Говро, ки дар охури асп бастй…

Нусратулло Азизов, шахри Душанбе

Ин масхарабозие, ки “чаласаи васеъи хукумат” ном гирифтааст, бори дигар бармало кард, ки рахбари давлати мо аслан дар фикри мардум ва ояндаи кишвар нест. Наход вай гумон дорад, ки халк зори сафсаттафурушихои уст? Ин  бозихои дуруг ба кй лозим аст?

Чаноби олй! Як бор чашмхои тангшудаатро васеътар кушову бингар, ки чй афродеро дар гирдат чамъ кардай! Бо хаминхо мефахрй? Гумон дорй, бо хаминхо дар даврае, ки зиндагй сахттару сахттар мешавад, мамлакатро идора карда метавонй?

Харф дуруг, сухан дуруг, нигох дуруг! Нишасту бархостхо хама дуруг! Бозихои кудакона! Гумон доштам, ин бор дигар дуругро як су мемониву корро сар мекунй, вале дарег! Маълум мешавад, гузаштагонамон дуруст мегуфтаанд, ки говро сад сол хам дар охури асп бандй, асп намешавад. Хайфи чунин маком ба ту ва сад хайфи умедхои мардум!

Хуб, хамсинфат Шарифхон Самиевро рондй, аммо барои чй, дакикан барои кадом гунохаш? Рондй ё начот додй? Натичахои аудити “Барки Точик” ошкор шаванд, Шариф ба зиндон меравад ё раиси нави ширкат? Ё шояд бозрасони байнулмилалиро таскин медихй, ки худамон хабардор шудем ва чазояшро додем?

Раиси “Точикгаз” Фатхиддин Мухсиддинов магар бадтар аз хамдехаат вазири маориф Абдучаббор Рахмонов кор кард, ки уро хам лагад задй? Охир агар манбаъи гази ту дар Узбакистон бошад, гунохи Мухсиддинов чист? Мудири “Точиксемент” ба пурсишат, ки чаро истехсоли сементро кам кардед, рушан чавоб дод, ки газ нест. Магар дар кишвар касе, хатто вазири энергетика Шералй Гул метавонад, лулахои холии газро бо боди мухолифаш пур кунад?

Дар зимн, агар кори сохаи энержй ва саноат бад аст, чаро вазири ин соха бояд барканор нашавад? Ачабо, рахбарони сохаи энергетика бад кор кардаанд, аммо вазири энергетика дар ин гунохе надорад. Шояд Шералй Гул бад кор мекунад, аммо писараш — хуб? Барои  мухочирон ашки тимсох мерезй, вале магар хамин вазир агар саноатро дуруст мекард, садхо хазор марду зани точик мухочир мешуд? Мухочирон агар дар гарибй мурданд, аз даст ту ва хукумати ту мурданд, онхоро ба забон наёр, ки арвохашон туро назанад!

Пас кудоят Шералй Гул хуб кор мекунад? Рахбарони андозу молия хам бад кор мекунанд, вале кори вазири молия Начмиддинов хуб аст? Наход гумон мекунй, мардум баробари худат акл надоранд? Сабаб чист, ки ту мардуми донишманд, тахсилкарда, бошараф ва арзандаро чашми дидан надорй? Вазиракону раисаконатро дар телевизион дида, ба холашон механдидам. Дар хайратам, ки аз кучо кофта меёбй инхоро? Халк ташнаву гуруснаву мухочир, инхо аз фарбехй дар экрани телевизион намегунчанд.

Хеч фикр кардй, зараре ки имруз вазири маорифи ту ва хамдехаи дигарат Асатулло Рахмонов (ачаб —  харсеятон хамнасаб!) ба миллати точик мерасонанд, асрхои аср ин мардумро бадбахту бечора мекунад? Газ имруз нест, пагох меояд. Барк нест, фардо шояд мешавад, аммо вакте ки як миллат максаднок бесавод ва аблах карда мешавад, ки ба як занги телефони зилзила ду шабро дар куча сахар мекунад, фочиаест, ки точик дар тули таърих надида буд. Якеаш писару духтари ин миллатро музахрафот меомузонад, тахкир мекунад ва охирин афроди босаводро аз мактабу мадорис меронад, дигараш шабу руз раксу бозй намоиш медихад, гуё точик имруз дар Боги Ирам ба сар мебарад.

Медонам, ки ба инхо мансабхои баландтар медихй. Зеро тамоми корро мекунанд, ки миллатро ба сатхи худат поин оваранд. Хамаи аспхоро дар охури гов банданд. Нафахмидй, чй гуфтам? Охир вайя вай накунй хамин хел вай накарданат мумкин-да! Камтар вай хам даркор. Манзурам ин ки говро ба охури асп бандй, асп намешавад, вале ин кадар сол аспро ба охури гов бандй, хатман гов хохад шуд. Бидех, ба ин мансабгадоён мансабхои болотаре. Ба Алимардонов хам. Бечора пулаш бархаво наравад. Ин кадар бароят сарф кард, миёнарав шуду хазинаи бетагатро пур кард, хак дорад, ки болотар равад.

Факат дилам ба Шариф месузад. Не Самиев на. Вай дар айни охури худаш буд. Аммо Шариф Рахимзода ва Хамрохон Зарифй дар ин охурхо окибат кй мешуда бошанд, танхо худо медонад.

11 Responses

  1. Nusratuloi aziz,

    pas as khondani navishtaat nadonistam, ki bigoryam yo bikhandam.

    Samak

  2. Президент дар мачлиси Хукумат раиси гумрукро танкид карда мегуяд,ки барои чи хлопушкахоро мемонед, ки дароранд вале аз дигар тараф вазифадор мекунад, ки боз 100 миллион сомони зиёдтар аз накша ба бучаи давлат супоранд! Хеч кас ба худ савол намедихад ки ин 100 миллионро аз кучо ба даст овардан мумкин? Албатта бо рохи ворид намудани хамин хел хлопушкахою балою батар!
    Вакте ки вазири маориф ба баъзе олимони чумхури мегуяд, ки “Бас аст аз минтакаи шимол шогирд тайёр кардан чи дар тарафи чануб магар одам нест?”, пас баъди ин гапхо чунин шахси ношуд хукуки дар мансаби вазириро истодан дорад?

  3. Сад дар сад хамовоз хастам, ба чаноби Нусратулло.
    Як вактхо ман дар бораи Шукурчон Зухуров, вазири мехнат ва хифзи ичтимои низ чунин андеша доштам. Вале у низ хамранги атрофиёни Рахмон шуд. Имруз ё пагох дер нест, ки Шариф Рахимзода ва Хамрохон Зарифи (кадрхои бехамтои хукумати Рахмон) низ чунин шаванд. Алакай замина пайдо шуда истодааст, пеш аз хама чаноби оли гуфтанро хуб ёд гирифтаанд.

  4. Азизон дуо кунед хамин достиеви падарсухтаро хам хамрохи дигарон аз маскав бадарга намоянд ки хама чо ро бу гиронд. бовар кунед азизон ин мард точики сухан гуфта наметавонад чи расад ба забони руси. дар бораи консули интихобкардаи чаноби зарифи ку ман тамоман гап надорам. худо лаънат кунад ура дар хамон консули корашон гайр аз справка дихи ва айшу ишрат дигар чизе нест. мардуми бечора аз сахар то шом барои як справка назди консулгари навбат поида дар хунуки шах мешаванд. худо инсофро аз инхо гирифтааст.медонед азизон ачоибот дар чи аст? хамаи инхо як намуданд. хам масъулони хукумати точикистон ва хам сафорати точик дар маскав. ман намедонам аз кучост ин кадар бадбини нисбати миллати худ. шояд касе бидонад? агар бидонад бигуяд ки мо хам бишнавем.

  5. Ташаккур ба Нусратуллохи азиз! Ба фикрам, дарди дили хазорон нафарро гуфтй. Худо хифзат кунад.

  6. Агар канали телевезиони дар фонограмаи суханронии чаноби оли суруди Фреди Меркури-“SHOW MUST GO ON !” -ро мемонд бисьер бамаврид буд.
    Ахсан Артисти Олй- Шоу продолжается!!! –
    Бале – Намоиш давом дорад…
    аммо то он даме ки тамошобинон дар сехри суханхои туанд.

  7. Аз худи эмомалии масхарабоз кай халос мешавем?
    Вай ду бор гуфт ки хишение казни вале хатто кошаш начунбид. Суд кардани гунохкорон он тараф истад, он масъулро аз вазифа сабукдуш накард. Чунки ба фикрам вай одам доляро дар вакташ медихад.

  8. ИН ЧАЛАСАРО САНТА БАРБАРА НЕЮ “ШАРМАНДАГИИ ТОЧИКИСТОН” БОЯД НОМ ГУЗОШТ. ДАР ФОНОГРАМА БОШАД МУСИКИИ РЕКВИУМ БОЯД МЕМОНДАНД. Ё СУРУДИ “АБРУ МАПАРОН”-РО.

  9. Намедонам Акоои Нусратуллоро чи шуда бошад. Вале ман дарди уро мефахмам. Вале намедонам ки дарк карда метавонам ва ё не.
    Дигар ин ки сухани нохак гуфтан дар хакки каси дигар аз руйи одати шаръи на он кадар хуб асту хосияти хуб хам надорад. Мегуянд ку бадро хаволааш ба Худо.
    Шахсан ман, ки худам дар Точикистон тули 27 сол аст ки мавчудам имрузро ба гузашта мукоиса мекунам, шукргузори карда истодаам, ки дар ин руз хастаму чунин руз дорам. Ман хам шояд ки дар баъзе аз рузхо чун даххо ва садхо нафари дигар як бор таом хурам. Таоме ки дар салкинии хаво нону салати сабзиги аст. аробаи зиндагиямро бошад на бу ду чарх балки якчарха мекашам. Вале дар хакки касе бад гуфтан намехохам.
    Шояд, ки он бародар хуб гуфта бошад шояд ки не. Дар вокеъ кам нестанд нафароне, ки иштибохи дигаронро хуб мушохида мекунанду мебинанд. Вале Рахмонов якто аст ку. У хам инсон аст ва кобилияти физики на ба хар кас имкон медихад, ки шабонарузи кор карда боз вакт ёфта кори вазиронро тафтиш кунанд. Вале ман хам медонам, ки дар мансаби болои хастанд нафарони тасодуфие, ки барои пешрафту манфиати длавлат манфиати шахсии худро болотар мегузоранд.
    Вале бо оху доди ман Нусратулло ки гуш медихад. Барои хамин хам Бадгуйи накарда бехтар аст, ки якмаром бошему кишваре ки ба чуз аз кухистон чизе беш надорад онро обод кунем.
    Дар навбати дигар биёед чунин фактхоро ки ки тарики расонахои игвоангез менависанд ошкор гуед.
    Намедонам ки ба тахкирномаи акои Нусратулло чи гуна чавоб нависам вале ба хар хол хам мегуям, ки набояд бахри кайке гилем сухт. Пеш аз оне, ки инсонро ба гов мукоиса мекуни шояд камтар андеша хам зарур буд. Мумкин аст ки дигар иборахоро истифода екардед. Шарт нест, нафареро, ки чехраи аввали миллат асту муаррификунандаи он дар сайёра аст ба чорпо мукоиса куни….
    Дигар ин ки шахсан иман гузаштаро ба хотир меорам, ки пас аз солхои наваду чи гуна азиятамон медоданд. Чи гуна зери латукуб карорамон медоданд Ва чи гуна вофкаву юрка гуён лагадкубам мекарданд. Акун…..намедонам……..
    ба хархол ки ки асту чи чи аст гузашти рузгор чехраи вокеии инсонро мекушояд. Ва агар ки касе аз мансабдорони кунуни ба миллату давлат ва халки точик хиёнат карда бошаду онхоро ба гумрохи боке нест. Имруз ё фардо дар назди халк чавоб мегуяд.
    Масъалаи дигаре ки дар шабакахои телевизион факат консерт аст ин хуб аст. Чунки аз баъзе барномахои пастсифата хамон консерт хуб аст ки асабат на хароб балки ором мешавад.
    Хулласи гап, ки Бетамизихои одам аз сухан пайдо шавад………давомашро бехтар аст, ки нагуям. Шояд ки ба иззати нафси муаллиф расам. Вале Сухан хам чон набувад мурда чаро хомуш аст?.
    Бародари азиз Шуморо боз мегуям, ки чи дарде дори ки каме гарониятон кардааст. Зеро ки чунин алфози бад нисбат ба сурогаи касе дар ду холат мешавад. Аз дард ва ё аз дили сард. Хадаф аз навиштаи ман он нест, ки шуморо чонибдори ва ё зидди Шумо баромад кунам. Хадафам он буду аст, ки даркор нест ихтилоф андохтан. Мардум он кавми бесаводи солхои пешин нест, ки чун аспидар охури гов баставу он гови дар охури асп баста бошад. Худаш нагз медонад, ки чи барои у бад асту чи хуб.
    Вале дилам барои умрат месузад, ки конун чун Шумо баринхоро чинояткор медонад. Яъне ки ихтилофотангез ба давлату миллат.
    Боки панохи Нусратулло ба Худо бошад. Вале худо кунад, ки нигохи у дигар шаваду на ба шахсони алохида балки ба миллати худ дилсуз буда онро ба гову хар мубаддал накунонадю.
    Бо Эхтиром аз шахри Душанбе Аробакаши Зиндаги.

  10. ПРОПОГАНДА, дурусттараш Проба Ганда….

  11. Салом….ПРОПОГАНДА, дурусттараш Проба Ганда….

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: