Асри 21 акнун сар мешавад

2009Бархе аз афрод Соли Нави мелодиро барои дилхушии худ ид карданд, бархе барои намоиши рашковар ба ҳамсоягон, бархе ба хотири хурсандии атфол ва ҳам бархе барои изҳори хушомад ва додани тӯҳфаҳои ришватомез ба сардоронашон.

На ҳамаи онҳое, ки имсол ба ин ид андешиданд, дарк кардаанд, ки дар оғози соли бахусусе қарор доштаанд. Соли 2009 комилан дигар аст ва ба хеч соли дигари таърих монанд нахоҳад буд. Онҳое, ки аз соли 2000 интизориҳои вижа доштанду чизи махсусе аз он надиданд, бояд аз нав ба умедҳои пешинаи худ биандешанд. 

Бархилофи зиддияти доимии худ ин бор мунаҷҷимон ва коршиносон дар аксари ояндабиниҳои сол ҳамназаранд. Онҳо мегӯянд, 2009 соли сахту сангин, аммо бобарор хоҳад буд.

Бархе аз сиёсатдонон онро оғози ҳақиқии асри 21 мешуморанд. Онҳо мегӯянд, оғозу анҷоми марҳилаҳои иҷтимоиву сиёсӣ на ҳамеша бо санаҳои тақвим рост меояд. Барои намуна, садаи 19 на дар соли 1900-ум, балки дар соли 1914 бо шурӯъи Ҷанги Ҷаҳонии Аввал ба поён расид. Танҳо баъд марҳилаи нав — садаи 20 шурӯъ шуд. Марҳилаи ҳақиқии садаи 21-ро чанде аз ин ояндабинҳо ба рафтани Ҷорҷ Буш ва омадани Барак Обама, президенти нави Амрикоро рабт медиҳанд. Мухолифони аҳамияти нақши шахс дар таърих розӣ нестанд ва бархе ҳам гуфтаанд, ҳанӯз бояд дид, ки Обама самараи манфиатҷӯии кадом гурӯҳҳост ва аз дасташ чӣ хоҳад омад.

Шояд эҳсоси поёни як давраи бисёр бад ва оғози як давраи ҳанӯз номуайян, вале умедбахш сабаб гаштааст, ки тарафдорони ин ақида зиёданд. Фаромӯш накунем, худи Обама ҳам муборизаи интихоботияшро бар ду шиъор — «Умед» ва «Тағйир» поя гузошта буд. Лек дили на танҳо амрикоиҳо пур аз умед аст, миллионҳо нафар дар қитъаҳои дигари олам низ соли 2009-ро ба гунае истиқбол карданд, ки лобуд аз чизе дарак доранд.

Шояди дигар ин аст, ки ҷаҳон ба бӯҳрони амиқ афтод ва дер бошад ҳам, ин ҳақиқатро эътироф кард. Ҳамон Буши Попуш маҷбур буд, сарони оламро гирди ҳам орад, то аз сарнавишти ояндаи иқтисодиёти дунё ба баҳс биншинанд ва ваъдаҳои бузурге бидиҳанд. Таври маълум, бӯҳрон поёни кор аст ва тағйиру таъолиро талаб мекунад. Бе тағйиру дигаргуниҳо наметавон аз бӯҳрон наҷот ёфт. Мо, ҳамагон шоҳиди дахолати давлатҳо ба «бозори озод» шудем. Дар сатҳи ом низ таҳаввулоте даст медиҳад, монанди тағйири одати истеъмолгароии модипарастон.

Бӯҳрон чунин маъниро дорад, ки идеяҳо кӯҳна шудаанд ва дигар, ба истилоҳ, «кор намекунанд», натиҷа надоранд ва зарурат ба идеяҳои нав пайдо шудааст. Тозаталабиҳои замона сарварони наверо ба майдон меорад. Касе мехоҳад ё намехоҳад, муҳим нест, талаби замон хоҳад буд, ки ё идеяҳои навро мепазиред ва пеш меравед ва ё ногузир нобуд мешавед. Ислоҳотро қабул хоҳед дошт, вагарна биравед ва бо инқилобу ошӯб сарбасар шавед.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ Обама дигар нахоҳад кӯшид, ки монанди чанд насли ахири президентҳои Амрико демократияро иҷборан, ҳатто дар сари тонку тӯп, ба дигарон таҳмил кунад. Аммо ин кам аст. Вай бояд фазои ҳақиқии муколамаи тамаддунҳоро бисозад ва Ғарб ниҳоят бояд ба нозукиҳои Шарқ тан диҳад ва ҳарду бо ҳам баробар шаванд. Шояд роҳи наҷот аз бӯҳрони иқтисодӣ тариқи тафоҳуми фарҳангӣ бошад, ки дар навбати худ бояд ба нобаробариҳои рушд дар ду ҷаҳон хотима гузорад.

Шарқ набояд масъалаҳои мавҷударо ба сифати баҳона суистифода кунад, балки ба рушди воқеъӣ омода бошад. Чӣ сиёсӣ ва чӣ иқтисодӣ. Ин ҳам талаби замон аст ва ҳам асари бӯҳрон. Гумон аст, ин дарахт ба зудӣ камол ёбад ва борвар шавад, аммо муҳим аст, ки ниҳол реша хоҳад гирифт.

На, дар бораи раҳмоновҳову каримовҳоу дигар диктаторҳо ҷои гап нест, интизор набошед, чизе беш аз ин хоҳам гуфт, ки соли 2009 оғози гумномии бисёре аз онҳо хоҳад шуд. Аммо дар бораи афроди одие монанди ману шумо гуфтаниям, ки дар сатҳи фард мубориза миёни нафс ва адл боло хоҳад гирифт. Тамоми солҳои пасобӯҳронӣ дар таърих ҳамингуна будаанд. Онгуна ки сарварон байни ислоҳот ё идома интихоби худро мекунанд, инсонҳо бояд биандешанд, ки бар нафс бартарӣ хоҳанд дод ё бар адл. Натиҷаҳои солро барои ҳар шахс низ ҳамин гузиниш муайян хоҳад кард.

Пас, на танҳо соли нав, балки қарни нав муборак, ёрони ҳамАндеш!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: