Дар буридани сарҳо, оё порае аз тақсир равонаи худи масъулони русӣ нест?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сари мубораки шодравон Салоҳиддин, на аввалин сари буридаест, ки аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуда ва шояд охирини он ҳам набошад. Шакке нест, ки дар вуқўи ин фоҷеаи аламовар ва дарднок барои ҳар тоҷики бошарафе, дар дараҷаи аввал тақсир ва кўтоҳӣ равонаи ҳукуматмадорони мо мешавад. Агар мансабдорон ва масъулони ҳукуматии мо аз шаҳрвандони худ ба гунаи шоиста ва монанди ҳар ҳукумате, ки аз ҳарими шаҳрвандони худ дифоъ ва ҳимоят ба амал меоварад, ҳимоят мекарданд, ҳаргиз мувоҷеҳ бо чунин фоҷеае намешудем.

Аммо оё порае аз тақсир ва кўтоҳӣ, мутаваҷҷеҳи худи ҳукумати Русия низ нест? Оё Русия, ба унвони давлати “дўст” бо Тоҷикистон, чунон ки иддао мешавад, монеаҳои сари роҳи вуқўи шабеҳи чунин фоҷеаҳоро бардошта ва мебардорад, ё ин ки на, худ аҳёнан сабабгори аслии ба вуқўъ пайвастани чунин ҳаводиси дардовар аст?

Қароин нишон медиҳад, ки ин, давлат, сиёсатмадорон, дастандаркорони фарҳангӣ ва васоити ахбори русӣ ҳастанд, ки бахше аз масъулият, балки миқдори зиёде аз масъулият дар ин заминаро бар ўҳда доранд. Онҳоянд, ки моягузори аслии вуқўи чунин ҳаводисе ба шумор мераванд.
Ҳоло ба намунаҳое аз ин қароин ишора мекунем:

  • 1. Шеваи гуфтор ва рафтори сиёсатпешагони русӣ дар робита бо ғайри русҳо дар Русия, хусусан муҳоҷирони тоҷик ба гунае аст, ки вақте дар бораи ин муҳоҷирон баҳсе пеш ояд, чунон таҳқиромез аз онҳо сухан ба забон меоваранд, ки гўи “одамони дараҷаи сеюм ё чаҳорум” бошанд. Масалан, тавсифи муҳоҷирони тоҷик ба “нерўҳои арзони корӣ” ва истифода аз онҳо дар аъмоле, ки лоиқи нажоди русӣ намебошад, аз ҷониби сиёсатмадоре чун Жириновскийро ба кадом маъно қабул кунем? Ҳатто агар воқеият, мутаассифона, чунин ҳам бошад, аммо изҳори он, оё таҳқири як миллат нест? Оё чунин бархўрде, яке аз авомили водоркунанда барои қатли одамони мутааллиқ ба ин миллат намешавад?
  • 2. Филмҳое, ки тайи чанд соли ахир тавассути коргардонҳои русӣ сохта шуда ва мешавад, дар онҳо эҳсос чунин мешавад, ки мехоҳанд коре кунанд ва ба мардум ва хусусан ҷавонони саргардони русӣ, руҳияи миллатдўстӣ ва ватанпарвариро эҳё намоянд. Албатта кори нописанде нест ва бояд ҳар миллате чунин кунад. Аммо мутаассифона дар бештари ин филмҳо, душмани фарзӣ, ҷуз ба истилоҳ “сиёҳон” нестанд. Ва медонем, ки мурод аз “сиёҳон” дар истилоҳи русҳо, қафқозиҳо ва осиёи миёнаиҳо ҳастанд. Оё ин кор, худ саҳме барои иқдом бар куштани “сиёҳон” намегузорад?
  • 3. Осиёи миёнаиҳо, хусусан тоҷикон, ба персонажи аслии масхаршавандаи бозигарони театри хандаи русҳо табдил шудаанд. Ҳар вақт хостанд касеро мавриди тамасхур ва истеҳзои худ қарор диҳанд, аввал ба суроғи тоҷикон мераванд. Ё тарзи гуфтори тоҷикон мавриди тамасхури онҳост ва ё тарзи рафторашон. Гўи тоҷикон мардуме бошанд нафаҳм, содалавҳи аблаҳ, чизе сарашон намешавад, забони русӣ намедонанд ва … Донистани забон, ҳоло ҳар забоне бошад, ҳирфаи хубест. Аммо агар як нафар натавонист ба шеваи худи русҳо забони онҳоро талаффуз кунад, оё бояд мавриди тамасхур ва ханда қарор гирад? Оё ин тарз бархўрд ҳам, худ яке аз авомили таҳқир ва дар натиҷа тасоҳул дар қатли миллатеро фароҳам намеоварад?
  • 4. Намунаи дигар он ки ҳар гоҳ ҳодисаи ногуворе аз сўи яке аз муҳоҷирони тоҷик ба вуқўъ пайваст ва ё аз ў маводди мухаддире пайдо карда шуд, васоити ахбори русӣ чунон бузургнамоӣ мекунанд ва ба такрор онро нишон медиҳанд, ки гўи тамоми тоҷикони муҳоҷир чунин бошанд. Ва қатъан чунин пўшиши хабарӣ, аз бузургтарин ва аслитарин авомили пайдоиши адоват ва душманӣ нисбат ба тоҷикон дар назди русҳо хусусан ҷавонони бехирадаш мешавад.

Намунаҳои зиёди дигареро ҳам метавон зикр намуд, ки аз авомили водоркунанда бар қатлу куштор ва таҳқири як миллат аз ҷониби миллати дигаре ба шумор меравад. Аммо мо бо ҳамин чанд намуна иктифо кардем.

Дар поён боз ҳам ёдовар мешавам, ки яке аз роҳҳои пешгирӣ аз қатлу куштори муҳоҷирини тоҷик, таҷдиди назари сиёсатмадорон ва дастандаркорони фарҳангии русӣ дар амалкарди худ аст ва агар амдан ин корҳоро мекунанд, ки зоҳиран амдӣ ба назар мерасад, бояд аз ҷониби ҳукумати мо ва ташаккулҳои иҷтимоӣ, тазаккури лозим, ва дар ҷои худаш эътирози расмӣ нисбат ба ин чунин амалкардҳо эълом дошта шавад.
http://kemyaesaadat.com/

3 Responses

  1. Tai haftai sipari intizoram va mudom ba suroghai e mailam chashm menihamu to hol yake javonmard ba taklifi man posukh nadod.
    Holo ham der nest ki yak bor az yak girebon sar barovarda etiroz nisbati hammai in mahalgaroii rusro ba joi orem.

    Samaki muhtaram, boze ki az niyati hamoishi guruhaton dar Olmon e’lom doshted dilam pur az umed bud ki ishtiroki bandaham dar on roij shavad. Holo avji niyat ba amal tabdil
    nashud? Umed doram ruzhoi nazdik ba unvonam taklif firisted.

    bo ehtirom Manucherhr, BW
    dd_aibolit@mail.ru

  2. Чаноби Сайидюнус, бисер тахлили хуб кардед, лекин чаро як масъалаи асосии дигарро намегуед, ки бисере аз мухочирони точик аз дехоти дурдаст бо хамон одату афкори дехотии худ ба Маскав — яке аз пойтахтхои чахон мераванд ва халки точикро дар чашми русхо ва мехмонони Маскав шарманда мекунанд? Таксири онхо низ хаст, бояд аз камтарин маданияту фарханг бархурдор бошанд ва номи миллати худро бо ахлот олуда накунанд. Пул кор мекунем гуфта, як миллати бузургро шармсор кардан бадтар аз хамааш аст ва шояд ба хамин сабаб аст, ки арвохи гузаштахо ин хел пастфитратонро мезанад. Баъзе точикхо дар Русия корхое мекунанд, ки саг намекунад ва ба хамдиёрони худ бадихое раво мебинанд, ки ягон бегона раво намебинад. Онхо дар наздик русхо вокеан худро монанди хайвон нишон медиханд, инаш хам хаст ва бояд рад нашавад.

  3. Салом бародари азиз Самандар!
    Қабл аз ҳар чиз лозим медонам ташаккури худро нисбат ба эҳтимоми шумо ба назари банда дар ин замина иброз дорам ва дар сонӣ, мехоҳам чанд нуктаро перомуни дидгоҳ ва назари шумо хотиррасон намоям:
    1. Дар робита бо ин ки шумо мегўед, ки бархе аз тоҷикон обрў ва эътибори хешро, ва бар асари он, обрўи як миллатро пеши дигарон (масалан русҳо) мебаранд, банда низ қабул дорам, ки чунин коре лоиқи миллате чун тоҷикон нест. Оре, бояд инсони шариф обрў ва эътибори хештанро нигаҳ дорад. Дар ин шакке нест. Хусусан он ҷо ки тоҷикон нисбат ба ҳамдигар дар баробари бегонагон ноҷавонмардӣ мекунанд;
    2. Аммо ин ки мегўед, набояд як деҳотӣ бе он ки маданияте касб кунад, ба пойтахти кишваре мисли Русия биравад, ин мавриди қабул нест. Чаро? Чун ҳам шумо ва ҳам банда медонем, ки ҷавоне, ки ба Русия барои иштиғол рафта, аз рўи ночорӣ рафта. Ў маҷбур буда, ки барои пайдо кардани луқмаи ноне, хона ва кошонаи худро раҳо карда ва бо таҳаммули ҳазор ранҷу машаққат ва қабули ин ки шояд мавриди таҳқир ҳам қарор гирад, розӣ шуда ба ин кор тан диҳад. Роҳи дигаре надорад. Воқеан, чӣ кор кунад? Хонаводаи худро гурусна ва ташна гузорад? Бояд ин воқеиятро, ки барои пайдо кардани луқмаи нон, чорае ҷуз муҳоҷират ба Русияро надорад, қабул кунем;
    3. Агар манзури шумо аз касби маданият, ин аст, ки мисли рафтори русҳоро дошта бошад, ин ҳам мавриди қабул нест. Ҳар миллате, барои худ маданияти хосси худро доранд. Маданият доштан, ин нест, ки банда ҷилди русӣ бар тан кунам. Тоҷикам ва бо тоҷик буданам ифтихор мекунам. Ва лозимаи тоҷик буданам ҳам, он аст, ки маро ҳамон тавре ки ҳастам қабул кунанд, на он чунон ки дигарон мехоҳанд. Ҳоло, чӣ деҳотӣ бошам ва чӣ шаҳрӣ. Деҳотӣ будан, ба ҳеҷ ваҷҳ айб нест, балки дар бархе маворид бартарӣ дорад. Айб ин аст, ки инсон худро зуд аз даст диҳад, хештанро аз дигарон кам ва поитар пиндорад, деҳотӣ буданашро айб ангорад, фарҳанги худро поин аз фарҳанги дигарон (масалан русҳо) бидонад ва …
    4. Оре, як нукта ҳаст, ки агар шумо чунон мегуфтед, мавриди қабул аст. Ва шояд ҳам манзури шумо чунон аст. Ва он ин ки инсон дар айни он ки бо худ ва бо фарҳанги хеш ифтихор мекунад, ҳамзистӣ бо дигаронро биёмўзад. Ва яке аз лозимаҳои ҳамзистӣ бо дигарон, ин донистани забони онон аст. Чун бо эшон дар тамосу дар таомул аст. Оре, беҳтар буд ҷавонони мо қабл аз сафар, миқдоре бар худ заҳмат дода ва забони русӣ биёмўзанд. Аммо зинҳор набояд забони русӣ омўхтан, худ тағйири ҷилд ва гузар аз фарҳанге поин ба фарҳанге болотар талаққӣ шавад, балки фақат ба ҷиҳати ҳамзистӣ ва тавони таомул пайдо кардан бо дигарон;
    5. Дар поин инро ҳам ёдовар шавам, ки кўтоҳӣ ва тақсир дар надонистани забон (масалан забони русӣ), қабл аз ҳар чиз, мутаваҷҷеҳи масъулон ва дастандаркорони ҳукуматии мост. Чаро ки ин, онҳоянд, ки шароити омўзиши забон ва таомул бо ҷаҳони муосирро барои фарзандони худ биёмўзанд.
    Худоро ҳамаи моро муваффақ ва сарбаланд кунад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: