Казияи Фаластин: Чаро халли он ба дарозо мекашад?

Сухроб Шарифов (Бознашр аз «Чумхурият» №02 06.01.09.)

n5Давлати Фаластин бошад ё набошад? Оё дар сарзамини муқаддас ягон вақт сулҳ мешуда бошад ё ҷангу хунрезӣ ҳамчунон идома меёбад? Ин саволҳо ҷомеаи ҷахонро боз ба андеша водор кардааст, зеро даргириҳои рӯзҳои ахири Исроилу Фаластин ва бахусус мушакандозии аввалӣ, боиси ҷони худро аз даст додану захм бардоштании садҳо ва ҳазорҳо нафар аз мардуми осоишта ва харобу валангор шудани даҳҳо иншооту манзилгоҳ гардидааст.

Мавқеи бозигарони асосии сиёсӣ оид ба масъалаи Фаластин ягона аст: ҳама таъсиси давлати Фаластинро дар асоси қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ аз соли 1948 ҷонибдоранд. Вале ҳар кадом дар татбиқи ин қатънома маханизми хоси худро дорад. Мо шоҳиди садҳо ташаббус ва кӯшишҳои воқеии ҳалли ин қазия будем, ки хама ба нокомӣ мувоҷеҳ гаштанд.

ИМА наметавонад аз талошҳои боздоштани Исроил ҷонибдорӣ намояд, зеро он шарики стратегиаш дар Ховари Наздик аст. Русия ва Аврупо алҳол дар қабули қарорҳои муассир оид ба ин қазия таъсири ҷиддӣ намерасонанд. Давлатҳои араб, ба андешаи коршиносон, ҳама (ба истиснои Сурия) худро аз ширкати фаъолона дар ҳалли ин низоъ дар канор гирифтаанд. Як ҳолати зидду нақизе ба назар мерасад: аз як сӯ, ҷаҳон аз ин низои дурудароз хаста шудааст, аз сӯи дигар, бе ҳал мондани онро бисёр созмонҳои байналмилалии террористӣ ба нафъи худ истифода мекунанд. Ё худ, қазия ба бунбаст рӯ ба рӯ гаштааст. Ин бошад, ба амнияти ҷаҳон таъсири ҷиддӣ мерасонад. То ҷомеаи ҷаҳон манофеи худро мушаххас мекунад, ки низоъ авҷи тоза мегирад. Шаҳодати гуфтаи мо кӯшиши ахири Шӯрои Амиияти СММ (аз савуми январи соли 2009) оид ба қабули қарор дар бораи оташбас аст, ки бемуваффақият анҷом ёфт.

Марҳилаи кунунии ин низоъ хислати ҷалб кардани давлатҳоеро дорад, ки худро барои душмани сиёсати ИМА муаррифӣ намудан манфиатдор мебошанд. Яъне, бо истифода аз низоъ, ИМА нақшаҳои хешро дар минтақа пиёда месозаду баъзе созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳо амбитсияҳои зиддиамрикоии худро.

Хатари ин низоъ дар муносибатҳои кунунии байналмилалӣ дар он ифода меёбад, ки ҷаҳон дигар шудааст. Махсусан минтақаи наздик ба ҳудуди низои Исроилу Фаластин. Мо Лубнон, Ироқ, Эрон ва, ниҳоят, Афғонистонро дар назар дорем. Агар ҷомеаи ҷаҳон натавонад ин задухӯрд ва амалиёти мусаллаҳонаи Исроилро боздорад, он гоҳ ба Фаластин баъзе кишварҳои минтақа метавонанд срӣ кунанд ва дар он сурат Исроил барои фарохтар сохтани ҳудуди низоъ асосҳои иловаги ба даст меорад, ки ин худ метавонад беэътидолиро аз Исроил то Афғонистон таъмин намояд. Оё ҷомеаи ҷаҳон метавонад инро ба худ равон бинад? Албатта, не! Боздоштани мухолифати мусаллаҳона вазифаи муҳимтарини СММ, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Русия маҳсуб меёбад.

Тоҷикистон бо дарназардошти қатъномаҳои қабулкардаи СММ ва созишномаҳои сулҳ ҳамеша ба ҷонибдорӣ аз ҳалли осоиштаи низои Исроилу Фаластин садо баланд намудааст. Мо ҳамеша хостори гуфтушунид ва қабул шудани қарорҳои сулҳхоҳонаи барои ҳар ду ҷониб муфид мебошем. Ҳарчанд робитаҳо ва шароишҳои муосири байналмилалӣ хеле мураккабу нозуканд. Аз ин хусус Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишварамон, борҳо дар Паёмҳои солонаи хеш гуфтаанд. Чунончи, Сардори давлатамон дар Паёми соли 2006-и худ ба Маҷлиси Олии кишвар зикр намудаанд, ки «мо – ҳама шоҳиди густариш ва рушди ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи возеҳи рӯз мебошем. Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст. Ин тамоюлоти асосии ҷаҳони муосир ва равандҳои ба онҳо пайванд зарурати дар-ки масъулона ва пешбурди созандаи манфиатҳои глобалиро ба миён мегузоранд. Дар чунин шароит ба роҳ мондани ҳамкории судманди баӣналмилалӣ ба хотири коҳиш ве рафъи хатарҳои асосии глобалӣ- терроризм, окстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, ҳамчунин офатҳои окологӣ ва технологӣ самти муҳимтарини амалиёти муштараки ҷомеаи башарӣ мебошад. Пешгирии оқибатҳои ниҳоят хатарноки тамоюлоти дигари рӯз, қабл аз ҳама «бархӯрди тамаддунҳо», низ аз вазифаҳои муҳимтарини башарият аст. Ба андешаи мо, калиди аслии муваффақияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таҳия ва татбиқи стратегияи фарогир ва ширкати амалии ҳамаи давлатҳо дар ҳалли проблемаҳои зикршудаи ҳаётии умумибашарӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани манфиатҳои глобалист».

Бале, таҳияи стратегияи фарогири сулҳ барои Фаластину Исроил яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи кунунӣ ба шумор меравад.

Солҳост, ки ин низоъ ба системаи амнияти Ховари Наздик, балки кулли ҷаҳон тахдид мекунад. Мураккабии ин низоъ дар он ифода меёбад, ки бисёр созмонҳои тундрав бо истифода аз он кӯшишҳои пиёда кардани аҳдофи худро доранд, ки ба ноором сохтани дигар минтақаҳои ҷаҳон нигаронда шудаанд. Танҳо бо даъватҳо ин қазияро ҳал кардан имкон надорад, зеро он дар давоми даҳсолаҳо ба яке аз мушкилоти печидаи сиёсати ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст ва онро бояд профессионалҳо ҳал намоянд.

Мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи мазкур ба манофеи милливу давлатии мо ҷавобгӯ мебошад. Мо давлати ҷавон ҳастем, набояд эҳсоси зиракии сиёсиро аз даст бидиҳем, балки бояд мутобиқ ба қавонини байналмилалӣ ва манфиатҳои миллӣ амал намоем.

2 Responses

  1. http://www.votethenation.com Ba Tojikiston ovoz dihed

  2. Вакте ки дар Точикистони мо хуни точик дар давраи чанги шахрвандии тахмилшуда мерехт оё ягон фаластинй уф гуфт? Касе уф нагуфт, таассуф хам нахурд, барои хатми он сухан баланд накард, эътиоз он тараф истад. Ва агар номи Точикистон аз харитаи сиёсии дунё гум шавад хам валлох, ки касе дар он чо парво кунад!
    Мо бояд гами имрузу ояндаи худро хурем. Гами онхоро бигзор давлатхои аврабй ва умуман арабхо хуранд, чунки онхо араб хастанд. Махсусан Арабистони саудй.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: