Бархез, ки бархезам!..

УМЕДВОРЙ: Тобути Салоҳиддин соати панҷуними бомдод ба ватанаш мерасад. Вақти номуносибе. Эҳтимол Сафорати Тоҷикистон дар Русия чунин “меҳрубониро” раво дида бошад. Аз тарси он ки ҳазорон нафар ба фурудгоҳи Душанбе ҷамъ наоянд. А.Достиев дар ин корҳо устухон надорад. Беҳтар буд, тобути тоҷики сарбурида шомгоҳ вориди Душанбе мешуд. Аммо 5:20 ҳам чандон бад нест — пас аз намози бомдод!

ОХИРИН ХАБАР: Тобути Салоҳиддинро бо парвози № 628 ‎‎шаби 16 декабр соати ‎‎23:15 ба вақти Масков мебаранд ва 17 декабр соати 5:20 ба вақти Душанбе дар пойтахт мерасанд. Худо ёру ёварамон бод! Ариёрам.

ОВОЗА: Исломиддин аз Душанбе менависад, байни мардум сӯҳбатҳое ҳаст, ки худи раисиҷумҳури Тоҷикистон ғайриинтизори ҳамагон ба фурудгоҳ меояд, то ки тобути навҷавони сарбуридаашро пешвоз бигирад. Бовар кардан душвор, аммо аз он ҷо Эмомалй Раҳмон ба иқдоми ғайриоддй қодир аст, шояд чунин ҳодисаи таърихие ба амал ояд.

tazohurotihabashho

ПУРСИШ: Оё мо ҳам ин гуна бархоста метавониста бошем? На барои тавҳин ба дигарон ва на барои даъват ба бадгӯй ё бадрафторй, балки барои ҳимоят аз номи миллати худ. Куштани як бародари мо ку куштан, вале сари уро буридану ин гуна таҳқир раво дидан чй беномусй ва ноинсонист!

ДАРХОСТ: Аз ёроне ки дар Маскав ба гусели тобути навҷавони номуроди тоҷик ва ҳам аз ёроне ки дар Душанбе ба пешвози ҳамватани шаҳиди мо мебароянд, хоҳиш мекунем, акс ё видеои ин ду ҳодисаро ба мо бифиристанд, то ин ҷо нашр кунем ва биёмӯзем, зеро бадбахтона, ба назар мерасад, боз чунин рӯзҳои талхе дар пеш хоҳем дошт, бадбахтона…

14 Responses

  1. Salom!
    Kasone, ki ba furudgohi Moskov raftan, khabar dihand ki chand nafar jam omada bud? Va yagon monea pesh naomad?

  2. МУРДАЯ МОНДА, ТУТХУРИ…
    Ба чойи ташкили маросими мутантани гусели тобути чавони сарбуридаи точик, баёни изхорот ва баргузор намудани чамъомади фаврии аъзои диаспора дар робита ба ин ходисаи хунин, Раиси Иттиходи точикистонихои Россия, лагандбардори хукумат Абдуллохи Давлат тарадуди ташкили базм ба муносибати 1 солагии аз чониби Достиев ва Хукумати Точикистон таъсис додашудани ташкилоти худ аст. Гап-гап аст, ки аз хама мантики Россия раисхои диаспора ба ин базм даъват шудаанд то як чо дар Кохи миллатхои Хукумати Москва раксу бози кунанд, шикамсери арак нушанд ва ба Абдуллохи Давлат барои “хидматхои” кардааш, ахсан гуянд. Ин рафтору кирдорро дида, кас гиребони хайрат мегирад, дар Россия низ хаводиси солхои пеши Точикистон-таксим шудан ба гурухи хукумативу гайрихукумати айнан аз руйи хамон сценария такрор шуда истодааст…. Боз точикеро ба точике душман карда истодаанд. Агар, инхо яъне, огои Кароматуллохи Шариф ва Абдуллохи Давлат бо хам мебуданд, якчо изхорот медоданд, реакацияи ин ходисаи хунин Россияро ба ларза меовард…. Аммо, аз он ки боз ду гурух, ду диаспора… хаст, мурдахаки бачаи точик ноаён ба Ваан бурда шуд, хама огох нашуданд. Ин яке гуфту дигаре дигар… Нафратам меояд аз точик буданам, аз мухочири сарсахт буданиям, аз беватаниям…. Ман ноогох мондам. Вагарна, ба фурудгох мерафтам! Ин алам дар дилам монд….
    Туф кардам ба хамингуна раисони диаспора!!!!
    (сад узр аз хонандаи гироми…)
    Шохзод Нурхонов,
    shohzod34@mail.ru

  3. Салоҳиддини бесар аз Маскав ба Душанбе парвоз кард
    17.12.2008

    Ҳамин соъатҳо ҷасади сарбуридаи Салоҳиддин Азизов-муҳоҷири кории тоҷик аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба Тоҷикистон фиристода шуд. Барои видоъ бо ин ҷасади бесар гуруҳе аз донишҷуёни тоҷики муқими Маскав ва муҳоҷирони корӣ ба фурудгоҳи Домододево баромада буданд, то эътироз ва хашми худро бар зидди ваҳшонияти миллатгаронёни рус нисбат ба Салоҳиддин ва бетарафии мақомоти интизомии Руссия ба чунин кушторҳоро баён кунанд. Чанд лаҳза пеш дар мусоҳиба бо радиои Озодӣ аз фурудгоҳ баъзе аз гирдиҳамомадагон гуфтанд, ки Салоҳиддинро намешиносанд ва надидаанд, вале хабари кутори ваҳшиёнаи вай онҳоро ба таври худҷуш ба фурудгоҳ овардааст. Онҳо мегуянд, кушишҳои ҳукумати Тоҷикистон барои хотима додан ба куштори муҳоҷирони тоҷик дар Руссия набояд танҳо дар сухан, балки бо назардошти мавозини ҳуқуқи башар дар андешидани тадбирҳои муассир низ ифода ёбад.

  4. Афсус, ки касе наомад. Магар хама ваъдахилофи карданд.

  5. 16.12.2008, 11:43:49

    В Москве убит гражданин Таджикистана

    В одной из московских больниц от многочисленных ножевых ранений скончался гражданин Таджикистана, сообщает “Интерфакс” со ссылкой на источник в правоохранительных органах.

    Нападение на 22-летнего мужчину было совершено около дома 5 по Госпитальному валу. Медики, к которым поступил пострадавший, зафиксировали у него множественные проникающие колото-резаные ранения груди и спины, а также рану плеча.

    Возбуждено уголовное дело по статье 105 УК РФ (убийство).

    Как сообщалось, 6 декабря националисты убили таджика Салеха Азизова, причем его голова была обнаружена на западе Москвы, а тело – в Подмосковье.

    Ответственность за то убийство взяла на себя ранее неизвестная “Боевая организация русских националистов”, которая разослала электронное письмо с фотографией отрезанной головы правозащитникам. Кроме того, националисты потребовали от властей Москвы выселить из столицы всех “черных”.

  6. Дар фурудгохи Душанбе ин сахар ба истинои якчанд нафари хеле кам аз чавонон дигар касе набуд. Ман Аличон гуфтани нафареро дар он чо надидам, шояд аз наздикони Салохиддин бошад.

  7. Худо рахмат кунад, Салохиддини чавонмаргро!
    Аз маргат хеле чигархунам, фарзанди азиз!
    Рухи равонат пок бод!

    Ба ин миллате, ки ба подаи вокеи табдил шудааст, дигар хочати гап хам нест. Мон ки бо хамон чупонаш бимонад. Фоида надорад гап…

  8. Ҷасади бесарро дар Шаҳритус ба хок месупоранд
    17.12.2008

    Соъате пеш хабарнигори радиои Озодӣ аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҷасади сарбуридаи Салоҳиддин Азизов-муҳоҷири кории тоҷик аз Маскав ба Душанбе расидааст. Барои пазироӣ аз тобути вай дар фурудгоҳ хешовандон ва рузноманигорон гирдиҳам омадаанд. Хешовандони Салоҳиддин вайро дар зодгоҳаш дар ноҳияи Шаҳритус ба хок месупоранд. Онҳо аз Душанбе озими ноҳияи Шаҳритус шуданд. Бо ҳамин ҳавопаймо ҷасади дигар, ҷасади Расул Ватаниеви бадахшии 32 сола низ аз Маскав ба Душанбе оварда шудааст. Ватаниев дар вилояти Свердлов аз зарби корд ҷон додааст. Ҳамин шаб ҷасади сарбуридаи Салоҳиддин Азизов-муҳоҷири кории тоҷик аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба Тоҷикистон фиристода шуд. Барои видоъ бо ин ҷасади бесар гуруҳе аз донишҷуёни тоҷики муқими Маскав ва муҳоҷирони корӣ ба фурудгоҳи Домододево баромада буданд, то эътироз ва хашми худро бар зидди ваҳшонияти миллатгаронёни рус нисбат ба Салоҳиддин ва бетарафии мақомоти интизомии Руссия ба чунин кушторҳоро баён кунанд.

  9. Salom duston!

    Durust , ki dar furudgohi poytakht Alijon nom nafare nabud. Shoyad Alijon tanho takhallusi yake az nafarone boshad,ki furudgohi Dushanbe ba peshvozi tobut rafta boshand.
    Man fikr kardam, ki ba peshvozi tobuti muhochiri tojk haddi aqqal 50 nafar meravand, ammo vaqte raftam, ba juz az nazdikon va 6-7 javon kasi digar nabud………

  10. Ин аст магар хама хувияти мо?

  11. Дуруд бар ҳамАндешон
    Мо дишаб тобути Салоҳиддинро гусел кардем. Дареғо ки кам будем. 15 кас. Аммо аз ҳама кунҷу канораи Тоҷикистон: аз Суғду Ҳисору Хатлону Рашту Бадахшон. Нангу номус ҳануз доштаем. Намурдаем ҳануз. Хас набудаем. Кас будаем. Умед ҳаст ки ин 15 КАС садҳову ҳазорону миллионҳо хоҳад шуд.
    Худо биёмурзад Салоҳиддинро. Худо биёмурзад ҳама рафтагону куштагонро. Худо нигаҳ дорад зиндагонро. Омин!

  12. Сегодня в Таджикистане сложилась такая ситуация, что людям просто наплевать, что происходит вне их квартиры, вне их дома. Горе отдельно взятой семьи в этом смысле тоже не исключение. В обществе воцарилась циничная и эгоистичная атмосфера. Взять хотя бы случай с 20 летним мигрантом. Его зарезали, причем как барана, а голову как мусор выкинули в мусорный бак. Это о чем говорит?????????????????? Вы спрашивали себя, когда нибудь?
    Голова таджика в мусорном баке говорит о том, что в его лице русские перестали видеть полноправного человека. Я могу представить того кто убил Салохиддина. Перед тем как резать глотку несчастного парня, убийца, наверное, просто думал, что таким образом можно выразить свой протест властям, заодно и просто поразвлечься. Оказывается, что он не ошибся. Жизнь таджика как таковой теперь не ценится. Заточившись в своих квартирах, мы стали эгоистами. Мы перестали уважать друг друга. Мы перестали уважать себя. Тогда чего нам ждать от других…

    Пароканда лашкар наояд ба кор,
    Дусад марди чанги, бех аз садхазор!

  13. Салом ба хама! Афсус ки ман натавонистам ба сабаби бемориам биравам фурудгох.
    Вокеан ташаккур ба хамаи онхое ки рафтанд . Ин руз ба сари хар яки мо омаданаш мумкин . Мухим ки мо хамеша инро дар ёд дошта бошем.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: