Вакте як кавм ба чахолат фуру меравад…

Хонанда аз шахри Душанбе

Нимашаби 9-ум ба 10-уми январ дар аксари кулли шахру дехоти Точикистон бар асари овозаи имкони заминларзаи шадид даххо хазор ва шояд садхо хазор мардум ба кучахо рехтанд. Кучахои шахри Душанбе аз марду зан, пиру кампир ва тифлу чавон, ки туда-туда ва ларзида-ларзида мегаштанд, пур буд. Дар шахри Кулоб даххо хазор мардум шахрро тарк гуфта, ба талу тепахо гурехтаанд. Чунин холат дар тамоми манотики кишвар рух додааст.

Касе аз ин садхо хазор мардуми «хушёр» ва «огох» намедонист, ки ин пешгуии заминларза бар кадом асос аст, вале кариб хама «медонист», ки бояд «10 балл чунбад». Яке мегуфт, ки «хезед, ки ин хабарро телевизиён додааст», дигари мегуфт, ки «хезед, ки хамаи мардум чунин мегуянд», нафари дигаре мегуфт, ки «хезед, ки кампир гуфтааст».

Дар байни ин тудахои мардум хам омй буду хам зиёиву хам шоиру хам давлатдор. Ва касеро ба ёд хам намеомад, ки инсоният то ба хол ба пешгуии саддарсадии заминларзахо даст наёфтааст ва ин телевизиёни Точикистон агар ин кадар расонаи «огох» мебуд, масоили доги кишварро саривакт барраси мекард.

Дар зери тирезаи хучраи ман то сахар садхо нафар бо тарсу вахм бедорхоби дошт. Ва ба ин камоли чахолат хандаи ман меомад. Ва танхо дилам ба тифлони дар дасти чохилмодарон ва чохилпадарон буда месухт. Имшаб назари ман дар ростои мардуми Точикистон ба кулли тагйир хурд. Ман эхсос кардам, ки дарди аслии ин мардум ва сабаби аслии бадбахтихои ин кишвар чахолат аст, ки торафт жарфтар мешавад. Ин кавмро, ки на рузнома дорад, на китобхонаву фарханги китобхони, овозаи «як кампири фолбин» ба кучахо мекашад. Фазои иттилоотии ин кишвар танхо пур аз васфи раисону кошпарронии хофизону синачунбонии раккосахост.

Сахар аз кучахои обзада ва руфтаи Душанбе мегузаштам, вале худро дар кучахои як дехаи калони Бухорои Шаркии асри 18 медидам, ки пур аз чохилони аврупоинамо ва ба кавли эронихо «каравотпуш» буд.

10 Responses

  1. Хабаргузорихои гуногуне иттилоъ доданд, ки мардуми шахрхои Душанбе, Хучанд, Кулоб, Кургонтеппа ва манотики дигар шабро дар кучахо ба сар бурданд, зеро овоза пахн шуда буд, ки заминларзаи шадид ба амал хохад омад.

    Аз руи он ки Вазорати умури дохилй ва Кумитаи амнияти Точикистон барои тахкики ходиса ва ёфтани манбаъи овозахо парвандаи чиной боз кардаанд, масъала дар вокеъ чиддй ва сартосарй будааст.

    Бархе аз шохидон бедорхобии дастчамъонаро ба Рузи киёмат монанд мекунанд. Расонахои хабарии кишвар натавонистаанд аз пахн шудани овозахои дуруг пешгирй кунанд.

  2. Сахехтарин арзёби дар баробари мардуми Точкистон!
    Мардумро мисли худашон кардаанд, онро дигар тагйир додан амри махол аст. Дар 20 сол хамин тури шуда бошад 200 сол зарур аст ки онро ба аслаш баргардони.
    Хеле мутаассуфам…

  3. Hama ba fikrm az tarafi khudi vazorati amniyat sar shudagiyan. In khel ovozaho be sabab nestand. Boz vahmi marduma baroi yagon kor ovardaniyand.

  4. Аммо барои пурра рушан шудани вазъ ин хабарро хам ба назар гиред, ки бомдоди рузи 10 январ дар соати 7:20 ба вакти Точикистон дар кишвар заминларза рух додааст.

    Маркази зилзиласанчии Мадитарона (Бахри Миёнзамин) иттилоъ дод: ки неруи заминчунбй дар Точикистон 3,3 дарачаи чадвали Риштер будааст.

    Magnitude ML 3.3
    Region TAJIKISTAN

    Date time 2009-01-10 at 02:20:22.0 UTC
    Location 37.72 N ; 68.89 E
    Depth unknown
    Distances 95 km S Dushanbe (pop 543,107 ; local time 07:20 2009-01-10)
    6 km E Vakhsh (pop 15,215 ; local time 07:20 2009-01-10)
    More seismicity information (Moment tensors, phases pickings, etc.)

  5. Tajik, on January 10th, 2009 at 4:37 pm Said:

    Hama ba fikrm az tarafi khudi vazorati amniyat sar shudagiyan. In khel ovozaho be sabab nestand. Boz vahmi marduma baroi yagon kor ovardaniyand.

    TAJIK агар ин кори худи амният, хукумат ё шахсони алохида бошад, пас максад дар чист???? Бо ин кор чи мехоханд???
    Агар мехостан фахманд то чи андоза мардуми мо бе фикр кардан амал мекунанд ё то чи дарача бесавод хастанд ё ягон чизи дигар.. Ба фикрам ин рохи дурусти муайян кардани ин нест….. Зеро мо точикон як маколи хубе дорем «МОРГАЗИДА АЗ БАНДИ АЛА МЕТАРСАД» мардум як бор фахмиданд ки ин дуруг аст бори дигар набояд ба ин хел ахмакихо бовар кунанд.

  6. Rosti in millat hamavakt dar jaholat bud, hast va sadsolahoi digar khohad mond.

  7. baroi in khel khalqi johil, hamun Emomali ziyod ast.

  8. Ёрон,

    Чаро чанбаъи дигари ходисаро нигох намекунед? Макомот аз тарики телвизюн борхо ин ахборро рад карданд, вале боз хам мардум тан надод, зеро ба ягон калимаи ин хукумат, ин телевизюн ва хамаи нашрияву расонахои хидматгузори давлати рахмонй бовар надоранд.

    Мардум танхо ба хамдигар, ба хешу наздикони худ бовар дорад, дигар ба хеч кас ва хеч чиз. Вагарна, агар мусалмон мебуданд, мегуфтанд, хар чизе шавад, амри Парвардигор аст ва ин гуна худро гулу коно намудор намекарданд.

    Аз суе хам ин давлатдорй халкро онгуна ба истилохи русй «болван» кардааст, ки мардум дарвокеъ ба як рама табдил шудаанд ва тавони андешиданро гум кардаанд.

    Нихоят, дар ин солхо ин кадар хаводиси гайрикобили боварй ба амал омад, ки халк дигар ба хеч чиз бо шубха нигох намекунад ва хама гуна, амалан, хама гуна ходисаро чашмдор буда метавонад.

    Холо бигуед, оё чуни кавм ояндае хохад дошт???

  9. На, ин кавм агар ба холи худаш бимони ояндае надорад. Гушнаву ташна, туъмаи скинхедхои хукхуру хамсояхои тангчашму хокимони дузду авбош раксу бози ва мардикориву туалет тоза карда мегардад. Аммо агар муъчизае аз хорич шаваду ба он таъсире дошта бошад, эхтимол. Дар ин маврид хам ояндаи ин кавмро хамон фактори хоричи хохад бозид.

    Рустамчон,

    такрибан пояхои давлати хеле сусту заифанд, зохиран давлатдори вучуд дорад. Эхтимолан масъалаи вучуди давлатдории Точикистон на ба солу дахсолахо, балки ба хафтаву моххо ченак шавад. Ин бисёр аламовар аст, дар ру ба руи чомеаи байналхалки як гурухи кучаки аз давлатдори миллионхо фарсах дур Точикистонро дар зарфи хеле 15-20 сол такрибан аз байн бурдааст.
    Хар касе хам ба чои ин гурухи нодида сари кудрат ояд, баркарорнамоии ин давлат хеле ва хеле мушкил аст.

  10. Афшини азиз,

    Бадбахтона, чунин ба назар мерасад, ки хамаи мардум ва хамаи рахбарони эхтимолй хамин «коидахои бозй»-ро кабул кардаанд. Аммо инхо на коидахои бозй, балки коидахои бохт мебошанд.

    Яке аз ёрони хамАндеш комилан дуруст гуфт, ки мардум норозист ва дар орзуи хаёти бехтар аст, аммо сарвар надорад. Сарварони эхтимолй ба як устухон дам ба дарун задаанд, дар махбас хобанд ё ба хорича гурехта бо бизнеси худ машгуланд.

    Холо хохй дид, ки як руз як шахси беному оддй аз байни халк хохад бархост ва занчири гуломонро хохад шикаст, он гох хамаи ин муру магас чамъ хохад шуд ва сару садо хохад андохт, ки мо хам будем, моро фаромуш накунед.

    Он руз мерасад. «Дидаам аз равзани девори зиндони шумо!»

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: