Goodbye Tajikistan — Падруд Тоҷикистон

untitledМеҳмоне бо номи Carrie пас аз як муддати зиндагй дар Тоҷикистон хотираҳои худро дар як торнигор бо номи Still frames of my life in Tajikistan сабт кард, аксҳои зиёд ва як навори видео дар интернет гузошт ва имрӯз номаи хайрбод бинавишт.

Хуб, пас аз 10 ҳафтаи заминфарсоӣ дар ин ҷо ман омодагй мегирам, Тоҷикистонро тарк кунам. Ин як давраи аҷиб ва мӯъҷизаосо, як таҷрибае буд, ки ман онро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард. Тоҷикистон ҷое нест, ки таваҷҷӯҳи шуморо ба худ кашад ва ҳатто базӯр чашмандози аввал (ё дувум)-и шуморо нигоҳ медорад, аммо оқибат роҳи хешро ба дили шумо пайдо мекунад.

Ин кишвар ҳар зарраи тоқати маро озмоиш карда, маҷбурам месохт, коғазбозии бемавқеъи онро лаънат кунам, то аз по афтодан гушнаам медошт ва баъд бо ғизои серравғану сахт бирёншуда ва кулчаву ҳалвои серқандаш фарбеҳам мегардонд, бо баҳонаи пули барқ маро ғорат мекард ва сипас шабҳои сиёҳу торик ва рӯзҳои дарозу сард маро ба ях кардан мерасонд, гирди ман бо фиребу серзабонй ҳисор меафрохт, гоҳе маро он гуна дилгир мекард, ки фиғон мекашидам, якшанбе зудтар тамом шавад, гоҳе аз пиёда хона рафтан зонуҳоям мешикаст, маҷбурам мекард, оби ҷави бисёр бади русй ё Нескафеи пуршакар (ин қаҳва нест!) бинушам, пуламро ба майе бисӯзонам, ки майи солхӯрдаро ба ёд намеорад, асабонй шавам аз ахху туфи мардум дар кӯчаҳо ва телефонҳои ҳамеша зангзанандаи дастй, ба марзи девонагй расам аз ожирҳои баланди мошинҳо, ронандаҳои беақл ва токсиҳои зиққи пуродам.

Аммо Тоҷикистон метавонад шуморо ба ҳайрат оварад. Ман одоби ба пиёла чой рехтану дароз карданро, ки ҳама мисли як маросим ба ҷо меоранд, пазмон хоҳам шуд. Ман бозорҳои рангорангро ёд хоҳам кард, ки дар раҳрафҳои тангаш занони пир метавонанд, шумор дакка диҳанд. Ман зиндагиро дар кишваре, ки таърих на ба 100-солаҳо, балки ба 1000-солаҳо ченак мешавад, пазмон хоҳам шуд. Ман дарвоқеъ ба он пазмон хоҳам шуд, ки ҳама чӣ ҳамчун чизи «миллӣ» пешкаш мешавад (ин чойнику пиёлаи миллии мост, хӯроки миллӣ,  шӯрбои миллӣ, кӯрпаи миллй, либоси миллӣ, меваи миллӣ, фатири миллӣ, кулоҳи миллӣ…) Фаромӯш нахоҳам кард, ки аксари мардум дар ин ҷо камаш ба се забон ҳарф мезананд ва ман натавонистам, дар давраи ин ҷо будан якеашро ҳам биомӯзам. Ҳарчанд хӯрдан як азоби ҳамешагӣ буд, ба фикрам, ман ҳамаи он ғизоро ки рӯғани думба дошт, пазмон хоҳам шуд.

Тоҷикистон дақиқан мураккабтарин ҷое буд, ки ман сафар кардаам. Ин қадар чизе барои омӯхтан ва кашф кардан ҳаст, ки умедворам, хондану омӯхтани онҳоро пас аз бозгашт ба хонаам ҳам идома хоҳам дод.

Сипосгузорам аз ҳама онҳое, ки дар давоми ин коромӯзӣ ба ман кӯмак карданд. Ташаккур аз он ки иҷоза медиҳед, бархе аз таҷриба ва қиссаҳоро бо дигарон қисмат кунам – умедворам бархе аз шуморо илҳом додам, ки омӯзиши ин минтақаро идома диҳед.

Поёни гуфтугӯ.

Advertisements

7 Responses

  1. Рустами гиромй.

    Сипос аз баргардони ин матлаби чолибу омузанда. Аммо зохиран мехмон аз як чизи дигар хам дар Точикистон безор шуда будааст:

    irritated me with spitting in the streets

    Яъне туфу хайуи фаровоне, ки нисори куча-хиёбонхоямон мекунем.

  2. Сахифаи Carrie-ро мутолиа намудам. Чолиб аст.

    Дар Гуломистон гуломон дар хама чо туф мекунанд, хатто ба Ватанашону сарнавишти худашон хам туф кардаанд!

  3. Дориюши гаронмоя.

    Сипос аз ишораи хеле мухими Шумо. Аз нигохам афтодааст. Ислох шуд. Дакиктараш — холо дигар манзара такмил шуд.

    Зинда бошед.

  4. Ман аз хамат хайронам, як амрикои аз таги дор гурехтагие ки барояш дар хонааш кор ёфт нашуд, барои адреналин ва ду се тангаи сиёх ба Хучанд рафтааст. Акнун ин шахс дар дафтарчаи хотироти кадом фикрхои пучашро навишта ба маърази хамагон дар интернет партофтааст. Гуштхурии мо нафорид ин сарсахта, панири зарури харида натавонистааст барои авкоти «милли» амрикои «лазания» – холо ки ин хуроки итолиёи, хатто гушти киммашуда мушкил будасту илова бар ин хама носкаш. Хайр чи? То солои охира хамаи бозигарони бейсболи амрико нос мекашиданду руирост ба замин туфуш мекарданд, хангоми пахши телевизионии бозихо миллионхо инро медиданд, баъд манъаш карданд. Аммо дар аёлатхои чануби ин одати умдааст.
    Ман худам носкаш, аз носкашим хеч шарм намекунам, зато голубой не!

  5. Аммо ба назари ман вазъи Точикистонро хеле хубу кутох тасвир кардааст ва хам муносибати хоричиёнро ба кишвари мо.

    Хуроки серравган барои инсон бисёр бад аст ва инро хануз бобокалони мо Ибни Сино гуфтааст.

    Носкашй ягон чои ифтихор надорад ва рохи мустакимест ба суи саратон, яъне рак. Агар имкон буд, бояд пеши рохи ин одати бадро баст.

  6. Конкурс для блоггеров от DRUGREVENUE с призовым фондом в 3000 долларов, спешите

  7. Мулкхое дидаам ман,
    Дар сафархои дуруза.
    Он хама монанди музей,
    Точикистон хамчу муза.
    Музаи пои хукумат депутат!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: