Хабари аввалиндарача дар Гуломистон

Дар бораи куштори мудхиши шахрванди Точикистон дар Маскав «Сидней Таймс»-и Австралия хам навишту «Ню Йорк Таймс»-и Амрико ва хам «Ле Монд»-и Фаронса. Милёнхо нафар дар кишвархои мухталиф хабари катли як чавони 20-солаи бегунох Салохиддин Азизовро хатман бо таассуф хонданд. Аммо дар Точикистон мардум танхо аз «Осиё-Плас» ва радиои «Озодй» аз ин хабар огох шуданд. Дар рузе ки тобути Салохиддинро дар фурудгохи Душанбе гурухи хурди ватандустон пешвоз мегирифт, мавзуъи асосии хабаргузории миллии Точикистон «Ховар» ин буд:

untitled-1

Пас кормандони «Ховар» аз Маскав хам хабар дода метавонанд, аммо факат дар бораи махбубони дили худ, онхоеро ки дуст медоранд, мепарастанд ва тайёранд хоки пояшонро билесанд. Ин хабарнигорон ва хамчунин телевизионхои давлатй, нашрияхои давлатй фаромуш кардаанд, ки аз пули халк, аз андози пардохтаи мардум нон мехуранд, аммо на бо дарду гами мардуманд ва на дар хидмати точику Точикистон. Онхо дар хидмати Сикалохову Галустянхои дустдоштаи худанд. Горат шудани як шарлатани номдор, ки тамоми миллати точикро ба як муи баданаш намегирад, барои «Ховар» хабари шумораи аввал аст, аммо вахшиёна ва бо тавхини миллй кушта шудани як точик ва  боз хам дар хамон Маскав барои «Ховар» хабар нест. Табрик бодо ба хабаргузории миллии Точикистон! Пас аз бегонагон чй гила?

Ва табрик бод ба рахбари Точикистон барои чунин тарбияташ, ки кишварро ба Гуломистони равонй табдил додааст. Ва ба хукумати Точикистон, ки мебоист, Рузи мотами миллй эълон мекард, вале баракс ба тачлили Йолкаи солинавии меросмондаи русхо машгул аст. Агар Дед-Мороз накунад, Маскав меранчад?

Аммо дар дунё хеч амале бе сазояш нест. Як руз ба навбати худ хама чиз ба чояш бармегардад. Беэхтиромй ба хамватани худ беэхтирой ба хештан аст ва бадтарин чазое ба думбол дорад. Агар на аз бандагонаш, аз худаш! Он гох Ёлочка хохед кард.

6 Responses

  1. Рустами азиз! хар он чизе ки навишти хак навишти. вале бовар кун ки ин чо гунохи эмомалихон нест. худи мардум гунахкоранд. мардуми точик аслан фарханги сиеси надоранд ва аз хукукхошон махруманду аслан намедонанд ки хукук доранд. барои хамин хонхову хонзодахо давр меронанд. агар мардуми бедор мешуду аз гулуи эмомалихон мегирифт кайхо хатто чангаш дар точикистон намебуд. вале афсус……. шахсан банда умед дорам ки худованди чаббор ва каххор касди мардуми азияткашидаро аз инхо меситонад. гумонам такдири саддом хусайн уро мунтазир аст. шумо чи фикр доред?

  2. ПРОСТО УГАДАЙТЕ, КТО СКАЗАЛ ЭТИ СЛОВА!

    «Эти личности считают терпимость и дальновидность политических органов страны признаком их слабости. Однако всякому терпению приходит конец, и каждый должен нести ответственность за свои слова и деяния. Моя задача, как гаранта защиты прав и свобод граждан, – это обеспечение прав и свобод всего народа Таджикистана, независимо от интересов какой-то отдельной группы, партии или общественного объединения!»

  3. Дурному народу – дурная музыка….Вот так дорогие мои соотечественники. Мы еще не доросли даже до уровня киргизов когда убили одного киргиза такой шум подняли ..вы все в курсе. А когда так сотни таджиков убивают мы молчим. И говорим спасибо ЭШР-у.
    Давайте что-нибудь делать !

  4. Ин хукумате, ки дар бораи Ориёну Сомониён, Имоми Аъзаму Рудаки чор мезанад, дар бобати куштору эхтироми хотираи аберагони он бузургон на факат мотами милли эълон намекунад, балки тарсувор часади чавонмарги бистсолаи точикро бо дастони милисахо пинхони аз кадом дарвозаи гайрирасмии фурудгох ба дасти пайвандони мактул таслим мекунад.
    Хукумате, ки бо рохи фиребу найранги чомеаи байналхалки ва миллати Точикистон чаласулх карда, Салохиддину мисли салохиддинхо хазорон фарзанд ва падару модари онхоро аз хоки гурбат – Афгонистон ба Точикистон даъват намуда,окибат ба Русия ба муздуриву гуломи фиристода буд, ба лаб кулух молидааст. Расонахои гурухии бешарму номуси ин хукумат мисли хукуматашон бо тачлили Иди Соли Нав дар майдони Дусти саргарму мастанд.
    Ба ин хукумат назар андузед, ки дар зимистони кахратуни гузашта танхо дар агбаи Анзоб 50-70 нафар точик дар зери тарма монданду чонхои худро аз даст доданд ва даххо нафари дигар аз хунукии вахшатнок ях зада мурданд, он хатто як руз дар кишвар мотам эълон накард.
    Пас суоли мантики бармеояд, ки он суханронихои дабдабаноку осмонкафи президенти мухтарам дар бораи инсону инсонгари кучо шуда бошанд…

  5. ДАСТ АФШОН, САРВАРИ ҶОН

    Илҳом аз дастафшониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳо
    бо аҳли кишвар, ки рамзи меҳру ихлос ва сдоқати ӯ ба мардум аст.

    Даст афшон, даст афшон, Сарвари ҷон, даст афшон,
    Дасти ту дасти ҳама мардони майдон аст,
    Дасти ту дастони мардони Бадахшон аст,
    Дасти ту дастони мардони Зарафшон аст,
    Дасти ту дастони марди Рашту Хатлон аст,
    Дасти ту дасти ҳама мардони марди Тоҷикистон аст !

    Даст афшон, даст афшон, Сарвари ҷон, даст афшон,
    Аз кафи дастони ту рӯ менамояд
    Гӯиё ҳар субҳидам хуршеди тобон,
    Гӯӣ дар оинаи дастони ту
    Менамояд ҳар даме дидори фардои дурахшон !

    Даст афшон, даст афшон, Сарвари ҷон, даст афшон,
    Дар кафи дастони ту гул мекунад
    Аз садоқат ғунчаи бахту саодат,
    Аз муҳаббат ғунчаи иқболу ваҳдат,
    Аз адолат ғунчаи меҳру рафоқат,
    Оре, оре, ғунчаи армони миллат !

    Даст афшон, даст афшон, Сарвари ҷон, даст афшон,
    Аз кафи дастони ту гӯӣ расад,
    Бӯи нони гарми деҳқон,
    Бӯи имон бӯи виҷдон,
    Бӯи обу бӯи хоки Тоҷикистон !

    Даст афшон, даст афшон, Сарвари ҷон, даст афшон,
    Дасти ту боло намояд қомати болои мо,
    Дасти ту дунёи нав бикшод дар дунёи мо,
    Дасти ту сероб созад ин ҳама дарёи мо,
    Нур резад аз кафат бар дидаи бинои мо !

    Даст афшон, даст афшон, Сарвари ҷон, даст афшон,
    Аз кафи дастони ту дар Рӯзи паймон,
    Гӯӣ инсофу сафо рехт, муждаи ақли расо рехт,
    Шӯшаҳои сарди навмеди ҳамон дам об гашт
    З-ин басо нуру зиё,
    Балки аз ақли расо.
    Даштҳои хушки қалби тоҷикон шодоб гашт….
    Оре, оре тоҷики ман аз азал
    Тоҷвар аз файзу аҳду меҳру бовар гаштааст,
    Ҳам сазовори чунин озода сарвар гаштааст,

    Даст афшон, даст афшон, Сарвари ҷон, даст афшон,
    Дасти ту дасти ҳама мардони майдон аст,
    Дасти ту дасти ҳама мардони паймон аст,
    К-аз миёни он ҳама дастони тобон,
    Медиҳам ҳар дам дуое аз дилу ҷон:
    Дасти ту дарде набинад, марди мардони баимон !

    Даст афшон, даст афшон, Сарвари ҷон, даст афшон,
    Рӯйи кафҳои ту монад нурафшон
    Ҷовидон хуршеди бахти тоҷикон !

    Раҷаби Мусулмониён
    (аз рӯзномаи «Омӯзгор», № 40, 3 октябри соли 2008)

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: