Аз ҳирси пули осон хонабардуш нашавед!

Ҳамандеш аз шаҳри Истанбул

Ассалому алейкум хамАндешони азиз. Диққати хонандагони мӯҳтарамро ба як мавзӯъ ҷалб карданиям. Якчанд руз пеш, як дустам маро ба «вохурии корй» даъват кард. Вакте ба ончо рафтам дигар хамватанони мо ки гуё аз ширкати «Quest Net» ва ё «Quest International» дар Туркиё намояндагй мекард, вохурдам. Ба гуфти онхо, ин ширкат 1 мох аст, ки ба фаъолияти худ дар Туркиё сар кардааст…

Дере нагузашта як фирмаи гуфти русхо «лохотрон» ва ё «пирамида дураков» будани онхоро дарк кардам. Ба хотири хафа нашудани дустам, хама намоишхои онхоро бо диккат гуш кардам.

Шакли кор бисёр осон ва барои халки сода бисёр шароити чолиб дорад. Аз аввал хар муштарии нав бояд аз ин ширкат як мол бихарад, ки нарха 550$ будааст, (асос ин молхо соат, тин, хар хел «шишахой шифобахш», ки ба фикрам арзишашон аз 10-30$ зиёд нест). Пас ширкати «Quest Net», ки марказаш дар Хонг Конг будааст, ба номи харидор як хисобе мекушояд. Акнун бояд ду харидори дигаре ёфт, ки ягон мол харид кунанд. Пас аз дар поёни харидори аввал чамь шудани 6 шаш харидори нав (3х3 аз тарафи чап ва рост), ширкат ба хисоби харидори аввал 250$ мегузарондааст. Ҳамин тавр занҷираи пирамида давом меёбад.

Ташвишовар он аст ки он хамватаноне ки дар даруни ин бозй хастанд, ҳама хатмкардаи дошнишгоҳи олй хастанд, бисёрашон дар сохаи иқтисодиёт. Вале ҳирсу ҳаваси пул чашму зеҳни онхоро кур кардааст.

Бисёрии онҳо барои фоидаи худ апаву бародар, дӯсту хешовандонашонро ба ин система чалб кардаанд.

Ман дар бораи ин ширкат каме тафтишот бурдам. Ширкат асосан дар давлатхое, ки конунҳои суст ва ё тафтишоти бади сохаи молия доранд ё фасодхада ҳастанд, муваффак будааст, аз чумла Хиндустон, Киргизистон, Казокистон ва Точикистон. Ширкат нав ба Русия ва Туркиё даромадаст, ки дар ин ду давлат ҳамватанони мо фаъоланд.

Баъзе аз сахифахои ширкат: http://www.qi-ltd.com http://www.quest.net/
як мусохиба: http://tajforum.tj/index.php?showtopic=5736

Умедворам Точвари мухтарам, ки тафтишоти маро боз шумо дарунтар бурда, ба хонандаи мухтарам пешкаш мекунед. Шояд ин макола, дар оянда басе модарони точики моро аз хонасуз шудан нигоҳ дорад.

ХамАндеше аз Истанбул.

17 Responses

  1. Рости ки мо хам чи дар Душанбе ва чи дар хаму сахифаи тачфорум и мардума гуфтем ки ин як намуди пирамидаай, ягон кас бовар намекунад. Сабаби калон шудани инхо дар он аст ки хози одами нав ефта оварда истодаанд. Рузе ки одам тамом шид пирамидашон ранги хонаи аз кутии гугирд сохта шуда меафтад. Хози дар New York яке аз хами пирамидахо ошкор шид. Як яхуди муддати 20-30 сол инвесторхоро хамин хел фанд карда гаштаст. Ахир аз сабаби кризис инвесторхош яку якбора 7 миллиард даво кардан.

  2. Bale, bale chunin masxarabozi dar Dushabevu Khujand niz avj giriftaast.
    Ba domi ‘bisness» aksaran zanon, modaron xoharu appahoi xonanishini az bekori ozurdai mo meaftand.

    Onhoje, ki mablaghe chand (aksaran jamshuda az mehnati sangini xonavodagihoyashon) pasandoz dorand ba vaadai durughini foidai hanguft moil meshavand.

    Xub avval bo preiskuranti garon molero mexared, ki asli sifatu qimmatash baso nomaalum, ba namud moli zarrinu vale na zarsoxt ast va hatto na tamghai (trademarki) mashhur. Chuninro bo 450 dollar xaridori namoed pas bo 45 dollar furuxta metavoned?!

    Davomi bemaghzi on ast ki pas az pasandozi bo ranj omadaatro ba ivazi moli nochiz barovarda dodi
    boz az xud xarji pulu, sa’ji ruhi, jismonivu vaqt namuda kas mekobi to in nafarro ham ba domi durughi ajnabijon darorivu dubora ahmaqshaviyu ahmaq kuni?

    In hama dar Tojikistone ki tanho 70 fisad mardumash gharqi qashoqist?

    Durust ast ki chunin bisnes tanho daruni shahr ki aholiyash kamu besh az nodorotarini moyon dorotarand piyoda shudaast.
    Va chun mushohida shud (shaxsan chand nafarro meshinosam), aksariyate ba in bozi dodashudaand xudro na’fdor ne balki ahmaqshuda mehissoband.

    Ba nazari umum, sanginash in ast, ki as’ori garonqurb (ki yak adadash qimmati 35 !!! adadi as’ori milliro dorad) ba ivazi chormaghzi puch marzi mehanamonro tark mekunad.
    Magar in rohi kasodii iqtisodu kambaghlashavi mo nest?

    Xulosa az one ki zikr shud xub ast, hamesha sa’j kunem molu as’oramon daruni marzamon bimonadu dar amal bo har rohi oshkoro baroi manfiat gardish yobad.

  3. Такрибан моххои сентябр ё октябр агар хатон накунам, дар хафтаномаи «Нигох» матлаби тахкикотие дар ин маврид ба нашр расида буд. Муаллифи он матлаб хеле хуб ин мушкилотро ба миён гузошта буд. Ачибаш он аст, ки баъди чанде дар хафтаномаи «Фараж» маколае нашр шуд, ба пуштибонии ин компания.
    Ин корчалониро ба Туркия бачахои литсейхои турки, ки дар Туркия тахсил кардаанд, ба он чо низ бурдаанд. Зеро дар Точикистон ба гуфте, кариб пешво хамонхоянд!!!

  4. Рашод,

    Mo ham barodar litsei turki khondem lekin zararmona az foidamo farq meknem. Mara khudma yagon hami prezentatsiyra nishon dod ki u odam ba litseihoi turki yagon dakhl nadora. I kiro halqi mo az bekorivu besavodi meknan. Davomi gapt, dar Asia Plusam yak maqola bud ki questneta pushtiboni mekard. Oyandai inho ba misli muhrabizness meshavad. Let’s give it sometime gufti gapo 🙂

  5. То чое ман медонам, ин бизнессро ба Точикистон эронихо оварданд ва нафарони бисёреро онхо чалб карданд. Аз чумла ба ман хам як дусти наздикам презентатсия дод. Коидаи ин бози он аст, ки як махсулоти ин ширкатро хатман харидори намуда, сохиби як корте бо номи ТС мешави ва барои ба даст овардани даромад, хамтамн бояд ягон шахси наздикатро даъват намуда, уро хам мачбур сози ки махсулоте бо нархи гарон аз ин ширкат харидори кунад. Хамин тавр ман ба хулосае омадам, ки хар нафари бо ин бози машгулбуда аз хисоби маблаги наздикону пайвандонаш , бехабар аз он ки он наздикаш пулро аз кучо ва чи тавр пайдо мекунад, сохиби пул мешавад. Ба гуфтаи дигар дар ин бози зиндаги аз хисоби пули хешу табор ва ёру дустон мегузарад, ки аз ин дида кори бадро надидаам….

  6. Хамааш дуруст. Факат Туркиё не, балки Туркия. Дар олами забони форсй хамин шакли дурусти таърихй кабул шудааст.
    Саломат бошед!

  7. Бале дустон! банда худ яке аз касоне хастам ки аз ин каллоби шатта хурдаам. аниктараш хохарамро, писари духтари холаам фиреб карда 1500 $ гирифтаасту бурда дар компьютер акси занчири тиллоиеро нишон дода гуфтааст ки ин моли туст хар вакт хоста боши мегири. ин занчир аз брилиант сохта шудааст. баъд хамон тавре ки шумо арз кардед яъне бояд нафарони дигарро чалб намои то онхо хам мол не балки сурати хамон молро бихаранд.
    банда зуд хабардор шудам ва чиянро гушмол додаму гуфтам ки пулро баргардон. онхо ба хохари ман як гарданбанди тиллоиро додаанд ки аз 100$ бештар арзиш надорад.
    ХОСИЛ: Мутмаинам ки хукумат аз ин корхо дарак дорад ва низ касоне хам аз афроди хукумати дар ин кор даст доранд. чаро дар хукумати мо ин кадар мардумони пасту разил кор мекунанд ки омодаанд мардуми бечораро бечоратар созанд. хамон вокеаи мухра бароямон бас набуд ки боз ин корро фикр карда бароварданд. хамон вакт тамоми пулхо дар прокуратура гум шуда рафту мардум чизе натавонист бигирад.
    оё каси дигаре ин фикрро дастгири менамояд хамандешони азиз?

  8. Салому дуруди бепоён ХамАндешони гироми ва гаронкадр. Ман сад дар сад фикри дусти арчманд Хамватанро дастгири менамоям… Аллох моро дар панохаш нигах дорад. Ба хонум Махинабону хам сад ташаккур илохо саломат бошед…. Ба кавли бародари азизу гиромикадр Точвари мехрубон сарбаланд бошем.

  9. Дустони хамАндеш,

    Вакте масъалаи пулу мол дар миён аст, мумкин бисёре аз мо хушмандона ба кор бархурд кунем. Аммо ду чавонеро мешиносам, ки ба як шахрванди Бритониё яке 2500 ва дигаре 1200 доллар додаанд, то ба яке аз донишгоххои Лондон ба тахсил раванд.

    Ин нафар хам пулро гирифтаву ба Лондон гурехтааст.

    Наход чавонони мо ин кадар бефахм бошанд?

    Сафорати Бритониё дар Душанбе аз пахн шудани имейлхои фиребу такаллуб дар рузномахо эьлон дода буд, ки ин кори макомот ё шахврадони Бритониё нест, аммо ба ин кори шахрванди худ чи назар дорад? Чаро ба шикояти шахрвандони Точикистон сукут меварзад?

  10. Як савол маро ором намегузорад — Хамин пули мухрахоро окибат кй гирифт?

    Хамаашро мусодира карданд ва гуфтанд ба онхое ки зарар диданд, медиханд, локин чанд наваре ки ман мешиносам ягон тин аз пулхои Чамшед Сиеёв нагрифтаанд,

    Пас пулхо кучо шуданд?

  11. In «biznes»-ro ba Tojikiston ayyorhoi (zhulikhoi) eroni ovardaand. Bino ba ba’ze sarchashmaho yakchand hazor shahrvandi Tojikiston asosan javonon ba on vorid shudaand. Gumon mekunam, chunin piramidaho na tanho zararnok balki khatarzo niz hastand.

    Dar yod doram, bore yak shinosam maro niz da’vat karda burda bud, vale dar avval hadafi jam’omadro ravshan nakard. Vaqte dar jam’omad yak ayyori eroni (az chashmonash ayyoriash ma’lum bud) in «biznes»-ro ta’rifu tavsif kard, ba qavli mardumi Kulob, «qarib gov gardem».

    Man ba’di sukhanroniash yak suol kardam. Guftam, ki nufusi Tojikiston 7 million ast va aksaran qashshoqand, agar shumo tamomi in 7 millionro jalb kuned, pas ba’di on chi khohad shud? Ya’ne un millionho mardumi dar poyonbuda az kujo daromad khohand did? Dar suoli man eronibacha kame dastupokhurda shudu chize fahmo gufta natavonist.

    Pas man khesta guftam, ki agar shumo behbudi vaz’i mardumi tojikro mekhohed, pas man yak piramidai tojiki peshnihod mekunam. Ya’ne man tayyi yak muddate ba 3 tojiki digar, ki az man nodortarand kumake mekunam, ki zindagiashon ba kulli digar shavad (masalan, ba donishjue, nafaqakhure, sagherae va ghayra). Vale ba onho shart meguzoram, ki chun kuchaktarin imkon yofted, shumo niz ba 3 tojiki niyozmandi digar kumake boyad kuned, ki hayoti onho digar shavad.

    Va peshnihod kardam, ki in piramidaro «Piramidai javonmardho» nomguzori kunem. Va khohem did. ki tayyi chand sole vaz’i bisyoriho digar khohad shud va ruze nekii kardaamon ba movu aqrabovu farzandonamon niz khohad bargasht.

    Vale hoziron peshnihodi maro khub dark nakardand va eronii ayyor misli in ki sarash ba dard daromad, mekhost harchi teztar maro gusel kunad.

  12. Хонанда менависад:

    Ин “бизнес”-ро ба Точикистон айёрхои (жуликхои) эронй овардаанд. Бино ба баъзе сарчашмахо якчанд хазор шахрванди Точикистон асосан чавонон ба он ворид шудаанд. Гумон мекунам, чунин пирамидахо на танхо зарарнок балки хатарзо низ хастанд.

    Дар ёд дорам, боре як шиносам маро низ даъват карда бурда буд, вале дар аввал хадафи чамъомадро равшан накард. Вакте дар чамъомад як айёри эронй (аз чашмонаш айёриаш маълум буд) ин “бизнес”-ро таърифу тавсиф кард, ба кавли мардуми Кулоб, “кариб гов гардем”.

    Ман баъди суханрониаш як суол кардам. Гуфтам, ки нуфуси Точикистон 7 миллион аст ва аксаран кашшоканд, агар шумо тамоми ин 7 миллионро чалб кунед, пас баъди он чи хохад шуд? Яъне ун миллионхо мардуми дар поёнбуда аз кучо даромад хоханд дид? Дар суоли ман эронибача каме даступохурда шуду чизе фахмо гуфта натавонист.

    Пас ман хеста гуфтам, ки агар шумо бехбуди вазъи мардуми точикро мехохед, пас ман як пирамидаи точикй пешниход мекунам. Яъне ман тайи як муддате ба 3 точики дигар, ки аз ман нодортаранд кумаке мекунам, ки зиндагиашон ба куллй дигар шавад (масалан, ба донишчуе, нафакакхуре, сагерае ва гхайра). Вале ба онхо шарт мегузорам, ки чун кучактарин имкон ёфтед, шумо низ ба 3 точики ниёзманди дигар кумаке бояд кунед, ки хаёти онхо дигар шавад.

    Ва пешниход кардам, ки ин пирамидаро “Пирамидаи чавонмардхо” номгузорй кунем. Ва хохем дид. ки тайи чанд соле вазъи бисёрихо дигар хохад шуд ва рузе некии кардаамон ба мову акрабову фарзандонамон низ хохад баргашт.

    Вале хозирон пешниходи маро хуб дарк накарданд ва эронии айёр мисли ин ки сараш ба дард даромад, мехост харчи тезтар маро гусел кунад.

  13. SHumo dar borai Parvandahoi Jinoi dar prokuraturai TJ oidi in masala habar dored? Hamchunin chizho ham hastand!Hubtarash nakuned! Man Malumothoi ziyod hondam va dar amaliya ham tabiq shuda bud..Hubtarash yagon kori foidanok kunem na in ki Piramidabozi…Avlodonu guzashtagoni mo Piramida boz nabudand..

  14. Мебахше хонандагон мухтарам о дар дунё 7000.000 нафар нест ку, Мардуми точик холо намедонад ,ки quest net чист то хол пирамидаи чаппаро аз рост фарк накардааст. QI ин илм аст илми нетворк маркетинг То холо Шумо хамон даврони бобогиатон зиндаги доред . О АСРИ 21 АСРИ ИТТИЛООТ АСТ точики нав.
    Аз дасти Шумо барин точикони асри 20 Точикисто кафо мондааст
    Кори хар буз нест хирман куфтан,
    Гови нар бошаду марди кухан.!!!!!!!!!!!!!!!

  15. Хар гапе ки дар бораи quest net аст тахкир аст , асри 21 асри иттилоот аст мардум чи чизхое ихтироъ кардаву чи корхо кардаистодаанд мо бошем пирпмидаи чаппаро аз рост фарк намекунем . Вой бар ту барин точике ки хатто чахонбиниат хам чикадар васеъ будааст лекин то хол 9-ро аз 6 фарк накардаи . ЗИНДА БОД QUEST NET !!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

  16. хамаи гапотон дуруг дуруг

  17. Мардуум….. бедор шавед аз он гафлате, ки холо шумо хастед!!! Хозир асри 21 аст… аз оне, ки ранги занакои лаби об гайбат карда шиштан хубтар биомузед…. щумо мисли хамон бобохоямон, ки «трактор»- ро «шайитонароба» мегуфтанд, мегуед. Вале диданд, ки талаботи замона аст ва фоида меоварад, холо дар болои «трактор» мечангед!!! баъзехо бошанд фикрашон аз чорчубаи югу испори бобои берун нест. Ба умеди шумо шуда Точикистони азизамон боз 100 солхои дигар аз таракиёт кафо мемонад!!!!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: