«Президент-шоу»-и Рахмон-кампания

jalasПрезиденти Точикистон Эмомалй Рахмон бори дигар беэхтиромии комили худро ба миллати точик нишон дод. Дар чаласаи намоишкоронаи хукуматаш хама чиз буд — танкиди шадид, чашмпесонй, аркому адад, лутфу ханда. Аммо дарду ниёзи мардум ва имрузу фардои халк дар ин чаласа набуд. Рахмон фарёди мардумро нашунид ва ё шунида бошад хам, гушашро ба карй зад ва роху равиши худро тагйир надод.

Вай дар чавоб ба нолаи мардум ва гавгои нашрияхои Точикистон дод зад, ки хама кораш дуруст аст ва давлатро ба рохи дуруст мебарад. Вале агар ин гуна аст, чунин чаласа ва ин кадар сарусадо дар он чй даркор буд? Худи у икрор кард, ки ягон вазорату идораи кишвар барномаи зидди бухрон надорад, аммо худаш низ часорат накард, як хукумати зиддибухронй ташкил дихад.

Хукумати солхои 1992-96 хукумати чангй буд. Сипас дар солхои 1997-2000 хукумати сулх таъсис ёфт. Хукумати солхои 2000-2008 як дастгохи тахкими кудрати шахсии раиси чумхур ва сарватгундории наздикони вай гардид. Акнун, ки корд ба устухони мардум расидаву токати одамон ток шуда ва соли гузашта мумкин буд, тазохуроту эътирозхо ба нооромихои ичтимой сабаб гардад, хар як рахбари окил мебоист, Хукумати Дарди Мардумро ташкил медод. Хосса ки бухрони чахонй сабаби бозгашти хазорон мухочир мегардад, иктисодиёти мамлакат ба рукуд мепечад, даромад кохиш меёбад, нарх боло рафтаву кашшокй хамаро фаро мегирад ва коррупсия ин мушкилхоро дахчанд мекунад.

Рахмон садои мардумро нашунид. Вай ба дарди мардум эътино накард. Хост боз хам бо «президент-шоу» мардумро фиреб дихад. Дар давоми ин чаласа вай танхо як бор самимона сухбат кард, вакте аз «чорабинихои раксу бозй» ёдовар гашт. Чашмонаш махмур шуданд, зеро кайфу сафои худро ба ёд овард. Ба чокаронаш хушдор дод, ки дар пеш чашну маъракахои бузургтаре хаст, бояд хамачониба омодагй бигиранд. Аммо нагуфт, ба соли бухронй бояд чй омодагие гирифт.

Вакте президент хукуматро нав кардан намехохад, ин метавонад ду маъно дошта бошад. Ё ин кадар аз зердастони худ хурдаасту шарманда аст, ки коре бо онхо карда наметавонад ва ё метарсад, ки барканории мансабдорони «устуворшуда» метавонад, сафи душманони вайро зиёд кунад ва хокимияташро зери хатар бигузорад. Халку миллат дар ин андешахо накше надорад, чунки халк нишон додааст, ки рахбар бо он хар коре кунад, сархамона фуру мебарад.

Пас чй рохе бокй мемонад? Дар Амрико ва дигар кишвархо хукуматхо ба таври комил замоне иваз мешаванд, ки президенти нав ба кудрат мерасад. Ана, Обама ба чои Буш омад, тамоми хукуматро нав кард. Оё Рахмон бо чаласаи ахираш ба халки худ паём намедихад, ки танхо бо хамин рох мешавад, хукумати хакикй ва босамарро дар Точикистон сари кор овард?

8 Responses

  1. Се руз боз (хатто шабхо хам! ) аз харду канали асосии сТочикистон факат Ракмон-Комедиро нишон медихпндъу халос. Безор шудем аз барои Худо! 16 сол боз хамн гуна мчлисхои такдирсоз!
    Яъне маъни хамаааш як аст:
    Бинед мардуми шарифи точикистон! Ман кор карда истодааму ана хамин вазирхои нолоик кор накарда истодаанд!!! Набошад кайхо хамаатон жит мекарде!

  2. Уважаемый Admin не знаю кто вы и что вы (т.е Ваша личность мне не известно но вашу цел я поддерживаю)
    Вы должны знать главное : 1) при аппарате президента Рахмона создана мощная (в пределах республики) информационная агитационная компания которая занимается отбеливанием, действий правительства Рахмона
    2) Более 70 % посетителей этого сайта являются сотрудниками этого отдела
    3) Они Следят за всеми кто посещает сайты http://vatandor.ucoz.ru https://tojvar.wordpress.com/ http://www.charogiruz.ru и почти все сайтов которые в том или ином смысле более не зависимы и говорят правду
    4) Все входящие и исходящие информационного трафика контролируется администрацией президента и агентством безопасности
    5) В этом им помогают официально Россия и неофициально США, для этого несколько 10 были отправлены для обучения в сфере IT технологий в за рубеж, кстати многие из них мои сокурсники
    Поэтому не обращайте внимания на подлые высказывания со стороны большинство пользователей они проста кучка работником госбезопасности, цель которых вас морально подавить чтоб оппозиция подумало будто в Таджикистане в лады народ Доволен Рахмоном, это чуж…
    Я очень и очень рискую написав всё это но всё это правда к сожелению

  3. Бале ЭШР ду-се нафар саиси буи гухи хукумат баровардаро аз вазифа гирифт ва ба чои онхо дигаронро вазифа дод. Хайр чй? Кабинети вазирон боз хамон хел монд ку! Сиёсату роху равиши он дигар нашуд. Пас Точикистонамонро боз хамон ахвол интмзор асит. Вой ба Точикистон ва мардуми он!!!!!
    Дар ин 16-17соли хукуматдории ЭШ мо боре нашунидем ва надидем ки умуман тамоми кабинети вазирог ба истеъфо фиристода шавад. Чи хеле ки дар дигар давлатхои дуруст мешавад.
    Худи Эмомали Рахмон хамчун раиси давлат чаро бегунох будааст ва ба истеъфо намеравад? Чи вай гунохе надорад дар камбудихои Точикистон? Акалан барои игтихоби нодурусти кадрхо бояд чавоб гуяд. Чи вай намедонист, ки Самиев аз дасташ чизе намеояд? Медонист, вале охир вай свой буд. Ана барои хамин гирифташ ба вазифа, боз срокаш дод.
    Бас аст!

  4. Мардум, дидед, ки ба Эмомали Рахмонов чи гуна «Мухтарам Чаноби Олй» мурочиат кардан маъкул аст! Вай хатто ягон бор ин одамхоро танбех надод, ки ин хел нагуед, балки хеле розй буд аз ин хел мурочиатхо. Инро култ личности мегуянд, ки окибати хуб надорад.
    Асосан Чаноби Олй гуфта ба подшох мурочиат мекунанд ва Эмомвлй хам кайхо худашро шох мехисобад. Кошпаронихояшро бинед! Гапзанихояшро бинед! Худи ШОХ барин!!!!!!!

  5. Аслан, худи Эмомалии Рахмон пеш-пеш ва аз акибаш тамоми вазирону раисчахои хукумат бояд ба истеъфо раванд. Дигар ягон чиз Точикистонро аз рох ба вартаи варшикастагии комил рахо намекунад.
    Мардум дигар ба ин гуна афсонаву спектаклхо боварй надорад!

  6. Фирдавсии хаким бархак гуфтааст:
    Ба нопокзода надоред умед,
    Ки зангй ба шустан нагардад сапед.

    Ман ба ин иловае надорам.

  7. Ин шоу хам монмнди мелодрамахои хинди буд. Дили бой дар охир ба камбагал месузад ва бойбачахои дигарро мегуяд, ки ба ин инсон рахм кунед…
    Хайр як кинои бепул дидем-дия. Боз яку якбора аз чанд канали ТВ! Ба хаминаш хам рахмати каппа калон!!!!!!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: