Дар Борикаи Ғазза чӣ мегузарад?

Усмон Саъдӣ аз Қоҳира

Сарфи назар аз он ки сиёсатмадорони Исроил ва Ҳамас чӣ мегӯянд, бубинед, дар Борикаи Ғазза кӣ куштаву захмӣ мешавад ва ҳаёти киҳо месӯзад.

ghazza2

ghazza22

gazzah3

ghazzah4

Ин ҳама ба ману шумо дахле дорад ё хайр?

22 Responses

  1. Ин хама ба ману Шумо дахл дорад.Ва хамчнин ба хамаи мусулмонони руи дуне ва хатто хар як инсоне,ки вичдону имон дорад, дахл дорад. Ин » давлати» гайриконуни ва террористи солхо боз ахли исломро максаднок несту нобуд месозад. Вале мо хамаги хомушем. Катли Салохиддини чавонмарг низ ба мо дахл дошт, вале вокунише аз тарафи мо нишон дода нашуд. …..

  2. Чизеро, ки набояд фаромӯш кард, ин аст, ки зулме ки ба мардуми Фаластин раво мебинанад, на танҳо ба мусалмонҳо дахл дорад ва ин ҷиноят танҳо зидди мусалмонҳо нест. Фаластиниёни ғайри мусалмон ҳам зиёданд. Ҳамчунин, на бояд аҳли дини калимӣ (яҳудӣ)ро гунаҳкор донист, балки як идиюлужие бо номи Сейҳунисм, ки дин надорад.

  3. Шахсан ман аз дуруягии рахбарони чахон такон хурдаам. Чизхое мегуянду мегузаранд, аммо амикан касро коре нест, ки одамони бегунох, тифлону занон кушта мешаванд. Агар инсонхо дил, рух ва инсоф надошта бошанд, чи гуна бояд садхо нафарро аз дами марг начот дод?

  4. Гуноҳи ман танҳо ин аст, ки ҳозир нестам даст аз ватанам бардорам
    (Забони ҳоли як фаластинӣ)
    Ман як фаластинӣ ҳастам. Коре ба дину мазҳабам надошта бошед. Дину мазҳаби ман, гароиш ба ватанам аст. Ватанамро дўст дорам. Мо фаластиниён: мусулмон, масеҳӣ ва яҳудӣ тайи ҳазорон сол буд, ки дар канори ҳам, бо сулҳу созиш, дар ин ватан зиндагӣ карда меомадем. То ин ки 60 сол қабл, як идда нажодпарасти яҳудӣ, зимни таъсиси ҳизбе ба номи “саҳюнизм” ва бо ин иддао, ки ин буқъа аз сарзамин, замонҳое мутааллиқ ба миллати “яҳуд” будааст, ба сарзамини мо таҷовуз карданд. Ин нажодпарастон барои расидан ба ҳадафи худ, аз ҳеҷ чиз дастбардор набуданд. Ҳар чи дар сари роҳашон буд, нобуд карданд. На ба пир раҳм доштанд ва на ба ҷавон ва на ба зану кўдак. Аҷдоди ман ҷиҳати дифоъ аз номус ва шарафи худ, муқовимат карданд. Вале нерўи онҳо бо нерўҳои душман баробарӣ намекард. Душман, илова бар нерў, аз пуштибонии абарқудратҳои замона мисли Англис ва Амрико ҳам бархўрдор буд. Аз ин рў, аз аҷдоди ман, касоне ки тавонистанд, ба кишварҳои ҳамсоя кўч карданд ва касоне ки натавонистанд, дар хонаву кошонаи худ боқӣ монданд.
    Аҷдоди ман аз касоне буданд, ки боқӣ монданд. Онҳо насл ба насл, маро ба ватандўстӣ ва ватанпарварӣ тарбият карда омаданд. Ба ман меомўхтанд, ки бояд даст аз ватанам барнадорам. Ман ҳам бо чунин руҳия бузург шуда омадам. Аммо баҳои ин ватандўстӣ бароям гарон омад. Рўзе набуд, ки тўпу туфанги душман бар сари хонаамон фуруд наояд. Вале ман таҳаммул кардам.
    Инак, беш аз 60 сол аст, ки таҳаммул мекунам. Ва иншоаллоҳ то охирин рўзи умрам ҳам таҳаммул хоҳам намуд.
    Чаҳор сол қабл, зимни интихоботи тақрибан озод, ба касе раъйи худамро додам, ки медонам ватандўст, ватанпарвар ва бошараф аст. Душман аз ин бошарафон хост, ки тан ба зиллат ва хорӣ диҳанд ва душманро ба унвони “соҳиби ин сарзамин” бипазиранд. Табиӣ буд, ки ин бошарафон посухи манфӣ ба чунин дархост бидиҳанд. Душман гуфт: ман туро муҳосира хоҳам намуд ва аз обу таом маҳрумат хоҳам намуд. Гуфтам: Гушна мемонам, ташна мемонам, вале тан ба зиллат намедиҳам.
    Албатта ногуфта намонад, ки фарёди худро ба ҷаҳониён расондам. Фарёд баровардам, ки маро кўмак кунед. Аммо касе ба фарёди ман намерасид. Кишварҳои ба истилоҳ озод ва демократӣ, ки демократия ва озодиро ҷуз барои худашон намехоҳанд, тарафи ҷаллодро гирифтанд ва маро “террорист” хонданд. Ба Созмони Милал даст ёзидам ва аз ў хостам маро мусоидат кунад. Аммо зоҳиран, ин созмон ҳам асири абарқудратон ва сармоядорон будааст. Ў ба ман гуфт: агар мехоҳӣ зиндагӣ кунӣ, эътироф кун, ки ин ватан тааллуқ ба яҳуд дорад. Ба созмонҳои ба истилоҳ ҳуқуқи башар муроҷеа намудам. Гуфтам: маро бе ҳеҷ гуноҳе сар мебуранд, ба додам бирасед. Онҳо гуфтанд: замоне яҳуд тавассути Ҳитлер қатли ом шудаанд, вазифаи мо ин аст, ки ҳар чи бигўянд, анҷом диҳем, онҳо эркаи моянд. Ту эътироф кун, ки онҳо соҳиби ин сарзаминанд. Аз ў ҳам ноумед шудам.
    Пеши худам гуфтам: фақат ба Худо ва иродаи худ ва ҳамватанонам такя хоҳам намуд ва ҳеҷ гоҳ даст аз ватанам барнамедорам ва то охирин қатраи хуне, ки бар тан дорам, барои озодии ватанам муқовимат хоҳам намуд.
    Дирўз, душман дар як ҳуҷуми ноҷавонмардонае, тайи чанд соат 270 тан аз ҳамватанонамро ба шаҳодат ва беш аз 800 тани онҳоро ба ҷароҳат расонид. Медонед ба кадом гуноҳ?
    Танҳо ба ин ҷурм, ки ман ҳозир нестам даст аз ватанам бардорам. Танҳо ба ин ҷурм, ки ман озодаам. Танҳо ба ин ҷурм, ки ман то охирин нафасе, ки мекашам, фарёд мезанам: Ин ватан мутааллиқ ба тамоми фаластиниён аст, на яҳуди танҳо.
    Инак, ман аз шумо, хонандагони азизи тоҷикӣ, чизе ҷуз ин намехоҳам, ки гоҳ гоҳе маро аз дуои хеш фаромўш накунед. Фиреби душман, созмонҳои дурўғини дифоъ аз ҳуқуқи башар ва дигар созмонҳои байналмилалиро хўрда, маро “террорист” нахонед. Ба Худо савганд ман “террорист” нестам. Ман ватанамро дўст дорам ва то охирин қатраи хуни хеш, аз он дифоъ хоҳам намуд.
    http://kemyaesaadat.com/

  5. Бо назари Ромин мувофикам. Гузашта аз ин, арабхову яхудихо аз лихози нажодй наздиктарин аквом ба якдигар хастанд ва динхои онхо хам ба унвони ду дин аз се дини аслии сомй хамрешаанд. Он чи бедод мекунад, кавмгароии тангназарона ва берахмии бархе аз яхудихост. Ва бесаводии фарогир дар чахони араб.

  6. Русхо охиста охиста зиёда аз 600 тан точикро нест карданду
    чухуд якбора зиёда аз 600 арабро нест кард
    Ин падарлънати кофронро худо худ чазо медихад бародарон

  7. Сайидюнус!

    Кошки хама хамин тур дар бораи ватани худ – Точикистон фикр меронданд. Ин подаи беакл нафахмида истодааст, ки ватанаш дар болои тег истодааст. Ё шифо меёбад, яъне аз дасти гурухи авбош ва рохи дурахшонро пеша мекунад ва ё мисли ана хамин аксхо айнан ба хаминхо табдил меёбад, бе давлат, бе сохиб ва дарбадар!
    Давлатдориро ки аз даст дод, дигар гуломи хамсоягони аждахорсифат мешаванду айнан мисли соли 1992 калабурхояшонро мефиристанду занонашонро ба навбат мемонанд дар ру ба руи чашмони падарону фарзандонашон ва тамом!
    Таърих такрор шуда истодааст: Хони Хуканд дар карни 19 тамоми ахолии шахри Курушкада – Устурушани бостони 35 хазор нафарро дар як хучум сар бурида буд. Хостанд, ки ору номуси миллати куруширо аз байн бардоранд, лекин нашуд.
    Дар ин мархилаи таърихи ва сарнавиштсоз бетараф истодан чиноят аст!

  8. Marg bar hamai arabhoie ki khudro musulmon mekhonand az musulmonii inho ahazal PREZIDENTI POLASTIN Mahmud ABBOS AZ YAHUDO PUL GIRIHTA BARODARONI musulmoni KHUDASHRO KUSHTA ISTODAAST in hama badbakhtiho az nadoshtani vahdat va nashinokhtani khudashon ast

  9. First of all as a human being I feel sorry for those people who are in this outrageous situation. And we do need to keep in them in our prayers. However we need to worry about our own problems electricity, poverty and us who are being dehumanized in Russia. Those above mentioned problems are within our power to tackle and should be priority.

    Speaking of the gulf states who are sitting on petro dollars. Look at them, they’re worried about themselves. They dont really care, cause its more important for them to please certain countries. Those countries dont even care about our TJK. UAE used to make more than 200 million USD in 2007. They could give a credit under favorable terms to us to build the Rogun. it’s not that a week of that would be enough to start Rogun running.

    At any rate we should worry about own problems and the ones which are within our powers to solve or at least to influence.

  10. Дар кучое хонда будам, ки Узбакистонро гуфтаанд дар оянда Исроили митнакаи мо мешавад. Барои чй ки бисер рафтори ин давлат ба давлати яхудй монандй дорад. Заминхои точикон ва казокхоро гирифтааст ва мухочионаш дар заминхои Киргизистон хастанд. Аввалин давлати Осиёи Миёна буд, ки дар марзхои дуругаш деворкашй сар кард баьд мина гузошт.

    Акнун агар ки Узбакистон Исроил бошад, донед, ки Точикистон монанди фаластинихо хохад шуд. Рахбараш хам хамин хел каззоб. Он тарафаш ч

  11. Узбакистон 84 сол аст ки дар Осиёи Миёна накши Исроилро дорад ва Бухорову Самарканд ва дигар сарзаминхои узбакситонда Фаластин хастанд.

    Узбакситон яке аз тахмилгарони аслии чанги солхои 1992 – 1997 буд ки нирухои хавоии хамин кишвар буд ки Тавилдараву Дарвозро бомбаборон мекард. Дашти Шеру Сайёду Лангару Сагирдашту Калъаи Хусайну Сичарог барои мо дар он рузхо навори Газза буд.

  12. Maktube zan ba pisare nokhalafe jangooyash…

    «Jang chizest zidde hastiye manu tu.
    Jang – silohe nomard ast, ke hadafe tirash hamesha sinaye modarest… On ke rohe jangro mejooyad, din nadorad, dine jang-joo dar khun va ashke modaron gharqa ast…

    Zabone jang – tiru tufang ast, ahdofash vokunishi tars, hastiye khud, sokhtane baroye khud dar barobare nestii digare… Natijaash marg… marge tan, jon, ruhu ravone ham dust ba ham dushman, ham in va ham on, ham man va ham tu … Bakhte, takhte dar badbakhti va nobudiye digare poydor nest…

    Dar pahnoye rohe jang hamesha payrahaye hast … Zud yo der hama ba in roh meravand… agar zinda mondand… behtarash zudtar in payraharo yoddosht va istifoda kard… »

    Jang-joo naboshem, zabone sulhro aqqalan bayne ham pieda kunem hamvatanone aziz!

    Bo ham va sarbaland boshem!

  13. накше ки точикон бо рахбари ва мушовирати русхо дар чанги точикон доштанд хеч миллати хунхори дуне надошт. зулме ки хукумати точикистон болои сари мардуми худ карда истодааст хеч миллати дуне ин зулмро надидааст. шумо магар аз точикони узбакистону самарканд пурсидаед ки мехоханд ба точикистон хамрох шаванд е не?т албатта не! хамин ватане ки хам дорем кадом руз ах харитаи чахон нобуд мешавад

  14. Bale, mutaasifona dune dunei puldor gashtaast. Az on jumla yahudon kismi ziedi moliyai dunero dar dast dorand. Albatta poyai zulm abadi nest va ruze hamai in bedodgariho hotima hohad eft.Vale to on vakt hele dilho hun hohad gasht. Chand suhan oidi Tojikiston, chunki ba Falastinien guz duo kumaki digare nametavon kard. Band muddati daroze dar horiji kishvar hastam va hamesha fikre az saram dur namegardad, ki charo in mamolik tarakki kardand va Tojikiston ne. Pesh az hamma hissi milli onho hele baland ast. Rohbariyati onho baroi halk kor mekunad. Demokratiyai hakiki mavjud ast. Dar nazdi konun, chi sardori davlat va chi shahrvandi katori barobar ast. Dar Tojikiston chi gap gapi rohbar va puldoron ast. Hama rohbaron az rohbari davlat sar karda avval manfiati hudro fikr mekunand pas az on manfiati halkro va hamchunin dar viloyatho. Rohbaron va makomoti hifzi hukuki Tojikiston chun daranda hastand. Hamaashon honahoi bohashamat va moshinhoi kimatbaho dorand. Va boz dar yak musohibaash dodsitoni kulli jumhuri meguyad, ki dodsitonho jinoyat namekunand. Bo kadom zabon. E hud kaziyai Talko sadho million dollar barbod raft, agar on dar Tojikiston sarf meshud, dahho korhonaho ba sar kardanashon mumkin bud. Vale ne… honai kambagal suzad kase kor nadorad. Bo in ahvol hudo hudash agar okibati onhoro bahayr nakunad. Dar hama jo rohbaron va nazdikoni onho obro loy namuda mohi medorand. Boz davlati demokrati, boz sharm nadoshta az minbarhoi baland baromad mekunandy jor mezanand. Mutaasifona bo in ahvol oyandai Tojikiston hele torik ast.

  15. Мусофир менависад:

    Бале, мутаасифона, дунё дунёи пулдор гаштааст. Аз он чумла яхудон кисми зиеди молияи дунёро дар даст доранд.

    Албатта пояи зулм абадй нест ва рузе хамаи ин бедодгарихо хотима хохад ёфт. Вале то он вакт хеле дилхо хун хохад гашт.

    Чанд сухан оиди Точикистон, чунки ба Фаластиниён чуз аз дуо кумаки дигаре наметавон кард.

    Банда муддати дарозе дар хоричи кишвар хастам ва хамеша фикре аз сарам дур намегардад, ки чаро ин мамолик тараккй карданд ва Точикистон не.

    Пеш аз хама хисси миллии онхо хеле баланд аст. Рохбарияти онхо барои халк кор мекунад. Демократияи хакикй мавчуд аст. Дар назди конун, чи сардори давлат ва чи шахрванди каторй баробар аст.

    Дар Точикистон чй? Гап гапи рохбар ва пулдорон аст. Хама рохбарон аз рохбари давлат сар карда аввал манфиати худро фикр мекунанд, пас аз он манфиати халкро ва хамчунин дар вилоятхо. Рохбарон ва макомоти хифзи хукуки Точикистон чун даранда хастанд. Хамаашон хонахои бохашамат ва мошинхои киматбахо доранд. Ва боз дар як мусохибааш додситони кулли чумхурй мегуяд, ки додситонхо чиноят намекунанд. Бо кадом забон?

    Ё худ дар казияи Талко садхо миллион доллар барбод рафт, агар он дар Точикистон сарф мешуд, даххо корхонахо ба сар карданашон мумкин буд. Вале не… хонаи камбагал сузад касе кор надорад. Бо ин ахвол худо худаш агар окибати онхоро бахаыр накунад.

    Дар хама ё рохбарон ва наздикони онхо обро лой намуда мохй медоранд. Боз давлати демократй, боз шарм надошта аз минбархои баланд баромад мекунанду чор мезананд. Мутаассифона бо ин ахвол ояндаи Точикистон хеле торик аст.

  16. Албатта, дили одам ба холи фаластинихои дар зери зулми ыухудмонда реш-реш мешавад ва чуноне, ки як бародар кайд кард, мо ба чуз дуо ба бародарони фаластини дар баробари чухуд-аждахо кумаке карда наметавонем.

    Вале шумо, ки холо дилатон ба холи фаластинихо месузад, оё медонед, ки хамин хамхунони худатон, ки шумо онхоро «миллат» мегуеду аз он мефахред, 15 сол пеш чи хунхориеро ба сари точики худ раво медиданд? Оё шумо медонед, ки Точикистон зимистони соли 1993 мисли Исроил нохияи Гармро ба Фаластин табдил дода буд ва 8 шабонаруз Гармро бо даххо чангандахои МИГ, СУ ва чархболхои низоми бомбборон кард ва хазорон нафарро кушт?

    Оё медонед, ки хамаги 15 сол пеш артиши Точикистон танхо дар назди пули руи Сурхоб дар назди дехаи Сайрун (дехае миёни Гарм ва Точикобод) беш аз 10 000 чавони точикро парронда ба Сурхоб партофт ва баъзе шохахои Сурхоб аз чисмхо дам хурд?

    Гумон мекунам, мову шумо хакки интикоди Исроилро надорем. Кучо марги 420 фаластини аз дасти бегонадин ва кучо катлиоми даххо хазор точик аз дасти хамхуну, хамдину, хамзабони худ!?

    Исроил дар баробари золимони точики – фариштае аз бихишт аст.

  17. Хонанда,

    ин корро бин Турачонзодаву Кабири хизби нахзатро чамъ намуда зидди Исроил гирдихамои чамъ мекунанд. Лекин бар зидди кассоби точикистониаш мим хам намегуянд. Сархои точиконро бурида истодаанд, мурданивор лату куб карда кушта истодаанд, атрофиёни кассоб дар Русия рафта гурух-гурух мардикорони точикро аз катора поин оварда гаравгон гирифта пул руёнда истодаанд, ятимон дар кучаву хиёбони Душанбе бе нону сарпанох дар зери осмони зимистони сард хобидаанд, номи точик ба пасттарин кавми чахон табдил ёфтаасту такрибан муродифи хайвони безабон ва гулом шудааст, духтарону занонашро хитоиву покистониву араб бурда истодааст чанобон Турачонзода ва Кабири митинг алайхи Исроил мекунанд (?).

    Чаро дар бораи Исроили худатон чизе намегуед, чанобон Турачонзода ва Кабири? Аз Исроили худатон метарсед? Аз Исроил не?

    Барои ин бенангй дар назди таърихи миллат бояд чавоб диханд! Иншаалох, чавоб хоханд дод.

  18. Якҷонибагии расонаҳои хабарии русӣ дар пўшиши фаҷоеи навори Ғазза

    Фоҷеаи инсонӣ дар навори Ғазза, ҳафтаи дуюми худро пушти сар мекунад. Бар асоси гузоришҳои хабарӣ, то ба ҳол беш аз 500 тан аз бегуноҳони фаластинӣ шаҳид ва беш аз 3000 тан аз онҳо ба дасти саҳюнистҳои хунхор маҷрўҳ шуданд. Таассуфнок он аст, ки ағлаби инҳо, кўдакон ва занон ҳастанд. Ин фаҷоеъ замоне воқеъ мешавад, ки башарияти ба истилоҳ “мутамаддин” ва “мудофеи ҳуқуқи башар” дар хоби гаронанд. Ҳатто мижаи ин муддаиёни дурўғин намеҷунбад. Маълум мешавад, ҳамаи ин иддаоҳо дурўғ ва аз рўи нифоқ будааст. Ҳамин муддаиёни дурўғин, агар бар ҳайвоне зулм шавад, садо бармедоранд, ки ҳуқуқи ҳайвонот мавриди зулми инсонҳо қарор мегирад. Аммо… ҳазорон аммо, ки барояшон ҷони инсонҳои бегуноҳ ҳатто ба андозаи ҳайвон арзиш надорад. Вой бар ин дурўғ ва вой бар ин нифоқ!!!
    Ман ин ҷо фақат ба як гўша аз ин номардиҳо ишора мекунам. Аз он ҷо ки мардуми мо бештари ахбори худро аз тариқи воситаҳои ахбории русӣ ба даст меоваранд, лозим аст парда аз рўи як нифоқи қасдии ин воситаҳои дурўғин бардорам. Тамоми воситаҳои хабарии русӣ, чи шабакаи хабарии “ВЕСТИ” ва чи ахбороти “РТР” ва шабакаи якуми русӣ ва “НТВ” ва ғайра, вақте хабаре аз рухдодҳои навори Ғазза барои бинандагон мерасонанд, қасдан тарафи саҳюнистҳоро мегиранд. Аз “Ҳамос” ва муқовимати бошарафи Фаластин, ба унвони “исламисти” ё “экстримисти” таъбир мекунанд. Аммо вақте навбат ба саҳюнистҳо мерасад, сухан аз “дифоъ” ба миён меоваранд. Кадомин дифоъ? Оё дифоъ, ба ин сурат аст? Оё дифоъ, қатли омми кўдакону занон аст?
    Мо тоҷикон, чи ба унвони мусулмонон ва чи ба унвони инсонҳо, аз ин тасарруфи номардонаи воситаҳои хабарии русӣ, наметавонем бетараф бошем. Ҳукумати мо низ наметавонад бетараф бошад. Бояд ба ҳукумати Русия, ба унвони дўсти наздики Тоҷикистон, бо садои баланд бигўем, ки чунин коре шоиста нест. Таърих намебахшад.
    Аз сўи дигар, сукути мусулмонони Тоҷикистон ҳам фаҳмида намешавад. Ҳамакнун дар тамоми ҷаҳон, аз Австралия гирифта то Амрикои лотинӣ, ҷамии инсонҳои озода – мусулмон, масеҳӣ, чапӣ, ростӣ, исломгаро, либерал ва ҳатто яҳудиёни озодо – ҷиҳати дифоъ аз ҳуқуқи бегуноҳони фаластинӣ ва инкори ҳаҷамоти саҳюнистҳо тазоҳурот мекунанд ва бо ин кор, ҳадди ақалли вазифаи инсонии худро адо мекунанд. Аммо намедонам, чаро мусулмонони Тоҷикистон сукут ихтиёр кардаанд.
    Ман намегўям даст ба ҳарҷу марҷ зананд ва зидди ҳукумат иқдоме кунанд, танҳо сухани ман он аст, ки раъю назари худро ба гўши ҷаҳониён бирасонанд. Бигўянд, ки мо ҳам ба унвони мусулмонҳо ва инсонҳо, чунин иқдомоти ваҳшиёнаро инкор мекунем. Ба ҳукумат фишор оваранд, ки мавзеи лозимро бигирад. Ҳадди ақал бо як баёнияе ҳам, ки бошад, ин ҳаҷамотро мавриди инкор қарор диҳад.
    Мо ҳам мусулмонем, мо ҳам инсонем, мо аз ҷомеаи инсонӣ ҷудо нестем, дар Миррих ба сар намебарем, балки дар рўи кураи замин, ки дар гўшае аз он, мардуме мавриди зулму таҷовуз қарор мегиранд, зиндагӣ мекунем!!!
    http://www.kemyaesaadat.com/

  19. Man purra barodar/hohari aziz «Afshin»-ro dastgiri mekunam. Ahsanhoi ziyod baroi tu.

    Sarri tojikro buridaand. Barodari Salohiddin qiyoni azobhoro guzasht to ki murdai uro ba vatan roi kunad. Chunone ki da in blog omada ast hej ki yordam nakardand moliyavi dar hamon vaqt.

    Aknun radio ozodi habar medihad ki ruzi 31 december Hizbi Nahzati Islom hamoishi hamdili guzaronidaand va dar on 8 HAZOR somoni jamush kardayand.

    I admired and respected Kabiri as politician. However I am very disappointed that as a leader of such influential party he failed to lead them, they dont have the same love, sense of responsibility and care for their own countryman.

    all i can say perhaps they pleasing certain people outside of country in order to acquire their support.

    Shame on you HNIT.

    Barodarone ki ba airport baromada budand baroi izhori hamdardi bar oilai Salohiddin ZINDAVU SALOMATU SARBALANDU HONAOBOD BOSHED.

  20. Rustam boyad ki yk posti digare nisbati in masala binavisi barodar, fikroi turo shunavem, perhaps you have acquired insight information.

  21. Ёрони азиз,

    хатман ба ин мавзуъ хохем баргашт. Холо метавон гуфт ду сабаб дорад. (1) Дар масъалаи Газза эътироз кардан ИЧОЗАТ аст, агар ичозат намебуд, Хизби нахзат хам гапе намехаду дигараш хам. (2) Дар натичаи фишорхои хукумати рахмоновй хувияти точикй сусту бехуда мешавад ва хувияти исломй ба чои аввал мебарояд. Ин то замоне давом мекунад: ки давлатхои араб мефахманд, ки спонсорй кардан ба ЭШР бефоида аст. Хамон гуна ки давлатхои Гарб фахмиданд.

    Тарафи МУСБАТ ин аст, ки мардум аз нав э\тироз кардан ва шарокатро меомузанд.

    Миллиардхо ташаккур ба онхое, ки барои пешвози тобути Салохиддини Азиз ба фурудгох баромаданд! Илохо рухи гузаштагон онхоро мададгор шавад!

    Сарбаланд бошем!

  22. Рустамчон,

    ба мо хувияти милли мухим аст, хувияти исломи баъд. Агар хувияти милли аз даст равад айнан мисли точикхои Афгонистону Узбакистон мешавем. Фоида надорад доду фарёд занем «Самарканд, Бухоро, фалон бехмадон…» Харчанд хувияти милли дар Узбакистону Афгонистон комилан саркуб шудааст.
    Давлат Худоназаров чунин мехисобад:
    Якум, инсон будан мухим аст, дуюм, точик будан мухим, сеюм мусалмон будан ва чахорум сунниву шиаву исмоилияву гайра будан мухим аст.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: