Президент чй гуна — мушовираш намуна

А. Раҳимзод (шаҳри Хоруғ)

Замоне ки аз ҷаласаи солонаи ҳукумат ва ё ба қавли ҳамандешон «президент-шоу» лаҳзаҳои титу пит кардани кадрҳои ҳукуматро тамошо мекардам, шунидани ба вазифаи нав таъин кардани Муҳаббатшо Рӯзадоров маро моту мабҳут сохт. Сари андешаи он рафтам, ки вой бар ҳоли илми тоҷик ва дар ҳақиқат ҳам арзандатарин олимоне, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам бори гарони илмро мекашанд, агар чунин шахс сарпарасти онҳо гардад. Ин шахсест, ки худ дар тӯли 30 сол дар донишгоҳ гӯё дарс дода, (дар асл файласуфатарошй карда), натавонист ҳадди ақал рисолаи номзадӣ ҳимоя кунад, имрӯз аз боби илму технологияи муосир ба Президент машварат медиҳад.

Нокомиҳои ӯ дар илм чунон ба ҷону дилаш зад, ки роҳи дигарро пеш гирифт. Аз ин баъд дар ҳар маъракае бо овози ҷарангдораш матнҳои навиштаи дигаронро нарезондаю начаконда мехонд. Боре бахт ба рӯяш тобид, ки дар як ҷамъомади ҷашни худи Ҷаноби олӣ ширкат дошт. Ба президент, ки худ нисфи умраш барандаи ҷамъомадҳо буда, маъкул афтод ва зуд аслу насабашро пурсида, худи ҳамон лаҳза аз рӯйи демократияи тоҷикӣ ба вазифаи муовини раиси ВМКБ ӯро таъин кард. «Ин давра хуб давра», гӯён Рӯзадоров дар тӯли каме бештар аз як сол аз ин мавқеият истифода (дар асл сӯистифода) карда, дар ин муддати кӯтоҳ аз ҳисоби сохтмони беморхонаи вилоятӣ ва чандин мактабҳо барои худ як хонаи пурҳашамати сеошёна бо ҳавлӣ ва гараж сохт. Бояд гуфт, ки то ин замон ӯ бо оилааш дар як ҳуҷраи хобгоҳи Донишгоҳи Хоруц мезист. Ба қавли худи ӯ ки мақоли маъмулро тацйир дода мегӯяд, «Президент бтата- метата» амал мекунад.

Ҳоло маълум нест, ки то чанде президент ӯро дар атрофи худ нигоҳ медорад, вале аниқ аст, ки таи ин муддат ба соҳаи илми бе ин ҳам дар вазъи душвор қарор дошта боз як зарбаи дигар мерасад. Вале чи ҷойи таассуф, ки ба қавли маъмул Падар чӣ гуна- писар намуна. Дар ин сохтор ба касони ғайр (доно ва ватандӯст) ҷой нахоҳад буд, то замоне, ки …

4 Responses

  1. Аслан хуб хаст, ки у дар Бадахшон истода, дар лафз точики асил будани худро доимо хувайдо менамояд. Аммо баъзе аз холдонхо мегуянд, ки “аз пурдонияш шизик шудаги, дар кучахои Хоруг худ ба худ гап зада мегашт”.

  2. Агар дар хакикат хоста бошем, ки руйхати махалгароёни Точикистонро тартиб дихем дар чои аввал бояд Эмомалй Рахмон гузошта шавад, зеро вай харчанд дар забон аз таъриху фарханг ва имрузу ояндаи миллат гап мезанад, дар амал танхо ба доираи хурди хамкишлокихояш такия мекунад ва танхо онхоро одам хисоб мекунад.

    80 дарсади махалгарой дар кишвар аз дасти хамин шахс аст, ки окибат Точикистонро ба нобудй мебарад.

  3. МИД РФ осудил Таджикистан за критику Дмитрия Медведева
    10:01 29.01.2009

    Посол Таджикистана в Москве Абдулмаджид Достиев во вторник вечером был вызван в МИД РФ на беседу по поводу ноты таджикского внешнеполитического ведомства, направленной 28 января в ответ на заявления президента РФ Дмитрия Медведева во время его визита в Узбекистан. Об этом утром в четверг пишет газета “Коммерсант” со ссылкой на источники в таджикском посольстве.
    Как сообщает издание, послу, в частности, указали на неприемлемость подобных действий в рамках отношений между двумя странами, а также напомнили, что любые комментарии высказываний первых лиц иностранного государства не соответствуют дипломатической этике. Тем более, подчеркнули в беседе с Достиевым представители российского МИДа, заявление президента Медведева не было направлено против Таджикистана.

    Напомним, поводом для недовольства таджикской стороны, выразившегося в ноте МИДа Таджикистана, послужили высказывания Медведева, в которых он указал на необходимость учитывать интересы всех соседних государств Центральной Азии при строительстве гидроэнергетических станций в регионе. Президент РФ также подчеркнул, что в случае нарушения этого правила Россия откажется от участия в подобных проектах.

    Таджикская сторона восприняла слова Медведева как лоббирование интересов соседнего Узбекистана, где в тот момент с визитом и находился российский президент. В МИДе Таджикистана, в частности, тогда удивлялись “несоответствию выступления Медведева в Ташкенте и его заявления, сделанного в ходе визита в Душанбе”.

    Источник – Лента.Ру
    Постоянный адрес статьи – http://www.centrasia.ru/newsA.php?st=1233212460

  4. Нашавад, ки аз хамон мафиозхои шахраки Хоруг боши рафик Рахимзод А, ки Рузадоров дар вакти муовин буданаш барои сохтани хонахои бохашаматат “отказ” навиштай. Кина гирифти, кахрат омад? Бояд фахр кард, ки хамшахрият хам ба ин мансаб сазовор дониста шуд! Пас дар бораи дигар нафарон ва мансабгирии онхо чи чои харфе! Вой бар холи хамин гуна нафарон амсоли Рахимзод – беномус ва гумзада!!!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: