Оштии дузд бо рохзан ё дуруягии адлия дар Точикистон

Додситони кулли Точикистон Бобочон Бобохонов эълон кард, ки мудири собиқи корхонаи арзиз ё Талкои имрӯза Абдуқодир Эрматов ва раиси ширкати хусусии “Ансол” Аваз Назаров дар назди қонун гуноҳе надоранд ва парвандаи ҷиноии зидди онҳо ғалат буда, акнун қатъ мешавад. 

Сабаби асосии ин тасмимро Бобохонов ба он бастагӣ дод, ки дар гузашта Талко (яъне ҳукумати Тоҷикистон) ин ду нафарро дар дуздии 485 миллион (!) доллари миллат айбдор мекард, вале зимни як тавофуқи сиррӣ дар Лондон аз ин иттиҳом даст кашид. Мантиқи додситони кул, ки агар ҷиноят содир шуда бошад ҳаму вале даъвогар аз даъвояш гузарад, пас ҷиноят ҳаргиз вуҷуд надоштааст, ба ягон қонун рост намеояд.

Аммо сабаби аслии ин қарор ва ҳам заминаи ҳақиқии оштии тарафҳо дар Лондон на қонун ё бегуноҳии яке аз тарафҳо, балки дар гунаҳ ғарқ будани ҳарду тараф аст. Эрматов ва Назаров дар додгоҳи Лондон якҷоя амал карданд ва ҳукумати Тоҷикистонро ба зону шинонданд. Онҳо факту аснодеро ба миён гузоштанд, ки шармсоркунандаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли хонаводаи ӯ буданд. Масалан, тибқи ин ҳуҷҷатҳо дида мешуд, ки аз пули Талко ва “Ансол” чӣ қадар пора ба худи президент, зани ӯ, духтаронаш ва Ҳасан Асадуллоҳзода дода шудааст. Маълум мешавад, ришваро ҳам метавон ҳуҷҷат кард.

untitled

Дар моҳи июни соли 2003 ҳангоми сафари ҳайати Тоҷикистон ба Женева Эрматов бо хоҳиши раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Алимардонов аз пули корхонаи алюмини тоҷик аз фурӯшгоҳи ҷавоҳироти “Кердиниан” ба маблағи 768 000 доллар, дар моҳи майи соли 2001 бо миёнаравии Алимардонов ин бор Назаров аз фурӯшгоҳи “Микимато”-и Токио ба маблағи 61 911 паунди инглисӣ барои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавоҳирот харида тақдим карданд.

Дар моҳи апрели соли 2004 бо дастури Ҳасан Саъдуллоев аз пули корхонаи арзиз ва ширкати “Ансол” барои зани президент ба маблағи  755 000 доллари амрикоӣ ҷавоҳирот харидорӣ шудааст.

Тамоми “бахши фароғатй” ва гоҳҳо харҷи мукаммали сафарҳои ҳайатҳои Тоҷикистон бо раҳбарии президент Раҳмон ба кишварҳои хориҷӣ аз пули корхонаи арзиз ва гоҳо ширкати “Ансол” пардохт мешудаанд.

Эрматов ва Назаров мегӯянд,  аз соли 2003 то барканорияшон бо миёнаравӣ ва дастури Алимардонов маҷбур буданд, ҳар моҳ ба хазинаи шахсии президент 1 миллион доллар ворид кунанд. Ин сармоя тибқи қарордоди корхонаи арзиз аз 27 августи соли 2003 барои “хадамоти консултативӣ”-и заводи пахтаи Шаҳритус ба ҳисоби махсус дар “Ориёнбонк” ворид мешудааст. Ҳеҷ гуна “хадамоти машваратӣ” аз тарафи ширкати “Пахтаи Шаҳритус” ба корхонаи арзиз расонда намешуд ва раисиҷумҳур соҳибимтиёзи ин ҳисоби бонкӣ дар “Ориёнбонк” будааст.

Маълум аст, ки дар муқобили ин далелҳо тарафи Талко ва ҳукумати Тоҷикистон аз даъвои худ гузашт, бо Эрматов ва “Ансол” сулҳ баст, то ин ки ин ва дигар сирру асрор зери парда бимонад. Бар изофаи ин оё Тоҷикистон пуле ҳам барои хомӯш нишастани Эрматов ва Назаров дод ё на, маълум нест, ба истиснои он ки харҷи додгоҳии Тоҷикистон наздик ба 200 миллион доллар шуд, аммо ба эълони ҷаноби Додситони кул Бобоҷон Бобохонов, ошкор гардид, ки як шарти созиш бекор кардани парвандаи ҷиноӣ будааст. Офарин ба Тоҷикистон. Ин ваъдаро иҷро кард.

12 Responses

  1. Салом ба дустони хамватан!
    чандин борхо гуфтам боз хам такрор менамоям ки гунохи “Рахмон и К” хеч аст. Мардуми гусфандмичози точик гунахкор аст ки се чор дона гусфандсаворро ба худ рахбар таъин намудааст. Бовар кунед агар ин мардума дар пеши чашмаш зану духтараша тачовуз куни хам боз хам рахмат мегуянд.
    Зихи Рахмон кандата зан ки як худат бо чанд нафар хешу таборат 7 миллионро хамчун гов савор шуда гашти. Зихи…
    Точикон мегуянд ” хар касе метонад ошаш шавад” Пас ин мардак тавонистааст. Мо бояд аз худамон гиламанд бошем.
    Узр мехохам, вале гумонам хакикат ин аст.

  2. Charo khabarnigore as in khaltai g-h (khoned bobokhonov) napursid, ki 200 million dollari baroi murofia sarfshuda as kujo pardokh gardidand. Adliya dar Tojikiston duruya ne, balki fohisha gashtaast.

  3. Ачаб хукумате дорем!
    Гург (хукумат) ва шагол (Эрматов) гусфанд (пули халк)-ро хамрох хурданду баъди лабхояшонро лесиданд мегуянд ки чунин кор нашудааст ва гусфанд ба хаво паридааст!

  4. Генпрокуратура Таджикистана заявляет, что контролирует каждый шаг опального журналиста Атовуллоева
    13:02
    13-01-2009
    CA-NEWS (TJ) –

    Генеральная прокуратура Таджикистана утверждает, что знает о «каждом шаге» оппозиционного журналиста Додожона Атовуллоева, живущего и работающего за рубежом.

    «Мы знаем, где он находиться. Каждый его шаг под нашим контролем», – заявил генеральный прокурор республики Бободжон Бобохонов на пресс-конференции в Душанбе во вторник.

    По его словам, уголовное дело в отношении Атовуллоева «будет расследовано до конца», после чего все материалы, в том числе санкция на арест будет передано государству, в котором он находится.

    Он напомнил, что согласно Минской конвенции СНГ государство-участник по запросу другого государства Содружества «обязано продолжить преследование» подозреваемого.

    Напомним, что в сентябре прошлого года Генпрокуратура республики возбудила уголовное дело в отношении Атовуллоева по двум статьям Уголовного кодекса по представлению Министерства внутренних дел Таджикистана.

    Сотрудниками Управления по борьбе с организованной преступностью МВД республики установлено, что журналист, являющийся главным редактором опальной газеты «Чароги руз» («Дневной свет»), публиковал на сайтах Фергана.ру и в своей газете статьи, «содержащие оскорбления в отношении президента страны и членов правительства, а также призывы к свержению конституционного строя».

    Полгода назад генпрокурор назвал Атовуллоева «преступником и информационным террористом». Бобохонов заявил тогда, что Атовуллоев, живущий за рубежом, портит имидж всех таджиков, и пообещал, что возглавляемая им структура приложит все усилия по задержанию журналиста и привлечению его к уголовной ответственности.

  5. Холо фикр кунед, ки аз Мамадрузй Искандаров сар карда, садхо нафар барои кадом гунохашон дар махбас мешинанд. Эрматов ва Назаров бо дуздидани кариб 500 миллион доллари точикон кайф карда мегарданд, Искандаровро бо иттихоми сиркати 2 миллион доллар ба хабс шинонданд, ки хамонро хам исбот карда натавонистанд ва хамааш дуруг буд. Чи кадар инсони дигар бо гуноххои сохтаву бофта зиндониянд.

  6. Rustami Aziz,

    oyo imkoniyate hast baroi kopi kardani parvandai maskur?

    Samak

  7. Nusxai hujathoi in da’voro az kujo dastras kardan mumkin?

  8. waw, вот это да……

  9. Самак ва Фирдавси азиз, нусхаи ин аснодро метавонед дар ин чо пайдо кунед, ки хамчунин шомили се санади дигар низ хастанд, ба чумлаи бохтани 150 миллион доллар аз тарафи Талко дар бахс бо Хидрои Норвегия, ки дар он низ хидмати Эрматов ва Назаров бузург будааст ва онхо ба манфиати Хидро кор карда, ватани худро ба зону шинонданд.

    Нигаред ба ин торнигор:

    http://johnhelmer.net/?p=668

  10. salom barodari aziz . voqian man z didani soiti shumo khush hol shudam .umedvoram muvafaq boshed jihati bedori mardum va taraqi kishvar

  11. Gur bar sari Ermatov va Nazarov, mavodi tornomai Helmer hukumati Tojikistonro dar nasdi Khudovu khalki bashar sharmanda mekunad.

  12. Ин лахзахоро хеле дер боз интизор будам.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: