Номаи захролуди як наммом

Унвонии мо чунин нома расид, ки бисёр ноумедкунанда аст, вале ба назар мерасад, идеолужики хоким бар Точикистони кунуниро ифода мекунад:

Заррае боварй надорам, ки мактуби маро дар сахифа мегузоред, лекин онро барои он мефиристонам, ки бихонеду бидонад, ки барои шумо чи гапи гуфтанй дорем. Хамаи максаду манофеъи шумо аз бахси атрофи Би-би-си кор ёфтан ба хамшахриятон Дорюши Рачабиён аст. Пас чаро пустканда намегуед, балки дигаронро айбдор мекунед. Аз аввалин навиштахо ва ишорахое ки дар он буданд, ман инро фахмидам ва ба дустонам гуфта будам, холо истед, номи ин шахс руи об мебарояд ва баромад.

Холо пурра маълум шуд, ки сайти шумо хамон сайти махалгароёни шимолист ва бояд ба ягон гапи шумо бовар накард. Президентро хам мехоед, барои хамин аст. Махалгароед шумо хамагй! Вале бидонед, ки Дорюши шумо ба он чо рох намеёбад, зеро на танхо баёнкунандаи мавкеъ ва шуури халки точик нест, балки аслан аз он дур аст. Хамагии шумо дуред. Акнун навбати мост ва дигар ягон шимолй наметавонад баёнкунандаи дарду армони миллати точик бошад. Солхои зиёд хама чиз ба дасти шумо буд, чй кардед? Акнун бигзоред мо бикунем ва шумо факат бубинед, ки мо то кучо мерасем.

Ба Би-би-си хам даркор шавад одами худро мегузорем ва дорем. Хамаи шумо бояд хап бишинед. Чй даркор аст, халки моро аз рах задану аз оби лой мохй доштан. Вакти чануб расид, шимол бояд хап бишинад ва кори братишкахоро бинаду кайф кунад. Зинда бод чануб — асолати хакикии миллати точик!

Ёрони хамандеш, ростй инаш дигар ниёз ба шарху тафсир надорад. Тавре мегуянд: No comments…

21 Responses

  1. Subh ba khayr,

    rosti namedonam nomi in “barodar” chi boshad. Mumkin khudi in barodar “Chi” boshad na “ki”. Man Doriushro ghoibona meshinosam va to hol namedonam, ki as kadom gushai Tojikiston ast. Baroi man u yak Tojik ast va bas.

    Badbakhti dar on ast, ki aksari Tojikon chun in “Barodar” fikrroni mekunand, agar umuman fikr ronda tavonand. Ba in toifa boyad rahm khurd, chun onho rahgumzada, johil, bakhil va pusida hastand. As sukhanoni onho bui bad meoyad, bui mahalgaroi, bui notavonbini va bui murdor.

    Khok bar sari tu janubivu va khok bar sari shimoliyon, ki yak millatro ba dami teghi Uzbakon doded va imruz Shumo bayonkunandai armoni in millat? Shumo kudakoni ba dunyo naomadai in Millatro dar batni modarashon kushted! Shumo dehahoi vakhyoro bo tayorahoi Uzbakon bombaboron karded! Magar inhoro faromush kardi? Shumo yak Millati bofarhangro ghulomtabiat va arrobakash karded! Safsataatro dar joe guy, ki tu va ba tu monandhoro nashinosand va nadonand, ki Shumo “chi” toifaed!

  2. Хеле афсус, дустони азиз. Мо миллатро барои васл кардан омадем, аммо баъзехо боз миллатро фасл кардан мехоханд ва ба шимоливу чанубиву шаркиву гарби таксим мекунанд. Ин мафкураи тамоман хатост ва аз махалгарои хатман бояд даст кашид, азизон.

    Барои пешрафти Ватану миллат ошкоро бахс кунем, рохи дуруст бичуем ва бо дасти хамдигар кишвари худро ободу обруманд гардонем. Ин аст максади ягонаи мо, на сарвату мансабу чанчол ва чанубиву шимоли гуфта шиштан. Миллат орому обод бошад, мо хам осудаву сарбаланд хохем буд. Ватанро бо Сугду Хатлону Бадахшону Раштонаш хамаги баробар дуст дорем ва мефахрем бо зебогиву лахчаву расми хоси хар яки онхо.

    Ба ин чиз эътикоди мо бенихоят аст ва бовар дорам, ки он рузхои некро мо хамрох ва наслхои ояндаи мо хатман хохем дид.

    Ва Дориёши Рачабиён як фарди ватандуст ва рушанфикри миллат аст, ки хар яки мо барои захматхои кашидаи у ба хотири манфиатхои миллиамон бояд сипосу эхтироми зиёд дошта бошем. Саломат бошед, Дориюши гироми.

    — Ботур Косими (Истаравшан)

  3. Афсус ки холо хам дар ин мавзухо бахс мекунем. Бас аст махаллачиги кардан ва гунахгор кардани якдигар. Чи шимоли, чи чануби, чи гарбу, чи шарки хама гунахгорем, асос гунохи мо ин махалачигист. Аз дасти пантуркони шимоли дар аввалхой асри 20 шахрхои таърихи худро аз даст додем. Аз дасти чанубу шарки дар солхои 90 хуни ягдигарро рехтем. Оё хамаин латофати махалачиги ва чашми дидан надоштани ягдигар нест?
    Нишон додани форснажод будани точикон аз тарафи ВВС, барои ман онкадар мухим нест. Оё инглизе ки барои чудо кардани форсхо ба чндин давлат талоши зиёд додааст, боз дубора як будани ин халкро кабул хохад кард?
    Бехтар мебуд фишор меовардем то телевизиони форсизабонон, ки Эрон, Афгонистон, Точикистон карор дода буд, ба зуди кушода мешуд. Бародарон аз ВВС Форси ТВ хеч вахт интизори нишон додани Точику Афгону Эрони хамчун як миллат набошед.

  4. Дориюш,

    Ин гуна навиштахо комилан Шуморо набояд афсурда ва ранчур кунад. Комилан ахаммият надихед.

    Барои ман ва даххо нафари дигаре ки Шуморо мешиносанд, Шумо як хамватани мо – як точики бофахру бонангу номус хастед.

    Мо фахр мекунем, ки чунин як хамватани донишманд дорем.

    Ман намефахмам, чаро нафаре намехохад ки ба чойи кадом як эрони е пашту як точики хамватанаш дар як чойи обруманде кор бикунад ва чойе хам агар тавонист барои Ватанаш хидмат бикунад.

    Магар агар хамин точикони ББС намебуданд, ое сафхаи сирилликашро рохандози мекард? Агар хамин сомонахои Озоди ва ББС набошад, ое танхо бо хамон сомонаи Чумхурият ва Ховар хохед иктифо кард? Бо хамон ТВ Сафинае, ки дар рузи овардани тобути Салохиддин консерт нишон медод?

  5. Рустами гиромй,

    Бисёр сипосгузорам, ки номаи ин хаммехани озурдаи моро мунташир кардед. Ва аз бародарони азизе, ки дам аз химоят задаанд, беандоза мамнунам.

    Дар вокеъ, печиши ногахонии бахси Би-Би-Си ва ба миён омадани номи ман дар он хадиси шигифтангезест. Дар эътирози мо ба Би-Би-Си номи кишвар матрах буд, аммо иддае бо таваччух ба доманаи диди худ дар он номи ашхосро дидаанд. Ин нома оинаи тамомнамои марази бедармони миллат аст.

    Ба он ёри чанубй, ки худро бегонаи мо медонад, чизе чуз харфи таассуф надорам. Чун паймони хаммехании моро Худованд бастааст, на уву на ман. Кучактарин механи худро Точикистон медонам ва гузашта аз он, «саропои Эрон сарои ман аст.» Бо ду-се сухани зананда ин пайванди худовандиро наметавон гусаст.

    Намедонам бародари озурда то кучо манро мешиносад ва аз пешинаи ман огох аст. Би-Би-Си хамон даргохест, ки ман солхо кормандаш будам ва барои зикри чузъиёти хузури шашсолаи ман дар ин ниход дар холи хозир ниёзе намебинам. Афзун бар ин, пешниходи сардабирони телевизюни Би-Би-Сиро низ пеш аз рохандозии шабака рад кардам. Шуморе аз онхо хостори бозгашти ман ба Би-Би-Си буданд, аммо дигар авзоъ ба гунае буд, ки наметавонистам кори навамро дар нимарох рахо кунам ва биравам. Хисси дайне, ки дар баробари афроде дорам, монеъи бозгаштам ба Би-Би-Си буд ва хаст. Аз ин ру он бародар ё хохари беномро нашояд, ки барои лахзае нигарони бозгашти ман ба он созмон бошад. Танхо чашмбарохам, ки ба ваъдааш вафо кунад ва «дар Би-Би-Си хам одами худро» бигузорад. Боъиси сарфарозии мо хохад шуд. Ва мо хам тамошо хохем карду лаззат хохем бурд.

    Умедворам ба ин номахо танхо ба чашми як игвои тухолй нигох кунем ва галати он ношиносро такрор накунем. Манзури у равшан аст: барангехтани хусуматхои махаллй бидуни шинохти дакике аз махалли ман. Пас бехтар аст аз Худованд дархости омурзиши гунохони ин бародарамонро кунему бибахшемаш.

    Бо арч
    Дориюш

  6. valloh in mardak aqli solim nadorad, joi xafa shudan ba suxanhoyash ham nest, ba holash ham janub bixandadu va ham shimol

  7. Рости гап, ин номаро нашр карданй набудам, аммо пештар хам чандин номаи хамсон расида буд, аммо азбаски дашномхои кабеху ногуфтанй доштанд, лагв гардиданд.

    Агар муаллиф як нафар аст, бояд икрор кард, хеле пешрафт кардааст ва ин бор аъзои бадани модару хохарашро зарур нашумурдааст. Вале агар чунин афрод зиёданд, дарего, ки зиёданд, дуруд бар онхо. Оре, хохем дид, ки ба кучо хоханд расид.

    Афсус…

  8. Ба вичдонам касам, ки ин нигоштаи худи Точвар ё хамандешони уст, ки боз мехоханд миллати ба хамомадаро аз хам чудо кунанд.
    Ин нома барои дубора мардуми чанубро сиях нишон додан ва мардуми шимолро ба по хезондан нигошта шудааст. Агар ин нома бо дастони Русиёхи Суяни нигошта намешуд ва агар у заррае аз касбияти журналисти бохабар мебуд хеч гох матлабе, ки ба адовати кавми нажоди ё махалли равона шударо руи чоп намеовард.
    Ин нома ба хадафи махсус интишор шудааст ва ман аз ту Суяни бехтар медонам, ки Дороюш кист?
    У фарзанди миллати точик ва на аз шимол аст ва на аз чануб. Хушбахтона у дар Душнбе дар оилаи муаллими Рачаб ба воя расидааст.
    Дар гурбат ту мехохи худро назди у ширин куни ва худро дусти карини у хисоб куни,аммо Дороюш нагз медонад, ки махз бо сияхкунии ту аз Озоди ронда шуд ва чанде дар Аврупо сарсон шуд. Мехохи бо ин матлаби дуругинат худро назди у ширин куни. Ман медонам, ки ту бо кадом хотир ин номаро дар торнамоат “чой” куни. Метарси, ки ахиран Бибиси Дороиюшро ба кор мегирад ва он хамдехаи ту умре аз нони хурдан мемонад. Марг бар ту, ки барои ахдофи нопокат мехохи миллатро аз хам шикани. Нафрати хар ду олами бар нависандаи ин астрхо!
    Агар ту ё хамандешони ту инро нанавишат бошанд, пас зану духтари муаллифи ин нома аз Дороиюш ва ман!

  9. Агар инсон каме акл ва тафакур дошта бошад, чумлахои сохтаро мешиносад ва дарк мекунад, ки онхоро ки сабт кардааст. Хак бар чониби Фирдавс.

  10. Ин ба фикрам, номаи кадом гусфанде буд, ки байни шимоливу чануби ва гарбиву шарки чанге андохтани. Худ мавзуи ин нома аз танг будани андозаи магзи сари ин гусфанд гувохи медихад.

  11. Агар он кадар дар торнигорат озодии комил додаи пас чаро харфхои Фирдавсро ба зуди бардошти. Агар марди ва ту он чумлахоро нанавиштаи бигзор мардум бихонанд ё худ аз назари каме дигар харос дори. Метарси, ки сир фош мешавад. Пас бигзор он нигошта бе тахрир мисли ин мактуб боки монад, вагарна эътикоди мо аз ту хохад кост.

  12. Ман ба тозаги вориди ин сайт шудам. Ачиб Фирдавс чи навишт, ки он ба зуди бардошта шуд. Хуб мешуд онро дар алохидаги бароям мефиристоди. Аз шумо миннатдорам.

  13. Вокеан Дориюш бисёр хоксори кардас. Алхол мисли У кам точике хаст хоса дар сохаи журналистика… У нанавиштааст ки чи гуна аз Озоди рафта.. Рафтани У аз Озоди низ як кахрамоние буд…бо хохиши худ…
    Зинда бош Дориюш!!! Удачи !!

  14. Бародари азиз — Фирдавс, Карим ва Фархехта!

    Ин торнигор чои покбозон ва поксуханон аст. Лутфан дар оянда аз ин се ном якеашро интихоб кунед ва ба он бинависед. Аз навиштахоят буи он меояд, ки шояд наммом худат бошй? Ва мебинам, ки игвоятро идома медихй.

    Ман узр мехохам, ки низ як ибораи номуносиб навиштаам. Хашм машваратгари хубе нест. Ахсант ба Дориюш, ки миёни хамандешон баодобтарин ва донотарин аст.

  15. Salom dustoni rushanfikr.
    Badi hondani in noma haminro guftaniyam obrui millati tojikro narezed suhanroniro az Firdavsivu,Rudaki naomuhted hamon vaktho tu namedonam bo chi kor mashgul budi?Man mehostam in mualif ba joi janubu shimol gufta shishtan solhoi 90umro dar yod orad dar janub chi tavr jang meraft agar shimol namebud sulh nameshud obrui millatro rehted anaknun mehanded.

  16. Хммм… чи гуям…? Ватан дар чи холу мо чихо гуфта истодаем. Албатта, гуфтахои он хоини гумрохи манкурти муртадро шадидан махкум мекунам. Хохиш мекунам, ковак коваки якдигарро хотима дихед. Магар таърих сабакатон нашуд. Эй миллати (подаи) соддаи гумрох, бесарпанох, нодон, наздикбин. Ков-кову таксимотба машгулед , вале бехабар аз он ки фардо шояд аз хамин пораи кухатон хам монед… Ба чуз Худованд дигар касе надорам, ки аз даргохаш бароятон адлу инсоф ва худшиноси таманно кунам.

  17. Not questioning the authenticity of the email, assuming it was in fact sent and focusing on the content just leaves me with sorrow and disappointment. The dark shadow of such perspectives already raises many questions in my mind. I am not fully informed and I dont have sufficient trustworthy information to comment, nevertheless I do have to express my anger with the statement ” Холо пурра маълум шуд, ки сайти шумо хамон сайти махалгароёни шимолист ва бояд ба ягон гапи шумо бовар накард.” Just because someone is from the north or wherever s/he might be does not give any ground for you to claim those ppl are not trustworthy. Lets not get into hasty generalizations.

    And a suggestion to Rustam.
    This is your blog and you choose which comments should be allowed or not. But I have to point out that its two way communication, so I strongly urge you to stay true to the vision of the blog & democracy by not moderating the comments. My comments couple times were actually posted after hours of submission. If you yourself get to judge comments which should be posted, it is not objective.

  18. Хангоме, ки ман дар хоричи кишвар тахсил мекардам, барои ман Точикистон хамрох бо хама мардумаш, бо хоку сангаш, бо кишлокхояш, бо гахворахояш як мафхуми мукаддас буд.

    Вале чун ба ватан баргаштам, рузхои аввали кор бо нимашухихои батакрор ба ман фахмонда доданд, ки ман фалончоиям, на беш аз он. Ва медонед ки маро мачбур кард, ки худро фалончои хис кунам, на точикистони? Афроди мактабхондаву донишманд, яъне зиёиён.

    Ва хулосаи ман тайи чанд соли зиндаги дар Точикистон ин аст, ки ашаддитарин махалгароён дар Точикистон зиёиёни онанд, азчумла журналистони он, яъне аксарияти мову шумо. Ва ин марази махалгарои то андозае моро фаро гирифтааст, ки моро кариб кур кардааст.

    Бовари дорам, агар холо ман зистгохамро дар ин сахифа ифшо кунам, вокуниши хамин 5-6 нафари шумо хархела хохад буд. Ва маро боре нодида нафаре, ки “хамшахри”-и ман аст, нисбатам хушбин хохад буд, ва касе, ки зодгохаш ду кух онтарафтар аст, маро “бегона” хис хохад кард.

    Биёед бо ин мараз мо чанги милли эълон кунем. Аввал ин маразро дар худ бикушем. Алайхи ин мараз як харакати милли пиёда созем. Махалгароёнро дар байни зиёиён ифшо кунем ва барои хурдтарин нишонаи махалгарои гунахкоронро дар чомеа бадном кунем. То ки аз ин ба баъд мардум аз махалгарои мисли марази махуф канорачуи кунанд.

  19. Dear Manodam,

    The comments rules are following:

    – The first two comments of the readers will stay in the cue untill approval. That is why your comment appeared with delay.
    – If anybody’s two first comments were approved s/he will be free to pass the filtr.
    – These rules are important not to give access to someone who breaks simple ethics.
    – I have the right to delete comment if it contains curse, slander, propagation of war, pornography and so on.
    – Many readers are so persistent to bring ‘street culture’ on the blog that is not acceptable.
    – some comments sent directly to my e-mail address.

  20. Ман хамчун чавони точик, ки дар хоричи кишвар тахсил мекунам як чизро аз Фирдавс пурсиданиам, ки у чандсола аст? оё дар ин сайт хаминхел фикру акидахои баччагона хам метавонад чои худро ёбад??? ва барои чи мо тавонистаистодаем, ки дар бораи ин бадбахти гап занем…

  21. Дориюшро барои игвои кисме аз кормандони Родиюи Озоди дар Прог аз кор ронданд (мумкин худаш рафт), он кисм аз як вилояти Точикистонанд, ки Дориюшро ба он вилоят тааллук донистаанд. Он кисм зидди намояндагони дигар минтакахои Точикистон ба хам омадаанд.
    Ин хамаро Дориюш худ бехтар медонад.
    Оиди аз кадом минтака будан ва ё набудани шахсе гуфтаниам, ин аз вичдони хар як шахс вобаста аст. Мухим он аст, ки мо худ биноме точику Точикистони!!!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: