Тобути чавонмарги сарбуридаро кй пешвоз мегирад?

Ватандустони Душанбе мехоханд дар як тазохурот куштори вахшатангези точики худро аз тарафи номардони инсонбадбин ва нажодпарасти Русия махкум кунанд. Аммо азбаски хукумати кишвари демократй ва хукукбунёди Точикистон аз хама гуна чамъомад ва иттиходи мардумаш кадди бало метарсад, даргумон аст, ба чунин гирдихамоие, ки бар зидди фошизм нигаронида шудааст, ичоза бидихад.

Ин хукумат хамеша хостааст ва мехохад ва тамоми талошаш ин аст, ки миллати точик дар рухияи гуломй ва безабонию хидматгорй бокй бимонад. Вагарна, ба гуфтаи раиси Анчумани сиёсатшиносони Точикистон Абдуганй Мухаммадазимов хануз мебоист, дар мохи феврали соли 2004 хангоми ба Точикистон овардани тобути кучаки Хуршеда Султонова, духтарчаи 9-солаи точик, ки бо даххо захми корд кушта шуд, хазорон нафар ба фурудгохи Душанбе меомаданд ва бо тазохурот эътирози худро аз катли хамватани худ баён медоштанд.

Дар мусохиба бо хабарнигори “Осиё-Плас” Далер Гуфронов, сиёсатшиноси точик мегуяд, хуб буд, агар ин рахпаймоии мардумиро вазири умури дохилй ё хоричй ва ё бехтар аз хама нахуствазири Точикистон сарварй мекарданд. Аз он ба баъд хар номарде, ки ба мухочири бегунохи точик даст мебардошт, хашму газабу нафрати як миллат пеши назараш меомад ва шояд чунин ходисахои мудхиши баъдй иттифок намефтод. Аммо афсус, гуфтааст Мухаммадазимов, фурсати чунин эътироз аз даст рафт.

Назари фарккунанда ин аст, ки чунин фурсат боз буд ва хануз бокист. Точикон метавонистанд, боз замоне эътирози як миллатро нишон диханд, ки додгохи Русия котилони Хуршеда Султоноваро на дар катли инсон, балки дар авбошй муттахам донист ва озод кард. Хукми ин додгохи нажодпарастона низ яке аз сабабхои идома кардани катлу куштори точикон дар Русия ва аз ин бадтар сабаби хамчун мардуми бесохибу бесарвар ва бепанох ном баровардани точикон гашт.

Рахпаймоии чанд хазор киргиз дар мохи феврали имсол бо талоши хизбхои сиёсй ва созмонхои гайридавлатии Киргизистон бо эътироз аз катли 1 (!) мухочири киргиз, ки дар рафти он хазорон нафар ба назди сафорати рус дар Бишкек рафтанд ва номаи эътирозии худро ба намояндаи ин сафорат супурданд, таъсири худро дошт. Дигар аз катли киргизхо хабаре нашунидаем. Сафорати Русия мактуберо, ки 2 000 нафар имзо карда буданд, чиддй гирифт. Паём ин буд, ки 2 000 нафар Русияро бад хоханд дид, аммо вазифаи сафорат ин аст, ки дилу зехни онхоро ба Русия моил нигах дорад.

Фурсати дигари эътирози точикон замоне пеш омада буд, ки навори видеоии катли як точик ва як догистонй дар интернет нашр шуд. Догистонихо масъаларо то охир расонданд. Онхо хамватани худро, ки дар ин навор дида мешуд, муайян карданд ва аз макомоти Русия мучозоти омилону ноширони наворро талаб намуданд. Аммо точике, ки миллионхо нафар садои хир-хири гулуяшро хангоми бурида шудан бо корди аррамонанд шуниданд, хамон як точики бесохибу бекас бокй монд.

Пайтхое барои тазохуроти эътирозй зидди бегонаситезй дар Русия боз борхо пеш омад, вале точикон аз руи маколи “туро кушанд, ба ман чй” сари хам ва сукути амик доштанд. Бархе худро тасалло медоданд, ки навори видеой дуруг буд, бархи дигар мегуфтанд, “мактул аз Кулоб аст, хаккашон хамин”, савумй хамоно пойи Путини нажодпарастро мебусад, ки мегузорад, точик дар Русия пул кор кунад ва гайра…

Натичаи нихой ин аст, ки аз точик дида дар Русия чизи(!!!) бекадртар нест. Точиконро инсон хисоб намекунанд. Вагарна дар кучо дидаед, милиса дар метро точикро аз даханаш паронад? Ва ё хар ходисае ки бо гайрирусхо иттифок афтад, пеш аз хама ононро точик фикр кунанд. Ва хамин куштори ахирро на танхо омилонаш, балки намояндагони давлати Русия ва матбуоти ин кишвар ба тачовуз ба номусу катли як духтари рус нисбат медиханд, ки шахрванди Узбакистон анчом додааст. Гунохро узбаке кардааст, точик кушта мешавад. На киргиз, на казок, на арманй, на гурчй…

 То ин лахза, ки ман ин сатрхоро менависам, ягон нашрия ё хабаргузории Русия эътирози Вазорати умури хоричии Точикистонро дар робита ба бурида шудани сари чавони точик Салохиддин Азизов нашр накардааст. Хукумати точик, ки точиконашро ин гуна бекадру бесохиб кард, фикр накард, ки дар нихояти амр, худаш хамин гуна бекадр мегардад. Магар русхо факат мухочиронро “баран” хитоб мекунанд ё акнун хам президенту хам вазиру хам сафири ин кишварчаро? Кай Точикистон бо дигарон дар сатхи баробар сухан хохад гуфт? Ин гуломфитратй то кай идома хохад кард?

Оё фурсате нарасидааст, ки агар садои эътирози ин хукумат як “виз-виз”-и дуругини магасак аст, садои мисли раъдубарки кухсорони сарбафалак ва дарёхои хурушони точик баланд шавад? Ин миллат, ки мегуянд, хеле зиёд сабру тахаммул мекунад ва сипас суханашро як бор, аммо бо тамоми кувват мегуяд, тобути баччаи сарбуридаашро бо фигон ва мушти гирех пешвоз хохад гирифт?

Шумо, ки ин сатрхоро мехонед, агар хуне дар шарён аз миллати бузург доред, омода хастед, ба фурудгох бароед ва ашк дар чашм хамватани худро аз вопасин сафараш пешвоз бигиред? Агар шумо мебароед, хазорон тани дигар хам хохад баромад. Мо рузи расидани тобути чавонмарги точикро хабар хохем дод. Биёед, бархезем ва баъд, рузе, ки мусибат ба сари худи мо омад, нагуем, ки чаро танхоем ва аз чй хамаи фурсатхоро аз даст додем. Он гох хар яки мо хам дар катлхои баъдинаи хамватанони худ чавобгар хохем буд ва хуни онхо дар гардани мо хам хохад буд. Бинависед, ки мебароед ё на.

44 Responses

  1. Хамкавмони азиз!

    Ин суханонро аз умки дилам навиштам ва ин шояд охирин умеди ман аст ба ояндаи миллатамон. Холо фурсатест, ки мо вахдати милли худро нишон дихем. Оё созмону гурух ё хизбу ташкилоте хаст, ки аз ин пешниход тарафдорй кунад.

    Бовар кунед, агар хатто ин як тазохурот ё рахпаймой хам набошад ва дар он ягон сухану шиоре хам гуфта нашавад, балки тобут руи дасти хазорон нафар шино кунад, дар тамоми дунё хоханд донист, ки мо холо намурдаем. Мо хастем!

  2. Миллион бор афсус, ки Миллати фарзонаи ман бесохибу хору забун аст. Иншоаллох ман тайёрам ки дар пояи тобути Бародари Точикам бигирям….. Ман тайёрам то дар фурудгох тобути Бародари Хамхунамро пешвоз бигирам….

  3. Аз Худованд барои Салоҳиддин Азизов омурзиш ва барои бозмондагонаш сабри ‎ҷамил хоҳонам.‎
    Дирӯз навишта будам ки дар Душанбе бояд тазоҳуроте шавад ва падарону модарону ‎ҳамсарону фарзандони кушташудагон ва ҳар касе худро тоҷик медонаду мешиносад ‎аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кунад ки як бор қотеъона вокуниш кунад ва аз ‎ҳукумати Русия бозхост кунад ки тоҷиккушонро шадидан ҷазо диҳад.‎
    Агар Русия мехоҳад ки дар Осиёи Марказӣ пойгоҳе дошта бошад, бояд аз тоҷик ва ‎Тоҷикистон дифоъ кунад вагарна Тоҷикистон бояд ҳамкории худро бо Русия ‎бознигарӣ кунад. ‎
    Дареғо ки дар Душанбе нестам вагарна дар ин тазоҳурот ширкат мекардам. Аммо ‎дар Масков ҳар кореро ки лозим бошад, омода ҳастам анҷом диҳам. ‎

  4. Ман мебароям!

    Ва аз онҳое ки дар Маскаванд, хоҳиш мекунам, ки ҳама ба Домодедово бираванд ва тобутро гусел бикунанд.

    Илтимос, агар касе Каромат Шарифов ё он марди дигаре ки иттиҳодияи навро рахбарӣ мекунад, ку бирасонедаш, ки гусели тобутро бо ҳузури садҳо нафар ташкил бикунанд.

  5. Точикони Маскав ният доранд, дар издихом ва иттиходи чашмрас тобутро ба ватан гусел кунанд. Чанобо Кароматуллохи Шариф ва Абдуллохи Давлат ин фурсати хубест, ки шумо агар дар вокеъ дар гами мардуми худ буда, дар бозихои сиёсй фуру нарафтаед, ин маросимро дар сатхи олй ташкил кунед.

    Оё дар Душанбе, созмону ахзоб ё афроди саршиносе хастанд, ки маросими пешвози тобутро ташкил ва рахбарй кунанд?

  6. Ман аз номи боз панч дусту шиносам мегуям, ки мо 6 нафар низ ба фурудгох мебароем ва бародари чувонимарги худро пешвоз мегирем.

    Ай ватанхохон, ай мусалмонон, агар як катра хун доред, бароед ва худро нишон дихед. Дунёро мачбур кунед, ки дар бораи гурур ва вахдати шумо харф бизанад!!!!!

  7. Илтимос рузу соаташа аник кунед дар Маскав ман хам меравам фурудгох

  8. агар дар газетахои ТЧК рузу соати омаданаша нависанд, мутмаинам, шумори зиеди одамон ба фурудгох хоханд баромад

  9. Бовар кунед, аз рузе ки хамин хабарро хондаам дар худ нестам. Ман дар пайи омузиши забони русиям ва холо хар замон ки дафтарчаи лугатамро мекушоям ва мехохам, калимахоро азёд кунам ва аз тарики забони русй ба фарханги бузурги рус шинос шавам баъди тире дар тарчумаи хар як калима факат калимаи “сарбурй”-ро мебинам.

    уноситься — сарбурй
    покров — сарбурй
    достижения — сарбурй
    всякий — сарбурй
    балка — сарбурй
    восхождение — сарбурй

    Чашмони ман сиёхторик задаанд ва дар пахлуи хар калимаи русй факат хамин як калимаро мебинам. Ман хатман ба майдони фурудгох меоям, факат илтимос рузу соати муайянашро хабар дихед.

  10. Дар Душанбе аллакай нерухое пайдо шудаанд, ки дар ин масъала гуфтушунид доранд. Хукумат дар ин росто, хуб мебуд, ки акалан мавкеи бетарафиро нишон медод, яъне монеа эчод намекард. Зеро чунин як эътирози осоишта ахиран бояд зухур кунад!

  11. Это и есть сигнал. Хорошее время для того чтобы восстать против режима!

  12. Рустами гиромй,

    Як Дарвеш хамсадову хамнавои шумост.

  13. Бозгашти Шуморо, Дориюши азиз муборак мегуям. Пас аз рафтани Точвар ба мо лутфи камтар доштед. Аммо имруз рузи вахдату ягонагист.

    Бояд ба хамаи дустон бирасонам, ки Точвар низ бо мост.

  14. Салому дуруди бепоён ба Точвари азизу фарзона кош дар ВАТАН мебуди ва ин издихомро сарвари мекарди…
    Аз огои Рустам хохиш мекунам рузу соаташро ба мо аник хабар дихед мо хам 5 нафарем… Ба кавли огои ТОЧВАР сарбаланд бошем ХУДО ХОФИЗ…

  15. Худоро хазорон шукр, ки чунин фарзандон хануз мондаанд дар ин диёр.

    Дуруд мучадад ба хамаатон!

  16. Дуруд бар ҳамАндешон.
    Тобути худобиёмурз Салоҳиддин Азизов рўзи панҷшанбе, 18 декабри 2008, аз фурудгоҳи “Домодедово” ба Тоҷикистон равон карда хоҳад шуд. Мо ният дорем ки бародари шаҳидамонро ба роҳи охират гусел кунем. Замону макони ҳамоиш ва фотиҳахониро дертар эълом хоҳам кард.

  17. Ориёрами гаронмоя,

    Сипосгузорем аз хамдилии Шумо. Умедворем, ин иттилоъ дакик аст. Биноъан онро дар садри матлаб гузоштем. Агар тагйире пеш омад, лутфан моро огох кунед.

    Ёрон, кй метавонад бигуяд, ин парвози 18 декабр чи вакт ба Душанбе мерасад?

    Сарбаланд бошем!

  18. Агар ин издихом миллат бошад тобути Салохиддини чавонмаргро аз фурудгохи Душанбе гирифта мустаким ба назди майдони касри “чаноби оли” бурдан зарур ва хатман!
    Дар хамон чо тамоми мардуми бавичдони Точикистонро чамъ намуда, дар хамон чо аввал чанозаи чавонмарг ва баъд чанозаи ин хукумати беору номусро хондан зарур!
    Бас аст ин гурухи авбоши лаънатзада як миллати ботаъриху фархангро ба лулиёну муздурон мубаддал кард!

  19. Афшини арчманд, ба ин андешаи Шумо хамсадо буда наметавонам, зеро максади асосй аз пешвози тобути Салохиддини чавонмарг таъна ба хукумат ё Рахмон задан нест, балки нишон додани эътироз ва хашми миллй ба онхоест, ки хаёти инсонхои бегунохро кадр намегузоранд ва галаву рамавор ба мухочирон хамла мекунанд.

    Нишон додани пуштибонй аз волоияти хукуки инсон ва фарханги умумибашарист, ки бегонаситезй ва нажодпарастиро махкум мекунад.

    Бигзор хатто ин як чамъомади бесадо бошад, аммо бо хузури даххо хазор нафар. Бигзор аз садо танхо саллоти чаноза бошад, дигар хеч, аммо хамин як сатре ки тобути точики сарбуридаро дар фурудгохи Душанбе 50 хазор нафар пешвоз гирифт, кофист, бидонанд, ки мо як миллатем на рамаи гусфанд, онгуна ки бо чунин катлхои вахшиёна мехоханд нишон диханд. Бидонанд, ки беэхтиромии макомоти давлати Русия ба чунин ходисахо обруи ин кишварро дар чашми 50 хазор нафар тира ва ба хок яксон мекунад. Бидонанд, ки и 50 хазор нафар имруз агар бесадо хашм ва андухи худро намоиш дод, фардо метавонад, яктану якчон даст ба амал низ бизанад.

    Ин эътироз метавонад чони садхо мухочири точикро эмин гардонад. Чони бародарону хохарони хамаи моро!

  20. Дӯстони гиромӣ, ман бо шумоям. Ростӣ, аслан аз роёна дур будам ва имрӯз инҳоро хондам. Чун давраи имтиҳонот имрӯз ба охир расид. Ҳатман фардо як чизе менависам.

    Ба қавли Тоҷвари арҷманд, Сарбаланд бошем!!!

  21. Бародарону хохарони гиромй!

    Ташаббускорони пешвози тобути хамватани номуроди мо ба ду созмон дар Душанбе мурочиат карданд, ки сарпарастии маросими пешвози тобутро дар фурудгох бар душ бигиранд.

    Мутаассифона, рахбарони харду созмон хам ин пешниходро рад карданд. Бо умеди ин ки онхо як бори дигар чунин беэътиноии хешро андеша ва бознигарй мекунанд, номи ин созмонхоро ин чо зикр намекунем, аммо агар хамин гуна идома кард, руихатти рахбарон ва созмонхоеро, ки дар сухану шиор аз ватану миллат харф мепарокананд ва дар амал аз он сартарошидахои буздил фарке надоранд, якояк дар ин торнамо навишта хоханд шуд.

    Чй гуна онхое, ки даъвои хукуки инсон мекунанд ва аз номи мардуму миллат харф мезананд, руе доранд, ки дар мусибати мардум худро бетараф бигиранд??? Магар танхо барои дарёфти даромад ва грантхо чилва дар минбархо мекунанд???

    Пешниходе хаст, ки рахбари мусулмонони кишвар, муфтиёти мамлакат сарварии ин пешвозро бар зимма бигирад. Ба онхо низ мурочиат хохад шуд ва натичаашро хохем навишт.

    То хануз хеч созмони гайридавлатй ё хизби сиёсй, махсусан онхое, ки лак-лаки бехударо дуст медоранд, изхори омодагй ба ширкат дар пешвози тобути бародари чавонмарг Салохиддин Азизов накардаанд.

    Пас шояд аз хамон хукумат ва шахрдорие намонем, ки хамеша танкидашон мекунем, вале мумкин аст баъд аз Нотаи Вазорати умури хоричии Точикистон (ташаккур ба онхо!) худашон ба таври гайрирасмй баргузории ин намоишро бар ухда бигиранд?

    Наход бори дигар исбот мекунем, ки мо як миллати тарсу ва гуломтабиатем? Магар бо орому бесадо пешвоз гирифтани як тобут мо чиро аз даст медихем, ки ин кадар метарсем???

    Вале набояд дилсард шавем. Мо камем, аммо ХАСТЕМ!!! Бале бишнавед ай гушхои кар! МО ХАСТЕМ!!! МО ЗИНДАЕМ!!! МО ХУНИ ПОКИ ТОЧИКЙ ДОРЕМ!!! МО БАРМЕХЕЗЕМ!!! МО МЕОЕМ БА ПЕШВОЗИ ТОБУТИ БАРОДАРИ ХУНИНСАРАМОН!!!

    МО САРБАЛАНДЕМ!!!

  22. Ягон нафар агар Эшони Нуриддинчонро донад, бояд ба у расонад, ки худаш хам ба фурудгох равад ва хам аз мухлисонаш даъват ба амал барорад, то тобутро дар фурудгох пешвоз бигиранд ва дар худи Душанбе чаноза хонда шавад.

  23. Ману дустам, аллакай омодаи рафтан ба фурудгохи Душанбе хастем. Мо якбора дар пояи ин тобут барои Хуршеда Султонова ва садхо тани дигари аз дасти сартарошидахо ба марг расида хохем гуфт…
    МО БО ШУМОЕМ!!! Бисёр мехостем, ки дар он руз сарбаландони кишварамонро хело бисёр бубинем ба хадде, ки дигар касе ёрои точикро беномусу “баран” ва “чурка” гуфтан накунад… Боки, дустон Худо хоста бошад, дар фурудгох вомехурем….

  24. Мо ки на дар Ватан хастем ва на дар Маскав, чи тавр метавонем эътирози худро баён кунем?
    Шояд навиштани як ЭЪТИРОЗНОМА (Петиция) эътирози худро бар зидди ин тоифаи фашист изхор дорем?

  25. Бародари мехрубон Студент,

    Монанди Шумо чандин нафар ба ман нома заданд, ки дар Амрико, Миср, Эрон, Олмон ва кишвархои дигар хастанд ва имкон надоранд, на ба фурудгохи Маскав биёянд ва на ба фурудгохи Душанбе.

    Бародар Зубайдулло, масалан, аз Амрико навишт, ки хамаи мо — онхое ки дар хорич аз Точикистони азиз хастем ва имконияти шахсан ширкат кардан дар тазохуротро надорем, метавонем бо роххои дигар дар ташкили ин намоиши вахдат ва неруи миллй сахм бигирем.

    Хар кадоми мо дар кучое ки бошем, хешу акрабо ва ёру дусте дар Маскав ва Точикистон дорем. Бояд хамин эълонро, ки дусти фарзона Ориёрам фиристодааст, нусха кунем ва ба ин хешу дусту наздикону шиносхои худ бифиристем.

    Дар баробараш аз онхо хам дархост кунем, ки ин эълон ва хамаи маводи ба он вобастаро онхо ба ёру дустони худ фиристанд.

    Хамаи онхое ки торнамо, торнигор-веблог доранд, ин маводро бознашр кунанд ва дустоне ки дар расонахои Точикистон кор мекунанд аз ин талоши ватандустони точик, ки максадаш на чанг бо русхо ё хукумат, балки факат изхори хашм ва нафрат ба нажодпарастон ва одамкушон аст, дар матбуоти кишвар хабар диханд.

    Ин бисёр мухим аст, ба хама фахмонда шавад, ки максад аз чунин гирдихамой пеш аз хама хамдардй ба ахли хонаводаи Салохиддин Азизов ва садхо оилаи дигарест, ки хешу наздиконашон дар Русия кушта шудаанд. Сипас, нишон додани ин аст, ки як инсони бохайсият ва инсонпарвару инсондуст наметавонад ба чунин вахшоният дар баробари мухочирони бегунох муросо ва токат кунад. Муросо кардан яъне розй шудан ба рафтори фашистони навбаромад аст.

    Дар нихояти амр, 18 декабр Рузи чахонии хифзи хукуки мухочирон аст. Хамаи кишвархои чахон, аз чумла хам Русия ва хам Точикистон ба зери ин санади Созмони Милали Муттахид имзо кардаанд, ки аз хукуки мухочирон дифоъ хоханд кард.

    Агар мухочир гунохе дорад, чинояте содир кард, бояд дар назди конун чавоб дихад, на ин ки навчавони бегунохро галаи гургон хадаф гиранд ва ин гуна вахшиёна сарашро бибуранд!

    18 декабр бояд рузе шавад, ки мо инсон будан, миллат будан ва гулому барда набудани худро ба тамоми олам нишон дихем!

    Худоё, мадад.

  26. iltimos hammai hamavatanone dar Olmon buda ba taklife beahamiyat naboshed
    ruzhoi nazdiktarin biyoed dar nazdi saforatkhonai Russiya dar
    in mulk buda jam oyemu muddati yak ruz etirozamonro bayon dorem
    khohish doram ba in taklif be etibor naboshed, iltimos biyoed yak amali khurde boshad ham ijro kunem
    bore digar iltimos betaraf naisted
    ba
    dd_aibolit@mail. ru navised, to ki naqsha kashem

    se- chor nafar jaam shavem ham kifoya
    lekin guruhi kalontar meshudem mufidtar ast.

    Az BadWürtemberg
    Manuchehr

  27. Ин хафтаро пеш аз хама бо хондани ин матлаб огоз кардам. Хамон лахза ба аэропорт занг задам. 18-уми декабр аз аэропорти Домодедова 4 бор самолёт меояд, дар соатхои 5:30-и субх, 10-и руз, 19-и бегох, 22:30 – и шаб.
    Худо насиб карда бошад, ба шакли эътироз алайхи хомушии ХУКУМАТи Точикистону сарбурии русхо ба аэропорт меравам.
    Агар касе тавонад аз Русия(х) муайян кунад, ки дакикан дар кадом соат самолёт меояд, хеле мамнуъ мешудам.

  28. Сипоси бепоён аз Манучехр, ки пешниходи як хамоише дар баробари сафорати Русия дар Олмонро кардааст.

    Эй кош дар назди хамаи сафоратхои русй дар хамаи кишвархои чахон хамин гуна гирдихамоии бигзор хомушона, вале бо шиъорхои махкумияти каллабурони рус баргузор мешуд.

    Махсуан дар кишвархои Гарб чунин ходиса, хатто хурд хам бошад, дафъатан таваччухи расонахои ахбори омро ба худ чалб мекард ва ин чизест, ки хар сафиру хар сафорат аз он харос мекунад.

    Аз хама бештар, ба фикрам, точикон дар Ландан ба сар мебаранд. Оё мо, точикони Ландан омода хастем як чунин икдоме аз худ намоиш бидихем?

    Рашоди азиз. Мо талош дорем аз Маскав иттилоъи дакики соат ва шумораи парвозро ба даст орем.

  29. Фикри хеле хам чолиб, Манучехр.

    Дар боло як нафар аз шумори зиеди точикон дар Яману Миср харф мезад. Онхо хам агар дар назди сафорати Русия дар кишврахои худ гирд оянд, ва хам кабл аз гирд омадан рузноманигорони он кишвархоро дар бораи гирдихамоии худ хабар диханд, то пушиши хар чи бештар ебад, оли мебуд.

  30. Мо бо шумоем, Ватандустон!
    Бовар кунед, тавассути алокаи интернети аллакай худуди 1000 нафар чавонони Душанбе огах шуданд, умед аст, ки хатман онхо масъулияти ватандори эхсос намуда, дигарон наздиконашонро низ даъват мекунанд. Дар мачмуъ, ин хамоиши баномусон худудан камаш 1000 нафарро ташкил хохад кард. Мутмаин бошед ва бо мо бипайвандед, ки мо муваффак хохем шуд!

  31. Як гурух равшанфикрони точик аллакай дар фикр фуру рафтаанд, ки дар робита ба ин казия чи гуна икдоме нишон диханд. Аз ин ру, умедвор бошед, хатман як машъале хохад афрухт!!!

  32. ҲамАндешони арҷманд,‎
    Бино бар охирин иттилоъи дастрасшуда аз манобеъи огоҳ, тобути худобиёмурз ‎Салоҳиддин Азизов сешанбе шаб, 16 декабри 2008, бо парвози шабонаи “ТоҷикЭйр” ‎аз фурудгоҳи “Домодедово” ба Душанбе равон карда хоҳад шуд. ‎
    Бино бар гуфтаи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”, парвози № 628 16.12.2008 соати ‎‎23:15 ба вақти Масков равон ва 17.12.2008 соати 5:20 ба вақти Душанбе фуруд хоҳад ‎омад.‎
    Аз ҳама бародарони ҳамдард даъват мекунам ки тобутро аз фурудгоҳи ‎Масков гусел кунанд ва дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гиранд.

    P.S. Умедворам ки ин хабар росту дуруст аст зеро аз манобеъи мувассақ дастрас ‎гардидааст. Ҳамчунин кӯшиш хоҳам кард ки дақиқтарин рӯзу соати сафари охири ‎бародари шаҳидамонро ба огоҳии ёрони ҳамандеш расонам. Худо ёрамон бод!‎

  33. ҲамАндешони арҷманд,‎
    Бино бар охирин иттилоъи дастрасшуда аз манобеъи огоҳ, рӯзи сешанбе, ‎‎16.12.2008 баррасиҳои пизишкии қонунии (судмедэкспертиза) додситонӣ ва ‎вазорати кишвари Русия анҷом ёфта ва ҷанозаи худобиёмурз Салоҳиддин Азизов ‎ба хешовандонаш таҳвил дода мешавад.‎
    Ба эҳтимоли наздик ба яқин, тобути бародари ҷавонмаргамон сешанбе шаб, 16 ‎декабри 2008, бо парвози шабонаи “ТоҷикЭйр” ‎аз фурудгоҳи “Домодедово” ба ‎Душанбе равон карда хоҳад шуд.‎
    Бино бар гуфтаи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”, парвози № 628 ‎‎16.12.2008 соати ‎‎23:15 ба вақти Масков равон ва 17.12.2008 соати 5:20 ба вақти ‎Душанбе фуруд хоҳад ‎омад. ‎
    Шумораи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”: (495) 933 66 66.‎
    Ҳамчунон кӯшиш хоҳам кард ки дақиқтарин рӯзу соати сафари охири ‎бародари ‎шаҳидамонро ба огоҳии ёрони ҳамандеш расонам. Худо ёрамон бод!‎ ‎

  34. Хеле ва хеле мамнунам аз ин иттилои Шумо ин хабарро ба дустонам хохам расонд.

  35. ҲамАндешони арҷманд,‎
    Охирин иттилоъро аз Вазир Азизов, бародари Салоҳиддини ҷавонмарг, дастрас ‎кардам ва бо иҷоза ва дархости худаш ба иттилоъи ҳамагон мерасонам:
    Ба гуфти вай, ҷанозаро рӯзи сешанбе, 16.12.2008 аз додситонӣ ва милисаи ‎Русия таҳвил гирифта ва ҳамон рӯз ба Душанбе хоҳанд бурд.‎
    Ба эҳтимоли наздик ба яқин, тобутро сешанбе шаб, 16 ‎декабри 2008, бо парвози шабонаи “ТоҷикЭйр” ‎аз фурудгоҳи “Домодедово” ба ‎Душанбе мебаранд.‎
    Бино бар гуфтаи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”, парвози № 628 ‎‎16.12.2008 соати ‎‎23:15 ба вақти Масков равон ва 17.12.2008 соати 5:20 ба вақти Душанбе ‎фуруд хоҳад ‎омад. ‎
    Ҳамчунин эҳтимол дорад ки тобутро бо парвози рӯзона – № 632 равон кунанд ки соати ‎‎12:45 мкс парвоз карда ва соати 18:50 дшб фуруд меояд.‎
    Шумораи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”: (495) 933 66 66.‎

    Иттилоъи дақиқро метавон аз худи Вазир Азизов бо шумораи 8-926-716-05-46 дарёфт ‎кард.
    Вай аз ҳамАндешон сипосгузорӣ ва даъват кард ки дар ин рӯз дар паҳлӯяш бошанд.‎
    Худо ёрамон бод!‎ ‎

  36. Рустами арҷманд.
    Бо сипос аз дилсўзият ба иттилоъ мерасонам ки Вазир ҳангоми гуфтугўи телефонӣ бо ман соати дақиқи парвозро ҳануз намедонист аммо гуфт тобутро яқинан рўзи сешанбе бо парвози “ТоҷикЭйр” ба Душанбе хоҳанд бурд.

    Ман боз ҳам талош мекунам ки соати дақиқи парвозро маълум кунам ва ба иттилоъи ҳамАндешон расонам.

    Ҳаминак бояд донист ки бино бар гуфтаи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”, “ТоҷикЭйр” рўзи сешанбе, 16.12.2008 ду парвоз дорад:
    Яке рўзона – № 632 ки рўзи сешанбе, 16.12.2008 соати ‎‎12:45 ба вақти Масков парвоз карда ва соати 18:50 ба вақти Душанбе фуруд меояд.‎
    Дигаре шабона – № 628 ‎‎ки сешанбе шаб, 16.12.2008 соати ‎‎23:15 ба вақти Масков равон ва бомдоди чаҳоршанбе 17.12.2008 соати 5:20 ба вақти Душанбе ‎фуруд ме‎ояд. ‎
    Иттилоъи дақиқро метавон аз худи Вазир бо шумораи 8-926-716-05-46 дарёфт ‎кард.
    Шумораи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”: (495) 933 66 66.‎

    Бо эҳтиром, Ариёром
    Худо ёрамон бод!‎ ‎

  37. Nangu nomusro mo boyad az Yunoniho yod girem!

  38. Sad afsus, ki dar Dushanbe nestam va dar in vokaei ta’tikhi istirok karda nametavonam. Ammo hamrohi digar barodaron nakshai girdijamoiro dar nasdi saforati Russia dar Olmon dida istodaem.

    Sarbaland boshem.

    Samak

  39. Samaki arjmand,

    xohish doram bo man tamos bigired, orzu doram ba hamoishi guruhi shumo zam shavam

    dd_aibolit@mail.ru

    handy 0178 1659151

  40. Тобути чавонмарги сарбуридаро кй пешвоз мегирад?

    мегуянд ки президент емомали рахмон сахарии 17 декабр ба айроплрти Душанбе меояд то ин ки ба ин амали лаинони рус еътироз кунад.

    Лекин ман бовари надорам ки вай инхел мард бошад.

  41. РАХМОН РАХМОН НАМЕБОШАД АГАР ИН КОРРО КУНАД.
    БА ХУДОИ ЯККАВУ ЯГОНА КАСАМ АГАР КАМТАРИН ХУКУМАТДОРИ ТОЧИКИСТОН БА ПЕШВОЗ БАРОЯД. БАРЪАКС ХАР КАСЕ КИ БА ПЕШВОЗ МЕБАРОЯД ДОШТА ЗИНДОН КАРДАНИАНД.
    ХОЛО ИН ЯК САЛОХИДДИН АГАР ТАМОМИ МИЛЛАТИ ТОЧИКРО ЯК ЯК АЗ ДАМИ ТЕГ ГУЗАРОНАНД КИ ЯК ХУКУМАТДОР ПАРВОЕ НАДОРАД. ЗЕРО КИ ХУДАШ ТИНЧ ФАРЗАНДАШ ТИНЧ ХЕШУ ТАБОРАШ ТИНЧ. БОР ИЛОХО БАРДОР ИН ЛАЪИНОНАТРО АЗ РУИ ЗАМИН.

  42. Хидояти азиз. Чанд кас ба ман гуфтанд, ки Рахмон худаш ба фурудгох меояд.

    То пагох зинда бошем мебинем.

  43. Қобилҷонро кй куштааст?

    Хабари марги боз якчавони 17-солаи тоҷикистониро сомонаҳо расонданд. Ба итиллои сайти Ҳаракати ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатаи тоҷиқ» шаҳрванди Тоҷикистон. Қобилҷон Рӯзибоевич соли таваллудаш 1991, рӯзи 1-уми декабри соли 2008 баъд аз хайрухуш бо модараш ба кор рафтааст.

    Ӯ дар вокзали Ленинградскии шаҳри Маскав боркашй мекардааст. Пас аз ду шабонарӯз, ки аз Қобилҷон дараке набуд, модараш Анорхон Тешаев-на мехохад ба ҷойи кори писараш равад. (Модари ҚОБИЛҶОН дар наздикии шахри Масакав зиндагӣ мекардааст) Аммо дар ҳамин лаҳза, такрибан соата 5:30 саҳари телефон занг мезанад. Овоз аз телефон ба модар мегӯяд, ки барои шинохтани часади фарзандаш ба морги №3, ки дар беморхонаи Склифасовскии Маскав воқеъ аст, ояд.

    Модар часади писари кушташудааш, Қобилҷони кадбаланду тануманд ва мешчашмашро, ки дар тахтапушташ холе доштааст, мешиносад.

    Дар ҷойи кори писараш муҳочирони тоҷикистонӣ мегӯянд, Қобилчонро шаҳрвандони Тоҷикистон, ба катл расондаанд. Гурӯҳи чорнафараи 21 -25 сола аз шахри Кӯлоби вилояти Хатлон, ки дар вокзали Маскав бо зӯрӣ аз ҳамватанони худ пул меғундоштаанд. Нисбат ба ин кор парвандаи ҷиной, аз руйи моддаи 105 КҶ ФР «Куштори барқастона» парвандаи ҷиной боз карда шудааст.

    15 рӯз боз ҷасади ҷавони 17-сола дар морг аст. Ва то имрӯз модари зор ҷасади фарзандашро аз морги шаҳри Маскав гирифта наметавонад. Ҳол он ки ӯ мебоист ичозатномаи муфаттиши прокуратураро 10-уми декабри соли 2008 мегирифт. Аммо то ханӯз иҷозатномаро ба Анора Тешаевна надодаанд.

    Дар морги Маскав ба модари Қобилчoни марҳум гуфтаанд, ки барои дору кардани часади фарзандаш 47 ҳазор ва илова бар ин барои дар морг қарордоштани ҷасад барои ҳар як руз 1800 рубли русӣ дихад. Модар пул надорад…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: