Окибат Маскав Рахмонро “кидат” кард…

ё чй тавр Медведев сари як пиёла чои самарканди манфиати «шарики» худро зери по кард

А.Ахмадзода, (Шахри Душанбе)

…Самарканди бостони – бузургтарин ва кадимтарин шахри точикнишини Осиёи Маркази дар тули зиёда аз ду хазор соли охир ва аввалин пойтахти давлати точикон баъд аз инкилоби Октябр, президенти Русияро бо хавои барои ин фасли сол нисбатан гарм пешвоз гирифт. Медведев баъд аз он, ки аз зинахои хавопаймо дар минтакаи Боги Баланд поин шуд, нафаси чукуре кашид, ки ин аз назари президент Ислом Каримов пинхон намонд ва у гуфт: «Ба назари ман, аз он чое, ки Шумо парвоз кардед, хавои мо фарк мекунад». Ин суханони президентиУзбекистонро Медведев бо харорат тасдик намуд ва ба суи хамтои узбеки худ ба кавли хабарнигори «Время новостей» Аркадий Дубнов «бо чашмони баркпош» кадам гузошт… Маълум набуд, ки ин хурсандии у аз сихату саломат дидани сарвари Узбекистон аст ё аз ба охир расидани парвози тулони. Зеро пеш аз омадани Медведев дар Узбекистон овозахое хам пахн шуда буданд, ки гуё Каримов бемор аст ва табибони чини барои уро сари по хезондан ва ба пешвози рохбари олимакоми Русия тайёр кардан чадал мекунанд…

Мувофики накша бояд Дмитрий Медведев дар Самарканд хамаги се соат меистод, ки ин ба назари Каримов кам намуд ва у ин андешаи худро дар назди зинаи тайёра иброз намуд. Аммо хамин мухлат хам кифоя буд, ки сарвари Узбекистон ба президент Медведев хамчун муаллими таърих аз юришхои Темурланг ба Хиндустону Эрон ва соири кишвархое, ки ин «мухандиси манорасоз» дар он чо «калламанора» сохта буд ва холо волотарин шахсияти таърихи дар Узбекистон шинохта мешавад, накл кунад. Дар ин муддат Каримов Медведевро бо манзарахои зебои Регистон, Мадрасаи Шердор ва Гури Мир шинос намуд. Агар хонанда гумон кунад, ки президенти Русия Дмитрий Медведев танхо ба хотири шинос шудан ба шохкорихои гузаштагони халки точик ба ин шахр кадам ранча кардааст, сахт галат мекунад. Ин огози сафари давлатии у ба Узбекистон буд, ки аз Самарканд сар шуд ва баъдан дар Тошканд идома ёфт…

…Чаро Медведев барои сафари худ махз хамин вактро интихоб намуд ва чаро талошхои у барои «густариши муносибатхои байнидавлати» дар даврае рост омад, ки ин кишвар бо истифода аз мавкеи чугрофи сохибият ба захирахои бузурги энергетики он сиёсатеро, ки Русия нисбати хамкавмхои худ дар Украина ва Аврупо истифода бурд, нисбати Точикистон истифода карда истодааст? Тавре муфассирони дохилию хоричи таъкид мекунанд, интихоби вакт тасодуфи набуд…

Таври маълум, Гарб баъд аз пахши шуриши Андичон аз Каримов руй тофт. Хатто гуфтахои у нисбати Русия дар мавриди он, ки «Это зло (ИттиходиШурави дар назар аст.Ред.) в другом виде ещё остался», дигар дили Амрикою муттахидинашро ба Узбекистон гарм намекард ва онхо хатто дари кишвархояшонро ба руи Каримову вазиронаш бастанд. Аммо дар байни сиёсатмадорони замон рохбари Узбекистонро хамчун шахсе, ки «дар зери борони сел хам тар намешавад», хуб мешиносанд. Ин сиёсатмадори пуртачриба бозии худро дорад ва як муддат то паст шудани оташи газаби кишвархои гарби ин бозиро бо Русия идома дод. Аммо вакте,ки фурсати муносиб фаро расид ва имкони бозгашт ба «лонаи гарби» пайдо шуд, Каримов аввал аз ширкат дар кори Созмони АвруОсиё даст кашид. Инро дар Русия «лаб зери дандон» тахаммул намуданд. Баъд аз «мочарои газ», ки бо ташаббуси Русия ба мукобили рохбарони «норинчии» Украина рохандози гардид, Гарб ба хулосаи нихои расид, ки Русияро хамчун шарики боэътимод кабул кардан галати махз аст ва аз паи амали гардонидани роххои дигари дастёбй ба захирахои энергетики шуд. Дар Аврупо сохтмони кубурхои газ аз ОсиёиМаркази ва Озарбойчонро то Аврупо, ки каблан ба накша гирифта шуда буд (газопроводи «Набукко») ва Узбекистон хам яке аз ширкаткунандагони он ба шумор меравад, дар вазъияти ба миён омада яке аз ин роххои пешгири аз тахримхои навбатии Русия мехисобанд. Аллакай Булгористон аз гази Русия даст кашид ва минбаъд хар сол аз Озарбойчон 1 миллиард метри куби газ хохад харид. Ин равандхоро албатта дар Русия нодида гирифта наметавонистанд ва дар он чо дарк намуданд, ки фурсати муносиб барои диду боздид ва баркарор намудани муносиботи дучониба фаро расид. Вакти интихобшуда барои Узбекистон ва президенти он хам мувофик буд. Айни замон, кишвари хамсоя ва хамчавор-Точикистон, ки зиндагии мардумаш дар фасли зимистон пурра аз «мехрубонихои» Каримов вобаста аст, дар инхисороти энергетики карор дорад ва ин кишвар хатто ичозаи аз чониби дигар кишвархо (Туркманистон) расонидани баркро намедихад. Каримов аз точикон чи мехохад ва кадом рафтори онхо ин рохбари бозмондаи замони Шуравиро ба газаб овардааст? Чаро у марзхои кишварашро аз хамсоягоне, ки садсолахо бо хам пайванд буданду хастанд бо минахо чудо кардаасту то имруз аз онхо танхо кудакону мардумони мулки аз харду чониб чон медиханду маъюб мегарданд ва то хол ягон «террористи исломи» хохиши дар минахои каримови таркиданро намекунад?

Ба акидаи аксари тахлилгарон ин асрори пасипардагиест, ки онро танхо худи у медонад. Аммо зохиран сухан дар бораи имзои санад дар мавриди эътирофи сархади байни ду кишвар ва сохтмони неругоххои оби дар дарёхои Точикистон меравад. Ин казия чанд сол боз идома дорад ва Русия низ худро яке аз чонибхои ин бахс мешуморад. Хануз дар огози истиклолияти Точикистон Покистон дар мавриди сохтмони неругохи Рогун кумаки худро пешниход намуда буд. Аммо Русия «шарики стратегии» худро бовар кунонд, ки «бехтараш девор ба дарун афтад» ва худи русхо ин неругохро барои «дустони точикашон» (ибораи Елсин) месозанд. Албатта, он вакт Узбекистон гарбгаро буд. Аммо на дар замони хукмравоии у ва на дар замони Путин, ки хатто Дерипаска- сарвари «РусАл»-ро барои тасаллои дил ба Точикистон фиристод, касе дар мавриди ин сохтмони барои «дустони точик» хаётан мухим дастро болои даст нагузошт. Хукумати Точикистон мачбур шуд, барои сохтмони ин неругох такя ба худ ва халки худ кунад ва ё аз кумаки дустони вокеи истифода барад. Замоне вакте, ки Британияи Кабир истиклолияти миллии вассалхои худро эътироф менамуд, ба шахрвандони ин кишвархо ичозат дода шуд, ки хамчун сокинони комилхукуки Англия аз хамаи хукукхо бархурдоранд ва барои пешрафти иктисодии онхо кумак расонд. Холо хам ин кишвархо аз он ифтихор мекунанд, ки замоне бо англисхо дар як давлат мезистанд…

Президентони Русия ва Узбекистон дар Тошканд ба гайр аз муносибатхои дучониба боз масоили вазъи кишвархои хамсояро низ мавриди таваччух карор доданд. Гумон мекунед, ки чониби Русия Тошкандро сари инсоф даъват намуд ва баркарор кардани муносибатхои оддии хамсоягиро бо Точикистону Киргизистон маслихат дод? Таваччух кунед ба изхороти якчояи Медведев ва Каримов дар мавриди сохтмони неругоххои барки оби дар ин кишвархо: «Сохтмони иншоотхои гидроэнергетики бояд бо назардошти манфиатхои хамаи кишвархои минтака,ки дар хавзаи дарёхои сархадгузари Осиёи Маркази вокеанд ва дар асоси меъёрхои эътирофшудаи байналмилали сурат гиранд». Ба назар чунин мерасад, ки дар ин суханон ягон гуфтаи нодуруст ва нофахмо нест.

Точикистону Киргизистон, ки сохиби обхои ин минтакаанд низ чонибдори ин гуфтахо хастанд. Вале, ки манфиати ин кишвархоро зери пой карда истодааст ва ки онхоро дар фасли зимистон мавриди инхисороти энергетики карор медихад? Ки оддитарин шартхои хамсояги ва инсониро фаромуш карда дар рузи бад шароити зисти мардуми хамчаворро, ки асрхо пахлуи хам бе ягон мушкилот мезистанд боз хам бадтар мекунад? Чаро газу нафт, ки онхо низ аз зери замин мебароянду доди худоянд захираи табии як кишвар хисоб мешаванду оби кишвари дигар бояд моли хамагон бошад ва ба фоидаи сохибони худ кор накунад? Ки хулосаи коршиносони холиси байналмилалиро дар мавриди барои кишвархои поёноб безарар ва хатто фоидовар будани сохтмони неругоххои сохташавандаро эътироф намекунад? Албатта, чаноби Медведев чавоб ба ин саволхоро хуб медонад, аммо руирост гуфтани он алхол ба фоидаи кор нест ва хамсухбати худро ранчондан намехохад. Ё дар Русия чунин мехисобанд, ки барои «дусти хакики» шудан бояд аввал як муддат «дар чомаи душман» буд?
Дар мавриди эътимод ба чаноби Каримов ва риояи муохидахои имзокардаи у хатто сиёсатшиносони худи Русия хам шак доранд. Тавре, ки сиёсатшинос Михаил Виноградов аз «Фонди сиёсатшиносии Санкт Петербург» мегуяд: «Узбекистон…хамеша вобаста ба вазъият байни Русия ва Гарб калаванда бокй мемонад»

Албатта ба ки бовар карданро президенти Русия бехтар медонад ва ин кори уст. Аммо точикистониёнро ин ташрифи чаноби Медведев ба хамсоякишвари мо ва гуфтахои у бояд то андозае хушёр кунад. Зеро он метавонад паёмадхои ногуворе низ бо худ дошта бошад.

Тавре, ки аз гуфтахои рохбарони Точикистон бармеояд, кишвар новобаста аз тахаввулоти дохилию беруни ва кризиси умумичахони сохтмони неругоххоро идома доданист. Ин мукобили хохиши кишвархое,ки сохтмонхои мазкурро намехоханд рафтор кардан нест, балки иншоотхои хаётан мухим барои мардуми ин кишвар аст. Минбаъд Точикистон бе сохтани неругох ягон мушкилоти худро хал карда наметавонад. Аз чониби дигар, чаноби Каримов дар пешрафти Точикистон «сахми беандоза» дорад. Мушкилоти коммуникатсионие, ки аз чониби хамсояхо ба сари кишвар бор шуд, онро мачбур мекунад, ки роххои алтернативии баромадан аз бумбастро чустучу намояд Точикистон дар ин моваро аллакай тачриба хам дорад. Вакте, ки рохи байни Шимолу Чануби Точикистон, ки дар фасли зимистон аз тарики Узбекистон буд, баста шуд ва ин икдом хадафхои сиёси хам дошт, точикон мачбур шуданд сохтмони туннели Анзобро бо ёрии дустони хоричии худ дар кутохтарин муддат ба итмом расонанд ва як мушкили худро осон намояд. Бо кумаки чинихо ин рох ба стандартхои байналмилали мувофик гардонда шуд. Минбаъд сохтмони рохи охан аз тарики Хироти Афгонистон ба Эрон ба накша гирифта шудааст. Дер ё зуд кишвар ба хамаи хадафхои иктисодии худ мерасад, аммо онхое, ки ин пешравии моро намехоханд ва ба кавли профессори Донишгохи Милли Наврузов ба «бахилии сиёси» машгуланд, чи кор хоханд кард? Боз «шарикони стратегии» моро ба мукобили мо истифода мекунанд?

«Марди танхоро ханчари тез мебояд» мегуяд нависандаи чахоншумули догистони Расул Гамзатов. Оё дар холати ба миён омадани мунокишахо мо метавонем марзу буми худро, мардуми худро, мукаддасоти миллию фархангии худро химоя кунем? Хосса дар мавриде, ки ин «шарики стратегии» мо манфиатхоямонро ба як пули пуччак хам намегирад ва тайёр аст хар лахза аз он гузар кунад…

…Вактхои охир президент Медведев ва сарвазир Путин(ба гуфти муфассирон рохбари вокеии имрузаи Русия) вобаста ба «мочарои газ» оид ба чахони кардани нархи манбаъхои энергия зиёд хадс мезананд. Масалан онхо гази худро ба кишвархои сохили Балтик бо нархи зиёда аз 500 доллар ба савдо мезананд. Дар Тошканд низ як муохида оид ба харидани (на транзит!) гази узбеки аз чониби ширкати «Газпром»-и Русия ба имзо расид. Ин газро минбаъд худи Русия ба кавли рохбаронаш «бо нархи чахони» хохад фурухт. Ин кори Тошканду Маскав аст, ки бо кадом нарх мехаранду бо кадом нарх мефурушанд ва аник, ки аз ин шартнома «Газпром» фоидаи зиёде мебинад. Харчанд, ки ба ин шартнома низ эътимоди зиёд бастани Русия аз назари тахлилгари «Маркази омузиши равандхои сиёси дар ИДМ» Алексей Власов барвакт аст. У мегуяд: «Новобаста ба он, ки Каримов ба Русия чи мегуяд, у аз сохтмони кубурхои алтернативи даст нахохад кашид». Аммо чаро Русия дар мавриди «нархи чахонии» истифодаи пойгохи низомии худ дар Точикистон ва ё бо арзонтарин нарх харидани пойгохи назоратии «Окно» ягон харф намегуяд? Агар хар метр замини мавриди истифодаи бузургтарин пойхи низомии Русия дар хорича-дивизияи 201карор гирифта бо ин нарх хисоб карда шавад, барои сохтмони неругохи «Рогун» на Дерипаска лозиму на ваъдахои дуругини Русия.

…Хануз хам баъзе аз намояндагони хизбхои сиёсии мо нисбати Русия ва шарикии у бо мо хушбин хастанд ва «исботи исботшударо» мехоханд. Онхоро то андозае фахмидан мумкин. Кас намехохад,ки ба зуди аз чизе, ки солиёни зиёд ба он имон дошт, даст кашад. Аммо хакикати хол дар он аст, ки на мо даст кашиданием,балки онхо аз мо даст кашиданианд ва инро бо рафтори худ хар лахза таъкид мекунанд. Аммо мо фахмидан намехохем ва тайёрем мисли гусфандон аз паси «бузи провакатор»(бузе,ки барои ба кушишгох бурдани гусфандон дар кушишхонахо истифода бурда мешавад) канда нашавем ва то охирин лахза бо у бошем. Харчанд,ки медонем, дар лахзаи вопасин у аз дарича берун мераваду мо бо теги бурро дар ру ба руямон яккаю танхо мемонем…
Пас, оё вакти он нарасидааст, ки ба хаводиси атроф вокеъбинона нигарем ва ба гуфтаи як сиёсатшинос «Кутбнамои худро дигар кунем»?

…Нонхои зебою хушлаззате, ки садсолахо инчониб дар Самарканд пухта мешаванд, хислате доранд, ки онхоро дар макони дигар бо хамон рангу лаззат пухтан имконнопазир аст. Мегуянд, ки Темури Ланг пас аз забти Хиндустон нонвойхои самаркандиро хатто бо танурашон ва орду оби ин макон ба он чо бурдаасту аммо боз хам нони самаркандиро пухта натавонистааст. Оё он тасмиму тархрезихое, ки Медведев ва Каримов дар вохурии худ ба анчом расониданд, дар чои дигар хосиле ба бор меоварда бошад?

3 Responses

  1. Salom khele makolai bamavrid. Dar khotiram hast badi imzoi sozishnoma bo Rossiya dar borai hamkori va vadai 2 milliarddolarai Rossiya hukumatdoroni tojik gufta budand ki soli 2009 Tojikiston ba kuvvai barki khudi purra tamin meshavad zero to on vakt Rogunro bunyod khohand kard. Hama khursand bud. Lekin Ustodonamon guftand ki soli 2009 vaz badtar khohad shud ku behtar ne. Oyo dar sozishnoma hukmhoye ki Tojikiston muvofiki on Rossiyaro ba Mahkama kashad vujud nadorand ? In khatohoi asosii most ki umuman az hukuki baynalmilal bekhabarem va hej mohiyati sozishnoma imzokuniro namefahmem. Az on 2 milliardi vadashuda bovari doram ki 500 millionasham ba foydai Tojikiston nashud. Umuman Rusho az avval moro fireb doda istodaand. Dar asl gunahkor khudi mo hastem dar sohahoi siyosat va hukuki baynalmillali hej tajrubaye nadorem. Aknun vakti bedori rasidaast. Boyad Hukumatdoron az payi daryofti dustoni stratejii nav boshand. Hatman boyad diviziyayi Rushoro boyad rond. Onho har moh be in ham hazorho muhojironro meronand bo 100 hoyashonro mekushand. Boyad chunin sharte guzosht ki agar yak tojik az Rossiya ronda shavad yak askar az Tojikiston ronda meshavad Agar yak tojik dar Rossiya kushta shavad 10 askar ronda khohad shud. Bad rusho mefahmand. Ham aknun vakti nakd omada rasid. Aknun boyad tanho bo puli nakd sozishnoma imzo boyad kard Chunki bovari ba Rushoi duruya hej namondaast. Ba dikkataton tashakkur

  2. Что Мы за люди Таджики? Начинаем хвалить такого Палача как Рахмон.Он же уничтожил и продолжает уничтожать таджиков . Он виновник всех Наших бед. Теперь из ваших комментариев выходит что он Герой? Просто потому что отказался ехать в Россия? Может он был в запое. 17 лет нищеты и бездарного правления Рахмона Вам недостаточна?Благодаря Рахмона мы превратились в Равшанов и Джамшудов. Мы-таджики главная тема шуток и издевок всех народов бывшего СССР. Кто нас довел до ЭТОГО? Не Рахмон и его ДАНГАРИНЦЫ?
    Скорее всего скажете что хватит МАХАЛГАРОИ. Да хватит ! Но кто ГЛАВНЫЙ МАХАЛГАРО ? Не САМ ЧАНОБИ ОЛИ?
    И смех и грех. Вдруг все заговорили о государстве о роли Рахмона как символ Таджикистана . И возмущаетесь что ему не нашлось место в ПРЕЗИДЕНТ-ОТЕЛЕ?Надо же!!!! Какие мы патриоты !!! Ведь из-за Него вся нация превратилось в нищих голодных бача и наркобаранов.Вся УЖАС правления Рахмона вы увидите еще через 10-15 лет. Когда вырастут Армия тупых безмозглых молодых таджиков которые нигде не учились и кроме ТЕЛЕГИ -АРОБАКАШИ ничего не знают. Вот тогда ….
    Пока не поздно надо Всем Нам думать…

  3. SALOM BARODARONI TOJIK!
    MO BOYAD AZ YAK JOMEAE XABARDOR BOSHEM, KI IN JOMEARO DAR MAMLAKATHOI GARB, JOMEAE SHARVANDI MENOMAND. MO BOYAD BUNYODGARI IN JOMEAI SHARVANDI DAR TOJIKISTON BOSHEM. AGAR SHUDU MO IN JOMEARO BARKAROR SOXTEM MO DIGAR NAMEGUEM KI HUKUMAT IN KORHORO BA MO NAKARD…HUKUMAT HAMON KORHORO BA MO NAKARD…HOLO ON KI MO BA XUSHI MEDONEM, KI CATHI IQTISODII TOJIKISTON DAR KADOM CATHI HAST..

    MO GUFTA NAMETAVONEM KI TAQDIRI HUKUMATI TOJIKISTON YAK SARNAVISHTE DORAND, MABODO VAXT MEBIYOAD HUKUMAT RU BA TANAZZUL MENIHAD VA NECT MAGARDAD….VA MARDUM KASHSHOQ AZ GURUSNAGI MEMURAD…AGAR JOMEAI SHARVANDI BOSHAND AZ MO MARDUMRO TAMIN MUKUNAD..

    MAN AZ SIYOSATMADORON, AZ HUQUQSHINOSAN VA ONHOE KI DONISHHOI SIYOSI DORAND XOISH MEKUNAM, KI CHI DAR MAKTAB CHI TAR DONISHGOH BAROI TALABAGON VA DONISHJUON DAR BORAI JOMEAI SHARVANDI MALUMOT DIHAND TO ONHO AZ IN XABARDOR GARDAND.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: