Президенти ояндаи Тоҷикистонро кӣ ё чӣ муайян хоҳад кард?

Барак Обамаро ҷанги Ироқ президенти Амрико кард. Медведевро Путин ба курсии президенти Русия шинонд. Қурманбек Боқиев дар авҷи инқилоби Қирғизистон ва Михаил Саакашвилӣ бо инқилоби садбаргии Гурҷистон ба қудрат расиданд.

Қаҳҳор Маҳкамовро Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз тариқи порлумон президенти «ҷавон»-и кишвар карда буд ва Раҳмон Набиевро бюрократия ба курсӣ расонд ва Эмомалӣ Раҳмоновро ҷанги шаҳрвандӣ раҳбари давлат гардонд. Баъдаш таърихи президентии Тоҷикистон «тормоз» кард. Ҳеч омил ё нирӯе пайдо нашуд, ки тағйир ба вуҷуд орад.

Ин рукуд чӣ қадари дигар давом хоҳад кард ва агар тағйире рух доданӣ бошад, президенти нави кишварро чӣ ё кӣ муайян хоҳад кард?

(Натиҷаҳои назарсанҷиро ин ҷо бубинед)

6 Responses

  1. Дар ин бора навиштан бемаврид аст, чунки Эмомали Рахмон дар сараш фикри аз мансаб рафтанро надорад, у гумон мекунад ки ин рохбариро хуб ухда карда истодааст

    Ба фикрам президент ба чои худаш писарашро тайёр карда истодааст…

    Рустами Рахмон дар оянда ё аз хама президенти чавонтарин дар чахон хохад шуд ё гурезаи сиёсй.
    Рустамчон шумо худ чи гумон доред?

  2. Сорбони азиз,

    Шумо бинед, дунё чй хел зуд иваз мешавад. Хеч чиз абадй нест ва хатто наздиктарин одамонаш дигар ба ЭШР бовар надоранд. Онхо чустучу доранд, ки чй хел кунанд, то на сих сузад, на кабоб.

    Президент хам хуб медонад, ки руз то руз вазъи кораш сахттар мешавад, натича нест. Вай худаш ба ваъдахои худаш ягон зарра бовар надорад. Дар 17 сол кишварро ба холате овард, ки аз ин бадтар шуда хам наметавонад.

    Максад аз навиштан ин аст, ки халк, акаллан, одамони мефахмидагй а хар хел эхтимол тайёр бошанд ва фикр кунанд, ки оянда чй шуданаш мумкин. Таъсир аз кучо омаданаш мумкин.

  3. Мухтарам Рустам!

    Як омилро фаромуш кардаед, ки дини Ислом аст. Бо ин бозихои худ бо Ислом хукумат худаш шароитеро меорад, ки ин омил дар таъини рахбари ояндаи давлати мо накши халкунанда хохад бозид.

    Ман то хол ягона нафаре хастам, ки барои таъсири Чин раъй додам ва мебинам, хеч каси дигар ба ман шарик нашудааст, хол он ки накши Чин дар кишвари мо на факат ки руз то руз, балки соат ба соат зиёд шуда меравад.

    Саломат бошед!

  4. Омили дигар – ин зиддиятхои оилави ва ё гурухи дар дохили худи командаи имрузаи хоким буда метавонад. Шояд ин омил заминаи густурдатаре дорад, то омилхои дигар. Ва ё зухури дигар омил низ шояд аз хамин нукта сарчашма гирад.

  5. Комилан дуруст аст, ки хам Ислом ё сахехтараш бозихо бо мазхаб ва хам зиддиятхои дохили дастаи ЭШР низ метавонанд дар рунамо кардани президенти ояндаи кишвар аз омилхои муъассир бошанд.

    Аммо онхоро метавон ба равандхои инкилобй ё бухрони сартосарй шомил донист.

  6. Ба хар хол ман фикр мекунам ки мисли Путин ва Алиев Э Рахмон ба бегонагон мансабро намедихад Медонад ки агар бегона ба сари давлат ояд авхолаш вазнин мешавад чазо мегирад.
    Менависанд ки рузи 15 01 2009 сарвазир нав мешавад,мебинед боз ягон авлоди Рахмон сарвазир шуданаш аз эхтимол дур нест!
    Ба фикрам президентро бештар аз авхоли давлат не мавкеъи худаш дар давлат ба тахлука меандозад

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: