Ҳақиқати ғолибон дигар аст

Ҳамаи нашрияҳо, ҳатто ҳафтаномаҳои нисбатан хуби “Осиё-Плас” ва “Нигоҳ” бешармона ва бесаводона ба таҳрифи таърих машғуланд. Онҳо гузаштаро рангубор ва сайқал медиҳанд, гӯё намедонанд, ки ягона хосияти бетағйири ҳақиқат ин аст, ки дер ё зуд ошкор мегардад ва ҷои худро мегирад. 

Соли 1992 дар ин рӯзҳо ҳукумати нави Тоҷикистон бо ҷангҳои шадид вориди Душанбе шуд ва тартибу низомро барқарор кард. Ҳеч гуна ҷанге нашудааст. Ин ҳарфи комилан дурӯғ аст. Нерӯҳои мухолифон маҳз ба хотири он ки дар Душанбе ҷанг нашавад ва пойтахти тоҷикон ба харобазор табдил наёбад, кайҳо шаҳрро тарк карда буданд. Пеш аз хуруҷ онҳо бо фармондеҳони тарафи муқобил, ки аз Регар меомаданд, мулоқот доштанд ва танҳо як дархост карданд, ки неруҳои бегона — Узбакистон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи узбактабор ба шаҳр ворид нашаванд. Ин тарҳ аз тарафи фармондеҳони ҳамаи 16 ситоди мухолифон дар ҳамоише дар Мактаби милиса ба тасвиб расида буд. Журналисти телевизюни тоҷик Артур Ҳасанов шоҳиди ин ҳодиса будааст.

Дуруст аст, ки рӯзи 10 декабри соли 1992 чархболҳои ҷангии Русия чандин бор хостанд, дар минтақаи ДОК вазъро муташанниҷ кунанд, аммо ҳадафе барои тиру мушакандозӣ наёфтанд. Дуруст аст, ки шоми он руз дар назди бинои Вазорати умури дохилӣ тирандозие ба амал омад ва ягон 15 дақиқа идома кард, аммо ин бештар як “разборка”-и байнихудии одамони Ёқуб Салим ва фармондеҳони дигари ҳукумати нав буд, на ҷанг бо мухолифин.

Яке менависад, ки маҷбур будааст, танҳо дар тонк аз ҷо ба ҷое равад, зеро маҳаллаҳои шаҳр пур аз мусаллаҳони оппозисюн буд. Бахши аввали ин нукта дуруст аст (у страха большие глаза), аммо бахши дувум комилан дурӯғ!

Нашрияҳои дурӯғпарокан дар ҷое аз пашшаҳои ҳамшаҳри худ фил месозанд ва филҳои маҳалли дигарро ба пашша табдил медиҳанд. Агар як сари мӯ виждон медоштанд, менавиштанд, ки ҳукумати нав дар сари тонкҳои кӣ ба Душанбе даромад ва ин чӣ тартибу низоме буд, ки он барқарор кард ва ҳафтаҳо кӯчаҳои шаҳр пур аз мурда буд. Дар камоли бефаросотӣ яке аз нашрияҳо менависад, гӯё Сангак Сафаров дар айни баҳс ба руи Отахон Латифӣ як шаппотӣ задааст. О мебахшед, қадди Латифӣ ду баробари қадди Сангак буд, магар Сангак ҷаҳида ба Латифӣ шаппотӣ зад? Он гоҳ чаро наменависед, ки Сафар Абдулло дар ақиби Сангак бо лагад зада буд? На Сангак зиндааст ва на Латифӣ, ки ҳақиқат ошкор гардад, аммо ҳангоми вуруди ҳукумати нав чӣ гуна мумкин буд, ки ин ду нафар бо ҳам будаанд? Дар куҷо? Дар пойгоҳи нерӯҳои ҳарбии Узбакистон дар Термез? Гумон аст, Латифӣ он ҷо буда бошад, вагарна чизе дар ин бора менавишт.

Агар ҳукумати нав бо ҷанг Душанберо ишғол карда бошад, чаро аз фармондеҳони тарафи муқобил суоле нашуда, ки чӣ тавр онҳо дар ин ҷанг шикаст хӯрданд?

Шакке нест, ин муаллифон вақте музахрафоти худро менависанд, як лаҳза ҳам фаромуш намекунанд, ки бояд дар ин навиштаҳо чизе набошад, ки ба мазоқи шахси якуми кишвар, афроди муайян, ҷамъан бигуем — ғолибони ҷанги шаҳрвандй сахт расад. Дар бораи мағлубони ин ҷанг чизе хоҳед гуфта метавонед. Аммо ҳақиқатро замоне навишта метавонед, ки аз касе натарсед ва аз ҳама гуна эҳсосоту мавзеъгирии хусусӣ даст кашед. Бо таърих бояд покбоз буд, вагарна беҳтар аст, ки дам ба дарун биншинед ва чизе нанависед. Ин бузургтарин хидмати шумо ба ватану миллат хоҳад буд.

5 Responses

  1. Дар хакикат рузномахои кишвар махсусан дар муносибат ба фаткхои давраи чанги шахрвандии Точикистон хеле яктараф рафтор мекунанд. Онхо ба шакле менависанд, ки гуё хес каси дигар шохиди ин вокеахо набудааст. Аз хондани баъзеи онхо хун ба сарам мезанад, аммо чора нест, касеро ки калам ба дасташ афтод, чизе ки хохад, менависад.

    Ин нашрияхо барои пешрафти миллат ягон коре намекунанд, бар замми ин то кучое ки метавонанд, игвоангезй ва дуругнависй мекунанд.

    Танхо як рох аст. Бояд точикони бохайсият аз харидани ин нашрияхо, тамоми нашрияхои бевичдон даст кашанд, онхоро байкот кунанд. Чаро мо бояд пул сарф карда, чизхоеро бихарем, ки бар зарари миллати моянд? Бояд онхоро нахарем, бигзор банкрот шуда мурад раванд. Аз будана набуданашон хазор бор бехтар аст.

    Орзу дорам, ки маъракаи умумимиллии байкоти нашрияхои Душанбе сар шавад!!!

  2. “Дар камоли бефаросотӣ яке аз нашрияҳо менависад, гӯё Сангак Сафаров дар айни баҳс ба руи Отахон Латифӣ як шаппотӣ задааст.”

    Ха ха ха…… Ба ғайр аз ханда боз ҳисси таассуф нисбат ба чунин муаллиф дорам.

  3. Окибат Худо Сангакашонро хамин тур зад, ки болои мурдааш хамон калабурони хукумати “конституциони”-ашон кариб як хафта шошу ахлот карда намонданд, ки часади хайвонро ба хок супоранд. Баъди як хафта бо дастури рахбари давлати бондитиашон бозмондахои начосатро ба Кулоб бурда чое гур карданд.

  4. Дуруд бар Самандари азиз.

    Устод Айнй гуфта буд, миллате ки рузнома надорад монанди халки гунгу безабон аст. Мо имруз даххо нашрия дорем, вале оё миллати гуё ва бозабон хастем?

    Ман 100% аз пешниходи шумо пуштибонй мекунам. Набояд пули худро ба ин харзаномахо сарф кард. Бигзор хеч кас онхоро харидорй накунад, варшикаста шаванд, ба мушкили молй гирифтор шаванд, шояд он гох фикр кунанд, ки чаро чунин шуд ва чи бояд кард.

    Ягон кас бояд онхоро нахарад, то замоне нафахманд, ки рисолати Забони як миллат будан чи чиз аст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: