Акси «падар»-ро мебӯсам…

Офиятхон ЧАЪФАРОВ (Бознашр аз «Минбари халк» 03.12.08.)rahmonport

Касе ки вориди хонаи сокини шахраки Гончй Абдулло Чумъабоев мегардад, шохиди вокеаи хубу дилпазир мешавад. Набераи у — тифлаки зираку хушёр ва хандонру Бахтовар аз хама аввал тозон-тозон ба истикбол мебарояд ва мехмонро чунон гарму самимй ва бо мухаббати кудакона мепазирад, ки касро хушхолии гайриоддй фаро мегирад.

Вай шахси омадаро ба назди акси дар девор овезони Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон мебараду онро чун падари худ муаррифй мекунад. Бо лафзи ширини кудакона мегуяд, ки ана бубинед, ин акси падари махбуби ман аст ва он аксро мебусад. Бахтовари хурдакак бархак Эмомалй Рахмонро падари худ мехонад. Зеро чаноби Оли гуфтаанд, ки ягон нафар ятимро аз назари худ дур намемонанд ва чунин хам хаст.

Президенти мамлакат Сарвари махбуби халку миллатанд. Ва дустдории Бахтовар хам бесабаб нест. Бахтовар дар кудакистони раками 3-й шахраки Гончй тарбия мегираду мудири кудакистон дар чамъомади падару модарон хангоми пардохти хакки тарбия мегуяд, ки барои Бахтовар зиндагй дар кудакистон ройгон аст, маблаги уро Хукумати Чумхурй пардохтааст. Дар чавоби ин пурсиш Бахтовар чавоб медихад, ки маблаги уро падари шарафманди миллат Эмомалй Рахмон пардохтааст. Падари Бахтовар дар мухочирати мехнатй фавтидаасту Бахтовар уро ёд надорад ва Сарвари мамлакатро падари худ мехонаду сад дар сад дуруст хам мекунад. Инро дар кудакистон хама медонанд.

Бахтовар худро шинохту падари худро! Акнун у хар сахар аз хоб мехезаду ба падараш салом медихад, дасту руй шуста сурати уро мебусад, пас ба кудакистон мешитобад. Вакте ки у аз дари кудакистон медарояд, хама «ана писари Президент омад», мегуянд. Бахтовар инро шунида, аз хурсандй дар куртааш намегунчад. Замоне ки дар осмон чархбол пайдо мешавад, Бахтовар тозон ба берун мебарояд ва ба чархбол ишора карда, фарахмандона мегуяд, ки «ана, дадаи ман омад!».

Шубхае нест, ки Бахтовари хурдакак рузе ба орзуяш мерасад ва ба дидори чаноби Оли мухтарам Эмомалй Рахмон мушарраф мегардаду аз лутфу мархамати падаронаи он кас бахравар мешавад. Модари Бахтовар — Сугдиёна дар Русия дар мухочирати мехнатист. Бахтовар дар тарбияи бобою модаркалонаш аст. Исми уро бехуда Бахтовар намондаанд. Бо шарофати мухаббати Чаноби Оли рузе мерасад, ки у барои мардум Бахтовар мегардад.

12 Responses

  1. Айнан рафторхои «мархум» Adolf Hitler!
    Пайрави вафодори Hitler дар Точикистон.

  2. Bahtovari kudak holo chi ham guyad badi 5 sol pursand rostashro meguyad.On rasmero,ki mebusadu padar mehonad chi megufta boshad padaram az dasti hamin kas ba muhojirat rafta halok shud meguyadmi?Hudovandi mehrubon modarashro nigahdor.
    Albatta kudak pa padar meguyad sharoiti zindagiamro soz kuned skamamro ser kuned talimu tarbiya dihed pas charo Bahtovar inro az padari prizidentash namepursad.

  3. Bahtovari kudak holo chi ham guyad badi 5 sol pursand rostashro meguyad.On rasmero,ki mebusadu padar mehonad chi megufta boshad padaram az dasti hamin kas ba muhojirat rafta halok shud meguyadmi?Hudovandi mehrubon modarashro nigahdor.
    Albatta kudak ba padar meguyad sharoiti zindagiamro soz kuned ,skamamro ser kuned, talimu tarbiya dihed pas charo Bahtovar inro az padari prizidentash namepursad.

  4. Нух фарзанди Рахмон ба кишвар гарони карда истодаанд, бас будагист падарбози!!!

  5. Маводи торномаи oshno.wordpress.com чолиб аст.

  6. Bale Bahtovar pas az buzurgtar shudan shoyad fahmad ki Sadho kudakoni hamsolash az Dasti Padari Mehruboni u Muhojir, BEvatan, Badbaht, Gurusna va Be nomu nishon shudand!
    Bahtovarro ba istilohi rusi «Programmirovat» kardaand kalonsolon:»Bahtovarjon ana in mardaki Hub baroi tu pul, libos, hurok medihad. In kasro boyad Dadjon, Padarjon Gui.»
    Hol on ki yagon kudak uhdador nest in gaphoro guyad.
    Vazifai Davlat Parastori kardani Beparastoron ast!
    Padari Bahtovar az PULI HuDASH kudakonro namehuronad hamaash Mablaghoi Davlatiyand.Mablaghpoi davlati boz dar navbati hud az andozi korgaron, andozi pulhoi intiqolshavanda az Russiya va gayraho judo meshavand.
    Hayr Ba Digaron maslihat in ki Bachahoi Hurdro in hel gandaodat nakunand Chunki bad onho padarhoi Aslii Hudro Faromush mekunandu Ba Sui Padari Mehrubonashon shitobon meshavand.

  7. I agree with «avicenna». That’s very wrong, newspaper is just stupid, that what the Gov supposed to do and more importantly President does not pay that kindergarten fee from his own pocket.

    pagoh sardabii minbari halq bihezadu navisad ki Rahmon gamhori hamai onon zanonu modarone ki shavharason dar muhojirati kori favtidaasnd va az in su shavhari man uro bihonand. Devonagi, just stupidity.

  8. О Чаъфров яке аз таърифу тасрифгар ва косалесони Рамон будаанд пеш аз навиштан фикр хам накардаанд ин дуругхои кухна буда касе дигар ба гамхории чаноби оли бовар надорад Ба марги падари Бахтовар пеш аз хама худи Э Рахмон гунахкор аст,чунки мофаи ин гуна падархоро холо хам ба Торикистон рохи мекунанду Э Рахмон инро намебинад дар ин бора у кур аст! гунг аст! кар аст!
    Шояд халк бо як овоз худро фарзанди Э Рахмон эълон кунад ?мумкин чаноби оли ба гапашон истанду бесарпанохонро аз назарашон дур насозанд !?

  9. Охир Офиятхони бефахм дар бораи марги Салохиддин нависи мемурди?

  10. Дар Точикистон чандин рузномахо мисли хамин нашрия бенангу номус шудаанд. Навиштахои ононро мутолиа намуда хуш аз сарат мепарад. Вичдон хам чизи хуб аст. Хатто «Чумхурият»-и Аминчон Шукухиву Мазхабшо Мухаббатшоевро ба ахлотхона табдил додаанд. Иншаалох, руху арвохи ин бузургон сардабирчахои муваккатии нашрияхои тахкир шударо чазо хохад дод. Хамааш вакт соат дорад, бародарон!

  11. Кадами номубораки Рахмон
    Хар кучое ки расад кунад вайрон! (Халк)

  12. Боз як манкуртаки дигар ин бача. Фаромуш кардааст, ки падараш аз дасти кй россия рафта, дар он чо мурдааст. У бояд аз модараш ва ё бобояш пурсад, ки падараш кист.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: