Сарони дин ва сарони давлат

Таомули мутақобили сарони динӣ ва давлатмадорон дар ҷомеаи мо: дар воқеъ чигуна аст ва бояд чигуна бошад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

28 январи соли 2009, барои мардум ва давлати Русия, агар нагўем як рўзи сарнавиштсозе буд, ақаллан метавон гуфт як рўзи муҳимме буд. Дар ин таърих, ҳайати олии руҳонияти ин кишвар, пас аз даргузашти Патриарх Аликсий 2, патриархи ҷадидеро барои тамоми сарзамини Русия ва калисоҳои вобаста ба калисоҳои ортодокси минтақа интихоб карданд.

Ин шахсият касе ҷуз Митрополот Кирилл набуд. Шахсияте, ки аз саводи динии болое бархўрдор аст. Ў илова бар бархўрдорӣ аз саводи динӣ, ҳамчунин огоҳии комил ба як чанд улуми дунявӣ (агар чунин истилоҳе дуруст бошад) дорад. Вай тасаллути комил бар чанд забон аз ҷумла англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва лотинӣ дорад. Бо маорифи Ислом минҷумла Қуръон ҳам ошност. Банда шахсан барномаҳо ва суханрониҳои ўро гоҳ-гоҳе аз тариқи васоили ахбор пайгирӣ мекунам. Инсофан, шахсияти босаводест.

Албатта, хонандаи азиз, суханони ман дар бораи ин шахсиятро, ба унвони имзо ва иқрор бар ҳаққонияти дине, ки ин шахс гароиш ба он дорад, қабул накунад. Ин як баҳси ҷудогонаест. Банда феълан, ба унвони як инсон, аз шахсияте, ки дар дину эътиқоди худ пойбанд, вафодор ва масъулиятшинос аст сухан мегўям.

Сипас, ҳадафи банда аз ҷалби таваҷҷўҳ ба ин баҳс, як чизи дигарест. Мехоҳам бо ин баҳона, баҳсро ба самти вазъи кишвари азизамон Тоҷикистон бикашонам. Вазъе, ки аз як ҷиҳат ба уламо ва диногоҳони ҷомеаи мо ва аз ҷиҳати дигар, ба таомул, рафтор ва куниши давлати мо бо ҷойгоҳи дин ва сарони динии мо муртабит аст.

Огоҳон бо вазъ ва ҷойгоҳи дин ва сарони динӣ ва рафтори давлат ва давлатмадорон бо ин падида дар ҷомеаҳое, ки хештанро эҳтиром мекунад (минҷумла Русия) доранд, медонанд, ки аввалан диндорони мухлис ва вафодор ба мўътақадоти хеш, ба унвони сарони динӣ интихоб мешаванд, на касони мунофиқ, вобаста ва бевафо, ва сониян давлат барои онҳо эҳтиром қоил аст. Ҳаргиз давлатмадорон, “навкарон”-и худро дар маносиби динӣ намегуморанд. Ҳаргиз ашхоси бесавод ва ноогоҳ мутасаддии чунин маносибе намешаванд. Ҳаргиз ин сарони динӣ, хушомадгў ва чоплуси “Раиси Ҷумҳур”, “Вузаро” ва ё “Сарватмандон” намебошанд.

Оре, чунин аст вазъи ҷомеа ва кишварҳое, ки ба худ эҳтиром қоил аст ва ба андешаи пешрафт ва тараққи ҷониби маънавӣ ва руҳии шаҳрвандони худ, дар канор пешрафти модди онҳо мебошад.

Аммо дар кишвари мо Тоҷикистон чӣ? Оё сарони динӣ ва касоне, ки маносиби олии диниро бар ўҳда доранд, аз саводи динии кофие бархўрдоранд? Оё аслан медонанд дин чист? Оё медонанд дин бояд чӣ ҷойгоҳ ва нақше дар ҷомеа дошта бошад? Оё аслан рўзе ҳаст, ки мардуми мо аз забони “Муфтӣ”-и Тоҷикистон сухане дар бораи мушкилоти динӣ ва дунявии ҷомеа шунида бошанд? Ё ин ки мардум ҷуз навкарӣ, чоплусӣ, таърифу тамҷидҳои бемаънои “Давлатмадорони Ҷомеа” аз ҷониби онҳо намешунаванд?

Посухи инҳо барои ҳар касе мисли хуршед равшан аст ва ниёз ба бармало кардани расвоии он нест. Аз тарафи дигар, таомули Давлатмадорони мо бо дин ва сарони динӣ ба чӣ сурат аст?
Оё онҳо мисли давлатмадорони ҷомеаҳои пешрафтаи дигар, ба диногоҳон ва сарони динӣ эҳтиром қоиланд? Оё аслан ба ин андеша ҳастанд, ки “Муфтӣ”-и кишвар бояд босавод бошад, на чоплус ва на касе, ки мисли тўтӣ ҳар чӣ бигўянд такрор кунад?

Оё рўзе шудааст, ки мардуми мо шунида бошад ва ё донад, ки “Муфтӣ” ва соири мутасаддиёни умури динӣ, дар кишвари мо ба чӣ сурат ва ба кадом шакл интихоб ва ё аз кор барканор мешавад?

Имрўз дидем, ки дар Русия (мисли дигар ҷомеаҳое, ки ба худ эҳтиром қоил аст), раҳбари динӣ тавассути як маҷлиси махсусе ва бо меъёрҳои маъқул ва демокротӣ ва бо як эҳтироми азиме аз ҷониби давлат интихоб мешудааст.

Аммо мардуми мо дар ин замина, фақат ҳаминро медонанд, ки як шахсе (ки аслан аз ҳувият ва миқдори саводи ў ҳеҷ хабаре надоранд) “Муфтӣ” ва Раиси Шўрои Уламо таъйин шудааст ва маълум нест чаро ин шахс, на каси дигар мутасаддии чунин мансаби муҳимме интихоб шудааст.

Ин аст мутаассифона вазъи ҷомеаи мо. Албатта ногуфта намонад, ки агар диндоре дар ҷомеаи мо чунин суханоне матраҳ кунад, зуд ба “ваҳҳобӣ” ё “террорист” ва ё “ихлолгар” муттаҳам мешавад.
Умедворем рўзе бирасад, ки мо ҳам монанди дигар ҷомеаҳои пешрафта ва ҷомеаҳое, ки худро эҳтиром мекунад, ба вазъи дин ва ҷойгоҳи он дар ҷомеа аҳамияти бештар бидиҳем.
http://www.kemyaesaadat.com/

9 Responses

  1. http://www.kemyaesaadat.com/index/ кор намекунад?

  2. Нишонии пойгохи мо чунин аст:
    http://www.kemyaesaadat.com

  3. Мухтарам Рустами Субхони!

    Агар Шумо ва дигар муаллифони блогатон хамин тавр ба исломкунонии Точикистон сахм гузоранд, Президентро дар ин самт ба як нул хохед зад. Мехохед, ки агар дар Точикистон сарвари Козиёт як донишманди варзида, доно бошад, корхои хуб хохад шуд?
    Магар хазору чорсадсола окибмонии фикрие, ки тавассути ислом дар кишвари мо пиёда шуд, кам буд?
    Шумо худатон боре хам китоби Куръонро ба забони точики хондаед?
    Бубинед, ки дар хама чо агар он каломи Аллох бошад, у худро «Ман» нагуфтааст. Ба гайри ин ба мисли як араби бадави харф зада ба кух, анчир, шаб ва гайра касам мехурад. Ба ин сабаб Ибни Сино гуфтааст, ки дар як намуди бемории рухи ба назари одам фариштахо менамоянд ва у хаёлан бо онхо гап зада вакте ба холати солими бармегардад, ин хамаро рост мешуморад. Хануз хазор сол пеш Сино таъкид карда буд, ки олам аз тарафи ягон кувваи фавкутабии офарида нашудааст.
    Агар Куръон бофтаи Мухаммад ибни Абдулло намебуд, худо хатман бо назардошти ривочи илми имрузаи мо мегуфт, ки атомхо, хисачахо ва гайра хастанд. Харгиз намегуфт: – Куххоро барои начунбидани замино фаридам. Ва замин бештар дар он чойхо бисёр мечунбад, ки кухистон аст. Хама имруз медонем, ки куххоро вулконхо меофаранд, на худо. Агар худо мавчуд мебуд, баъди хазору чорсад соли даргузашти Мухаммад боре садо мекард: – Эй одамон, ман хастам!
    Ва садои уро тамоми олам мешуниду хама мусалмон мешуданд.
    Мухтарам Субхони!
    Ман журналист ё муаллим нестам, ки аз ин зиёдтар нависам. Баъзан бо мавчгири мохвораи аз TV Channel 6 соати 20-21 суханронии доктор Ризо Фозилиро гуш мекунад. Хар касе, ки ду-се бор уро шунид, хатман ба чунин хулоса хохад омад, ки Куръон аз сафсатта иборат аст. Хайронам чаро Президент пули халкро барои чопи он сарф кард. Агар Точикистон давлати дуняви бошаду у кафили конституция чаро пули халкро ба ин корхо харч мекунад? Магар худи у ба чунин корхои дини ва эълони Соли Имоми Аъзам хамон моддаи дуняви будани давлати точикро вайрон накардааст?

  4. Ба иттилои шумо мерасонам, ки Митрополит Кирилл агенти Хадамоти чосусии Русия аст бо лакаби “Михайлов”. Искуфи аъзам Алексии 2 низ агенти КГБ буд бо лакаби “Дроздов”.

    Агар бовар накунед, ин маколаро хонед. Дар зимн, макомоти Русия ин маколаро рад накарданд.

    http://www.inosmi.ru/translation/246958.html

  5. Ту зи дури дидаи чизе сиёх
    Як кадам по пеш нех бингар сипох!
    Эй саги тоъин ту ъу-ъу мекуни
    Таъни Кур,он ба хар су мекуни! (Мавлои Рум)

  6. Посух ба Рустами Шахринавии xудобехабар!Харчанд,ки лоики чавобгуи нест!
    Ту зи дури дидаи чизе сиёх
    Як кадам по пеш нех бингар сипох!

  7. Бародари кироми Рустам.Матни посухи маро аз чи сабаб нимашро буридй?Политкорректность?

  8. Мо зи Куръон магзро бардоштем,

    Пусти он пеши сагон бигзоштем.

    (Мавлавй)

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: