Номаи дигар аз махбаси Русия

ilhom1Ассалому алайкум бародари азиз Рустамчон. Мо точикон аз зиндони Русия ба шумо менависем. Мо зиндониён ба шумо ахсани бисёре гуфтани хастем. Аз тарики сайти шумо бисёр хабархои мухимро мехонем ва мебинем, ки дар Точикистони азизи мо ходисахо рух додаанд. Бахусус аз рафтору кирдори ,мухтарам чаноби оли! Вой бар холи он миллате,ки сохиби чунин сарвар аст! Вой бар холи точикону Точикистон!

Аз шумо илтичо дорем, ки бисёртар маколахо дар бораи сатхи зиндагии ватанамон нависед. Бо эхтиром хамватанони зиндонии шумо.

Advertisements

5 Responses

  1. Бародарони чону чигари махбасии ман!

    Медонам, ки аксари кулли шумо бе ягон гунох ва хатто шояд танхо бо гунохи рус набудан шабхои дароз ва рузхои сиёхро дар зиндони Русия аз сар мегузаронед ва руз хисоб мекунед, ки кай озод мешуда бошед.

    Худи русхо барои афсари низомии худ Буданов, ки духтари чеченро дуздида, шиканча дода кушта буд, митингу намоишхо карданд ва окибат уро аз махбас берун кашиданд. Барои даххо хазор точике, ки ба милиса пул надод ё хамчун инсон рафтор кард ва ё гунохи дуругро ба гардан нагирифт, хеч кас (!) на дар Точикистон ва на дар чои дигар садои эътироз баланд намекунад. Шумо бесохибонед, бародарони ман!

    Ман аз номи хамаи точиконе ки дар озодй мегарданд, вазиру сафиранд, хатто аз номи Рахмони ношуд аз хамаи шумо узр мепурсам. Бубахшед, ки хеч кас, ба гайри аз наздиконатон ба фикри шумо нест. Медонам, шумо нагз мефахмед, ки имруз тамоми миллати точик бесохиб аст, чи монад ба онхое, ки мисли шумо ба зиндон афтодаанд. Намедонам, кай сохибони хакикии миллат президенту сафиру раису кабир мешаванд, то ба дарди дигарон хам бирасанд. Ё кай шикаму чашми инхо сер мешаваду дигаронро хам одам хисоб мекунанд. Аммо орзу дорам, то он руз хамаи шумо ба озодй бароед ва аз хавои озод нафас кашед.

    Гунохи моро бубахшед. Ягона рох ру ба киблаи Худованд биёред ва порсову пархезгор, поку озода рафтору гуфтор кунед, тифоку муттахид бошед ва ба некй аз ин рузи сахт начот ёбед.

    Ман ба шумо озодй орзу мекунам. Дар панохи Худо бошед. Бинависед, хар чи мехохед гуфтан ё расондан.

    Ба гуфти Точвар – Сарбаланд бошем!

    Рустами Субхонй

  2. Rustam Barodar salom ! ya chiro fahmidanium ki hamin khudut barodar dar hakikst vatanmona dust medori in patriotiat rostai yo reklamma hamira anik kun barodar agar hama vatanmona fikr kunan in khubai lekin hami gapoi khudta mekhonum khele gapoi obdor ,,, namedunum rost yo ne. Tashakur!

  3. Салом Саидчон!

    Ман ватанро беш аз харваката дорам дусттар! Агарчанде ки на бехтарин рузхои чунин ишке ба ватан аст.

    Бародари азиз, ман намедонам дуст доштани ватанро бо чи далеле бояд исбот кард ва аслан зарурат дорад, ки ман инро исбот кунам.

    Хуб, як чиз бароят мегуям, ки ман агар сухане менависам ё номаи бародару хохареро ба нашр мерасонам барои ягонтаи аз ин корхо аз касе чизе барои фоиидаи худам намехохам. Ва шиори ман ин аст, ки хар руз як кори хурде хам бошад барои ватанамон бикунем.

    Нашавад, ки ягон вакт наслхои ояндаи миллати мо бигуянд, ки гузаштахояшон ин кадар гусфандтабиат будаанд. Мехохам онхо фахманд, ки мо вазъиятамонро ху мефахмидем, гам мехурдем, лекин хеч кори асосие аз дастамон намеомад.

    Бигзор онхо бихонанду бифахманд, ки чи вокеахое аз сари мо мегузашт.

    Агар суханони маро рост фикр мекунй, ихтиёр дорй, агар не, ин хам хакки туаст бародар…

  4. Вакте ки хатто аз махбасхои Русия «мухтарам чаноби оли» менависанд, ба ин хулоса меой, ки ин миллат харгиз одамитинат намешавад!
    Афсус.

  5. салом бародарони ватандусти ман дар урфият мегуянд тоагар шамол нашавад дарахт намечунбад ин кори шумо хатост дар мусулмонгарихам рост намебиёд ки як муъмини дигареро сиёх кунед яъне чаноби оллиро то чое ман маълумот дорам аввалин точикест гами миллаташро мехурад айб дар начандон вазирон аст шумохам конунро вайрон кардед бигзор ба гунохоятон сазо гиред

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: