Нахустин мачаллаи сайкалй дар кишвари бенаво

vipzoneДар Точикистон аввалин мачаллаи сайкалй (глянцевый) «VIP-zone» махбубияти бештару бештар касб мекунад. Он руз дур нест, ки ин мачалла дар руи мизи кор, пушти шишаи мошин ё дар даст ба нишонаи муваффакияти шахс табдил ёбад. Умед Бобохонов хамеша пешгом аст. Аммо боз хам ба забони русй, на точикй. Ба назар мерасад, чаноби Бобохонов аз накшаи чопи «Осиё-Плас»-и точикй ба суди ин мачалла даст бардошт. Шояд бо сабаби он ки нашрияхои точикй то хануз натавонистаанд, вокеъан муваффак бошанд?

Вале аз суе хам оё имруз чомеъаи мо бо он холе ки дорад, чунин мачаллаи сайкалй ва гламурй ба он зарур аст? Ин гуна намудор намешавад, ки ба руйи чехраи афсурдаи кишвар сайкали зар мекашем, то бадбахтихоро нонамоён кунем ва бо хазорон гам дар дил шодмонй намоем? Ё шояд ин мачалла даъвате ба ояндаи бехтар аст?

Бархе ба матбуъоти русии Точикистон ба рашку хасад менигаранд ва онро сабабгори таназзули матбуъоти точикй ва хамзамон рукуди забони точикй мешуморанд. Аммо инро фаромуш мекунанд, ки хамин «Осиё-Плас» инчунин расонаест, ки кишварро ба чахони берун муаррифй ва таблиг мекунад. Ва хушбахтона, аз махалгароии харзаномахои бадбуй эмин мондааст. Рукуди нашрияхои точикй хамчунин ба камхунарй ва хаваскоронагии хайатхои эчодии онхо низ бастагй дорад.

Солхо пеш аз ин дар пайравй аз мачаллаи машхури маскавии «Знание-сила» дар Точикистон мохномаи «Илм ва хаёт»-ро таъсис дода буданд. Мехостанд, ин нашрия охирин хабархои илми чахониро нашр кунад ва аз ин рох афкори техникии чавонони точикро тахрик дода, ба пешрафтхои фаннй дар мамлакат рох гушояд.

Аммо сардабири он — олими беамал Максуд Хочиматов ва муъовинаш Барот Абдурахмонов «Илм ва хаёт»-ро ба як нашрияи дасти дувуми адабию фархангй табдил доданд ва нашрия танхо ба он сабаб хонандадор шуд, ки аввалин шуда, «Куръон»-ро порча-порча чоп кард. Рисолати аслии ин мачалла ичро нашуд ва хамоно ичронашуда бокй мемонад.

Шояд бехтар буд, пеш аз мачаллаи сайкалй мачаллахоеро бартарй медодем, дар масъалахои иктисодй, илму фанноварй, харчу дахли будичаи оилавй ва монанди инхо, ки рохи ояндаро хамвор мекарданд ва чавонони моро ба хуш меоварданд?

Advertisements

21 Responses

  1. Ин як нусхабардории хаёти як кишвари дигарро мемонад. Ин журналхои ашрофзадаву клубхои доирахои маъруфу пулдор ин хама атрибутхои хаёти чомеаи пешрафтаанд. Афсус чунин атрибутхо ба Точикистони хозира ягон рабте надоранд. Холи Точикистон ба хама чахониён маълум.
    Бо ин навъ журналхо факат вонамуд кардани хаёти «пуршуру осуда» дар Точикистони муздуру гастербайтери худфиреби ва назарфиребист дар назди хоричиён.

  2. Ин як нусхабардории хаёти як кишвари дигарро мемонад. Ин журналхои ашрофзадаву клубхои доирахои маъруфу пулдор ин хама атрибутхои хаёти чомеаи пешрафтаанд. Афсус чунин атрибутхо ба Точикистони хозира ягон рабте надоранд. Холи Точикистон ба хама чахониён маълум.
    Бо ин навъ журналхо факат вонамуд кардани хаёти «пуршуру осуда» дар Точикистони муздуру гастербайтери худфиреби ва назарфиребист дар назди хоричиён.

  3. Ман бо Муҳаммадраҳим комилан ҳамфикрам. Дигар ин ки номи ин маҷалла ҳам манкуртона аст: «Vip zone». Яъне чӣ? Аз тоҷикистонӣ то вип фарсахҳо фосила аст.
    Ё ду ҳафтаномаи дигар аст дар Тоҷикистони мафлук бо номҳои «Asia-Plus» ва «F@C» (Facts and Comentaries). Аз номмонияшон маълум аст, ки ин ашхоси псевдовип киҳо ҳастанд.
    Шахсан ман онҳоро ҳатто варақ намезанам ва атояшонро ба лиқояшон бахшидаам.

  4. Умедворам сафи ин гуна ва хар гуна мачаллаву рузномахо зиед гардад. Шод бош Умед Бобохон!!!
    Кош сафи ин гунахо зиед гардад!

  5. Аз бахилии баъзе ашхос гашам меояд.
    Хамин гуна ашхосанд, ки масал мезананд: «Камбагали айб нест». Дар асл: КАМБАГАЛИ АЙБ НЕСТ- БЕНОМУСИСТ!!!
    Азия Плюс бехтарин мачаллаи Точикистон аст, дар сайташ сахифаи точики низ дорад ва бовар дорам мачалларо низ ба точики чоп хохад сар кард.
    Кош хар шахси точикистони мисли Умед Бобохон аз ухдаи коре ба ин хуби мебаромад!

  6. Ба Фаридун !
    Бобо , пас дар ТОчикистони Шумо шаш милён беномус зиндаги мекунанд? Камбагалии ихтиёри беномусист аммо вакте камбагали ичборист? Илтимос бо ду се чумлахое ки мехонед дар дигар чойхо ин гуна суханои тезу тунд нисбати дигарон назанед. Кадом одамеро дидед ки нахохад доро бошад ? КАДОМ? Дар шароити имрузи Точикистон ку рох нишон дихед чи кор карда аз камбагалти рахо ёбанд мардум???? Фуруши колои Чин? Чои кор ку?
    Фаридун! Бо ду-се рубли ёфтаатон фикр мекунед ки бой шудед??????

    Афсуси Шумо….

  7. Ман Умед Бобохоновро эхтиром мекунам.

  8. Самад! Камбагали наметавонад ичбори бошад. Зеро марде, ки номус дорад рох меебад. Ман мисли ту чои корсозонро интизор нашудам ва худ такдирсози худ будам.

    Бобохонов шоени хурмат аст зеро мисли ту нигарони он набуд,ки касе барош чои кор созад е рохаш нишон дихад. Албатта интизор бош ки касе ба ту рох нишон дихад, ин аз он чихат низ хуб аст, ки фардо дар холати номуваффакии ту рохнишондода гунахгор хохад буд.

  9. Огои Фаридун ,ман шукри Худо сад нафарро бо кор таъмин дорам . Ва ман навиштам ки он чи Бобохонов мекунад шоёни тахсину эхтиром аст. Ва ончи ки кор кардам то поёни умрам басандаги мекугнад . Бо мехнати халол .Бизнес . На бо дуздиву порахури . Дар Точикистон камбагали ичбори аст . Рахмону атрофиёнаш мардуми хеле ноогох хастанд. . Шумо нагз мефахмед , ки хама бизнесмен шуда наметавонанд. Коргар хам даркор. Вакте Рахмон дар давоми хукуматаш ягон заводу фабрик насохт ё намонд ки дигаро созанд халки точик чи кор кунад. Хама номус карда аз Ватан дур хору зор муздури мекнанд то оилахояшонро таъмин кунанд . Ба ин мардум хайкал мондан кам.

  10. Мухтарам Фаридун!

    Намедонам ту он замоне, ки мову Умед Бобохонов дар Душанбе тавалуд шудему дар як мактаб тахсил мекардему зиндаги мекардем, ту ба дунё омада буди ё на, намедонам.
    Кас хайрон мешавад, ки точик мардум то чи дарача дар нихонаш хисси бадбини дорад ва беинсофиро бубинед, шахсе, ки фикрашро дар бораи журнали «VIP zone» бе ягон гараз ва бо ташрехоту далоил менависад, уро ба бахили мутахам мекунад. Аввал, ба назарам чашмхоро калонтар кушода матни навиштахоро бодиккат мутолиа намудан зарур будагист.

    Бори дигар матни навиштаамро мефиристам:

    «Ин як нусхабардории хаёти як кишвари дигарро мемонад. Ин журналхои ашрофзадаву клубхои доирахои маъруфу пулдор ин хама атрибутхои хаёти чомеаи пешрафтаанд. Афсус чунин атрибутхо ба Точикистони хозира ягон рабте надоранд. Холи Точикистон ба хама чахониён маълум.
    Бо ин навъ журналхо факат вонамуд кардани хаёти “пуршуру осуда” дар Точикистони муздуру гастербайтери худфиреби ва назарфиребист дар назди хоричиён».

    Акнун, ба ман гуй, ки дар кучои ин матн хисси бахили ба гуфтаи ту вучуд дорад? Исбот кун Фаридун!
    О, гап дар бораи мачаллаи «VIP zone» меравад, дар бораи газетаи «Азия Плюс» ки сухан кардааст? Ин чо дар бораи дар гап меравад, на девор! Дар бораи шахсияти Умед Бобохонов ки харф задааст?

    Баъд, на факат ту Умед Бобохоновро эхтиром мекуни. То эхтироми ту пайдо шуда буд, ки хонаводахои мову Бобохоновхо беш аз 45 сол робитаи дустона дорад ва ин эхтиром хеч гох коста намешавад. Лекин фикри мо дар бораи журнали «VIP zone» хамин аст ва ин ба дустии миёни моён хеч иртиботе ва таъсире хам надорад. Хар кас дар акидаи худаш мемонад. Дусти хам!

  11. Дар хакикат сухан ин чо на аз шахси Умед Бобохонов буд ва на аз «Азия-Плюс». Гап аз мачаллаи нав буд ва хам мусбату хам манфй.

    Онхое ки кудрату тавоной доранд, шояд ба нашри мачаллву рузномахое даъват шаванд, ки барои насли чавони мо ахамияти аввалиндарача доранд. Барои намуна, имруз мачаллае зарур аст, ки забони точикиро ба точикон биёмузонад ва сараро аз носара чудо кунад.

    Нашрияхое зарур аст, ки рагбати чавононро ба илму техника ангезиш дихад, аз хурдсолй ба онхо омузонад, ки дунё имруз дунёи илму фанноварист ва миллатхое комёб мешаванд, ки дар ин соха ба нашри густардаи иттилоъ машгуланд.

    То кай мо руи таърихи кадимй бахс мекунему намебинем, ки сол то сол ба нобудй меравем? Насли нави мо ба гайр аз аробакашию селофанфурушй кори дигареро бояд биёмузад ё на? Ин Рахмону-пахмонхо дах-бист соли дигар ба кабристон мераванд, вале миллат бояд ба пой бархезад ва барои ин аз холо бояд амал кард. Интизор набошед, ки баъд аз пахмонхо одами бехтаре сарвари миллат мешавад. Агар насли нав дар хамин рухия идома кардан гирад, бадтар мешавад, ки бехтар на!

  12. Ба Рустам!

    Интизор набошед, ки баъд аз пахмонхо одами бехтаре сарвари миллат мешавад.

    Бале , мо набояд интизор шавем . Бояд амал кунем дар чорчубаи Конуни Асосие ки дорем ба сиёсат ру орем . Ва коре кунем ки сарвари давлат одами арзанда шавад. То мо шарм накунем вакте бигуем президенти мо РАхмон. Аз рахбари давлат хеле чиз вобастаги дорад. Маколи точики хаст . Хар чо ки Сар гуфт По хамун чо мерад . Сар сари Рахмони бошад По ба чуз муздури чои дига нахохад рафт. Чаро ? Ба Шумо маълум .

    Боз Рустам менависад ; » Агар насли нав дар хамин рухия идома кардан гирад, бадтар мешавад, ки бехтар на!»

    Бале , милати моро бояд рухиясоз Шахсе , то тавонад дар атрофи худ профессиналхоро чалб кунад ва бо кумаки якдигар моро БА ПЕШ барад.
    Мо бояд як чизро дарк кунем ки аз интихоби мо хеле ва хеле
    зиндагии мо вобастаги дорад. Ва барои ИНТИХОБИ худ муборизабариро омузем.

  13. Ба Рустам!

    Шояд бехтар буд, пеш аз мачаллаи сайкалй мачаллахоеро бартарй медодем, дар масъалахои иктисодй, илму фанноварй, харчу дахли будичаи оилавй ва монанди инхо, ки рохи ояндаро хамвор мекарданд ва чавонони моро ба хуш меоварданд?

    Албатта хуб мешуд ки дар хар соха иттилооти бештари ба забони точики навиштаву дастрас шавад. Вале Умед Боббохонов пеш аз хама бизнесмен ( сохибкор , рости намедонам точикеш чи бошад ) аст .Ва максади Вай пеш аз хама пул кор кардан. Ва ин чо СПРОС и ПРЕДЛОЖЕНИЕ накши мухим мебозад. Ман боварии комил дорам ки Бобохонов пеш аз баровардани ин мачалла бозорро хуб омухта аст. Касе намехохад пулашро барбод дихад. Капитализм .

    Бехтари рохи хали ин масъала ташкили фонд мебошад . Танхо бо рохи чалб кардани пули беруни метавон ба чопи ин гуна мачаллахо пардохт . Ба сабаби он ки ин гуна мачаллахо сарфи худро намепушонанд Ва ягон бизнесмен ба бехуда пул сарф намекунад. Ё бояд аз тарафи давлат маблаггуори карда шавад.
    Дар давраи аввал бошад акаллан фуруши мачаллахое ки ба забони руси ё форси дар ин сохахо чоп мешаванд ба рох монда шаванд.

    Ба забони руси мачаллахои хубе чоп мешаванд.
    Эксперт , Деньги , Власть , Личный Бюджет , РБК, Свой Бизнес, Популярные Финансы , Д- Штрих, Психология, Юный натуралисть , Юность , хамеша наметавон номбар кард

  14. Барои онхое, ки дар ин 20 соли охир дар замони дангитиён-пахмонхо ба воя расидаанд, хатто тасаввур кардани рахбари ояндаи нави поквичдону хирадманди кишвар идеяи абстрактиро мемонад. Дарк кардани ин наслро мумкин аст зеро насли мазкур ба гайр аз ин режими пасмондаи хайвони дигар рузгореро надидаанд. Менталитет вокеан мисли аксарият шудааст. Дангитиён кори худро кардаанд, аммо хануз хам рохи начоти ин миллат хаст. Чи тавре ки як бузурги ин миллат чанд сол пеш гуфта буд, ин имкони охирин. Масъала ё.. ё… аст. Афсус ки ин хатарро хануз хам чомеаи парешону подамонанд дарк накардаанд.
    Конуни Асосие ки Самад аз он харф мезанад ва даъват дорад дар чахорчубаи он амал кунанд, барои оилаи дангитиён навишта шудааст. Он шарм аст барои як миллате ки мафхуми давлатдориро ба тамаддун додааст!» Миллате ки муаллифи аввалин Эъломияи хукуки башар дар чахон эътироф шудааст!
    Дар бораи «мачаллахои хуби руси»-и Самад аз онхо ёдовари мешавад, хаминро гуфтан мумкин аст ки онхо барои хонандаи Русия навишта шудаанд ва ба точикон хеч иртиботе надоранд ва «капитализм»е ки Самад аз он харф мезанад ба Точикистони имруза хеч рабте надоранд. Капитализм дар Амрико ва дигар мамлакатхои гарб вучуд дорад, дар Точикистони пахмони чомеаи акибмондаи гуломдори-феодали бунёд шудааст ва такрибан 40 фоизи мардумаш дар хоричи зиндаги мекунанд. Бокимонда мисли гуфтахои Самад-око «дар чахорчуби Конуни Асоси амал мекунанд».

  15. Огои Мухаммадрахим!
    Ман мефахмам ки Конуни Асоси хеле камбудихо дорад . Ва оилаи машхур ислоххое барои худ дар он дохил карда. Аммо Шумо рохи дигареро медонед пас ппешниход кунед . Мухим ки мо ба оянда хуш нигарем ва кушиш кунем ки ин дангитиёне ки мегуед аз сари кудрат дур кунем. Бо рохи чамъ шудан гирди хизби дигар. Бо рохи таблигот . Бо роххое ки моро натавонан ба террористу экстримист айбдор кунанд .
    Ман намедонам чаро Шумо фикр мекнед ки ин мачаллахои руси дардхури точикон нестанд. Ман хеле сол аст ки мехонам ва хамчун як точик гуфтаниам ки хеле хам ба точикон иртибот дорад. На танхо ба точикон , ба узбакону киргизону казокону дигарон низ . Чун мо хама баъди фурупошии Шурави сохтори капиталистиро бипазиридем , ва мояи системаи капиталисти дар хама чо як аст. Касе ки мефахмад онро зуд истифода мекунад аз ин механизмхо ва мисли Акбари Саттору У . Бобохонов сохибимперия (медиаимперия) мешаванд. Ба фикри Шумо инхо кихоянд? капиталистони точик .

    Ба маълумоти Шумо мерасонам ки имруз дар Амрико ба сабаби бухрон давлат аз баъзе унсурхои капиталисти даст кашид. Масалан давлатикунонии чанд кампанияи машхур.
    Ман ба фикри Шумо розиам ки дар Точикистон феодализм чо дорад .Мо аз давраи феодали ба капитализм нагузашта зуран ба социализм гузаштем ва социализмро нафахмидаю напазируфта ру ба капитализм овардем . Дар Амрикову мамлакатхо Аврупое ки мегуед капитализм торихи дуасра дорад . Дар мо хамаги бист сол Фаркият хаст? Аммо т о хол чомеаи чахони аз капитализм бехтар сохторе наёфтааст.
    Ман дар ин бист соли ахир ба воя расидам аммо хушбинам , (оптимист) Ва бовар дорам ва кушиш хам харч дорам то Рахмонхо аз сари кудрат раванд.Агар бодиккат хонда бошед махз барои ман «тасаввур кардани рахбари ояндаи нави поквичдону хирадманди кишвар идеяи абстрактиро » намемонад .
    Мана иктибос аз навиштаи ман «Ва коре кунем ки сарвари давлат одами арзанда шавад. То мо шарм накунем вакте бигуем президенти мо РАхмон. Аз рахбари давлат хеле чиз вобастаги дорад. Маколи точики хаст . Хар чо ки Сар гуфт По хамун чо мерад . Сар сари Рахмони бошад По ба чуз муздури чои дига нахохад рафт. »

    Ташаккур барои вактатон .

  16. Конуни Асосии кунунии Точикистон гайриконунист ва вайрон кардани он айни муддаъост. Он дар вокеъ ба маънии шикастани як конуни гайриконунй хохад буд.

  17. Ба Самад. Шумо навиштаед: «Мо бояд як чизро дарк кунем ки аз интихоби мо хеле ва хеле
    зиндагии мо вобастаги дорад».
    О, бародар, инҳо «власта сварка кардагӣ», медонед ё не? То ягон ҷавонмард инҳоро зӯран аз «власт»-ашон дур накунад, намешавад. Чорчӯбаи Қонуни Асосиро як сӯ монед, ки ҳатто бо чӯби ҳамон ҚА чунон мезананд, ки…
    ҚА-ро ҳам (между прочим) худашон навиштагӣ ва тағйиру иловаҳои лозимаро ворид кардагӣ. Ҳа, братишка. Хап ку бушин. Чӣ, бо ту недаволнийӣ?!!!
    Не, не, таға, ҳамаш гулай…
    Ана ҳамин хел ҳамаи аҳли миллат братишка шудааст, бародари азиз.
    Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?

  18. Ба Олимчон!

    Ман фикри Шуморо фахмидам. Вале боз хам иброз мекунам ки бо роххои конуни бисёр корхо кардан имкон дорад.Ку оппозицияи давлат? Ки онхоро мешиносад ? Чаро байни мардум онхо махбубият надоранд? Мисол хохед овард онхоеро ки дар зиндонхостанд? мо бояд як лидере интихоб кунем ки онхоеро ки аз хукумати рахмони норозианд ба хам орад. Ман дур аз Точикистон намедонам оё хастанд чунинхо?
    Боз як чизи дигар. Хамаи ин гуруххои оппозициони аз кишвархои хорич маблаггузори мешаванд. Одаме даркор ки тавонад ин маблагхоро мохирона истифода барад. Мисли Хумайни . Хумайниро Амрикоихо сари кудрат оварданд.
    Пас аз он ки у сари кудрат омад аз амрикоихо ру гардонд. Максади ман яъне тавонист …..

  19. Самадчон!

    Конун барои ману ту ва он 7 миллион гулому гастарбайтер конун аст, аммо барои 2-3 хонавода ва хешу акрабои ин хонаводахо конуни ту когази, мебахши, туалет.
    Ба саволхоят таваччух намо: «Ку оппозицияи давлат? Ки онхоро мешиносад?»
    Касе ки камакак миёни мардум махбубият дошт ё захр дода куштанд ё инвалид шуд ва ё мухочир шуд ва ё дар зиндон хоб.
    Ягона оппозиционери нимарасми Рахматулло Зоировро захр дода кариб кушта буданд. Агар дипломатхои гарби бо самолеташон ба Швецария намебурданд шояд вай хам мемурд мисли Нури, мувоини Нури аз Исфара Шамсиддинов, Сохибназаров. Химматзода инвалид шуд аз захри инхо. Фармондехонро диди чи кор карданд аз Ё.Салимов сар карда то М.Искандарову дигару дигар. Як кисмашонро харид, мисле ки он беномус С.Мухаббатов (ин беномусро бин ки бародарашро чанд мох пеш хаминхо ба катл расонда буд), Д. Усмон, Х.Турачонзода (ба бизнесменхо табдил шуданд). Хатто лидерони Кулобро хам такрибан аз байн бурданд. С.Кувват, Насриддинов ва чанде дигаронро аз чихати иктисоди банкрот намуда, хонашин карда мондааст.
    Акнун ту мегуи ки лидери оппозиция ба пеш гузарад, дар ин вазъият кадом нафареро ки лидер эълон шавад, ба ягон бало гирифтор мекунанд. Ин ба хама маълум.
    Дар бораи Хумайниву Амрикот хамин ки Точикистони ту ба ягон хоричи ва ё Амрикову гарбат мухимам нест ва зарур хам нест. Чаро ки диктаторхо мисли диктатори ту дар минтакаву чахон пур аст. Он замони Хумайни дигар буду хозир замон дигар шудааст. Амрикову мамлакатхои гарбат ба Точикистонат туф кардаанд. Ба гайр аз Худову худи халки Точикистон касе ба ин нимадавлатча ёри дода наметавонад.

  20. Афшин!
    Ман аз ун чизеое ки ту менависи бохабарам.
    Ёкуб Салим оппозиция набуд. У хам мисли Рахмон чохиле беш нест. Шояд киссаи захр асос дошта бошад , вале байни онхое ки номбар кардед ба гайр аз Сохибназаров хама бесаводанд. Нури саводи иктисодиву сиёси надошт. Саводи исломии у кам ба кор мерад.
    Ё бигирем Гаффор Мирзоро . Кист у? Дузду беномус. Искандаров ? хамчунин . Бадбахтона мо наметавонем шахси покеро номбар кунем.
    Давлат Усмон? Аз Вай пурсед ки дар давоми зиндагияш чанд китоб хондаааст . Бовар дорам кам.

    Абдуллоджонов? Бехтар ки аз у хам ёд накунем. Ба ду рубл оилаву ватанаша мефурушад..

  21. Аз хама тараф назар кардани чавонон ба хама масъала мухим аст. Аммо, шахсеро тахкир кардан нашояд. Умед Бобохонов гарчанде журналист аст. Аммо у ба яке аз медиамагнатхо табдил ёфтааст.Шояд барои у танхо ба даст овардани маблаг мухим бошад. Фаромуш набояд кард, ки кариб тамоми интелегентхои мо ба забони модарии худ таваччух надоранд. барои хамин доираи аудиторияро ба назар гирифта мачаллаи худро ба забони руси нашр кардааст. Холо он ки ин мачалла ороиши баланд дорад, вале тамоми матолиб хусусияти рекламави дорад. ба хар хол ба Умед бароир кор мехохам. Дар ин замина кушиш ба харч дихад, ки мачаллае ба забони модарии худ нашр бикунад.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: