Хунхорӣ дар Русия идома дорад

1131719_20090102161350Дар кӯчаи Бирулов, дар ҷануби Маскав ҷасади як шаҳрванди Узбакистон дарёфт шуд, ки 21 захми корд дошт. Одамкушон тани инсонро ғалбер карда буданд. Дуртар аз ӯ як сарсиёҳи дигарро ёфтанд, ки низ чандин захми корду найза дар бадан дошт ва дар роҳ ба бемористон аз ҷаҳон гузашт.

Агар ҳукумати Русия, ба он тавре ки Сафорати он дар Тоҷикистон мегӯяд, мухолифи чунин ваҳшоният аст ва дар ҳоле ки ин хунтаи путинӣ метавонад, оппозисюни Русияро ин гуна дар контрол дошта бошад, ки аз камтарин нақшаву ҳаракати он огоҳ шавад ва аз онҳо пешгирӣ кунад , магар намедонад, КИҲО ин корро мекунанд ва магар наметавонад, ин хунхоронро маҳв кунад ва ба кори сиёҳи онҳо роҳ надиҳад?

  • 6 декабр одамхурон сари ҷавони тоҷик Салоҳиддин Азизвро буриданд.
  • 13 декабр дар Солнцево ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон кашф шуд.
  • 14 декабр тоҷики 22-сола дар кӯчаи Госпиталний вал кушта шуд.
  • 14 декабр дар кӯчаи Говорова як озарбойҷонӣ ба қатл расид.
  • 14 декабр дар кӯчаи Староволинский як украин кушта шуд.
  • 14 декабр донишҷӯ аз Қазоқистон Ерлан Айтимов кушта шуд.
  • 15 декабр дар Митино шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд.
  • 31 декабр дар сохтмонгоҳи бино дар кӯчаи  Парк-4 тоҷики 37-сола Ф. Исмоилов аз даҳҳо захми корд ҷон дод.

Ба эҳтимоли зиёд ҳамаи ин қатлҳо ба муҳокимаи яке аз сарварони пустсар ё скинҳедҳои рус  Артур Рино вобаста буданд. Додгоҳ ҳукми онҳоро рӯзи 15 декабр эълон кард ва ҷазои сабук дод, зеро ба хулосае омад, ки онҳо ҳангоми одамкушиҳои ваҳшиёнаи худ ноболиғ буданд.

Дар зимн, донишҷӯи 18-солаи қазоқ яке аз беҳтарин хатмкунандагони кишвараш буда, дар имтиҳони қабул аз 120  холи имконпазир 119 хол гирифта буд. Харҷи таҳсили ӯро пурра ширкати “Лукойл” бар зимма дошт ва барои ӯ ояндаи дурахшоне пешгӯӣ мекарданд.

Гумон мерафт, пас аз ҳукми бозимонандаи додгоҳ одамхорон ба эътидол меоянд. Аммо ин тавр нашуд ва 29 декабр донишҷӯи доғистонии Институти политехникии Маскав М. Р. Магомедов ба чандин захми корд кушта шуд. Акнун 2 январи соли нави 2009 ду шаҳрванди Узбакистон ба қатл расиданд.

Кормандони Сафорати Русия дар Тоҷикистон метавонанд фахр кунанд, скинҳедҳо паёми онҳоро шунидаанд.

6 Responses

  1. Афсус, сад афсус.
    Аммо аз афсуси мо дигар самаре ба каф намеояд. Рохи накутаре бояд чуст. Аммо он рох кудом? Валлоху аълам биссавоб.

  2. аз хама аламовар ин аст ки ин сарбуридахо дар кишвархои худ кадру кимате надоранд. кучо метавонанд барои сартарошидахо кадр дошта бошанд. ба хама маълум аст ки ин гуна сиесатро худи хукумати рус дастгири менамояд. хунхортарин хукумат дар руи замин.
    тфу бар хукумати точикистон ки хамчунин шарики стратеги дорад ки сари фарзандонашро мебуррад ТФУ.

  3. Ба фикри ман, мухочирон бояд хеле эхтиёт кунанд. Аз куча-рафтанхои бехуда худорй намоянд, агар бисер зарур буд, чанднафарй бароянд. Бо афроди шубханок дустй наварзанд ва ба хар ходиса омода бошанд. Илочи дигаре надоранд.

    Агар бекор мондаанд, мисли ин ки бисерии онхо холо коре надорад ва интизори фурсати бехтар аст, ба ватан баргарданд ва хакки инсонии худро дар ватан талаб кунанд.

  4. Московская милиция начала расследование в отношении двух москвичей, забивших в пятницу вечером насмерть бездомную собаку в Северо-Восточном административном округе города, двое подозреваемых в субботу были задержаны, сообщил РИА “Новости” представитель УВД СВАО.

    “Со слов многочисленных граждан, ставших свидетелями трагического случая, двое мужчин, находившихся в состоянии алкогольного опьянения, без какой-либо причины убили во дворе дома номер 65 по улице Проезд Шокальского бродячую собаку, забив ее палками и зарезав ножами. Позднее милиция задержала по месту жительства на квартире двух безработных москвичей – братьев 1976-го и 1982-го годов рождения”, – сказал представитель УВД.

    По его словам, по факту убийства бездомной собаки возбуждено уголовное дело по статье 245 УК РФ (жестокое обращение с животными). Максимальный срок наказания, который предусматривает данная статья, – два года лишения свободы.

    Кроме того, возмущенные граждане в субботу организовали стихийный митинг возле здания ОВД “Северное Медведково”, куда доставили задержанных, добавил собеседник агентства. Собравшиеся требуют справедливого наказания для нарушителей общественного спокойствия.

  5. In Rushoi Hunhor hATTO hayvoni beozorro ham namemonand ki hap nishinad dar joyash..
    Bedini beimoni hamashh

  6. RAZBOINAYA VLAST U NAS!!!!

    У нас не Демократия, а ДЕРЬМОкратия

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: