Омода ба ҷанг бош, агар сулҳат орзуст…

ikАз ҳавои васеъи зимистон бӯйи ҷанг меояд. Шамидаам ин бӯйро дар зимистони соли 1992. Моҳи декабр. Вақте ки «ҳукумати қонунии Тоҷикистон» савори танкҳои Узбакистон шаҳри маро ишғол мекард. Бори дигар дар соли 1998, вақте сарҳанги балвогар Хуҷанди азизамро мегирифт. Худоё, боз чй балое ба сари мардуми бечораи ман меояд?

НАХОҲАД, ҶАНГ ШАВАД?

Хоста буд ё нохоста, тамоми омилҳои низоъи густурда миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ва дар паси Ӯзбакистон — Русия омода шудаанд. Ӯзбакистон ин ҷангро мехоҳад, зеро бо таҷрибаи солҳои 1990 онро беҳтарин роҳи барканории ҳукумати феълии Тоҷикистон ва ҳамзамон нобуд кардани потенсиали ояндаи ин кишвар медонад. Барои Русия «Гурҷистони дувум» зарур аст, то таъсири ҷаҳонияшро зиёд кунад ва дар минтақаи ҳаммарз ба Афғонистон Ғарбу Амрикоро мӯҳтоҷи худ гардонад. Ҳатто ҳукумат дар Душанбе ҳам ин ҷангро мехоҳад, зеро солҳост, «банкрот» шудаву ягон роҳи ҳал барои мушкилоти мардумаш надорад. Ҷанг метавонад, таваҷҷӯҳи мардумро аз рӯзу рӯзгораш мунҳариф кунад.

                                        ТАРОША АЗ БОМ

Русия ва миллати рус бо ҷанг зиндаанд. Ба онҳо нон мадеҳ, ҷанг бидеҳ. Зарурати ирсоли нерӯ ҳам надоранд. Магар пойгоҳи ҳарбии онҳо дар Тоҷикистон ва нерӯҳои ҳавоӣ дар Қирғизистон барои чиянд? Аммо Русия майдонро ба Тошканд медиҳад ва шояд сарбозонаш либос иваз кунанду ҳавопаймоҳояш бетамға ба парвоз оянд. Тошканд солҳост, ба ин ҷанг омодагй мегирад. Ягон маълумоти камобеш муҳиме дар Тоҷикистон нест, ки дар Тошканд надонанд. Сеяки аъзои ҳукумати феълии Тоҷикистон афроди Ӯзбакистонанд ва ҳамин миқдор фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи кишвар низ. Тоҷикистон дар бораи нерӯҳои ҳамсояаш иттилоъе надорад ва ҳам натавонистааст, дили тоҷикони Ӯзбакистонро ба худ гарм кунад.

                                        ОҲ АЗ ДӮСТИ НОДОН

Душман дар лаҳзаи заъф ҳамла меорад. Ватани мо ба ҷанг бо як нерӯи беруна омодааст? Даргумон. Байни мардум гардед, мефаҳмед. Бархе мегӯянд, хуб аст, ки русу ӯзбак биёянд ва Раҳмону шарикони дилбазаншудаашро дафъ кунанд. Ҳукумати Эмомалӣ барои мардум чӣ коре кардааст, ки имрӯз мардум ҷонашро барои он бар каф бигиранд? Бигзор онҳое ки ин қадар сол хӯрданду бурданд, силоҳ ба даст бигиранд ва биҷанганд, онҳо чизи аз даст медодагӣ доранд, на мо. Бархи дигар мегӯянд, ин як «разборка»-и хамкосаҳои собиқ аст, ба мо чӣ дахл дорад? Аммо ватанхоҳон ва миллатдӯстон аз саросари ҷаҳон ҷамъ меоянд ва либоси ҷангӣ ба бар мекунанд: «Мо на аз Раҳмон, аз ватани худ дифоъ мекунем ва аз нангу номуси худ!» Шумо ин сатрҳоро мехонед ва механдед. Ҷанг куҷост? Ягон хел ҷанг намешавад. Эй, кош ба ман ҳам боваре мисли шумо медод.

                                        ХУШУНАТИ ДИПЛОМАТИК

Нотаи ахири Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шояд дар ин айём зарур набуд. Шояд сабр беҳтар буд. Ҳарфи бадро ҳамеша метавон зад ва ҳаргиз дер нахоҳад шуд. Аммо дар муқобили суханони президенти рус Дмитрий Медведев сукут ҳам сахт буд. Хушунати дипломатиро Русия сар кард. Эътирози он ба нашрияҳои Тоҷикистон дар робита ба сарбурии муҳоҷири тоҷик дар Маскав як пузханди қотил ва хонаводаи мақтул буд: «Оре, мо сари шуморо мебурем, аммо шумо бояд сокит бошед.» Вале Медведев аз дипломатҳои навомӯзи худ дар Душанбе ба маротиб гузаронд: «Нерӯгоҳҳои бузургро дар машварат бо ҳамсоягон бояд сохт вагарна ихтилофот бо роҳҳои хатарнок ҳал хоҳад шуд.» Ин магар эълони ҷанг нест?

                                             САБАБ?

Маскав ин одатро надоштааст, ки тоҷикон ва Тоҷикистон ба он эътироз кунанд. Ҳамеша ва дар ҳама ҳол тоҷик даст пеши бар меистад ва таъзим мекунад. Пири бетадбире бо номи Талбак Назаров русҳоро одат дода буд, ки тоҷик саги дари онҳосту хоҳад буд. Худи Раҳмон ҳама чиро ба онҳо бахшид ва боре ҳам ба миллати худ наандешид. Ислом Каримов ӯро ҳамчун шахсе мешиносад, ки водиҳои кишвари худро бомбаборон кардааст ва ҳазорон ҳаммиллати худро ба қатл расондааст. Чанд соли аввали кораш ҳар вазири ҳукумати раҳмонй дар кабинети худ мушовире аз Тошканд дошт. Аммо сабаби асосй ин аст, ки дар 17 сол ин ҳукумат натавонист, тавре амал кунад, ки мавриди эҳтироми Маскав қарор бигирад, чй монад ба дӯстй. Як ҳукумати ҳавасакй, дурӯя ва ғайриҳирфай.

                                        АҲАМИЯТИ  РАҲБУРДЙ

Мегӯянд, Узбакистон аз лиҳози аҳамияташ дар минтақа барои Русия муҳим аст. Бо аҳолй ва қаламрави бузург ва захираҳои инержй. Дар ин бобат Тоҷикистон наметавонад бо ҳамсояаш рақобат кунад. Вале Қирғизистон магар ҳамсанги Тоҷикистон нест? Ҷасурона ба Амрико пойгоҳ дод ва ошкоро гуфт, ба ин манфиатдор аст. Танҳо баъд ба ҳарбиёни Русия низ ҷой дод. Бишкек нишон дод, ки дар пайи манфиатҳои миллии худ аст. Аммо Эмомалй Раҳмон ва хешони носерами ӯ нишон доданд, ки танҳо дар фикри манфиати шахсии худанд. Дар муносибат бо Ғарб низ на якрӯ, балки дурӯя шуданд. Фикр карданд, як рӯз ингунаву рӯзи дигар онгуна ба маънии доноии сиёсй ва дипломатист.

                                       ЧӮБИ КУНҶКОВИИ МИЛЛЙ

На танҳо Каримов аъмоли Эмомалӣ Раҳмонро дар назди Путину Медведев батафсил достон кардааст, балки афроди аршади ҳукумати Тоҷикистон дар Маскав низ ба сиёҳ кардани ҳамдигар машғул будаанд. Яке худро дӯсти беҳамтои Русия ва дигаронро душмани Маскав увон мекард ва рӯзи дигар нафари баъдй акси ҳолро нишон медод. Ҳар тоҷик чӯбаке дар даст дорад ва аз ақиби тоҷики дигар мегардад. Хуллас, агар сарон ва ҳукумати Тоҷикистон дар назди Маскав як сари арзан обрӯ медоштанд, Медведев ин гуна онҳоро «лагад» намезад.

                                        АБЗОРУ НЕРӮИ ҶАНГ

Аммо бо ин бӯйи бади ҷанг чӣ бояд кард? Агар ин ҳама сол нашуд, ки бо ҳамсоя забон ёфт, бояд омода ба ҷанг буд. Ин ягона роҳи сулҳ аст. Ислоҳоти фаврӣ зарур аст. На фақат дар нерӯҳои мусаллаҳ ё ниҳодҳои қудратй, балки дар ҳама ҷо ва ҳама чиз. Магар бо ин сарбозони пойлуч ва афсарони ришвахор ба кадом ҷанг мешавад рафт? Вазир Хайруллоев, ки натавониста буд, бар як гурӯҳ муҷоҳидони ришакии кӯҳнишин пирӯз шавад, бо артиши муназзами давлати дигар чӣ хоҳад кард? Бар Маҳмуд Худойбердиев пирӯз гашта буд? Магар он муҷоҳидон набуданд, ки ин пирӯзиро дастрас намуданд? Куҷоянд онҳо? Дар маҳбас. Куҷоянд ҷавонони таҳамтану нирӯманд? Дар Русия. Куҷоянд кадрҳои арзанда? Дар ғаму андӯҳ ва «охурҳои гов».

                                          ФАРҶОМИ РОҲ?

Бо ин ҳама ҳукумати Раҳмон ва Тоҷикистонро фарҷоми роҳ якест — нобудй. Агар ба ҳуш наояд. Ин бор ҳам монанди борҳои гузашта таслим шудан ва баҳона ҷустан охирин қадами вай хоҳад буд. Фанду фиреби кӯҳнаро хоҳад хӯрд ва душман ба ӯ раҳме нахоҳад дошт. Агар танаффусе хоҳад дод, танҳо барои муддате хоҳад буд, ки битавон ғофилгираш кард. Агар бо мардумаш буд  ва якрӯ, душман ҳам ба андеша хоҳад рафт. Сахт роҳе хоҳад буд, вале босамар. Худо ва ҷаҳонро бояд ҳомии хеш гузид, на ҳамкосаҳои сустаҳд ва сангбабағалро!

23 Responses

  1. Ин навиштаро, оё таҳлил хонем, ё як фарзия? Ба назар мерасад, фарзияе беш набошад. Аммо фарзия ҳам барои худ ҳадду марзе дорад. Яъне агар касе фарзияе матраҳ мекунад, ҳадди ақал бояд истинод ба шавоҳид ва қароине намояд.
    Ин ки нависанда аз бўи чанг хабар медиҳад, бо ҳеч вокеияте намесозад. Барои ҳар бобасирате ҳувайдо аст, ки вучуди ҳукумате мисли ҳукумати феълии Точикистон, ҳам барои Ўзбекистон беҳтарин гузина аст ва ҳам барои Русия. Ҳар дуи онҳо, бадили дигаре барои ин ҳукумат суроғ надоранд.
    Магар як тахмин бизанем: Ва он ин ки ҳар дуи онҳо бихоҳанд вучуд ва бақои ин ҳукуматро бештар тасбит ва побарчотар намоянд.

  2. Муаллиф хеле зиёд вохима карда. Хеч аломати низоъ миёни ин кишвархо дида намешавад.

  3. Сайидюнус ва Самандари арчманд,

    Дар бораи он ки фарзия аст, вохима ё тахлил, хамзамон ба шумо посух медихам, ки ба ин дунё бо чашмони боз ва тачрибаи рузгор бингаред. Осетияи Чанубй, Гурчистон магар фарзия буд? Газза фарзия аст? Ирок? Афгонистон? Хеле хуб, соли 1992 касе аз шумо бовар дошт, ки дар Точикистон чанг мешавад? Он вакт хам манофеъи русу узбак ба хам омада буд ва хукумате надоштем, ки окилона кор бикунад. Магар холо, пас аз 18 сол чизе тагйир кардааст? Магар бадтар нашудааст?

  4. Э. Рахмон и Х. Карзай организуют встречу руководителей силовых ведомств двух стран | 31.01 08:44

  5. бале дустам рустам дуруст мегуяд. русия ва узбак барои мо хеч гох дуст набуданд ва нахоханд буд. аламовар он аст ки худи рахмон ба нуги шамшерхои онхо сари кудрат омад. ва дар муддати 17 сол натавонист коре барои миллат кунад гайр аз куштану несту нобуд намудани точикон. мо точикон тули таърих хамин гуна миллатфуруш ва бегонапараст будем хастем ва хохем монд. во

  6. hej kas orzui jangro nadorad ammo man orzudoram ki joni khudro baroi ba haiati Tojikiston darovardani Samarkand dareg nadoram inshoolloh

  7. Бале суханони Медведев дар як дарача, максади таги дили Каримовро фош кард. Вале чанг бо Точикистон каме фантази мешуд, аммо мо Точикон инро хеч вахт аз эхтимол бояд дур надонем. Таърих ба мо дарс аст.
    Гунахгор донистани хукумати худ дар тамоми гуноххо хатост. Бори дигар таърих ба дарс бошад, мо Точикон дар дами хатар харвакт ягдигарро гунахгор кардем, душман бошад аз ин хардам истифода бурд.
    Дар ин вакт, ки нотахои тарсу хатар бар суи Ватани мо меояд, хама бояд ягфикр бошем!

  8. Хамноми азиз, ман хам омодаам барои ин чони худро бидихам ва осуда бимирам.

  9. Дўсти азиз Рустам!
    Чанге, ки таваққўи он меравад, агар барои тағйири вазъ дар Точикистон (манзур тағйири Ҳукумат) аз чониби ин ду кишвар (Русия ва Ўзбекистон) ва овардани ҳукумате ҳамсанг бо онҳо бошад, ҳаргиз ва абадан таваққўи он намеравад. Ин буд, ки банда гуфтам ин фарзия, дур аз воқеият аст.
    Далелаш ҳам возеҳ аст. Чаро ки дар он сурат маънои ин чанг он аст, ки ҳукумати феъли хеле ватангаро буда ва зери бори фишори Русия ва Ўзбекистон нест ва онҳо мехоҳанд ўро барканор карда, каси дигаре (сарсупурдатаре)-ро биёваранд.
    Дар мисоли Гурчистон ва ё вазъи ҳукумати Точикистон дар 15 сол қабл дақиқан чунин буд, ки даст ба дасти ҳам дода онро барканор карда, ҳукумати феълиро ҳамонҳо (Русия ва Ўзбекистон) оварданд.
    Дар Гурчистон, воқеан ҳукумати ватангаро ҳоким аст ва Русия онро намехоҳад.
    Аммо оё дар Точикистон ҳам воқеан чунин аст? Яъне мошоаллоҳ Ҳукумати мо ба дарачае мустақил ва вафодор ба Ватан аст, ки дигар Русия ва Ўзбекистон тоқати таҳаммули ўро надоранд?
    Масъалаи дигар ин ки оё Русия барои ин ҳукумат, бадил ва алтернативе дорад? Ва агар дошт, ҳадди ақал бўе аз он ба машом мерасид.
    Воқеан, оё шумо мўътақидед, ки ин ҳукумат, дигар мавриди писанди Русия намебошад?
    Агар таҳлиле ғайр аз ин доштед, мехостам назари худро иброз медоштед.

  10. Сайидюнуси азиз,

    банда далели кофй дорам, ки як бахши хукумати Точикистон зери рахбарии яке аз сарони он дар сафархои Маскав худро бехтарин мухофизи манофеъи Русия дар кишвар ва минтака муаррифй мекунад ва Рахмонро дар назди русхо шахси номуваффак ва ноустувор ба тасвир медихад.

    Ин таблигот то чое муваффак хам будааст. Дар Маскав харос доранд, ки хукумати Рахмон ба зудй амрикогаро мешавад. Нармиши равобит байни Амрико ва Эрон низ ба хамин сарманзил хохад кашонд. Точикистон дар пахлуи Афгонистон ба минтакаи нуфузи Амрико ва Гарб хохад афтод. Барои Русия хукумати нави точик алхол мухим нест, мухим ин аст, ки нооромии нав дар минтака бар накши он афзояд.

    Барои Узбакистон низ дар навбати аввал мухим нест, ки чй хукумати наве дар ивази хукумати Рахмон хохад омад, мухим ин хохад буд, ки бар асари як чунин чанг тавоноии Точикистон барои боз 50 соли дигар аз байн бурда шавад ва он хеч гох орзуи Самарканду Бухорояшро накунад. Каримов метарсад, ки Точикистони кавй аламхои рохбандону тахкирхои гузаштаро аз у хохад ситонд. Тошканд наздикии Точикистон ва Гарбро хам намехохад ва ин чоро барои худ захира мекунад, то вакте ки аз Русия хама чизи даркорияшро гирифт, дубора ру ба Амрико оварад.

  11. Welcome to the world of reality, politicians make all of kind of statements and we should not make a big fuss over a statement. The Russian president is ensuring Russia’s national interest, why in the world he has to put Tajikistan’s interest over Russia’s. We should stop whining about it and start realizing that we need to dig out ourselves off this hole which Rahmon put us all in.

    I dont know how you came up with the idea of war, but I suggest you to show some supportive arguments which could possibly justify your opinion.

    I am disappointed to read comments of » Хамватан».

    «бале дустам рустам дуруст мегуяд. русия ва узбак барои мо хеч гох дуст набуданд ва нахоханд буд. аламовар он аст ки худи рахмон ба нуги шамшерхои онхо сари кудрат омад. ва дар муддати 17 сол натавонист коре барои миллат кунад гайр аз куштану несту нобуд намудани точикон. мо точикон тули таърих хамин гуна миллатфуруш ва бегонапараст будем хастем ва хохем монд. во»

    Mister wake up there are no friends in politics, there are only allies whose interest happens to be same or similar.
    If Russia was not a so called «friend» of Tajikistan, it could easily put visa restrictions to Tajiks traveling to Russia and then you would not be able to find a word in dictionary what would happen in TJK.

    I got really upset with the last statement, don’t you dare to make such statements. Have some self-respect, look around yourself and stop making hasty generalizations.

  12. Рустами гироми!

    Бо хама эхтироми худ ба шумо ва сомонаатон, хохиш мекунам, ки дар интихоби мавзухо ва навиштанхо боэхтиёттар, бомеъёртар ва вокеъбинтар бошед. Мухим аст, ки бахсхои асосноку фоидабахше дошта, ба хиссиёту фарзияхои зиёд дода нашавем.

    Сипос барои хамкори дар пешбурди манфиатхои миллат ва кишвари азизамон. Худо нигахбони хамаи шумо!

    — Ботур Косими (Истаравшан)

  13. Чанги солхои 1992-1997-и Точикистон хости Узбакистон ва Русия буд.

    Сулхи соли 1997 — мувофикати Русия, Эрон, Амрико. Он вакт Узбакистон барои тазмини сулх дар Точикистон имзо накарда буд.

    Бародарон, ман хам харгиз орзу надорам, дар минтака чанге сар занад, аммо аз худ намепурсед, ки чаро давлатхои чахон артишу хавопаймову киштихои чангй доранд?

    Ман хамонро гуфтам, ки гуфтам: Омода ба чанг бош, агар сулхат орзуст…

  14. Суроби чанг дар кишвари азизи мо баръало метобад!!!
    Боз чи далел гайр аз гуфтахои Медведев ва Каримов зарур аст ки ба ин бовар кунем?!
    Мукоиса бо Гурчистон факат дар ифшои сиесати чангчуенаи Русия дуруст аст. Дар хама холатхои дигар мо фарки зиед дорем.
    Фикр мекунам, алъон тарху накшакашии чанг аз суи Узбакистон дар чараен аст.
    Сенарияи ин чанг ба наздики маълум хохал гашт. Ин метавонад бомбаборони неругоххо бошад, е ворид шудани Махмуд Худойберди бо лашкари гарон.
    Шахсан, аввалин касе хохам буд, ки барои дифои Ватан хохам бархост!
    Агар мехохед сулх бошад, омода ба чанг бошед!
    Дусад марде чу Рустам бех аз сад хазор махмуд!

  15. P.S. Албатта орзуи чангам нест(хирасар нестам), вале як сари му набояд тарсид.
    Сарбаланд бошед!

  16. Агар касе хабардор кунад ки ба хонаамон ин шаб авбошу горатгарон хамла меоранд- у дуст аст ё душман??? Наход хаминро мо фарк карда натавонем??? Рустам дуст аст , ва сухани хакки дуст бехтар аз дуруги ширини душман.
    Мардумро худшдор мекунад ,ки ба чунин равиши ходиса омода бошанд. Магар ин нодуруст?
    Пешгирии чанг дар омода будан барои чанг аст. Ва Точикистон хам , фишангхои зур барои Ифлос Каримовро ба чояш монданро дорад. Яке аз он тахдиди баргардонидани душманони ашадиаш ИДУ – ИДТ (Харакати Исломии Узбекистон) ,ки соли 1998 аз Точикистон ба Афгонистон бароварда шудаанд. У бояд фахмад ки оташи чангро дар Тачикистон сар кунад – шуълаи алобро дар хонааш мебинад.

  17. Сайидюнус ва Самир. Шумо ба чи далеле исрор доред, ки кишвари УзбАкистонро УзбЕкистон биномед? Магар дар забони модарии мову шумо ин калима «узбак» нест? Дар ин маврид хатто талаффузи дуруст ё нодурусти калимахо метавонад худшиносии касро шакл дихад.

  18. E Barodar Salom avval merasonam bar tu va guftaniam ki chi maksad dori e bas kun hami korota! Ba guftai khudat holo donishju hasti, khonishatro davom bideh hamon mablage ki ravon mekunand kheshovandonat sarfakorona istifoda burda zindagita pesh bar tura chiu in korora yagon gapat ba vatanamon foida nadorad fahmidi barodar? «…ba shokhi gov jang nadoz» paslovetsi tojiki! Az tu barin vatanduston vatan bezor! Vatanatro dust edori khon don ishgohro rav omuzgor shav taarikhro nagz medoni rav muallimi taarikh shav! tu Boz jangi shahrvandi tashkil kardanii?? man namedonum chi bigum turo. khafa meshai nameshai maro fark nest bovar kun majbur shudam navisam!!!!!!!!!!!!!!!!!….. gapo bisyor kai khudat lekin vakt kam ..

  19. Дар Точикистон тухми чангро коштан хостани Узбекистон в Русия хайратовар нест. Зеро яке аз осонтарин роххои давлатро ба чагн овардан ва сусту мухточ кардан миллати онро пароканда кардан аст. Барои хамин, мо бояд аз бозихои сиесии хамсояи гарбиамон ва «бародари калониамон» огох бошем. Нашояд ба провакасияхои беасос дода шавем. Шахсан худам, тамоман тарафдори чанг нестам ва нахохам шуд. Халки узбек ва русро хам гунахгор намекунам, чунки халк хеч вакт гунахгор набуд. Гунахгор он мансабдорон астанд, ки вазифаю давлати чамовардашонро аз даст додам метарсанд ва доимо мансабпараст мемонанд.

    Дар сомонахои чунин гуфтахои шахсони торикандеша ва бемаърифатро дидан бисёр нафратовар аст 😦

    Зинда бошед!

  20. Ба точикон одат шудааст душмансозиву душманкоби.У одамон! Ба худ, ба ин як ба ном хукумататон нигох кунед. Наход хамин хукумат бошад? Охир, шарму хаё хаст ё точик шарму хаё надорад? Ин чи рузи сиёхст бар сари мардум, ки кариб 20 сол мешавад зулму истибдод тамом намешавад. Хатто як боевики одии собик оппозитсия Мирзохуча Ахмадов бо малехият фахмондааст ин чи гуна режим аст: «Аз 7 миллион ахоли 6 миллион бекоранд, мо аз чаноби оли хафа нестем…»
    Чангро на Русия ва на Узбакистон мехоханд.
    Чангро ягона сулолаи Рахмонов мехохад! Аввал гиребони худатонро буй кунед! Зеро маълум аст, ки ба таври демократи ва озод аз мансаб намеравад. Ин ба хама маълум аст! Ба Рахмонов фарк надорад 200 хазор точик ё зиёдтар аз он кушта шуданд чун дар чанги аввали рахмонови бар зиддимиллаташ. Ба вай мухим ин аст ки дар сари кудрат монад. Вассалом!
    Ин бозихои аз ин хафа шудану мисли зан сурхшуданхо барои гул сохтани оммаи точикони содда.

  21. Банда хам бар ин акидаам, ки бо вучуди хусумати ошкорои Узбакистон махз Рахмон натавонист, мушкили кишварро бо Узбакистон ва Русия хал кунад ва авзоъро муташаннич месозад.

    Афшин хак бар чониб аст, чанг хостани Рахмон аён шудааст ва инро ягона рохи дар сари кудрат мондан медонад.

  22. Гуфтам ва боз такрор мекунам, ки хеч кас хостори чанг нест, аммо сулх замоне хифз мешавад, ки хамаи тараф, бахусус Точикистон нишон дихад, ки дар холати заъф нест. Он гох тарафи дигар пеш аз он ки даст ба амали нохуше занад, аввал хуб фикр мекунад, ки окибаташ чй мешавад.

  23. Ba aqidai har du Rustamon tarafdor hastam,
    Samarqandu Bukhooo shahri most!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
    To dame ki man nabinam millatamro sarjam’
    Toju takhtu aishu ishrat in hama zahri man ast.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: