Зиёиён — махалгароёни асосй

Хонанда (шахр ва зодгох — номаълум, миллат — точик)

Хангоме, ки ман дар хоричи кишвар тахсил мекардам, барои ман Точикистон хамрох бо хама мардумаш, бо хоку сангаш, бо кишлокхояш, бо гахворахояш як мафхуми мукаддас буд.Вале чун ба ватан баргаштам, рузхои аввали кор бо нимашухихои батакрор ба ман фахмонда доданд, ки ман фалончоиям, на беш аз он. Ва медонед ки маро мачбур кард, ки худро фалончои хис кунам, на точикистони? Афроди мактабхондаву донишманд, яъне зиёиён.

Ва хулосаи ман тайи чанд соли зиндаги дар Точикистон ин аст, ки ашаддитарин махалгароён дар Точикистон зиёиёни онанд, азчумла журналистони он, яъне аксарияти мову шумо. Ва ин марази махалгарои то андозае моро фаро гирифтааст, ки моро кариб кур кардааст.

Бовари дорам, агар холо ман зистгохамро дар ин сахифа ифшо кунам, вокуниши хамин 5-6 нафари шумо хархела хохад буд. Ва маро боре нодида нафаре, ки «хамшахри»-и ман аст, нисбатам хушбин хохад буд, ва касе, ки зодгохаш ду кух онтарафтар аст, маро «бегона» хис хохад кард.

Биёед бо ин мараз мо чанги милли эълон кунем. Аввал ин маразро дар худ бикушем. Алайхи ин мараз як харакати милли пиёда созем. Махалгароёнро дар байни зиёиён ифшо кунем ва барои хурдтарин нишонаи махалгарои гунахкоронро дар чомеа бадном кунем. То ки аз ин ба баъд мардум аз махалгарои мисли марази махуф канорачуи кунанд.

6 Responses

  1. Махалгороён ва миллатчиён – айён кофиранд!!!
    Нажодпарастон- хизматгорони Иблис хастанд.

    Мо на ориёием!!! на туркистонием!!! Мо муъминем-
    ва куллии Муъминон бародаранд.
    Зеро тамоми муъмину мусалмонон- аз миллати Иброхиманд (алайхиссалом) . Галабаи Ислом- миллатгароиро аз байн хохад бурд. Иншоаллох он руз наздик аст.

  2. Бехтарин андеша!

  3. Самир,

    Агар дунболи миллати Иброхим мегардй, сар аз биёбонхои Исроилу Фаластину Арабистон дар хохй овард. Агар бар ин адешаи хом хастй, ки точикон аз миллати Иброхиманд, кур хондаи. Точикхо эронй буданду мемонанд ва аз кавми Ориё буданду хастанд. Ба хар тазвире бихохй даст биёзй, дастат кутох хохад шуд, ба умеди Худо.

  4. Галабаи Ислом ин холатро бехтар нахохад кард. Ба Эрони имруза бингаред 😉

  5. ба Tabar ,(ё шояд Tabar-мусалмон дурустар аст),
    Бо «ориёи» (шубхаи зиёд) буданат – чи бартари дори аз на»ориёи»???
    Ба гайр аз кибру гурури пуч-ягон чиз!!!
    Бо ин аъкида ба кавму наджод неву хатто ба махалу кучаву хавливу хучра чудо шуда мерави.
    Аммо афсус мафкураи касе ки мавхуми субъективиро аз объективи фарк намекунад, нокис аст ва ин бахсро бо ту идома додан мушкил аст.

    танхо фахмонданиям ,ки !!!Миллати Иброхими!!! – ин «миллати»
    кавми арабу яхуд нест, балки мавхуми дини ,ки бародарии муъминонро аз Оли Иброхим(а) далел аст. Кабулаш надори –
    ихтиёрат, дар дин мачбурият нест.

  6. Самир,

    Дакикан – Табармусалмон, мисли ту ва тамоми точикхои дигар. Аз хакикати таърихй чои гурез нест.

    Дин акида аст ва онро мешавад якшаба иваз кард. Мисли гузаштахои мову ту, ки карданд. Аммо ирку миллату нажодатро наметавонй тагйир дихй. Пас мафхуми «миллати иброхимй» (???) хеле пучтар аз мафхуми «ориёи» аст ва аслан вучуди хоричй надорад.

    Иброхим сомй аст ва танхо марбут ба сомиёне чун арабу яхуд. Мо – эрониёнро бо Иброхим ё Абраам коре нест. Танхо сомишудагон метавонанд дар бораи у хаёлхои пуче дар сар дошта бошанд.

    Ру овардани мо ба исломи сиёсй чизе чуз бадбахтй дар пай нахохад дошт. Намунаи он – хамаи кишвархои исломии чахон.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: