«Шодравон»-и «раисонҳои фаъолонтар»

ва ё бурҳони бўҳрони мо

Далери ҒУФРОН (шаҳри Душанбе)

Агар доираҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ дар ҷустуҷўи пайдо кардани роҳҳои халосӣ аз бӯҳрони молиявӣ, ки тадриҷан ба бўҳрони иқтисодӣ мегаравад, мушкил дошта бошанд, дар Тоҷикистон ҳатто дар талаффузи ин мафҳум оҷиз мондаанд.

Ин ҷаноби Игор Боски аврупоист, ки бо забони ноби тоҷикӣ ҳарф мезанад ва ба ин васила ҷойгоҳе барои ин забон қоил аст. Аммо як раиси вилояти Тоҷикистон бӯҳрони молиявиро «бурҳони молиявӣ» гуфта гаштааст. Ва мутаассифона, ў дар ин ҷабҳа танҳо ҳам нест. «Изои мӯъмин ҳаром» гуфта, аз овардани номгўи нафарони масъули давлатї, ки «бурҳон»-и эшон бӯҳрони мост, худдорӣ менамоем.

Рўзи 23-юми январ дар ҷаласаи як ниҳоди бонуфузи давлатӣ иштирок доштам. Мафҳуми «раисонҳои фаъолонтар» бозёфти банда аз ин ҷаласа буд. Ҳамзамон, вақте раиси ин идораи давлатӣ аз як соли фаъолияташ ҳисобот медод, аз ҷумла ба рўзноманигорон муроҷиат намуда гуфт, ки «худатон тақозо кунед». Аммо дар ҷамъбасти фикр хулоса ин шуд, ки ин мансабдори бечора «қазоват» гуфтан мехостааст. Бо овардани шумораҳои ҳафтрақамаву ҳаштрақама ў рўзноманигоронро ба қазоват кардан водор кардан мехост, ки ба нохост ба «тақозо кардан» ҳидояту раҳнамоиҳо кард.

Аммо вақте ин аҷоиботи оламро ба як дўстам қисса кардам, ў дар тақвияти фикр нақли ҷолибе кард. Маълум шуд, ки гурўҳе аз шоирони тоҷик ба ноҳияе меҳмон мешаванд ва раиси ноҳия барои нишон додани «забондонияш» ҳангоми сухан додан ба меҳмонон пеш аз номи онҳо калимаи ба назараш зебо ва хушоҳанги «шодравон»-ро ҳамроҳ мекунад. Аз рўи одоби шарқӣ, мењмонон ба раис эрод намегиранд ва ҳар кадом дар назди мардум ҳамчун «шодравон фалонӣ» сухан мекунанду шеьр мехонанд. Танҳо яке аз онҳоро тоқат тоқ мешаваду мегўяд, ки лутфан маро шодравон нагўед, «шумо худатон шодравон»…

Дар ҳамин ҳол, дар ин рўзҳо бо як ҳолати дигаре рў ба рў гаштам, ки метавон онро ҳамчун омили бўҳронзо ном бурд. Бо ҷияни 3,5-солаам Муҳаммадҷон, ки хело кунҷков ва ҳушёр аст, ба Сирки давлатӣ даромадем. Дар рафти тамошои саҳнае, яке аз масхарабозон меафтад ва мегўяд: «Э, запчастом беҷо шудане!». Муҳаммадҷон аз ман дарҳол пурсид: «Ако вай чӣ гуфт?». Ман бошам, рости гап, натавонистам ба кўдаки хурдсол фаҳмонам, ки ҳунарманд чӣ гуфт ва чанд дақиқа хомўш мондам. Ў ҳамоно ба ман менигарист…

Ва аммо. Cоли бузургдошти забони тоҷикӣ ҳам гузашт. Зоҳиран дигар «маърака»-е ба назар намерасад, ки дар чаҳорчӯби он бо ин зуҳурот «муборизаи қотеъона бурд». Аммо шояд ин баҳси забон ҳам нест, балки баҳси фарҳанг аст, баҳси ақлу хирад ва тафаккур аст?! Оё баёни мансабдорони мо худ дар бӯҳрони амиқ нест? Бигирем боз ҳам ҳамон мушкилоти бӯҳрон ва ё бурҳони молиявиро. Оё ашё ё ҳодисаеро нашинохта, чй тавр мешавад зидди он мубориза бурд? «Раисонҳои фаъолонтар» чӣ мегуфта бошанд?

6 Responses

  1. Бузургтарин чоизаи баёни дакик бояд ба ЭШР дода шавад:

    – Халки мо бисёр вай аст…
    – Мо фарханги бисёр вай дорем…
    – То кая вай мекунем охир…
    – Тартибу интизом вай нестанд, ки…

  2. Вай Вайович Вайов, ва ё худ (ба точики) Вайи Вай!!!

  3. хак бар чониби туст бародари гироми. зинда боши хеле хандондимон. банда барои шумо бештар аз ин накл хохам кард. вакте ки муфтиети точикистон ба шурои уламо табдил гашт рузноманигори эрони иллаташро аз “муфтихазрат” кориамонулло пурсон шуданд. дар чавоб у гуфт ки дишаб хамрох бо уламо мо чимоъ карда ба хамин хулоса омадем. банда ба гушам ин харфхоро шунидам. яъне он “пири донишманд” мехост гуяд ки ичтимоъ кардем. вале афсус маънои ин ду калима дигар буданашро дарк накарда ба чои ичтимоъ чимоъ мегуфт. хуб чи тур буд механдед ё на? лаънат ба он хукумате ки хамчунин касони бехирадро козии кишвар интихоб мекунад. вале чуноне ки мегуянд ” падар чи гуна -писар намуна”. no comment…

  4. Сипос аз Хамватан, хеле хандидам…

    Ачоиб, чимоъ кардани муфтй бо уламо хафтае чанд бор ба амал меояд?

    Чанде аз уламо дар он ширкат мекунанд?

    Групповой-ку…

  5. бале бародар рустам. онхо гумонам зуд зуд чимоъ мекунанд. зеро ки мисли худашон козикалонхои дарозришу бесавод точикистонро зер кардааст. чи кад ба хам монанданд онхо мисли дугоникхо. махсусан баъд аз намозхои панчгона дуо намудан дар хакки чаноби оли ва хонавода ва гурухи у. намедонам боре шунавидаи е не? вале ман бисер мешунавам. хар боре ки ба масчиди маркази барои адои намози чумъа равам.
    шояд онхо бо аъзохои хукумат хам чимоъ мекунанд ки онхо хам ба инхо монанданд.

  6. Бародарон Рустами Гироми ва Хамватан рости гап аз хандидан ба кавле пусти шикамам канда шуд… Яъне онхо бо хамдигар чимоъи (груповой) мекунанд. ха-ха-ха-ха…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: