Точикаке мегашт бо куттии худ…

Хазорон сол точикон номи баланду пуровоза сохтанд, хешро Озодагон, Родмардон, Точдорон, Сафедчомагону Сарбадорон донистанд. Акнун…

1

Акнун онхо Аробакаш, Кучаруб, Ахлотгундор, Гухбардор, Гулом, Барда, Гадо ва Тарсуянд.

Кадри инсонии онхо намонда ва осонтарин мавод барои нажодпарастону сартарошидахо ва пасттарин авбошонанд.

22

Солона ба аркоми расмй то 360 ва ба аркоми гайрирасмй то 420 точик дар Русия кушта мешавад. Аз огози солхои 1990 то холо наздик ба 3 000 точик ба мухочират рафтаву бедарак шудааст.

3

Барои ба ин хол расидани як миллат кй бояд чавоб дихад?

Сари як точикро буриданд, дигариро ба дор овехтанд…

vpДар Русия сари як точики 20-соларо буриданд ва ба долон идораи хукумати нохияии Можайск партофтанд. Ду руз пеш аз ин ходиса часади точикеро ётанд, ки дар канораи шахри Маскав ба дарахт овезон буд. Гуфтанд, худкушй кардааст. Яки дигарро чанде пеш ба гарданаш санг бастанд ва дар кул гарк карданд.

Дар баробари ин расонахои хабарии Русия дубора хамларо ба мухочирони точик сар кардаанд. Яке дар ресторане хурок хурдаву пулашро надодааст, дигарй хостааст ба номуси зане, ки хонаи уро таъмир мекард, тачовуз намояд ва гайра. Дар гирдихамоихои русхо ва матбуоти онхо талаб шуд, ки чойхои кориро аз дасти точикон бигиранд ва ба худи русхо диханд.

Ин хама пас аз як давраи нисбатан ороме буруз карда, акнун авч мегирад. Мумкин бухрони иктисодй сабаб шуда бошад, харчанд дар гузашта мегуфтанд, ки асосан худи мухочирон бо рафтору кирдор ва ахмакихову ифлосихои худ гунахкори инанд, ки мавриди масхара ва нафрат мешаванд.

Аммо ба фикри ман, сабаб дигар буд. «Гитлерча»-и русхо, дусти азизи президенти Точикистон, пешвои Русия дар курсии нахуствазир — Владимир Путин як бори дигар дахани нопоки худро кушод ва хамлахои саросарй ба точикон сар шуд. Вай талаб кард, ки квотаи мухочирон ба 50% кам карда шавад. Хамин як чумла кофй буд, чандин мухочир аз чонаш махрум шавад ва сагони занчирии матбуоти Русия ба ак-ак дароянд.

Нахуствазир метавонист, ин масъаларо бе чунин эълони сартосарй, дар чаласаи хукуматаш сухбат кунад ва ба воситаи почтаи давлатй ба хукуматхои махаллй дастур фиристад. На. Максад ин набуд. Ва хукумати Русия, агар хохад хам квотаи мухочиронро кам карда наметавонад ва аслан бигирем, намехохад хам. Неруи кори арзон ва баъзан бепул, пархезгар аз шароб, конеъ ба музди камтарин ба кишваре, ки ахолии худаш мурда истодааст, магар нозарур аст?

Максади Путин сигнал додан ва сагбаччахояш дар саросари Русия буд ва осонтарин рох барои вай телевизюни сартосарй. Як ишора. Хамон гуна ки чахор сол пеш боз хам ба воситаи телевизюн даъват кард, гайрирусхо аз бозорхои Русия ронда шаванд. Бойгониро бардореду бубинед, ки баъд аз ин баёноти «Гитлерча» чй кадар мухочир кушта шуд. Баъд киёс кунед, замоне ки ин фарзанди мурдачашми Иблис баракс дар бораи сахми мухочирон ва хифзи хукуки онхо боз хам аз тарики телевизюн сухбатхои хуб кард, якбора шумораи хамла ба мухочирон дар Русия ба маротиб кохиш ёфт ва хатто як оромии нисбие ба миён омад.

Вале як суъол бокй мемонад, ки чаро хар дафъа хамла махз ба мухочирони точик авч мегирад. Дар сарлавхаи рузномаи Русия факат номи точикро мехонед. Хуб, албатта, аз як су «мигрант» ва «точик» солхост, хаммаъно шуда, яке дигареро иваз кардааст. Аз суе хам точик имруз на танхо дар Русия, на танхо дар чахон, балки дар худи Точикистон хам бесохибтарин, бекастарин ва бепанохтарин мардум аст ва онро ба чунин рузи сиёх шайкаи рахмоновй гирифтор намудааст.

Патакрешахо, дарвешхо ва микрози Шерхон Салимзода

Абдуллох Комил (шахри Душанбе) – Бо забони танз

Озода Рахмон ба мансабе, ки падараш ба вай хадия кард, зор нест. Метавонад мисли хохарони дигараш бизнес занад ва миллиардхо доллар чамъ карда, дар сохилхои гарми Дубай шиноварй кунаду «Кока-Кола» нушад.

Аммо агар падараш дар чунин маком намебуд, гумон аст дар хазорон сол хам ба ин мансаб мерасид. Холо монанди занони дигари кишлокаш саргини гову гусфанд чамъ мекард, то зимистон аз хунукй ях набандад.

Худи акаи Эмомалй дар як баромадаш гуфт, ки агар дар Точикистон як кундаро вазир кунед, хамаи чубу чахсу шоху баргу тиррешаву патакреша корманди ин вазорат мешаванд. Хуб, албатта, айнан ин хел нагуфт, локин кариб ки хамин хел. Аммо замоне гуфта буд, ки холо духтараш раиси Бахши консулии Вазорати хорича, домоди бародараш сафир ва кудааш вазир нашуда буд. Ин патакрешахоро ковед, сару сомонеро намеёбед ва як сомонй хам аз чанголи инхо бархато намеравад.

Ун вакт акаам чавонтар буду аклаш хам тозатар. Хама чизро чаппа хисоб мекард: Аввал хамвилоятй, баъд хамнохиявй, баъд хамкишлокй, сипас хамсинфу хамкурс ва танхо он вакт хешу табор. Холо даврахо дигар шудагй. Афсус, ки хамин вазифаи раиси мухочирон хам дар дасташ нест, вагарна хамаи мансабхои аробакашиву хиштрезиву кучарубй дар Русияро ба ин патакрешахои худ таксим мекард. Он вакт дарвешхо аз хамин нони хунолудашон хам махрум мегаштанд. Хамин агар Путин як соли дигар президенти Русия меистод, харбузаву бодом катй хамин масъала хам хал мешуд.

Нохушхабари Шерхон Салимзода, раиси Очонси назорати молй ва мубориза бо фасод дар Точикистон, маълум нест, ба чаноби олияшон хам дахл дорад ё на. Эшон дина дар Душанбе гуфт, микрози тезе ба даст гирифтаасту дар пайи буридани патакрешахост. Агар мухтарам Салимзода патакрешахои сатхи нохия ва вилоятхоро дар назар дорад, ба хамонаш хам намешавад бовар кард. Локин агар ба болотархо ишора мекунад, холо хам сари вакт Озода аз бизнеси хохаронаш намонад. Кй медонад, Шерхон тахти парчами Созмони Милали Муттахид бо кайчии тез ба хамон тараф меояд?

Аз «Андеша» – Лутфан дар назарсанчй ширкат кунед:

 

Турктозихо ба хат ва забони точикй

«Миллат» №29 17.07.08. Р.Давлат

Иброхим Усмонов аз чумлаи охирин касоне боки мондааст, ки хамчунон талош мекунанд, хастагинопазирии худро дар мавриди  бахси забон ва алифбо намоиш диханд. Бисёре дигар аз кирилипарастон ё чонибдорони ба истилох ин акида, ки точики чудо аз форсист ё хакикатро дарёфтанд ва ё хаста шуданд ва ё хам ин ки бемаънигии даъвояшонро пай бурданд ва эхсоси хичолат карданд, ки домани ин бахси бемаъниро рахо сохтанд. Магар Иброхим Усмонов, ки ба назар мерасад, дар ин майдон танхо мондааст.

Албатта агар пешниходоти профессор Усмонов, ки талош мекунад, ки кирилиро ба форси тарчех дихад, устувор бар мабнои далелхои чиддй ва илми мебуд, арзиши пардохтан ба бахсхо  медошт. Аммо мутаассифона, ин нигоштахо бештар чун эхсос ва гараз маълум мешаванд, то нуктаи назар.

Чои изхори таассуф боз ин аст, ки бар изофаи далоили ноустувор, зимни хондани фикри профес­сор Усмонов дар бархе маврид шохиди  камогахии у дар бархе масоил ва зидду накизии фикри у низ мешавем.

            Дар гузорише «Азия плюс» аз кавли Усмонов овардааст, ки агар бозгашт ба форси барои ошной бо осори классик бошад, ки бо ин алифбо иншо шудаааст, зарурате надорад, чун то кунун 80% ин осор ба кирилй баргардон шудааст. Ин иддаъоро метавон танхо мизони огахй ва ошноии Иброхим Усмонов ба осори гузаштагон бо хати форси донист. Аслан касе тахассус дар шинохти хат ва пажухиш руи осори форси надошта бошад ва сари худро дар ганчинахои форси сапед накарда, набояд ба худ ичозаи содир кардани чунин изхоротеро бидихад. Фикри сохибназарон дар ин замина ба гунаи дигар ва ба гуфтаи мутахассисон хамаи осори баргардонида ба кирилй аз форси то кунун хадди аксар 7% осори умумии иншошуда бо ин хатро ташкил намедихад. (Мо ба ин масъала дар давоми макола бар хохем гашт, ки гузаштан ба алифбои форси барои омухтани осори гузашта на, ки бештар барои ояндаи мо ва ёфтани рохи начот зарур аст.)

            Дигар ин ки дар хафтаномаи «Нигох» (№16 (083) аз 10.07.2008) профессор Ус­монов мегуяд, форси хати мо ва падарони мо ва гузаштагони мо нест. Профессори мухтарам даъво низ пеш оварда, ки вакте дар бахси махфили «Диалог» кирилиро бар форси тарчех, медод, касе бо вай ёрои бахсро надошт ва ба опоненти худ пируз омад. Хуб, инаш хавола ба химмати у. Аммо дар мавриди «хати падарон» профессор Усмонов дар «Диалог» сад дар сад акси он чиро гуфта буд, ки акнун дар «Нигох,» гуфтааст. Дар он махфил Усмо­нов дар поёни сухбаташ гуфт, ки ин хати гузаштагони мо, падарони мо хаст, онро бояд донист, омухт, аммо гузаштан ба он шарт нест. Ин буд, ки билофосила номзади илми таърих Дустмухаммади Дуст ба­ланд шуд ва гуфт; «Устод Усмонов чй тур мешавад аз падар хама чизашро ба мерос гирифту хаташро не?»

            Шояд дар мусохибаи ахираш Усмонов хостааст худро ислох, кунад ва дар баробари чунин суолоти хушмандонаи Дустмухаммад карор надихад. Аммо боз хам чй ислохе

            Назари манн ин аст, Ки вакте хати Моро аз мо гирифтанд, андеша ва тафаккурамон сода шуд. Ва тафаккур ба махзи он Ки сода шавад, бемаъни мешавад. Ва бахсхои бемаънии мо низ хокй аз тафаккури содаи мост. Чун тафаккур сода шуд, фард кудрати халлокии худро аз даст медихад.

            То замоне, ки андешаи мо сода нашуда буд, дунё ба харфи мо гуш медод. Падарони мо бо хамин форси мегуфтанд ва хама мешунид. Чун халлок, буданд. Метавонед бигуед, мо хатто як асаре бо хамин кирилй офаридем, ки машхури офок шуд? Иброхим Усмонов ба зохири масъала мепардозад ва мегуяд, форси моро ба балогати зиндагй намерасонад. Аммо асли мухимтари масъаларо, ки хат созандаи зехният ва андеша низ хаст, аз ёд мебарад. Албатта профессор инро дар посухи мусохиби ноогохи худ мегуяд, ки суолро нодуруст матрах, кардааст. Хамсухбати профессор аслан ба мохияти масъалаи хат ворид нашудааст. Вагарна хеч, гох, намегуфт; «бархе мегуянд, гузаштан ба форси мушкили иктисодии моро хал мекунад.» Ман аз хеч, даъвогари гузаштан ба форси чунин гуфтори бепоя ва бемантикеро нашунидаам ва нахондаам. Балки бояд гуфт, гузаштан ба форси ба­рои мо хазина хохад дошт. Ва хазинаи хеле гарон. Инро хар фарди сохибфикр медонад.

            Мо на иронием. на форсем, на каси дигар, мо точикем. Ин ифодаи дустдоштании профессор Усмонов аст, ки ахиран дар сари хар мавкеъ ба он таъкид меку­над. Аммо Мухаммад Икбол суоле дорад, ки профессори мухтарам низ бояд онро аз худ карда бошад:

Эй, ки мехохй низоми оламе,

Ёфтай онро асоси махкаме?

            Ва профессори мухтарам, ки даъвои миллат мекунад, пуштивонаи ин миллат ва ин забони мустакил ва чудо аз форсие, ки у мегуяд, чист? Оё миллате метавонад бидуни пешина ва собика вучуд дошта бошад? Миллате, ки гуё дар асри бист ба вучуд омада, аммо дар кадом замина? Саъдиву Хофизу Хайёму Фирдавсй барои шумо иронй, Мавлонову Носири Хусрав балхй ва афкон, Икбол покистони аст. Суоли ман ин аст, ки маводи ин забон, ки шумо мегуед, яъне адабиёти он аз кучост агар аз ин бузургон нест? Вакте форсиро аз точики чудо медонед, набояд ба худатон ин хакро бидихед, ки хатто Рудакиро точик бигуед. Дар кучо аз хоричи Точикистон шунидед, ки гуфтанд «Рудакй падари шеъри точикй» ё Фирдавсй низ нагуфтааст; «Ачам зинда кардам бад ин точикй», ёд доред, ки гуфтааст, «Ачам зинда кар­дам бад ин порси». Акнун агар ба мантики шумо амал кунем, набояд Фирдавсиро шоири миллй ва «Шохнома»-ро моли точикон донист. Зеро Фирдавсй мегуяд, за­бони ман форсист ва ба сарохати тамом мегуяд. Шумо иддаъо мекунед, ки забони шумо точикист, на форси. Агар иддаъо мекардед, ки ин забон, яъне забони Фир­давсй низ точикист, на форси масъалаи дигаре мебуд, агарчанд боз хам бахсомез. Аммо дур афкандани «Шохнома» аз пайкари адабиёти точикй ва рухи хаммосии точик чи иштибохе нобахшиданй ва хиёнат аст. Оё ин миллатро бе «Шохнома» ме­тавон тасаввур кард?

 

Алифбои форси барои гузашта ё оянда?!

            Ба назари ман гузаштан ба алифбои форси хам ба ояндаи мо зарурй ва хатмй хаст ва хам дар шинохти гузашта ёвари мост.

            Агар хоста бошем гузаштаи худро ба шакли дурусту пурра ва фарогир бишносем, пас донистани хати форси ногузир аст. Бе дониши алифбои форси тасаввури сурати дакики гузаштаи мо нопурра мемонад. Зеро хамон гуна, ки дар боло гуфта гузаштем хануз як фисади нокофии 7 дарсадй аз мероси гаронсанги фарханги форси ба хати кирилй дастёб нест, пас чй гуна метавонем аз хати форси дар ши­нохти гузаштаи худ бениёз бошем?

            Дар мачмуъ метавон натичагирй кард, ки бе дониши алифбои форси гузаштаи худро дакик, шинохта наметавонем ва пайдост, ки бе шинохти дакики гузаштаи худ рохи дурустро барои огидаи хеш наметавонем интихоб кунем. Хак, бар чониби Расул Гамзатов нависандаи  шухратёри дошотонй хаст. Ки  масъалаи бахси алифбои точики даъват ба беэътиной ба гузашта, чизи дигаре беш буда наметавонад. Зеро натичаи мантики бокй мондан ва пусидан дар хати кирилй хамин ба гузашта тир холй кардан ва аз оянда низ тир хурдан чизи дигаре нест.

            Аммо дар масъалаи хати форси ба­рои оянда харфхои гуфтанй ва харфхои ногуфтаи бисере мавчуд аст. Агар аз одитарин чавони имрузаи асри XXI дар мав­риди оянда бипурсед, хатман ба шумо посух хохад гуфт, ки оянда ин пешравии илму техника ва ба вижа пешравй дар сохаи фановарй ё технологияи электронй мебошад.

            Имруз дар пешрафтатарин дафтару идорахои кори компютер ва Интернет унсурхои асосии кор ба хисоб мераванд.

            Ва пешрафтатарин барномахои компютериро метавен ба забон ва ба хати форси ба рохатй пайдо кард. Нармафзорхое ба хати форси мавчуданд, ки худо медонад кай онхо ба хати кирилй дар дастрас карор мегиранд. Бояд барои он маблагхои хангуфте хам сарф кард. Ногуфта намонад, ки бозори хати кирилии точикй бозори пулсозе нест ва наметаво­над сохибкоронро барои маблаггузорй низ чалб кунад.

            Хачми маълумотеро, ки кишвари Ирон дар Интернет ба хат ва забони форси чой додааст аз хачми маълумоти тамоми кишвархои арабй бештар аст. Имруз ба рохатй дар хар мавзуъе, ки хо­ста бошем, метавон бо хуруфи форси маълумоти дакику дурусте, хабаре, тахлиле пайдо кард.

            Эй кош Иброхим Усмонов, ки накунад то дар сурати форси шудани хати давлатй дар Точикистон професорияш зери суол карор бигирад, лахзае дар пояи як компютери пайваст бо Интернет менишаст ва дар мавзуъоти мавриди назари худаш бо форси нустучу мекард ва халоват мебурд ва дигар харгиз аз хати кирилй, ки ру ба инкироз аст ва даст задан ба он дар гирдоби мухлики чахонишавй моро ба хеч кучо хохад бурд, даст мекашид.

            Хама чиз ба фанноварй ва ёфтани иттилоь ва дониш бо хати форси мавчуд аст ва зарурати ихтироъи дубораи дучарха  амали бехуда ва хандадор аст.

Нахустин мачаллаи сайкалй дар кишвари бенаво

vipzoneДар Точикистон аввалин мачаллаи сайкалй (глянцевый) «VIP-zone» махбубияти бештару бештар касб мекунад. Он руз дур нест, ки ин мачалла дар руи мизи кор, пушти шишаи мошин ё дар даст ба нишонаи муваффакияти шахс табдил ёбад. Умед Бобохонов хамеша пешгом аст. Аммо боз хам ба забони русй, на точикй. Ба назар мерасад, чаноби Бобохонов аз накшаи чопи «Осиё-Плас»-и точикй ба суди ин мачалла даст бардошт. Шояд бо сабаби он ки нашрияхои точикй то хануз натавонистаанд, вокеъан муваффак бошанд?

Вале аз суе хам оё имруз чомеъаи мо бо он холе ки дорад, чунин мачаллаи сайкалй ва гламурй ба он зарур аст? Ин гуна намудор намешавад, ки ба руйи чехраи афсурдаи кишвар сайкали зар мекашем, то бадбахтихоро нонамоён кунем ва бо хазорон гам дар дил шодмонй намоем? Ё шояд ин мачалла даъвате ба ояндаи бехтар аст?

Бархе ба матбуъоти русии Точикистон ба рашку хасад менигаранд ва онро сабабгори таназзули матбуъоти точикй ва хамзамон рукуди забони точикй мешуморанд. Аммо инро фаромуш мекунанд, ки хамин «Осиё-Плас» инчунин расонаест, ки кишварро ба чахони берун муаррифй ва таблиг мекунад. Ва хушбахтона, аз махалгароии харзаномахои бадбуй эмин мондааст. Рукуди нашрияхои точикй хамчунин ба камхунарй ва хаваскоронагии хайатхои эчодии онхо низ бастагй дорад.

Солхо пеш аз ин дар пайравй аз мачаллаи машхури маскавии «Знание-сила» дар Точикистон мохномаи «Илм ва хаёт»-ро таъсис дода буданд. Мехостанд, ин нашрия охирин хабархои илми чахониро нашр кунад ва аз ин рох афкори техникии чавонони точикро тахрик дода, ба пешрафтхои фаннй дар мамлакат рох гушояд.

Аммо сардабири он — олими беамал Максуд Хочиматов ва муъовинаш Барот Абдурахмонов «Илм ва хаёт»-ро ба як нашрияи дасти дувуми адабию фархангй табдил доданд ва нашрия танхо ба он сабаб хонандадор шуд, ки аввалин шуда, «Куръон»-ро порча-порча чоп кард. Рисолати аслии ин мачалла ичро нашуд ва хамоно ичронашуда бокй мемонад.

Шояд бехтар буд, пеш аз мачаллаи сайкалй мачаллахоеро бартарй медодем, дар масъалахои иктисодй, илму фанноварй, харчу дахли будичаи оилавй ва монанди инхо, ки рохи ояндаро хамвор мекарданд ва чавонони моро ба хуш меоварданд?

Аз мардикорон шарм медорам, вале…

Анохита (шахри Душанбе)

Рохи харрӯзаи ман аз назди мардикорон мегузарад ва намешавад, ки аз бари онхо беэътино бигзарӣ. Ханӯз аз лахзае, ки ба самти онҳо меои, хама чонибат менигаранд ва ту нигохашонро эхсос мекунӣ. Агар кадамгузориатро каме сусттар куни, ҳатман мегуянд: «Ягон кор бошад, рафта кунем.» Худо накунаду ин лахза мошине дар наздикии онхо карор бигирад. Хама тарафи он медаванд ва агар бахтат баландӣ кунад, онхо туро танхо тела дода мегузаранд.

Мардикорон мошинро аз чор чониб ихота мекунанду ба сухани ҳам гӯш надода, худро ба савдо мегузоранд. Баъзан чунин мешавад, ки сохиби мошин ба чунин рафтор тоб наоварда, онхоро дашном медихад, зеро ошкор мешавад, ки соҳиби мошин аслан ба суроги мардикорон наомадааст. Вале онхо медаванд чониби ҳар мошине, ки дар он чо карор мегирад.

Ва ман хар боре аз назди мардикорон мегузарам, шарм медорам. Мекӯшам сарамро боло набардорам, ба чашмашон нигох накунам. Гӯё эхсоси гунох дорам пеши онхо.

Аммо рузе иттифокан хостам аз хидмати мардикорон истифода кунам, барои каме таъмир кардани даромадгохи бино. Вақте наздашон рафтам, ҳама гирди ман чамъ омаданд. Бо душворӣ ду чавонро интихоб кардаму ба хона бурдам. Гуё дар омади гап аз кору борашон пурсидам. Гуфтанд, ки баъзан дар як рӯз 20-50 сомонӣ кор мекунем, вале кор ё кам аст ва ё тамоман нест. Якеаш гуфт, ки аз минтакаи Кулоб омадаасту дар шахр чои истикомат надорад. Хар шаб ба донишчӯе як сомонй дода, шабашро дар хобгох руз мекунад. Пурсидам, ки оё касе аз ягон муассиса боре ба суроги онхо омадааст? Гуфтанд, ки баъзан милисахо меоянд, барои рондани мо аз сари роҳ.

Ман дигар ба онхо кордор нашудам. Вале баъди анчом додани корашон бубинам дарро тавре ранг кардаанд, ки рангаш дурушт асту мешорад. Ман музди мехнаташонро додам, вале гуфтам, ки ранги дарро тоза карда, онро аз нав ранг кунанд. Чавони кӯлобй рафт, то асбобашро оварда, рангро тоза кунад. Вале торик шуду аз у дараке набуд. Рафикаш «шояд ӯро «облава» карданд» гуфта, ба сурогаш рафт. Ва хамин тавр онхо се руз гайб заданд. Ман хар рӯз ба назди мардикорон рафта, он ду чавонро мепурсидам. Рузи чахорум бо чавони кулоби дучор омада гуфтам: «Бигзор дари хонаи маро ранг накунед. Вале ман аз он зиқ шудам, ки ё туро «облава» карданд ё дуи шумо аз ман гурехта, аз пулкоркуни махрум шудед».

Шояд онхо аслан аз уҳдаи ранг кардан намебаромаданд, харчанд дар огоз худро таъриф карда буданд, ки ҳама гуна кор аз дасташон меояд. Бо як шиносам дар бораи мардикорон сӯхбате доштаму гуфт: «Зиндагии баъзе мардикорон аз зиндагии ту бехтар аст. Онхо метавонанд маоши якмохаи туро дар як рӯз пайдо кунанд, ба шарте ки ҳунаре дошта бошанд.»

Ман хам баъзан мехохам биистаму ба мардикорон бигуям: «Шумо гумон накунед, ки ҳоли рохгузарон аз шумо бехтар асту шояд онҳо чои кори доими доранд. Шумо ба сару либосашон нанигаред, ки медонад у кисту бо чи коре машгул аст. Ин чавоне, ки шиму куртаи охарӣ ба бар дорад, эхтимол донишчӯест, ки фикраш танхо ба пайдо кардани гизову ичорапулӣ банд аст. Ӯ барои дониш чустан на имкон дорад, на нерӯ ва на эътимод ба он ки дар ин замон дониши у ба касе лозим аст. Вале бо тақозои тахсил дар мактаби оли, мачбур аст чунин либосе ба бар дошта бошад.

Он зане, ки шитобон меравад, шояд омузгор аст. Шумо тасаввур карда метавонед, ки имруз омузгор будан чи маъно дорад? Оё боре дидаед, ки хатто хонандаи мактаб (на донишчӯ!) бо устод чи гуна муносибат мекунад? Оё медонед, ки муаллим чи қадар маош мегирад ва чи гуна чашми тамаъ ба шогирд медузад?

Ба он духтари нозанине, ки либоси муди охирин ба бар дорад, маънидорона нигох накунед. Шояд у фоҳишаест, ки баландтарин арзиши инсониашро ба савдо гузоштааст.

Ва оё онхое, ки дар бозор савдо мекунанд, бахусус занхо холи бехтаре доранд? Кӣ медонад, ки онхо субх соати чанд аз хоб мехезанд, ин кадар бори гаронро чӣ гуна ба бозор меоранд, нозирону милисахо бо онхо чӣ гуна муносибат мекунанд? Як зани шиносам, ки дар бозор либос мефурушад, мегуяд, ки тамоман савдо нест, се руз боз бо кудаконаш ба чуз «Роллтон» чизи дигаре нахурдаанд. Он зан рӯзи дароз дар бозор асту кудаконаш ру ба рахми Худо…

Хатто ба онхое, ки бо мошинхои гуногунтамга меоянд, ҳавас накунед. Шояд яке мисли шумо, вале дар гурбат, мардикорӣ карда, онро харидаасту имруз магрурона мошинсаворӣ мекунад? Шояд маблаги мошини бошукуҳи дигаре бо рохи халол ба даст наомадааст ва шабхо аз тарси фош шудани гунохаш хобаш намебарад?

Хатто ба онхое, ки галстукхояшонро таранг баста босалобат менишинанд, низ ҳасад набаред. Хамон галстук тавқи гуломии онхост. Гуломи мансабанд, гуломи сарватанд, гуломи хочаи аз худ ба вазифа болотаранд ва билохира гуломи хонумашон (ё худ хонумхояшон). Оё медонед, ки онхо бо чи дуругу хушомаду пораву роххои дигар ба ин мартаба расидаанд ва аз эхтимол дур нест, ки фардо онхоро чи интизор аст? Аз ин чост, ки танхо дар мавридхое, ки мақому мартабаашонро вонамуд кардан мехоханд, галстукро мебанданду чун аз нишастхои расмӣ берун омаданд, зуд онро мегиранд. Гулӯгирашон мекунад шояд.

Дар бораи кору маоши рузноманигорон намегуям, сухан ба дарозо мекашад. Танхо як вокеаро барои мисол меорам. Боре аз як сарояндаи навбаромаде, ки худро «ситора» мехисобад, пурсидам: «Оё минбаъд аз бе фонограмма суруд хондан наметарсед?» У шояд дар посухи суол душвори кашид ё аслан беморие дошт, ки дар посухи суоли хеле муаддабона додаи ман бо дурушти чунин гуфт: «Э шумо журналистхои бесавод, барои ду сум пули хофизон номусатонро мефурӯшед…» Ман дар хайрат афтодам, ки ин сухани у бо суоли ман чи иртиботе дорад ва аслан у чаро ба нафаре, ки тамоман намешиносад, чунин суханхо мегуяд. Ва уро бо чунин магзу сиришти тихиаш махз рузноманигорон бепулу ба кавли у «бо пул», бо сеҳри суханашон «ситора» кардаанд. Ва мардум барои гузаронидани маъракахояшон ба у ҳазорхо доллари дар муҳочират ёфтаашонро медиханд. Шояд у замоне назди рузноманигоре омада, хохиш карда буд, ки уро реклама кунад. Холо бо таргиби рӯзномахову радиову телевизион ва бо шарофати фонограмма пулдор шудаасту рузноманигоронро назараш намегирад. Ва боз бахташон баланд аст, ки расму оинхо ба танзим даромаду нархи ҳофизон не.

Ва шояд у намедонад, ки на хама рузноманигорон ба хотири пули сарояндагон менависанд ва баръакс барои навиштахояшон ҳакки калами ночизе мегиранд ва боз баъзан дучори озору тахдидхо мешаванд.

Хулоса, хамаи мо дар зиндаги гуё мардикорем. Факат баъзехо метавонанд инро мохирона пинхон бидоранд, баъзехо лаб зери дандон ниходаанд, вале бархеи дигар мисли шумо, мардикорон дарду мушкилоташонро пеши мардум урёну ошкоро мегузоранд. Вале магар ман метавонам аз назди шумо магрурона бигзарам, чун ҳамаи мо имрӯз ҳамдардем. Харчанд на ҳама…

Конуни Парето: 80 ба 20 ва ё 99 бар 1

Як иктисодшиноси точик менависад, ки Хукумати Точикистон аз руи Конуни Парето (Вилфредо Парето) 80 ба 20 сохта шудааст. Яъне хукумати калоне, ки бояд кори хурдеро анчом дихад. Тибки хамин конун мешавад таносубро баракс кард, яъне 20 ба 80 — 20% бехтарин кадрхо барои халли 80 дарсади вазифахои хукумат.

Росташ, аз ин макола чизи зиёде барнаёмад, чуз ин ки Хукумати Точикистон зарурат ба тахаввул ва хуни нав дорад, зеро ба гуфтаи ин иктисодшинос он ба андозае натавонист, вазифаи худро ичро кунад, ки хатто обруи мансаби давлатй дар чашми чамъият ба хоки сиёх баробар шуд.

Албатта, ин масъаларо нахустин шуда андешавари чавон Ботур Косимй дар яке навиштахояш барои «Андеша» матрах карда буд. Вале формулбандии Конуни Косимй дигар буд: 1 бар 3. Яъне аз се корманди Хукумати Точикистон 1 нафари бехтарин дар сари кор монад ва дигарон курсиро холй кунанд. Хамзамон ин 1 нафари бехтарин бояд он се маошро бигирад ва аз фикри пораву ришва худро дур кунад.

Ба фикрам, Конуни Косимии точик аз Конуни Паретои итолиёй барои Точикистони имруза ба маротиб бехтар аст. Аммо шояд аз он хам бехтар Конуни Субхонист бо номи 99 бар 1. Яъне 1 нафари маълум бо он ки натавонист, зиндагии бошарафонаи 99 дарсадро таъмин кунад, охиста ба истеъфо равад ва ин 99 дарсадро аз худ начот бидихад. Мумкин он вакт хамаи конунхои дигар нодаркор шаванд.

 

Тахкир ва тахрифи ислом бас шавад

qozidomulloХочй Акбар Турачонзода

Ба мушовири давлатии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба рушди ичтимой ва робита бо чомеа мухтарам Саймурод ФАТТОЕВ ва ба вазири маорифи Чумхурии Точикистон мухтарам Абдучаббор PAXMОHОB

Бо салому эхтиром ва орзуи муваффакиятхо.

Аз чониби Президенти мухтарами кишвар эълон гаштани соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) сахифаи наверо дар раванди худшиносии миллй ва исломии миллати точик огоз кард. Ин икдом фурсати муносиберо фарохам овардааст, ки мо бори дигар ба сарчашмахо ва арзишхи асили хуввияти худ бо чашми хирад нигариста, муносибати худро бо онхо вокеъбинона бахо дихем.

Яке аз мухимтарин масъалахое, ки имруз дар чомеаи мо матрах, аст, сатхи маърифати динии мардум ва тарзи муносибати чомеа бо арзишхои исломй мебошад. Президенти кишвар низ дар суханронидаи ахири худ дар чашни истиклолияти кишвар ва хангоми боздид аз нохияхои минтакаи Рашт ба масъалахои чудоинопазир будани фарханги миллй ва динй ва зарурати огохии мардум аз маърифати динй ба таври возех, таъкид намудаанд.

Дар айни замом, чои шубха нест, ки сатхи маърифати хар чомеа ва муносибати аъзои чомеа ба ин ё он арзиш пеш аз хама ба барномахои таълимии сохаи маориф вобаста аст. Яъне, махз дар раванди таълимй ба зехни хар толибилм гузошта мешавад, ки накшу чойгохи вокеии хар арзишу мафхум чист ва муносибати мо бо он бояд чигуна бошад.

Бинобар ин, зарур медонам, ки бо мурочиат ба Шумо, ки хам шахсиятхои огоху бомаърифат ва хам масъулони аввали ин соха дар кишвар мебошед, масъалаи муносибати имрузаи низоми маорифи Точикистон ба арзишхои исломиро дар миён гузошта, барои ислохи он чанд пешниходи мушаххаси худро эхтиромона ироа намоям.

Мутолиаи китобхои дарсии мактабхои миёнаи кишвар нишон медихад, ки бо вучуди дар фазой умумй ва сиёсй тагйир ёфтани муносибат ба Ислом ва арзишхои исломй, нигохи сохаи маориф ва маводи таълимии ироашаванда дар ин масъала хануз дар хамом колабхои пешина бокй мондааст. Метавон гуфт, ки дидгохи аксари муаллифони китобхои дарсй ба масъалахои марбут ба Ислом ва арзишхои исломй асосан гайрикасбй, гайриилмй, тахрифшуда ва дар аксари мавридхо гаразнок ва тухматомез мебошад. Ин навъи нигариш ба динй мубини Ислом хусусан, дар китобхои дарсии таърих, адабиёт ва дигар фанхои чамъиятй ба рушанй мушохида мешавад, ки натичаи он эчоди шакку нобоварй нисбат ба дини Ислом ва ба таври ошкоро ба инхироф кашидан ва захролуд намудани зехни фарзандони мактабхони мардуми мусулмони точик мегардад. Гарчй чунин мавкеи китобхои дарсии низоми маорифи мо як падидаи такрибан умумист, вале барои мисол, ба таври нихоят мухтасар мехостам ба дидгохи чанде аз ин китобхо ба масъалаи зикршуда ишора намоям.

Аввалин китобе, ки мехостам дар ин мавзуъ ба он таваччух намоем, китоби дарсии «Таърихи умумй. Таърихи асрхои миёна. Китоби дарси барои синфи 6» (Интишороти «Сарпараст», Душанбе, 2005) аст, ки аз тарафи муаллифон Т.Зиёев ва Р.Шарифов навишта шуда, онро Мушовараи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон барои чоп ва таълим тавсия кардааст. Китоб асосан таърихи давлатхо ва тамаддунхои чахонро ба таври умумй таълим медихад ва бахшхои 11 то 16 он (сахифахои 49-80) ба таърихи дини слом ва давлатдории мусулмонон дар асрхои аввали исломй бахшида шудааст.

Банда дар мавриди хатохои Чиддие, ки хангоми зикри санахои таърихй, номхои чугрофиёй, номхои шахсиятхои таърихй Ислом ва гайра дар китоб рох, ёфтаанд, чизе гуфтанй нестам, вале нисбати мазмуни баъзе аз бахшхои китоб хомуш буданро хилофи акидаи исломии худ медонам. Аз чумла, бахши 11-уми китоб (с.49-52) тавре навишта шудааст, ки дар он таълимоти динй мубини Ислом на хамчун мачмуаи вахйи илохи ва фармудахои Худованди Бузург, чалла чалолуху, ба пайгамбари худ, балки хамчун натичаи муомилаву тавофукхои сиёсии Хазрати Мухаммад (с) бо намояндагони динхо ва кабилахои гуногун нишон дода мешавад. Дар ин боб Паёмбари Худо хамчун «асосгузори дини нав» муаррифй гашта, амрхои Худованд, ки ба у аз тарики вайхи илохй расидааст, бар хилофи хакикат, ба хонанда хамчун «пешниходоти» шахсии худи Мухаммад(с) шарх дода мешаванд. Масалан, аз чумла, омадааст: «Мухаммад(с) ба туфайли пешниходоти инсондустонаи худ боиси таваччухи кабилаи Курайшихо ва кабилахои дигари араби Макка гардид», «Мухаммад (с) пешниход кард, ки хар кас бояд дахяки даромади худро ба бечораю бенавоён садака кунад.» (с.49). Ё, «Мухаммад(с) пайгамбар ин вазъро ба назар гирифта, пайгамбарони яхудия ва масехиятро хам пайгамбарони мусулмонхо эълон карда, худро пайгамбари охирин номид». Чунин даъвохо бофта тахрифи ошкоро дар хакки Ислом ва Пайгамбари бузургвори он аст!

Агарчи муаллифон дар радифи номи Мухаммад (с) истилохи «пайгамбар»-ро истифода мекунанд, аммо наход худашон нафахмида бошанд, ки маънои «пайгамбар» паёмовар ва расонандаи паёми Худованд аст? Агар Хазрати Мухаммад (с) ин ахкомро ба гуфтаи муаллифон, «бо дар назар гирифтани вазъ» аз пеши худ бофта бошад, пас чй гуна у пайгамбари Худо мебуд? Мувофики фармудаи Куръони карим, ки акидаи мусулмонон дар асоси он шакл гирифтааст, Паёмбари Худо хеч, чизеро дар Ислом аз пеши худ ворид накардааст, балки паёми Худованд ва хукми илохиро ба мардум расонидааст. Чуноне ки Куръони карим дар ин бора сарохатан шаходат медихад: «Ва мо янтиту анил хаво ин хия илло вахюн юухо» (Ва (Паембар) чизе аз пеши худ намегуяд ва ва харчй туфтааст, вахйи Худованд аст). (Сураи «Ан-начм», ояхои 3 ва 4). Ин нукта фарки асосии дин аз дигар таълимоти ахлокиию маънавй ва ичтимоию сиёсиест, ки инсонхо аз фикри худ эчод кардаанд.

Дар сахифаи 51-ум бошад, муаллифон се масъалаи усулии исломро, ки дар натичаи вахии илохй ба Паёмбар (с) амр шудааст, ба хонандагон хамчун натичаи музокира ва карордоду тавофуки байни ашрофи курайш ва Мухаммад(с) таълим медиханд: «Ашрофи курайшихои Макка … иброз доштанд, ки Мухамамд(с) се талаби онхоро ичро кунад: 1) Шахри Макка маркази дини ислом бошад. 2) Хонаи Каъба ва Санги Сиёх, мукаддасоти ислом эълон карда щавад. 3)3иёрати Макка, ё худ адои маросими хач барои хар як мусулмон хатмй гардад. Пайгамбари ислом ин пешниходоти курайшихоро кабул кард. Баъди ин курайшихо ва кабилахои дигари Макка дини исломро кабул карданд.»

Мувофики ин даъвои муаллифони китоб, дар таълимоти Ислом макоми мукаррам Доштани шахри Макка, чойгохй мукаддаси Каъба ва рукни панчуми Ислом карор гирифтани хач на аз тарафи Худованди Мутаъол, балки дар пайи як шартномаи сиёсй байни мушрикони Макка ва Мухаммад(с) кабул гаштааст. Ин тавр ба хонандаи хурдсол накл кардани таърихй Ислом на танхо дуруги махзу тахрифи ошкорои таъриху таълимоти исломй, балки болотар аз хама, инкори ошкорои мохияти осмонии дини мубини Ислом мебошад, ки барои мусулмонон харгиз кобили кабул нест. Мувофики акоиди исломй ва тибки назари тамоми мазхабхои фикхии исломй, аз чумла мазхаби ханафй, касе чунин акида дошта бошад, умуман мусулмон хисоб намешавад, зеро манбаи илохй доштани як рукни асосии Ислом, яъне хачро инкор кардааст.

Ин таърихнависон як бор фикр накардаанд, ки агар Паёмбари Худо бо мушрикони Курайш, ки сокинони Макка буданд, ба тавофук расида бошанд, пас чаро Ишон бо аксари касоне, ки ба Худо имон оварда буданд ба Мадина хичрат карданд? Ва чаро хашт соли дигар байни мусулмонхо ва мушрикони Курайш холати чангй идома ёфт ва чаро чангхои Бадр ва Ухуд рух дод? Факат баъд аз хашт соли чичрат Пайгамбари Худо ва мусулмонон Маккаро фатх, намуданд ва ахли он исломро кабул намуданд. Дуругнависй хам хадду канор доштагист?

Астагфируллох,! Магар аз навиштахои ин муаллифон фарзандони мо дар мактаб ба чунин хулоса намерасанд, ки дини Исломро Худо ба чахониён аз тарики Пайгамбар(с) нафиристода, балки таълимот ва ахкоми онро худи Пайгамбар(с) аз пеши худ фикр карда бофта баровардааст?! Магар максад аз ин гуна таълим нисбат ба Ислом эчод кардани шакку шубха дар зехни мактабхонхо ва аз Ислом дур кардани фарзандони мо мест? Инсофан, хатто дар давраи советй ва идеологияи атеистй ин гуна таълимот дар китобхои дарсии мактабхои миёна вучуд надоштанд! Маълум аст, ки муаллифон ба таълимоти исломй ё ошной надоранд ва ё доранду ба он имон надоранд ва маълумоти худро аз сарчашмахои тахрифшудаи зиддиисломй гирифтаанд.

Китоби дигаре, ки дар масъалаи таърих ва таълимоти динй мубини Ислом назари «хосси» худро дорад, китоби дарсии «Таърихй халки точик. Ибтидои асрхои миёна» (китоби дарси барои синфи 6) мебошад. Муаллифи китоб Юсуфшох, ЯЪКУБОВ буда, китоб аз тарафи Коллегияи Вазорати маорифи ЧТ ба чоп тавсия шудааст. Бахши сеюми ин китоб, ки такрибан нисфи онро ташкил медихад, ба мавзуъхое чун зухури Ислом, хилофати араб, пахншавии Ислом дар сарзаминхои Ирон ва Осиёи Марказй, таназзули давлати хилофат ва гайра бахшида шудааст. Ин чо низ мо ба баррасии хатогихои бешумори чопию имлой ва тахлили забону истилохоти комилан сунъию гайриилмии ин китоб напардохта, асосан, ба масъалаи нигохи ки¬тоб ба таърих ва таълимоти исломй таваччух, месозем.

Дар сахифаи 115 муаллиф дар бораи таваллуд ва давраи аввали зиндагй ва фаъолияти чаноби Пайгамбар(с) сухан ронда, санадхои нодуруст ва ривоятхои гайрисахехро истифода мекунад. Масалан, у таваллуди он хазратро 17 мохи рабеъулаввал нишон медихад. Тибки ривояти ахли суннат ва чамоат Хазрати Мухаммад(с) на дар таърихй 17, балки дар таърихй 12 рабеъулаввал ба дунё омадаанд. 17 рабеъулаввал дар ривоятхои бародарони шиъа омадааст. Маълум аст, ки муаллиф аз ин тафовут ё огох набуда, ё факат аз хамон сарчашмахо истифода кардааст.

Вале дар поёнтари сахифа муаллиф боз ривоятеро меоварад, ки бо ривоятхои ахли суннат ва чамоат комилан мухолифат дорад. У мегуяд: «Пайгамбар эълон дошт, ки касе аввалин шуда Худой яккаву ягона — Аллохро бишносад, у чойнишини ман хохад шуд. Хазрати Али аввалин шуда дини Исломро кабул намуд ва то охири умри пайгамбар хамрохи вай буд.» Аз дидгохи мазохиби алхи суннат ва чамоат ин ривояти овардаи муаллиф дар хеч, сарчашмаи муътабари илмй наомада, хазрати Мухамамд(с) харгиз дар бораи чонишини худ чунин меъёр нагузоштаанд ва эълон надоштаанд. Ин ривоят комилан бар хилофи акидаи ахли суннат ва чамоат аст, ки мардуми Точикистон аз он пайравй мекунанд.

Рухияи пурнафрати муаллиф нисбат ба арабхо ва тахкиру тухматхои пайвастаи у нисбати онхо низ, агарчй мавзуи бахси мо нест, бояд бознигарй шавад. Зеро аз хондани ин китоб саволе ба миён меояд, ки максади муаллиф аз ин кадар сиёх, ва бад кардани арабхо ва дар зехни насли чавон эчод кардани кинаву нафрати бепоён нисбати як халки дигар ва бародарони хамдинамон чист? Бо ин корашон чй мехоханд? Ба назари мо, ин кори муаллиф ва хамфикронашон дар доирахои идеологии кишвар метавонад се максад дошта бошад:

  • 1. Шояд аз тарики баду манфур нишон додани арабхо мехоханд дар зехни чавонони мо нисбат ба Ислом хисси нафрат ва бадбинй эчод намоянд.

  • 2. Шояд мехоханд дар зехни фарзандони мо ифтихор бо зардуштиятро эхё созанд, зеро дар ин ва дигар китобхои дарси оини зардушти бо таблигу мухаббати боло хамчун дини поку некуй, хамчун аввалин дини вахдони ва хамчун оини ачдодии мо тавсиф шуда, ба таври махсус дар мукобили Ислом гузошта мешавад: «Арабхо… дину ойини ачдодии моро аз байн бурда, дини худро бо номи Ислом кабулониданд» (с. 127).

  • З. Ё шояд мехоханд ба ин рох, дар наздик шудани давлати мо бо кишвархои арабию исломй монеаи равонй ва идеявй эчод кунанд. Зеро имруз густариши робитахо бо ин кишвархо яке аз самтхои мухимми сиёсати хоричии давлати мо ба хисоб меравад. Агар ин максадхо набошад, пас максад чист? Баёни хакикати илмию таърихй, чуноне, ки даъво мекунанд? Аммо, барои хар шахси бомаълумот ва боинсоф маълум аст, ки навиштахои муаллиф аз хакикати илмй ва таърихй фарсаххо дур аст… Муаллиф дар ин чода то чое ифрот кардааст, ки китоби дарсии таърихй у бештар ба як асари бофтаи бадей ва идеологй шабохат пайдо кардааст. (Касе бовар надорад, ба сахифахои 124, 126, 127, 159, 168 ва гайра нигарад.)

Вале чун мавзуи бахси мо Ислом аст, бояд гуфт, ки муаллиф гохо зери танкиди арабхо бисере аз шахсиятхои бузурги исломй ва мукаддасоти исломиро огохона зери танкиду тахкир мегирад. Масалан, у дар мавриди яке аз сахрбахои бузурги Паёмбар, халифаи дуввуми мусулмонон хазрати Умар(р) сухан ронда, чунин мегуяд: «Умар фарсудагии давлати Сосониёнро хуб медонист (ба муаллиф аз кучо маълум шуд, ки Умар(р) инро хуб медонист?) ва магрурона барои масхара ва ба иззати нафси шох, расидан сафиронро фиристода буд.» Ин ривоят бо чунин шакл хеч, асл надорад ва хамчунин, шояд муаллиф намедонад, ки тибки супориши Пайгамбари Худо дар мавриди сахобагони Паёмбар(с) беэхтиромона сухан гуфтани мусулмонон гунох, аст. Хусусан, истифодаи истилохи «магрурона» нисбати ин шахсияти бузургвор, ки дар тамоми таърих намунаи олии адолат ва хоксори будаанд, на танхо дур аз инсоф, балки тахкири мукаддасоти мусулмонон низ ба хисоб меояд.

Хулосаи калом, муаллиф пахнкунандагони Исломро, ки ба туфайли онхо, алхамдулиллох, хазору чахорсад сол ба ин чониб мо мусулмон хастем, хамчун лашкари чохилу тачовузгару госибу горатгару нобудкунандаи хама чиз тасвир карда, ба хонандаи хурдсоли худ чунин талкин мекунад: «Арабхо тамаддуни пешкадаму хазорсолаи моро нобуд сохта хату забони худро зуран чорй намуданд. Онхо дину ойини ачдодии моро аз байн бурда, дини худро бо номи Ислом кабулониданд» (с. 127). Чуноне ки то имруз идеологхои атеистй муборизони рохи истиклолият ва озодиро босмачихои хунхору тачовузгару горатгар нишон медиханд.

Ин чо суол аст, ки бо кадом максад мо дини мубини Исломро ба фарзандонамон хамчун «дини арабхо» муаррифй менамоем? Чунин андеша комилан мухолифи таълимоти исломист, зеро Ислом дини илохи буда, ба хеч кавму миллати хоссе тааллук, надорад ва онро Худованд барои тамоми башар то рузи Киёмат фиристодааст. Ба назари ман, бисер зарур аст, ки мо низ ба фарзандони худ Исломро аз нуктаи назари манбаъхои исломй таълим бидихем.

Чунин нигохи гайрикасбй, гайриилмй ва зиддиисломй ба таълими масъалахои марбут ба таърих ва арзишхои исломи дар китоби дарсии «Таърихи дин» низ мушохида мешавад. Ин китоб барои синфхои 7-у ми мактабхои миёна тавсия шуда, аз суй муаллифон Х.Рахимзода ва С.Ахмедов таълиф гаштааст. Чун бахши калони ин китоб (с.49-156) ба шархи таъриху таълимоти Ислом бахшида шудааст, ин чо имкон дорем, ки даххо галатхои таърихию мантики ва аз тарафи муаллифон истифода шудани афсонаю ривоятхи исроилиёт, адабиёти фолклорй, гайриилмй ва аз назари сарчашмахои исломй номуътабарро мисол оварем. Вале бо максади кутох намудани матн факат бо мисоле кифоят мекунем:

Масалан, дар сахифаи 59-уми китоб ходисаи аз чониби Худованд ба хазрати Мухамамд(с) нозил шудани вахн чунин оварда шудааст: «Як шаб, ки дар гор хобида буд, фариштае пеши вай омад ва гуфт: «Ба номи парвардигори ту, ки инсонро офариду ба у чизхоеро омухт, ки намедонист-. Эй Мухаммад, ту расули худой ва ман хам фариштаи у Чабраил». Мухаммад аз хоб тарсида бедор шуд, касеро надид, аммо суханхое, ки шунида буд дар хотираи у накш баста буданд.» Ва поинтар омадааст: «Пас аз ин ходиса вахй ба Паёмбар(с) мунтазам нозил мегашт ва ба ин тарин китоби Куръон фарохам меомад ва дини навдини ислом ташаккул меёфт». Ба ин восита муаллифон ба хонандаи мактаб таълим медиханд, Ки Куръон ба Мухаммад(с) хангоми хоб нозил мешудааст ва ин китоб «ба ин тарик,» навишта шудааст. Ин даъво тухмат ба Куръон ва тахрифи махзи хакикати вахйи илохй мебошад. Аввалан, тибки санадхои муътабари таърихй ва, аз чумла, тибки хадисхои сахех ва шаходати даххо сахобагони бузурги Пайгамбари Худо, вахйи илохй ба чаноби Пайгамбар(с) на дар холати хоб, балки дар бедорй мерасид ва Ишон онро огохона дармеёфтанд. Ин аст акидаи мусулмонон дар ин масъала. Аз ин ру, маълумоти овардаи муаллифон тахрифи ошкорои вокеияти таърихист. Сониян, ин гуна тасвир кардани манзараи вай чунин маъно медихад, ки Куръон ва Ислом хамагй натичаи хобу хаёли Мухаммад(с) «мебошад, зеро муаллифон овардаанд, ки «Мухаммад аз хоб тарсида бедор шуд, касеро надид, аммо суханхое, ки шунида буд дар хотираи у накш баста буданд.» Чунин фикр комилан мухолифи таълимоти Ислом ва эътикоди мусулмонон мебошад.

Масъулони мухтарам, бародарони гиромй!

Хамин тавр, баррасии бисер мухтасари махтаво ва дидгохи хамагй чанд китоби дарсии мактабй нишон дод, ки дидгохи аксари муаллифони онхо ба масъалахои марбут ба Ислом ва арзишхои исломи асосан гайрикасбй, гайриилмй, тахрифшуда ва дар аксари мавридхо гаразнок, тухматомез, зиддиисломй ва тахкиромез мебошад. Ба ин шакл таълим додани ин масъалахо боиси дар зехни хонандагоми мактабхо эчод шудани шакку нобоварй нисбат ба дини Ислом ва ба таври ошкоро ба инхироф кашидан ва захролуд намудани зехни фарзандони мардуми мусулмони точик мегардад. Аз ин ру, шакке нест, ки имруз нигохи низоми маорифи мо ба мавзуи таълими масъалахои таърих ва таълимоти Ислом ба бознигарии чиддй эхтиёч, дорад. Бо таваччух ба вазъияти мавчуда дар масъалаи мазкур, пешниход менамоям:

  • 1. Дидгохи китобхои дарсии мактабхои маълумоти умумии миёна ва олй ба масъалаи чойгохи дин ва хусусан, дини мубини Ислом, таърихи Ислом ва муаррифии арзишхои исломи ба таври куллй ислом гардад. Китобхои дарсй бояд барои хонандагон маълумоти дурусти илмию таърихй аз дидгохи сарчашмахои исломи ироа намоянд, на аз манбаъхои зиддиисломии яхудию атеистй. Чун аксари кулли мардуми кишвар мусалмонанд ва хонандагони мактабхои мо фарзандони хамин мусулмонхоянд, табиист, ки онхо харгиз розй нестанд, ки фарзандонашон зидди дину оини исломияшон тарбия ёбанд. Аз ин ру, зарур аст, ки дар китобхои дарсй нисбати Ислом ва арзишхои исломй, аз чумла, нисбати Худову Пайгамбар(с), Хулафои рошидин, сахобагони киром, имомхои мазхабхо, шахсиятхои таърихии исломи бо камоли эхтиром сухан гуфта, Исломро хамон гунае, ки мусулмонон мефахманд, муаррифй намоянд.

Гарчй мо медонем, ки шахсан худи Шумо дар замони тахия ва барои таълим дар мактабхо тавсия шудани ин китобхо хануз масъулияти ин сохаро ба душ надоштед, вале имруз Шумо мётавонед йн тахрифу хатохоро ислох намуда, ба миллату кишварамон хидмати сазоворе анчом бидихед. Зеро ислох нашудани ин барномахои дарсй дар дарозмуддат ба норозигии мардум оварда мерасонад.

  • 2. Он бахшхои китобхои дарсй, ки ба дини мубини Ислом ва таъриху таълимоти он дахл доранд, бояд аз тарафи мутахассисони босалохият ва огох, аз таъриху таълимоти исломи ва пеш аз хама боэътикод навишта шуда, ё пеш аз нашр аз назари мутахассисони ин соха гузарад. Чои таассуф аст, ки дар яке аз вохурихое, ки дар Вазорати маориф гузашт, яке аз муаллифони китоби дарсии «Таърихй дин» Х.Рахимзода ба огохии худ аз таъриху таълимоти Ислом ишора намуда, аз чумла, чунин гуфт: «Банда беш аз дах, сол директори «Хонаи атеизм» будам.» Оё муаллифе бо чунин собика ва чахонбинии зиддиисломй хукуки маънавии ба фарзандони мо омузонидани Ислом ва таълимоти онро дорад?

  • 3. Хамчунин, пешниход менамоям, ки барои бо донишхои сахех, дар бораи таъриху таълимоти Ислом ва, аз чумла, барои ошноии бевоситаи мардум бо таълимоти мазхаби ханафй дар барномаи таълимии мактабхои миёнаи тахсилоти умумй фанни мукаддимавии «Таърих ва таълимоти исломй» барои синфхои 8 ва 9 ворид карда шавад.

Ин дарс бояд хонандагонро илова бар таърихй нузули Ислом аз дидгохи муаррихони исломй, бо мохияти вахдатгаро, маорифпарварона, инсондустона ва сулхомези дини мубини Ислом ошно сохта, хусусан, чанбахои табиявию ахлокии онро ба таври васеъ таълим бидихад. Дар навбати худ, мо омода хастем, ки дар тахияи барномаи ва китоби дарсии ин фанн бо Вазорати маорифи кишвар камоли хамкориро дошта бошем.

Чои зикр аст, ки таълими чунин фанн дар низоми маорифи аксари кишвархои дунявии чахон, хусусан, кишвархои аврупой, чой дошта, аз чумла, дар кишвархое чун Олмон, Британия, Амрико, Испания, Юнон ва гайра мувофики дину мазхаби аксарияти ахолии он кишвархо ба таври хатмй ё ихтиёрй ба рох, монда шудааст. Аз ин ру, ба низоми маорифи кишвар ворид, намудани чунин дарс дар ислохи тафаккури динии чомеа ва пешгирии гароиши чавонон ба равняю харакатхои ифротиии динй сахми бисер чиддй хохад гузошт. Чомеае, ки саводи динй дорад, дар мукобили таблиготу тахочуми дину мазхабхои бегона иммунитети хосса дошта, аз харакатхои ифротию экстремистй камтар осебпазир мегардад. Ба ин восита суботу амнияти чомеаи мо боз хам устувортар хохад шуд. 

  • 4.Хамчунин, пешниход менамоям, ки мавкеъ ва нигохи имрузаи масъулони сохаи маорифи кишвар, хусусан, рохбарони муассисахои таълимии миёна ва олй ба масъалаи либоси духтарони талаба ва донишчу ислох, гардад. Дар ин масъала мо ба чуз эътирофи хакки духтарони мусулмон ба доштани пушиши фармудаи динашон хеч, рохи халли дигаре надорем, зеро масъалаи сатри занону духтарони болиг ва озод хам дар матни Куръони карим, хам дар хадисхои набавй ва хам дар манбаъхои фикхии мазхаби ханафй ба таври сарех, амр шудааст. Аз ин ру, на ин духтарон, на волидайни онхо ва на мову шумо, на Шурои уламо, агар мусулмон будани худро эътироф намоем, дар ин масъала имкони хеч интихоби дигареро надорем. Хар рохи халле, ки гайр аз ин бошад, он гайриисломй, муваккатй, бахсбарангез ва ихтилофомез хохад буд. Хамчунин, новобаста аз далелхои тарафхо, бояд эътироф кард, ки бахси пешомада дар масъалаи пушиши духтарон эътибори низоми маорифи моро дар миёни мардуми мусалмони кишвар паст карда, системаи маорифро хамчун як ниходи мухолиф бо арзишхои динии мардуми мусулмони точик муаррифй намудааст. Ин вокеият боис гаштааст, ки бисере аз талошхои чиддии хукумати кишвар ва, аз чумла, захматхои вазири мухтарам ва дигар масъулони сохаи маориф зери сояи ин масъала мондаанд. Идомаи ин бахс на танхо ба зарари низоми маориф, бакли ба зиёни суботу хамдигарфахмии хамаи чомеа хохад буд.

 Аз ин ру, пешниход мешавад, ки ба ин бахс дар доираи арзишхои диниву миллии точикон ба таври мутамаддин хотима бахшида шавад. Яъне, хар хохаре, ки мехохад бо риояти хичоб мактаб хонад, бигзор бихонад ва касе, ки мехохад бе риояти хичоб мактаб бихонад, бигзор бихонад. Он чй боиси тааччуб аст, ин аст, ки хамеша мо исломихоро ба тахмил кардани назари худ ба дигарон муттахам мекарданд. Имруз бошад мо, исломихо, мо низоми дунявии кишварро кабул карда, бехичобиро, ки агарчй бад мебинем, тахаммул мекунем. Вале баръакс, бародарони «дунявии» мо хичоби духтарону хохарони моро на дар мактабу донишгохо ва на дар идораву корхонахои давлатй тахаммул намекунанд. Хатто хафтахои охир комиссияхои махсуси ташкилнамудаи хукумат дар бозорхову корхонахои шахсй низ гашта, пушидани хичобро ба хохарони мусулмон манъ намуда истодаанд, ки ин хилофи Конститутсия ва хамаи нормахои байналмилалии хукуки башар аст. Инсоф бидихед, дар ин чо кй тахаммулпазир асту кй не? Кй экстремист асту кй не? Аввалхои солхои 70-уми асри гузашта хукумати шоханшохии Эрон низ айнан хамин корхоро карда буд. Касе мехохад, ба таърих нигарад…

Пеш омадани масъалаи хичоб имруз як хакикати дигареро ошкор намудааст: Гарчй дар бисер мавридхо мусулмонон ба тундравию экстремизм муттахам мешаванд, вале имруз мебинем, ки дар чомеаи мо экстремизими дунявй ба таври ошкоро ба хучум гузаштааст. Яъне, бо вучуди аз тарафи Конститутсия ба шахрвандон дода шудани озодии муайян кардани муносибати худ бо дин ва новобаста аз акида кафолат дода шудани таълим дар мактабу донишгоххо, имруз баъзе аз масъулини мо мехоханд ин озодии интихобро аз мардум бигиранд. Чунин мавкеъгирй на танхо аз назари хукукй, балки аз назари сиёсй низ ба суботу амнияти чомеаи мо тахдид мекунад.

Хангоми бахс дар масъалаи либоси духтарон, масъулини муассисахои таълимй ба фармони вазири маориф ишора мекунанд. Банда бо истифода аз ин фурсат аз чаноби Вазир эхтиромона даъват менамоям ин фармон ё карор бояд тагйир дода шавад. Тавре ки хамагон дар ёд дорем, дар вак;ти зарурй мо ба хотири сулху субт ва оштии миллй хатто ба Конститутсияи ЧТ тагйиру иловахо ворид намуда будем, аммо наход имруз суботу амнияти чомеаи мо арзиши онро надошта бошад, ки як банди гайриконститутсионии фармони вазири маориф тагйир дода шавад? Зеро идомаи ин бахс на танхо боиси бесавод мондани садхо духтарон, балки боиси пеш омадани ихтилофи чиддии акидатй ва сиёсй дар чомеаи мо хохад шуд. Албатта, агар мо суди конститутсионии мустакил медоштем, кайхо ин масъаларо баррасй намуда, ин фармони зиддиконститутсиониро бекор мекард…

Бовар дорам, ки пеш гирифтани ин икдомхои зарурй барои боз хам кармтар шудани муносибати дину давлат дар Точикистон ва солимтар гаштани фазои сиёсию маънавии чомеаи мо таъсири мусбат хохад гузошт. Хусусан, дар соли бузургдошти пешвои мазхабии мардуми мусулмони точик Имом Абуханифа(р) амалй гаштани ин икдомхо боиси хушнудии Худо ва халки у ва боиси ризоияти рухи поки он имоми бузургвор хохад буд. Бо камоли эхтиром ва бо умеди он, ки масоили гузошташударо хамчун масъули соха ва хамчун давлатмард фахм ва кабул мефармоед.

(Бознашр аз хафтаномаи «Нигох»)

Зеботарин миллати дунё

tajik_jpg_display1Як ширкати ғарбӣ бо номи «Male Beauty» (Зебоии мардона) дар давоми ним сол кӯшиши зиёд ба харҷ дод, то зеботарин миллати ҷаҳонро муайян кунад. Бо ин мақсад 10 ҳазор марду зани синнусоли мухталиф дар мамолики гуногуни олам мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд. Хулосаи ин озмоишҳо чунин буд, ки итолиёиҳо зеботарин миллати дунё эълон шуданд. Ҷои дувум ба мардҳои амрикоӣ ва савум ба русҳо дода шуд. Вале маълум шуд, ки тоҷикон ва ирониҳо дар ин пажӯҳишҳо ба назар гирифта нашудаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки чанд сол аст, бонувони иронӣ ва тоҷикони Афғонистон дар озмунҳои зебоии ҷаҳон ҷойҳои аввал ё дувумро мегиранд ва бонувони рус дар торнигору торнамоҳои  бешумор аз зебоии мардони тоҷик — муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо иштиёқи бузург нома мезананд.

Ҷои шак нест, агар ин ширкат тоҷиконро низ ба озмоиш шомил мекард, онҳо метавонистанд, дар садри номгуи зеботарин миллатҳои ҷаҳон қарор бигиранд. Даҳҳо ҷаҳонгардону ҷосусони ғарбӣ ва рус, ки ошкору пинҳон дар оғози садаи бист ё пештар вориди Осиёи Марказӣ шудаанд, иқрор кардаанд, ки тоҷикон зеботарин мардуми ин минтақа буда, аз лиҳози фарҳангу маданият низ аз ақвоми дигар бартар будаанд.

atfoli-tojikАлбатта, инро ҳам бояд афзуд, ки дар озмуни зеботарин миллатҳои олам на танҳо зебоии зоҳирӣ, балки эътимод бар нафс, покизагии тан, интихоби либос, истифода аз атру мушк ва сабки сухану рафтору нишасту бархост низ ба ҳисоб гирифта шудааст. Тоҷикон дар ҳамаи ин риштаҳо низ дар сатҳи хуб қарор доранд, ҳарчанд сахтиҳову тангдастиҳои имрӯза ва бепарвоии наслҳои нав ин ҷанбаъҳоро ба заъф рӯбарӯ сохтааст. Бо вуҷуди ин як бонуи рус, масалан, навиштааст, ки мардони тоҷик на танҳо табиъатан зебоянд, балки зотан ҷентлмен мебошанд. Ишқи сӯзони бонувони рус ба муҳоҷирони тоҷик, албатта, аз сӯи дигар, мӯҷиби бадбахтӣ ва беиқболии духтарони тоҷик шудааст, ки дар ҷустуҷӯи сукутомези шарикони зиндагии худ ба пирии нобаҳангом ва афсурдагӣ мубтало мешаванд.

mardi-tojikАгар вазъи зиндагии мардуми тоҷик имрӯз камокон шабеҳи замони шӯравӣ мебуд, ин миллат метавонист, зебоӣ ва фарҳанги ашрофонаи худро ба беҳтарин шева падидор намояд ва лоақал бо ин доди Худо битавонад, худро дигарбора эҳё кунад. Шояд зарур аст ин умедро зинда дошт ва рӯзе ба мақоми баланди зеботарин миллати ҷаҳон расид? Зимнан як шарти дигари озмун ин буд, ки мардҳо дар синни пирӣ ва ҳатто бо бохтани мӯйи сари хеш низ ситораи гарм ва ҷолиби худро ҳифз намоянд. Вақте ба ришсафедони тоҷик менигарем, як зебоӣ ва нури ҷозибадорро мебинем. Пас метавон умедвор буд, ки фурсат ҳанӯз аз даст нарафтааст.

Ислом ва сиёсат (Бахши дувум)

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Риштае ба бахши аввали ин матлаб

machitТаваққуфе дар баробари бархе аз шубуҳот

Касоне будаанд ва ҳастанд, ки барои тавҷеҳи ҷудоии дин аз сиёсат, шубуҳотеро матраҳ месозанд, ки нишондиҳандаи адами дарк ва фаҳми дурусти онҳо ҳам аз дини ислом аст ва ҳам аз сиёсат.

Онҳо муддаӣ ҳастанд, ки қаламрави дин ва қаламрави сиёсат, ду қаламрави комилан аз ҳам бегона ва аз ҳам ҷудост. Дин қаламраве дорад, ки сиёсат набояд ҳарими онро бишканад ва дар муқобил сиёсат қаламрави махсуси худро дорад, ки барои дин сазовор нест, ки по дар дохили ҳарими он бигузорад. Дар тафсири ин назария баромада ва мегўянд муҳимтарин маъмурияти дин иборат аст аз равона сохтани таваҷҷўҳи башарият ба сўи олами боло ва маънавият ва пок кардани ў аз чиркинии моддиёт ва олами поён ва оростани инсонҳо бо ахлоқи волои инсонӣ. Бинобарин дин, ки чунин маъмуриятеро дорад, ҳар вақт худро бо чизе аз чиркинии олами поён олуда созад, қадосаташ аз эътибор соқит гардида ва аз анҷоми маъмурияте, ки бар ўҳда дорад, нотавон мегардад. Ба назари онҳо дин болотар ва бузургтар аз он аст ки по ба ҳарими олудаи сиёсат бигузорад. Ва аз сўе қаламрави сиёсат, аз дидгоҳи онҳо, сару кор доштан бо олами поён ва ғавғоҳои он аст ки олуда бо анвоъи чиркиниҳост.

Сарчашмаи ин навъ шубуҳот, агар нагўем аз рўи ғараз ва бо ангезаҳои ҳадафманд матраҳ мешавад, метавонад се чиз бошад:

а) Ошноии кофӣ надоштан аз ислом аз сўе ва таъсирпазирӣ аз андешаҳо ва бардоштҳои “рўшанфикрон”-и ғайри исломӣ дар бораи робитаи дин бо сиёсат аз сўи дигар ва дар натиҷа умумият додан ба он бардоштҳо дар қаламрави дини мубини Ислом;

б) Доштани мафҳуме ғалат аз “сиёсат” дар зеҳнҳо;

в) Таъсирпазирӣ аз рафтору кирдори баъзе аз “диндорони сиёсӣ”.   

Матлаби аввал

Мавзеъгирии рўҳониёни дини масеҳӣ дар баробари пешравиҳои илмӣ ва олимони улуми табиӣ дар асрҳои миёна барои касе пўшида нест. Бо шиори дифоъ аз дин, даҳҳо олимонро ба хоку хун кашида ва бо кашфиётҳои илмӣ ба ин далел, ки бо маорифи илоҳӣ созгор нестанд, ба мубориза бархоста буданд. Ин мавзеъгирии ғалат, ки аз бардошти нодуруст аз дин сарчашма гирифта буд ва аз сўе ҳам худи дини масеҳият аз асос таҳрифу тағйир ёфта ва тавоноии посухгўӣ ба муқтазаёти асрро надошт, боис гардид мавҷе аз динзудоӣ ва динситезӣ саросари Аврупоро фаро бигирад ва ҳамон тавр ки медонем саранҷом бо наҳзати “реннесанс” поён ёфта ва руҳоният ба куллӣ аз саҳна берун ронда шуданд.

Ин падида мўҷиби тазалзули фикрии бисёре аз рўҳониёни масеҳӣ дар он замон шуда буд. Онҳо худро дар сари дуроҳии аҷибе медиданд, ки паймудани ҳар яке бо тарки дигарӣ барояшон гарон тамом мешуд. Аз сўе медиданд, ки наметавонанд ба ҳамин роҳатӣ бо дину Худову Масеҳ хайру хуш намоянд, зеро дин, ба навбати худ аз асосҳо ва пояҳои мантиқӣ ва фитрии нерўманде бархўрдор буд ва аз сўи дигар, наметавонистанд бо часпидан ба дин – ҳамон дине, ки худро бо додаҳои илмӣ носозгор медид – аз ҳақоиқи рўшан ва мутқани илмии он рўз, ки ҳаққонияташ мисли хуршед барои хурду калон возеҳ шуда буд, сарфи назар кунанд.

Ин ҷо буд, ки ба фикри ҷудоӣ қоил шудан миёни қаламрави дин ва қаламрави илм ва умури дунёии мардум афтоданд ва ба пиндори хеш бо ин роҳ мехостанд ҳам динро нигаҳ доранд ва барояш ҷойгоҳ ва нақш бидиҳанд ва ҳам ҷойгоҳи илму пешравиро ҳифз намоянд. Яке аз матолибе, ки ин тарҳ дарбар дошт, дахолат надодан ба дин дар умури сиёсӣ буд ва дахолат дар шуъуни сиёсиро берун аз қаламрави дин тафсир мекард.

Албатта шарҳу тафсили ин бардошт аз дин, ки бар чӣ асос ва пояҳо ва бар кадом мантиқ устувор аст, баҳси дуру дарозест, ки намехоҳем вориди он шавем ва дар ҷои худ бояд мавриди баҳс қарор бигирад.

Баъзе аз “мусулмонон”, ки аз тарафе аз ислом ошноии кофӣ надоранд ва аз сўе пешравӣ ва тақаддуми чашмгири ҷаҳони Ғарб чашмашонро хира кардааст ва мебинанд, ки ҷаҳони Шарқ ҳанўз ҳам дар ботлоқи “хурофоти динӣ” қарор дорад, ба андешаи роҳандозии як наҳзати “реннесанс”-е шабеҳи реннесанси Аврупо афтода ва нуқтаи оғози ин наҳзатро тарҳи андеша ва назарияи “ҷудоии қаламрави дин ва сиёсат” муаррифӣ мекунанд.

Пешниҳод барои инҳо ин аст, ки аввалан қабл аз иқдом ба тарҳи ин назария, андаке бо маорифи исломӣ ва таърихи тамаддуни исломӣ ошноӣ пайдо кунанд, ки оё ислом дорои ҳамон шароите, ки заминаи роҳандозии инқилоби реннесанс дар Аврупои асри миёнаро ба вуҷуд оварда аст, мебошад ё намебошад? Оё метавон дар манобеъ ва сарчашмаҳои асили исломӣ ба матлабе бархўрд, ки бо илм, тақаддум ва пешравиҳо носозгор бошад? Оё медонанд, ки решаи наҳзати илмии реннесанс дар Аврупо ҷаҳони ислом ва армуғонҳоест, ки уламои исломӣ бо илҳом аз таълимоти Қуръон ва дастуроти паёмбари акрам(с) ба башарият пешкаш кардаанд? Ин сухани танҳо мо мусулмонон нест, балки уламо ва мутафаккирони боинсофи ғарбӣ ҳам ба он эътироф кардаанд.

Он замон ки Ибни Синоҳо, Ибни Рушдҳо, Беруниҳо, Форобиҳо ва садҳо мутафаккирон ва донишмандони дигари исломӣ дар маҷолоти мухталифи улум ва фунуни башарӣ (понсад сол қабл аз зуҳури инқилоби реннесанс) навовариҳо оварда ва барои инсоният пешкаш мекарданд, оё касе аз уламои динӣ ва ё ҳокимони исломии он замон ба далели таоруз ва зиддияти назариёти ишон бо маорифи исломӣ, садди роҳи онҳо шудаанд? Балки ин донишмандон қабл аз ҳама, худ аз ҷумлаи рўҳонияти динӣ ба шумор мерафтанд ва аз ҳеҷ касе аз ишон нақл нашуда, ки гуфта бошанд ислом бо ин ва ё он масъалаи илмӣ зиддият дорад.

Ин ки ҷаҳони ислом дар он замон гаҳвораи тамаддуни башар ба ҳисоб рафта ва ҷаҳони башарият, аз ҷумла олами Ғарбро аз ҷоҳилият ва ваҳшигарӣ наҷот додааст, матлабест рўшан мисли хуршед ва касе наметавонад онро инкор намояд.

Агар дини масеҳият натавониста бо пешравӣ ва тамаддун ҳамсўӣ кунад, гуноҳи ислом чист, ки биёем айни ҳамон рафторе, ки бо масеҳият шуда, бо ислом кунем? Агар масеҳият худро аз дахолат додан дар умури сиёсӣ ба ин баҳона, ки ҳарими қудсии “дин” бояд аз ҳар гуна олудагиҳо дур нигаҳ дошта шавад, ба дур карда, чаро мо биёем айни ҳамин корро ба ҳамин баҳонаи бемаънӣ, бо ислом анҷом бидиҳем?

Агар ислом тавониста – ҳам аз лиҳози назарӣ ва ҳам дар амал – дин ва сиёсатро паҳлўи ҳам қарор дода ва сиёсатро тибқи таълимот ва муқаррарот ва “боядҳо” ва “набоядҳо”-и осмонӣ пеш бибарад, ба чӣ сабаб биёем ва аз ў ин лаёқат ва тавоноияшро салб намоем?

Матлаби дуввум

Сабаби дигари ин эътиқод, доштани мафҳуми ғалат аз “сиёсат” дар зеҳн аст. Гуфтем, ки мафҳуми сиёсат мафҳуми печидае нест. Сиёсат яъне тадбир, идора ва назм бахшидан ба умури ҷомеа. Бояд дар ҷои худаш дидгоҳи Ислом дар бораи чигунагии идора ва тадбири умури ҷомеа ба тафсил мавриди баҳс қарор гирад, аммо ба як сухан метавон иддао кард, ки муҳимтарин рукни сиёсатро дар ислом адолат ташкил медиҳад ва риояти адолат аз дидгоҳи Ислом, фақат бо сар додани шиори хушку холӣ нест, балки садоқат доштан ва гуфтору шиор хилофи кирдор набудан ҳам акидан мавриди таваҷҷўҳи ислом аст.

Аммо мутаассифона ин мафҳуми сода аз сиёсат, назди бисёре аз сиёсатмадорон, коршиносони улуми сиёсӣ ва ҳатто дар зеҳнҳои ағлаби мардум як мафҳуми печидаеро ташкил медиҳад, ки вақте бозаш мекунем, мебинем дар лобалои он, ба коргирии фиреб, найранг, дастёзӣ ба василаҳои нопок барои расидан ба аҳдофи “пок” ба далели “аҳдоф васоилро тавҷеҳ мекунад” ва ғайра бо мафоҳиме ба зоҳир зебо гунҷонида шуда. Ин аст, ки хеле аз касон ва аҳёнан баъзе аз диндорони содалавҳро ҳам водор карда ба ин ки барои дифоъ аз ҷойгоҳи дин ва ба истилоҳ шикаста нашудани ҳарими дин, мўътақид ба фасл ва ҷудоии дин аз сиёсат шаванд.

Мушкили инҳо ин аст, ки бовар кардаанд, ки сиёсат ҷуз ин нест. Албатта аз сўе ҳам шояд кўтоҳӣ аз худи инҳо набошад, зеро амалан дидаанд ва мебинанд, ки сиёсатмадорон ва ҳокимони ҷомеа рафторашон дар идораи умури иҷтимоъ ба ҳамин сурат идома дорад. Барои расидан ба мақоме ва ё барои ба дастоварии мансабе аз ҳеҷ василае, ки барои таҳаққуқ бахшидан ба ҳадафашон лозим бошад, даст барнамедоранд. Кадом сиёсатмадор ва ё ҳокимеро суроғ доштаанд, ки ба ваъдаҳои худ вафо карда бошад? Дар вуҷуди кадом як аз онҳо садоқат ва ростгўиро мушоҳида кардаанд? Дар кадом як аз донишгоҳҳо ва ё муассисоти сиёсӣ, аз сиёсат таърифе ба ҷуз таърифи печида ва олудае, ки баён гардид, шуда бошад? Ҳамаи ин умур боис гардида бовар кунанд, ки сиёсат ҳамин аст ва ҷуз ин нест.

Агар дар воқеъ сиёсат ҳамин бошад, дар ин сурат дуруст аст, ки мўътақид шавем дин, ки ҷуз покиву покизагӣ нест, набояд ҳарими поки худро бо он олуда намояд. Вале масъала ин ҷост, ки чӣ касе гуфта, ки сиёсат ҷуз ин набошад? Магар аз осмон ваҳй шуда, ки эй мардум агар бихоҳед даст ба умури сиёсӣ бизанед, чорае надоред ҷуз он ки ба васоили фиребу найранг мутавассил бишавед? Магар маҳол ва имконнопазир аст касе дар ин олам вуҷуд дошта бошад, ки агар бихоҳад даст ба кори сиёсат занад, бо садоқат, ростгўӣ, адолат ва ахлоқи волои инсонӣ ҳам дар гуфтор ва ҳам дар кирдор, сиёсат намояд?

Магар паёмбарони илоҳӣ ва роҳрафтагон дар масири ишон амалан собит накардаанд, ки ин кор маҳол нест? Пешниҳоди мо ин аст ки нигоҳе ба таърихи паёмбар (с), таърихи садри ислом ва сира ва равиши ёрони бовафои он ҳазрат афканед ва бибинед, ки амалан дар бурҳае аз замон ҷомеаи башарият сиёсатро бо дин ҳамсў ва дар канори ҳам дида ва ҳарими ҳар ду яке буда ва пок. Пас аз фатҳи Макка ва пирўзӣ бар Қурайш, паёмбари ислом(с) тамоми бадиҳое, ки Қурайш дар тўли бист сол нисбат ба худи ў муртакиб шуда буд нодида гирифт ва ҳамаро бахшид. Аммо дар ҳамон фатҳи Макка зане аз Бани Махзум муртакиби дуздӣ шуда буд. Хонадони он зан, ки аз ашрофи Қурайш буданд ва иҷрои ҳадди дуздиро тавҳине ба худ талаққӣ мекарданд, сахт ба такопў афтоданд, ки расули Худо(с) аз иҷрои ҳад сарфи назар кунад. Баъзе аз обрўмандони ҷомеаро ба миёнҷигарӣ миёни худ ва паёмбар(с) барангехтанд, вале ранги расули Худо(с) аз хашм афрўхта шуд ва гуфт: Чӣ ҷои миёнҷигарист, магар қонуни Худоро метавон ба хотири афрод таътил кард? Ҳангоми асри он рўз дар миёни ҷамъ суханронӣ кард ва фармуд:

Қавмҳо ва миллатҳои пешин аз он ҷиҳат суқут карданд ва аз байн рафтанд, ки дар иҷрои қонуни Худо табъиз мекарданд. Ҳаргоҳ яке аз зўрон ва мансабдорон муртакиби ҷурму ҷиноят мешуд, мавриди авф қарор мегирифт ва агар заиф ва зердасте муртакиб мешуд, муҷозот мешуд. Савганд ба Худое, ки ҷонам дар дасти ўст, дар иҷрои адолат дар бораи ҳеҷ кас сустӣ намекунам ҳарчанд аз наздиктарин хешовандони худам бошад.[1]

Алӣ(а) ҳангоме ки мардум ўро барои хилофат баргузиданд, дар аввалин суханронии хеш фармуд:

…агар ин муроҷеаи паёпай ва байъати боисрори мардум ва аҳди парвардигор набуд, ҳаргиз ин ҳукуматро намепазируфтам. Аҳде, ки Худо аз огоҳон гирифта ва масъулияте, ки бар ўҳдае онон ниҳода, ки бар серии ғоратгарони шикамкалон ва гуруснагии мазлумони пўст бар устухон часпида таҳаммул накунанд ва ҳаққи мазлумро аз золими таҷовузгар бистонанд ва ба ў бозгардонанд. Агар ин аҳди илоҳӣ набуд ва умед ба ҳимояти мазлумон надоштам, ҳаргиз ин ҳукуматро намепазируфтам. Савганд ба Худо арзишҳо ва мақомҳои дунёвӣ назди ман беарзиштарин чизҳост, беарзиштар аз оби бинии буз.[2]

Ин аст барномаи сиёсии Алӣ (а), аммо танҳо шиори холӣ нест, зеро хелеҳо ҳастанд, ки инчунин шиор додаанд ва медиҳанд. Алӣ(а) амалан рўи барномаи худ истод ва риояти ҷониби ҳеҷ касро нанамуд. Чанд нафар аз саҳобагон, ки дар замонҳои қабл аз хилофати Алӣ(а) молу амволи зиёдеро ҷамъ намуда ва дар воқеъ мисдоқи “ғоратгарони шикамкалон” шуда буданд, дар оғоз суханони Алӣ (а)-ро хеле ҷиддӣ нагирифтанд. Вале вақте фардои ҳамон рўз диданд, ки Алӣ(а) бо касе шўхӣ надорад ва аз онҳо мутолибаи баргардондани амвол ба байтулмолро мекунад, суханони эътирозомез миёни якдигар зада ва шурўъ ба танқиди равиши сиёсии Алӣ(а) намуданд. Вақте ин сару садоҳо ба гўши Алӣ(а) расид, болои минбар баромада фармуд:

…аммо бидонед, ки ман ҳаққи мардуми мазлум ва маҳрумро аз инон бозмеситонам ва аз ин пас саҳми ҳамаи мусулмононро аз байтулмол ба таври баробар хоҳам дод. Мабодо теъдоде дар мақоми эътироз бигўянд: “Алӣ моро аз ҳаққамон маҳрум кард.” Ман имрўз сареҳан эълом мекунам, ки тамоми имтиёзҳоро лағв хоҳам кард, ҳатто имтиёзи ҳамроҳӣ доштан бо паёмбарро…[3]

Ин буд, ки ин теъдод ба эътирози хушку холӣ иктифо накарда ҳатто даст ба шамшер бурданд ва иддаи зиёдеро гумроҳ сохта ва ба ҷанги Алӣ(а) тарғиб намуданд, ки дар натиҷа ҷанги маъруфи “Ҷамал” сурат гирифт.

Алӣ(а) ҳаргиз даст аз ормонҳои хеш барнадошт ва ҳеҷ чизе садди роҳи ў намешуд. Дар он замонҳо ҳам касоне будаанд, ки сиёсат аз дидгоҳи онҳо ба ҳамин мафҳуми печидае, ки гуфтем олуда бо фиребу найранг аст, будааст. Бинобарин ба Алӣ чунин машварат медоданд, ки чаро аз ҳад зиёд сахтгирӣ мекунад, каме ҳавсала ба харҷ дода ва ба обрўмандони ҷомеа аз худ нармӣ нишон диҳад, коре накунад, ки онҳо аз атрофи Алӣ пароканда шаванд, ки ҳаргиз ба маслиҳати сиёсии кишвар нест, чӣ мушкил пеш мебиёд агар ба онҳо аз байтулмол каме бештар аз дигарон дода шавад, чӣ мушкил дорад агар Муовия, ки аз бузургони Қурайш аст ва тарафдорони бисёр дорад, ба мансаби хеш (волигии Шом) боқӣ гузошта шавад ва Алӣ исрори зиёд бар азли ў аз мансабаш наварзад?

Вале Алӣ(а) дар посухи ин мушовирони “хайрхоҳ” мефармуд:

Чӣ басо шахсе ба тамоми пешомадҳои оянда огоҳ аст ва тариқи макру ҳиларо хуб медонад, вале фармони илоҳӣ ва наҳйи парвардигор монеъи ўст ва бо ин ки қудрат бар анҷоми он дорад, онро ошкоро раҳо мекунад. Вале он кас, ки аз гуноҳ ва мухолифати фармони ҳақ парвое надорад, аз ҳамин фурсатҳо (ва макру ҳилаҳо дар расидан ба аҳдофи сиёсияш) истифода менамояд.[4]

Аммо дар муқобил равиши сиёсии Муовия ба гунае дигар буд. Барои расидан ба аҳдофаш аз ҳеҷ василае даст барнамедошт. Баъзеҳоро бо пул мехарид ва баъзеи дигарро бо руъбу ваҳшат метарсонид ва бо ин роҳҳо тавониста буд пояҳои ҳукуматашро дар Шом тақвият намояд. Ин рафтор ва тактикаи ў хелеҳоро ба эъҷоб оварда буд ва мегуфтанд: Ҳаққо, ки Муовия сиёсатмадортар аз Алист. Алӣ(а) дар посухи инон мефармояд:

Савганд ба Худо, Муовия аз ман сиёсатмадортар нест. Ў найранг мезанад ва даст ба гуноҳ меандозад. Агар найранг нописанд ва ношоиста набуд, ман сиёсатмадортарини мардум будам…”[5]

Хулоса ин ки сиёсат метавонад сиёсати пок ва беолоише бошад агар шахси сиёсатмадор шахси порсо ва худотарс бошад ва ислом дар матни воқеъ ин матлабро собит намудааст ва ҳамакнун ҳам агар барои таълимоти исломӣ заминаи иҷро дода шуда ва дар раъси ҳукумати исломӣ афроди ботақво ва парҳезгор қарор гиранд, ислом тавонии худро дар идораи ҷомеа бар пояи муқаррароти одилонаи исломӣ амалан ба исбот хоҳад расонид.          

Матлаби севвум

Иллати дигари қоил шудан ба фасли дин аз сиёсат, таъсирпазирӣ аз рафтору кирдори баъзе аз диндорон ва рўҳониёнест, ки дар аъмол ва фаъолиятҳои сиёсӣ аҳёнан даст ба фиребу найрангу дурўғгўӣ задаанд ва ё мезананд. Яъне воқеъан дида шуда ва дида мешавад, ки баъзе аз касоне ки либоси динӣ бар тан доранд, вақте зимоми умури сиёсӣ ба дасташон воқеъ мешавад, дар амал ҳеҷ фарқе бо соири сиёсатмадорон намекунанд. Аз ҳамон васоиле, ки дигарон истифода мекарданд, истифода менамоянд, аҳдоф барои инҳо ҳам васоилро тавҷеҳ месозад масалан агар бо фурўши маводди мухаддир битавонанд ба аҳдофашон ноил шаванд, ба ин кор даст мезананд ва ё агар маслиҳати “сиёсӣ” эҷоб кунад, бар сари мизе, ки дар он шароб ҳаст, менишинанд ва ғайра.

Албатта ин кирдору рафтори баъзеҳо ҳаргиз муҷаввизи ин нест, ки бигўем беҳтар аст дин аз сиёсат ҷудо бошад. Чӣ бисёр пизишкони баде ҳастанд, ки ба сабаби ҷаҳолаташон ҷони садҳо беморон ба дасти онҳо аз байн бурда шуда, вале ин кор ҳаргиз муҷаввизи ин набуда ва нест, ки бигўем пас пизишкӣ бояд аз миён рахт бандад.

[1] Саҳеҳ Муслим, ҷ. 5, с. 114.

[2] Нақл аз “Омўзиши дин”-и Иброҳими Аминӣ, ҷ. 4, с. 169.

[3] – Манбаъи пешин, ҷ. 4, с. 170.

[4] – Наҳҷул-балоға, хутбаи 41.

[5] – Наҳҷул-балоға, хутбаи 191