Соли нав як соли пур аз ханда мешавад…

827470188Соли нави 2009 барои мардуми Тоҷикистони азизи мо соли хубе мешавад. Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чанд кори муҳимеро анҷом медиҳад, ки сабаби пешрафти мамлакат ва оромию ҳамдигарфаҳмӣ мегардад. Пеш аз ҳама вай аз муборизаи шиоргуна бо коррупсия ба амал мегузарад, зеро боигарии шахсияш аз 10 миллиард доллар мегузарад ва ин чунин маъно дорад, ки вай сер мешавад. Худ ки қонеъ шуд, дасти аъзои оила ва шахсони наздикаш дар ҳукуматро аз фасод қатъ мекунад.

Одами серу қонеъ ба ин фикр меафтад, ки пас аз даҳсолаҳо пасовандон дар борааш чӣ мегуфта бошанд. Бино бар ин ба атрофаш нигоҳ мекунад ва мехоҳад, асли ҳақиқати зиндагии мардуми худро бифаҳмад. Барои ин вай аз мансабдорони наздикаш, мушовирону маслиҳатдиҳандагонаш, вазирон ва сардорони идора ва муассисаҳои давлат талаб мекунад, бе ягон рупушӣ асли вазъиятро барояш ошкор кунанд, ҳамаи ҳақиқатро ба ҳамон шакле ки ҳаст, барояшон баён доранд. Аксаран ин гуфтугӯҳои вай бо чунин ашхос танҳо ба танҳо барпо мешавад ва ҳар касе ки дар бораи вазъияти кишвар ва мардум маълумоти нодуруст дод ва талош кард, вазъиятро бо обуранг ва писанди Сарвари Давлат баён кунад, дар ҳамон лаҳза аз вазифааш маҳрум мегардад. Раҳмон мехоҳад ҳақиқати ҳолро бидонад ва аз ин шахсон батакрор хоҳиш мекунад, ҳақиқатро гӯянд. Касоне ки ҳақиқатро мегӯянд, дар мансабашон мемонанд, касоне ки дурӯғ мегӯянд, бо фармони ихроҷ аз коргоҳи Раиси Ҷумҳур берун мешаванд.

Ба ин тариқ мо шоҳиди истеъфо ва барканории даҳҳо мансабдори Тоҷикистон мешавем. Шояд дар бораи сабабҳои ин рондашавиҳо маълумот дода намешавад, аммо шумо фаҳмед, ки онҳо барои нагуфтани асли вазъи соҳаи худ аз кор рафтаанд. Онҳое ки ҳақиқатро ба Раҳбари Давлат мегӯянд, ба дӯстдоштатарин ва наздиктарин мансабдори ӯ табдил меёбанд ва дар оянда калон аз онҳо бисёр машварату маслиҳат хоҳад пурсид. Вай дигар ба хешу табор такия нахоҳад кард. Кадомашон ки норозӣ шуд, аз фонди худаш устухоне мепартояду роҳи худ ва роҳи мамлакатро боз мекунад.

Ҳарчанд мегӯянд, баъзе вазирон ва калоншавандаҳо уҳум-пуҳум мекунанд, ки соли онҳо гов аст ва худашон ҳам аз ин махлуқи Худо ягон камӣ надоранд, Сарвари Давлат посух медиҳад, ки агар ба ин ривояту афсонахо дода шавем, соли нав соли касе хоҳад буд, ки болои онҳо савор аст ва ҳама чиро ӯ бояд ҳал кунад. Шералии Гул розӣ намешавад, аммо баъдтар ба тақдир тан медиҳад.

zanonДар соли 2009 аз тарси бозгашти села-селаи мардикорон аз Русия дар Тоҷикистон наздик ба 20 корхонаи нав ба кор сар мекунад ва ҳамзамон ҳукумат роҳи фиристодани муҳоҷирони кориро ба Аврупо ва Амрико боз мекунад. Дар натиҷаи бозгашти саросарӣ ягон инқилоб ё нооромии иҷтимоӣ ба амал намеояд, баракс дар ҳазорон оила кӯдакон аз дидори падари худ ба кӯчаҳо мерезанд ва тушаҳои русиро ба бачаҳои ҳамсоя нишон медиҳанд. Занон ҳам шод мешаванд ва шабонгоҳон дар ҳазорон хона инқилобҳои зери кӯрпа ба амал меояду худо кунад, ба афзоиши СПИД дар кишвар сабаб нагардад.

Вақте ки муҳимтарин пайванд бо Русия (мардикорон) бурида мешавад ва Маскав аз чунин дастгоҳи фишор ба Тоҷикистон маҳрум мегардад, Сарвари Давлат нафаси сабук мекашад ва озодтар амал кардаву ошкоро бо Аврупо ва Амрико наздикии зиёдтар пайдо мекунад. Албатта, талош мекунад, Русияро ҳам наранҷонад, аммо шахсан посухи муносибати нописандонаи президентча Дмитрий Медведевро ба хеш бо камоли майл медиҳад. Путин ба Раҳмон эҳтироми бештар нишон медод, назар ба ин каттача ва акнун меваи назарбаландиро хоҳад чашид.

Иттифоқан муносибатҳои шахсии Раҳмон дар соли 2009 бо Ислом Каримов, раҳбари Узбакистон беҳтар мешаванд ва бо ташаббуси худи Каримов, зеро дар ин сол «рӯбоҳи пир» нафаси маргро ҳис мекунад ва андарзе ба ёдаш мерасад, ки «вақте меравй, душмане магузор». Тошканд ба консорсиуми сохтмони нерӯгоҳи Роғун шарик мешавад ва Душанбе ризоият медиҳад, сарбанди обанборро пасттар фурорад. Газу барқ дар байни ду кишвар шарикй мешавад ба умеди ин ки барқу об ҳам шарикй шавад. Парвозҳои байни Душанбеву Тошканд ва Душанбеву Самарқанд аз сар гирифта мешаванд. Русия аз гармии байни Тоҷикистону Узбакистон асабонӣ мешавад. Ду кишвар дар якҷоягӣ талош мекунанд, ба оромию субот дар Афғонистон мусоидат намоянд ва дар ин самт онҳо аз пуштибонии комили Аврупо ва Амрико бархурдор мешаванд. Аз ин тариқ бо Ҳинду Покистон, Эрон ва давлатҳои араб низ наздиктар мешаванд.

 Шубҳа нисбати ҷавонони тоҷик ки дар ин давлатҳо таҳсил кардаанд, аз байн меравад ва Сарвари Давлат беҳтарини онҳоро ба баландтарин мансабҳои ҳукумат менишонад. Як ҳукумати технократ ва комилан наву ҷавон ба сари кор меояд, ки дар он танҳо Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз «қадимиён» хоҳад буд, дигар ҳама чеҳраҳои нав толори ҳукуматро пур хоҳанд кард. Дигар «қадимиён» ҳамагӣ ба Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ хоҳанд кӯчид ва он ҷо ҳам муваққат хоҳанд буд, зеро фақат хоҳанд нолид, ки дар давраи онҳо тартиби кор дигар буд.

Кадрҳои ҷавон дар вилоятҳо низ ба қудрат хоҳанд расид, аммо раисони навоҳӣ интихобӣ хоҳанд шуд ва халқ худаш онҳоро муайян хоҳад кард. Иттифоқан интихоботҳо комилан қонунӣ ва одилона ҷараён хоҳанд гирифт ва беҳтарин пешвоёни мардум ба мақомҳои арзандаи худ хоҳанд расид.

Суръати болоравии маоши мардум аз баландшавии нархҳо ва беқурбшавии пул тезтар хоҳад буд ва зиндагии мардум серу пур хоҳад шуд. Касе дигар ба қочоқи маводи мухаддир даст нахоҳад зад ва касе касеро фиреб нахоҳад дод. Кор ба ҷое хоҳад расид, ки Бонки Ҷаҳонӣ аз Бонки Миллии Тоҷикистон қарз хоҳад гирифт, то ба кишварҳои бенаво мадад кунад.

Ҷои ханда нест. Ҳамаи ин амалӣ хоҳад шуд. Агар нашавад, вой бар мо ва ватани мо. Чизҳое хоҳад шуд, ки онҳоро на гуфтан мешавад ва на навиштан…

Advertisements

27 Responses

  1. Дар повараки ин навиштор мехохам аз хамаи хонандагон даъват кунам, ки бинависанд, симои соли нави 2009 аз нигохи онхо чй гуна аст.

    Саломат бошед.

  2. Дастат дард накунад, Рустам!
    Кош пешбиният воқеъӣ шавад ва мо ҳам ба орзуямон расем ва Тоҷикистон кишваре озоду орому обод гардад. Илоҳӣ омин!

  3. Бисер хоби хуб!

  4. Аличони азиз,

    Чаро «хоб»? Кош акаллан «фол» мегуфтй. Аммл чаро бовар намекунед, ки хамин хел шуда метавонад?

  5. Мешавад, хатман мешавад….

    Ситорахо мегуянд, ки хатто баъзе он конунхои бемаъни бароварда шуда дар кишвари мо манъ гардида мешаванд …аз чумла садои аъзони намози панчвакта дар ш. Душанбе шунида хохад шуд, занхои точик аз гайбати «лаби об» монда шуда ба масчидхо чалб карда хоханд шуд, ва низ дар давлати демократи хукукбунёди мо рондани тамгахои гуногун новобаста чарххояшон (рульхояшон) аз тарафи рост буда дида хоханд шуд ва дигару дигар…..давом дихед…мустачо мегарад

    Омин!

  6. Валлай, бачаи и дангарагира хафта кунад, наход 10 миллиард доллар басуш набоша!?

  7. Khonanda,

    barodar $ hich vaqt basi namekunad…

  8. Barodari aziz Rustam bisyor orzuhoi hub gufted man ham 100% haminro orzu mekunam,ammo on mansabdoron in orzuhoro honand har shab az hobashon tarsida mehezand.

  9. Ватандусти азиз мегуяд, мансабдорон ин суханонро хонанд, шаб дар хобашон тарсида мехезанд.

    Шояд дуруст аст, аммо он мансабдороне ки бе ин хам аз тарс хобашон намебарад, онхо чи кор мекарда бошанд.

    Як шахси бисер баландмансаби Точикистон ин блогро мехонд ва гох-гохе фикрхояшро менавишт, аммо хеле вакт аст, ки факат мехонад, аммо чизе наменависад.

    «Хонанда»-и азиз ин нукта ба Шумо дахл дорад.

  10. Navishtae as ruznomai yak Rus:

    К своему стыду, должен признаться, что никогда не даю денег, если с такой просьбой ко мне на улице обращаются люди мужского пола в том возрасте и состоянии, когда эти деньги они сами могут заработать. Неоднократно обращал внимание, что гастарбайтеры вообще никогда с такой просьбой не обращаются к прохожим, да и если бы ко мне обратились, я в силу скупости души своей только бы усмехнулся и даже не обратил внимание на их просьбы.
    Однако…
    Вышел я сегодня из офиса свежего воздуха глотнуть. Обратил внимание, что рядом со мной трется таджик и пытается завести разговор. Я к нему повернулся, посмотрел глаза, давая понять, что к диалогу я готов, и он начал. А начал он издалека: спросил, где тут рядом магазин ДИКСИ, обосновав запрос тем, что это излюбленная кормушка приезжих, где всегда можно найти разовую работу. Узнав, что этой дырени и поблизости нет, аккуратно уточнил у меня здесь ли я работаю, и нет ли у нас хоть какой-нибудь работы (что-нибудь потаскать, помыть полы и т.п.). Я прикинул, как я сейчас приведу в приличный офис небритого, замученного таджика погреться и начну искать ему работу…. мда… и в этот раз он получил отрицательный ответ. По глазам его ясно было видно, как противен он сам себе, и как непреодолимо сложно ему попросить у меня просто денег «напожрать». Однако, сделав над собой усилие, он предложил мне предоставить ему на безвозмездной основе половину батона и бутылку минералки, так как он уже не ел 2 дня и паспорт потерял (причем тут паспорт интересно????). И так ему, видать, жрать хотелось, что он готов был за этот батон с минералкой сделать всё что угодно, кроме оказания интим услуг. Я понял, что если я и сейчас ему откажу, то совесть мне этого не простит и прошел с ним до машины, выгреб из бардачка мелочи аж на 50 рублей, вручил ему, указал местоположение ближайшей «Пятерочки». Как ему было противно и стыдно. Жест, с которым он у меня принял мелочь, был явно не профессиональным. Таджик с тяжелым взглядом посмотрел на пригоршню грошей в своей руке, так жалко и тяжело вздохнул, что мне действительно стало его жалко…
    Я всегда завидовал живучести этих наций, которые плотно заняли нишу дешевой рабочей силы в крупных городах России. И, казалось бы, что они готовы спать на вокзалах, питаться одними батонами с дошираками, годами не видеть семью, пересылая им 90% заработанных «денег», но чтобы клянчить деньги на улице!!!!
    Что же теперь будут делать наши ханыги, алкаши и прочие дармоеды-попрошайки, если таджики спустятся на одну ступень в низ по социальной лестнице, соберут все банки с бутылками и перекопают все помойки?

  11. Гапхои бемаъниро як су монед бародари азиз Рустам ба хакикат бо чашми бинонигох кунед соли нав аз буда баттар мешавад 1)Кризис шароитро вазнин мекунад 2)Моро аник аз Россия имсол меронанд 3)Ба Точикистон дигар ягон бонки хорича пулро бовар намекунад ва карз намедихад 4)Сохиби ГЭСи Рогун мурдаз кучо пул меёбад ин бе фаросатхо!!! 5)Хонаи сохибкорони точк хам сухт халк боз бе пул мемонад!!!

  12. Паёмхои Самак ва Латиф харду хамдигарро пурра ва такмил мекунанд.

    Бисёр дардовар аст, он чи як рус дар бораи точикон навиштааст. Бояд замин кафаду зери замин дароем. Ба фикрам, мо дигар тамом шудаем, дигар хечем дар ин дунё ва факат бори гунох ба сари мо мерезаду бас.

    Оняи Латиф навиштааст, бо кутохй ва хулосагй буданаш тарсовар аст. Пас ягон ояндае дар пеш надорем? Пас дар хакикат тамом хастем?

    Ай мардум, наход бигузорем, ки хамин хел сухта-сухта нобуд шавем? Агар марг хамин як то бошад, аз чй метарсем, чиро гум мекунем???

  13. Мо як умр бо орзухо ба воя мерасему боз бо орзухо , ба гур меравем.
    Бародар Рустам бисёр хуб навиштед, вале….
    Ман ки имрузам бихишти накд хосил мешавад,
    Ваъдаи фардои зохидро чи сон бовар кунам…

  14. Рустам Шумо навиштаед:
    Одами серу қонеъ ба ин фикр меафтад, ки пас аз даҳсолаҳо пасовандон дар борааш чӣ мегуфта бошанд. Бино бар ин ба атрофаш нигоҳ мекунад ва мехоҳад, асли ҳақиқати зиндагии мардуми худро бифаҳмад. Барои ин вай аз мансабдорони наздикаш, мушовирону маслиҳатдиҳандагонаш, вазирон ва сардорони идора ва муассисаҳои давлат талаб мекунад, бе ягон рупушӣ асли вазъиятро барояш ошкор кунанд, ҳамаи ҳақиқатро ба ҳамон шакле ки ҳаст, барояшон баён доранд.

    Рустами азиз! Илтимос, худатонрову мардумро фиреб надихед: Эмомалй Рахмон ин хамаро, яъне он хама чизеро, ки дар Точикистон мегузарад, хуб медонад ва гузашта аз ин худаш ин хамаро мефармояд ба зердастонаш. Хайр фарз кардем, ки намедонад гуё, вале охир дпр хонааш ИНТЕРНЕТ дорад-ку. Хеч набошад сайти «Андеша» ва дигар сайтхои хакикатгуро мехонад. Пас ба хузур медонад, ки дар ин кишвари балозадаи вайпараст чи мегузарад ва чихо мешавад. Ба зердастонаш хам вай худаш мефармояд ва супориш медихад, ки бо халки беномус чи кор кунанд, то ин ки хам вай ва хам онхо (вазиру чазирхо) дар сари кудрат боз солхои сол бимонанд.

    Точикон мегуянд ва ЭШР низ хуб медонад, ки агар дил сузад, аз чашми кур хам об меравад.

    Ё Шумо ва хонандагони сомонаатон вокеъан хамин хел фикр мекунед, ки вай бечора бисёр дар гами ин мардуми бечора хасту лекин афсус аз хакикати хол хабар надорад? Наход дар ин 17 сол хануз хам аз хакикати холи Точикистон, ки у ба Торикистон табдилаш додааст, бехабар бошад!

    Ягон матлаби бамаънй нависед, Рустамчон.

  15. 1. Бовар кунед, ЭШР аз вазъи мамлакат чандон огох нест. Маълумоте ки ба вай мерасонанд, 20%-и азобу укубати мардумро хам нишон намедихад. Дар атрофи вай калъае сохтаанд, ки ягон каси адолатхох барояш наздик шуда наметавонад.

    2. Худи ЭШР холо зиёдтар аз хама дар гами хукуматронияш аст ва ба хар касе ишора кунанд, ки барои мансаби вай хатарнок аст, руи он кас сиёх мешавад. Дар асли хакикаташ ЭШР акнун ба хеч кас бовар надорад, аз хама шубха мекунад ва аз хама метарсад. Вай фикре надорад, ки ягон руз бояд чойро холй кунад. Вай ба назари ман хатто мурданй хам нест. Хеч вакт.

    3. Аммо аз суикасд метарсад ва хамеша ба ин фикр аст, ки касе ё гуруххое дар фикри суикасд ба чони уянд. Бисёр эхтиёткор шудааст ва дар айни замон ба иллати хамаи ин холатхо ба машварати чанд нафар гирифтор аст, хар он чизе ки хамонхо гуянд, хамонро мекунад.

  16. mewava inwolloh mewava duo kunem

  17. Рустам, ин 20%-ро дар кадом тарозу муайян кардед? 100 % медонад, хатто муш дар таги замин чунбад, у медонад.
    Чи магар хангоми сафархояш суратхои чандметраашро намебинад? Мебинад. Вай худаш ин супоришхоро додааст. Он фармоне. ки чанд сол пеш дар бораи аз хад зиёд реклама накарданаш дода буд, чи шуд? Албатта, худаш гуфт, ки давом дихед. Заминхоро ба Хитой кй фурухт? Кй Конститутутсияро доим вайрон мекунад? Вай. Бо фармони кй Искандаровро аз Русия «облава» карда оварда, говсуд карданд? Бо фармони вай. Чаро дар Точикистон интихоботхои демократй сурат намегиранд? Чунки вай намехохад, мурданивор намехохад. Хамаи одамхои атрофаш ва хатто хамаи раису саис инро намехоханд. Чунки хамрохи вай бояд хамаашон чавоб диханд, дурустараш ба дор кашида шаванд. Барои хиёнати калонашон ба халк! Ва ин саисхо хамаашон харгиз ба у суикасд намекунанд ва ба ин рох хам намедиханд. Харгиз, чй онхо магар худ гури худро мекананд?
    Маводи мухаддир мегуянду худашон ва бо ишораи ЭШР-и Сомонии Сонй хар руз аз тарики радио ва телевизион магзи мардумро бо харзахои худ гич мекунанд!
    Хамаашро медонад ва медонад, ки халк хам инро нагз медонад. Барои хамин хам то охир, ДО КАНСА! меравад, чунки илочи дигар надорад. Як рох вучуд дорад: аз тарики телевизионхои Точикистон мустакиман (online) аз мардум бахшиш пурсад ва худашро дар аввалин сутуни чароги бебарк овезад. Вале у инро хам намехохад. Ба Багамские острова хам намегурезад, чунки медонад, ки ин бефоида аст ва рузе вайро оварда, дар Точикистони сохибистиклол СУД мекунанд.
    Агар ба ин гуфтахо мувофик набошад, пас фикри худро ба ин сомона фиристад. Ё интернети вай сайти шуморо намекушояд?

  18. Исломиддини фарзона,

    Рости гап, ман намехохам дар он додгохи Точикистони сохибистклол адвокати Саддом, эээ, мебахшем Рахмон бошам, ман хам мисли шумо фикр мекунам, агар вай хохад метавонад бо як ишора хамаи корхо дигар шаванд, чунки дар мамлакат як системи яккахукмронира чорй кардааст ва такрибан як подшох шуда мондааст.

    Аз тарафи дигар хеч бовар хам надорам, ки вай аз тарики телевзион аз мардум узр пурсида, худашро ба аввалин сутун хохад овехт. Ин хел нангу номус надошт ва надорад. Барои хамин дилам ба холаш месузад ва фахмидан мехохам, ки чаро ин тавр аст.

    Баъдаш вай хуши интернет хам надорад, зеро агар ин кадар чизе ки дар борааш хаст мехонд, кайхо ба чустучуи сутуни мустахкаме меафтод…

  19. Бародар Рустам!
    Агар Э.Ш.Р аз интернет дидан мекарду нисбаташ чунин суханонро мехонд, ба чойи чустани сутун хамон маколи халкй ба ёдаш мерасид: «Бо дуои муш калламуш намемурад» боз корашро давом медод…
    Барои ба сутун овехтан хам иродаи кавй лозим меояд, вале сад афсус….

  20. Фаризаи азиз,

    Хуб барои ин иродаи кавй даркор аст, аммо ишон акл ку бояд дошта бошад, намешавад, мардуми худро то ба ин дарача расонд.

    Агар вай подшох аст ва халк фарзандонаш, чаро он гамхориеро, ки дар хакки фарзандони худаш мекунад, ба мардум ва миллати худ раво намебинад?

    Дар нихояти амр вай дуст аст ё душмани мо?

  21. На дуст буданаш маълум асту на душман… барои хамин мардум намедонанд кадомеро интихоб кунанд…

  22. Мегуянд ки фарзандонаш маводи Интернетро мутолиа мекунанд. Шояд хамин сабаб шуд ки се фарзанди калониашро ба хорича фиристод. Аммо атрофиёни наздикаш чуръат надоранд ба вай гапи нохуш ё танкидиро расонанд, хама факат хабари «хуш» мерасонанд. Дарбор кайхо фахмидааст ки заволи хокимият наздик аст аммо хама дар наздаш вонамуд мекунанд ки тамоми мардуми Точикистон аз раёсати эшон розиву хушбахтанд.

  23. Вале боз хам банда бар инам, ки ЭШР дар як фазои сохта ва сунъй зиндагй мекунад. Шумо бинед, ки мулокотхои уро бо мардум дар махалхо чй гуна ташкил мекунанд, чй тавр одамонро интихоб ва тайёр мекунанд, ки факат ба у мадху санохонй намоянд.

    Ягон саволи чиддй ба вай дода намешавад ва хамин хел фазоеро месозанд, ки кишвар каму беш мушкилот дорад, аммо хаёт хеле хуб аст ва мардум аз хурсандй намедонанд, чй тавр ташаккури худро ба раиси чумхур баён намоянд.

    Вактхои дигар вай бо одамони бой сарукор ва шинухез дорад ва ба чашмаш хамин хел менамояд, ки аксари мардум дар Точикистон хамин гуна муваффак ва серу пуранд…

  24. Рустам, ин кадар ЭШРро сафед накунед:
    Ки зангй ба шустан нагардад сапед (Фирдавсй).

    ЭШР хохад, монанди Анушервони одил чехраашро дигар карда, ба байнимардум медарояд ва хакикатро мефахмад. Лекин вай хакикатро кайхо фахмидааст.

  25. Кас дар шигифт мемонад, наход нафс хам то хамин дарача расад ки манфиати шиками худу бачахоят факат дар пеши назарат бошад. 20 сол ин махлук хеч не ки сер шавад. Ягон кори кардагиаш дар ин 20 сол сареъ набуд ва хама гапхои хавои. Масъулияти таърихиро эхсос накарда ба артисти тайёр худро мубаддал кард. Бо хама душман, бо халки худаш хам душман аст. Ин хел шармандатарин рахбар дар таърих эхтимол ками дар кам бошад ки чунин шонси таърихии миллаташро ба шиками худашу бачахояш иваз намуд. Ба хамин хотир мардуми ботачриба ошкоро мегуфтаанд: «Хар кас бояд бо кори худ машгул шавад, дехкон дехкониашро, коргар коргариашро, нависанда нависандагиашро ва сиёсатшинос сиёсаташро».
    Тасаввур кунед инро вакте ки ба сари миллат бор карданд вай 39-40 сола буд. Наход як одам дар зарфи кариб 20 сол ба дарачаи рахбари милли нарасад?! Ба 60 солаги наздик мешавад ин мардак?! Фикр мекунам агар хатто ягон хайвонро хам ба чои ин оварда мешинонданд аллакай забон мебаровард.

  26. Афшини азиз,

    Ман вайро ба хеч шакле «сафед» намекунам, аммо монанди шумо мехохам мантики зиндагии у ва тарзи тафаккури уро фахмам.

    Ин кадар фикр мекунам, хеч фахмида наметавонам. Одам ин кадар хокимият ва имконият дошта бошаду ЯГОН КОРЕ барои мардуми худ накунад. Вай ояндаро фикр намкунад. Намеандешад, ки рузе мардум ба гураш туф хоханд кард ва зоту зурёташро радди маърака хоханд кард?

    Наход ба гайр аз шикам дар дунё фикри дигаре надошта бошад?

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: