Чаро сари моро буриданд?

3Русҳо мақоли машҳури худро иваз мекунанд. Пештар мегуфтанд, «худиро бизан, то бегона битарсад», акнун мегӯянд, «сари тоҷикро бибур, то бегонагон битарсанд!» Онҳо фаҳмиданд, ки тоҷикон бепаноҳтарин ва бесоҳибтарин махлуқҳои ҷаҳонанд. Ва мешавад, аз онҳо истифода кард, то ҳувияти миллии худро нишон дод ва ба «майдамиллатҳо»-и дигар паём фиристод.

Иттифоқан, онҳо ин сабкро аз ҳукумати Тоҷикистони кунунй омухтанд. Ин ҳукумат мардуми худро маҷбур кард, ки ба ҳама гуна зулму истибдод нисбаташ бардавор одат кунад ва бо сари хам ҳама гуна таҳқиру тавҳинро бипазирад. Ин ҳукумат рӯҳи мардумро шикаст ва халқро ба беномусй одат дод. Бенангй як миллатро аз боло то поён фаро гирифтааст. Тамоми расму ойин ва хосияти миллии тоҷикон дар натиҷаи барномаҳои махсуси ин ҳукумат аз мағз ва дили тоҷикон шуста шуд.

Гумон макунед, ки ҳадаф аз ҳамла ба манзили Сӯҳроб Лангариев як тасодуф буд. Чунин «наркобаронҳо» дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон ҳастанд. Вале насаби Лангариев муҳим буд. Фикр накунед, фишор ба тазоҳуркунандагони Бадахшон танҳо барои хомӯш кардани эътироз буд ё ҳамлаи аблаҳона ба Рашт барои пешгирӣ аз афзоиши ҷинояткорӣ. Мақсад як чиз буд — несту нобуд кардани ҳама гуна рӯҳияи истиқлолият ё ҷасорату матонат. Натиҷа — сарбурии муҳоҷири тоҷик дар Маскав.

Ҳоло шумо худ қазоват кунед, ки ҳукумати Тоҷикистон миллист ё зиддимиллӣ. Агар мехоҳед раъй бидиҳед (узр, ки ҳуруфи кириллӣ пазируфта нашуд):

 

Advertisements

3 Responses

  1. Hukumat gairimillist vale shabohat ba silohdoron dar in mavrid be asos ast.

  2. Дустам Бахтиёр,

    Манзур ин аст, ки хукумати мо намехохад мардуми кишвар рухияи озод ва хакталош дошта бошанд. Хама гуна аломати чунин сарбаландиро аз реша месузонад. Дар натича мо дар кучое ки бошем, хамин хел бо табиати гуломй хама беэхтиромй ва хукуквайрокуниро дар нисбати худ бо сари хам кабул мекунем.

  3. вакте сари точикро мебурранд намепурсанд,ки бадахшист ё гарми… намепурсанд ки суннист ё шиъа, ханафист ё исмоили, салафист ё вахоби?
    пас чаро ту дар точикистони азизат точиконро ба махаллхову мазхабхо кисмат карда мегарди? Точикистон барои хама чи гармиву чи бадахшиву чи кулобиву хучанди ТОчикистони Азиз аст пас чаро сиёсати махалгароиро мазхабгароиро лачом намезанм Эй ТОЧИК?
    Точикистон хама дунёи мани
    Ошёни дили шайдои мани …..
    мехонад Шухрат…

    Магар мо набудем ки чанд сол пеш сари якдигарро мебуридем (Ризвони файзободи дар афгонистон сари Нафасбеки бадахширо бурид ) Магар харду точик набуданд? оё фаромуш кардем ки дар чанги махалгароии точики вахшоният мо аз фашизм дар руссия дахшатноктар буд. Пас биёед худро бишиносем худро ислох кунем муттахид шавем худро аз худи хифз кунем он гох метавонем худро аз бегонагон хифз кунем. Вале хайхот мо хонашерони майдонгарибем. ( чанд со пеш дар хидмати харби дар Регар хамхизматон ангуштони хамхидмати точики худро барои аз кухистон буданаш дар мизи хурокхури мехкуб карда бечора ду шабу руз дар хамон холат монда буд) Мо аз русхои фпшистмаоб чи ками дорем????

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: