Кй мемонад, кй меравад ва кй сарвазир мешавад?

Мавсими бемории онҳое расидааст, ки дар ғами мансаб на хоб доранд, на хӯр ва на хуфт бо ҳамсаронашон. Човандон акаи Алимардонов сари аспи беҳтаринаш ба майдони бузкашй омадааст. Қосим Қосимов як рӯйи пур аз лабханди қазоқй дорад. Ҳасан Асадуллоҳзода ҳам дар ҳамон дару бар аст, вале касеро ба худ наздик шудан намемонад ва гап ҳам намезанад, ҳама ҳайрон, ки худаш бояш ё укааш? Баъзеҳо наздиктар омада зӯр зада ба гарданаш нигоҳ мекунанд: пайи захм ҳолй ҳам ҳаст?

Баъзе вазирон мисли хурӯсҳои ҷангй гардан мекашанд, маълум ки қимати вазифаро пардохта, «добро» гирифтаанд ва парвое надоранд. Баъзеи дигар мисли муши мурда кӯшиш мекунанд, ба чашм наафтанд. Ё кам додаанд ё акнун аслан чизе надодаанд, вале гумон доранд, ки мансаби онҳо фаромӯш мешавад ва касе корашон намегирад.

Бо вуҷуди танзими расму ойинҳо ва манъи даъвати меҳмон беш аз 150 нафар, президент Раҳмон дар тӯйи мансабтақсимкунии худ беш аз меъёр одам даъват кардааст. Баъзе ҳавасмандон ҳам «доля»-ро дода, акнун худро дар курсиҳои баланд тасаввур мекунанд ва писханд мезананд.

Вале агар нек бингарем, ҷомеъа ҳам тӯй дорад, халқи даҳанкашола ҳам мехоҳад, бидонад, кй мемонад, кй меравад ва кй сарвазир мешавад. Раиси фирмаи «Тоҷикистон» шӯрои мудиронашро ҷамъ кардааст, барои тақсими ғайрирасмии даромадҳои солонаи ширкат.

Раҳбар фолбиниро манъ кардааст, аммо нашрияҳо бо ҷастухез фолбинй мекунанд. Ҳоло беҳтарин фурсат аст, ки пойи спонсори худро бибӯсанд ва ё барои оянда спонсор пайдо кунанд. Кадом нашрия кадом номеро оварда, беҳтарин номзади мақоми сарвазир гӯяд, бидонед, ки ҳамин шахс спонсори махфии он нашрия аст.

Вазорати молия ҳамаи ҳисобу китобро медонад, аммо даромади асосии солро, ки дар рӯзҳои тӯйи Э. Раҳмон мешавад, намедонад, барои ҳисобу китоб компютер намерасад ва барқ ҳам нест. Фақат кассири Раҳмон медонад. Какой Убайдуллоев? Вайро кайҳо аз кассирй гирифтаанд. Алимардонов ҳам не. Мебахшед, баҳси сарвазир аст, на кассир…

8 Responses

  1. Afsonai shohi odil va vazironi duzd idoma dorad…bo mo boshed!

  2. Kame junbish shudast bovar nadoram,ki in natijai hub medihad boz joy ivazkuni dardi kuhna Javonononro davad mekardand dar tarihi Tojikiston hele peshravi meshud.

  3. ЭШР ансамбле чамъ карда буд, ки худашро ягонаи даврон нишон дихаду хамаи дигаронро беакл, нотавон ва дастнигару бечора.

    Вакте хукумат аз руи принсипе сохта мешавад, ки дар он бояд одамони зур набошанд, то ки мабодо ЭШР дар соя монад, хамин тавр мешавад.

    Холо серияи дувуми Санта-Барбараро бинем, баъд хулоса мекунем.

  4. ЭЙ МАРДУМ ОВОЗ ДИХЕД БА ТОЧИКИСТОН 1 РУЗ ПАС АЗ РУССИЯ МЕГУЗАРЕМ! ДАР САЙТИ http://WWW.VOTETHENATION.COM ОВОЗИ ХУДРО ДАРЕГ НАДОРЕД!

  5. Рустамчон шояд шумо дар ин бора фикри худро нависед,киро ба вазифаи сарвазир мувофик мехисобед

  6. бояд дар чумхурии бечораи мо ягон сарвазири чавон сари кор ояд. хамаи ин мансабдорон камандаи одамои боло! аз дасти мову шумо чи кор меояд бародари азиз! мову шумо факат аз дур тамошо мекунему халос! саломат бошед бародарони азиз!

  7. Фапкаш чй кй мешавад. Хох нохох ЭР сардори ин давлат мешавад. Окил Окилов буд, чи кор аз дасташ омад? Дар мачлиси солона хатто бинг нагуфт ва пишаки бечора барин дар чояш хаппакак нишаст. Дигараш хам биёяд хамин тавр мекунад.
    Ин хама сарвазир мондан барои галочка, яъне зебаш.

  8. Аслан бароимардум фаркаш нест, ки кй сарвазир мешавад. Чунки давлати Точикистонро боз хамон Ёмомали Рахмон идора мекунад чи хеле хохад.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: