Тоҷиккушй ҳамчун натиҷаи бӯҳрони ҷаҳонӣ

Ягон сарвар ё вазорати Русия ба номаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон посух надод. Касе дар Русия аз сарбурии шаҳрванди Тоҷикистон изҳори таассуф ё маъзарат накард. Баракс як намояндаи давлати Русия, раиси Кумитаи равобити байнулмилалӣ ва сиёсати миллии ҳукумати шаҳри Маскав Михоил Соломентсев гуфт, ин ҳодиса ба қавму миллият пайванде надорад, балки дар натиҷаи бӯҳрон ба амал омадааст. Аз руи мантиқи ин давлатмарди Русия тоҷикон бояд бо сари худ барои бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодй ҷавоб бидиҳанд.

Дар ҳоле ки аз сафири Тоҷикистон дар Русия гирифта, то чандин нафари дигар аз худ ҳомии муҳоҷирони тоҷик метарошанд, ягона шахсе, ки аз куштори ваҳшиёнаи ҷавони тоҷик Салоҳиддин Азизов дар рубаруи мансабдорони Маскав истода садо баланд кард, Хуршедаи Даврондухт буд, ки ҳамчун намояндаи Маркази фарҳангии тоҷикон ба ин ҷаласа роҳ ёфт. Вай гуфт, ҳар рӯз қатлу куштор аст ва ҳар рӯз ба Тоҷикистон тобуте фиристода мешавад, аммо ҳукумати Маскав ва ҳукумати Русия гӯё ин ҳамаро намебинанд. Вай гуфт:  «Если за убийства двадцати человек преступников будут осуждать на десять лет, ничего не изменится», – считает Хамракулова. (15 декабря этого года были осуждены члены группы несовершеннолетних скинхедов, обвиняемые в 20 убийствах и 12 покушениях. Главари банды Артур Рыно и Павел Скачевский получили по 10 лет колонии общего режима.)

Бо таъкидҳо ва фишори Хуршеда бону дар ин ҷаласаи ҳукуматдорони Маскав тасмим гирифта шуд, барои ислоҳи вазъ як номгуйи чораҳо омода шавад. Ин чораҳо бояд аз ислоҳи қонунҳои Русия, ки ба сартарошидаҳо имкон медиҳад, амалан беҷазо монанд, то тоза кардани ҳама гуна матнҳои бегонаситез дар китобҳои дарсиро фаро гиранд.

Хуршеда гуфт: «Политики прямо так и говорят: наступил кризис, и сейчас потерявшие работу таджики выйдут на улицы разбойничать, – заявила Хамракулова. – Но почему таджики? Почему не просто безработные?» По ее словам, ксенофобских настроений в столице хватает и без подобных безответственных заявлений. «Во время наших мероприятий мы даем подискутировать детям разных национальностей, – рассказала она. – И уже у них намечаются агрессивные тенденции, они говорят теми же словами, что и взрослые».

Вале намояндагони Думаи Маскав ба ин духтари тоҷик дарафтоданд ва нуқсу камбуди диспораҳои миллии Тоҷикистон, қонуннописандии муҳоҷирони тоҷик, бесаводию бадрафтории онҳоро ба сари у заданд. Раиси кумиссюни Думаи Маскав Игор Елиференко гуфт, бо афзоиши бӯҳрон, ҷои гурез нест, бегонабадбинй бештару бештар хоҳад шуд. Пас барои ин сари боз чанд тоҷик бурида хоҳад гашт? Аммо шояд танқиди онҳо аз диаспораҳои тоҷикй дуруст ҳам ҳаст, мисли он ки сари онҳоро ҳам бурида бошанд, ҳама хапу хомушанд.

Чоиза ба хунарпешаи сохибчавхар

30gИбодуллохи Машраб (собик Машрабов), мудири Театри Лохутй дар мусохиба бо «Фараж» гуфтааст, «Эмомалй Рахмон хунарманди сохибчавхар аст!»

Дар хакикат Эмомалй Рахмон замоне дар озмуни хунармандони хаваскор аз номи нохияи Дангара ба сахна баромада, барои ракс бехтарин чоизаро ба даст овардааст. Машраб шояд ба хамин давраи зиндагии Рахмон ишора мекунад. Бархе мегуянд, Рахмон, ки он вакт Рахмонов буд, ракси чупонро бо махорати баланд ичро кардааст. Ин иттилоъ 100% дакик нест, вале ишки чаноби Рахмон ба ракс ва гохе сурудхонию хамовозй бо сарояндагон ба тамоми мардуми дунё маълум аст. Як шахси ба вай наздик мегуяд, дар баъзе маъракахо вазиронеро, ки ба раксидан намехезанд, дашноми кабех медихад.

Агар ишораи Ибодуллохи Машраб софдилона бошад, пешниход ин аст, ки ба Рахмон унвони Артисти Халкии Точикистон дода шавад. Дар зимн вай хатто метавонад, даъвои чоизаи Оскар кунад. Барои ичрои бехамтои накши президент.

Чаро сари моро буриданд?

3Русҳо мақоли машҳури худро иваз мекунанд. Пештар мегуфтанд, «худиро бизан, то бегона битарсад», акнун мегӯянд, «сари тоҷикро бибур, то бегонагон битарсанд!» Онҳо фаҳмиданд, ки тоҷикон бепаноҳтарин ва бесоҳибтарин махлуқҳои ҷаҳонанд. Ва мешавад, аз онҳо истифода кард, то ҳувияти миллии худро нишон дод ва ба «майдамиллатҳо»-и дигар паём фиристод.

Иттифоқан, онҳо ин сабкро аз ҳукумати Тоҷикистони кунунй омухтанд. Ин ҳукумат мардуми худро маҷбур кард, ки ба ҳама гуна зулму истибдод нисбаташ бардавор одат кунад ва бо сари хам ҳама гуна таҳқиру тавҳинро бипазирад. Ин ҳукумат рӯҳи мардумро шикаст ва халқро ба беномусй одат дод. Бенангй як миллатро аз боло то поён фаро гирифтааст. Тамоми расму ойин ва хосияти миллии тоҷикон дар натиҷаи барномаҳои махсуси ин ҳукумат аз мағз ва дили тоҷикон шуста шуд.

Гумон макунед, ки ҳадаф аз ҳамла ба манзили Сӯҳроб Лангариев як тасодуф буд. Чунин «наркобаронҳо» дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон ҳастанд. Вале насаби Лангариев муҳим буд. Фикр накунед, фишор ба тазоҳуркунандагони Бадахшон танҳо барои хомӯш кардани эътироз буд ё ҳамлаи аблаҳона ба Рашт барои пешгирӣ аз афзоиши ҷинояткорӣ. Мақсад як чиз буд — несту нобуд кардани ҳама гуна рӯҳияи истиқлолият ё ҷасорату матонат. Натиҷа — сарбурии муҳоҷири тоҷик дар Маскав.

Ҳоло шумо худ қазоват кунед, ки ҳукумати Тоҷикистон миллист ё зиддимиллӣ. Агар мехоҳед раъй бидиҳед (узр, ки ҳуруфи кириллӣ пазируфта нашуд):

 

Пойпуш — силохи журналист?

muzaАксари журналистони точик (9 нафар аз 10) дар гуфтугу бо нашрияи «Миллат» талоши бо пойпуш задани раисичумхури Амрико Бушро аз тарафи хабарнигори телвизюни «Ал-Багдодия» мусбат арзишёбй кардаанд. Бархе онро посух барои дарду андухи миллати Ирок, бархи дигар як кахрамонй ва озодманишй, мухимтарин ходисаи сол ва гайра унвон додаанд. Он 1 нафари бокимонда хам акидаи сирф манфй надошта, танхо аз катли номардонаи Ахмадшохи Масъуд ёд овардааст, ки низ аз тарафи арабхо ва зери никоби журналист ба амал омада буд.

Бар пояи ин сухбатхо оё метавон гуфт, 90% ё хатто бештари журналистони точик ба хамин фикранд ва дарду алами мардуми Ирок, хашму газаби адолатхохй ва мардумпарварй дар синаашон чуш мезанад? Хамин гуна озодманиш ва часуранд? Пас чаро попуши худро ба сари президенти худ намезананд? Дуруст аст, ки ин раисичумхур ба Ирок хамла накардааст ва миллати бегонаро ба бадбахтй гирифтор насохтааст, балки миллати худро? Аммо агар ин журналистон ин кадар аз дунё бохабаранд, магар аз вазъи миллати худ хабаре надоранд? Шояд раисичумхурашон аз ин рухияи онхо огох аст, ки харгиз дар шахри худ ва барои журналистони точик пресс-конференсия доир намекунад. Медонад, ки кадоме аз онхо уро бо попуш хохад зад ва на бо кафши мудерн, балки музаи кирзовой.

Аммо агар чунинанд, ки часорат ва эътирозро, бигзор дар чунин шакли гайримаданй ва ногувору хусуматангез, ин кадар дуст медоранд, ки ба важд омадаанд ва токихои кухнаи худро ба осмон хаво медиханд, чаро хамкасби дигарашон, фаразан касе монанди Додочони Атовуллох ба тарафи президенташон на пойпуш, балки сухан хавола кунад, бо хамон шуру шааф ба у дармеафтанд ва хар хафта сияхномахое дар хакки у менависанд? Ин дуруягист ё Бушро дур дидан?

Латифае ба ёд мерасад, ки амрикой мегуяд, вай метавонад ба маркази шахр барояд ва дар хакки президент хитоб кунад: «Буш — истеъфо!» Точик ба пурсиши у, ки шумо хам агар демoкратия доред, метавонед, ин гуна бикунед, мегуяд чаро на, вай хам метавонад ба маркази шахр барояд ва хитоб кунад: «Буш — истеъфо!»

Goodbye Tajikistan — Падруд Тоҷикистон

untitledМеҳмоне бо номи Carrie пас аз як муддати зиндагй дар Тоҷикистон хотираҳои худро дар як торнигор бо номи Still frames of my life in Tajikistan сабт кард, аксҳои зиёд ва як навори видео дар интернет гузошт ва имрӯз номаи хайрбод бинавишт.

Хуб, пас аз 10 ҳафтаи заминфарсоӣ дар ин ҷо ман омодагй мегирам, Тоҷикистонро тарк кунам. Ин як давраи аҷиб ва мӯъҷизаосо, як таҷрибае буд, ки ман онро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард. Тоҷикистон ҷое нест, ки таваҷҷӯҳи шуморо ба худ кашад ва ҳатто базӯр чашмандози аввал (ё дувум)-и шуморо нигоҳ медорад, аммо оқибат роҳи хешро ба дили шумо пайдо мекунад.

Ин кишвар ҳар зарраи тоқати маро озмоиш карда, маҷбурам месохт, коғазбозии бемавқеъи онро лаънат кунам, то аз по афтодан гушнаам медошт ва баъд бо ғизои серравғану сахт бирёншуда ва кулчаву ҳалвои серқандаш фарбеҳам мегардонд, бо баҳонаи пули барқ маро ғорат мекард ва сипас шабҳои сиёҳу торик ва рӯзҳои дарозу сард маро ба ях кардан мерасонд, гирди ман бо фиребу серзабонй ҳисор меафрохт, гоҳе маро он гуна дилгир мекард, ки фиғон мекашидам, якшанбе зудтар тамом шавад, гоҳе аз пиёда хона рафтан зонуҳоям мешикаст, маҷбурам мекард, оби ҷави бисёр бади русй ё Нескафеи пуршакар (ин қаҳва нест!) бинушам, пуламро ба майе бисӯзонам, ки майи солхӯрдаро ба ёд намеорад, асабонй шавам аз ахху туфи мардум дар кӯчаҳо ва телефонҳои ҳамеша зангзанандаи дастй, ба марзи девонагй расам аз ожирҳои баланди мошинҳо, ронандаҳои беақл ва токсиҳои зиққи пуродам.

Аммо Тоҷикистон метавонад шуморо ба ҳайрат оварад. Ман одоби ба пиёла чой рехтану дароз карданро, ки ҳама мисли як маросим ба ҷо меоранд, пазмон хоҳам шуд. Ман бозорҳои рангорангро ёд хоҳам кард, ки дар раҳрафҳои тангаш занони пир метавонанд, шумор дакка диҳанд. Ман зиндагиро дар кишваре, ки таърих на ба 100-солаҳо, балки ба 1000-солаҳо ченак мешавад, пазмон хоҳам шуд. Ман дарвоқеъ ба он пазмон хоҳам шуд, ки ҳама чӣ ҳамчун чизи «миллӣ» пешкаш мешавад (ин чойнику пиёлаи миллии мост, хӯроки миллӣ,  шӯрбои миллӣ, кӯрпаи миллй, либоси миллӣ, меваи миллӣ, фатири миллӣ, кулоҳи миллӣ…) Фаромӯш нахоҳам кард, ки аксари мардум дар ин ҷо камаш ба се забон ҳарф мезананд ва ман натавонистам, дар давраи ин ҷо будан якеашро ҳам биомӯзам. Ҳарчанд хӯрдан як азоби ҳамешагӣ буд, ба фикрам, ман ҳамаи он ғизоро ки рӯғани думба дошт, пазмон хоҳам шуд.

Тоҷикистон дақиқан мураккабтарин ҷое буд, ки ман сафар кардаам. Ин қадар чизе барои омӯхтан ва кашф кардан ҳаст, ки умедворам, хондану омӯхтани онҳоро пас аз бозгашт ба хонаам ҳам идома хоҳам дод.

Сипосгузорам аз ҳама онҳое, ки дар давоми ин коромӯзӣ ба ман кӯмак карданд. Ташаккур аз он ки иҷоза медиҳед, бархе аз таҷриба ва қиссаҳоро бо дигарон қисмат кунам – умедворам бархе аз шуморо илҳом додам, ки омӯзиши ин минтақаро идома диҳед.

Поёни гуфтугӯ.

Хабари аввалиндарача дар Гуломистон

Дар бораи куштори мудхиши шахрванди Точикистон дар Маскав «Сидней Таймс»-и Австралия хам навишту «Ню Йорк Таймс»-и Амрико ва хам «Ле Монд»-и Фаронса. Милёнхо нафар дар кишвархои мухталиф хабари катли як чавони 20-солаи бегунох Салохиддин Азизовро хатман бо таассуф хонданд. Аммо дар Точикистон мардум танхо аз «Осиё-Плас» ва радиои «Озодй» аз ин хабар огох шуданд. Дар рузе ки тобути Салохиддинро дар фурудгохи Душанбе гурухи хурди ватандустон пешвоз мегирифт, мавзуъи асосии хабаргузории миллии Точикистон «Ховар» ин буд:

untitled-1

Пас кормандони «Ховар» аз Маскав хам хабар дода метавонанд, аммо факат дар бораи махбубони дили худ, онхоеро ки дуст медоранд, мепарастанд ва тайёранд хоки пояшонро билесанд. Ин хабарнигорон ва хамчунин телевизионхои давлатй, нашрияхои давлатй фаромуш кардаанд, ки аз пули халк, аз андози пардохтаи мардум нон мехуранд, аммо на бо дарду гами мардуманд ва на дар хидмати точику Точикистон. Онхо дар хидмати Сикалохову Галустянхои дустдоштаи худанд. Горат шудани як шарлатани номдор, ки тамоми миллати точикро ба як муи баданаш намегирад, барои «Ховар» хабари шумораи аввал аст, аммо вахшиёна ва бо тавхини миллй кушта шудани як точик ва  боз хам дар хамон Маскав барои «Ховар» хабар нест. Табрик бодо ба хабаргузории миллии Точикистон! Пас аз бегонагон чй гила?

Ва табрик бод ба рахбари Точикистон барои чунин тарбияташ, ки кишварро ба Гуломистони равонй табдил додааст. Ва ба хукумати Точикистон, ки мебоист, Рузи мотами миллй эълон мекард, вале баракс ба тачлили Йолкаи солинавии меросмондаи русхо машгул аст. Агар Дед-Мороз накунад, Маскав меранчад?

Аммо дар дунё хеч амале бе сазояш нест. Як руз ба навбати худ хама чиз ба чояш бармегардад. Беэхтиромй ба хамватани худ беэхтирой ба хештан аст ва бадтарин чазое ба думбол дорад. Агар на аз бандагонаш, аз худаш! Он гох Ёлочка хохед кард.

Равонаш шод, Салохиддини Сарбурида

dushanbeМахина, бонуи ватандусти точик интизор дошт, ки на камтар аз 50 нафар ба фурудгохи Душанбе меоянд ва тобути хамватани нокоми моро пешвоз мегиранд ва хузури худ дар фурудгох хамдардияшонро ба ахли хонаводаи Салохиддин Азизов ва дар ин зимн ба хазорон хонаводаи точик, ки дар солхо фарзанд, падар, бародар, хамсари худро дар пайи нони сахти мухочирй аз даст додаанд баён медоранд.

Аммо шумораи хеле ками чавонон ба майдон омаданд. Сарбаланд бошанд ин фарзандони механ, комёб бошанд ва фархунда бошанд. Чаро дигар касе наомад? Хамон шиори «туро газад, маро чй гам», хамон чудой, хамон беномусй ва хамон кохилй.

Агар як вазири хукумат ё як сарвари хизб мегуфт, ки ба ин чо меояд, шояд сафи пешвозгирандагон фаротар мебуд. Аз ин ба баъд чй гуна мешавад ба шиорхои рахмонй бовар кард? Ё ба иддаъои сарони хизбхои сиёсй, ки гуё дар гами мардуманд? Ё ба шеърхои пурсузи шоирон, ки аз «точик-точик» гуфтан туфашон ба хаво мепарад?!

Сипос аз радиои «Озодй» ва хабаргузории «Осиё-Плас», ки ба таври фаврй ва комил рохи тобути мухочири сарбуридаи точикро аз Маскав то Душанбе рушану чарогон карданд. Дигарон дар хоби ноз буданд…

Вале бигзор 7-8 нафар омад. Ин миллатро хамеша хамин 7-8 нафар аз марг начот додаанд. Ва оянда бо хаминхост, зеро дил, виждон ва номус доранд. Худо кунад, захри даврони гуломтинатй харгиз ба онхо асар нагузорад. Омин. Равонат шод, Салохиддин, равонат шод баччаохои хунинкафани бепадар ва бемодари миллати бепадар ва бемодар…

Бархез, ки бархезам!..

УМЕДВОРЙ: Тобути Салоҳиддин соати панҷуними бомдод ба ватанаш мерасад. Вақти номуносибе. Эҳтимол Сафорати Тоҷикистон дар Русия чунин «меҳрубониро» раво дида бошад. Аз тарси он ки ҳазорон нафар ба фурудгоҳи Душанбе ҷамъ наоянд. А.Достиев дар ин корҳо устухон надорад. Беҳтар буд, тобути тоҷики сарбурида шомгоҳ вориди Душанбе мешуд. Аммо 5:20 ҳам чандон бад нест — пас аз намози бомдод!

ОХИРИН ХАБАР: Тобути Салоҳиддинро бо парвози № 628 ‎‎шаби 16 декабр соати ‎‎23:15 ба вақти Масков мебаранд ва 17 декабр соати 5:20 ба вақти Душанбе дар пойтахт мерасанд. Худо ёру ёварамон бод! Ариёрам.

ОВОЗА: Исломиддин аз Душанбе менависад, байни мардум сӯҳбатҳое ҳаст, ки худи раисиҷумҳури Тоҷикистон ғайриинтизори ҳамагон ба фурудгоҳ меояд, то ки тобути навҷавони сарбуридаашро пешвоз бигирад. Бовар кардан душвор, аммо аз он ҷо Эмомалй Раҳмон ба иқдоми ғайриоддй қодир аст, шояд чунин ҳодисаи таърихие ба амал ояд.

tazohurotihabashho

ПУРСИШ: Оё мо ҳам ин гуна бархоста метавониста бошем? На барои тавҳин ба дигарон ва на барои даъват ба бадгӯй ё бадрафторй, балки барои ҳимоят аз номи миллати худ. Куштани як бародари мо ку куштан, вале сари уро буридану ин гуна таҳқир раво дидан чй беномусй ва ноинсонист!

ДАРХОСТ: Аз ёроне ки дар Маскав ба гусели тобути навҷавони номуроди тоҷик ва ҳам аз ёроне ки дар Душанбе ба пешвози ҳамватани шаҳиди мо мебароянд, хоҳиш мекунем, акс ё видеои ин ду ҳодисаро ба мо бифиристанд, то ин ҷо нашр кунем ва биёмӯзем, зеро бадбахтона, ба назар мерасад, боз чунин рӯзҳои талхе дар пеш хоҳем дошт, бадбахтона…

17 декабр, фурудгохи шахри Душанбе, интизор бошед

ҲамАндешони арҷманд,‎

Охирин иттилоъро аз Вазир Азизов, бародари Салоҳиддини ҷавонмарг, дастрас ‎кардам ва бо иҷоза ва дархости худаш ба иттилоъи ҳамагон мерасонам:

Ба гуфти вай, ҷанозаро рӯзи сешанбе, 16.12.2008 аз додситонӣ ва милисаи ‎Русия таҳвил гирифта ва ҳамон рӯз ба Душанбе хоҳанд бурд.‎

Ба эҳтимоли наздик ба яқин, тобутро сешанбе шаб, 16 ‎декабри 2008, бо парвози шабонаи “ТоҷикЭйр” ‎аз фурудгоҳи “Домодедово” ба ‎Душанбе мебаранд.‎

Бино бар гуфтаи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”, парвози № 628 ‎‎шаби 16 декабр соати ‎‎23:15 ба вақти Масков равон ва 17 декабр соати 5:20 ба вақти Душанбе ‎фуруд хоҳад ‎омад. ‎

Ҳамчунин эҳтимол дорад ки тобутро бо парвози рӯзона – № 632 равон кунанд ки соати ‎‎12:45 аз Маскав парвоз карда ва соати 18:50 дар Душанбе фуруд меояд.‎

Шумораи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”: (495) 933 66 66.‎

Иттилоъи дақиқро метавон аз худи Вазир Азизов бо шумораи 8-926-716-05-46 дарёфт ‎кард.

Вай аз ҳамАндешон сипосгузорӣ ва даъват кард ки дар ин рӯз дар паҳлӯяш бошанд.‎

Худо ёрамон бод!‎ ‎

Aриёрoм

Тобути чавонмарги сарбуридаро кй пешвоз мегирад?

Ватандустони Душанбе мехоханд дар як тазохурот куштори вахшатангези точики худро аз тарафи номардони инсонбадбин ва нажодпарасти Русия махкум кунанд. Аммо азбаски хукумати кишвари демократй ва хукукбунёди Точикистон аз хама гуна чамъомад ва иттиходи мардумаш кадди бало метарсад, даргумон аст, ба чунин гирдихамоие, ки бар зидди фошизм нигаронида шудааст, ичоза бидихад.

Ин хукумат хамеша хостааст ва мехохад ва тамоми талошаш ин аст, ки миллати точик дар рухияи гуломй ва безабонию хидматгорй бокй бимонад. Вагарна, ба гуфтаи раиси Анчумани сиёсатшиносони Точикистон Абдуганй Мухаммадазимов хануз мебоист, дар мохи феврали соли 2004 хангоми ба Точикистон овардани тобути кучаки Хуршеда Султонова, духтарчаи 9-солаи точик, ки бо даххо захми корд кушта шуд, хазорон нафар ба фурудгохи Душанбе меомаданд ва бо тазохурот эътирози худро аз катли хамватани худ баён медоштанд.

Дар мусохиба бо хабарнигори «Осиё-Плас» Далер Гуфронов, сиёсатшиноси точик мегуяд, хуб буд, агар ин рахпаймоии мардумиро вазири умури дохилй ё хоричй ва ё бехтар аз хама нахуствазири Точикистон сарварй мекарданд. Аз он ба баъд хар номарде, ки ба мухочири бегунохи точик даст мебардошт, хашму газабу нафрати як миллат пеши назараш меомад ва шояд чунин ходисахои мудхиши баъдй иттифок намефтод. Аммо афсус, гуфтааст Мухаммадазимов, фурсати чунин эътироз аз даст рафт.

Назари фарккунанда ин аст, ки чунин фурсат боз буд ва хануз бокист. Точикон метавонистанд, боз замоне эътирози як миллатро нишон диханд, ки додгохи Русия котилони Хуршеда Султоноваро на дар катли инсон, балки дар авбошй муттахам донист ва озод кард. Хукми ин додгохи нажодпарастона низ яке аз сабабхои идома кардани катлу куштори точикон дар Русия ва аз ин бадтар сабаби хамчун мардуми бесохибу бесарвар ва бепанох ном баровардани точикон гашт.

Рахпаймоии чанд хазор киргиз дар мохи феврали имсол бо талоши хизбхои сиёсй ва созмонхои гайридавлатии Киргизистон бо эътироз аз катли 1 (!) мухочири киргиз, ки дар рафти он хазорон нафар ба назди сафорати рус дар Бишкек рафтанд ва номаи эътирозии худро ба намояндаи ин сафорат супурданд, таъсири худро дошт. Дигар аз катли киргизхо хабаре нашунидаем. Сафорати Русия мактуберо, ки 2 000 нафар имзо карда буданд, чиддй гирифт. Паём ин буд, ки 2 000 нафар Русияро бад хоханд дид, аммо вазифаи сафорат ин аст, ки дилу зехни онхоро ба Русия моил нигах дорад.

Фурсати дигари эътирози точикон замоне пеш омада буд, ки навори видеоии катли як точик ва як догистонй дар интернет нашр шуд. Догистонихо масъаларо то охир расонданд. Онхо хамватани худро, ки дар ин навор дида мешуд, муайян карданд ва аз макомоти Русия мучозоти омилону ноширони наворро талаб намуданд. Аммо точике, ки миллионхо нафар садои хир-хири гулуяшро хангоми бурида шудан бо корди аррамонанд шуниданд, хамон як точики бесохибу бекас бокй монд.

Пайтхое барои тазохуроти эътирозй зидди бегонаситезй дар Русия боз борхо пеш омад, вале точикон аз руи маколи «туро кушанд, ба ман чй» сари хам ва сукути амик доштанд. Бархе худро тасалло медоданд, ки навори видеой дуруг буд, бархи дигар мегуфтанд, «мактул аз Кулоб аст, хаккашон хамин», савумй хамоно пойи Путини нажодпарастро мебусад, ки мегузорад, точик дар Русия пул кор кунад ва гайра…

Натичаи нихой ин аст, ки аз точик дида дар Русия чизи(!!!) бекадртар нест. Точиконро инсон хисоб намекунанд. Вагарна дар кучо дидаед, милиса дар метро точикро аз даханаш паронад? Ва ё хар ходисае ки бо гайрирусхо иттифок афтад, пеш аз хама ононро точик фикр кунанд. Ва хамин куштори ахирро на танхо омилонаш, балки намояндагони давлати Русия ва матбуоти ин кишвар ба тачовуз ба номусу катли як духтари рус нисбат медиханд, ки шахрванди Узбакистон анчом додааст. Гунохро узбаке кардааст, точик кушта мешавад. На киргиз, на казок, на арманй, на гурчй…

 То ин лахза, ки ман ин сатрхоро менависам, ягон нашрия ё хабаргузории Русия эътирози Вазорати умури хоричии Точикистонро дар робита ба бурида шудани сари чавони точик Салохиддин Азизов нашр накардааст. Хукумати точик, ки точиконашро ин гуна бекадру бесохиб кард, фикр накард, ки дар нихояти амр, худаш хамин гуна бекадр мегардад. Магар русхо факат мухочиронро «баран» хитоб мекунанд ё акнун хам президенту хам вазиру хам сафири ин кишварчаро? Кай Точикистон бо дигарон дар сатхи баробар сухан хохад гуфт? Ин гуломфитратй то кай идома хохад кард?

Оё фурсате нарасидааст, ки агар садои эътирози ин хукумат як «виз-виз»-и дуругини магасак аст, садои мисли раъдубарки кухсорони сарбафалак ва дарёхои хурушони точик баланд шавад? Ин миллат, ки мегуянд, хеле зиёд сабру тахаммул мекунад ва сипас суханашро як бор, аммо бо тамоми кувват мегуяд, тобути баччаи сарбуридаашро бо фигон ва мушти гирех пешвоз хохад гирифт?

Шумо, ки ин сатрхоро мехонед, агар хуне дар шарён аз миллати бузург доред, омода хастед, ба фурудгох бароед ва ашк дар чашм хамватани худро аз вопасин сафараш пешвоз бигиред? Агар шумо мебароед, хазорон тани дигар хам хохад баромад. Мо рузи расидани тобути чавонмарги точикро хабар хохем дод. Биёед, бархезем ва баъд, рузе, ки мусибат ба сари худи мо омад, нагуем, ки чаро танхоем ва аз чй хамаи фурсатхоро аз даст додем. Он гох хар яки мо хам дар катлхои баъдинаи хамватанони худ чавобгар хохем буд ва хуни онхо дар гардани мо хам хохад буд. Бинависед, ки мебароед ё на.