Кишварро чӣ тавр бояд дуруст идора кард?

Хафт коидаи оддии давлатдории окилона

Ботур Қосимй

titleДастури комили идораи дурусти кишвар вучуд надорад. Раисчумхури нав бояд аз тачрибаи хуби рохбарони пешина омузад ва агар сабаки хуб барои омухтан набошад, кори хукумати худро зуд-зуд натичагири карда, аз хатогихо дархол омухта, пешниходхо ва шахсони навро ба халли мушкилихои чомеа чалб намояд.

Ба хар хол, аз мушохидахои худамон баъзе коидахои асосиро барои дуруст идора намудани кишвар ин чо нашр мекунем, ки шояд дар арафаи чамбасти харсолаи фаъолияти хукумат чаноби Рахмон ба эътибор гирад, ки умедворем аз фоида холй нахохад буд.

Коидаи 1 – Дар атрофи худ чамъ кардани шахсони росткору боинсоф. Онхо метавонанд дар халли мушкилии аввалиндарача, яъне фасод (коррупсия), ки омили асосии пастшавии боварии мардум ба хукумат аст, кумак намоянд. Хатто агар фасод зиёд кохиш наёбад хам, мардум дарк хохад кард, ки шахсони росткору боинсоф дар сари кор хастанд ва бо ин падидаи номатлуб мубориза мебаранд. Хешу табор ё дустонро инчо шомил кардан мумкин аст ба шарте, ки дар хакикат бо хислат ва донишу тачрибаи худ арзандаи вазифа бошанд.

Коидаи 2 – Талаботи асосии мардумро пеш аз хама конеъ кардан, аз чумла талабот ба чои зисти дастрас, гизои кофй ва чои кор, ки се талаботхои асосии хар як инсон ба шумор мераванд. Агар мардум чои зисти дастрас надошта бошанд, пас мо бояд шароитхои боимтиёзи (субсиди) сохтан ё харидани хонаро мухайё намоем. Барои ин максади хуб аз Бонки Чахонй хам карз гирифтан мумкин аст. Сохтани корхонахои истехсолии хурду миёна хеле мухим аст то шахрвандон чои корие дошта бошанд, ки худ ва хонаводаашонро таъмин карда тавонанд. Фахмидан зарур аст, ки чи гуна молу хизматхоеро кишвар метавонад дар бозори чахонй боракобат истехсол ва содир намуда, даромад ба даст биёрад.

Коидаи 3 – Агар кишвар боигарихои табии бисёр надошта бошад ба чуз аз кувваи кории арзон, пас чалби ширкатхои бузурги байналмиллалй дар сохмонти корхонахои саноати, ки молашонро аз дигар чойхо арзонтар истехсол карда тавонанд, зарур аст. Ба ин гуна ширкатхо озодихо аз андоз ва дигар имтиёзхо додан мумкин аст. Дар як вакт, ин корхонахо метавонанд ба мардум касбу махорати пешрафтаро биомузонанд, то зиндагиашонро пеш бурда тавонанд. Агар мардум кор надошта бошанд ва кашшокиву гуруснагй дар чомеа авч гирад, шуришхои ичтимой сар заданашон аз эхтимол дур нест, ки ин метавонад сабаби аз байн рафтани хукумат гардад.

Коидаи 4 – маориф ва таълиму тарбияти мардум, махсусан чавонон бояд хамеша яке аз максадхои баландтарини рохбарият бошад. Бояд хар шахрванд имкони гирифтани таълими фарогир ва босифат дошта бошад вагарна такдирашон дар кучахо мемонад, ки ин боз мушкилихои дигарро ба бор меоварад. Донишчуёни бехтаринро барои тахсил ва тачрибаомузихо ба кишвархои пешрафта сафарбар кардан мухим аст то дар оянда гурухе боистеъдоду сохибдониш ба воя бирасад, ки дар пешрафти давлат ёрирасон гашта тавонад.

Коидаи 5 – Нахуст андозхоро сабук ва осон кардан дуруст аст. Баъдан, вакте ки ширкатхо ва мардум хам фаъолияту вазъияташон хубтар гардад, андозхоро бомеъёр ва тадричан баланд бурдан метавон. Албатта, барои идора кардани кишвар даромад доштан зарур аст, ки як кисми онро андозхо меоранд, аммо агар нозукихои ин сохаро дарк накунем ва дуруст ичро накунем, хам даромад ва хам мардум ру ба гурез хоханд ниход. Бино бар ин, танзими буча хеле мухим аст ва харочот бояд дакик ва аз меъёр бештар (дефисит) набошанд.

Коидаи 6 – Аз рузи аввал бояд намуди таблигии (бренд) кишварро дар чахон муайян кард ва ба он бояд кушид. Мехохем чахон моро чй гуна шиносад? Оё мехохем, ки моро чомеаи чахони хамчун як макони хуби сайёхи-таърихй бидонад ё хамчун кишваре, ки дар он тичорат кардан осон аст ё хамчун як маркази фасоду нотинчиву нобоварй?

Коидаи 7 – Бо миллат ва барои миллат кор кунед. Ба мардум бевосита гуш дихед ва дарду орзухои чомеаро тадкикот бурда дакик созед. Баъзан дар макоми раисчумхур будан фикр кардан мумкин, ки шумо факат хак хастед. Вале, касе нест хато накунад. Надониста хато кардан як чизест, ки метавон ислох кард. Хулосаи мардумро руирост ва ошкоро шунавидан барои рохбари кишвар хеле муфид аст. Ин корро то интихоботи оянда партофта мондан хирадмандона нест, ки шояд он вакт дер шавад.

8 Responses

  1. Вакте як кавм ба чахолат фуру меравад…

    Нимашаби 9-ум ба 10-уми январ дар аксари кулли шахру дехоти Точикистон бар асари овозаи имкони заминларзаи шадид даххо хазор ва шояд садхо хазор мардум ба кучахо рехтанд. Кучахои шахри Душанбе аз марду зан, пиру кампир ва тифлу чавон, ки туда-туда ва ларзида-ларзида мегаштанд, пур буд. Дар шахри Кулоб даххо хазор мардум шахрро тарк гуфта, ба талу тепахо гурехтаанд. Чунин холат дар тамоми манотики кишвар рух додааст.

    Касе аз ин садхо хазор мардуми «хушёр» ва «огох» намедонист, ки ин пешгуии заминларза бар кадом асос аст, вале кариб хама «медонист», ки бояд «10 балл чунбад». Яке мегуфт, ки «хезед, ки ин хабарро телевизиён додааст», дигари мегуфт, ки «хезед, ки хамаи мардум чунин мегуянд», нафари дигаре мегуфт, ки «хезед, ки кампир гуфтааст».

    Дар байни ин тудахои мардум хам омй буду хам зиёиву хам шоиру хам давлатдор. Ва касеро ба ёд хам намеомад, ки инсоният то ба хол ба пешгуии саддарсадии заминларзахо даст наёфтааст ва ин телевизиёни Точикистон агар ин кадар расонаи «огох» мебуд, масоили доги кишварро саривакт барраси мекард.

    Дар зери тирезаи хучраи ман то сахар садхо нафар бо тарсу вахм бедорхоби дошт. Ва ба ин камоли чахолат хандаи ман меомад. Ва танхо дилам ба тифлони дар дасти чохилмодарон ва чохилпадарон буда месухт. Имшаб назари ман дар ростои мардуми Точикистон ба кулли тагйир хурд. Ман эхсос кардам, ки дарди аслии ин мардум ва сабаби аслии бадбахтихои ин кишвар чахолат аст, ки торафт жарфтар мешавад. Ин кавмро, ки на рузнома дорад, на китобхонаву фарханги китобхони, овозаи «як кампири фолбин» ба кучахо мекашад. Фазои иттилоотии ин кишвар танхо пур аз васфи раисону кошпарронии хофизону синачунбонии раккосахост.

    Сахар аз кучахои обзада ва руфтаи Душанбе мегузаштам, вале худро дар кучахои як дехаи калони Бухорои Шаркии асри 18 медидам, ки пур аз чохилони аврупоинамо ва ба кавли эронихо «каравотпуш» буд.

    Хохиш аз муаллифи сомона: Агар имкон бошад инро дар сахфаи сомонаатон чой дихед.

  2. Хеле ошкору рушан метавон дид, ки кишварро овозахо бехтар аз хукумат ва раиси чумхур идора мекунанд.

    Ба як гапи дуруг садхо хазор точик шабро дар куча руз карданд. Боз чй мехохед?

    Соли гузашта кишварро овозаи ба гардани Хасан Асадуллохзода тир задани Рустам Эмомалй кишварро идора кард, акнун овозаи заминчунбй имсол мамлакатро идора хохад кард….

  3. Кишварро чӣ тавр бояд дуруст идора кард?

    Чаро Ботур Косимй шарти асосии давлатдориро намегуяд?
    Шарти якум ва асосии давлатдории дуруст ин бо рохи интихоботи вокеан шаффофу демократй ва одилона ба сари кор (на кудрати номахдуд!) омадан аст. Шарти дувум Конуни асосиро аз хама чиз ва кас (аз чумла, аз худ хам) боло гузоштан ва хеч гох ва ба хеч манофеъе онро вайрон накардан.
    Он чи ки Э. Рахмонов хеч гох риоят накардааст.

    Коидахое ки муаллиф дар инчи овардааст, хамааш жожу мож аст ва аз мавзуи асосй дур кардани одамон.

  4. Кишвари моро хуб идора кардан мумкин аст, ки мардуми он хуб ва инсонвор зиндаги кунанд. Вале авсус, ки ягон рохбари дуруст надорем. Аз ин ЭШР кай халос мешавем? 17 сол шуд. Боз чанд соли дигар ин махлук дар гардани миллати точик меистода бошад?!!!!!

  5. Hoshim, barodari aziz!

    In qoidaho/maslihatho baroi raisjumhuri imruza nigaronida shuda ast, na baroi chi tavr boyad raisjumhur intikhob bishavad. Dasturi soddaest baroi idora kardani oqilonai kishvar, ki on khud hatman ma’noi idorai demokrati doshtanro namedihad. Voloiyati qonun va intikhoboti shaffofu ozod, ki qaid karded, inho az omilhoi asosii idorai demokrati hastand va albatta, ijroi onho muhim ast. Mo dar borai idorai oqilonai kishvar suhbat mekunem va shoh ham oqilu odil shuda metavonad (namuna Anushirvon, Ismoili Somoni).

    Maqsad, dusti giromi, na dur kardani mardum az mavzui asosi, balki bo maslihatu mashvarat, na daghalivu pupisa, nazdik ovardani hukumat (janobi Rahmon) ba niyozu mushkilivu andeshahoi millat ast. Fikr mekunam, ki shoyad bo in roh mo ba maqsad osontar birasem va nihoyat, rohbariyati kishvar az nerui javonon va korshinosoni asil beshtar istifoda bibarad, ki soli nav oghozi nav guftaand. Umedvorem!

    — Botur Kosimi (Istaravshan)
    viloyati Vermont, IMA

  6. Б. Косимй менависад:

    Хошим, бародари азиз!

    Ин коидахо/маслихатхо барои раисчумхури имруза нигаронида шуда аст, на барои чи тавр бояд раисчумхур интикхоб бишавад. Дастури соддаест барои идора кардани окилонаи кишвар, ки он худ хатман маънои идораи демократй доштанро намедихад. Волоияти конун ва интикхоботи шаффофу озод, ки кайд кардед, инхо аз омилхои асосии идораи демократи хастанд ва албатта, ичрои онхо мухим аст. Мо дар бораи идораи окилонаи кишвар сухбат мекунем ва шох хам оqилу одил шуда метавонад (намуна Ануширвон, Исмоили Сомонй).

    Максад, дусти гироми, на дур кардани мардум аз мавзуи асосй, балки бо маслихату машварат, на дагаливу пуписа, наздик овардани хукумат (чаноби Рахмон) ба ниёзу мушкиливу андешахои миллат аст. Фикр мекунам, ки шояд бо ин рох мо ба максад осонтар бирасем ва нихоят, рохбарияти кишвар аз неруи чавонон ва коршиносони асил бештар истифода бибарад, ки соли нав огози нав гуфтаанд. Умедворем!

    – Ботур Косимй (Истаравшан)
    вилояти Вермонт, ИМА

  7. Ботурчони гироми!

    Ин хама пешниходхои ватанпарваронаву дилсузии миллии ту барои ин хукумат мисли «ба гуши хар Куръон хондан аст».
    Худоро хазорон шукр, ки мисли шумоён ин миллат хануз чавонони хушёру механпарвар дорад, яъне ки мо хастем. Шиори кунуни мо дар ин мархилаи сарнавиштсози таърихи бояд «Мо хастем!» бошад. Бо хамин шиор хамаи мо муттахид мешавем ва, Худо хохад, Ватанро намегузорем аз байн равад. «Мо хастем!» рохи начоти миллат аст! Баъд ин барномахову пешниходхои вокеан милливу инсондустии шумоёнро пиёда намуда, рохи тамаддун, озоди, башардусти, пешрафтро пеш гирифтан вазифаи хар як точик ва шахрванди Точикистон мешавад.

    Ташаккур, Ботурчон!

  8. Бародари азиз, Афшин!

    Барои андешахои оливу илхомбахши ватандустона хазорон сипоси самими. Бовар дорам, ки бо захмати чавонони рушанфикру механпарасти имруз фардои миллат накутар хохад шуд.

    Бигзор, ки ин гуфтахо мисли “Ба гуши хар Куръон хондан” бошад, вале фикр мекунам, ки бовучуди ин хар яки мо бояд садо баланд кунем ва бо хамдигар дар ин рузхои мушкили кишвар бештар маслихату машварат намоем ба хотири ёфтани рохи бунёди ояндаи бехтари миллати худ. Аз ин ру, шиору пешниходкардаи шумо “Мо хастем!” низ айнан ин гуфтахоро тасдик мекунад, яъне бигуем, ки мо хастем, мо хаминчоем ва аслан, мо хамрох бо шумоем, ки якчоя кумак кунем то давлати худро аз ин холи хароб начот бидихем ва обруи миллатро аз нав эъхё бинамоем. Чи тавре, ки Фирдавсии бузургвор фармуда:

    Биё то чахонро (Точикистонро) ба бад наспарем,
    Ба кушиш хама дасти неки барем.

    Орзумандам, ки худованд хамаи моро ба максадхои некамон бирасонад ва барномахои хубе бахри шукуфоии Ватан, бо дасти касе ки бошад, соли 2009 амали гарданд. Ватан асос аст, миллат азиз аст ва факат ёди нек абадист.

    Пируз бошед!

    – Ботур Косими

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: