Нангу номус ба чанд навъ аст?

Эътироз алайҳи ҷанг ва зӯроварӣ як кори башардӯстона аст.  Дар вилояти Суғди Тоҷикистон гурӯҳе бо шиъорҳои “Марг бар Исроил!” дар кӯча тазоҳурот карданд. Ҳафтаҳост, ки намояндагони Ҳизби наҳзати исломии кишвар дар ин ҷову он ҷо талаб доранд, намоиши бузурги хиёбонӣ барпо кунанд ва дар он Исроилро маҳкум намоянду ҳамраъйии худро ба мардуми Фаластин эълом доранд. Расонаҳои ахбори оми кишвар низ ба тамоми нирӯ талош мекунанд, рӯҳияи эътироз ва хушунатро зидди яҳудиён ангезиш диҳанд.

Беихтиёр як мисраъи шеъри устод Мирзо Турсунзода ба ёд мерасад:

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре…”

Ба чунин шакли хандаоваре мероси шӯравии тоҷикон бо исломи навёфтаашон омезиш шудааст. Ҳанафия бо салафия омезиш ёфтааст, зеро дар ин тазоҳурот аъзои Ҳизби наҳзат бо салафиён паҳлуи ҳам истодаанд. Ва пули Эрони исломӣ ҳамаро ба бозӣ овардааст.

На танҳо мисраъи Турсунзода, балки масалу маталҳое низ ба ёд мерасанд:

Кӯзагар аз кӯзаи шикаста об мехӯрад. Мӯзадӯз худ мӯза надорад. Почаканда ба беэзор механдад. Кал агар табиб будӣ, сари худ даво кардӣ.”

Ин мардуме, ки ба фурудгоҳи Душанбе наомад, тобути фарзанди сарбуридаи миллаташро бо ашку хашм рӯйи даст бигирад, акнун барои онҳое ашк мерезад, ки даҳсолаҳо ба ҷони ҳамдигар афтодаанд ва низоъи онҳо кору ҳаёти онҳост. Даъвои онҳо ба ҳамдигар барои касоне ки огоҳӣ доранд, ҳар кадом ба шеваи худ ҳақ аст. Вале моро чӣ кор? Чаро ба худ ашк намерезем?

Марги қариб 700 тоҷик дар Русия, марги наздик ба 400 тифли навзод бар асари сармои соли гузашта оё марги инсонҳо набуд? Чаро дар як маврид ин қадар банангу номусем ва дар мавриди дигар — муши мурда?

Ман дар сафи аввали тазоҳурот мерафтам, агар он на мазҳабӣ мебуд, балки умумиинсонӣ ва куллан зидди ҷанг мебуд, на зидди як қавме, ки онро “алайҳилаъна” унвон кунам ва на бо ангезаи бегонагону пули бегонагон барпо мешуд, балки аз мағзи дили мардумам бармехост. Чӣ гуна ба ин шиъорҳову ашки чашмони мардуме бовар кунам, ки барои қатли ваҳшиёнаи бародари худ ба пой нахесту ҳоло барои рӯйдодҳои садҳо километр дур аз ватанаш доду фиғон мекунад?

Дуруст аст, ки бомбаборони паноҳандагон дар бинои мактаби Созмони Милали Муттаҳид эътирозангез аст, вале магар ба тирборони паноҳандагон дар минтақаи марзии байни Тоҷикистону Афғонистон дар зимистони соли 1992 шабоҳат надорад? Ва ё бомбаборони Ғарму Тавилдара?

Муҳосира ва беҳуқуқии фаластиниҳо оре, ҷиноят аст. Аммо аз муҳосира ва маҳви ҳувияти тоҷикон дар Самарқанду Бухоро ва дигар манотиқи Узбакистон монандие надорад?

Барҳақ, кал агар табиб будӣ, сарои худ даво кардӣ…

19 Responses

  1. Kuri khud, binoi kas.

  2. Эътирозе, ки ХНИТ чанд руз кабл алайхи чанг дар Газза карда буд, икдоми хуб буд , аммо ба фикри ман ин эътироз на ба хотири мардум, балки ба хотири баланд бардоштани имичи худи ин хизб буд. Агар ин тавр набошад, чаро ин хизб алайхи катли мардуми точик дар Русия садо баланд намекунад? Ё мардуми точик , бахусус мухочироне , ки дар Русия умр ба сар мебаранд, мусалмон нестанд? Ва ё мусалмонии точикон барои Хизби нахзати ислом камтар аз мусалмонии мардуми давлатхои исломи аст, ки бехабар аз вазъи мардуми худ барои дифои мардуми гайр садо баланд мекунад?

    Хеле хуб, ки гурухе аз мардум дар вилояти Сугд бо нишони эътироз бо шиори “Марг ба Исроил” баромад карданд, аммо сад афсус, ки чунин корро ба хотири мухочирони кушташуда дар Федератсияи Русия , анчом намедиханд.

    Дар ин майдони бахс назароти чандин нафарро аз гушахои мухталифи Точикистон хонда будам, онхо даъво доштанд, ки худашон ба пешвози тобут мераванд, вале ваъдахилофи карданд. Ба фикрам барои онхо аз манотики дурдасти кишвар ба фурудгохи пойтахт омадан коли хеле ВАЗНИН буд ё хушашон нододу ба фурудгох наомаданд ва ё ин мардум ба харзагуйи ва бехуда барбод додани суханони худ одат кардаанд……

    PS. Агар Хизби нахзати ислом вокеъан хохад имичаш баланд шавад ва нуфузашро миёни мардум дар Точикистон боло бардошта лоики эътирофу эътимод шавад , бояд ба хотири мухочирони точик низ икдоми ба ин монандро пеш бигирад.

  3. Инчо масъала сар чуръат ва часорат мебошад. Оё касе метавонад имруз дар бораи мушкилоти дохилии кишвар ошкор танкид кунад ё тазохурот намояд? Расонаи хабари ё хизби сиёси ё хар каси дигар? Не! Алайхи Исроил эътироз кардан хам ниёз ба часорат дорад, агарчи Исроил дур асту зарараш мустакиман намерасад. Дар бораи мушкилоти дохили касе чуръат надорад, вале нахзат акалан дар бораи Фаластин эътироз мекунад ва инсофан бояд ин кадр шавад.

    Оне, ки дар торнамо ё сайтхо бо номхои гуногун менависему танкид мекунем, нишонаи часорати мо нест, балки нишонаи он аст, ки харфе барои гуфтан дорему часорати ошкор гуфтанро не.

    Хама мехохем, ки ин харфхо аз забони дигарон дар майдону матбуот садо дихаду худамон танхо аз тарики торнамо бахогузори намоем, ки часур асту ки бечурат.

    Рости гап, талаби майдон баромадан хам часорат аст, акалан часорат кунем, ки дар хамон майдон биёему ин танкидхоро аз хамон хизбхо дар хамон майдонашон бигуем. Рафтем? Ё майдони мо хамин сахифаи торнамост? Барои нарафтан бахона зиёд аст. Яке онро мазхаби мегуяд, дигаре миллатгарои, саввуми дуняви ва г. Мухим, ки нараваду бахонае дошта бошад.

    Шояд аз сад кас бештар навиштанд, ки ба пешвози тобути он чавонмарг касе нарфт, агар хамин сад каси эродгир мерафтанд, кофи буд, аз чумла дустоне, ки дар торнамо хеле фаъол мебошанд. Боз хам чуръат ва чуръат…

  4. Ин талоши дуввуми Хизби нахзати исломии Точкистон аст, ки мехохад алайхи беадолатихо нисбат ба мардуми мусулмони Фаластин эътироз кунад. Вале аз ин гуна эътирозхо мижаи касе тах намехурад.

    Онхое, ки ба харфхои рахбарони бузургтарин созмонхо ва кишвархо гуш намедиханд, чи чойе, ки ба харфхои Хизби нахзат гуш кунанд ва ба бахсу даргирихои худ нукта бигузоранд. Ирсоли си хазор сомонии мусулмонхои Точикистон ба мардуми азияткашидаи Фаластин агар аз руйи мусулмони хуб аст, аммо як саволе дар пай дорад.

    Чаро мусулмонхои дохили Точикистон я бор садо баланд накарданд, ки точики онхоро вахшиёна мекушанд ва онхо барои овардани тобути фарзандону наздикони худ пул надоранд? Чаро мо наетавонем, ки ба дармондахои худ чунин як кумаки моли кунем???

    Рости гап, дар ин Точикистон гурдадоре намондааст. Хамаи гурдхо рафтаанд ва бегурдахо мондаанд. На инаш бовар дораму на ба дигареш. Ба беномусон бовар кардан нашояд. Вагарна як Кабири метавонад бо тичорате, ки дорад дусад чавонмарди точикро кор дхад ва пуштибони кунад. Аммо намекунад.

    Аз даргохи хизб то марказхои тахлиливу заводаш ва федератсиюни хандболаш хамаги наздиконаш “захмат” мекашанд ва пул мегиранд.

  5. Рустам Ого! Мегуед ки
    Ман дар сафи аввали тазоҳурот мерафтам, агар он на мазҳабӣ мебуд, балки умумиинсонӣ ва куллан зидди ҷанг мебуд, на зидди як қавме, ки онро “алайҳилаъна” унвон кунам ва на бо ангезаи бегонагону пули бегонагон барпо мешуд, балки аз мағзи дили мардумам бармехост…
    ————————————————————
    шумo чанд сол боз дар Точикистон нестед ва дар бораи дили мардуми точик чи мегуед? мурдани мухочирхо хости Худо хаст, аз сиёсатхои рахмон хаст, харчи хаст хаст. да точикистон хам одамхо мемиранд ва дар хар кучо ИН БА ФАЛАСТИН чи дахл дорад? бо пуи бегонахо мегуед ки хеле хандаовар Ягон точик асил агар мисли шумохо бисёр набошанд ин гуна фикр намекунад Дили мрдумро чи медонед Ого?

    Ин заъфи дигаратонро чи тавр фахмем:
    Дуруст аст, ки бомбаборони паноҳандагон дар бинои мактаби Созмони Милали Муттаҳид эътирозангез аст, вале магар ба тирборони паноҳандагон дар минтақаи марзии байни Тоҷикистону Афғонистон дар зимистони соли 1992 шабоҳат надорад? Ва ё бомбаборони Ғарму Тавилдара?

    Причем тут Гарм причем Афгонистон? саводи сиёсиатон хеле бад Нахзати ислом бари имичаш мекуна намекунад ДИЛИ мардуми точик ба фаластин месузад КОР аз кор гузашта рафт Мо барои он эътироз мекунем ки пагох амрио бо мо хам хамин тавр накунад иншоаллох фахмиде?

  6. Инкори ситам дар ҷое, қабули он дар ҷои дигар нест

    Бародари азиз ва дилсўзи мо Рустам Субҳонӣ дар ин мақола, ки таҳти унвони “Нангу номус ба чанд навъ аст” мебошад, зимни ибрози таассуфи хаҷулонаи худ нисбат ба ҷанги ноҷавонмардона алайҳи мардуми бегуноҳ ва бепаноҳи Фаластин, эътирози бархе аз мардуми Тоҷикистон нисбат ба ин фоҷеаи инсониро ҳадафи қалами хеш қарор дода, онро интиқод менамояд. Мегўяд: “Ба чунин шакли хандаоваре мероси шӯравии тоҷикон бо исломи навёфтаашон омезиш шудааст. Ҳанафия бо салафия омезиш ёфтааст, зеро дар ин тазоҳурот аъзои Ҳизби наҳзат бо салафиён паҳлуи ҳам истодаанд. Ва пули Эрони исломӣ ҳамаро ба бозӣ овардааст”.

    Воқеан, банда бо хондани чунин таълиқе, ки айни суханони саҳюнистҳои хуношом аст, таассуф хўрдам. Зеро барои ҳама имрўз маълум ва рўшан аст, ки саҳюнистҳо, зулму ситами ноҷавонмардонаи хешро, ба унвони “дифоъ аз нуфузи эрониён” ва ё “исломгароён” тавҷеҳ менамоянд ва бо ин кор, парда бар рўи ваҳшоният ва ҳайвонияти худ мепўшанд.

    Саволи банда аз ҷаноби Рустам ин аст, ки оё тазоҳурот ва эътирозоте, ки имрўз дар ақсо нуқоти гетӣ, чи дар олами ислом ва чи дар дар олами Ғарб, шоҳиди он ҳастем, “омезиши мероси шўравӣ бо исломи навёфта” аст?
    Оё ҳамаи ин эътирозот тавассути пули Эрон аст?
    Ё ин ки бархоста аз эҳсос ва шуури инсонӣ дар дифоъ ва мазлумон мебошад?

    Қатъан, барои ҳар инсони шарифе, ки эҳсоси инсонии ў бедор аст, мисли рўшноии хуршед маълум аст, ки тамоми ин эътирозот сарчашма дар шуури инсонии ў мебошад.
    Намефаҳмам, чаро шумо ду масъаларо бо ҳам меомезед. Эътироз ба зулму ситам дар Фаластин, оё лузуман қабули он дар Тоҷикистон аст? Ва ҳамон тавре ки дар фалсафа мегўянд: “Инкор ё исботи чизе, лузуман қабул ва ё нафйи чизи дигаре намебошад”.

    Зулму ситам, ҳар ҷо ва дар ҳар замоне, мавриди инкор аст, чи дар Фаластин бошад ва чи дар Тоҷикистон ва чи дар ҷои дигар.

    Вақте сари буридаи шодравон Салоҳуддин аз Русия оварда шуд, ҳама ба як садо онро инкор карданд, аз ҷумла ҳамин Ҳизби наҳзат, ки шумо мавзеи ўро интиқод мекунед ва ҳамчунин Эрон.

    Ман ин ҷо на дар мақоми дифоъ аз Наҳзати исломӣ ҳастам ва на дар ҷойгоҳи ҳимоят аз мавозеи Эрон. Дар баробари ҳар дуи инҳо интиқодоте дорам ва хиҷолате ҳам надорам, ки онҳоро иброз намоям.

    Аммо агар касе барои дифоъ аз ҳуқуқи мазлумон садо бароварад, ҷои ташаккур ва сипосро дорад, чи исломгаро бошад, чи либерал бошад ва чи коммунист бошад ва ҳамчунин чи ҳанафӣ бошад ва чи салафӣ.

    Банда дар ихлос ва вафодории шумо ҳеҷ шакке надорам ва барои ҳамин асос буд, ки ду мақола оиди фаҷоеи Фаластин ирсол кардам, вале намедонам чаро шумо онҳоро дарҷ нанамудед. Албатта шумо озодед, чи чизеро дарҷ мекунед ва кадом чизеро дар сомонаи хеш дарҷ намекунед. Вале инак, пеши ман ин шубҳа пайдо мешавад, ки магар шумо низ, ки хештанро озодандеш меҳисобед, дар гузиниши афкор яктарафиро бармегузинед?

    Умедворам суханони маро ба унвони навъе хусумат пазируфта набошед.
    http://kemyaesaadat.com/

  7. First of all I would like to express my gratitude to Rustam for the blog post.

    Secondly, wanted to voice my opinion on the last comment posted by “Сайидюнуси Истаравшанӣ”. Hope he has a command of good english or someone would help him out with translation.

    I am not going to get into debate whether who is right or wrong in Gaza. But there is some blame on both sides. Your statement that Palestinians so to say “begunoh” does not hold any grounds. They fire rockets and blow up bombs in public places in Israel and ordinary people die no matter of their worldview/religion. At the same time I do condemn Israel for what its doing in Gaza.

    The first question which you addressed to Rustam reflects that you are not aware of what happened in the past or you’re just simply ignoring it. Just try to recall a year 2000.

    From my perspective the blog post was crystal clear on the issue that HNIT did not act up on or perceived the death of many of Tajiks and for that matter of fact the beheaded Salohiddin as important as they did for Palestinians.

    Yes anyone can issue condolences, what it is? But did HNIT do anything about it. You might bring up the argument that the Gov will not allow for any kind of protest or gathering concerning that issue, however how about 8 thousand somonis. They could support the transportation of Salohiddins body back to TJK or his funeral. I am sure Rahmon would praise it, since he always advocates that those who are capable of helping should help their countryman.

    At any rate HNIT was careless about the death of Salohiddin and those arguments which you brought up are flaw and baseless.

  8. Aз як чониб ман Рустамро чонибдори мекунам ва бо мавзеъгирии у хамфикрам ки мегуяд пеш аз эътироз ба икдоми вахшиёнаи Исроил точикон бояд аз холи токатфарсои худ норозиги баён кунанд! Ин ранге ки хонаат сухту худат гами косаи шикастагии хамсояатро мехури)) Бале хандаовар, аммо ин хандаи пурдарду алам аст.

    Ман хам хамлахои Исроил болои Навори Газаро котеъона махкум мекунам ва аз кушташудани садхо тан мусалмони бегунох дилам реш реш аст, аммо агар хамаи ин ахзоби ба ном сиёси дар хакикат гами мусалмонро мехурданд. пас нахуст ба эътирози вазъи ногувори халки точик садо баланд мекарданд. Хамин тавр ба назар мерасад ки хамаашон мунофиканд ва танхо барои касби кадом манфиат дар арсаи байналмилалии исломи даст ба эътироз задаанд.

    Агар хангоми овардани часади чавонмарги точик ба фурудгох ин ахзоб ва сиёсатмадорон рахпаймои ташкил мекарданд боракаллошон мегуфтем, аммо кадомаш гурда дорад бар зиди Русия ва режими Душанбе икдом кунад,??
    Пас хамаи ин изхоротхову даъватхо руякианд ва самими нестанд.

    Дар мавриди посухи “ман одам”, мо хам каму беш аз инглиси хабар дорем, аммо ин сомонаи точикист ва хуб мешуд агар шумо фикру акидаатонро бо забони модариатон матрах мекардед. Мутаасифона навиштахои шумо саршор аз пропагандаи сихёнистист шояд аз барои он ки бештар сарчашмахои зери контроли сихёнистон ру овардаед. кушиш кунед каме таърихи низоъи Ховари миёнаро мутолеъа кунед.

  9. Бовар дорам, ки ин навиштаро огои Кабири хоханд хонд. Зеро то хол ба идрок, дониш ва часораташон бовар дорам. Аммо, дар холе ки карби як миллион хаватанонашон дар Русия саргардонанд, хар рузи худо 2 точик мисли гусфанд дар ин кишвар кушта мешаванд, дар Ватан бошад ахвол аз ин бадтар аст, аз барои худо хамоиш ба хотири Фаластину авзои Газза лозим нест. Шумо агар чуръат доред, агар хотири ноороми устоди Нуриро гироми медорад, агар хохед, ки махбубиятатон миёни точикон барчо монад, ва агархои дигар…,ки аз манфиат холи нестанд, алайхи марги фочиабори фарзандони сарсону саргардони ин кишвар дар гурбат, бахусус Русия, кудакони сармозада… ва дигар дарду доги Точикистон садо баланд кунед. Натарсед, чуръату нотарсии чавонмардона ку? Аз ки метарсед, аз чи мехаросед? Ба рухи садхо хазор курбониён, ба хотири фардои нек, садо баланд кунед! Дар миёни даххо хизбу созмонхои бо ном сиёсиву озоди Точикистон феълан факат хамин ХНИТ монда. Бовар кунед, шумо хукуки маънави надоред сарвари он бошеду ин мушкилоти точику Точикистонро монда, ба митинги намоишкоронаи “фаластинхимоя” машгул шавед! Масъулияти Механ ва мардуми он болотар аст, бародар!
    Агар имруз Шумо не, фардо хатман як шахсияти нав ва неруи тоза ба миён хохад омад. Ва он гох даъвохои шуморо касе шунидан намехохад, огои Кабири! Шумо-ку холо чавонед, илму амал доред, чуръат кунед. Бубахшед, мисли дигарон “политический труп” шудан айб аст!

  10. Орифи азиз,

    Ман бовар надорам, ки дили мардуми Точикистон банди фаластинихо бошад. Мардум дар гами худ аст ва хеч кас дар гами мардум нест. Мардум дили пур аз гам дорад, аммо касе дили уро намепурсад.

    Сайидюнус,

    дуруст гуфтед, дар аксои гетй барои фаластинихо ба майдон мебароянд, аммо майдонороии мо бо ин максад дуруге беш нест. Дар вакташ коммунистхо барои озодии Анжела Дэвис ё халки чафокаши Африко митингхои бардуруг ташкил мекарданд ва хамзамон ба мардуми хеш зулм раво медиданд. Ин дар бораи мероси шуравй. Ба исломи аксари кулли исломгароён як сари му бовар надорам, зеро бисёр дидам, ки дини онхо то кучо меравад. Ин хам дуруг аст.

    Як бор эронихо ба дахони мо “Марг бар Амрико”-ро гузоштанд, 17 сол аст, мурда мегундорем. Холо боз пулро мерезанд, ки шиори дигаре бизанему 20 соли дигар дарбадар шавем. Эронихо тавонашро доранд, бикунанд. Дигарон низ. Аммо кудрат ба тавоной гуфтаанд. Мо кучову Исроил кучо? Мо кучову ин доду фигон кучо.

    Як замон Турачонзода гапи бузурге гуфта буд, ки баъзехоро гапашон ба зани худашон намегузараду даъвои идораи кишварро мекунанд. Ин хам айни чиз аст. Мо, ки наметавонем, барои худамон садои эътироз баланд кунем, мо ки ба ин кадар бадбахтихо гирифторем, бехтар нест, дар фикри худамон бошем.

    Фаластинихо бесохиб нестанд. Агар хамин ходиса ба сари мардуми мо ояд, на Саркозй аз чояш такон мехураду на Обама чизе мегуяд. Як бор бо чашмони худамон дидем. Оё бас нест. Ва сабаб хам ин нест, ки вакте мо наметавонем, барои худамон садо баланд кунем, хеч кас дар аксои олам ХЕЧ ВАКТ ба фикри мо нахохад афтод?

    Ман дидгохи хамаи шуморо эхтиром мекунам, вале ин чо назари худро баён кардам.

    Саломат бошед.

  11. ,Бале дустон!
    чанд мох кабл окои кабири – раиси нахзат, дар масков хамрохи мухочирин дидор доштанд. аз шумо суол мешавад бародарон, ки кадом як депутат ё худ коргари давлати ба дидори мухочирон омада буд? гумонам ин кор аз чониби окои кабири кахрамони буд. баъд аз ин, хукумат ва хамдастонаш чи балохое ба сари кабири оварданд. абдулои давлати масажист хафа шудааст ки кабири ба масков омадааст. сафорати точикистон дандон ба дандон мегазид. ин кор то парлумон рафт ва ба кавле кабириро барои ин кор дар палумон мухокима хам карданд. ин аст дустдории хукумати точикистон аз касоне ки ба кори хак машгул мешаванд. шумо худ казоват намоед.

  12. Tashakuri ziyod “Хамун ки пеш буд” for your comments.
    I am glad that you know English and you’re right that it would be better if I posted my comments in Tajik. However I can not articulate and express my opinion in Tajik as you do. Therefore I thought it’s all right if I express my opinion in English.

    I would strongly suggest you to look up the word propaganda and than make assumptions that merely sharing thoughts could be defined propaganda.

    I wrote my thesis on topic of Arab – Israeli War and I have sufficient knowledge about it. But if you have any interesting article from respectable source I would be more than glad to take a loot at it.

    Thanks for your contribution!

    Мутаасифона навиштахои шумо саршор аз пропагандаи сихёнистист шояд аз барои он ки бештар сарчашмахои зери контроли сихёнистон ру овардаед. кушиш кунед каме таърихи низоъи Ховари миёнаро мутолеъа кунед.

  13. It is very pity if not shameful that you can not write in your own language, how could you though call yourself Tajik? May be you are from that kind of people who respect western values more than their native’s? If you had sufficient knowledge about Arab-Israeli conflict you wouldn’t have been saying that Palestinians are guilty. They may be guilty that they want to live free on their land? How dare you blame innocent women and children who are dying now in Gaza in wrongdoing? Nothing can justify killing of civil population and for understanding that you don’t need any respectable source.
    Peace

  14. Ман аз хамаи мубохисон хохиш мекунам, ки на шахси хамдигар, балки андешаи хамдигарро танкид кунанд.

    Ва лутф кунанду аз руи як баёни андеша ба хамдигар барчасп назананд. Максад аз гуфтугу имтихони акида ва андешаи хамдигар аст, на кашокаши шахсй.

    Бо эхтиром
    Рустам

  15. Rustam tashakur, its sad to see that “Хамун ки пеш буд” deviated from the topic, perhaps he was out of arguments, that’s why moved on to the personality.

    I regret that my posts lead to attack on my personality rather than to the substance of our discussion and for that I apologize to the community.

    You’re right its a shame to be Tajik and not to be able to speak the language decently. I do feel shameful, that’s out of question. I feel sad that I can’t enjoy tajik persian literature. But that’s fate and life, I need to move on and try to learn it. We have got a lot of young Tajiks here, who dont speak tajik but still they are Tajik. They care about the nation and the country, all of us grieved and cried out when we saw the news of Salohiddin’s death on BBC. My parents left TJK long time ago and I was not blessed to grow up in my country, but still I am grateful that I can call myself Tajik.

    The term western values itself is subjective and scholars define them differently. If you mean those generally accepted ones by the westerners themselves, yes I do value some of them, so do I tajik.

    I made a statement in my first post that I am not going to get into debate who is wrong or right, but there is some blame on both sides. Some Palestinians fired rockets and
    the victims were ordinary innocent citizens. And I made it clear that it does not give grounds for Israel to victimize innocent people as well. I said I condemn Israel’s actions in Gaza. So please don’t put the words into my mouth by saying that I blamed innocent women and children.

    You suggested that I should learn “каме таърихи низоъи Ховари миёнаро мутолеъа кунед”, therefore I said I would be more than glad to read if you have any interesting article from respectable source. And now we got a confusion at first you’re suggesting to read something and later you’re saying I dont need to. Help me understand it.

    I have got request my friend if you’ve any argument concerning the topic you’re more than welcomed to bring it on to the table, however please refrain from making arguments targeted at me or my personality.

    If your arguments are convincing enough I’ll give you credit for that so will others and I’ll accept that my arguments or point of view are not expressing the real picture or just simply I am wrong.

  16. Dear Manodam,

    Thanks a lot for your comments. Please do not be defensive. You are a brilliant Tajik and no one can deprive you of that. Thanks for visiting this blog and sharing your view. Do not worry about the language. I beleive you will learn the language some day in the future.

    Actually Tajiks need your heart, not the language and probably Tajiks need your perfect English to find someone that could articulate their suffering and desires.

    I am very glad to see Tajiks like you. Our task to change some habits of our people and help them to understand the contemporary world and find the right way towards a better life. Thanks for having you here.

    Yours truly
    Rustam

  17. Бародари азиз ва хамном Рустам!
    Аз навиштахои шумо танхо як чиз фахмида мешавад, ки ё шумо аз фаъолияти ХНИТ огохи надоред ё дореду аз руи хисси чизе (манфиате, супорише ё …) намехохед ба вокеият тавре, ки хаст, бахогузори намоед.
    Аз оне, ки шумо аз Турачонзода мисол меоред, худи Турачонзода дар хамин хамоиши нахзатихо ширкат дошт ва суханрони хам кард. Бештар шиорпартоихо махз аз дахони у садо доданд.
    Дар мавриди ин хамоиш хаминро бояд гуям, ки ман хам дар он ширкат доштам ва хуб эхсос кардам, ки дар он маблаге ё пуле умуман зарурат надошт. Ва хуб мулохиза хам кардам, ки чи гуна мардуми боимон, боирода бо камоли майл пули худро барои пуштибони аз мардуми навори Газза мепартофтанд. Аз оне, ки нахзатихо тавонистанд бештар аз 30 хазор сомони чамъовари кунанд, ин аз он шаходат медихад, ки миллат точик худро аз мушкилоти дигар бародарони мусалмонашон канор намегиранд.
    Аз он дар хайратам, ки чаро шумо ба худатон ичозат медихед, ки ину онро мавриди интикоду баъзан тухмат карор медихед. Дар холе, ки агар ба мисли шумо баринхо дилсузон мебуданд, тобути мархум Салохуддинро 10-12 нафар пешвоз намегирифту аз ин зиёдтар мардум чамъ меоманданд? Факат шумо хаминро бигуед, ки худи шумо дар фурудгох будед?
    Хохиш мекунам, пеш аз он ки шумо ба фаъолияти касе бахо додани мешавед, аввалтар аз хама онро хуб омузед, чунки боз беинсофиро зимни бахогузори раво надида бошед.

  18. Just some observations out of last comment by Mr. Rustamov.

    Firstly the comment did not criticize or scrutinize the content of the blog post, suggesting that if one did not show up at the airport than s/he does not have any moral right to objectively criticize the ones whose very job is to ensure that Tajiks in TJK and out of TJK are treated with some respect and dignity, that they are not dehumanized and beheaded like chickens, not even mentioning the argument of religion.

    If I am not mistaken the blogger states in his blog that he goes to school somewhere in London.

    Secondly just one simple question to you since you were present at that meeting organized by HNIT. Why HNIT did not act precisely and aggressively upon some other issues which are no less of importance than Gaza. For instance the death of Salohaddin, how would you explain that?

    You state that ” мардуми боимон, боирода бо камоли майл пули худро барои пуштибони аз мардуми навори Газза мепартофтанд.” If indeed they are genuine believers why don’t they support Bibisoro Sayidova who is mixing a stew of water, bread, onion and oil and struggling to feed her five kids.

    Also you say that “Аз оне, ки нахзатихо тавонистанд бештар аз 30 хазор сомони чамъовари кунанд, ин аз он шаходат медихад, ки миллат точик худро аз мушкилоти дигар бародарони мусалмонашон канор намегиранд.” Oh come on, give me a break being able to secure 30 thousand somonis in donations state, in this fact that certain Tajiks do in fact play double standards. I can only derive from this that Salohiddin is not your brother in sense of country fellowman that’s why his family was not helped financially in taking care of the funeral.

    Next time bring some “meat” to the table and get right to the point.

  19. Вакте ки дар Точикистони мо хуни точик дар давраи чанги шахрвандии тахмилшуда мерехт оё ягон фаластинй уф гуфт? Касе уф нагуфт, таассуф хам нахурд, барои хатми он сухан баланд накард, эътиоз он тараф истад. Ва агар номи Точикистон аз харитаи сиёсии дунё гум шавад хам валлох, ки касе дар он чо парво кунад!
    Мо бояд гами имрузу ояндаи худро хурем. Гами онхоро бигзор давлатхои аврабй ва умуман арабхо хуранд, чунки онхо араб хастанд. Махсусан Арабистони Саудй.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: