Ба Точикистони азизу нозанини мо овоз дихед!

Чандест, ки дар як торнамо раъйдихии истифодабарандагони интернет ба кишвархои гуногуни чахон идома дорад. Бо талошхои як дусти мо номи Точикистон дар кутохмуддат аз охири руйихат ба чои 12 баромад.
 untitledq

Аммо фикр намекунед, ки ин кам аст? Магар намехохед, ки ватани азизу беназири мо дар чойи аввал бошад? Медонам, точик дар хар гушаи олам бошад хам, Точикистони азизу нозанинашро дуст медорад ва хеч кучои дунёро бехтару зеботар аз Точикистон намешуморад.

Бигзор, зиндагй дар он чо имруз хуб нест, бигзор мансабдоронаш окилу варзида нестанд, бигзор чойи кору даромади арзанда вучуд надорад, бигзор кадри инсон дар ин мулк ба як пашизи сиёх баробар шудааст, аммо чизе ки хаст, ватани мост. Ин хама мегузарад, Ватан мемонад. Пас овоз дихед барои он ки Точикистони нозанини мо ба чойи аввал барояд. Бигзор хама бинад, ки чй хел мо ватанро дуст медорем! Хама бубинад, ки мо муттахиду сарчамъ ва якпорча хастем!

13 Responses

  1. ktunnel.com, ztunnel.com, ptunnel.c.. rtunn… jtunnel.. barin sahifahoro istifoda burda az 3 hak ovoz bisyortar ovoz dihed

  2. Дар худи торнамо метавон хар 6 соат се раъй дод. Агар мо талош кунем, ба зудй метавонем, кишвари худро ба чои якум барорем.

  3. Az in du chiz malum meshavad:
    Kadom khalq millati khudro ziyod dust medorad va kadom khalq ziyodtar bekorkhujagi mekunad…

  4. Gap nest. Fakat vay dustaton ki budaast ? KHudi SHumo az kujo khabardor shuded?

  5. Дусти ман — хамноми ман Рустам аст, ки нишонаи ин торнаморо ба ман фиристод ва дидам, ки ин шахс ин нишонаро дар чандин форуми дигар ба хонандагон пешкаш кард.

    Дар байни 1 руз мо тавонистем, ки аз Кипр хам гузарем ва ба чои 11 расем. Акнун бояд талош кард, ки ба Топ 10 дохил шавем. Агар хама якчоя гайрат кунем, чои аввал каме мушкилтар бошад хам номумкин нест.

  6. Ovozash dodi nadodi ch sud az in?

  7. Судаш ин аст, ки мо ватандустии худро нишон медихем. Зарур нест, бар зидди дигарон овоз дихем, факат барои ватани худ.

    Ин як санчиш хам хаст…

  8. Ба назари банда, ин як ташаббуси хуб аст. Хамчун як миллати камшумор ва каноруфтода мо бояд хузури худро дар интернети чахонй ба таври кавй ва густурда намоиш дихем.

  9. Ибтикори баде нест. Аммо ман бо андешаи manodam бештар мувофикам. Бо ин ки худам то кунун чандин раъй додам ва бештар хам раъй хохам дод. Хатто агар Точикистон дар тораки ин чадвал карор бигирад, мушкиле осон нахохад шуд. Агар карор аст хузурамонро ба чахониён собит кунем, оё бехтар нест руи Би-Би-Си фишори бештар биорем, то Точикистонро дубора вориди барномахои порсии худ кунад? Дар зарфи худуди як хафта аз замони огози кори телевизюни Би Би Си то кунун хеч гузорише аз Точикистон пахш нашудааст. Замони пахши барномахо ба вакти Душанбе эълом намешавад. Оё хузури Точикистон дар телевизюни порсии Би Би Си чехраи кишвари моро барчастатар нахохад кард? То кунун шуморе аз порсигуёни чахон ба ин амр эътироз кардаанд. Аммо садои хеч точикистоние баланд намешавад. Ангор забони мо дигар порсй нест ва ин телевизюн рабте ба мову кишварамон надорад. Хохишмандам чавонони механ кушиши худро мутаваччехи корхои корсозтаре кунанд. Аз Би Би Си бихоханд, ки сафхаи интернетии моро шомили сафхаи нахусти торнамои порсии худ кунад ва аз Точикистон хамаруза гузоришхои тасвирй пахш кунад. Ин кор барои мо хам таъсири дарунй ва хам нуфузи берунй ба армугон хохад овард. Лутфан дастбакор шавед. Сипос, Дориюш

  10. САЛОМ БАРОДАРОНИ АЗИЗУ ГИРОМИ! САЛОМ ДУСТИ АЗИЗАМ РУСТАМ! КУШИШ КУНЕД БА ХАМА ФИРИСТЕД!! ИН КОРИ ХЕЛО ХУБ АСТ БАРОИ МО! НАБОЯД БАРОИ МИЛЛАТИ ХУДАМОН ЗИД БОШЕМ. МАН ДАР ТОРНАМО ДИДАМ ,КИ БАЧАХОИ ХУДАМОН БА ЧОИ LIKE ОНХО DISLIKE -РО ПАХШ МЕКУНАНД! ХОЛО ТОЧИКИСТОН ДАР КАТОРИ 10 КИШВАРИ БЕХТАРИНИ ДУНЁ КАРОР ДОРАД! ОВОЗИ ХУДРО ДАРЕГ НАДОРЕД! РАХМАТ БАРОИ ИН ГУНА ТОРНАМО! БА ХАМИН ВЕБ САИТ ДОХИЛ ШАВЕД: http://WWW.VOTETHENATION.COM

  11. Ташаккур хамноми азиз.

    Точикистони мо ба 10-гонаи аввал даромад дар байни 231 кишвар ва каламрави гуногун.

    Баъзе аз дустони хубамон ба ин ташаббус зид баромаданд, аммо нафахмиданд, ки ин як алифбои муборизаи интернетист ва дар оянда васеъ шуда меравад.

    Точикон агар лоакал дар чахони интернет чойгохи хуби худро пайдо кунанд, сар аз ин чо ба сохахои дигар хам таъсир хоханд кард.

  12. Салом бародари гироми.

    Ман хамагуна ил линкро ба рафиконам фиристодам. Дар давоми ду руз Точикистон ба чои 10-ум баромад, ба фикрам ин натичаи бисер хуб аст. Бояд хамин тавр давом дихем. Хеч набошад, Точикистонро дар дигар мамлакатхо шинохтанро сар мекунанд.

  13. Аз мохи июни соли 2007-ум, ки Точикистон хануз дар чои 107-ум карор дошт, овоздихиро сар кардам. ва ин торномаро ба хамаи чойхо фиристодам. Ва хамакнун шодам, ки дастгирии бештаре пайдо намуд. Иншоаллох, ки боз болотар меравем.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: