Патакрешахо, дарвешхо ва микрози Шерхон Салимзода

Абдуллох Комил (шахри Душанбе) – Бо забони танз

Озода Рахмон ба мансабе, ки падараш ба вай хадия кард, зор нест. Метавонад мисли хохарони дигараш бизнес занад ва миллиардхо доллар чамъ карда, дар сохилхои гарми Дубай шиноварй кунаду «Кока-Кола» нушад.

Аммо агар падараш дар чунин маком намебуд, гумон аст дар хазорон сол хам ба ин мансаб мерасид. Холо монанди занони дигари кишлокаш саргини гову гусфанд чамъ мекард, то зимистон аз хунукй ях набандад.

Худи акаи Эмомалй дар як баромадаш гуфт, ки агар дар Точикистон як кундаро вазир кунед, хамаи чубу чахсу шоху баргу тиррешаву патакреша корманди ин вазорат мешаванд. Хуб, албатта, айнан ин хел нагуфт, локин кариб ки хамин хел. Аммо замоне гуфта буд, ки холо духтараш раиси Бахши консулии Вазорати хорича, домоди бародараш сафир ва кудааш вазир нашуда буд. Ин патакрешахоро ковед, сару сомонеро намеёбед ва як сомонй хам аз чанголи инхо бархато намеравад.

Ун вакт акаам чавонтар буду аклаш хам тозатар. Хама чизро чаппа хисоб мекард: Аввал хамвилоятй, баъд хамнохиявй, баъд хамкишлокй, сипас хамсинфу хамкурс ва танхо он вакт хешу табор. Холо даврахо дигар шудагй. Афсус, ки хамин вазифаи раиси мухочирон хам дар дасташ нест, вагарна хамаи мансабхои аробакашиву хиштрезиву кучарубй дар Русияро ба ин патакрешахои худ таксим мекард. Он вакт дарвешхо аз хамин нони хунолудашон хам махрум мегаштанд. Хамин агар Путин як соли дигар президенти Русия меистод, харбузаву бодом катй хамин масъала хам хал мешуд.

Нохушхабари Шерхон Салимзода, раиси Очонси назорати молй ва мубориза бо фасод дар Точикистон, маълум нест, ба чаноби олияшон хам дахл дорад ё на. Эшон дина дар Душанбе гуфт, микрози тезе ба даст гирифтаасту дар пайи буридани патакрешахост. Агар мухтарам Салимзода патакрешахои сатхи нохия ва вилоятхоро дар назар дорад, ба хамонаш хам намешавад бовар кард. Локин агар ба болотархо ишора мекунад, холо хам сари вакт Озода аз бизнеси хохаронаш намонад. Кй медонад, Шерхон тахти парчами Созмони Милали Муттахид бо кайчии тез ба хамон тараф меояд?

Аз «Андеша» – Лутфан дар назарсанчй ширкат кунед:

 

2 Responses

  1. «Аммо агар падараш дар чунин маком намебуд, гумон аст дар хазорон сол хам ба ин мансаб мерасид. Холо монанди занони дигари кишлокаш саргини гову гусфанд чамъ мекард, то зимистон аз хунукй ях набандад».
    Шумо фикр накардед, агар оташ президент намебуд, шояд мушкилоти хунуки хам дар кишвар вучуд намедошт!?

  2. Нохушхабари Шерхон Салимзода, раиси Очонси назорати молй ва мубориза бо фасод дар Точикистон, маълум нест, ба чаноби олияшон хам дахл дорад ё на.
    Дахл надорад!
    Акаатон барои Шерхон ва Гургхонхо худост!
    Ое у метавонад бо худои худ биситезад?

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: