Мактуби точикон аз махбаси Русия

Бар ёрони хамАндеш аз махбаси Русия чунин нома расид, ки наметавон аз он катъи назар кард. Бародари хамхун ва хамватан менависад:

Ассалому алайкум бародари азиз. Ман Нажмиддини Ёрмухаммадзод зодаи нохияи Вахдат. Ман дар махбасхонаи шахри Екатеринбург махбус хастам.  Дар инчо кариб 300(!) нафар хамватанони мо шиштаанд. Нисф зиёдашон хукмашонро гирифтаанд (аз 8 то 15 соли). Хамаи инхо фикр доранд, ки баъди хукм гирифтан харакат мекунанд то ба ватан равон кунандшон то, ки вакти хабсшудаи (срок наказания) худро дар ончо шинанд. Лекин ин корхо вакте карда мешад, ки байни давлатхо шартнома бошад.Савол: – Оё хамин хел шартнома байни давлати мо ва…

Дар хамин чо номаи у катъ шудааст, маълум нест ба кадом сабаб. Аммо фахмост, ки пурсидан мехохад оё созишномаи миёни Русия ва Точикистон дар бораи ба кишвари хамдигар супурдани афроди махкумшуда ба хабс мавчуд аст ё на.

Хуб аст, агар бародароне ки дар ин бора маълумоти дакик доранд, ба мадади хамватани мо расанд ва ин иттилоъро дар миён бигзоранд. Аммо ковишхои банда дар интернет нишон дод, ки агарчи байни Русия бо бисёр кишвархои чахон аз Ангола гирифта, то Узбакистон чунин шартномахо хастанд, созишеро бо Точикистон дар ин бора пайдо карда натавонистем. Ба назар мерасад, ин чо хам хукумати Точикистон шахрвандони худро ба панохи худо супурдааст.

Вале як санади дигар мавчуд аст. “Ковенсюни тахвили махкумшудагон барои ичрои минбаъдаи чазо” 6 марти соли 1998 аз тарафи кишвархои Иттиходи давлатхои мушатаркулманофеъ, аз чумла Точикистон имзо шудааст, ки шахрвандони махкумшуда метавонанд аз чониби кишвари содиркунандаи хукм ба кишваре супурда шаванд, ки шахс ба таври доимй он чо зиндагй мекунад. Барои ин бояд кишвари ватани доимй аз кишвари содиркунандаи хукм дархост кунад. Хамчунин кишвари содиркунандаи хукм низ метавонад, чунин пешниходро ба кишваре кунад, ки афроди махкумшуда шахрванди онанд.

Умедворам, ёрони дигар машварати худро дарег намедоранд, вале аз чониби худ мегуям, ки шояд махбасхои Русия аз махбасхои Точикистон бехтар бошанд. Хам аз лихози тозагиву таъмин бо гизо ва хам аз лихози он ки созмонхои байнулмилалии хифзи хукуки инсон метавонанд, аз ахволи махбусон дар ин чо хабар гиранд. Махбасхои Точикистон ба чунин тафтишхо рох намедиханд ва касе намедонад, ки вазъи махбусон дар он чи чй гуна аст. Ду сол пеш махбусони зиндони Кургонтеппа ва пештар махбусони Хучанд ошуб бардошта буданд, ки ба онхо гизои хуб намедиханд, хидмати тиббй намерасонанд ва гузашта аз ин махбусонро шиканча медиханд ва ба номуси онхо тачовуз мекунанд. Макомоти Точикистон аввали сол икрор карданд: ки дар соли 2007 дар махбасхои кишвар 87 нафар аз беморихои СПИД ва сил мурдаанд.

Дар айни замон махбасхои Точикистон бартарихо низ доранд, ки наздик будани хешу табор имкон медихад, ба махбусон гизои бехтаре расонда шавад ва аз ахволи онхо хабар гирифта шавад. Сониян, хар сол камаш ду бор ба муносибати иди истиклолият ва рузи сулху вахдат афвхо мешавад ва онхое, ки чазои сабуктар доранд, метавонанд, пеш аз мухлат ба озодй бароянд.

Ба сурати умум дар махбасхои Русия, ба гуфтаи вазири умури дохилии ин кишвар Рашид Нургалиев то аввали соли равон 8 200 шахрванди Точикистон ба сар мебурд. Дар бораи ба махбасхои Точикистон интикол дода шудани афроди махкумшуда хабаре ба нашр нарасидааст.

6 Responses

  1. Салом бародари азиз. Бале дар махбасхои руссия зиеда аз 10000 табаъаи точики ба сар мебаранд. миени точикистон ва руссия карордоде хам барои додугирифти махбусон ва низ чинояткорон вучуд дорад. вале ин кор хеле ба сахти анчом меебад. хам аз чониби руссия ва низ точикистон садхои бисере пеши ин корро гирифтаанд. агар дархост (запрос) хам аз чониби точикистон шавад чониби руссия метавонад чавоб нагардонад. ва хамон дархостро аз макомоти прокуратураи точикистон низ гирифтанаш амри махол аст. банда дар ин кор тачриба хам дорам. агар бародарон имкони занг задан дошта бошанд метавонанд ба шумораи ман занг зананд. метавонам маслихат дихам. 89264309156

  2. БО пеш омадани чунин зарурат худи ман ба хамин кор холо машгулам. Яъне оё имкон дорад, ки як хамватани махбаси худро ба Ватан интикол дихем. Дарвокеъ, чунин шартнома вучуд дорад ва он дар амалия низ дида мешавад. Танхо ин вобаста аз ба намуди чазо. Барои мисол, агар як нафар нашъачаллоб бо микдори аз 1 кг зиед маводи мухаддар ба даст афтад, кораш мушкил аст. Умуман, ба иттилоъи дакике, ки банда дорам, чандест, ки хамин муносибот бо сабабхои гуногун мутаваккиф шудааанд. Аммо ба гуфти масъулин, баъди соли нав имкон дорад, ки чунин икдомхоро аз сар гирифт. Вале таъкид мекунам, ки тибки тачриба, чараени хамин интикол на кам аз 1 сол давом мекардааст.

  3. Сипос аз дустони азиз барои шарху тафсир.

    Як мох пеш як шахрванди Точикистон аз махбаси Тошканд ба Хучанд интикол дода шуд. Аммо агар дар Тошканд мемонд, бо сабаби афве ки ба муносибати истиклолияти Узбакистон эълон шуд, холо ба озодй мебаромад. Акнун дар ватан, аммо боз севу ним сол дар зиндон мемонад.

    Дустон, шумо нагуфтед, ки кадом бехтар аст — интикол ёфтан ба махбасхои Точикистон ё бокй мондан дар махбасхои Русия. Харчанд албатта бегуфтугу аз харду дида озод будан бехтар аст.

    Вале шояд шароитхо фарк кунад.

  4. Мушкилоти асосии дар Русия будани махбусин аз он иборат аст, ки ончо дар зимистон хаво хело хунук аст. Аз чониби дигар, шояд дар сармо махбасхояш аз мо хубтар бошанд. Зеро мо дар маркази шахрамон баъзан мушкилоти гарми дорем. Аз ин ру, инчо хулосакардан мушкил аст. Зеро тавре ишора шуд, ягона ва мухимтарин бартарияти интикол ёфтани махбусин ин аст, ки бо ахли оила наздик мешаванд.

  5. бале бародари азиз албатта ватан хубтару авлотар аст. хатто махбасаш. фаркияти махбаси руссия аз точикистон дар ин аст ки махбусон метавонанд бо хешу таборхои худ дидор кунанд. баъд хар соле ду се бор амнистия шуданаш мумкин. гумонам точикистон бехтар аст зеро ки на хама шароити омадан ба руссия барои расидан ба дидори наздикони худро доранд. барои як махбус аз хама мухим ба эхсосот дода нашудан лозим. яъне дар шароите ки шахс чанд сол аз хонаву ватан ва еру дустон чудо мемонад гумон мекунад ки ба касе даркор нест ва ба хама кор кодир мешавад. аммо дар ватан имкони вохури ва дастгирии наздикон хаст. барои як махбус ин фактори мухим аст.

  6. Бародарони азиз, созмонеро медонед, ки тавонад, ба ин хамватанони мо дар Екатеринбург ёрдам кунад, ки ба махбасхои Точикистон интикол дода шаванд?

    Масалан, хешу наздикони онхо бояд барои ин ба кй мурочиат кунанд?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: