Пойпуш — силохи журналист?

muzaАксари журналистони точик (9 нафар аз 10) дар гуфтугу бо нашрияи “Миллат” талоши бо пойпуш задани раисичумхури Амрико Бушро аз тарафи хабарнигори телвизюни “Ал-Багдодия” мусбат арзишёбй кардаанд. Бархе онро посух барои дарду андухи миллати Ирок, бархи дигар як кахрамонй ва озодманишй, мухимтарин ходисаи сол ва гайра унвон додаанд. Он 1 нафари бокимонда хам акидаи сирф манфй надошта, танхо аз катли номардонаи Ахмадшохи Масъуд ёд овардааст, ки низ аз тарафи арабхо ва зери никоби журналист ба амал омада буд.

Бар пояи ин сухбатхо оё метавон гуфт, 90% ё хатто бештари журналистони точик ба хамин фикранд ва дарду алами мардуми Ирок, хашму газаби адолатхохй ва мардумпарварй дар синаашон чуш мезанад? Хамин гуна озодманиш ва часуранд? Пас чаро попуши худро ба сари президенти худ намезананд? Дуруст аст, ки ин раисичумхур ба Ирок хамла накардааст ва миллати бегонаро ба бадбахтй гирифтор насохтааст, балки миллати худро? Аммо агар ин журналистон ин кадар аз дунё бохабаранд, магар аз вазъи миллати худ хабаре надоранд? Шояд раисичумхурашон аз ин рухияи онхо огох аст, ки харгиз дар шахри худ ва барои журналистони точик пресс-конференсия доир намекунад. Медонад, ки кадоме аз онхо уро бо попуш хохад зад ва на бо кафши мудерн, балки музаи кирзовой.

Аммо агар чунинанд, ки часорат ва эътирозро, бигзор дар чунин шакли гайримаданй ва ногувору хусуматангез, ин кадар дуст медоранд, ки ба важд омадаанд ва токихои кухнаи худро ба осмон хаво медиханд, чаро хамкасби дигарашон, фаразан касе монанди Додочони Атовуллох ба тарафи президенташон на пойпуш, балки сухан хавола кунад, бо хамон шуру шааф ба у дармеафтанд ва хар хафта сияхномахое дар хакки у менависанд? Ин дуруягист ё Бушро дур дидан?

Латифае ба ёд мерасад, ки амрикой мегуяд, вай метавонад ба маркази шахр барояд ва дар хакки президент хитоб кунад: “Буш — истеъфо!” Точик ба пурсиши у, ки шумо хам агар демoкратия доред, метавонед, ин гуна бикунед, мегуяд чаро на, вай хам метавонад ба маркази шахр барояд ва хитоб кунад: “Буш — истеъфо!”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: