17 декабр, фурудгохи шахри Душанбе, интизор бошед

ҲамАндешони арҷманд,‎

Охирин иттилоъро аз Вазир Азизов, бародари Салоҳиддини ҷавонмарг, дастрас ‎кардам ва бо иҷоза ва дархости худаш ба иттилоъи ҳамагон мерасонам:

Ба гуфти вай, ҷанозаро рӯзи сешанбе, 16.12.2008 аз додситонӣ ва милисаи ‎Русия таҳвил гирифта ва ҳамон рӯз ба Душанбе хоҳанд бурд.‎

Ба эҳтимоли наздик ба яқин, тобутро сешанбе шаб, 16 ‎декабри 2008, бо парвози шабонаи “ТоҷикЭйр” ‎аз фурудгоҳи “Домодедово” ба ‎Душанбе мебаранд.‎

Бино бар гуфтаи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”, парвози № 628 ‎‎шаби 16 декабр соати ‎‎23:15 ба вақти Масков равон ва 17 декабр соати 5:20 ба вақти Душанбе ‎фуруд хоҳад ‎омад. ‎

Ҳамчунин эҳтимол дорад ки тобутро бо парвози рӯзона – № 632 равон кунанд ки соати ‎‎12:45 аз Маскав парвоз карда ва соати 18:50 дар Душанбе фуруд меояд.‎

Шумораи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”: (495) 933 66 66.‎

Иттилоъи дақиқро метавон аз худи Вазир Азизов бо шумораи 8-926-716-05-46 дарёфт ‎кард.

Вай аз ҳамАндешон сипосгузорӣ ва даъват кард ки дар ин рӯз дар паҳлӯяш бошанд.‎

Худо ёрамон бод!‎ ‎

Aриёрoм

6 Responses

  1. Сипосгузорам аз захматхои Aриёрoми гаронкадр. Бубинед, чи инсонхои нек ва доно дорем. Хама чизро дакик ва бо иттилоъи комил дар ихтиёри хамаи мо гузошт.

    Аз хамаи онхое ки тавонашро доранд, дархости бародарона, ки бо истифода аз шумораи телефон ба бародар Вазир занг зананд ва то чое ки метавонанд, дарди сангини уро сабук гардонанд ва ба у сабри чамил хоханд.

    Дар давоми рузи 16 декабр бо Вазир дар тамоси пайдарпай хохем буд ва охирин маълумотро ба хамаи ёрони «Андеша» хохем расонд.

  2. Рустами арҷманд.
    Бо сипос аз дилсўзият ба иттилоъ мерасонам ки Вазир ҳангоми гуфтугўи телефонӣ бо ман соати дақиқи парвозро ҳануз намедонист аммо гуфт тобутро яқинан рўзи сешанбе бо парвози “ТоҷикЭйр” ба Душанбе хоҳанд бурд.

    Ман боз ҳам талош мекунам ки соати дақиқи парвозро маълум кунам ва ба иттилоъи ҳамАндешон расонам.

    Ҳаминак бояд донист ки бино бар гуфтаи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”, “ТоҷикЭйр” рўзи сешанбе, 16.12.2008 ду парвоз дорад:
    Яке рўзона – № 632 ки рўзи сешанбе, 16.12.2008 соати ‎‎12:45 ба вақти Масков парвоз карда ва соати 18:50 ба вақти Душанбе фуруд меояд.‎
    Дигаре шабона – № 628 ‎‎ки сешанбе шаб, 16.12.2008 соати ‎‎23:15 ба вақти Масков равон ва бомдоди чаҳоршанбе 17.12.2008 соати 5:20 ба вақти Душанбе ‎фуруд ме‎ояд. ‎
    Иттилоъи дақиқро метавон аз худи Вазир бо шумораи 8-926-716-05-46 дарёфт ‎кард.
    Шумораи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”: (495) 933 66 66.‎

    Худо ёрамон бод!‎ ‎
    Бо эҳтиром, Ариёром

  3. Samaki arjmand,

    xohish doram bo man tamos bigired, orzu doram ba hamoishi guruhi shumo zam shavam

    dd_aibolit@mail.ru

    handy 0178 1659151

  4. Охирин хабар:
    Тобути Салоҳиддинро бо парвози № 628 ‎‎шаби 16 декабр соати ‎‎23:15 ба вақти Масков мебаранд ва 17 декабр соати 5:20 ба вақти Душанбе дар пойтахт мерасанд.

    Худо ёру ёварамон бод! ‎

  5. Андешамандони азиз, Вазири азиз, ва хамаи наздикону дустони бародари чавонмаргамон Салохиддин ва хам дигар чавонони точике, ки ин рузхо аз дасти ночавонмардон катл шудаанд – хамдардии маро хам кабул фармоед. Медонам, дардест – азим ва таксимнашудани…

    Андешае имрузхо диламро фишор медихад… Рузноманигори араб номуси миллаташро бо кафши пояш дифоъ кард. Вой-е ба кафшхои гумшудаи чавонони точики аз чони чавонашон дур аз ватан махрумшуда …

    Агар хамаи кафшхои онхоеро ки танхо дар панч соли охир дар Русия шахид шудаанд чамъ кунем, тахминан 4000 кафш мешавад… Сари рохи Рахмон бо онхо кафшрез шавад шояд якеаш кора кунад…

    Бо хам бошем!

  6. На новогоднем карнавале в Согде Золушкой будет известная узбекская певица Севинч

    23.12.2008 08:42

    Автор: Бахтиер Валиев

    Худжанд. 23 декабря. «Азия-Плюс» – Известная узбекская певица Севинч Муминова выступит в Худжанде в одном из местных ресторанов на новогоднем карнавале «У Золушки» 24 – 25 декабря. Стоимость билета на бал-карнавал составляет 150 сомони. В стоимость билета входит и ужин на одного человека.

    Столько же стоит билет и на концерт мэтра узбекской эстрады – Шерали Джураева. Он выступит после Севинч, 26 декабря в Кохи Рудаки.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: