе, ҳарчанд гузаро, намуда бошад. Ва аз қазо, касе, ки дигаронро ба арҷногузорӣ ба “дониш”, “андешаи ғайр”, “соҳибихтиёрӣ”, “мақоми зан” ва ин ки мухолифи ў “омили бадбахтӣ ва сиёҳрўзии мардум” аст муттаҳам мекунад, худ “маҳсур ба таассуби торике” будааст. Инак, ба ин радду бадали мо ва ў дар зарфи на беш аз як шабонарўз мулоҳиза кунед. (Банда айнан калимотеро аз худ ва ў меоварам):
    Гуфтам: “Қуръон ҳамон тавре ки гуфтем, китоби роҳнамоӣ аст; роҳнамоӣ ба сўи он чи мояи саодат ва камоли инсон аст. Ва аз ин назар, қатъан китоби кулл ва баёни тамоми чизҳоест, ки асбоби саодат ва камолро барои инсон фароҳам меоварад. Ва рўшан аст, ки яке аз асбоби саодат ва камоли инсон, доштани илму маърифат аст; чи илми динӣ ва чи улуми башарӣ (аз физиёву кимиёву риёзиёту ва ғайра ва ҳоказо)”.
    Гуфт: “Пас аз замоне фахмидем, ки (он тавре ки шумо хам эътироф кардед) Куръон китоби кулл буда наметавонад, китобхои дигаре тахриру мунташир шуд. Пас якто будани Куръон зери суол рафт.”.
    Ба ин ҳам иктифо накарда, ба зўр хост чунин бипазирам: “Шумо ё бояд кабул дошта бошед, ки Куръон китоби кулл нест ё бипазиред, ки Куръон танхо чузъе аз донистахои башарият дар карни хафтуми мелодист. Наметавонед хам ба наъл бикубеду хам ба мех. Хар чизе хадду худуде дорад. Суханбозй хам.”
    Гуфтам: “Дар сурати мусаттаҳ донистани замин, чунин сухане маъно надошт, вале чун замин куравишакл аст, Қуръон аз ду машриқ ва ду мағриб сухан ба миён овардааст. Зеро агар инсоне дар ин паҳлўи замин қарор дошта бошад, ҷиҳати мағриб барояш ҳамон аст, ки барои инсони дигаре, ки дар он паҳлўи дигари замин қарор дорад, машриқ аст. Яъне дар воқеъ, барои ду инсоне, ки дар ду паҳлўи замин қарор доранд, ҷиҳати мағриб ва машриқ мутафовит аст, на яке. Таваҷҷўҳ кунед!”
    Гуфт: “Аммо замоне ки мо медонем ба чуз аз шарку гарб, чанубу шимол хам хаст, ва Куръон ин хакикатро намедонад, бояд чи фикр кунем? Куръон хануз дар паи ду шарк ва ду гарб мегардад, ки тасаввури арабхои бадавй буд. Ин хеч рабте ба гирд будани замин надорад. Бо мантики шумо, хар касе дар замини мусаттаху хамвор хам метавонад шимоли худро гарб ва чануби худро шарк бихонад. Аммо агар Куръон вокеан китоби Худо буд, ки нест, хатман ба шимолу чануб хам таваччух мекард ва бо «ду шарку ду гарб» сари мардумро гич намекард.”
    Гуфтам: “Қуръон моро на танҳо водор ба таслим дар баробари ҳақ мекунад, балки мехоҳад мо худ дар ковиши илму маърифат кўшо бошем. Чунин набошем, ки фақат илмро аз дигарон бигирем, балки худ камари ҳиммат баста, дар ҳар соҳае аз соҳаҳои маърифатӣ, пешоҳанги дигарон бошем. Аввалин ояти Қуръон бо калимаи “Иқраъ”, яъне бихон шурўъ мешавад. Оё ин худ кофӣ нест бар ташвиқи андўхтани илму маърифат? Паёмбар (с) фармудаанд: “Талаби илм (ҳар илме) фарз аст бар ҳар мусалмон чи мард бошад ва чи зан”, “Дар талаби илм бошед (ҳар илме) аз гаҳвора то гўр”, “Дар талаби илм бош ҳатто агар бо сафар ба сўи Чин бошад. Ва далели мо бар ин ки илме, ки мавриди ташвиқи ислом аст, ҳар илму донишест, фармони он ҷаноб (с) аст ба сафар ба сўи Чин барои андўхтани илм. Зеро илме, ки дар Чин буд, ҳамоно илми дунё буд, на илми охират.
    Хулоса ин шуд, ки Қуръон китоби кулл ва ё ба сухани дигар, баёни тамоми асбобест, ки мояи саодат ва камоли инсонӣ аст. Ва чун яке аз асбоби саодат, доштани илму маърифат мебошад, аз ин рў Қуръон ва ислом, омўзиши донишро бароямон фарз (ба андозаи фарз будани намозу рўза) гардонидааст”.
    Гуфт: “Дар Куръон хатто як мавридро пайдо намекунед, ки манзур аз «илм» дониш бошад. Дониш ба он маъное, ки чахони имрузй мепазирад. Манзур аз «илм» дар Куръон донистахои исломист ва дигар хеч. Бино ба Куръон, касе доност, ки мусалмон аст. Ва хар касе, ки мусалмон нест ва ба Аллох имон надорад, кофиру нодон аст. Аммо дар чахони имрузй мебинем, ки бештари доноён ва созандагони чахони навин мусалмон нестанд, аммо доноянд. Пас Куръон иштибох мекунад ва намедонад, ки чойгохи дониш бартар аз чарандиёти он аст”.
    Гуфтам: “Барои маълум шудани ҳақиқати илмӣ барои шумо дар ин замина, сазовор медонам аз китоби ҷуғрофиёе, ки дар макотиби тамоми дунё тадрис мешавад, матолибе перомуни иллати вуқўи зилзила нақл кунам: “Зилзила замоне воқеъ мешавад, ки сангҳои ноҳияе аз қишри замин муқовимати худро дар баробари нерўҳое, ки аз даруни замин ба онҳо ворид меояд, аз даст медиҳанд ва ба таври ногаҳонӣ мешикананд ва энергияи зиёде озод мешавад”. Пас маълум мешавад, ки сабаби зилзила кўҳҳо, ки дар беруни замин қарор доранд нестанд, балки иллати он, нерўест аз дохили замин, ки бар қишри замин ворид мешавад ва он гоҳ замин тоби муқовимат дар баробари онҳоро аз даст медиҳад ва зилзила ба вуқўъ мепайвандад”.
    Гуфт: “Дар ин ки сарзаминхои кухистонй ларзахезтаранд, шакке нест ва интизор набуд, ки шумо бо дониши казой, ки ба намоиш гузоштаед, мункири ин хакикат бошед”.

  41. Гуфтам: “Узайр” дар луғати араб ҳамон “Эзро” дар луғати яҳуд аст. Ва аз он ҷо ки араб ба ҳангоме ки номи бегонаеро ба кор мебарад, маъмулан дар он тағйире эҷод мекунад, махсусан гоҳ барои изҳори муҳаббат онро ба сиғаи тасғир медароварад, бар ин асос “Эзро”-ро низ табдил ба “Узайр” кардааст. Ҳамон гуна ки номи аслии “Исо”, ки “Ясуъ” аст ва “Яҳё”, ки “Юҳанно” аст, пас аз кўчонидан ба забони арабӣ дигаргун шуда ва ба шакли “Исо” ва “Яҳё” даромадааст… Лузуме надорад ҳамаи яҳуд чунин эътиқодеро дошта бошанд. Ҳамин қадр мусаллам аст, ки дар асри нузули оятҳои Қуръон, дар миёни яҳуд гурўҳе бо ин ақоид вуҷуд доштаанд. Ба далели ин ки ҳеҷ гоҳ нисбати фавқро инкор накарданд ва дар баробари эроди Паёмбар (с), ки чаро ин эҳтиромро барои худи Мўсо (а) қоил нестед, оҷиз монданд”.
    Гуфт: “Эзро дар забони форсй вучуд надорад. Шояд манзури шумо «Азир» бошад. Аммо на Азир ва на Узайр дар таърихи мазхаби яхудй писари Худо махсуб намешуданд, чи бирасад ба писари Аллох будани у”.
    Гуфтам: “Дар ҳеҷ ҷое аз Қуръон, дар бораи ному насаби Зулқарнайн сухане ба миён наомадааст. Он чи бархе аз муфассирон ин подшоҳро ба Искандар ё Куруш татбиқ додаанд, маҳзи ҳадсу гумони муфассирон аст. Бинобар ин, агар Зулқарнайни Қуръон бо Искандар ё Куруш (аз назари таърихӣ) татбиқ нашавад, ин гуноҳи Қуръон нест, балки эрод бар муфассирон ворид аст… Дар фарҳанги Қуръон чунин нест, ки вожаи “мусалмон” (ки дар луғати араб ба маънои таслимшуда омадааст) фақат бар уммати ҳазрати Муҳаммад (с) итлоқ гардад, балки ин вожа бар ҳар касе, ки таслими ҳақ бошад итлоқ мегардад. Масалан, дар Қуръон дар бораи ҳазрати Иброҳим (а) мехонем: “Иброҳим на яҳудӣ буд ва на насронӣ, балки яктопарасте мусалмон буд ва аз зумраи мушрикон ҳам набуд” (Сураи Оли Имрон, ояти 67)”.
    Гуфт: “Дар мавриди Зулкарнайн танхо ду фарзия вучуд дорад: Искандари Макдунй ё Куруши Бузург. Хамон гуна ки каблан накл шуд, хеч як аз ин ду чехра мусалмон набуданд, исломро намешинохтанд ва ахли китоб хам ба шумор намеоянд”.
    Гуфтам: “Барои ҳар касе рўшан аст, ки вожаи “аввалин мусалмон” ва ё “аввалин мўъмин”, он ҷо ки аз забони касе нақл мешавад, марбут ба замони ўст. Яъне агар Иброҳим (а) гўяд ман аввалин мусалмонам, ё Мўсо бигўяд ман нахустин мусалмонам, ё мўъмини Оли Фиръавн чунин гўяд ва ҳоказо, маънояш ин аст, ки ман дар замони худам ва ё дар миёни инсонҳои даъватшуда, нахустин касе ҳастам, ки имон ва ё ислом овардааст”.
    Гуфт: “Мо саранчом нафахмидем, ки ба тасаввури шумои мусалмон, аввалин мусалмони чахон кй будааст: Мухаммад, Одам, Иброхим, Мусо, бархе аз мисрихо ё каси дигаре? Чун Куръон хамаи инхоро дар мавридхои гуногун ба хайси нахустин мусалмони чахон муаррифй кардааст”.
    Гуфтам: “Аслан дидан, чи аз дидгоҳи Қуръон ва чи аз назари ҳақиқат, ба ду маъно меояд: яке дидани бо қалб ва дигаре дидани бо чашм. Он чи аз дидгоҳи ислом, имконпазир нест, дидани Худост ба василаи чашм, аммо дидани Худо аз тариқи мушоҳидаи қалбӣ имкон дорад”.
    Гуфт: “Дар бораи диданй будан ё набудани Аллох. Куръон менависад ва таъкид мекунад, ки Аллох диданй ва расиданй нест. Дар чохои мутааддид. Аммо чи гуна Мухаммад ба дидани Аллохи нодиданй ноил шуд? Оё Худо барои «фиристода»-и худ «через» коил шуд?”
    Гуфтам: “Қуръон он ҷо ки анҷоми корро ҷуз Худо барои касе нисбат намедиҳад, муродаш ин аст, ки ҳеҷ мавҷуде ба таври мустақил ва бе такя бар Худо, тавоноии анҷоми ҳеҷ кореро надорад, чун қодир ва тавонои мутлақ ва мустақилле ҷуз Ў вуҷуд надорад ва тамоми мавҷудот дар ҳитаи ҳукумат ва султаи Ў қарор доранд ва нашояд, ки бе такя бар Ў коре аз онҳо сохта бошад… Ва аммо он ҷо ки анҷоми кореро барои дигар мавҷудот нисбат медиҳад, ба ин қайд аст, ки онҳо бо такя бар Худо ва бо рухсати Ў анҷом медиҳанд. Яъне ин Худост, ки тавоноии анҷоми он корро ба он эшон бахшида ва агар лаҳзае инояти худоӣ аз онон бурида шавад, ҳеҷу пучанд”.
    Гуфт: “Куръон дар мавридхои бешумор таъкид мекунад, ки танхо Аллох аст, ки ба инсонхо хаёт медихад ва хаётро мегирад. Аммо ба ногох дар чанд сура ба ин инхироф меравад, ки фариштахо хам метавонанд моро бимиронанд”.
    Гуфтам: “Дар Қуръони Карим ошкоро издивоҷ бо Аҳли китоб ҷоиз дониста шудааст: “Имрўз барои шумо покиҳо ҳалол қарор дода шудааст ва ҳамчунин таоми Аҳли китоб бароятон ҳалол аст ва низ таоми шумо барои эшон. Ва занони покдомани боимон ва занони покдоман аз касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоб дода шуда (яҳуд ва насоро) ҳаргоҳ маҳрияҳояшонро бидиҳед дар ҳоле ки покдоман бошед на зинокор ва на дўстгиранда, (барои шумо ҳалол аст)” (Сураи Моида, ояти 5)… Лозим ба ёдоварӣ бошад, ки дар истилоҳи Қуръон, Аҳли китоб аз мушрикон нестанд, гарчи аъмоли ширколуд анҷом диҳанд. Бинобар ин, ҳеҷ таноқузе дар ин замина дар Қуръон вуҷуд надорад, зеро масъала доир мадори истилоҳи қуръонист, на маънои луғавии он. Вагарна, чи басо мусалмоне, ки бо камтарин риёкорӣ вориди ҷиргаи мушрикон гардад. Зеро ба фармудаи Паёмбари ислом (с) “Риё аз ширки кучак аст”. Диққат шавад!”.
    Гуфт: “Куръон насороро дар чанд чо ахли китоб медонад ва дар чандин чои дигар мушрик мехонад. Куръон ба пайравонаш ичоза намедихад, ки бо мушрикон (насоро хам он чо хастанд) издивоч кунанд, аммо боз мегуяд, ки бо занони насоро мешавад издивоч кард. Чавоби шумо чизе чуз масхара набуд”.
    Гуфтам: “Як асл бар кулли Қуръон ҳоким аст ва он ин ки “Ҳар он кас, ки ба андозаи мисқоле некўкорӣ анҷом диҳад, подоши худро дарёфт мекунад ва ҳар он кас, ки ба андозаи мисқоле бадӣ анҷом диҳад, ў низ ҷазои аъмоли хешро мебинад” (Сураи Залзала). Дар ин оят ҳеҷ қайде нест, ки чунин касеро ба доштани дину оини муайяне муқайяд созад, балки ба сурати мутлақ омадааст, яъне шомили ҳар кас, новобаста ба дину диёнати ў мешавад”.
    Гуфт: “Агар Аллох ба кофирони некукор подош намедихад, пас Аллох Худовандгор нест. Аллох хануз хамон бути буткадаи кавми Хошимй аст”.

  42. Сайидюнус,

    Ташаккур, ки гуфтахои хар дуи моро мурур кардед ва канори хам гузоштед. Бад-ин гуна танокузхои Куръонро бехтар метавон мушохида кард.

    Дар ин шакке нест, ки Куръон гуфтааст, хар касе ба хадди мисколе кори нек анчом дода бошад, подоши онро хохад дид. Ин бисёр чизи хуб аст. Аммо дар чандин ояти дигар мехонем, ки мушрикон наметавонанд ба хеч вачх подоши хубе бибинанд, хатто агар кори нек анчом диханд. Дар айни хол, Куръон дар бораи насоро таклифи худро мушаххас накардааст, ки бидонем билохира насоро хам чузъи хамон мушриконанд, ки мустахакк ба подоши илохй нестанд ё хайр. Ё ин ки бо зани масехй мешавад издивоч кард ё на. Чун Куръон дар як чо ба мо ичозаи ин корро додааст, аммо дар чои дигар масехиёнро мушрик меномад ва дар чои севвум издивоч бо мушриконро манъ кардааст.

    Манзури ман ба шумо ва дигарон намоён кардани ин кутохихои мантикии Куръон аст, ки яке-дуто нест, балки садхо ва хазорон аст. Мешавад дар бораи хар бахш аз ин танокузхои куръонй рисолае обдор навишт.

    Рустам,

    Дах баробари суханоне, ки дар бораи Куръону ислом гуфтам, дар мавриди яхудияту масехият хам сидк мекунад. Чун хар се дини чахонй як решаи вохид доранд: решаи сомй. Ва хар се муташаккил аз афсонахои халки сомй хастанд, барои хамин номи Одаму Хаввову Исову Мусову Яхёву Узайр (дар яхудй Эзер аст, на Эзро) ва гайра дар хар се дин омадааст. Инхо устурахои мардумони сомианд, ки ба он имон овардаанд. Мисли устурахои Худойномак, ки гузаштагони мо ба он бовар доштанд. Чун ислом чавонтар аз он дуи дигар аст, ишколи камтар дорад. Аммо камтар будани он хам ба маънии набудани ишкол нест. Балки хамон гуна ки дар намунахо дидед, Куръон саропо пур аз эрод аст ва бо дониши имрузй созгор нест.

  43. Ҳамнавъи гиромӣ Табар,
    Ба ҳар ҳол, аз баҳсу мунозира бо шумо, баҳраи зиёд бурдам. Зеро агар мўътақид ва мўъминем, бояд омодаи гўш супурдан ба дидгоҳҳои ашхосе бошем, ки дар ақида, хасми мо ҳастанд. Ва аслан, дар тўли умри пурбаракати ислом, агар дар ин миён дидгоҳҳо ва назарияҳои муҳкам ва побарҷое дар табйин ва дифоъ аз ақидаи муқаддаси исломӣ, аз ҷониби мутакаллимин ва фалосифаи фарзонаи исломиямон пешкаш гардидааст, дар навбати аввал марҳуни ишколотест, ки аз сўи хусум матраҳ мешуд, сипас уламои мо камари ҳиммат баста ва бо тарҳи он назарияҳо, ба дифоъ аз ҳарими эътиқодоти барҳаққи исломиямон бармехостанд. Гўянд, ҳаракати мўътазила, ба сабаби ишколоте падид омадааст, ки аз сўи хусум перомуни қазо ва қадари илоҳӣ матраҳ мешуда. Низ гўянд, бурҳони “сиддиқин”-и Синои Бузург, ки дар исботи вуҷуди Худованд иқома шудааст, ба иллати эродот ва ишколоте аз сўи хусум перомуни бурҳони “ҳаракат”-и Арасту (ки фалосифа то замони Бўалӣ бар он такя мекарданд) будааст. Ҳамчунин гўянд, ҳаракати эҳёгаронаи Ғаззолии беҳамто, ба сабаби эродот ва ишколоте будааст, ки гиребонгири фалосифаи мо будааст, ва ғайра ва ҳоказо.
    Бинобар ин, мо ба унвони мусалмонон, боисте аз тарҳи эродот ва ишколот ва гоҳе ишколнамоҳо, хушҳол бошем ва бо як дили васеъ ба онҳо гўш биспорем ва он гоҳ агар тавоноии посух додан ба онҳоро дорем, бо камоли адаб, посухи онҳоро баргардонем.
    Ва аслан ҷо надорад, ки аз тарҳи ишколот бар ислом, касе аз мо асабонӣ гардад. Асабонӣ шудан кори касест, ки бар ҳаққонияти оине, ки ба он мўътақид аст, аз имону яқини лозиме бархўрдор нест. Агар мо эътиқод дорем, ки ислом дини барҳақ аст (ва қатъан чунин ҳам ҳаст), пас набояд бо кучактарин ишколе бар ақоидамон ворид месозанд мутазалзил шавем.
    http://www.kemyaesaadat.com/

  44. Сайидюнус ва Табари азиз.

    Ба фикри ман, харду то андозаи зиёд бахси хубе кардед, шахсан ман чизи зиёде омухтам. Ба назарам ин як бахси зарурй мебошад, зеро дар чомеаи мо хамаи ин пурсишхо матраханд.

    Лутфан, агар имкон буд, бахсро идома дихед ва хаддалимкон хама гуна пурсишхоро матрах кунед, бидуни асабоият ва аз ин бахс бисёрихо суд хоханд бардошт.

    Ва агар ичоза бидихед, дар оянда дар заминаи ин мубохиса бо истифода аз гуфтахои шумо маводе навишта гардад.

    Зинда бошед.

  45. Агар худо исломро дини ростини чахон медонист, Куръонро ба хама забонхо дар шакли китоб дар як сония фуруд меоварду Мухаммадро 23 сол андармони ин корхо намекард. Он гох хуни зиёде барои густариши ислом рехта намегардид. Тавонотарини тавонохо мебуд чунин мекард.

  46. Сайидюнус,

    Ман хам аз бахс бо шумо лаззат бурдам ва гуши чон ба каломи шумо супурдам, то шояд агар пои мантики мо ланг аст, бароям ошкор шавад. Аммо бехтар буд, агар ба тамоми далелхое, ки ман бо ишораи мушаххасу дакик ба ояхои Куръон барчаста кардам, посуххои кутоху муфид ва нишонрас медодед. Мисли хамин ки нахустин мусалмон аз диди Куръон кист, чаро Куръон умдатан танхо хитоб ба мардон нозил шуда, чаро занони Мухаммад бояд модарони мо ба шумор оянд, аслан як инсон метавонад чанд модар дошта бошад, мушрик кист ва оё мустахакки подош хаст ё нест, чойгохи масехиён дар ин миён кучост, оё бо зани масехй метавон пайванди заношуи баст ё на… Инхо яке-ду мискол аз намунахои кутохии мантикии Куръон аст, ки дар бахс руи теъдоди зиёде аз онхо ангушт гузоштем. Аммо посухи дакике аз хомиёни сарсупурдаи ислому Куръон ба иддаохои мо дарёфт нашуд.

    Ин ки мегуед ин кутохихо набояд имони шуморо мутазалзил кунад, ки посух нашуд. Бо маъзарат, агар дониши шумо мубтанй бар имонатон аст, харгиз рох ба равшаноии маърифат нахохед бурд. Бояд баръакс, имонро муттакй бар дониш кард. Агар пас аз баррасии дакики мантикй сидку дурустии як маврид равшан шуд, мешавад ба он имон овард. Ва агар нашуд, бояд пояхои он имони беасос мутазалзил шавад ва шуморо ба чустучуи хакикат водорад. Чунончи чустучу ва пуёи рохкушои мушкилоти башарист, на пойбандии мухаччару санггуна ба боваре 1400-сола, ки бо имрузи мо намехонад.

    Одамоне, ки зехни курбовар ё мутаассиб доранд, агар масехй хам ба дунё меомаданд, бо хамон сарсахтй ва ба дур аз хирад санги масехиятро ба сина мезаданд, бидуни ин ки аз чузъиёту дакоики он кеш шинохти дурусте дошта бошанд ва ё бовари худро хатто барои лахзае ба чолиш бикашанд ва дар садокати он тардид кунанд. Бино ба афсонахои сомй, агар Аллох хам дар камоли Одам тардид намекард, Хавворо барои у намеофарид ва мачхул аст, ки он гох мо дар чи фазову холате ба сар мебурдем. Пас тардид дар хар чизе рохе ба пешрафт аст. Таассуб ё хушкбоварй гури тамаддунро хохад канд.

    Рустам,

    Шумо мухторед аз хар бахши суханони ман дар навиштахои баъдии худ бепарво кор бигиред.

    Асрорй,

    Ба мавриди хубе ишора кардед. Зинда бошед.

  47. Бо дуруд бар ҳар ҳақҷў,
    Пурсиш: “Нахустин мусалмон аз диди Қуръон кист?”
    Посух: Ташхиси ин ки нахустин мусалмон аз дидгоҳи Қуръон кист, бо назар ба раванд ва сиёқи куллии сурае, ки ояте (ки дар бораи ин масъала сухан ба миён меоварад) муайян мешавад, бинобар ин банда дар посухи пешин арз кардам, ки мавориде, ки шумо баршумурдед, бо мадди назар қарор додани раванди ҳамон сура, гўёи ин аст, ки баршумурдагон, ҳикоят аз пешоҳангии хештан дар гароиш ба оини ҳақ мекунанд. Ва дар ин масъала, фикр намекунам ошно бо забони арабӣ андак тардиде барои худ раво бинад. Билохира, намешавад ҳар матлабе аз Қуръонро, тавре маъно кунем, ки бегона аз раванди куллии сура бошад. Ва дар сонӣ, гуфтам ва боз такрор мекунам, ки “ислом” (ки дар луғат ба маънои “таслимшаванда” аст) танҳо унвони дини пайравони ҳазрати Муҳаммад (с) нест. Ба сароҳати Қуръон, ислом, оини ҳақ ва аз они ҳар касе аст, ки дар баробари Худои ягона таслим аст.
    Пурсиш: “Чаро Қуръон умдатан танҳо хитоб ба мардон нозил шуда?”
    Посух: Барои ноогоҳ ба забони арабӣ, дар аввалин бархўрд бо Қуръон, чунин шубҳае пайдо мешавад, вале касе, ки бо забони арабӣ ва дақоиқи он ошност, медонад, ки хитоб бо сиғаи музаккар (ҷинси мард) ба умум дар забони араб, шомили марду зан аст. Алломаи Тафтазонӣ дар Мухтасар ул-маонӣ баҳсе муфассале перомуни ин масъала дорад, ки метавонед ба он муроҷеа кунед.
    Пурсиш: “Чаро занони Муҳаммад (с) бояд модарони мо ба шумор оянд?”
    Посух: Оре, мо ояте дар Қуръон дорем, ки мегўяд: Занони он ҷаноб (с) модарони шумоянд. Дар ин маврид низ, барои касе, ки бо маорифи ислом ва ба вижа бо дастуроти амалии шаръи муқаддас ошно нест, дар нахустин бархўрд бо ин оят, ин пурсиш матраҳ мешавад, ки муроди ин оят чӣ бошад? Посухаш ин аст, ки сурае, ки ояти мазбур дар он аст, дар бораи ҳаром будани издивоҷ бо занони Паёмбар (с) пас аз даргузашти он ҷаноб (с) сухан мегўяд. Оят мегўяд ҳукми издивоҷ бо занони он ҳазрат (с), монанди издивоҷ бо модаронатонро дорад. Ин масъала ва ин оят, барои ҳар он кас, ки андаке бо аҳкоми исломӣ ошност рўшан аст. Ва банда фикр намекардам, ки шумо аз он бехабаред.
    Пурсиш: “Мушрик кист ва оё мустаҳаққи подош ҳаст ё нест? Ҷойгоҳи масеҳиён дар ин миён куҷост, оё бо зани масеҳӣ метавон пайванди заношўӣ баст ё на?”
    Посух: Мушрик аз дидгоҳи ислом, ду корбурд дорад: яке ҳамон, ки дар луғат маъно дорад ва он ин ки мушрик, касест, ки ба Худои ягона шарик қоил аст. Ва дигар, маънои истилоҳӣ, ки танҳо ба касоне итлоқ мегардад, ки расман оини бутпарастиро дини худ баргузидаанд. Дар фарҳанги Қуръон, ҳаргоҳ ин маъно ба сурати “мушрикин” омада ва аҳкоме мутараттиб бар он шуда бошад, мурод маънои истилоҳии он аст ва шомили ҳар кӣ муртакиби ширк аст намебошад. Ба далели ин ки (масалан) риё дар ислом, кучактарин мисдоқи ширк қаламдод шудааст, вале ҳаргиз ислом издивоҷ бо мусалмонеро, ки муртакиби риё шудааст ҳаром ва ғайри ҷоиз намедонад. Бинобар ин, ҳукми адами ҷавози издивоҷ бо мушрикин, танҳо шомили касоне аст, ки расман оини бутпарастиро кеши худ баргузидаанд.
    Аз ин рў, Аҳли китоб, ки шомили яҳуд, насоро ва пайравони Зардушт мебошад, аз дидгоҳи ислом, ҳаргиз “мушрикон” нестанд, чаро ки эшон бутпарастиро оини расмии худ намедонанд, балки оини онҳо, оини осмонист, ҳарчанд аъмоле ширколуд аз онҳо содир шавад. Бинобар ин, ҳукми Қуръон ба ҷавози издивоҷ бо Аҳли китоб, ҳаргиз бо ҳукми ў ба адами ҷавози издивоҷ бо мушрикин (ба маънои истилоҳии он) мутаноқиз нест.
    Мустаҳиққи подош аз дидгоҳи ислом, ҳар он касе аст, ки ба андозаи мисқоле некўӣ аз ў содир шуда бошад. Инро ба гунаи муфассал дар баҳси қаблӣ баён карда будам. Аммо аз дидгоҳи ислом, касе, ки даъвати ҳақ ба гўши ў расида ва бо вуҷуди ин, инод варзидааст, аз чунин истеҳқоқе хориҷ аст.

    Бародари арҷманд Рустам,
    Банда комилан мувофиқам ба ҳар он чи шумо пешниҳод кардед.

  48. Ҷаноби ҳамнавъ Табар,
    Билохира як маврид пайдо шуд, ки банда комилан бо шумо дар он мувофтқам. Ва он ин ки “Пас тардид дар ҳар чизе роҳе ба пешрафт аст”.
    Комёб бошед!

  49. Фараз кардем, ки хама гапхои дар Куръон навишташуда сухани Аллоханд. Фараз кардем, ки Аллох низ хато мекунад. Аммо чаро вакте ки фарзандони дустдоштаи ин паёмбар аввал Али, сипас фарзандони Али, сипас набераву абераву чабераашро то имоми дувоздахум куштанд ва куштор асрхо давом карду охирин гоиб гардид, яъне дуздида куштанд, ин Аллох барои пешгирии ин кушторхо ва чазо додани онхо коре накард?
    Яъне Аллох фантазияи худи Мухаммад буд ва баробари Мухаммад мурда буд. Агар Мухаммад паёмбари хакикии фиристодаи худо мебуд, худо уро боя гон муъчиза мусаллах мекард.
    Паёмбар ягон муъчиза нишон дода натавонист.
    Бесавод буд, бехунар буд, навишта наметавонист. Ояхову хадисхоро дигарон навиштаанд.
    Агар Мухаммад паёмбари хакики мебуд то чилсолагиаш баробари буте бо номи Аллох ба бутхои дигари Каъба сачда намекард. Яъне то чисолаги бо акидаи бисёрхудои мезист.
    Ин Сайид+Юнус сайид аст, ва дин воситаи нонёбиаш аст, ба ин сабаб барои рост вонамуд кардани хар ояти дуруги Куръон бо суханбози чил дуруги дигар месозад.
    Дар Точикистон ягон донишманди хакики намондааст. Хеч кас нест, ки ба президент Эмомали бигуяд: Ба чои пулхои халки точикро ба Соли Имоми Аъзам, чопи Куръону Тафсир сарф кардан бехтар аст, ки асархои то имруз чопнашудаи Синоро чоп кунем. Инхо ба ном давлати демократи, вале дар амал давлати исломие сохтанианд, ки амиралмумининаш Эмомали Рахмон хохад буд.
    Ман донишманд нестам. Маълумотам миёна аст. Як рафикам ба дастам Куръонро дода гуфт: Хар ояте, ки ба мантик ва имл рост наояд, кайд кардан гир.
    Вакте ки ба ояти 50-ум расидам, хатохои аз Куръон ёфтаам аз сад адад гузашт.
    Агар ба чои ман донишманди илми муосир мебуд, ду-се баробар ин адад зиёдтар хатохои Куръонро пайдо менамуд.
    Агар ин асар офаридаи худо мебуд, аз он ягон кас ягонто хам хато ёфта наметавонист.

  50. Сайидюнус,

    Барои сухулати бахс бархе аз оётеро ин чо меоварам, ки марбут ба нахустину бехтарин мусалмону муъмини Аллох мешавад:

    Дар сураи «Анъом» (162;163) Аллох ба Мухаммад супориш мекунад: «Бигу, намози ман, ибодати ман, зиндагии ман ва марги ман барои Худост, ки сарвари хамаи инсонхо мебошад. Шарике надорад ва ба ман дастури ин кор дода шуда ва ман бештар аз хама мусалмон хастам.»

    Дар сураи «Аъроф» (143) мехонем:

    «Вакте ки Мусо ба махалли ваъдаи мо омад ва Худовандаш бо у сухбат кард, Мусо гуфт: Худовандо, худатро ба ман нишон бидех, то туро бибинам. Худо гуфт: Харгиз маро намебинй, вале ба кух нигох кун; агар сари чояш бокй монд, маро хохй дид. Чун Худовандаш ба кух тачаллй кард, онро бо хок яксон кард ва Мусо бехуш уфтод. Чун ба хуш омад, гуфт: Худовандо, ту болотар аз ин хастй, ки дида шавй. Тавба кардам. Ман аввалин муъмин хастам.»

    Дар сураи «Шуъаро» (51) аз кавли бархе мисриён накл шудааст: «Мо умедворем, ки Худоямон гунохони моро бибахшад, чун аввалин афроде хастем, ки имон меоварем.»

    Дар сураи «Бакара» (2:127-133) омадааст:
    «Ва замоне ки Иброхим ва Исмоъил пояхои хонаи Каъбаро боло бурданд, гуфтанд: Худовандо, аз мо бипазир, чун ту шунавандаи донои. Худовандо, мо ду нафарро таслими худ соз ва аз насли мо уммате ба вучуд овар, ки таслими ту бошанд. Ва одоби ибодатамонро ба мо нишон бидех ва тавбаи моро бипазир, чун ту тавбапазири мехрубон хастй. Худовандо, дар байни онхо расуле аз худашон барангез, ки оёти туро бар онхо бихонад ва ба онхо китобу хикмат биомузад ва онхоро пок созад. Чун ту тавоно ва хаким хастй. Чи касе чуз одами камъакл аз ойини Иброхим ругардон аст? Мо Иброхимро дар дунё баргузидем ва у дар охират аз дурусткорон аст. Хангоме ки Худованди Иброхим ба у гуфт «таслим шав!», Иброхим гуфт: Таслими сохибихтиёри хамаи мардуми чахон шудам. Иброхим ва Яъкуб фарзандонашонро ба ислом супориш карданд ва гуфтанд: Фарзандонам, Худо барои шумо ин динро интихоб карда. Бино бар ин чуз дар мусалмонй аз дунё наравед. Ё вакте ки марги Яъкуб фаро расид, шохид будед? Вакте ба фарзандонаш гуфт: Баъд аз ман бандагии чи касеро мекунед? Гуфтанд: Худои вохидро, ки маъбуди ту ва падаронат Иброхиму Исмоъилу Исхок аст, бандагй мекунем. Ва мо мусалмон хастем.»

    Бисёр мубхаму печида аст, сарфи назар аз ин ки чи гуна бихохед вожаи «ислом»-ро таъбир кунед. Ба вижа дар мавриди Иброхиму Исмоъил мебинем, ки онхо аз «ислом» ба унвони дин ёд мекунанд. Дар холе ки ислом ба унвони дин танхо пас аз Мухаммад матрах шуд.

  51. Дертар ба дигар иддаохои шумо боз хохам гашт. Чун хар яки он иддаохо достони худашро дорад.

  52. Сайидюнус,

    Сухан аз огохй ё ноогохй аз сарфу нахви арабй меоваред, ки дар бахси марбут ба зану мард дар Куръон чой надорад. Ин як хакикат аст, ки Куръон умдатан хитоб ба мардон нигошта шуда ва рабте хам ба дастури забон надорад, балки аз лихози маънои калом чунин бардошт хосил мешавад.

    Барои намуна, ба ояи 221-и баландтарин сураи Куръон (Бакара) таваччух кунед:

    «Бо занони мушрик, то имон наоваранд, издивоч накунед. Бидуни шак, издивоч бо канизи боимон бехтар аз издивоч бо зани мушрик аст, агарчи дили шуморо бибарад ва ба мардони мушрик, то вакте имон наоваранд, зан надихед.»

    Оё мухотаби Куръон метавонанд занон бошанд? На, чун карори маълум, бо зан мард аст, ки издивоч мекунад. Пас мухотаби ин хушдори Куръон мардон хастанд, ки худой накарда, бо зане мушрик издивоч накунанд. Таваччух кунед, он чо ки ба мардони мушрик марбут мешавад, Куръон намегуяд, ки «бо мардони мушрик издивоч накунед.» Чун ба хеч руй мухотаби он занон нестанд ва талвехан ин маъно дарёфт мешавад, ки Куръон хакки зан дар интихоби хамсарро ба расмият намешиносад. Балки он ба сарохат мегуяд, «ба мардони мушрик, то вакте имон наоваранд, зан надихед.» Пас боз хам мухотаб мардоне хастанд, ки дар мавриди додани духтар ё хохари худ ба марде бояд ба ин хушдор таваччух кунанд.

    Ё дар ояи 223-и хамин сура мехонем:

    «Занони шумо киштзори шумо хастанд. Хар вакт ки хостед, вориди киштзори худ шавед ва барои худ кори сахех бикунед.»

    Бимонад, ки ин оя то чи андоза дар мавриди хохарону хамсарону модарони мо тавхиномез аст. Он кучактарин хакро ба зан коил нест ва мард, хар гох ки хавсала кард, метавонад вориди «киштзор»-и худ шавад ва зан хакки изхори назар дар ин бораро надорад.

    Аммо он чи марбут ба бахси мо мешавад, ин аст, ки мухотаби Куръон мардон хастанд. Занон дар Куръон севвум-шахс (онхо) хастанд ва мардон – дуввум-шахс (шумо). Намунахои фаровони дигареро хам дар таъйиди ин дидгох метавон баршумурд, ки хамагй иддаъои сарфию нахвии шумо ва аллома Тафтазонию «аллома»-хои дигарро рад мекунанд.

  53. Ва аммо теъдоди модароне, ки Куръон барои мусалмонон доштанашонро раво донистааст.

    Дар сураи «Мучодала» (ояи 2) мехонем:

    «Мардоне, ки ба хукми «зихор» (модар хондани занони худ) аз занонашон дурй мечуянд, харфи нораво ва дуруге мезананд. Хеч зане гайр аз заноне, ки онхоро зоидаанд, модаронашон нестанд. Аллох омурзанда аст.»

    Таъкид руи ин аст, ки як фарди мусалмон танхо як модар дорад: хаму ки уро зодааст.

    Вале дар сураи «Нисо» (23) маълум мешавад, ки мусалмонон метавонанд ду модар дошта бошанд: модари табиъй ва модари ризоъй (зане, ки шир додааст):

    «Модаронатон ва духтаронатон ва хохаронатон ва аммахоятон ва холахоятон ва духтар-бародарону духтар-хохаронатон ва модархои ризоъии шумо, ки ба шумо шир додаанд ва хохархои ширии шумо ва модар-занхоятон ва духтар-занхоятон, ки дар хонаи шумо хастанд, дар сурате ки бо модари онхо хамбистар шудаед, бар шумо харом хастанд.»

    Ва холо он ояи ачиб аз сураи «Ахзоб» (6):

    «Пайгамбар ба муъминин аз худашон сазовортар аст. Хамсарони пайгамбар модари шумо хастанд.»

    Посухи шумо ба таъаччуби мо хамонест, ки хамаи муллоён гуфтаву навиштаанд: Аллох нигарон будааст, ки мусалмонон пас аз марги Мухаммад бо занони у издивоч накунанд. Аз ин ру Аллох пешдастй карда ва тадбире андешида ва хукми модарии занони мутаъаддиди Мухаммад бар хамаи пайравонашро мухр задааст.

    Оё бехтар набуд Аллох танхо мегуфт, ки «бо занони Мухаммад пас аз марги хазрат издивоч накунед»? Ин ки мафхумтар буд. Ва танокузе хам бо оёти дигари Куръон падид намеомад. Ба вижа бо ояте, ки акидан мегуяд, мо як модар бештар надорем.

    Дигар ин ки Мухаммаду хамсаронаш 14 карн пеш даргузаштанд. Чаро ин мавзуъ вориди китобе осмонй мешуд, ки карор аст башариятро то поёни торих рохнамои кунад? Холо занони Мухаммадро кучо пайдо кунем, ки модарашон хитоб кунем ва мувозиби рафторамон бо онхо бошем? Дигар Аллох коре надошт, ки замони арзишмандашро бо вахйи суханоне пешипоуфтода ва муваккатй талаф кунад? Чаро дагдагаи хотири Мухаммад бояд бо гузашта садхо сол хамчунон вирди забони пайравонаш бошад, ки на худи уро дидаанду на занонашро?

    Иттифокан он тавзехи шумо пурсишхои ба маротиб буррандатареро дар бораи ояи мавриди суол матрах мекунад.

  54. Ва аммо мушрикину мушрикот ва масъалаи издивоч бо насоро.

    Ба ояи 221-и сураи «Бакара» таваччух кунед. Хамон гуна ки каблан гуфтем, он хам танхо хитоб ба мардон гуфта шуда, чун масъалаи тасмимгирй дар мавриди издивочро Куръон мунхасир ба мард медонад. Аллох мегуяд:

    «Бо занони мушрик, то имон наоваранд, издивоч накунед.»

    Оё ахли насоро хам мушриканд?

    Аллох дар бахшхое (27-33) аз сураи «Тавба» бо хашми фаровон аз масехиёну яхудихо сухбат мекунад ва хатто дар як маврид мегуяд: «Худо онхоро бикушад! Чи гуна аз хакикат дур мешаванд?» Магар карор набуд, ки Худо худи Аллох бошад? Мисли он мемонад, ки Рахмони мо пайваста аз давлати Точикистон нохушнудй мекунад, аммо дар раъси он худаш нишастааст.

    Дар хамин сура (31) дар бораи насоро ва яхуд мехонем: «У (Аллох) болотар аз ин чизхоест, ки шарики У месозанд.»

    Шумо хам дар тавзехи вожаи «мушрик» ба хак фармудед, ки мушрик касест, ки «ба Худои ягона шарик коил шавад.» Бад-ин гуна, бар мабнои таърифи худи шумо хам ки таърифи дурустест, Куръон яхудихо ва масехихоро мушрик медонад ва мегуяд, онхо барои Аллох шарик коил шудаанд.

    Вале Куръон дар ин маврид хам зидду накиз аст ва дар сураи «Моида» (ояи 5) мегуяд:

    «Издивоч бо занони покдомани муъмин ва занони покдомани Ахли Китоб (яъне динхои сомии яхудият, масехият ва ислом) барои шумо халол аст.»

    Шумо пайравони Зартуштро хам вориди мафхуми «ахли китоб»-и куръонй кардаед, ки комилан бепоя аст. Ахли Китоби куръонй танхо хамон се дини сомист ва аз зартуштиёну паёмбару пешинаашон дар он хабаре нест.

    Он чи ошкор мешавад, нотавонии Куръон ва, албатта, Аллох дар тавзехи мафхуми мушрик ва нисбати он ба ахли китоб ва равон будан ё набудани издивоч бо онхост. Як чо мегуяд, масехиёну яхудихо мушриканд. Чои дигар мегуяд, издивоч бо мушрикон харом аст. Ва дар чои севум иддаъои каблиро фаромуш мекунад ва издивоч бо масехиёну яхудихоро мучоз медонад.

  55. Ва мусалламан, касе, ки Аллох дар бораашон мегуяд: «Худо онхоро бикушад!» наметавонанд мустахакки подоши неке аз суи Аллох дониста шаванд. Куръон барои мушрикон азоби алимеро ваъда кардааст ва танхо дар як сура (9:17 ва 9:69) хилофи ин суханро гуфтааст, ки яке дигар аз намунахои фаровони танокузхои куръонист.

  56. Ҷаноби ҳамнавъ Табар,
    Сипосгузорам аз ин ки шумо оятҳое, ки овардед (шоҳид бар муддаои хеш мабнӣ бар ин ки Қуръон дар бораи мусалмони аввал (албатта ба назари шумо) ба гунаи муаммоомез сухан гуфтааст), дуруст он чиро ки банда ёдовар шуда будам, ки раванди сура гўёи муддаои банда аст, таъйид мекунад. Ва он ин буд, ки баршумурдагон (аз Иброҳиму Исмоил то Мўсову Мўъмину Оли Фиръавну ҳазрати Муҳаммад (с)) дар мақоми исботи онанд, ки дар замони хеш ва ё дар миёни даъватшудагон, хештанро пешоҳанги имону ислом қаламдод мекунанд.
    Ҳоло, барои ин ки масъала боз ҳам рўшантар шавад, матлаби мазбурро бо ташбеҳ ба ин мисол тавзеҳ медиҳам. Фарз кунед омўзгоре ўҳдадори тадрис дар панҷ ё шаш синф мебошад. Ҳангоме ки вориди синфи аввал мешавад, мепурсад: Кадом яке аз шумо аз ҳама аълочӣ аст? Донишомўзе мегўяд: Ман аз ҳама аълохонам. Баъд аз чанде, ҳамин омўзгор вориди синфи дуюм шуда, айни пурсишро барои донишомўзони ин синф матраҳ мекунад. Донишомўзе аз ҷо бархоста мегўяд: Ман аз ҳама аълохонам. Ва ҳамин тавр дохили синфи сеюм, чаҳорум ва панҷум шуда, айнан ҳамон пурсиши аввалиро матраҳ месозад ва дар ҳар синфе, донишомўзе мегўяд: Ман аз ҳама аълохонам.
    Барои ҳар бобасирате рўшан аст, ки ҷумлаи “Ман аз ҳама аълохонам”, бо дар назар гирифтани қаринаи ҳол, ҳикоят аз ин дорад, ки муроди гўяндаи чунин ҷумла, ин нест, ки ў аз ҳама аълонхон аст ба гунаи мутлақ, ки ў аз аз замони Одам то Хотам, аз ҳама аълохон аст. Балки манзури ў (бо мадди назар доштани раванди сухан ва қаринаи ҳол) он аст, ки номбурда дар миёни ҳамсинфонаш аз ҳама аълохон аст. Таваҷҷўҳ кунед!

  57. Ҷаноби Табар,
    Аммо ин ки мегўед: “Бисёр мубҳаму печида аст, сарфи назар аз ин ки чӣ гуна бихоҳед вожаи “ислом”-ро таъбир кунед. Ба вижа дар мавриди Иброҳиму Исмоил мебинем, ки онҳо аз “ислом” ба унвони дин ёд мекунанд. Дар ҳоле ки ислом ба унвони дин танҳо пас аз Муҳаммад матраҳ шуд”, посухашро аз ҳамин ояте, ки овардед медиҳам, ки “Ҳангоме ки Худованди Иброҳим ба ў гуфт: «таслим шав!», Иброҳим гуфт: Таслими сохибихтиёри ҳамаи мардуми чаҳон шудам”. Дуруст дар номаи пешин арз намуда будам, ки “Ислом, ки дар луғат ба маънои “таслимшаванда” аст, танҳо унвони дини пайравони ҳазрати Муҳаммад (с) нест. Ба сароҳати Қуръон, ислом, оини ҳақ ва аз они ҳар касе аст, ки дар баробари Худои ягона таслим аст”, бо ин тафовут, ки ин маъно (яъне таслимшаванда), барои пайравони ҳазрати Муҳаммад (с) исми расмии ҳам гардидааст.
    Ба иборати дигар, аз дидгоҳи Қуръон, ҳақиқат ва моҳияти оини Худо аз Одам то Хотам, ҳамон таслим будан дар баробари Худост. (Ҳадди ақал ин иддаои Қуръон аст). Ҳоло, ҳамин моҳияти воҳид, гоҳе унвони “яҳудият” барои худ гирифтааст, гоҳе унвони “масеҳият” ва гоҳе ҳам унвони “ҳанафият” (ки гўянд унвони оини Иброҳим будааст). Ва феълан коре ҳам надорем, ки оё чунин унвонҳоеро худи оварандагони он кешҳо интихоб кардаанд, ё ваҷҳи тасмияаш барои мо рўшан нест. Феълан коре ба ин надорем. Аммо ҳаминро медонем, ки Қуръон, ҳақиқат ва моҳияти тамоми ин адёни осмониро яке медонад, ки иборат аст аз “таслим дар баробари Худои ягона шудан”.
    Ҳоло, вақте навбат ба оини ҳазрати Муҳаммад (с) (ки идомабахшандаи ҳамон кешҳои осмонӣ ба шумор меравад) расид, ин оини ҷадид ҳамин ҳақиқатро барои худ номи расмӣ қарор дод. Чи басо мешуд дигарон унвони дигаре барояш итлоқ кунанд масалан “муҳаммадият”-ро, ки аз қазо дидем бархе аз мусташриқон оини моро ба номи оини муҳаммадӣ (магометяне) муаррифӣ мекунанд. Аммо Худоро сипос, ки номи “ислом” барои ин дин баргузида шуд, ки бархоста аз маънои ҳақиқии ҳамон моҳияти воҳид аст.

  58. Сайидюнуси гиромй.

    Бар мабнои намунае, ки овардед, замаи динхои башарй як омузишгоханду мо донишомузони синфхои гуногуни он. Аммо он чи мо аз ислом медонем, ин намунаро ботил мекунад. Ислом худро аз хамаи динхои дигар мутамоиз медонад, динест дар нихояти «покй» ва «дурустй». Аз ин ру мусалмонон ва пайравони дигар кешхо наметавонанд донишомузони як мактаб бошанд, чи бирасад ба як синф ё клос. Бехтар аст ташбехе дигар пайдо кунед. Бехтар аз он талош кунед ба пурсишхои банда посух гуед, бидуни гурез ба синфхонахову мактабхо. Посухе рукку росту пустканда.

  59. Сайидюнуси гиромй.

    Бар мабнои намунае, ки овардед, хамаи динхои башарй як омузишгоханду мо донишомузони синфхои гуногуни он. Аммо он чи мо аз ислом медонем, ин намунаро ботил мекунад.

    Ислом худро аз хамаи динхои дигар мутамоиз медонад, динест дар нихояти “покй” ва “дурустй”. Аз ин ру мусалмонон ва пайравони дигар кешхо наметавонанд донишомузони як мактаб бошанд, чи бирасад ба як синф ё клос. Бехтар аст ташбехе дигар пайдо кунед.

    Бехтар аз он талош кунед ба пурсишхои банда посух гуед, бидуни гурез ба синфхонахову мактабхо. Посухе рукку росту пустканда.

  60. Барои мухаммадиён номи «ислом» баргузида нашуд, чаноби Сайидюнус. Балки ин номе буд, ки пайгамбари ислом ва ачдоди шумо барои динашон баргузиданд. Ва аммо ба чуз Куръон, ки мо дар хакикаташ шак дорем, хеч китобе торихй вучуд надорад, ки вучуди ин ном ба хайси унвони як динро барои мо собит кунад. Ва Куръонро наметавон ба унвони санаде бетараф пазируфт, чун он китоби динии шумост. Бад-ин гуна ба осудагй метавон истидлол кард, ки дар торих хеч санаде вучуд надорад, ки мавчудияти ислом ба унвони дин пеш аз Мухаммадро собит кунад. Ислом динест, ки Мухаммад бар пояи устурахо ва афсонахои сомй бунёд ниход. Бокй бо шумо ва худои шумост.

    Ёдатон наравад ба дигар бахшхои ин бахс хам таваччух бифармоед, ки басо мухимтар аст.

  61. Ва аслан мафхуми «ислом» ё он гуна ки шумо мефармоед, «таслим шудан», хилофи фитрати инсонист. Шумо, ки фатво медихад «агар кофар хастем, кофари озода бошем», аз суи дигар, дар хамин бахс мавзуъи озодагиро зери пурсиш бурдаед. Озода касест, ки шумову Куръони шуморо хам зери суол мебарад, чун андешаи рахо аз парвои гузаштагон дорад. Дине, ки аз мо бардагиро мехохад, дини мо нест. Худованд бардадор нест. Балки мехрубону бахшоянда аст ва бисёр дур аз дарки куруни миёнии хамнавъони мо дар сахрохои Арабистон.

  62. Ҷаноби Табар,
    Дар ин бора, ки мегўед: “Сухан аз огоҳӣ ё ноогохӣ аз сарфу наҳви арабӣ меоваред, ки дар баҳси марбут ба зану мард дар Қуръон ҷой надорад. Ин як ҳақиқат аст, ки Қуръон умдатан хитоб ба мардон нигошта шуда ва рабте ҳам ба дастури забон надорад, балки аз лиҳози маънои калом чунин бардошт ҳосил мешавад”, посухи банда ин аст, ки иттифоқан, дар ин маврид ва соири мавориди фаҳми Қуръон, ки ба забони арабӣ нозил шудааст, дар гоми аввал, сухан аз огоҳӣ ва ноогоҳӣ аз сарфу наҳвӣ арабӣ ва хулоса дастури ин забон аст. Банда агар бихоҳам (масалан) перомуни достони “Ҷанг ва сулҳ”-и Толстой баҳс намоям, нахуст бояд бо дастури забони фасеҳи русӣ ва дақоиқи ин забон, на танҳо ошноии сатҳӣ, балки маърифати комил дошта бошам. Билохира баҳси мо бо шумо перомуни матне аст, ки ба забони арабӣ нозил шуда. Ва наметавон перомуни ин матн, бидуни он ки бо дақоиқи ин забон, илова бар улуми мутааддидаи қуръонӣ (аз носиху мансух, муҳкаму муташобеҳ, маккӣ ва маданӣ, омму хос, мутлақу муқайяд ва ғайра ва ҳоказо) ошно бошам, баҳс ба миён оварам.
    Ҳоло, бармегардам ба сари асли матлаб. Муддаои банда ин буд, ки “касе ки бо забони арабӣ ва дақоиқи он ошност, медонад, ки хитоб бо сиғаи музаккар (ҷинси мард) ба умум дар забони араб, шомили марду зан аст”. Ва арз ҳам кардам, ки “Алломаи Тафтазонӣ дар Мухтасар ул-маонӣ баҳси муфассале перомуни ин масъала дорад, ки метавонед ба он муроҷеа кунед”. Таваққўи банда аз ҷаноби шумо, ки пурмуддаоед, ин буд, ки ҳатман муроҷае ҳам ба ин китоб, ки беҳтарин китоб дар заминаи дастури илми маонӣ ва баён дар маҷоли забонӣ арабист, хоҳед кард. Аммо зоҳиран, ё вақте надоштед ва ё огоҳ бо ин забон нестед.
    Бинобар ин, андаке васеътар дар ин замина баҳс хоҳам намуд. Дар забони порсӣ (ҳадди ақал порсии муосир) чунин аст, ки лафзе, ки бо он шунавандаро мавриди хитоби хеш қарор медиҳем, дар мавриди зану мард бо ҳам ихтилофе (дар шакл) надорад ва яке аст ва он “ту” (барои муфрад) ва “шумо” (барои ду ва беш аз он) мебошад. Мо, ҳам шунавандаи мардро “ту” хитоб мекунем ва ҳам шунавандаи занро. Аммо дар забони арабӣ барои марди воҳид лафзи “анта” ва зани воҳид лафзи “анти” ба кор меравад. Ва барои беш аз ду мард лафзи “антум” ва барои беш аз ду зан лафзи “антунна” истеъмол мешавад. Дар дастури забони арабӣ чунин баҳсе матраҳ аст, ки агар шунавандагон, маҷмўае аз занону мардон бошанд, дар ин сурат чӣ кор бояд шавад? Оё бо лафзи “антунна”, ки махсуси занон аст хитоб сурат пазирад, ё ба василаи лафзи “антум”, ки махсуси мардон аст? (Албатта айни ин баҳс, дар мавриди сиғаҳои афъоле, ки онҳо низ дар забони арабӣ байни зану мард мутафовитанд матраҳ аст). Он гоҳ бо истинод ба каломи араби қадим (ки тамомии дастуроти ин забон аз қариҳаи онон баргирифта шуда), мегўянд: Дар сурате ки мухотабон, маҷмўае аз занону мардон бошанд, сиғаи музаккар (ҷинси мард) барои хитоб бо онҳо ба кор меравад.
    Бо таваҷҷўҳ ба ин, ҳеҷ ду қуръонпажўҳе ёфт намешавад, ки бо ҳам дар ин ихтилоф дошта бошанд, ки тамомии хитобҳои қуръонӣ, ки ба сиғаи музаккар омадааст, шомили мардону занон аст. Оре, агар мухотабон, фақат аз занон ташкил шуда бошад, дар он сурат лафзи “антунна” истеъмол мегардад, чунон ки дар мавриди хитоб ба занони ҳазрати Паёмбар (с) чунин аст.
    Бинобар ин беҳтар буд барои шумо Ҷаноби Табар, ки дар мақоми баҳсу мунозира перомуни маорифи қуръонӣ ҳастед, бо васоили фаҳми ин маориф ҳам ошно бошед.
    Бинобар ин оқилро нашояд, ки дар бораи касоне, ки солҳо умри хешро дар роҳи фаҳми Қуръон гузаронида ва улуме мутааддид (ба унвони улуми муқаддимотӣ) ҷиҳати таомул бо ин китоби осмонӣ нигоштаанд, яксара нодида бигирад ва он гоҳ ба зўр фаҳми ноқиси худро (ки ҳар чи ҳаст, фаҳме аст марбут ба як шахс ва маъқул нест фаҳми мутахассисон дар ин заминаро нодида ангорад) рўи курсӣ нишонад ва бигўяд, ки фаҳми ман “иддаои сарфию наҳвии шумо ва аллома Тафтазонию «аллома»-ҳои дигарро рад мекунад”.
    Чунин сухани нопухта, сухани касеро монад, ки (масалан) бизоате аз огоҳӣ перомуни дониши физиё надошта ва бо мутолеаи сатҳии китобе чанд дар ин фан (ва он ҳам ба кўмаки васоили дигар, на васоили фаҳму дарки дониши физиё) иддао кунад, ки ҳар чи то кунун мутахассисони ин фан изҳор доштаанд, пуч ва бепоя буда ва дуруст ва саҳеҳ дар ин майдон, он чизе аст (ва дақиқтар он фаҳме аст), ки “ман”-и танҳо фаҳмидаам.
    Ва аммо овардани шумо оятҳои ҳокӣ аз адами ҷавози занони мўъмина бо мушрикон ва билакс ҷоиз набудани издивоҷи мардони мўъмин бо занони мушрика, ва ин ки (ба иддаои шумо) зани мўъмина аз дидгоҳи ислом ҳаққи гузиниши ҳамсарро доро намебошад, барои истидлол бар ин ки ислом ҳаққи занро муроот накардааст, ин кор, чанг задани оҷиз аст барои исботи чизе, ба чизҳое, ки рабте ба мавзўи мавриди баҳс надорад. Банда тасмим дорам дар бораи дидгоҳи ислом ба зан ва ин ки оё ҳаққи ў дар ислом маҳфуз аст, ё нест, мақолаи мустақилле нигорам ва он ҷо аст, ки ҳозирам ба ҳар пурсиш ва ё шубҳае, ки дар ин мавзўъ доред, посух диҳам. Дар бораи ояте, ки мегўяд: “Занони шумо маҳалли кишти шумоянд…” низ дар он ҷо ба тафсил баҳс хоҳам намуд.
    Аммо аҷолатан, сухане чанд дар ин мавзўъ, ин ҷо ишора мекунам.

  63. Ҷаноби Табар,
    Банда ба назар мерасад перомуни ҳикмати модар қаламдод шудани занони Паёмбар (с) барои мўъминон, ба андозаи кофӣ баҳс карда бошам, вале зоҳиран Ҷаноби шумо исрор доред, ки рўи ин масъала пофишорӣ намоед. Намедонам шумо чи чизеро мехоҳед рўи курсӣ биншонед. Пурсидед чаро онон модарони мо дониста шудаанд, посух гардондам, ки ба иттифоқи уламо ва донишмандони исломӣ, ояти номбурда ҳикоят аз ҳукми шаръие мекунад, ки бар асоси он, издивоҷ бо занони Паёмбар (с) баъд аз фавти эшон барои касе ҷоиз нест. Мегўед: ин чи рабте ба дигарон, ки замони он ҷаноб (с)-ро дарк накардаанд дорад? Ба иборати дигар, шумо мехоҳед бигўед, ки чаро дар Қуръон (ки мудаӣ аст китоби осмонӣ ва то рўзи қиёмат мебошад), аҳкоме вуҷуд дорад, ки фақат марбут ба замони нузули ваҳй ва ё каме баъд аз он дорад? Посух ин аст, ки мо дар Қуръон намунаҳои дигаре (ғайр аз ин маврид) ҳам дорем, ки махсуси замони он ҷаноб (с) мебошад ва иртиботе ба ояндагон надорад. Аммо ин ҳаргиз далел бар он нест, ки Қуръон аз замонати лозим барои ҷовидона ва барои ҳамагон дониста шудан, бархўрдор набошад. То имрўз, ҳатто аз ҷониби хусуми ислом, вуҷуди чунин оёте дар Қуръон (ки ихтисос ба замони худи Паёмбар (с) дорад) долл бар ҷаҳонӣ ва ҷовидона набудани Қуръон, қаламдод нашудааст.
    Ва аммо дар мавзўи ин ки мавзеи Қуръон дар бораи издивоҷ бо Аҳли китоб чист, дар ин бора ҳам қадре муфассал посухатонро додам ва арз кардам, ки бино ба назари донишмандон ва мутахассисони улуми исломӣ, Аҳли китоб, дар зумраи мушрикони истилоҳӣ, ки кеши бутпарастиро оини хеш баргузидаанд ворид намешаванд, ҳарчанд аъмоли ширколуд аз эшон содир гардад. Банда дар он баҳс (ки зоҳиран Ҷаноби шумо диққати лозимро дар фаҳми он ба харҷ надодед), миёни маънои луғавии ширк ва маънои истилоҳии он (ки ин тамйиз пеши мутахассисон шойеъ аст) ҷудо карда, бароятон гуфтам, ки ширк ба маънои луғавии он, аҳёнан ҳатто дар мавриди худи мусалмонон ҳам сидқ мекунад (масалан он ҷо ки мусалмоне риё кунад, ки риё дар ислом, аз масодиқи ширки асғар аст), вале дар айни ҳол, ҳаргиз ҳеҷ фақеҳ ва мутахассисе нагуфтааст, ки риёкор мушрик (ба маънои истилоҳияш) дониста шавад. Чун ў расман кеши бутпарастиро оин барои хештан барнагузида. Сухани банда, дақиқан, ҳамин ҷост. “Мушрик”, дар ислом ба касе гуфта мешавад, ки расман ба оини бутпарастӣ ворид шуда бошад, на ҳар он касе ки даст ба амали ширколуд зада, вале дар айни вақт худро мусалмон ё аз Аҳли китоб донад. Масалан дар мавридӣ мусалмонӣ, мусалмон гардидан, аз дидгоҳи ислом (ба иттифоқи тамоми донишмандони исломӣ), ба маҳзи ба забон ҷорӣ сохтани калимаи шаҳодат (Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун расулуллоҳ) таҳаққуқ мепазирад. Ва барои ин масъала, ривояте аз Паёмбари азимушшаъни ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (Дуруди Худо бар ў ва хонадонаш!)-ро меоваранд, ки ин аст: “Усома ибни Зайд гўяд: Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) барои набарде бо куффор моро фиристод… Ман марде аз куффорро дарёфтам. Бо вуҷуди ин ки он мард Ло илоҳа илаллоҳ ба забон ҷорӣ сохт, вале ман ўро ба қатл расонидам. Аз ин кор дар дилам эҳсоси нороҳатӣ мекардам. Бинобар ин масъаларо барои Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) матраҳ намудам. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) гуфт: Оё бо ин ки гуфт Ло илоҳа илаллоҳ ўро куштӣ? Арз кардам: Эй Расули Худо! Ӯ аз тарси силоҳ (ва аз хавфи кушта шудан) ин калимаро бар забон ҷорӣ сохт. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: Оё қалби ўро шикофтӣ то бидонӣ, ки аз рўи нифоқ калима ба забон ҷорӣ сохта ё аз рўи ҳақиқат?” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.13, саҳ.164; Саҳеҳи Муслим, ҷ.1, саҳ.258).
    Бинобар ин, Қуръон ҳар ҷо касонеро бо лафзи “мушрикин” мавриди хитоби хеш қарор диҳад, муродаш касоне ҳастанд, ки оини бутпарастиро кеши худ медонанд ва бо инҳост, ки издивоҷ ҷоиз намебошад. Аммо ҳар ҷо ин маъно (яъне амали ширк)-ро барои Аҳли китоб ва ё ҳатто барои мўъминон (мисли ин ҷо ки мефармояд: “Ва бештарашон ба Худо имон намеоваранд магар ин ки (дар ҳамон ҳол) ширк меварзанд” (Сураи Юсуф, ояти 106)) ба кор барад, мурод касоне ҳастанд, ки ҳарчанд аъмоли ширколуд аз эшон сар мезанад, вале расман аз мушрикони истилоҳӣ намебошанд.
    Аммо дар робита бо ваҷҳи номгузории дини мо ба “ислом” ва ин ки чӣ иртиботе ба адёни осмонии дигар дорад ва ин ки ислом ба маънои луғавиаш, ҳақиқат ва моҳияти воҳиде аст миёни тамоми адёни осмонӣ, мутаассифона ба назар мерасад ҳанўз масъала барои шумо ҳалношуда боқӣ монда. Ишколе надорад. Банда ҳам агар посух навиштам, лузуман барои шумо нест, балки барои хонандагон аст.
    Комёб бошед!

  64. Ҷаноби табар,
    Сухани ахири шумо айнан ҳамон чизе аст, ки парда аз андешаи шумо ва ин ки чаро то ин ҳад бо адёни осмонӣ ва ба вижа исломи азиз хусумат меварзед, бармедорад. Сухани шумо ин буд: “Ва аслан мафҳуми “ислом” ё он гуна ки шумо мефармоед “таслим шудан”, хилофи фитрати инсонист. Шумо, ки фатво медиҳед “Агар кофар ҳастем, кофари озода бошем”, аз сўи дигар, дар ҳамин баҳс мавзўи озодагиро зери пурсиш бурдаед. Озода касест, ки шумову Қуръони шуморо ҳам зери суол мебарад, чун андешаи раҳо аз парвои гузаштагон дорад. Дине, ки аз мо бардагиро мехоҳад, дини мо нест. Худованд бардадор нест, балки меҳрубону бахшоянда аст ва бисёр дур аз дарки қуруни миёнии хамнавъони мо дар саҳроҳои Арабистон”.
    Оре, дуруст гуфтед, фарқи банда (ва дар канори банда, тамоми пайравони адёни осмонӣ) бо шумо ва амсоли шумо дар ҳамин як масъала, ки калимаи “бандагии Худо” аз он ҳикоят мекунад, хулоса мешавад. Оре, банда, на танҳо ифтихори бандагии Худои ягонаро эълом медорам, балки мўътақидам ҳанўз қосир аз адои бандагии Ў ба таври бояду шояд ҳастам.
    Албатта қабл аз ҳар чиз лозим аст ёдоварӣ намоям, ки намехоҳам шуморо сарзаниш аз ошкоргўиятон карда бошам. Ин худ ҷои ситоиш дорад, ки Ҷаноби шумо ҳар он чиро ки мўътақидед, ошкоро ва бепарда изҳор медоред. Аз ин назар мунофиқ нестед ва ин худ ҷои ташаккур дорад. Зеро хелеҳо ҳастанд, ки шояд дар замири худ чунин эътиқодоте дошта бошанд, вале аз тарси замона (ва ё ҳар чизе дигар) тавоноии изҳори “куфр”-и хеш (мурод куфр ба ислом) надоранд ва аз рўи иҷбор, хештанро дар зумраи мусалмонон ҳам бармешумуранд, ки нифоқе бадтар аз он вуҷуд надорад.
    Ва аммо баргардем бар сари асли матлаб. Аз дидгоҳи ислом, инсони озода касе аст, ки ҷуз офаридгори якто, бандаи касе ё чизе (минҷумла ҳавоҳои нафсонии хеш) набошад. Сухани шумо бандаро ба ёди ривояте бурд, ки дар он ба ин мазмун омадааст: Дар миёни ҷамъе аз мардум, аз Алӣ ёд гардид ва яке гуфт: Алӣ шуҷоатмандтарин ва нотарстарин марди ислом баъд аз Паёмбар (с) аст. Дигаре гуфт: Ў озодатарин мард аст. Сеюме гуфт: Алӣ дар бандагии Худо пешоҳанги ҳамагон аст… Ин ҷо буд, ки яке аз номусалмонон арз кард: Ман аз Алӣ, ҳам нотарстар ва ҳам озодатарам. Ҳозирон бо тааҷҷуб аз ў пурсиданд: Чаро ва ба чӣ далел? Гуфт: Алӣ аз Худои хеш метарсад ва хештанро бандаи Ў медонад, вале ман, на аз Худо метарсам ва на хештанро бандаи Ў медонам.
    Гуфтем, ки инсони озода, аз дидгоҳи ислом, касе аст, ки худро ҷуз Худо бандаи дигаре намедонад. Ва ин бо ҳақиқат ва моҳияти инсонии ў ва дар натиҷа фитрату сиришти одамияш созгор аст, ҳарчанд хўи такаббур ва худбинии бархе, ки чашмонашонро кўр сохтааст, аз ин ҳақиқат бехабаранд.
    Ва ҳеҷ дину маслаке (минҷумла маслакҳои башарӣ) ба андозаи ислом, робитаи инсон бо Худояшро зебо баён накардааст. Ҳоло, ин ҷо андаке баҳсе фалсафӣ перомуни воқеияти инсонӣ матраҳ месозам, то рўшан шавад, ки бандагии Худо, фитрии башар аст.
    Мактабҳои фалсафие, ки ба вуҷуди мавҷуди воҷибе (ки вуҷудаш аз худаш аст, на ориятӣ) эътиқод доранд, бар онанд, ки мавҷудоти мумкин (падидаҳое, ки вуҷудашон аз худашон нест, балки ориятӣ мебошад, ки инсон ҳам ҷузъе аз ин мавҷудот маҳсуб мегардад), ҳамагӣ чунонанд, ки на танҳо дар асли вуҷуд вобаста ба дигарӣ (мурод аз дигарӣ, ҳамон мавҷуди воҷиб аст) мебошанд, балки ҳатто дар осор ва афъоле, ки аз онон содир мешавад низ вобаста ба ўянд. Яъне ҳам асли вуҷуде, ки доранд, аз ўст ва ҳам афъоле, ки аз онон содир мешавад низ, бо изну иҷозаи ўст, ки агар лаҳзае ононро аз неъмати вуҷуд бебаҳра созад, ҳечу пуч хоҳанд шуд. Ин масъала дар ҷои худаш бо бароҳини ақлии мутқан ва муҳкаме собит шудааст, ки метавонед барои иттилои бештар, ба ин китобҳо муроҷеа намоед: (Уйун ул-масоил, Фусус ул-ҳикам ва Таҳсил ус-саода-и Форобӣ, Шифо-и Ибни Сино (бахши илоҳиёт), Асос ул-иқтибос-и Хоҷа Насируддини Тўсӣ, Ҳикмати Мутаолия-и Садрулмутааллиҳини Шерозӣ, Манзумаи Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ, Бидоя ва Ниҳоя-и Аллома Таботабоӣ, Ишорот ва танбеҳот-и Ибни Сино, Ат-таҳсил-и Баҳманёр, Ҳикматул-ишроқ-и Суҳравардӣ, Фалсафа ва равиши реализм-и Мутаҳҳарӣ, Шаҳри Худо-и Қиддис Сан Огустин (дар баҳси бурҳони вуҷудии Худованд), Troslogium-и Қиддис Онселм, Summa theologica (Куллиёти илоҳиёт)-и Сант Томас Оквинас (он ҷо ки перомуни далоили исботи Худо панҷ бурҳон иқома карда баҳс мекунад).
    Бино бар далоили ақлӣ, яке аз лозимаҳои чунин вобастагӣ, ниёзмандӣ низ мебошад. Яъне моҳият ва ҳақиқати мавҷудоти мумкин, ниёзмандӣ ва эҳтиёҷи маҳз аст, на ин ки мавҷуде бошанд (дар баробари воҷиб) ва он гоҳ ниёзмандӣ яке аз осори онон бошад, балки сар то по ниёзманд ва моҳияташон ҷуз ин нест. Онҳо ҳеҷ чиз аз худ надоранд, ҳар чи доранд, аз воҷиб аст.
    Он гоҳ, фалосифа баҳси дигаре матраҳ мекунанд дар ин меҳвар, ки чаро зоти воҷиб мумкинотро халқ кардааст? Дар ин миён баҳсҳои ширине ба миён овардаанд. Масалан Форобӣ бар он аст, ки чун зоти воҷиб комил аз ҳар ҷиҳат аст ва камоли зебоиро дорост, аз ин рў ошиқи худ аст. Он гоҳ ишқи ба худ, сабаби судури мумкинот ва махлуқот гардидааст.
    Баҳси дигар он ки зоти мумкин, чун вуҷуди маҳдуд дорад, табиатан ошиқи камол ва ошиқи расидан ба камол мебошад ва аз он тараф, камоли мутлақ ҳам, ҷуз зоти воҷиб намебошад. Аз ин рў, ишқ ба зоти воҷиб, камоли зоти мумкин маҳсуб мегардад.
    Ҳоло, ин ошиқ (ки зоти мумкин аст) камоли худро ҷуз дар расидан ва висол ба маъшуқи воқеӣ (ки ҳамон зоти воҷиб аст) намебинад. Ва дар ин роҳ, ҳатто ба ҷоҳое мерасад, ки аз худ бегона шуда ва ҳангоми расидан ба маъшуқ, худро гум дар зоти маъшуқ меёбад ва ҷуз Ў намебинад.
    Ҳоло, ба иттифоқи донишмандони бобасират, мо ҳеҷ дин ва ё мактаберо суроғ надорем, ки ба андозаи ислом, бо таъбирҳои худ (ки дар Қуръон ва суннат омадаанд) парда аз рўи ин ҳақоиқ (чи дар сатҳи назарӣ ва чи дар майдони амал) бардошта бошанд.
    Қуръон аз вобастагии вуҷудии инсон ба зоти воҷиб, ки бениёзи мутлақ аст, чунин таъбир мекунад: “Эй мардум! Шумоед ниёзманд ба Худо, ва Худост бениёзи сутуда” (Сураи Фотир, ояти 15).
    Ва аз ишқи ошиқ (ки зоти мумкин бошад ) ба маъшуқ (ки зоти воҷиб аст) чунин таъбир намуда: “Касоне, ки имон (ба Худо) доранд, ишқу муҳаббаташон ба Худо, басо бештар ва шадидтар аст” (Сураи Бақара, ояти 165).
    Фалосифа дар ташхиси роҳи вусул ва расидани ошиқ ба маъшуқ, назарияҳои мухталиф матраҳ мекунанд ва аксарашон бар онанд, ки ягона роҳи вусул ба Ў, ба даст овардани хушнудии ўст аз тариқи анҷоми он чи Ў аз ошиқ мехоҳад, ва ҳам, худ надидан ва танҳо Ўро дидан. Ва ин роҳро, адёни осмонӣ ва ба вижа исломи азиз, бандагӣ медонад, ки моҳияте ҷуз он чи фалосифа ташхис додаанд намебошад ва танҳо тафовуташ дар лафз аст, ки албатта банда мўътақидам фалосифа (чун башаранд) бо ақли сирф натавонистанд ба кунҳи масъала пай бибаранд. Ва ин танҳо дин аст, ки чун оварандааш Худост, худ медонад, ки роҳи расидан ба Ў чист.
    Худо дар Қуръон дар таъйини ин ки роҳи дурусти вусули ошиқ ба маъшуқ кадом аст, мефармояд: “Бигў (эй Муҳаммад!), ки агар шумо Худоро дўст медоред, пас, аз ман пайравӣ кунед, ки (дар он сурат) Худо шуморо дўст хоҳад дошт…” (Сураи Оли Имрон, ояти 31)
    Ва рўшан аст, ки дастур ба пайравӣ аз Паёмбар (с) дар ин оят (ки иборати дигаре аз анҷоми бандагӣ аст), ба ҷиҳати ба даст оварии хушнудии Худост (ки ҳамон дўст доштани Худо аст бандаашро) ва гузашт, ки ба даст оварии хушнудии Худо, ҳамон камоли матлуби ошиқ аст.
    Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Алӣ, бандагӣ ва ибодати воқеиро, ҳамон медонад, ки банда аз рўи сипос ва ба ин ҷиҳат, ки Худо сазовори парастиш аст, Ўро бандагӣ меоварад, он ҷо ки мегўяд: “Гурўҳе Худоро ба умеди бахшиш парастиш мекунанд, ки ин парастиши тоҷирон аст. Ва гурўҳе Ўро аз рўи тарс ибодат мекунанд, ки ин ибодати бардагон аст. Ва гурўҳе Худоро аз рўи сипосгузорӣ мепарастанд, ки ин парстиши озодагон аст” (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 237).
    Бархеҳо, чун аз моҳияти бандагии инсон ба Худо тасаввуре дуруст дар зеҳн надоранд ва аз лафзи “бандагӣ” ва “бардагӣ” ишмиъзоз доранд, чунин меандешанд, ки бандагӣ, ҳар ҷо ва дар баробари ҳар кӣ, нописанд аст, дар ҳоле ки қиёс байни бандагии инсон дар баробари инсоне дигар ва бандагии ў дар баробари офаридгор, қиёсе аст маъал-фориқ. Аввалӣ айни ширк аст ва дуюмӣ айни тавҳид. Аввалӣ зиллат оварад ва дуюмӣ иззат. Аввалӣ нишонаи бардагӣ бошад ва дуюмӣ аломати озодагӣ. Аввалӣ инсонро ба дўзах барад ва дуюмӣ ўро ба биҳишт ва дар ҷивори раҳмати Ҳақ. Аввалӣ мояи шақоват ва бадбахтии ў бошад ва дуюмӣ мояи саодат ва хушбахтии ў.
    Бузургони дини мо, чун медонистанд, ки бандагии Худо айни озодагӣ ва бандагии ғайр айни зиллат, таъкид бар озода будан ва озода зистан менамуданд. Ҳазрати Алӣ хитоб ба фазандаш Имом Ҳасан мефармояд: “Фарзандам! Бардаи дигаре мабош, ки Худо туро озод офарида…” (Наҳҷул-балоға, номаи 31).
    Ва чунин ҳам нест, ки инсон агар аз бандагии Худо сар печад, дигар озодаи озода аст. Чунин пиндор зиҳӣ ғалат аст. Ў чун дар фитрат ва сиришти хеш вобаста ва ниёзманди маҳз аст ва ин маҳдудият ўро ба сўи камоли мутлақ, ки маъшуқи ўст мекашонад, вақте камоли воқеии хешро наёфт, ночор ошиқу бандаи маъшуқҳои камолнамо (аз ҷоҳу мансабу пулу арбобу худоёни дурўғину нажоду ранг) шуда ва камоли хешро дар онҳо ҷустуҷў мекунад. Аслан муҳимтарин рисолати паёмбарони илоҳӣ, ин буд, ки мардумро аз гирифтории бардагӣ ва бандагии чунин маъшуқҳои камолнамо, раҳоӣ бахшида, эшонро ба сўи матлуби воқеияшон, ки ҳамон офаридгори яктост ҳидоят кунанд.
    Магар Мўсои Калим (а) барои раҳоии қавми Бани Исроил аз дасти Фиръавне, ки “дар рўи замин бартарӣ ҷуст ва мардумашро гурўҳ-гурўҳ сохт. Гурўҳе аз ононро забуну нотавон мегирифт…” (Сураи Қасас, ояти 4), ҳамон Фиръавне, ки мегуфт: “Манам парвардигори волои шумо” (Сураи Нозиот, ояти 24) фиристода нашуд, то ба ҳамроҳи бародараш Ҳорун, хитоб ба ин тоғут бигўяд: “Мо фиристодагони парвардигори туем, пас раҳо соз Бани Исроилро ҳамроҳи мо…” (Сураи Тоҳо, ояти 48)?
    Дар бораи ҳазрати Муҳаммад (с) ва рисолати ў (ки иддао мекунед бардагӣ оварда), ҳазрати Алӣ мегўяд: “Худованд ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ба ҳақ барангехт, то бандагони Худоро аз парастиши дурўғини бутҳо раҳоӣ бахшида, ба парастиши Худо роҳнамоӣ кунад ва ононро аз пайравии шайтон наҷот дода, ба итоати Худо кашонад…” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 147).
    Бинобар ин, нашояд, ки инсоне аз рўи беинсофӣ он чи аз ислом (ва куллан адёни осмонӣ)-ро мавриди нақд қарор диҳад, ки худ аз ҳақиқат ва моҳияти он чиз ҷуз бо алфозе, ки онро таъбир мекунад, ошноӣ надорад.
    Комёб бошед!

  65. Сайидюнус,

    Боз хам бегудор ба об задаед.

    Ин ки мо каломе аз «анта»-ву «антй» ба миён наовардем, ба он маъно нест, ки аз забони малакутии шумо тушае дар бисотамон надошта бошем. Ин тафовутхо ба чои худ. Манзури ман ин буд ва хаст, ки ояхои мавриди назар кучактарин рабте ба тафовутхои дастурй надорад, балки маънои он оёт мухотаби онхоро ошкор мекунад. Масалан, вакте ки сухбат аз «зан гирифтан» меравад, маълум аст, ки руи сухбати Куръон бо мардон аст, чун зан ки карор нест зан бигирад. Дуруст аст?

    Холо бо гирифтани андаке фосила аз таассуби хафаконие, ки буруз додаед, бори дигар ба асли матлаб таваччух кунед ва ин бор гурезхои галатандоз назанед, лутфан.

    «Барои намуна, ба ояи 221-и баландтарин сураи Куръон (Бакара) таваччух кунед:

    «Бо занони мушрик, то имон наоваранд, издивоч накунед. Бидуни шак, издивоч бо канизи боимон бехтар аз издивоч бо зани мушрик аст, агарчи дили шуморо бибарад ва ба мардони мушрик, то вакте имон наоваранд, зан надихед.»

    Оё мухотаби Куръон метавонанд занон бошанд? На, чун карори маълум, бо зан мард аст, ки издивоч мекунад. Пас мухотаби ин хушдори Куръон мардон хастанд, ки худой накарда, бо зане мушрик издивоч накунанд. Таваччух кунед, он чо ки ба мардони мушрик марбут мешавад, Куръон намегуяд, ки «бо мардони мушрик издивоч накунед.» Чун ба хеч руй мухотаби он занон нестанд ва талвехан ин маъно дарёфт мешавад, ки Куръон хакки зан дар интихоби хамсарро ба расмият намешиносад. Балки он ба сарохат мегуяд, «ба мардони мушрик, то вакте имон наоваранд, зан надихед.» Пас боз хам мухотаб мардоне хастанд, ки дар мавриди додани духтар ё хохари худ ба марде бояд ба ин хушдор таваччух кунанд.

    Ё дар ояи 223-и хамин сура мехонем:

    «Занони шумо киштзори шумо хастанд. Хар вакт ки хостед, вориди киштзори худ шавед ва барои худ кори сахех бикунед.»

    Бимонад, ки ин оя то чи андоза дар мавриди хохарону хамсарону модарони мо тавхиномез аст. Он кучактарин хакро ба зан коил нест ва мард, хар гох ки хавсала кард, метавонад вориди «киштзор»-и худ шавад ва зан хакки изхори назар дар ин бораро надорад.

    Аммо он чи марбут ба бахси мо мешавад, ин аст, ки мухотаби Куръон мардон хастанд. Занон дар Куръон севвум-шахс (онхо) хастанд ва мардон – дуввум-шахс (шумо). Намунахои фаровони дигареро хам дар таъйиди ин дидгох метавон баршумурд, ки хамагй иддаъои сарфию нахвии шумо ва аллома Тафтазонию «аллома»-хои дигарро рад мекунанд.»

  66. Дар посухи дувум хам чизе чуз фазли миёнтихй намебинам, Сайидюнус.

    Шояд битавонед ин бахядузихоро барои касе анчом дихед, ки аз арабй мояе надошта бошад. Аммо тири шумо дар ин бахс пайваста хок мехурад, чун аз мухотабони худ огох нестед ва тасаввуратон бар ин аст, ки бо истифода аз ду-се каломи пуртумтарок сухани худро бар курсй бинишонед, ки шуданй нест.

    «Мушрик» касест, ки ба Худованд шарике дигар коил шуда бошад ва «ло илоха илла-л-лох»-ро напазирад. Вакте ки масехиён ба сарохат мегуянд, ки ба Сегонаи Падар, Писар ва Рухулкудс имон доранд ( ки Куръон ба иштибох «Падар, Писар ва Модар» таъбир кардааст) бино ба дидгохи Куръон, дар макоми «мушрикин» карор мегиранд. Аз ин чост, ки хашми Аллох аз масехиёну яхудихо бепарда аст ва мегуяд: «Худо бикушадашон!» (Яъне худ аз даргохи худ масъалат мекунад, ки он мушрикон (яхудихо ва масехихо)-ро бикушад.

    Талош кунед дар амри дифоъ аз Куръону ислом зуди шумо хам муртакиби ширке нашавед, Худой нахоста, ва дар каломи Куръон, ки мавриди такдиси шумост, даст набаред ва дар он дасткорй накунед. Сарфароз бошед.

  67. Ва саранчом, посухи баланди севвуми шумо, Сайидюнус, чизе чуз дархам рехтани мафхумхои зидду накизи «бандагй»-ю «бардагй» ва «озодагй»-ю «ошикй» набуд.

    Худое, ки пайваста нигарони носипосии офаридагонаш аст, ба курбонихои хунини башари худаш чашми тамаъ духтааст, офаридагонашро хамеша бо азобхои алим метарсонад, магар ин ки ба у сачда кунанд, бисёр ниёзмандтар аз ахли башар аст. Ин Аллох аст, ки ба мо руи ниёз оварда, то бузургии уро бишиносем ва сари зиллату хорй бар замин бикубем ва аз тарси оташи дузах ин хакорату сарафкандагии мудомро «барозандагй»-ю «сарфарозй»-ю «озодагй» биномем ва дар гирехи хосил аз ин шуллаи каламкор мисли сайди гирифтори тори анкабут дасту по бизанем. Аллох Хамон Аллохе, ки ба фариштагонаш гуфта буд, танхо маъбуд худи уст ва пеши каси дигаре набояд сар фуруд овард. Сипас ба ногох ин дастури худро фаромуш кард ва фармуд, ки ба Одам сачда кунанд. Ва то яке аз фариштагонаш дастури пешини уро ёдоварй кард, ки танхо Аллох мавриди санову сучуд аст, он фариштаро нафрин ва тард кард.

    Агар Аллох бениёзи кулл аст, уро чи ниёзе ба сачдаву сучуди ман ва хуну гушти милюнхо дому ахшом, ки барояш курбонй мешавад? Кучои ин мочарои хунин ба «ишк» мемонад? «Яке достонест пур аз оби чашм», Сайидюнус. Пур аз тарсу вахшату хиффату хорию хуну пилиштй. Рохи ишк на ин аст, ки шумо менамоед. Аз ин чост, ки мусалмонони мутаассиб Мавлавию Мулло Садрову Сухравардиро кофар шинохтанд, чун шинохти онхо аз Худованд басо фаротар аз шинохти Куръон аз Парвардигор буд. Сарфароз бошед

  68. Ҷаноби Табар!
    Лутфан номи сура ва шумораи ояте аз Қуръонро, ки мегўед “Қуръон ба иштибоҳ “Падар, Писар ва Модар” таъбир кардааст” бароям нависед.
    Сарафроз бошед!

  69. Бифармоед.

    Сураи «Моида», ояхои 73-75:

    «Афроде хам ки гуфтанд, Худо севвумини Се Худо (сегонаи масехй) аст, кофар шуданд. Дар сурате, ки маъбуде чуз маъбуди ягона вучуд надорад. Агар аз ин харфхо даст бар надоранд, ба мункирони онхо азоби пурдарде мерасад. Оё тавба намекунанд ва аз Худо омурзиш наметалабанд? Худо омурзандаи мехрубон аст. Масех ибни Марям пайгамбаре буд мисли пайгамбарони каблй, ки аз дунё рафтанд. Ва модараш зани ростгуе буд. Хар ду гизо мехурданд. Нигох кун, ки нишонахоро чи гуна барои онхо баён мекунем. Баъд нигох кун, ки инхо ба кучо бурда мешаванд.»

    Сураи «Моида», ояи 116:

    «Ва хангоме ки Худо фармуд: «Эй Исо ибни Марям, оё ту ба мардум гуфтй ман ва модарамро гайр аз Худо ду маъбуд бигиред?» Исо гуфт: «Ту покй, сазовор нест, ки он чи хакки ман нест, бигуям. Агар гуфта будам, ту онро медонистй. Ту он чи дар дили ман аст, медонй ва ман он чи дар дили туст, намедонам.»

  70. Ҷаноби Табар,
    Аз куҷои оятҳои номбурда шумо бардошт кардед, ки Қуръон бар он аст, ки таслиси масеҳият “Падар, Писар ва Модар” аст?
    Оятҳои дастаи аввал мегўяд: Гўяндагони таслис кофиранд, чун ҷуз Худои якто худои дигаре вуҷуд надорад. Сипас Исои Масеҳро ҳамчун соири паёмбарон, ки модаре ба номи Марям дошт муаррифӣ мекунад. Дигар аслан мутаарризи ин ки назари Қуръон дар бораи таслис ва ин ки муроди масеҳият аз он (аз дидгоҳи Қуръон) чист нашуда.
    Ва аммо ояти ахир, пурсише аз Худо хитоб ба Исои Масеҳро, ки мепурсад: “Оё ту ба мардум гуфтаӣ, ки ман ва модарамро ду маъбуд гиред”, матраҳ кардааст. Ин ҷо низ ҳеҷ тааррузе ба қазияи таслис ва ин ки он се киҳоянд нашуда. Оре, шумо метавонистед бигўед, ки чаро дар Қуръон чунин суоле аз ҷониби Худо хитоб ба Исои Масеҳ (а) мабнӣ бар ин ки “Оё ин ту ҳастӣ, ки ба мардум гуфта бошӣ ману модарамро маъбуд гиред?” шуда, ҳол он ки миёни масеҳият чунин эътиқоде вуҷуд надорад?
    Бештари муфассирон бар онанд, ки аввалан, ин оят перомуни гуфтугўи Худованд бо ҳазрати Исои Масеҳ (а) дар рўзи қиёмат баҳс мекунад, ба далели ин ки дар чанд ояти баъд мехонем: “Ва имрўз рўзест, ки ростгўии ростгўён ба онҳо суд медиҳад”, ва мусалламан манзур аз он рўз, рўзи қиёмат аст.
    Ба иловаи ин, ҷумлаи “Ва он гоҳ ки маро аз ин дунё бурдӣ, Ту худ муроқиби онҳо (масеҳиён) будӣ” аз сўи Исои Масеҳ (а) хитоб ба Худо, далели дигаре бар ин аст, ки ин гуфтугў баъд аз даврони паёмбарии Масеҳ (а) воқеъ шуда.
    Ва аз ҳама муҳимтар, дар замони вуҷуди Масеҳ (а) миёни пайравонаш, касе аз онҳо мўътақид бар худоии ҳатто худи Масеҳ набуда то чи расад ба модараш. Ва бовар ба таслис дар миёни онҳо, баъд аз замони боло рафтани Исои Масеҳ (а) падид омада.
    Ва аммо дар посух ба ин пурсиш, ки оё дар таърихи масеҳиён ҳеҷ дида шудааст, ки Марямро маъбуди худ қарор диҳанд, гўем: Дуруст аст, ки масеҳиён Марямро Худо (зоте ки офаридгор бошад) намедонистанд, вале дар айни ҳол, дар баробари ў ва муҷассамааш маросими ибодатро анҷом медодаанд, ҳамон тавр ки бутпарастон бутро Худо намедонистанд, вале шарики Худо дар ибодат тасаввур мекарданд. Ва ба иборати рўшантар, фарқ аст миёни “Аллоҳ” ба маънои Худо ва “илоҳ” ба маънои маъбуд. Масеҳиён Марямро “илоҳ” яъне маъбуд медонистанд, на Аллоҳ ба маънои Худо. Ба таъбири яке аз муфассирон, гарчи ҳеҷ як аз фирқаҳои масеҳият калимаи “илоҳ” ва “маъбуд”-ро бар Марям итлоқ намекунанд, балки ўро танҳо модари Худованд (яъне Масеҳ) медонанд, вале амалан маросими ниёишу парастишро дар баробари ў доранд, хоҳ ин номро бар ў бигузоранд ё на.
    Ва иттифоқан Қуръон аз забони худи бутпарастони араб – он гоҳ ки аз онон пурсида мешавад, ки офаридгор ва парвардигори шумо кист – нақл мекунад, ки мегўянд: Офаридгор ва парвардигори мо ҷуз Худо нест ва агар мо бутонро мепарастем, ба хотири ин аст, ки онҳо моро ба Худо наздик мекунанд. Ва бо вуҷуди ин, Қуръон аз бутон, ба “илоҳ” таъбир мекунад. Хулоса, калимаи “илоҳ” дар Қуръон ҳарчанд дар мавриди худи Худо ба кор рафта (ба ин ҷиҳат, ки Ўст танҳо сазовори парастиш ва ибодат), вале корбурдҳои дигаре монанди ин ки дар мавриди бутон ва ҳар он чи мавриди парастиши инсон қарор мегирад, дорад.
    Комёб бошед!

  71. Ҷаноби Табар,
    Перомуни ин масъала, ки “мушрик” аз назари Қуръон чӣ касест ва оё Аҳли китоб аз мушрикон маҳсуб мегарданд ё на, банда посухи рўшан ва возеҳ додам. Аммо доварӣ рўи ин ки оё тири банда дар баёни ин матлаб “пайваста хок мехўрад” ё на, бар ўҳдаи хонандагон аст, на танҳо бар ўҳдаи мункир, ки аз пеш фарзро ба ин гузорида, ки “хокхўрданист”.
    Илова бар ин, шумо перомуни ин баҳс, на танҳо бо доштани пешфарз доварӣ мекунед, балки мехоҳед пешфарзи хештан дар ин заминаро бар банда ва дигар хонандагон таҳмил кунед, он ҷо ки мегўед: “Вақте ки масеҳиён ба сароҳат мегўянд, ки ба Сегонаи Падар, Писар ва Руҳулқудс имон доранд, бино ба дидгоҳи Қуръон, дар мақоми “мушрикин” қарор мегиранд”.
    Ло ақалл мегуфтед: “Бино бар бардошти ман аз Қуръон”, на “бино бар дидгоҳи Қуръон”.
    Оё ин талош, ҷуз таҳмили бардошти худ бар дигарон аст?
    Аммо дар посух ба ин ки мегўед: “Талош кунед дар амри дифоъ аз Қуръону ислом, шумо ҳам муртакиби ширке нашавед, Худой нахоста, ва дар каломи Қуръон, ки мавриди тақдиси шумост, даст набаред ва дар он дасткорӣ накунед”, айни сухани худатонро бароятон бармегардонам, ки “Азиз, охир “ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд набишт”.
    Комёб бошед!

  72. Ҷаноби Табар,
    Аммо перомуни баёни ҳақиқати “бандагии инсон аз Худо”, ки дар посух ба иддаои мункир мабнӣ бар ин ки “Дине, ки аз мо бардагиро мехоҳад, дини мо нест” овардам, тамомаш бо такя бар далоили ақлӣ ва бо истинод ба дидгоҳи абармардоне чун Форобиву Синову Суҳравардиву Садро, ки мункир иддао дорад “шинохти онҳо аз Худованд басо фаротар аз шинохти Қуръон аз Парвардигор буд”, сурат гирифт. То ҷое ки дар мавориде, айни иборати Садроро овардам.
    Аммо чун мункири гиромӣ, биноро бар тахриб гузошта, на фаҳми матлаб, аз ин рў таваққўе намерафт ҷуз ин ки бигўяд: ин матолиб “чизе чуз дарҳам рехтани мафҳумҳои зидду нақизи “бандагӣ”-ю “бардагӣ” ва “озодагӣ”-ю “ошиқӣ” набуд”. Мункир, ҷиҳати доварӣ дар ин қазия, ба ҷои ба забон ҷорӣ сохтани чунин сухани нораво, метавонист ба манобее, ки зайли баҳс зикр гардид, муроҷеа намояд.
    Ба ҳар ҳол, банда матолибро на танҳо барои мункир меоварам, то чунин доварӣ кунад, балки хонандагоне ҳам ҳастанд, ки хуб мефаҳманд, ки ин матолиб ҳовии чӣ ҳақоиқест.
    Дигар ин ки мункир, ин ҷо низ, ба монанди он баҳси дигарӣ, матолибе бе далелу бурҳон иддао карда аз ин қабил, ки “Худое, ки пайваста нигарони носипосии офаридагонаш аст, ба қурбониҳои хунини башари худаш чашми тамаъ дўхтааст, офаридагонашро ҳамеша бо азобҳои алим метарсонад, магар ин ки ба ў саҷда кунанд, бисёр ниёзмандтар аз аҳли башар аст”.
    Ва чун баҳси мо бо мункир, на сар додани шиор асту на сурудани шеър, балки мунозираест илмӣ, бинобар ин, ин ҷо низ банда аз мункир тақозои исботи ин муддаояш менамоям, ки оё мустанаде ақлӣ бар ин муддао дорад ё на? Агар дорад, хоҳишманд аст пешкаш намояд.
    Комёб бошед!

  73. Сайидюнус,

    Гуянд, таассуб чашми хирадро кур мекунад, ки айни хакикат аст.

    Дар сураи нахуст сухбат аз Сегона (ё ба кавли аъроб, таслис)-и масехиён аст. Вале ишорае ба Рухулкудс дар он хаст? На хайр. Ачзои ин Сегонаро кихо ташкил медиханд? Аллох, ки норохат аст чаро уро севвумини ин Сегона медонанд. Исо, ки бино ба таъкиди Аллох, паёмбаре буд мисли паёмбархои дигар. Ва Марям, ки дар канори Масех ва хаммаком бо у омадааст (таркиби «хар ду» дар бораи Масеху модараш аст).

    Ва мухимтарин нишони галати Аллох (албатта, Мухаммад) дар ин оя ин аст, ки у таъкид мекунад: Масех як паёмбари одй буд ва модараш хам як зани ростгуй буд (вале на худо) ва «хар ду гизо мехурданд!» Холо чаро бояд мо бидонем, ки ин ду гизо мехурданд? Чун ба бовари Аллох, ин нишонаи одам будани Исо ва Марям буд. Чун танхо Худост, ки намехрад ва «бандагон»-и у хама хурандаанд. Аллох ин мавзуъро котеъона эълом мекунад: «Нигох кун, ки нишонахоро чи гуна барои онхо баён мекунем.» Ва ба таври гарибе меафзояд:
    «Баъд нигох кун, ки инхо ба кучо бурда мешаванд.» (ха-ха-ха)

    Дар сураи дувум Аллох бо нигаронй аз Исо мепурсад: «Эй Исо ибни Марям, оё ту ба мардум гуфтй ман ва модарамро гайр аз Худо ду маъбуд бигиред?»

    Агар Аллох фикр намекард, ки масехиён Исо ва модари уро худо медонанд, чаро ин пурсиши масхараро матрах кунад?

    Аз посухи Исо хушам омад:

    «Агар гуфта будам, ту онро медонистй. Ту он чи дар дили ман аст, медонй ва ман он чи дар дили туст, намедонам.»

    Яъне, бобочон, ту оё Худо хастй ё на? Агар хастй, магар карор нест худат ин мавзуъро бидонй? Холо чаро алакй ба ман гир медихй?

    Вокеъан достони хандадорест. Аллохе, ки интизор мерафт «аълам» бошад, пурсишхое мекунад, ки «бандагонаш»-ро дар ачаб мегузорад. Ва мухимтар аз он, иттилоъе, ки Аллох дар бораи «бандагонаш» дорад, галат аст. Зохиран маъмуронаш гузоришхои носахех барояш ирсол кардаанд.

    Ба ин гуна, харчанд дар додани ин посух бисёр тааммул кардед, посухатон обакй аз об баромад. Бехтар аст Куръонро баруз кунед ва як галатгирии муфассал дар он анчом дихед.

    Сарфароз бошед.

  74. Бо дуруд,
    Хонандагони гиромӣ, банда ҳанўз посухи дархости хеш мабнӣ бар баҳси берундинӣ (нигоҳ ба муддаҳои тарафайни мунозира аз берун ба воситаи ақл)-ро аз сўи мункир нагирифтам.
    Аммо дар посух ба номаи ахири эшон (ки умед меравад ин суханон мансуб ба эшон набошад), хитоб ба хонанда гўям: Худ доварӣ кун, ки оё чунин суханони дур аз расми адаб, сазовори посуханд? (Намунаҳое аз суханони эшонро айнан меоварам):
    1. “Ва муҳимтарин нишони ғалати Аллоҳ (албатта, Муҳаммад) дар ин оят ин аст…”
    2. “(Аллоҳ) ба таври ғарибе меафзояд: “Баъд нигоҳ кун, ки инҳо ба куҷо бурда мешаванд.” (ха-ха-ха)”
    3. “Агар Аллоҳ фикр намекард, ки масеҳиён Исо ва модари ўро худо медонанд, чаро ин пурсиши масхараро матраҳ кунад?”
    4. “Яъне, бобоҷон, ту оё Худо ҳастӣ ё на? Агар ҳастӣ, магар қарор нест худат ин мавзўъро бидонӣ? Ҳоло чаро алакӣ ба ман гир медиҳӣ?”
    5. “Воқеъан достони хандадорест. Аллоҳе, ки интизор мерафт “аълам” бошад, пурсишҳое мекунад, ки “бандагонаш”-ро дар аҷаб мегузорад. Ва муҳимтар аз он, иттилоъе, ки Аллоҳ дар бораи “бандагонаш” дорад, ғалат аст. Зоҳиран маъмуронаш гузоришҳои носаҳеҳ барояш ирсол кардаанд”.
    Ҳоло бояд чӣ кор кунем?
    Банда бо камоли эҳтиром ба фикру андешаи мунозири гиромӣ, ки камоли ихтиёр дар гузиниши ҳар навъ андешаеро дорад, аммо интизор дорам ҳадди ақалл содатарин одоби мунозираро, ки ҳамоно эҳтиром ба андешаи тараф аст, муроот фармояд.
    Дўсте дорам (ки бароям хеле азиз ҳам аст), ки дар андеша бо ҳам ихтилоф дорем. Шахсияти маъруф ва аз донишмандони камназирест дар Тоҷикистони азизамон, ки намехоҳам исми ў ин ҷо зикр кунам. Ў аз оғози ин мунозира, муҷиддона пайгири он буд ва тамоми суханони банда ва мунозири мўҳтарамро, ҳарф ба ҳарф, ва бо диққат, мутолеа мекард. Ў аз оғози ин баҳс, бо як шўр, аз мунозири мўҳтарам тарафдорӣ карда ва ҷоҳое бо ман ба ҷидол мепардохт. Аммо ҳамин дирўз, бо хондани ин суханони мунозир, бо як некбинии тоҷикие, ки дорем, бароям гуфт: Шояд каси дигаре дар ин миён аст, ки бо исми Табар вориди ин сомона шуда ва барои сиёҳ кардани чеҳраи ў, чунин ёвагўиҳоро навишта бошад.
    Банда ҳам гуфтам: Умед аст, ки чунин бошад.
    Ҳоло, Табари гиромӣ! Чун ин мунозира ба сурати китоб чопу нашр хоҳад шуд, агар ин калимот мансуб ба шумо набошад (ва иншоаллоҳ, ки чунин набошад), эълом доред, ки дар китоб онҳоро наёварам.
    Комёб бошед!

  75. Сайидюнус,

    Карор буд аз Куръон галатгирй бифармоед, на аз ман. Аз шумо интизор мерафт бо хамон матонати огозин дар табйини дидгоххои куръониатон бикушед. Лутфан ба шеваи муллохо ва муаллимони коммунист дар айни заъф бар магзи мо мавъизаи урфу одобро накубед, ки рабте ба бахси ахир надорад.

    Дар паёми каблй бароятон равшан кардам, ки Куръон ба иштибох Сегонаи масехиро Падар, Писари ва Модар медонад ва аз Рухулкудс бехабар аст. Ин хато метавонад танхо аз як инсон сар бизанад, на Худованд. Чаро холо аз пазириши хакикат тафра меравед ва сахт мекушед бахсро ба мачрое дигар бикашед? Дастикам нодида бигиредаш, то шохиди мазхака набошем.

    Саранчом, барои шумо ва дустон пур равшан аст, ки нигорандаи ин сатрхо хамон Табарест, ки аз огоз бо шумо дари бахсро гушуд. Хар чи то ин чо аз номаи Табар мунташир шуда, мутаъаллик ба хамон Табари асил аст. Дар ин шакке надошта бошед, ки мутмаиннам надоред. Табар бо таваччух ба шеваву сабки посуххои шумо метавонад хар он бо лахне мутафовит бо шумо вориди гуфтугу шавад.

    Сарфароз бошед.

  76. Ҷаноби Табар,
    Бо дуруд, пеш аз посух ба пурсишҳои қаблии шумо, иҷоза диҳед чанд матлаб тазаккур намоям.
    Ҷаноби Табар, ҳарчанд шумо дар андеша озодед ва ҳар чи хоҳед иброз медоред ва касе ҳаққи таҳрими шумо аз ибрози ақидаҳоятон надорад, вале ин ҷо барои ин ҷониб низ ҳақ диҳед сухане чанд перомуни навъи бархўрд бо эътиқодоти тараф аз дидгоҳи ислом иброз дорам, ки шояд ҳатто барои шумо холӣ аз фоида набошад. Албатта на қасди насиҳат дорам ва на ҳадафи мавъизаву панд, балки танҳо мехоҳам дидгоҳи шариати мо дар ин заминаро барои хонанда иброз намоям. Ва гуфтанӣ ҳам нестам, ки шумо аз он бехабаред.
    Дар заминаи ибрози андеша дар ҳангоми мунозира ва бархўрд бо дигарон, Қуръон ҳадду ҳудуде барои мо мусалмонон гузорида аст. Қуръон мефармояд:
    1. “Пас бандагони маро мужда деҳ; ҳамононеро, ки суханро мешунаванд ва беҳтарини онро пайравӣ мекунанд. Инонанд касоне ки Худованд роҳашон намуда ва эшонанд хирадмандон” (Сураи Зумар, оятҳои 17 ва 18);
    2. “(Мардумро) бо ҳикмат ва панди некў ба роҳи парвардигорат бихон ва бо онон ба шевае, ки некўтар аст муҷодила ва гуфтугў кун” (сураи Наҳл, ояти 125);
    3. “Эй касоне ки имон овардаед! Ҳамвора барои Худо (ба ҳақ гуфтан) барпо буда, гувоҳони ба адлу дод бошед, ва душмании гурўҳе шуморо бар он надорад, ки адолат накунед. Адолат кунед, ки он ба парҳезгорӣ наздиктар аст ва аз Худо парво кунед, ки Худо ба он чи мекунед огоҳ аст” (Сураи Моида, ояти 8);
    4. “Ва худоёни мушриконро, ки ба ҷои Худои якто мехонанд дашном мадиҳед, ки онон низ Худоро аз рўи ситам ва душманӣ ва бедонишӣ дашном гўянд. Ин гуна барои ҳар гурўҳе кирдорашонро оростаем, сипас бозгашташон ба сўи парвардигорашон аст. Пас ононро ба он чи мекарданд, огоҳ месозад” (Сураи Анъом, ояти 108);
    5. “Некӣ ва бадӣ баробар нест. (Бадии дигаронро) ба шевае, ки некўтар аст дур кун, ки (агар чунин кунӣ) он гоҳ он касе ки миёни ту ва ў душманӣ аст, ҳамчун дўсте наздик ва меҳрубон гардад. Ва аз ин (ахлоқ) бархўрдор нашаванд магар касоне ки шикебоӣ кунанд. Ва (ҳамчунин) аз ин бархўрдор нашавад магар касе ки дорои баҳрае бузург (аз хирадмандӣ ва камоли инсонӣ) аст” (Сураи Фуссилат, оятҳои 34 ва 35);
    6. “Бандагони Худои Раҳмон ҳамон касоне ҳастанд, ки бар замин бо фурўтанӣ ва нармӣ роҳ мераванд ва он ҷо ки нодонон эшонро (ба сухане нораво) мухотаб созанд, сухани мусолиматомез (ё салом) гўянд” (Сураи Фурқон, ояти 63).
    Ва аммо посух ба ҳамон суханони ахири шумо, ки гуфтам навъе беадабӣ ба андешаи тарафи мунозири шумост:
    Табар! Аввалан, қарор ин нест, ки ин ҷониб аз Қуръон ғалатгирӣ кунам, чун мўътақид нестам, ки ин китоб ғалате дошта бошад (ҳадди ақалл ба назари мунозири шумо), балки биноям он аст, ки посухи касоне диҳам, ки пиндоранд Қуръон “ғалат” дорад.
    Дар сонӣ, дар посухи пешин, масъаларо комилан рўшан бароятон баён карда будам, вале намедонам чаро исрор бар гуфтори пешини худ менамоед?
    Дар асл, иддаои шумо ин буд, ки Қуръон, таслиси масеҳиятро “Падар, Писар ва Модар” медонад. Дар посух арз шуд, ки на, чунин нест. Ба ин далел ки Қуръон дар ин ҷо дар садади тавзеҳ ва баёни ин ки масеҳият ин сегонаро кӣ медонанд нест, балки танҳо дар мақоми такфири касонест, ки қоил ба таслисанд. Мегўяд: “Гўяндагони таслис кофиранд”. Аммо ин ки ин таслис аз назари масеҳият киҳоянд, дигар Қуръон дар мақоми баёни он нест. Хоҳиш мешавад ба мақоми баён таваҷҷўҳ фармоед!
    Бинобар ин, суоле, ки шумо пеши худ тарҳ мекунед, ки “Вале ишорае ба Руҳулқудс дар он ҳаст? На хайр”. Суолест (аз Қуръон) беҷо. Чаро ки аслан қарор бар ин нест, ки ишорае ба ў шавад. Баъд, шумо суолоте дигар пушти сари ҳам (бар асоси интизори беҷое ки аз Қуръон дар ин мақом доред, ки гўи қарор аст Қуръон ба яко-яки онҳо посух бароятон бидиҳад) тарҳ мекунед.
    Ва ин суоли шумо ҳам, ки пеши худ мегўед: “Аҷзои ин Сегонаро киҳо ташкил медиҳанд? Аллоҳ, ки нороҳат аст чаро ўро севвумини ин Сегона медонанд. Исо, ки бино ба таъкиди Аллоҳ, паёмбаре буд мисли паёмбарҳои дигар. Ва Марям, ки дар канори Масеҳ ва хаммақом бо ў омадааст (таркиби “ҳар ду” дар бораи Масеҳу модараш аст)”, – бо таваҷҷўҳ ба мақоми баёни Қуръон, ки ҳаргиз дар садади шарҳу тавзеҳи эътиқоди масеҳиён перомуни таслис нест – номарбут аст.
    Сипас, тааҷҷуби ин ҷониб аз суханони баъдии шумост, ки беҷо аз дидгоҳи Қуръон интиқод мекунед.
    Табар! Қуръон дар ин ҷо назари худро баён мекунад, на чизе дигар. Ишора ба одам будани Масеҳ (с) ва модараш ба ин ки мисли дигарон мехўранд, истидлол бар масеҳиён аст дар радди эътиқоди эшон ба улуҳияти ў, на чизе дигар. Нафаҳмидам, чӣ чизе дар ин оят тааҷҷуби шуморо барангехта?
    Аммо гуфтори шумо дар тафсири ҷараёни гуфтугўи Масеҳ (а) бо Худо ва посухи Масеҳ (а) ба Худо, ки аз забони ў мегўед: “Яъне, бобоҷон, ту оё Худо ҳастӣ ё на? Агар ҳастӣ, магар қарор нест худат ин мавзўъро бидонӣ? Ҳоло чаро алакӣ ба ман гир медиҳӣ?”, ин ҳам ношӣ аз ҳамон чизе аст, ки дар он баҳси дигарӣ ба он ишора шуд. Ва он ин ки шумо зоҳиран бо ҳеҷ як аз улуми муқаддимотии фаҳми Қуръон, минҷумла улуми адаби араб (ки Қуръон ба ин забон нозил шудааст) ошно нестед.
    Тааҷҷуби шумо дар ин оят, аз сулоест, ки Худо аз Масеҳ (а) мекунад, ки агар Худост бояд бидонад.
    Дар адабиёти араб перомуни аломати истифҳом (оё) баҳсе ҳаст, ки мегўяд: Истифҳом, ки ҳамон пурсиш бошад ва ба воситаи адавоте чун (Оё..?) сурат мегирад, чанд корбурд дорад ва дар Қуръон ҳамаи онҳо ба кор рафтааст:
    1. Талаби фаҳм перомуни он чи мавриди суоли пурсанда қарор гирифта, чун пурсанда худ аз он огоҳ нест. Ва ин ҳамон аст, ки дар зеҳни шумост. Мисолаш дар Қуръон оятест, ки аз забони мушрикони замони ҳазрати Иброҳим (а) мефармояд: “Чӣ касе бо худоёни мо чунин карда?” (Сураи Анбиё, ояти 59), чун пурсандагон намедонистанд, ки чӣ касе бутони эшонро пора-пора карда;
    Аммо бақияи мавориди истеъмоли истифҳом, барои талаби фаҳм нест, балки ба ҷиҳати аҳдофи дигаре, бо ин ки пурсанда худ аз он огоҳ аст, сурат мепазирад, ки муҳимтарини онҳо, ба тартиб чунинанд:
    2. Ҳадафи пурсанда, дастур аст: “Оё шумо ҳанўз (аз гуфтору кирдори нописанди хеш) дастбардор нестед?” яъне даст бардоред. (Сураи Моида, ояти 91);
    3. Ҳадафи пурсанда инкор аст (на талаби фаҳм), масалан Худо хитоб ба мушрикон мефармояд: “Оё ғайри Худоро мехонед?” (Сураи Анъом, ояти 40);
    4. Ҳадафи пурсанда ташвиқ ба амале аст (на талаби фаҳм), мисли он ҷо ки Худо ба мўъминон мефармояд: “Оё мехоҳед шуморо бар амале раҳнамун шавам, ки аз азоби дарднок наҷотатон диҳад?” (Сураи Саф, ояти 10);
    5. Ҳадаф аз суол, изҳори муҳаббат ва ишқ аст аз сўи маъшуқ ба ошиқ бо бисёр суол кардан (на талаби фаҳм), мисли он ҷо ки Худо хитоб ба Мўсои Калим (а) фармуда: “Ва ин чӣ аст дар дастони ту эй Мўсо?” (Сураи Тоҳо, ояти 17);
    6. Ҳадаф бузург шумурдан аст, мисли ин ки мефармояд: “Чӣ касест, ки ҷуз ба изну рухсати Худо шафоат кунад?” (Сураи Бақара, ояти 255);
    7. Ҳадаф кучак ва ночиз шумурдан аст, мисли он ҷо ки мефармояд: “Оё ҳамин аст он касе ки худоёни шуморо ба забон ҷорӣ месозад?” (Сураи Мнбиё, ояти 36);
    8. Ҳадаф изҳори тааҷҷуб аст, на талаби фаҳм, мисли он ҷо ки Қуръон аз забони мушрикон, ки мепиндоштанд паёмбар набояд мисли дигарон бихўрад ё биёшомад, мефармояд: “Шаъни ин паёмбар чист, ки (мисли дигарон) мехўрад?” (Сураи Фурқон, ояти 7);
    9. Ҳадаф танбеҳ аст бар гумии роҳ (на талаби фаҳм), мисли ин оят: “Эй қавм! Шумо ба кадом сўй равонаед?” (Сураи Таквир, ояти 26);
    10. Ҳадаф истибъод аст яъне баид донистан ва дур шумурдани судури амале (ки мавриди пурсиши пурсанда аст) аз ҷониби пурсидашаванда, мисли ин ки мефармояд: “Оё (инон) панд гиранд ҳол он ки фиристодаи рўшане пешашон омад (ва бо нишон додани оятҳои рўшан ҳуҷҷат барояшон тамом кард)?” яъне баид аст, ки панд гиранд (Сураи Духон, ояти 13).
    Ва мавориде дигар, ки агар толибед, метавонед ба китоби “Мухтасарул-маонӣ”, баҳси мавориди корбурди аломати истифҳом дар Қуръон ва низ тафсири “Кашшоф”-и Замаҳшарӣ ва низ “Меъроҷнома”-и алломаи фарзона Абўалӣ ибни Сино (р), зайли баҳс перомуни ҷараёни гуфтумони Худо бо Паёмбар (с) ба он пардохта, бо онҳо ошно гардед.
    Ва аммо ояти мавриди муноқиша (“Оё ту ба мардум гуфтаӣ, ки ман ва модарамро ду маъбуд гиред”), ба иттифоқи муфассирон, аз мавориди номбурда, мисдоқи мавриди даҳум аст, яъне пурсиши Худо ба ҳадафи истибъод (баид шумурдани судури чунин коре аз ҷониби Исо (а) аст ва посухи Масеҳ (а) тақрири чунин истибъод аст.
    Ин аст посухи пурсиши шумо.
    Табар! Ҳатман хоҳед гуфт: “Барои хондани тўморҳои тўлову дарози шумо Шаби Ялдо ҳам басанда нест. Тунд мурур кардам ва чизе ҷуз нушхори ҳарфҳои қаблитон надидам”. Ин ҷониб ҳам таваққўе ҷуз ин аз шумо надорам, чун бароям яқин ҳосил шуда, ки биное ҷуз тахриб надоред.
    Аммо ин ки чаро баҳс ба дарозо мекашам, чун мехоҳам масъала барои хонанда рўшан гардад, на шумо. Ва то ин ҷо мутмаиннам масъала барои хелеҳо рўшан гардида.
    Ва бовар кунед, ин ҷониб аслан хоҳони ин ҳам нестам, ки шумо ҷое бигўед, ин дуруст аст ва мунозира поён пазирад. Мехоҳам ҳар чи бештар шубҳа матраҳ кунед, то аввалан, бидонам шубуҳоте, ки перомуни исломи азизи мо аз ҷониби касоне дар ҷомеаамон пароканда мешавад, чӣ шубуҳоте аст? Ва сониян, дар партави ин огоҳӣ, камари ҳиммат баста, ба дафъи ин шубуҳот пардозам.
    Ва дар сурати таваққуфи шумо аз тарҳи шубҳа, дигар баҳонае дар миён боқӣ намемонад, то касе ба дафъи он шубуҳот ва рўшанафканӣ перомуни онҳо пардозад.
    Комёб бошед!

  77. Сайидюнус,

    Хатман шунидаед, ки пургуи зоидаи чи вежагии инсонхост. Кузаи холиро як бор бизанй чандин лахзаатро бо садои тулонй пур мекунад. Кузаи пур чунин нест, дуруст аст?

    Манзур аз иншои ин хама туморхо бо мукаддимахои сугрову куброро хуб дарк мекунам. Каблан хам ишора шуда буд, ки мунозирони нотавон бо итолаи бахс, талош ба тагйири мавзуъи бахс, ба миён овардани масоили парту пало, истиноди бачову бечо ба навиштахои марбуту номарбути чехрахои барчаста ва шахсй кардани казия мекушанд аз посухи мустаким ба пурсишхо сар боз зананд ва фирор кунанд. Дар айни хол, талош мекунанд бо таъкиди мукаррар ба мавчудияти мухотабони дигар (ки маъмулан нозиранд), чалби таваччух кунанд. Чун ба таваччуху химоят сахт ниёз доранд. Ин аволим дар мавъизахои шумо мавч мезанад.

    Акнун талош мекунам пусти бахсхои шуморо нодида бигирам ва ба магзи он (агар вучуд дошта бошад) бипардозам. Дар номаи ахир саъй кардаед нуки сузан магзе дар бахсатон чо дихед. Яъне кушидаед ба заъми худ ба пурсиши мо посух бидихед, ки дарег, боз хам бисёр заъиф ва то хадде олуда бо хашми як шикастхурда аст.

    Пурсиши Аллох аз Масех («Оё ту ба мардум гуфтаи, ки ман ва модарамро ду маъбуд гиред?») ба худии худ ховии ин хакикат аст, ки ба бовари Аллох, масехиён хам Исо ва хам модари уро Худои худ медонистанд. Агар мафхуми «маъбуд» бароятон равшан нест, ба фарханги мафохими куръонй мурочеъа кунед.

    Таъкиди Аллох хам бар мавзуъи гизо хурдани Масеху модараш барои ишора ба чизест, ки худи Аллох онхоро «нишонахо»-и тафкики инсон аз худову фариштагон медонад. Вагарна Аллох метавонист танхо ба хуранда будани Масех ишора кунад. Чаро номи Марям хам бояд канори у ояд? Далел хамон аст, ки гуфтем: Ба бовари Аллох, Марям пеши масехиён яке аз се худо махсуб мешуд, ки боваре галат аст. Афзун бар ин, Аллох бар масехиён шуридааст, ки чаро уро севвумин худои Сегона медонанд. Хар се чузъи он Сегона, бино ба гузинаи Аллох, дар ин сурахо хозиранд: Исо, Марям ва Аллох. Ин як хибти нависандаи Куръон аст, ки ба бовари мо, наметавонад Худованд бошад.

    Дигар ин ки пурсиши Аллох аз Масех («Оё ту ба мардум гуфтаи, ки ман ва модарамро ду маъбуд гиред?») чизе чуз истифхом ё талош барои фахмидани хакикат нест. Ниёзе ба баршумурдани мавориди истифодаи «оё» дар забони арабй набуд. Он танхо бар фазлфурушихоятон афзуд, сайид. Чаро ки он мавориди истифода дар бораи забони худамон хам сидк мекунад. «Оё»-и моро хам метавон дар холоти мухталиф ба маънохои мухталиф ба кор бурд. Аммо «оё»-и Аллох дар он ояи бахусус истибъод на, балки истифхом аст. Вагарна Масех дар посух ба он бояд мегуфт: «Ба руи чашм, Аллох. Аз пайравонам мехохам, ки ману модарамро маъбуд надонанд.» Дар иваз Масех ин казияро барои Аллох равшан мекунад, ки на хайр, у харгиз аз пайравонаш нахостааст, ки у ва модарашро худо бидонанд. Яъне Масех мавзуъро барои Аллох тафхим кардааст.

    Умедворам камари химмататонро сахттар бибандед, то битавонед бо мояе бештар бо пурсишхои мо пайкор кунед. Шумо, ки таассуби худро эътироф мекунед ва мутмаиннед, ки хеч навъ пурсише наметавонад шубхаи шуморо барангезад ва худро дар макоми дафъкунандаи шубхахо мебинед, инро хам бояд изъон кунед, ки аз огози бахс ё шояд зиндагй то кунун харгиз касди шубха кардан дар Куръонро надоштаед. Хатто пеш аз он ки он китобро бихонед. Нахуст боваре сангвора дар зехнатон шакл гирифт, сипас дар садади он шудед, ки он санги зехниро бо чустучуи «далелу бурхонхо»-и исломй мухкамтар кунед. Хатто пеш аз ин ки ба шубхаи касе гуш дихед, бо пешдоварй фикр мекунед «чи гуна бояд ин шубхаро дафъ кунам?» Харгиз бо зехни боз ба мухолифони дидгохи ибтидоиатон гуш надодаед ва нахохед дод. Чаро? Чун Куръон бароятон ин ичозаро намедихад. Куръон давому бакои худро бо тарсондани мардум аз азоби дузах бима кардааст. Бо ин тафаккуре, ки шумо ба намоиш гузоштед, мусалламан харгиз чун як инсони озода рафтор нахохед кард ва шакку тардидро ба дуртарин гушаи зехнатон рох нахохед дод. Шеваи бахси шумо гуёи ин вокеъият аст. Бо ин ки заъфи мантикатон дар бахс дод мезанад, боз хам аз пазируфтани вокеъият худдорй мекунед, ки боризтарин хасисаи хушкбоварон аст.

    Сарфароз бошед.

  78. Салом ба Хамандешон!
    Бахсу мунозираи хело оли шуда истодааст. Ман камубеш бо ислом, курон ва хадисхо маълумот дорам. Локин базе аз саолхоям дар атрофи ислом аст ва чавобхоямро аз ин мунозира гирифта истодаам. Бинобарин як талаб дорам. Хамандеш Рустам! Агар мумкин бошад бояд ки байни Табар ва Истаравшани мебояд ки як шахси бе тараф довари кунад. Агар мумкин бошад. Зеро базе аз вакт саолхо бисёр такрор карда мешавад. Масалан: саоли «Се то Худо» (Торица) гарчи чавоби Истаравшани каноатмандкунанда мебошад, локин аз нав Табар саол мекунад!!!
    Ба чои ин Табар ва Истаравшани ба саолхои дигар чавоб диханд. Як чандто саол боки мондааст, ки хануз чавоб дода нашудаанд. Истаравшани талаб намудааст ки Табар ба саоли Истаравшани дар атрофи исботи акли дар хусуси «Худо пайгамбар фиристод ё ки нафиристод?» чавоб дихад ва бо фалсафа бахс шавад. Локин Табар хануз чавоб надодааст. Ман камубеш аз фалсафа маълумот дорам, лекин даво намекунам ки чи хел ин проблема бо воситаи фалсафа исбот карда мешавад! Агар ин бахс карда шавад, ба назари ман хело хохишмандон мебошанд ки инро талаб мекунанд ва фоидаи илми мегиранд.
    Истаравшани низ ба ин саоли Табар ки саол кардааст: муртад чаро кушта мешавад? Чавоб надодааст. Ба назари ман дини ислом як дини мусоламат ва дини сулх аст. Куръон: «Сулх кунед, сулх бароятон бехтар мебошад». «Мачбуркуни дар дин вучуд дошта наметавонад». «Касе ки дилаш мехохад ба ислом медарояд. Касе ки дилаш намехохад ба дини ислом намедарояд».
    Бинобарин Истаравшани! Ба ин саол чавоб дихед. Хаёл накунед, ки ман кофир мебошам. Ман мусулмон мебошам. Локин ба ин саол мебояд ки чавоб лозим дорад.
    Ба бародар Табар низ талаб карда мешавад, ки ба дину одатхои халки точик эхтиром кунанд. Базе аз вакт тарзи сухан гуфтанатон бо одоби инсонхо мувофикат намекунад. Ман шуморо эхтиром мекунам, локин шумо низ мебояд ки эхтиром кунед!!!
    Саломат бошед!!!

  79. Зафари азиз,

    Ташаккур, Шумо комилан дуруст мегуед, ки ин бахс ба як довар ниёз дорад, аммо доваре ки хам аз дин ва хам аз дунё огахии нек дошта бошад.

    Мебинам, худи Шумо бехтар аз хамаи мо метавонед, ин накшро бибозед, чун бакия ё дар ин ё дар он тарафанд.

  80. Ҷаноби Табар,
    Дар номаи ахиратон ҳам шоҳиди ҳамон ёвагиҳои пештаратон ҳастем. Аз оғози мунозира то ин ҷо, ҷуз шиор додану иддао намудан чизе дигар аз сўи шумо сохта надидем. Аз такрори ин шиорҳову иддаоҳои мукаррари бепояатон, ҳатто хонандагон низ касил шуданд. На чунин аст?
    Пештар гўшзад карда будам ва боз ҳам ёдрас мешавам, ки ин ҷониб ҳар ҷо лозим дидам сухан ба дарозо мекашам, чун медонам, ки амсоли чунин иддаоҳост, ки пояҳои эътиқодии ҷомеаамонро суст карда ва эшон ба дунболи касе ҳастанд, ки то сустӣ ва беасосии чунин иддаоҳоро ҳувайдо созад. Ва ҳамон тавр ки гуфтам, ҳадафи ин ҷониб дар садади қонеъ кардани шумо ва амсоли шумо нест, зеро медонад, ки шумо ормоне ҷуз тахриби ақидаи мардум бар сар надоред.
    Ба ҳар ҳол, он чи аз иддаоҳо, ки аз лобалои номаи ахиратон барои посух додан баргузидам ин қисмат аст, ки мегўед: мусалмон ҳаргиз шак дар маорифи исломӣ ва додаҳои Қуръонро барои худ раво намебинад, чун “Қуръон бароятон ин иҷозаро намедиҳад”.
    Дар посух гўям: Аввалан, дар ин ки шакку тардид дар ҷои худ писандида аст, ҳеҷ соҳиби хираде дар он тардид раво намебинад. Аммо кадом вақт шакку тардид писандида ва матлуб аст? Оё дар ҳамаи ҳолот, ё он ҷо ки одамиро ба ҳақиқат расонад? Ба иборати дигар, оё шакку тардид дар ҳадди зот матлуб аст, ё ба унвони муқаддима?
    Посухи ин пурсиш, бо нигоҳ ба фитрати инсонӣ ҳувайдо мегардад. Агар инсонро дар фитрат ва сиришт, шакгаро ёбем, он гоҳ сухани шумо дуруст хоҳад буд. Аммо агар ўро фитратан ҳақиқатҷў ва яқинталаб донем, дар он сурат иддаои шумо беасос аст.
    Ҳеҷ бобасирате шак надорад, ки матлуби инсон, расидан ва вусул ба ҳақиқат ва яқин аст. Агар аз шак кори худ шурўъ мекунад, ба ин ҳадаф аст, ки то шаккаш ўро ба яқин расонад. Бештари хирадварзон аз Суқроту Афлотуну Арасту гирифта то Форбиву Синову Садрову Декарту Конту Ҳегел бар онанд, ки шак бояд дарвозаи манзили яқин бошад, ки дар ин сурат созанда хоҳад буд. Аммо агар шакку тардид худ манзилу маъво гардад, вайронгар аст.
    Бар ҳамин асос аст, ки шакки Ғазолӣ ва Декард, чун эшонро ба манзили яқин расонид, писанда ва матлуб аст, аммо на шакки суфастоиёни Юнони Бостон, ки эшонро ба нобудӣ кашонид.
    Ғазолӣ вақте хост дар тафаккур ва андешаи динӣ амали эҳё анҷом диҳад, кори худ бо шакку тардид дар ҳама чиз шурўъ кард ва ин шак ўро ба баҳсу баррасии омўзаҳои динӣ бо диде боз водор намуд ва дар поён ўро ба матлуби хеш, ки ҳамон ба дастоварии яқин дар дин аст расонид.
    Ҳамчунин Декарт, ин донишманди номвари фаронсавӣ, вақте хост таҳаввуле дар фалсафаи ақлӣ эҷод кунад ва шолудаи навинеро бирезад, дар ҳама чиз шак намуд ва ҷаҳонбинии худашро арзёбӣ кард. Ҳама чиз, аз вуҷуди Худову ақоиди мазҳабиву фалсафаи ахлоқу ғайраву ҳоказо, мавриди шакку тардиди ў қарор гирифт. Аммо як такягоҳи матине ёфт, ки наметавонист дар он шак раво бинад. Ў гуфт: Агар дар ҳама чиз шак мекунам, вале дар як чиз, ҳар чи бихоҳам шак кунам, наметавонам шак намоям. Ў пеши худ гуфт: “Дар ин ки шак мекунам, шак намекунам, чун агар шак кунам, боз медонам ва яқин дорам, ки шак мекунам”. Он гоҳ фавран рўи ин пойгоҳ хишт гузошт ва гуфт: “Ман шак мекунам ва чун шак мекунам, пас вуҷуд дорам ва ҳастам. Аз ин ҷо ба ҳаракати худ шурўъ кард. Сипас, бар ин хишти яқин, пушти сари ҳам хиштҳое дигар аз яқин пайдо кард ва гузошт ва Худоро бо яқин ёфт ва дар поён фалсафаи навине поягузорӣ намуд, ки ҳама бар яқин устувор буданд. (Сайри ҳикмат дар Аврупо, Муҳаммадалии Фурўғӣ, с. 216).
    Аммо касоне, ки шакку тардидро манзилгоҳи хеш қарор додаанд, барои башарият чизе ҷуз пучгароӣ ва бемаъно нишон додани зиндагӣ ба армуғон наёварда ва нахоҳанд овард, ба монанди суфастоигароёни Юнони Бостон ва суфастоиёни замони мо, ки пояҳои зиндагии саҳеҳро вайрон сохта, мардумонро беҳадаф ва беормон месозанд. Суфастоиёне, ки чун зиндагиро бемаъно меёбанд, шурўъ мекунанд ба бор кардани бадбахтиҳои хеш ба гардани офаридгори ҷаҳон.
    Бинобар ин, сухани ин ҷониб ба шумо Табар ин аст: На чунон аст, ки мепиндоред касоне ки ҳаёти худ бар мабнои яқин гузошта ва ҳама чиз дар атрофи худ зебо ва некў меёбанд ва ҷуз некиву хубӣ ба Худову офаридаҳояш раво намебинанд, “мутаассиб” ё “мутаҳаҷҷир” хонда шаванд.
    Агар қарор бошад касеро мутаассиб ё мутаҳаҷҷир ном гузорид, бидонед, ки ин вижагӣ барои касоне шоистаи номгузорист, ки ҳозир нестанд боре перомуни мабонии хеш бо дигарон ба баҳс нишинанд, аз тарси ин ки мабодо пояшон ҷое билангад ва ба дом бияфтанд.
    Ва аммо ин ки мегўед Қуръон иҷозаи тафаккур ва ё ташкик барои пайравонаш намедиҳад, дурўғе ошкор аст. Қуръон, ин китоби ҷовидон, бар хилофи иддаои шумо, ба пайравони худ дастур медиҳад то гўш ба суханони гуногун бисупоранд ва он гоҳ беҳтарини онро баргузинанд:
    “Пас бандагони маро мужда деҳ; ҳамононеро, ки суханро мешунаванд ва беҳтарини онро пайравӣ мекунанд. Инонанд касоне ки Худованд роҳашон намуда ва эшонанд хирадмандон” (Сураи Зумар, оятҳои 17 ва 18).
    Қуръон ба паёмбари азимушшаъни худ мефармояд:
    «Бигў (эй Муҳаммад!): Ин роҳи ман аст, ки бо биноӣ ва басирати комил ба сўи Худо мехонам; худ ва ҳар касеро, ки аз ман пайравӣ кунад…» (Сураи Юсуф, ояти 108).
    Табар! Агар муруре бар Қуръон намуда ва бубинед, ки дар чанд ҷое аз он ҷумлаи «Оё тафаккур намекунед?», «Оё намеандешед?», «Оё ақли худ ба кор намегиред?» ва аз ин қабил таобир омадаааст, он гоҳ худ хоҳед донист, ки назари Қуръон дар бораи ба кор гирифтани ақлу андеша дар ҷамии соҳот чист. Оё дар ҳеҷ як аз китобҳои динии дигаре, ба андозаи Қуръон, бар масъалаи тафаккур намудан ва андешидан ташвиқ шудааст?
    Аслан, айбе, ки Қуръон бар пайравони адёни дурўғин мегирад ин аст, ки эшон бидуни ба кор бастани ақлу андеша, ба онҳо гаравидаанд:
    «Ва чун ба онҳо (мушрикон) гуфта шавад, ки аз он чи Худо фурў фиристодааст пайравӣ кунед. (Дар посух) гўянд: «Балки мо аз он чи падарони хешро бар он ёфтаем пайравӣ мекунем». (Сипас Қуръон хитоб ба эшон мегўяд:) «Оё ҳарчанд ки падаронашон (дар гузиниши роҳу оин) ақлу андеша ба кор намебастанд, боз ҳам аз онҳо пайравӣ раво мебинанд?» (Сураи Бақара, ояти 170).
    Комёб бошед!

  81. Бародар Зафар!
    Худоро шукргузорам, ки баҳсҳои ҷорӣ дар ин мунозира боиси рўшан шудани баъзе аз масоили исломӣ мегардад, ки аз сўи касоне перомунаш шубҳуот ва дурўғҳое пароканда мешаванд.
    Ин ҷониб низ комилан бо пешниҳоди шумо мабнӣ бар доварии касе, ки бетарафона мабоҳиси ҷориро арзёбӣ мекунад мувофиқам.
    Ин ҷониб ба зудӣ перомуни масъалаи иртидод дар ислом, ба тафсил баҳс пеш хоҳам кашид ва он ҷо бе тардид ба пурсишҳои хеш посух пайдо хоҳед намуд.
    Комёб бошед!

  82. Зафар,

    Мегуед, ки посух ба пурсиш дар бораи «Маъбуди сегонаи масехият»-ро дарёфт кардаед. Лутфан он чиро, ки аз парешонгуихои Сайидюнус дарёфтед, накл кунед, то шояд худатон мутаваччехи бемантикии он «посух» шавед. Вакте ки Аллох ба вузух Марямро «маъбуд», яъне Худои масехиён меномад, ки галат аст, чаро коил ба хакикат намешавед? Магар чуз ин аст гуфтаи Аллох?

    Мусалламан ин мавзуъ ба хубй шикофта шуда ва галати Куръон ошкор шуда ва суханбозихои Сайидюнус хам натавонист он хаторо бипушонад. Аллохи Куръон аз эътикодоти масехиён шинохти комил надоштааст. Агар ба дур аз таъассуб ба он ояхо нигох кунед, шумо хам ин хакикатро дарк хохед кард. Сарфароз бошед.

  83. Табар!
    Ташаккур аз саоле ки додед. На факат ман балки мо якчанд нафар ёрон ки камубеш бо ислом, куръон ва илмхои дигар маълумот дорем хамаи саолу чавобхоро мехонем. Хаёл накунед ки хеч чизро намефахмем, ба микдори илму дониши худ, саолу чавобхоро месанчем. Барои ман каноат хосил шуд аз чавобхои мухтарам Истаравшани. Зеро ки шумо гуфта будед ки куръон “Се то Худо” (Троица)-и христианхоро нодуруст таъбир карда истодааст. Марямро “маъбуд” таъбир менамояд. Чавобхои мухтарам Истаравшаниро айнан бароятон мехонам:
    1. “Қуръон дар ин ҷо дар садади тавзеҳ ва баёни ин ки масеҳият ин сегонаро кӣ медонанд нест, балки танҳо дар мақоми такфири касонест, ки қоил ба таслисанд. Мегўяд: “Гўяндагони таслис кофиранд”. Аммо ин ки ин таслис аз назари масеҳият киҳоянд, дигар Қуръон дар мақоми баёни он нест”
    2. “Ишора ба одам будани Масеҳ (с) ва модараш ба ин ки мисли дигарон мехўранд, истидлол бар масеҳиён аст дар радди эътиқоди эшон ба улуҳияти ў, на чизе дигар” (Мухтарам Истаравшани гуфтани хастанд ки куръон намехохад гуяд ки исо ва мариям худо мебошанд).
    3. “Дуруст аст, ки масеҳиён Марямро Худо (зоте ки офаридгор бошад) намедонистанд, вале дар айни ҳол, дар баробари ў ва муҷассамааш маросими ибодатро анҷом медодаанд, ҳамон тавр ки бутпарастон бутро Худо намедонистанд, вале шарики Худо дар ибодат тасаввур мекарданд. Ва ба иборати рўшантар, фарқ аст миёни “Аллоҳ” ба маънои Худо ва “илоҳ” ба маънои маъбуд. Масеҳиён Марямро “илоҳ” яъне маъбуд медонистанд, на Аллоҳ ба маънои Худо. Ба таъбири яке аз муфассирон, гарчи ҳеҷ як аз фирқаҳои масеҳият калимаи “илоҳ” ва “маъбуд”-ро бар Марям итлоқ намекунанд, балки ўро танҳо модари Худованд (яъне Масеҳ) медонанд, вале амалан маросими ниёишу парастишро дар баробари ў доранд, хоҳ ин номро бар ў бигузоранд ё на”.
    Барои он ки равшантар шавад, тарчумаи курон ба забони русиро меорам ки бароятон маълумтар шавад ки мухтарам Истаравшани нодуруст тафсир накарда истодаанд:
    Сураи моида (Трапеза):
    73. Не веруют те, которые утверждают: «Воистину, Аллах — третий из Троицы» — нет божества, кроме Единого Бога! Если они не отрекутся от того, что твердят, то тех из них, которые не уверовали, постигнет мучительное наказание.
    74. Неужели они не раскаются перед Аллахом и не попросят у Него прощения? Ведь Аллах — прощающий, милостивый.
    75. Мессия, сын Марйам, — всего лишь посланник. Много посланников задолго до него [приходили и] уходили. Мать же его — праведница, и оба они принимали пищу. Смотри же, как Мы разъясняем им знамения. И вновь узри, до чего они далеки [от их понимания]!

    Сураи моида (Трапеза):
    116. [Вспомни,] как Аллах сказал: «О ‘Иса, сын Марйам! Говорил ли ты людям: «Поклоняйтесь мне и моей матери как двум богам помимо Аллаха»?» Ответил [‘Иса]: «Пречист Ты! Как могу я утверждать то, на что я не имею права? Если бы я и сказал подобное, то ведь Ты знал бы об этом. Ты знаешь то, что у меня в помыслах, а я не знаю того, что у Тебя в помыслах. Воистину, Ты ведаешь сокровенное.
    117. Я говорил апостолам только то, что Ты мне велел [сказать] : «Поклоняйтесь Аллаху, моему и вашему Господу». Я был свидетелем тому, что делали они, пока находился среди них. Когда же Ты меня упокоил, [только] Ты видишь, что творят они. Ведь Ты — свидетель всему сущему.
    118. Если ты накажешь апостолов, то ведь они — Твои рабы. Если же простишь им, то ведь Ты — великий, мудрый».
    119. И скажет Аллах [в Судный день]: «[Это] день, когда правдивым мужам поможет их правдивость. Уготованы им райские сады, в которых текут ручьи, и они вечно пребудут там». Аллах будет доволен ими, и они будут довольны Аллахом. Это и есть [для них] великое преуспеяние!
    120. Аллаху принадлежит власть над небесами и землей и тем, что находится между ними, и Он над всем сущим властен.
    Саломат бошед.

  84. Зафар.

    Бидуни таъоруф якрост меравам сари матлаб ва умедворам, ки хар чи мегуям, бароятон мафхум бошад.

    Посухи шумо, ки нусхабардорй аз посухи Сайидюнус буд, такрори хамон галатандозист. Чаро? Таваччух кунед.

    Сайидюнус мегуяд:

    «Ишора ба одам будани Масеҳ (с) ва модараш ба ин ки мисли дигарон мехўранд, истидлол бар масеҳиён аст дар радди эътиқоди эшон ба улуҳияти ў, на чизе дигар.»

    Сайидюнус аз Масеху Марям ёд мекунад, аммо то ба мавзуъи улухият (божество) мерасад, танхо ба «у», яъне Масех ишора мекунад ва намегуяд «улухияти онхо». Ин чо сухбат танхо аз Масех нест. Сурахои Куръон ошкоро аз улухияти пиндории Масех ва Марям пеши масехиён сухбат мекунад. Пас агар бихохем иддаъои Сайидюнусро мантикитар кунем, он чунин холат хохад гирифт:

    «Ишора ба одам будани Масеҳ (с) ва модараш ба ин ки мисли дигарон мехўранд, истидлол бар масеҳиён аст дар радди эътиқоди эшон ба улуҳияти онхо, на чизе дигар.»

    Бо чумлаи боло ман хам мувофикам. Дарки Куръон аз Масех ва Модараш хамон буд, ки ин чо хондем, ки гуё хар ду дар макоми улухият (божество) будаанд, аз ин ру Аллох аз масехиён хостааст, ки аз ин амри носавоб даст кашанд.

    Аммо вокеъият хокист, ки масехиён харгиз Марямро чузъи СеХудо намедонистанд. СеХудои масехиён муташаккил аст аз Падар (Худо), Писар (Масех) ва Рухулкудс. Марям дар ин миён чи кор мекунад?

    Дар идома муктадои шумо Сайидюнус мефармоянд:

    «Ба иборати рўшантар, фарқ аст миёни “Аллоҳ” ба маънои Худо ва “илоҳ” ба маънои маъбуд. Масеҳиён Марямро “илоҳ” яъне маъбуд медонистанд, на Аллоҳ ба маънои Худо.»

    Дар ин сурат он чо ки Аллох мегуяд «Ло илоха илл-Аллох» ба чи маъност? Баргардони лафз ба лафзи он мешавад: «Нест Худое чуз Аллох». Агар торихчаи вожаи «Аллох»-ро мурур кунед, дармеёбед, ки он номи як бути арабхои давраи «чохилият» буда. Яъне исми хосси бути кавмхое аз аъроб. Ва «илох» хамон худо аст. Ба вижа хангоме ки Аллох ба таъкид мегуяд: Маъбуде чуз Аллох нест. Яъне «Худоеро чуз ман нашиносед.»

    Ва вакте ки масехиён мегуянд «мо Марямро чузъи се худои худ намедонем», далеле надорад мусалмонон исрор кунанд, ки «на, шумо Марямро худо медонед.» Ин мисли он мемонад, ки масехиён ба мусалмонон бигуянд «шумо санги сиёх (Хачаруласвад)-ро мепарастед, чун хамаруза панч бор ба суи он ру меореду таъзим мекунед. Хатман ин иддаъо эхсосоти латифи мазхабии шуморо чарехадор хохад кард.

    Зимнан, сипосгузорам аз ин ки сурахои марбутаро ба забони русй накл кардаед, то аз равзанаи забони русй хам ба истилохи «маъбуд» назар андозем.

    «Сураи Моида (Трапеза):
    116. [Вспомни,] как Аллах сказал: “О ‘Иса, сын Марйам! Говорил ли ты людям: “Поклоняйтесь мне и моей матери как двум богам помимо Аллаха”?”

    Тарчумаи он истилох дар нусхаи русии Куръон хам Худо ё «Бог» аст. Шояд акнун мутаваччех шуда бошед, ки Аллох ба иштибох Марямро чузъи СеХудои масехиён медонистааст ва худашро севвумин Худо дар ин чамъ.

    Ва ба ин пора аз Куръони русй хам ки худатон накл кардаед, таваччух кунед:

    «Мессия, сын Марйам, — всего лишь посланник. Много посланников задолго до него [приходили и] уходили. Мать же его — праведница, и оба они принимали пищу.»

    Причем тут пища? Так как Аллаху надо было доказать христианам, что Мария так же как ее сын Иисус принадлежала роду человеческому, а не божественному.

    Вагарна таъкиде ба обу нон хурдани Марям набуд. Таъкид бар Масех мафхум аст. Аммо чаро Марям? Чун Аллох нигарон буд, ки масехиён Марямро яке аз СеХудо медонанд.

    Умедворам ин бор мавзеъи инчониб бароятон равшантар шуда бошад.

    Сарфароз бошед.

  85. Табар!
    Шумо сухани мухтарам Истаравшаниро хамаашро накл накарда истодаед. Агар онро накл менамудед, чавобатонро пурра мегирифтед. Ман онро ки шумо накл нанамудед ва хело хам ахамияти зиёд дорад як бори дигар бароятон накл мекунам:
    1. “Ва аммо дар посух ба ин пурсиш, ки оё дар таърихи масеҳиён ҳеҷ дида шудааст, ки Марямро маъбуди худ қарор диҳанд, гўем: Дуруст аст, ки масеҳиён Марямро Худо (зоте ки офаридгор бошад) намедонистанд, вале дар айни ҳол, дар баробари ў ва муҷассамааш маросими ибодатро анҷом медодаанд, ҳамон тавр ки бутпарастон бутро Худо намедонистанд, вале шарики Худо дар ибодат тасаввур мекарданд. Ва ба иборати рўшантар, фарқ аст миёни “Аллоҳ” ба маънои Худо ва “илоҳ” ба маънои маъбуд. Масеҳиён Марямро “илоҳ” яъне маъбуд медонистанд, на Аллоҳ ба маънои Худо. Ба таъбири яке аз муфассирон, гарчи ҳеҷ як аз фирқаҳои масеҳият калимаи “илоҳ” ва “маъбуд”-ро бар Марям итлоқ намекунанд, балки ўро танҳо модари Худованд (яъне Масеҳ) медонанд, вале амалан маросими ниёишу парастишро дар баробари ў доранд, хоҳ ин номро бар ў бигузоранд ё на”.
    2. «Ва иттифоқан Қуръон аз забони худи бутпарастони араб – он гоҳ ки аз онон пурсида мешавад, ки офаридгор ва парвардигори шумо кист – нақл мекунад, ки мегўянд: Офаридгор ва парвардигори мо ҷуз Худо нест ва агар мо бутонро мепарастем, ба хотири ин аст, ки онҳо моро ба Худо наздик мекунанд. Ва бо вуҷуди ин, Қуръон аз бутон, ба “илоҳ” таъбир мекунад. Хулоса, калимаи “илоҳ” дар Қуръон ҳарчанд дар мавриди худи Худо ба кор рафта (ба ин ҷиҳат, ки Ўст танҳо сазовори парастиш ва ибодат), вале корбурдҳои дигаре монанди ин ки дар мавриди бутон ва ҳар он чи мавриди парастиши инсон қарор мегирад, дорад».
    Саломат бошед.

  86. Табар!
    Ман шуморо хело эхтиром карда истодаам. Барои хамин сабаб, аз шумо хохишманд хастам ки шумо низ одамони дигарро ки намешиносед эхтиромашро ба чо оваред. Чаро мегуед ки мухтарам Истаравшани муктадои ман мебошанд. Манои муктадо дар фарханги забони точики, ба маънои «касе ки пайрави мешавад» омадааст. Ман на пайрави шумо хастам ва на пайрави мухтарам Истаравшани. Бинобарин интизори мо ин аст ки хангоми сухан гуфтан ба дигар одамон онхоро эхтиром гузоред.
    Саломат бошед!

  87. Зафар,

    Ниёзе ба асабоният намебинам. Бехтар аст бидуни ранчишу озор ба асли матлаб баргардед ва агар харфи дигаре барои радди хакикати матруха доред, бифармоед.

    Суханони Сайидюнус, ки ба такрор ва гаштаву баргашта дар ин чо накл мекунед, чизеро аз кунхи матлаб тагйир намедихад. Дубора посухи инчонибро бихонед ва ба истинодхои русии худатон аз Куръон таваччух кунед. Аммо барои ин кор пеш аз хама бояд аз таъассуб ё фанатизм дурй гузид.

    Хирадро довар кунеду бихонед, ки:

    «Сураи Моида (Трапеза) мегуяд:
    116. [Вспомни,] как Аллах сказал: “О ‘Иса, сын Марйам! Говорил ли ты людям: “Поклоняйтесь мне и моей матери как двум богам помимо Аллаха”?”

    Тарчумаи он истилох дар нусхаи русии Куръон хам Худо ё «Бог» аст. Шояд акнун мутаваччех шуда бошед, ки Аллох ба иштибох Марямро чузъи СеХудои масехиён медонистааст ва худашро севвумин Худо дар ин чамъ.

    Ва ба ин пора аз Куръони русй хам ки худатон накл кардаед, таваччух кунед:

    «Мессия, сын Марйам, — всего лишь посланник. Много посланников задолго до него [приходили и] уходили. Мать же его — праведница, и оба они принимали пищу.»

    Причем тут пища? Так как Аллаху надо было доказать христианам, что Мария так же как ее сын Иисус принадлежала роду человеческому, а не божественному.

    Вагарна таъкиде ба обу нон хурдани Марям набуд. Таъкид бар Масех мафхум аст. Аммо чаро Марям? Чун Аллох нигарон буд, ки масехиён Марямро яке аз СеХудо медонанд.

    Умедворам ин бор мавзеъи инчониб бароятон равшантар шуда бошад.

  88. Зафар,

    Бо камоли арче, ки ба шумову дигар бародарону хохарони хозир дар бахс мегузорам, хохишмандам талош кунед аз худ андешае дошта бошеду бо мо дар миён бигзоред. Такрори гуфтаи дигарон лозим нест, чун хамаи ширкаткунандагон бо он ба хубй ошно хастанд.

    Дар посух ба суханони мо агар харфе доред, бифармоед.

  89. Ба назарам ин бахси шумо бародарон тамом шудани надорад. барои ин ки факат аз як шохча ба дигари паридан аст. чаноби Табар дар як номааш гуфт ки ислом динест барои арабхо ва банда суол кардам ки : пас дар Куръон ки мегуяд ту барои тамоми мардум фиристода шудаи чи маъно дорад сокит шуд ва хол он ки тамоми далелхояш ба иддиои худаш аз Куръон буд. ва боз яке аз бародарон пурсид ки агар ислом дини дуруст нест мо кадом динро пайрави кунем ин чаноби табар мисли дипламатхо чавоби чахор пахлу дод ки ба аклат мурочиа кун ки ин худаш сафсата гуи асту фирор аз чавоби рост..натича ин бародарон хар чи ки дар зуболадони таърихи комунистхо буд онро меоранд ки садхо сол пеш чавоби он саволхо дода шуда аст ва ин «чанобон» худашон медонанд иддиохои хом кардосиян.

  90. Теша,

    Ба иддаъои филфавр посух дода будам ва мухри сукут бар лабонат кубида шуд. Бароят на бо каломи пучу холие, ки овардаи, балки бо оёти Куръон собит кардам, ки ин китоби бехирадон барои арабхо нозил шудааст. Он хам арабхои шахри Уммалкурову перомуни он. Холо метавонй ба шири шутурхуронату сусморхуронат то поёни умр таъзим кунй. Касе монеъат нашудааст. Мухим он аст, ки даст аз сари мардуми бечора бар доред ва бештар аз ин мухазрафоти аблахонаи арабиро бар чомеъа тахмил накунед. Вассалом.

  91. Чаноби Табар!
    Шумо чаро ин кадар хашмгин шудед?шумо фикр кардед ки касе ба гайр аз шумо он китобхоро нахонда аст? шумо иддио мекуни ки ислом 1400 сол пеш барои арабхо омадааст, фарз кардем дуруст аст вале шумо бояд чавоби хонандагонро бидехед ки агар гуфти шумоя кабул кунем пас кадом мактабро пайрави кунем? ин гапхои шумо факат масхарабози аст то замоне ки ягон алтернатив надошта бошад. Ё назари шумо ин аст ки мо аз мактаби Гарб пайрави кунем ки боз он мактаб аз мо нест ва мо дидем ки ин мактаб дар ховармиёна чи кор кард бо шиъорхои дуругаш аз хукуки башару ва ….. . Ё аз зардушти ки ба пайравонаш модар ва хохарро халол мешуморад? шумо фикр мекунед бо хондани чахор китоби аттеисти метавонед коре барои ин мардуми ба гуфтаи худатон «бечора» анчом дихед? магар онхое ки хозир бар сари ин мардуми бечора хастанд аз пайравони мактаби пусидаи шумо нестанд ки муддати наздик ба як аср баъд аз инкилоби сурх факат мардумро горат мекунанду занхои миллатро мачбур ба фохишаги мекунанд? мо медонем ки ин хукумат факат бо ёрии амсоли шумо ба горатгари идома дода истода аст ва шумохам инро бехтар аз мо медонед барои хамин ба чои асабони шудану худатонро масхара кардану дарди мардумро ки худатон ва амсоли шумо сабаби он хастед ба сари дигарон андохтан бисъёртар тахкик кунед ва хеч вакт худатонро донотар аз дигарон надонед ки доно будан хуб аст вале худро аз дигарон донотар шуморидан аз такаббур аст. худо шуморо хидоят кунад.

  92. Теша,

    Чаро бояд фикр кунем, ки бидуни ислом мардум гумрох хоханд шуд, дар холе ки торих гувох аст, ислом мардумро ба гумрохй кашондааст? Бехтар аст ба чои носазову ибрози хашму эхсосот ба далелхои матрахшуда посух бидихед, ки исломро ба унвони як дини арабй, донишситез, занситез ва фархангситез муъаррифй мекунад.

    Шумо ба хадде манкурт шудаед, ки бовар доред Зартушт аз пайравонаш хоста буд бо модару хохари худ издивоч кунанд. Аммо оё чизе аз ин ойинро хондаед? Ва оё барои иддаъои масхараатон далеле аз Готхои Зартушт доред?

    Чойгузини андешаи пусидаи исломй Хирад аст. Дар вучуди худ Хирадро чустучу кунед ва ба рохнамудхои он гуш дихед. Хирад, яъне такмили зебоихои дунё, бехбуди зиндагии маънавию моддй, озор надодан ба худ ва дигарон, судманду судрасон будан ба худ ва чомеъа. Хеч як аз инхоро дини арабии шумо надорад.

    Хукумати кунунии Точикистон сохтаву пардохтаи зехни исломии афроде чун шумост. Бароятон соли Имоми Аъзами хубе орзу мекунам. Шумо хувиятбохтагоне хастед, ки гузаштаи худро комилан фаромуш кардаед ва бегонагонро хеши худ медонед.

    Пас ба чои адои музахрафот лутфан ба иддаъохои точикони асил алайхи дини арабй посух дихед. Он хам бо далоили мубархан.

  93. Чаноби Табар.
    ман номаи шуморо хондам ва боз тааччубам бештар шуд ки шумо ки худро равшанфикр медонед чаро ин тавр асабони хастед.шумо аз ман чавоб барои далелхоятон мехохед аммо ман на мулло хастам на олими дини ва факат як муаллими одди ки дар холи хозир мисли дигар точикон бекорам.ман на кор ба таърихи шумо дорам ва на ба таърихи ислом. ман аз дину мулло хеч вакт дифо намекунам.аммо одам бояд хакро бигуяд. ман гапхои шуморо мебинам ки хаммаш бе кора. шумо дар бораи танокузоти куръон гап мезанед дар холе ки аз гуфтахоятон маълум аст ки шумо маъно ва коидаи танокузро намедонед ва ман ба шумо маслихат медихам ки ба чои кофтукови танокузоти Куръон аввал коидаи танокузро хубтар ёд гиред.( дар хеч китоби мантик гуфта нашуда аст ки тагир додани адади мавзуъ танокуз бошад). масъалаи дуввум ин ки шумо дар навиштахотон доимо дин ва паёмбаронро афсона мехондед аммо дар ин чо чи хел шуд ки аз зардушт дифоъ карда истодед? то ин чо шумо тавонистед бинамоед ки шумо як одами бе дин хастед аммо дар ин чо чехраи худро боз кардед ва хонандагон фахмиданд ки шумо як зардушти хастед( агарчанде мо пештар инро медонистем аммо хостем ки худатон икрор кунед) шумо аслатон як Эрони аст ки аз Эрон фирор кардед ва дар точикистон байни студентхо дини зардуштиро тарвич мекунед. ман хеле хандам гирифт ки шумо ба ман аз чойгохи як точики асил гап мезанед. аммо инро донед ки мардуми мо дар 70 сол хукумати дустони коммунистатон аз ин дин дур нашуданд ки хозир чандто гапхои як Эрони кати дур шаванд.шумо ба мо дар бораи хирад гап зади … ки боз хам худатонро масхара кардид. агар шумо хамон хирадро пайдо мекардед ин тавр аз гапхои мо асабони намешудид ки мардум гапхои шумо ба хандан. ин соли имоми Аъзаму дигар гапхо хаммаш шайтанатхои атеисто аст. шумохон аз як тараф русари студентхоя мегиритон ва аз як тараф номи солотона имом аъзам мемонитон. хамон соли Эстрадаю соли Об монданотон бехтар буд одамо камтар шумонба механдиданд. ин сола номаша дини кардитон чун ки мардум хиёл кунанд давлати мухонам мусулмон дар холе ки ана хамин одамхо дар соли 1992 нест бод ислом гуфта майдонба лозунг медодан. ва дар охир мегуям бехтар аст ин гапхои бе корая барои хамун эронихои аз ватанашон фирор кардаги гуед вайхо кабул мекунану шумоя олим мегун аммо мухон ин гапоя 80 сол боз шунидосим хаммаш масхарабози. худо шумо ва дустонатонро хидоят кунад.

  94. Баракалло Теша-бой инро ошкор намудед, киТабар кунд (тупой) будаст ку , дар гуи – девор мефахмад.
    Ба соли Имоми Аъзам часпиду , соли миллати ориёро фаромуш кард магар?
    ин гуна «интилигенцияи дуньявй» ,доим ба хамма чо фуки худро мезананд чи ба таърих чи ба дин, ва маслихатхои «гениалй» медиханд ба «чаноби олиашон».

    Аз пуштибонии хукумат дар хаммаи донишгоххо ин хашаротхо аз хад зиёд шудаанд ,ки аз худ нажоди олиро(ориёи) метарошад ва каллаи донишчуёнро гаранг мекунанду, аммо аз порагири хазар намекунанд. инТабарон Дуруггуанд ва барои хамин ба Худо ва ба касу чизе бовар надоранд – чунки ба хатто худашон бовари надоранд.

  95. МошОллох, Тешаву Самир! Шумо бехтарин намунаи пайкори мусалмонони курбовар бо мантик ва хирадро ба намоиш гузоштед. Чун зур омад, ки дар бахс харфе ба миён оваред, худро ба кучаи Алй-чап задед.

    Ва икрор кардед, ки на аз дин хабар дореду на аз дунё, аммо ба таври «гаризй» (инстинктивно) аз исломе, ки аз рузи нахусти зиндагиатон «саратонба мех зада фиссондагй» дифоъ мекунед.

    Ва тавассул ба тухмат хам ки хамеша абзори муборизаи мутаъассибони мусалмон дар баробари Хирад будаасту хаст, мавриди истифодаи шумо хам карор гирифт. Бидуни кучактарин шинохт аз инчониб чои таваллуду шархи холи маро ин чо овардаед, ки аз тахайюлоти бепояи чанобони олист ва гуёи заъфи хоркунандаи мантики шумо дар бахс. Дар холе ки муктадои шумо Сайидюнус худ мегуяд, ки дар Эрон (он хам дар дили маркази динии он кишвар) аст, барои шумо ахамияти андаке дорад.

    Боз хам аз кавли Хофиз мегуям, бачахо:

    Ман агар некаму гар бад, ту бирав худро бош
    Ки гунохи дигарон бар ту нахоханд набишт

    Хуш бошед;)

  96. Чаноби Табар! то хозир мо фикр мекардем ки шумо мантикдон будед акнун маълум мешавад ки каму беш хофизам мехондед. лекин ман бовар дорам ки ин шеър хонитон мисли мантикдонитон набошаду хамин байти хондагитон аз хофиз бошад то мабодо боз хонандахо ба шумо наханданд.
    Шоирон мурданду ман шоир шудам…. ун тарафаша худатон мехонед……

  97. Чаноби Табар! Дар борай вучудияти Аллох, барои Шумо як чанд ривояти акли меорам. Агар дар назди дарё дарахтхо бошад худаш ба худаш шикаста шавад ва худаш ба худаш ба кема мубадал шавад ва худаш ба худаш дар дарё харакат кардан гирад ба хар суе, ки хохад шумо , ки ахли илм хастед бовар доред ба ин. 2. Агар шумо дар дарё гарк шавед, агар ягон кас ё ягон чизи ёри мерасондаги набошад дар фикратон, чизе хаст,ки шуморо ёри кунад. Агар ман бошам дар дарё дар фикрам доие меояд, аммо ин дои Худо аст ба фикри мо. Ин кадар замини калон, офтоб, Мохтоб, ин гардиши замин, сайёрахо, тарахтон, о ин хама худ ба худ харакат мекунад. Дар вучуди худат нигох кун, оби аз чашм мебарояд шур аст, аз бини туруш аст, аз дахон ширин аст, аз гуш талх аст, хамаш аз як манба меёяд. Оё то хол дар кудрат ва вучудияти Худо бовар надори. Чи касест ба ин дарахтонро мева медихад ва чи касе барои мевахо ранг ва ширинию шакарро пошондаст, оё донишмандони монанди шумо аз осмон шакар пошонд. Бисёр фикр ва андеша кунед. Худо хидоят кунад.

  98. САЛОМ БА ХАМАИ БАРОДАРОН МАН ЯК ДОНИШЧУ АЗ ДОНИШГОХИ ТЕХНИКИИ ТОЧИКИСТОН!! МАН БА ТАБАР (БА КАВЛИ МАРДУМИ МО ЁВОНИХО ТВАР) ГУФТАНИ ХАСТАМ, КИ ТУ БА МОНАНДИ ЯК САГЕ ХАСТИ КИ БА МАХТОБ АВ АВ МЕКУНИЮ БА У ЗАРАРЕ ХАМ РАСОНИДА НАМЕТАВОНИ !! ЧИ ХЕЛЕ КИ ГУФТААНД ХАЗОРОН КОРВОН ДОРАНДУ ДАВ ДАВ ХАНУЗАМ ИН САГОН ДОРАНДУ АВ АВ !! МАН БА ХАМАИ БАРОДАРОНЕ КИ БО ИН МАХЛУК ДАР БОЛО БАХС КАРДААНД ГУФТАНИЯМ БА СУХАНХОЕ АВАЛЕ КИ ТВАР ДАР БОЛО НАВИШТААСТ БО ДИКАТ ТААЧУБ КУНЕД У МЕГУЯД «»як нафар ба шумо гуяд, ман “человек-невидимка” хастам, вале шумо уро бибинед. Шумо хам ба чизе бовар доред, ки бунёд надорад.»» ИН СУХАНОНИ ТВАР АСТ !!АКНУН АКИДАИ МАН агар хамин табар дар назди мову шумо бошад уро мо бо чашми сар мебинем?? албата ки мебинем!! агар ман гуям ки акли уро мо бо чашми сар дида метавонем !! не наметавонем !!аз ин ру бар меяд ки у девона аст чун ки аклаш ноайон аст!! аз нуктаи назари худи Твар чизеро ки мо ба чашми сар мебинем вучуд дорад, чизеро ки намебинем вучуд надорад ин хел бошад мо акли туро табар бо чашми сар намебинем якин дон ки ту ДЕВОНА ХАСТИ !!!!! БАРОДАРОН БО ДЕВОНА БАХС КАРДАН ОКИЛОНА БА НАЗАР НАМЕРАСАД!! ВА ДАР ОХИР ГУФТАНИЯМ , КИ АЗ МАН КАПИ ХАТОЕ БОШАД УЗРИ КАЛОН !!! МАН БЕСАВОДХАМ БОШАМ АЗ ИН МАХЛУК БИСЁРТАР МЕФАХМАМ!!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: