Зиёиён — махалгароёни асосй

Хонанда (шахр ва зодгох — номаълум, миллат — точик)

Хангоме, ки ман дар хоричи кишвар тахсил мекардам, барои ман Точикистон хамрох бо хама мардумаш, бо хоку сангаш, бо кишлокхояш, бо гахворахояш як мафхуми мукаддас буд.Вале чун ба ватан баргаштам, рузхои аввали кор бо нимашухихои батакрор ба ман фахмонда доданд, ки ман фалончоиям, на беш аз он. Ва медонед ки маро мачбур кард, ки худро фалончои хис кунам, на точикистони? Афроди мактабхондаву донишманд, яъне зиёиён.

Ва хулосаи ман тайи чанд соли зиндаги дар Точикистон ин аст, ки ашаддитарин махалгароён дар Точикистон зиёиёни онанд, азчумла журналистони он, яъне аксарияти мову шумо. Ва ин марази махалгарои то андозае моро фаро гирифтааст, ки моро кариб кур кардааст.

Бовари дорам, агар холо ман зистгохамро дар ин сахифа ифшо кунам, вокуниши хамин 5-6 нафари шумо хархела хохад буд. Ва маро боре нодида нафаре, ки «хамшахри»-и ман аст, нисбатам хушбин хохад буд, ва касе, ки зодгохаш ду кух онтарафтар аст, маро «бегона» хис хохад кард.

Биёед бо ин мараз мо чанги милли эълон кунем. Аввал ин маразро дар худ бикушем. Алайхи ин мараз як харакати милли пиёда созем. Махалгароёнро дар байни зиёиён ифшо кунем ва барои хурдтарин нишонаи махалгарои гунахкоронро дар чомеа бадном кунем. То ки аз ин ба баъд мардум аз махалгарои мисли марази махуф канорачуи кунанд.

Президент чй гуна — мушовираш намуна

А. Раҳимзод (шаҳри Хоруғ)

Замоне ки аз ҷаласаи солонаи ҳукумат ва ё ба қавли ҳамандешон «президент-шоу» лаҳзаҳои титу пит кардани кадрҳои ҳукуматро тамошо мекардам, шунидани ба вазифаи нав таъин кардани Муҳаббатшо Рӯзадоров маро моту мабҳут сохт. Сари андешаи он рафтам, ки вой бар ҳоли илми тоҷик ва дар ҳақиқат ҳам арзандатарин олимоне, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам бори гарони илмро мекашанд, агар чунин шахс сарпарасти онҳо гардад. Ин шахсест, ки худ дар тӯли 30 сол дар донишгоҳ гӯё дарс дода, (дар асл файласуфатарошй карда), натавонист ҳадди ақал рисолаи номзадӣ ҳимоя кунад, имрӯз аз боби илму технологияи муосир ба Президент машварат медиҳад.

Нокомиҳои ӯ дар илм чунон ба ҷону дилаш зад, ки роҳи дигарро пеш гирифт. Аз ин баъд дар ҳар маъракае бо овози ҷарангдораш матнҳои навиштаи дигаронро нарезондаю начаконда мехонд. Боре бахт ба рӯяш тобид, ки дар як ҷамъомади ҷашни худи Ҷаноби олӣ ширкат дошт. Ба президент, ки худ нисфи умраш барандаи ҷамъомадҳо буда, маъкул афтод ва зуд аслу насабашро пурсида, худи ҳамон лаҳза аз рӯйи демократияи тоҷикӣ ба вазифаи муовини раиси ВМКБ ӯро таъин кард. «Ин давра хуб давра», гӯён Рӯзадоров дар тӯли каме бештар аз як сол аз ин мавқеият истифода (дар асл сӯистифода) карда, дар ин муддати кӯтоҳ аз ҳисоби сохтмони беморхонаи вилоятӣ ва чандин мактабҳо барои худ як хонаи пурҳашамати сеошёна бо ҳавлӣ ва гараж сохт. Бояд гуфт, ки то ин замон ӯ бо оилааш дар як ҳуҷраи хобгоҳи Донишгоҳи Хоруц мезист. Ба қавли худи ӯ ки мақоли маъмулро тацйир дода мегӯяд, «Президент бтата- метата» амал мекунад.

Ҳоло маълум нест, ки то чанде президент ӯро дар атрофи худ нигоҳ медорад, вале аниқ аст, ки таи ин муддат ба соҳаи илми бе ин ҳам дар вазъи душвор қарор дошта боз як зарбаи дигар мерасад. Вале чи ҷойи таассуф, ки ба қавли маъмул Падар чӣ гуна- писар намуна. Дар ин сохтор ба касони ғайр (доно ва ватандӯст) ҷой нахоҳад буд, то замоне, ки …

Номаи захролуди як наммом

Унвонии мо чунин нома расид, ки бисёр ноумедкунанда аст, вале ба назар мерасад, идеолужики хоким бар Точикистони кунуниро ифода мекунад:

Заррае боварй надорам, ки мактуби маро дар сахифа мегузоред, лекин онро барои он мефиристонам, ки бихонеду бидонад, ки барои шумо чи гапи гуфтанй дорем. Хамаи максаду манофеъи шумо аз бахси атрофи Би-би-си кор ёфтан ба хамшахриятон Дорюши Рачабиён аст. Пас чаро пустканда намегуед, балки дигаронро айбдор мекунед. Аз аввалин навиштахо ва ишорахое ки дар он буданд, ман инро фахмидам ва ба дустонам гуфта будам, холо истед, номи ин шахс руи об мебарояд ва баромад.

Холо пурра маълум шуд, ки сайти шумо хамон сайти махалгароёни шимолист ва бояд ба ягон гапи шумо бовар накард. Президентро хам мехоед, барои хамин аст. Махалгароед шумо хамагй! Вале бидонед, ки Дорюши шумо ба он чо рох намеёбад, зеро на танхо баёнкунандаи мавкеъ ва шуури халки точик нест, балки аслан аз он дур аст. Хамагии шумо дуред. Акнун навбати мост ва дигар ягон шимолй наметавонад баёнкунандаи дарду армони миллати точик бошад. Солхои зиёд хама чиз ба дасти шумо буд, чй кардед? Акнун бигзоред мо бикунем ва шумо факат бубинед, ки мо то кучо мерасем.

Ба Би-би-си хам даркор шавад одами худро мегузорем ва дорем. Хамаи шумо бояд хап бишинед. Чй даркор аст, халки моро аз рах задану аз оби лой мохй доштан. Вакти чануб расид, шимол бояд хап бишинад ва кори братишкахоро бинаду кайф кунад. Зинда бод чануб — асолати хакикии миллати точик!

Ёрони хамандеш, ростй инаш дигар ниёз ба шарху тафсир надорад. Тавре мегуянд: No comments…

Нописандии Би-Би-Сй кори эронихои он аст

Хануз аз сарварони Би-Би-Сй посухе ба номаи ман наомадааст ва шояд хам наояд. Аммо як рохи дигари баёни андеша боз гашт, ки торнигор ё веблоги сардабирони ин расона аст ва бояд номахоро ба он низ фиристод. Бахусус, ки сардабирон бо ифтихори тамом мегуянд, телевизиюни нави Би-Би-Сй барои Эрон, Афгонистон ва Точикистон (!) аст, ки чамъан 100 миллион бинанда доранд.

bbc

Сармояе, ки Вазорати умури хоричии Британия барои ин телевизиюн дар шакли грант ва кумакхо медихад аз 15 миллион паунди инглисй иборат аст ва ин маблаг аз он чо хисоб шудааст, ки расонаи нав ба чунин теъдоди бузурги форсизабонон нигаронида шудааст. Агар точиконро аз ин номгуй хазф кунанд, шояд сармояи камтаре ба он расад.

Интизори посух хастам ва номахои навро ба форуми веблоги Сардабирони Би-Би-Сй низ мефиристам. Онхо чй мекарда бошанд? Шояд боз хамон сарварони эронитаборро даъват кунанд ва машварат бипурсанд? Аслан чаро аз се сарвари ин расона яке бояд точик набошад? Хмммм, магар дар наздик ба 20 соли пахши барномахои родиюии Би-Би-Сй ин бародарон точикеро гузоштанд, ки дар Буш-хауз реша бигирад ё ба курсии раёсате бирасад? Баракс точиконеро, ки метавонистанд, ба онхо ракобат кунанд ё берун ронданд ё намегузоранд, пое аз Душанбе ба суи Лондон биниханд. Танхо онхое «комёб» мешаванд, ки сари хам ва лабони баста дошта бошанд.

Дустони эронии мо вакте сухан аз точикон равад, хамеша посухи омода доранд. Онхо моро дар русгарой, шуравипарастй, махалбозй, бехунарй ва даххо чурми дигар муттахам хоханд кард. Хеле кам эронихоеро дидаем, ки бо вучуди кумакашон ба мо, точиконро бо худ баробар шуморанд. Афгонхо кайхо аз афсонахои ширини эронихо дил кандаанд ва дар хар кучо аз хакки халоли худ дифоъ мекунанд. Онхо ба пайравй аз Мавлонои Балх мегуянд, «хамдилй аз хамзабонй бехтар аст.» Шояд моро хам зарур аст панба, эъ мебахшед, пахта аз гуш бикашем? Ё хамон русгароии мо бехтар асту аз русхову киргизу казоку узбакхои худмон намонем. Факат маълум нест, кадом рох ба Туркистон аст, оне ки бародарони эронии мо мераванд ё мо меравем?..

Наслхои нокомилу бадбахт — ояндаи Точикистон?

Замоне буда, ки точикон акаллан як насли комилу расо ба дунё оварда бошанд? Ошкор нест ва торих дар ин бобат сукут меварзад.

Шояд буда, вагарна Рудакй, Сино ё Мавлавй немдоштем. Нобигагон самараи як ё хатто чанд давраи дарози ториханд. Ва шояд ин аст сабаб, ки аз он айём то кунун дигар нобигае ба маънои комилаш надоштаем.

Вале дар оянда хохем дошт? Пас аз хондани ин матлаб ба натичае расидам, ки интизории нобигаи ояндаи точикон як орзуи хом хохад буд.

Коршинос аз Сугд: Осеби майнаи сар — бемории №1-и кӯдакон?

(Бознашр аз «Нигох» №44 22.01.09).
Соли 2008 дар вилояти Суғд 1318 беморони фалаҷи кӯдакона ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 726 нафар писарбачаҳо ва 592-нафарро духтарон ташкил медиҳад. Дигар намуди бемори — дарди шадиди сар миёни кӯдакон 889 нафарро ташкил медиҳад.

Атахон АБДУҲАМИДОВА,
сармутахассиси бемориҳои асаби беморхонаи кӯдаконаи вилояти Сугд: -Пеш аз баёни андеша дар мавзӯи бемориҳо аз ҷумла бемории асаб дар миёни кӯдакон, ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки бештари бемориҳои кӯдакона дар кӯдакон ҳанӯз аз давраи ҳомиладорӣ модари кӯдак оғоз мегардад. Махз ба хамин хотир мо пизишкон ба таъкид «Модари солим — кӯдаки солим» мегуем.

Бемориҳои камхунӣ дар вақти ҳомиладорӣ яке аз сабабҳои дар оянда ба бемориҳои асаб гирифтор шудани кӯдакон мегардад. Дар баробари ин имрӯз бештари оилаҳои ҷавон бо сабабҳои гуногуни иҷтимоӣ асабҳои худро ором нигоҳ намедоранд, ки дар натиҷаи нооромии падару модар кӯдакони табиатан норому асабонӣ таваллуд мешаванд. Ин гуна кӯдакон хоби ором надоранд.

Сабаби асосии афзоиши беморихое, ки шумо гуфтед хамон давраи ҳомиладории модарони ин кӯдакҳо мебошад. Табобати ин гуна касалихо хеле мушки ласт.

Барои табобати кӯдакони гирифтори бемориҳои гуногуни асаб дар шӯъбаи асаби беморхонаи вилоят хамаги 30 адад ҷойи хоб аст. Баъзан рузҳо мешавад, ки ин микдор ҷойи хоб камӣ мекунад.

Дар шӯъбаи асаб, бемории № 1 ин осеби майнаи сари кӯдакон аст, ки тахминан 15,7% теъдоди умумии бемориҳои асаб миёни кӯдаконро ташкил медиҳад. Баъдан бемории фалаҷ 12,6%, ҳамчунин 10% гирифтори бемории дарди шадиди сар мебошанд.

Дар миқёси вилояти Суғд афзоиши чунин бемориҳо дар байни кӯдакон бештар дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Гафуров мушоҳида мешавад. Сину соли кӯдакони гирифтори ин бемориҳоро кӯдакони синни аз 1-то 3-сола ва аз 7-то 15-соларо ташкил мекунад.

Бояд гуфт, ки сари вақт пешгирӣ накардани чунин бемориҳо оқибат ба маълул шудани кӯдакон оварда мерасонад. Аз ин рӯ роҳи ягонаи пешгирӣ намудани кӯдакон аз бемориҳои маслукӣ ин сари вақт ба духтур муроҷиат намудан аст. Ҳамчунин мебояд, ки оилаҳои ҷавон ва кӯдакону наврасонро аз тамошои филмҳои хусусияти агрессивӣ дошта пешгирӣ намоянд. Зеро тамошои чунин филмҳо ба асаби одам бетаъсир намемонад.»

Дар поварак

Сардихову бесохибихои зимистони гузашта як насли сармозадаеро ба вучуд оварданд. Насли дигар — кудакони бепадари мухочирон. Насли баъдй — зурёти домодхои чинову покистониву эрониву афгон, ки окибат бесохиб хохад монд. Баъдаш зодагон аз нутфахои тасодуфии Дубаю Русия. Дар мачмуъ хамаи онхо тарбиятдидагони телевизиюнхои ахмаккунандаи кишвар ва маорифи сабки абдучаббор рахмоновй. Холо дигар интизори нобигагон бошед.

Тасовире дар саросари олам мегардад…

Гоҳе фақат як акс низ метавонад баёнгари воқеъият бошад. Оне ки мили силоҳро ба ин кӯдак нигаронидааст, фикр намекунад, ки фардо ин тифл ба воя мерасад ва кӯдаки ин сарбозро ҳадаф қарор медиҳад?

image002

Бигзор яҳудиҳову арабҳо бародарони ҳамхун бошанд, аммо ин дигар хунрезй нест, балки ҷинояти низомист, ки бояд муртакибонаш ба додгоҳ бурда шаванд ва посухи амали худро бидиҳанд.

image006

aksgiri

image019

Кай замоне мерасад, ки инсон дарди касони дигарро мисли дарди худаш ҳис кунад ва бидонад, ки ин дард бар ҳар кас ҳамон гаронию сангиниро дорад, ки ба ту?

Ин дард ба мо ошност…

mosque

bomb

childsouth5b15d

genocide35b15d

bomb1

genocide25b15d

modar