Сарбурй хам магар вахшатафканй нест?

Ҳарамгули Қодир, шаҳри Душанбе

Ростй, ҳеч фикр намекардам, рузе мешавад, ки бонуи точик дар минбари Русия барои хифзи мардуми худ садо баланд мекунад. Ман сад бор уро ахсант мегуям ва намедонам хонум Хуршедаи Даврондухт (Хамрокулова) ба ман хамсол аст, аз ман хурд ё калон. Вале муҳим ин нест, ки дар миёни ин кадар диаспорахои точик чуръат кардааст, ки ба мансабдорони Русия хушдор дихад, то пеши рохи нажодпарастони худро бигиранд.

Инкор карданй нестем, ки вобастагии Точикистон аз Русия калон аст. Аммо, виждон ва нангу номуси точикона борхо нишон додаст, ки камбагалиро аз номардихо боло медонад. Яъне мухочирони мо ба хотири рузгори хеш ба Русия рафта вазнинтарин корхоро ба ичро мерасонанд. Хол он ки метавонанд ба кишвархои дигар раванд. Мехнатдустии онхо дар хама гуна кишвари дигар кадрдонии бештар хохад дошт. Дуруст аст, ки намояндахои Русия ба Хуршедаи Даврондухт вокуниш нишон доданд, ки бояд диаспорахои точик сари мушкилоти мухочирон тадбир андешанд. Оё диаспораи точик бо рохбарии Абдулло Давлатов наметавонад, ки таваччухи макомоти Русияро ба вазъи мухочирон чалб кунад ва дар ин кор бо сафири Точикистон дар Русия тадбире андешад. Магар вазифаи сафир химоят аз шахрвандони кишвараш нест?

Дигар ин ки сарварони иттиходияи мухочирони точик дар Русия хар шаб дар шабакаи аввали давлатй «хамду сано» мехонанд. Махсусан Абдулло Давлатови пизишк хар шаб тарики ТВТ баромад дорад. Ман намедонам ин чаноб дарак дорад, ки хар руз дар Русия чанд нафар точик кушта мешавад ва чанд тобут ба Душанбе интикол меёбад. Дар кишвари чангзадаи Афгонистон дар соли 2008 беш аз 200 сарбози НАТО, ки намояндаи 37 кишвари чахон аст кушта шудааст. Дар хамин сол дар Русия беш аз 600 шахрванди Точикистон чон додаанд, ки 264 нафари онхо кушташудагонанд. Оё ин шумора киёс намехохад. Оё ин дахшат нест. Русия кишвари осоишта аст ё дар холи чанг?

Русия ва русхо дар фахмиши мардуми точик аз хама миллати пешрафта ва дусти садокатманд шинохта шудаанд. Вале имрўз нажодпарастон дар зери химояи Путин пайи точиконро руфтанианд. Бо хун. Бубинед як амрикои кудаки русро фарзандхонд кабул карда буд. Вай вориди чойе мешаваду фарзандхондашро дар мошин мегузорад. Бармегардад, ки кудак мурдааст. Табибон муайян карданд, ки кудак ба сабаби гармии дохили мошин вафот кардааст. Медведев ва Думаи давлатии Русия ба по хестанд. Дар холе ки мухочирони мо барои рушди Русия сахм мегузоранд, сарашонро аз тан чудо мекунанд, на Медведев ва на Думаи давлатй аз вахшонияти насли навашон харфе намегуянд. Путин иштибох мекунад, ки нажодпарастонашон миллати русро, хуввияти миллиашонро хифозат мекунанд. Аз чунин амалкарди нажодпарастон, ки хуни мардуми гайрирусро мерезанд, интизор шудани худшиносони Русия хатои бузург аст.

Конунхои байнулмилал гуруххои муайянро дар терроризм айбдор мекунанд. Хар сол Вазорати умури хоричии Амрико ва Иттиходияи Аврупо, хатто худи хукумати Русия руихатти созмонхои дахшатафканро нашр менамояд. Магар ин созмонхои Русия, ки сари мухочиронро аз тан чудо мекунанд, мухочиронро ба дор мекашанд ва ё зинда ба зинда оташ мезананд, дар кул гарк мекунанд, ниходхои террористй нестанд? Чаро Хизб-ут-тахрир созмони вахшатафкан ном мегирад, аммо Созмони чангии миллатгароёни рус на? Ё созмони «Русияи сафед»? Ё иттиходи «Русская линия»? Ё «Русский собор»? Чаро касе ин созмонхоро руихат намекунад? Баракс Путин рахбари «Русский собор»-ро Дмитрий Рогозинро намояндаи кишвараш дар НАТО таъин кард.

Рахбарони Русия фикр намекунанд, ки ин созмонхо як руз ба худи онхо хатар эчод хоханд кард? Ё шояд онхо террористй нестанд, зеро исломй нестанд?

Лек мо хушбин хастем, ки Русия ин амалкардхои миллатгароёнашро хотима медихад ва гунахкоронро ба чавобгарй мекашад, то ки як чомеаи поки инсонй ва инсонпарвареро ба вучуд орад.

Advertisements

17 Responses

  1. Хохари мехрубон Харамгули Кодир. Аз навиштахои шумо дар матбуоти кишвар бисёр хурсандам, шумо аз хукуки мардум химоят мекунед ва дар хакикат монанди Хуршедаи Даврондухт хастед, яъне ки як хохари у.

    Пешниходи шумо бисёр чолиб аст. Чаро кучактарин созмонхои исломиро, ки сабаби катли хеч кас нашуда бошанд хам, дар руйихатти созмонхои дахшатафкан дохил мекунанд, аммо скихедхои русро не. Агар давлатхо олам боинсоф бошанд, бояд ин масъаларо бинанд.

    Аз хама асосиаш охир бояд хукумати Точикистон ё диаспорахо бояд ин корро кунанд номгуи созмонхои террористии русиро чоп карда, хамаро ба махкум кардани онхо даъват кунанд.

  2. Ба як фикри Рустам низ хамандешаам, ки русхо хамаро миллат хисоб мекунанд ва дар баробари худ мегузоранд илло точиконро. Сабаби асосй ин аст, ки хукумати Точикистон ва президенти он дар тамоми олам шармандаву шармсор хастанд ва барои хамин хеч кас моро одам хисоб намекунад.

  3. Дустони азиз!

    Мо дар хамин торнигор низ метавонем руихатти созмонхои террористии неофашистии русиро гирдоварй ва нашр кунем.

    Аз хукумати Точикистон интизор шудани чунин амал камоли беандешагист. Махсусан акнун баъд аз Нотаи Русия ба Точикистон барои чопи эътирозхо ба сарбурии точик дар Русия ин хукумат мисли сангпушт сарашро дарун хохад кашид.

  4. Дар урфият мегуянд: «Забони дузду гар дароз аст». Ахиран Русия нисбати якчанд нашрияхои хусусии Точикистон ба вазорати корхои хоричии кишвар эътирознома фиристодааст. Дар эътирозномааш рузномахои Точикистонро дар овардани маводи носахех доир ба мухочирони мехнати айбдор карда, хамчунин гуфтааст, ки ин рузномахо Русияро хамчун душмани мардуми точик муаррифи кардаанд. Дар холе, ки моро дар Русия сар мебуранду мо хомушем, сафорати Русия барои чопи маводи интикоди дар нашрияхои Точикистон садо баланд мекунад. Дар Русия мардуми точик кушта мешавад, вале боз барои кушта шудани точик аз чониби миллатпарастони рус худи точик чавоб медихад, на хукумати Русия……..

  5. Махинаи азиз,

    Комилан дуруст мегуед ва сабаб дар он аст, ки точику Точикистон барои онхо хеч кас ва хеч чиз аст.

    Агар дар рузи овардани тобути Салохиддин даххо хазор нафар ба майдонхо мерехт ва дар баробари бинои сафорати Русия истода, узру маънии онхоро талаб мекард, харгиз (!) сафорати русиях ин гуна моро ба боди масхара намегирифт.

    Агар ман президенти Точикистон мебудам, кайхо худамро меовехтам!

  6. Бояд икрор кард, ки мо миллат нестем. Холо агар чизе хам шавад бештар аз 30-40 нафар касе ба майдон намебарояд. Руху иродаи мардум шикастааст. Шиъори «Мо хастем!» ба мо рост намеояд, зеро мо нестем, мутаассифона…

    Бояд сарро печиду хоб рафт. Зери хок…

  7. Рости аз точик буданам шармам меояд. Кучо Рахмон метавонад ба Руссия эътироз баен кунад хангоме, ки ба нуги ханчархо ва танку тупхои Руссия ба хукумат омад. На дустон! ин чо Рахмон гунахкор нест. Гунахкор мардуми гусфандмаоби точик аст, ки як гусфандро ба худаш рахбар интихоб кардааст. зихи рахмон! офарин боз хам ин мардуми гусфанмаобро зин зада мисли хар савор шав. зихи! ГУМОНАМ ТО СОЛИ 2020 АЗ ХУКУМАТИ РАХМОНИ ХАЛОС НАМЕШАВЕД МАРДУМИ ТОЧИК. ХУДО ОКИБАТАТОНРО БА ХАЙР КУНАД.

  8. Офарин ба ин апаи дилсуз. Худо мегуям, сафи чунин бонувон бештар гарданд, то мардхо ибрат гиранд.
    То имруз аз точик будан ифтихор доштам, холо хам кушиш мекунам, ки ифтихоре аз точик буданам дошта бошам. Вале чи кунам, ки ин ифтихори дуругин поя надорад. Шаби гузашта дар ТВТ намоише аз муносибати 100-умин солгарди Бобочон Гафуров нишон доданд. Ин кадар сурудхои болохонадор, ин кадар даъвохои осмонбус, ин кадар таърифхои аз дар берун гуфтанду намоиш доданд, ки хам хандаам меомаду хам гиря мекардам.
    Дар бораи Гафуров гуфтанд, ким касеро мадх мекарданд, аз ифтихори милливу ватандори мегуфтанд. Зихед, ватандустони беватан!!!
    Аз чунин буданатон набуданатон бех аст!!!
    Чаро як маротиба намегуед, ки мо гуломем, дар хакикат шумо гуломед. Аввалан гуломи нафседу гуломи мансабу обруи набуда. Дуввумин он миллате, ки шумо бо он фахр доред, гуломи русхо аст. Аник аст, маоше, ки баъзеи шумо зиёиён мегиред, бо он маош акалан галстуки качак харида намешавад, шояд хамон галстуки гарданатон аз маблаги писари мардикоратон бошад, вале аз он намеандешед. Намехохед, пинакатон вайрон шаваду аз хуроки нисфирузиву кофе-брекхо ронандатон.
    Дар он намоиш Гафуровро мавлоно хам гуфтанду ачибтараш он аст, ки хочи кардан. То ин кадар таърифу тавсиф худ Гафуров шавед.Он вакт метавонам, хамчун як чавони точик пайрави шумо бошам. Буданатон ба хурсанди намеарзаду мурданатон ба гиря.

  9. Рашоди азиз,

    Инхо охирин тапишхое хастанд, бо максади фиреб додани мардум. Хамааш дуруг буд — соли ориёиён, Сомони, Рудакй ва дигару дигар…

    Мо бояд дарк кунем, ки дар чахони имруз хеч астем, хеч чизе нестем ва гуё вучуд хам надорем.

    Аз хамин чашн хабар доданд, ки президент Рахмон боз ба кишвархои доро мурочиат кардааст, дар давраи бухрон ба вай кумак кунанд. Ин кадар бузург ки бошем, чаро гадову мардикорем?

    Худо окибаташро ба хайр кунад.

  10. Khudo narkhi neftro 35 cent gardonad, omin

  11. Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Виктору Ющенко

    Эмомали Рахмон дилаш ба марги бистучанд укроини сухт, але ба марги 600 точик намесухтааст.

    Сафорати ТЧК дар Русия бародари Салохиддинро ба бино даромадан намегузошт, валесафири ИМА дар ТЧК ба хонаи Салохиддин рафт, то ба падару модари у тасаллият бигуяд. Сафорати Русия бошад, гуфт, зунуктона бгирен.

    Аз барои Худо, мардум, бигуед, ое Точикистон ва точикон дигар хакки кишвари мустакил ва миллат буданро доранд е на? Ман фикр мекунам, бехтар аст дигар ки ин кишвар чузве аз Киргизистон бошад.

  12. Хабар ёфтам, ки имрӯз дар шахри Техрон пойтахти Эрон мусобиқаи кафшпартои ба сӯи сурати раисчумхури Иёлоти Муттахидаи Амрико Ҷорҷ Буш баргузор мегардад. Мусобиқа пас аз намози ҷумъа дар дохили Донишгоҳи Теҳрон баргузор мешавад. Ҳадафи мусобиқа изҳори ҳамдилӣ бо хабарнигори ироқӣ, ки чанде кабл зимни нишасти матбуотии раисчумхури Амрико ва сарвазири Ироқ ба сӯи Ҷорч Буш кафшхои худро партофт, арзёби мешавад. Агар мо хам кафшхои худро дар пайрави ба инхабарнигори ироки на ба суйи сурати раисчумхури Русия Дмитрий Медведев партоем, кори хеле хуб мешавад.

  13. Узр барои галат,
    гуфтани будам, ки на ба суйи Чорч Буш, балки ба суйи акси рахбари Русия Дмитрий Медведев партоем, кори хуб мешавад.

  14. Ман шахсан кореро ки дар Эрон мешавад ва хамааш ташкилй хаст, дуруст намехисобам.

    Аммо агар мусобикаи попуш задан ба тасвири раисичумхури худамон барпо шавад, хатман ширкат меварзам.

  15. Mahina, on December 26th, 2008 at 6:20 am Said:
    Хабар ёфтам, ки имрӯз дар шахри Техрон пойтахти Эрон мусобиқаи кафшпартои ба сӯи сурати раисчумхури Иёлоти Муттахидаи Амрико Ҷорҷ Буш баргузор мегардад. Мусобиқа пас аз намози ҷумъа дар дохили Донишгоҳи Теҳрон баргузор мешавад. Ҳадафи мусобиқа изҳори ҳамдилӣ бо хабарнигори ироқӣ, ки чанде кабл зимни нишасти матбуотии раисчумхури Амрико ва сарвазири Ироқ ба сӯи Ҷорч Буш кафшхои худро партофт, арзёби мешавад. Агар мо хам кафшхои худро дар пайрави ба инхабарнигори ироки на ба суйи сурати раисчумхури Русия Дмитрий Медведев партоем, кори хеле хуб мешавад.
    ————————————————————–
    Дурусташ, кафшхоямонро (агар дошта бошем, яъне гайрату номусро) ба суи он касе, ки аз дасти вай ин кадар точикон ба Россия мераванд, яъне ба Э. Рахмонов, партоем. На ин ки дар пеши у думу боз… чунбонда ракс кунему мадху сано хонем!
    Хайр, ана миллатгароёни урус одам намешаванд ва точикону дигар сияхсархоро руз намедиханд дар Россия (чи агар дар Россия ба мо нарасанду моро накушанд, мо як умр ва аз насл ба насл рафта дар ватани онхо кор мекунем?) Лекин ин брезиденти Точикистон кай одам мешавад, ки мардуми ин сарзамин осуда ва ранги ИНСОН дар ватанашон кору зиндагй кунанд?
    Ана Эмомали ба Хучанд рафт, ба Кургантеппа, ба Кулобу Хоруг ва Рашту Точикободу Чиргатол рафт. Ин мардуми бадбахту бефаросат подшох омад гуфта ба пешвозаш баромаданд ва баъди хар сухани бемаънию сафсатаи вай чапак заданд. Шукр гуфтанд, ки мо истиклол дорем, давлати мустакилем, Рудакй дорем, имоми Аъзам дорем, фарханги ориёй дорем, оби тозаву боз чи чизхое! Хайр, озодию хукуки инсонй надорем, хеч гап не, дунё ку бе инхо ба охир намерасад. Зато Эмомали Рахмон дорем, президенти хушруй, просто Мисс планета!!!!!!
    Намешавад, ки умуман ба пешвозаш набароем? Суратхояшро дар хама чо канем? Дар интихоботхои дуругаш хам иштирок накунем. Дар хонахоямон шинем. Албатта, ин рохи халли масъала нест, вале акалан хамин кадар вокуниш кунем, намешавад?
    Мешавад, факат барои ин Инсон будан даркор. Ва Ватандор!

  16. Ман ба фикри бародарамон Рустам рози буда наметавонам. Попуш чи гунох дорад? Онро хайф накунед.

  17. ин аз як тараф курнамакии мардуми русро нишон медихад. зеро мардуми точик хаматарафа бо мехнати халоли худ доранд кишвари онхоро обод мекунанд, аммо бар кадри мехнати онхо бисёре аз онон намерасанд. Барахми бас будагист, ин токай давом хохад ёфт!!!!!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: