Равонаш шод, Салохиддини Сарбурида

dushanbeМахина, бонуи ватандусти точик интизор дошт, ки на камтар аз 50 нафар ба фурудгохи Душанбе меоянд ва тобути хамватани нокоми моро пешвоз мегиранд ва хузури худ дар фурудгох хамдардияшонро ба ахли хонаводаи Салохиддин Азизов ва дар ин зимн ба хазорон хонаводаи точик, ки дар солхо фарзанд, падар, бародар, хамсари худро дар пайи нони сахти мухочирй аз даст додаанд баён медоранд.

Аммо шумораи хеле ками чавонон ба майдон омаданд. Сарбаланд бошанд ин фарзандони механ, комёб бошанд ва фархунда бошанд. Чаро дигар касе наомад? Хамон шиори “туро газад, маро чй гам”, хамон чудой, хамон беномусй ва хамон кохилй.

Агар як вазири хукумат ё як сарвари хизб мегуфт, ки ба ин чо меояд, шояд сафи пешвозгирандагон фаротар мебуд. Аз ин ба баъд чй гуна мешавад ба шиорхои рахмонй бовар кард? Ё ба иддаъои сарони хизбхои сиёсй, ки гуё дар гами мардуманд? Ё ба шеърхои пурсузи шоирон, ки аз “точик-точик” гуфтан туфашон ба хаво мепарад?!

Сипос аз радиои “Озодй” ва хабаргузории “Осиё-Плас”, ки ба таври фаврй ва комил рохи тобути мухочири сарбуридаи точикро аз Маскав то Душанбе рушану чарогон карданд. Дигарон дар хоби ноз буданд…

Вале бигзор 7-8 нафар омад. Ин миллатро хамеша хамин 7-8 нафар аз марг начот додаанд. Ва оянда бо хаминхост, зеро дил, виждон ва номус доранд. Худо кунад, захри даврони гуломтинатй харгиз ба онхо асар нагузорад. Омин. Равонат шод, Салохиддин, равонат шод баччаохои хунинкафани бепадар ва бемодари миллати бепадар ва бемодар…

7 Responses

  1. Man dar mavodi qablii in sayt vobasta ba qatli Salohiddin Azizov nazarhoi mukhtalifi hamandeshonro khondam,ki onho va’dai ba furudgoh raftanro kardand, ammo va’daashono ijro nakrdand, ya’ne sado baland kardandu amal nakardand. Az in jo barmeoyad, ki onho ba guftahoi khudashon ehtirom nameguzorand.

  2. Дуруд бар ҳамАндешон
    Мо дишаб тобути Салоҳиддинро гусел кардем. Дареғо ки кам будем. 15 кас. Аммо аз ҳама кунҷу канораи Тоҷикистон: аз Суғду Ҳисору Хатлону Рашту Бадахшон. Нангу номус ҳануз доштаем. Намурдаем ҳануз. Хас набудаем. Кас будаем. Умед ҳаст ки ин 15 КАС садҳову ҳазорону миллионҳо хоҳад шуд.
    Худо биёмурзад Салоҳиддинро. Худо биёмурзад ҳама рафтагону куштагонро. Худо нигаҳ дорад зиндагонро. Омин!

  3. Bo in amali noamali javovoni halki tojik hairon memonam. Shumo nabuded, ki shart budani jamomad ba furudohro talab mekarded? Az ki tarsided? Az on Rahmoni besavodi padarnalat? E tuf ba shumo onone, ki losim ast gufta az yak haivoni noshahs tarsidaed. Chiro metarsed? Vakte, ki barodaron va hohoroni mo dar azobi sag zindagi karda istodaand vakti haeti halki tojik badtar az haeti sag ast az dasti on sagbachai Rahmon. To kaia shumo panoh meshaved? Agar tarsed injo davatham nakuned mard boshed mardona kor kuned.

  4. Dar panohi Parvardigor bosh barodar.

  5. Чавониамро бо гузашти рузхо аз даст медихам, мемирам, вале ин аламро бо худ ба гур мебарам. Ман нотавонам, ман яке аз он чавонхои тарсуи точикам, аз онхоеам, ки хаммоланду садо баланд карда наметавонам. Дар катори мазлумтарин чавонхои сайёраам.
    Дар ин субхи шум, субхе. ки чашми диданашро надорам, дар фурудгох будам. Ин субх исботам намуд, шубхаамро даршикаст, ки нотавону хакирам. Худамро бахшида наметавонам, ки барои сари буридаи як чавони хамсиннам, як чавони точикистони садои эътироз баланд карда натавонистам.
    Аз касе, аз нафаре омурзиш пурсидани нестам, вале як умр дар назди чавноиам шармандаам, ки ба чуз дар чашмонам ашкро чамъ кардан, дар фурудгох дар назди часади Салохиддин гайрате аз худ нишон дода натавонистам. То имруз кушиш кардам, хамовозе пайдо карда натавонистам, хатто нафароне, ки дар ибтидо дахон пур карда, хамандеш буданд бо мо, аз хамрохи даст кашиданд.
    Мемираму ин аламро ба гур мебарам. Вой бар холи мо, вой бар холи мо.

  6. Adbuazim, ruhaftoda nashaved,
    man bo shumoyam! Umedvoram,ki agar digar javonon yak zarra hissi millatdusti doshta boshand, ba mo mepayvandand

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: