Чаро модар фарзандашро мефурушад?

Шоми чумъа, 9 январ, чандин хабаргузорихо ва даххо нашрияхои интернетии Русия навиштанд, ки «Точикзане мехост фарзанди худро ба 200 доллар бифурушад.» Ин зан дар зойишгохи раками 1-и шахри Душанбе ба хабс гирифта шуда, холо дар боздоштгохи вазорати корхои дохилии Точикистон аст. Ин хабарро сардори дафтари матбуотии вазорат Махмадулло Асадуллоев таъйид кардааст. Хабаргузорихои русй илова карданд ба ин хабар, ки баччафурушии точикзанхо ходисаи нав нест, имрузхо даххо модар талош мекунанд, яке аз фарзандони худро бифуршанд, то дигар фарзандони худро таъмин кунанд.

Лахзае баъд ин хабар дар бисёре аз расонахои инглисизабон хам нашр шуд. Хайратовар аст, ки матбуоти Русия ва давлатхои Гарб ба ин хабар беш аз хад таваччух зохир карданд. Баъд аз сарбурии вахшиёнаи як точики бесохиб дар Маскав ва шиъорхои сафехонаи «Марг бар Исроил!» ин савумин хабар аз Точикистон буд, ки бо суръати барк (чизе ки холо дар Точикистон нодир аст) ба сартосари олам парвоз кард. Онхое, ки байни ин се хабар пайванде мебинанд, хеле окиланд ва бисёр чизхоро мефахманд. Онхое, ки намефахманд, бигзор шиъорхои нав ба наве гирифта, ба кучахо бароянд.

Аммо мард мебуданд, агар як бор аз хукумати худ мепурсиданд, ки чаро точикзанхо фарзанди аз дилу чигар мешудаи худро ба савдо мегузоранд. Аз куштори хамарузаи точикон дар Русия чизе нагуянд, аз худкушихои паёпайи точикон дар Точикистон чизе напурсанд, аз хонадомодхои чиноиву покистонй ва сигадорони эрониву хазора чизе ёд накунанд, аз силу СПИД хам, аммо як бор аз хукумати худ бипурсанд, ки чй чиз мачбур мекунад, то модар фарзандашро бифурушад? Ва бо кадом обру бояд ба куча баромад?

Advertisements

6 Responses

  1. Naboyd farzand furushem ey modaron.
    Mo boyad nasli navrasro ba tavri zamonavi tarbiyat namoem,on shahsone,ki sinashon az 60 guzashtastu fikru akidashon kuhna shudaast va namehohandki az vazifashon ravand onhor boyad majburan furushem to ,ki ba davlathoi peshraftai dunyo ravandu bo 2 chasmashon binand,ki chi hel ba nasli navras shartu sharoitho sohtand yane bogcha,maktab,talimgoho,kitobhoi kudakona .Davlathoi peshrafta oyandai davlatro dar nasli navras mebinand.Barodari aziz Rustam in hukumati mo mast ($) to ,ki ba poi hudashon hor nazanad bedor nameshad.

  2. Ватандуст менависад:

    Набояд фарзанд фурушем эй модарон.
    Мо бояд насли наврасро ба таври замонавй тарбият намоем, он шахсоне,ки синашон аз 60 гузаштасту фикру акидашон кухна шудааст ва намехоханд, ки аз вазифашон раванд онхоро бояд мачбуран фурушем то, ки ба давлатхои пешрафтаи дунё раванду бо 2 чашмашон бинанд, ки чи хел ба насли наврас шарту шароитхо сохтанд, яъне богча, мактаб, таълимгохо, китобхои кудакона.

    Давлатхои пешрафта ояндаи давлатро дар насли наврас мебинанд. Бародари азиз Рустам ин хукумати мо маст ($) то ,ки ба пои худашон хор назанад, бедор намешаванд.

  3. Ба хеч вачх модари солим ва окил фарзанд намефурушад,Ё хамон фарзандфуруш занаки девона аст ё ин навиштахо дуруг аст !!!

  4. Аммо аз он чо ки ин ходиса чандин бору борхо иттифок меафтад, даргумон аст, хамаи ин модарон носолиму девона бошанд.

  5. Дар холе ки аксари шавхарон дар Русия хастанд, занон таваллуд мекунанд ва аз тарси он ки бояд чавобашро ба шавхарашон бидиханд, фарзандони худро ба касони дигар медиханд ва ё мефурушанд. Ятимхонахои Точикистон пур аз кудаконест, ки падару модари аник надоранд.

    Оянда як бахши бузурги миллати моро хамин кудакон ташкил хоханд дод.

  6. Мушкилоти дигаре, ки аксаран аз ноухдабароии хукумати махалгаро ва худбини рахмоновй ба миён омадаанд, ин масъалаи шояд МУХИМТАРИНИ ояндаи Точикистонро дар соя гузоштааст. Дар хакикат НАСЛ мухимтарини масъалахост, зеро ба ояндаи дури мамлакат ва миллат рабт мегирад.

    Худи Кадушох Эмомалй Рахмон низ дар чаласаи хукуматаш эътироф кард, ки даххо модар тифлони худро аз зойишгоххо гирифтан намехоанд. Онхоро ба дунё меоранд, аммо аз бими масъулияти таъмин ва тарбия, чигарбандони худро мепартоянду мераванд. Яъне МОДАРИ точик аз одитарин вижагии як модар махрум мегардад.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: