Аз мардикорон шарм медорам, вале…

Анохита (шахри Душанбе)

Рохи харрӯзаи ман аз назди мардикорон мегузарад ва намешавад, ки аз бари онхо беэътино бигзарӣ. Ханӯз аз лахзае, ки ба самти онҳо меои, хама чонибат менигаранд ва ту нигохашонро эхсос мекунӣ. Агар кадамгузориатро каме сусттар куни, ҳатман мегуянд: «Ягон кор бошад, рафта кунем.» Худо накунаду ин лахза мошине дар наздикии онхо карор бигирад. Хама тарафи он медаванд ва агар бахтат баландӣ кунад, онхо туро танхо тела дода мегузаранд.

Мардикорон мошинро аз чор чониб ихота мекунанду ба сухани ҳам гӯш надода, худро ба савдо мегузоранд. Баъзан чунин мешавад, ки сохиби мошин ба чунин рафтор тоб наоварда, онхоро дашном медихад, зеро ошкор мешавад, ки соҳиби мошин аслан ба суроги мардикорон наомадааст. Вале онхо медаванд чониби ҳар мошине, ки дар он чо карор мегирад.

Ва ман хар боре аз назди мардикорон мегузарам, шарм медорам. Мекӯшам сарамро боло набардорам, ба чашмашон нигох накунам. Гӯё эхсоси гунох дорам пеши онхо.

Аммо рузе иттифокан хостам аз хидмати мардикорон истифода кунам, барои каме таъмир кардани даромадгохи бино. Вақте наздашон рафтам, ҳама гирди ман чамъ омаданд. Бо душворӣ ду чавонро интихоб кардаму ба хона бурдам. Гуё дар омади гап аз кору борашон пурсидам. Гуфтанд, ки баъзан дар як рӯз 20-50 сомонӣ кор мекунем, вале кор ё кам аст ва ё тамоман нест. Якеаш гуфт, ки аз минтакаи Кулоб омадаасту дар шахр чои истикомат надорад. Хар шаб ба донишчӯе як сомонй дода, шабашро дар хобгох руз мекунад. Пурсидам, ки оё касе аз ягон муассиса боре ба суроги онхо омадааст? Гуфтанд, ки баъзан милисахо меоянд, барои рондани мо аз сари роҳ.

Ман дигар ба онхо кордор нашудам. Вале баъди анчом додани корашон бубинам дарро тавре ранг кардаанд, ки рангаш дурушт асту мешорад. Ман музди мехнаташонро додам, вале гуфтам, ки ранги дарро тоза карда, онро аз нав ранг кунанд. Чавони кӯлобй рафт, то асбобашро оварда, рангро тоза кунад. Вале торик шуду аз у дараке набуд. Рафикаш «шояд ӯро «облава» карданд» гуфта, ба сурогаш рафт. Ва хамин тавр онхо се руз гайб заданд. Ман хар рӯз ба назди мардикорон рафта, он ду чавонро мепурсидам. Рузи чахорум бо чавони кулоби дучор омада гуфтам: «Бигзор дари хонаи маро ранг накунед. Вале ман аз он зиқ шудам, ки ё туро «облава» карданд ё дуи шумо аз ман гурехта, аз пулкоркуни махрум шудед».

Шояд онхо аслан аз уҳдаи ранг кардан намебаромаданд, харчанд дар огоз худро таъриф карда буданд, ки ҳама гуна кор аз дасташон меояд. Бо як шиносам дар бораи мардикорон сӯхбате доштаму гуфт: «Зиндагии баъзе мардикорон аз зиндагии ту бехтар аст. Онхо метавонанд маоши якмохаи туро дар як рӯз пайдо кунанд, ба шарте ки ҳунаре дошта бошанд.»

Ман хам баъзан мехохам биистаму ба мардикорон бигуям: «Шумо гумон накунед, ки ҳоли рохгузарон аз шумо бехтар асту шояд онҳо чои кори доими доранд. Шумо ба сару либосашон нанигаред, ки медонад у кисту бо чи коре машгул аст. Ин чавоне, ки шиму куртаи охарӣ ба бар дорад, эхтимол донишчӯест, ки фикраш танхо ба пайдо кардани гизову ичорапулӣ банд аст. Ӯ барои дониш чустан на имкон дорад, на нерӯ ва на эътимод ба он ки дар ин замон дониши у ба касе лозим аст. Вале бо тақозои тахсил дар мактаби оли, мачбур аст чунин либосе ба бар дошта бошад.

Он зане, ки шитобон меравад, шояд омузгор аст. Шумо тасаввур карда метавонед, ки имруз омузгор будан чи маъно дорад? Оё боре дидаед, ки хатто хонандаи мактаб (на донишчӯ!) бо устод чи гуна муносибат мекунад? Оё медонед, ки муаллим чи қадар маош мегирад ва чи гуна чашми тамаъ ба шогирд медузад?

Ба он духтари нозанине, ки либоси муди охирин ба бар дорад, маънидорона нигох накунед. Шояд у фоҳишаест, ки баландтарин арзиши инсониашро ба савдо гузоштааст.

Ва оё онхое, ки дар бозор савдо мекунанд, бахусус занхо холи бехтаре доранд? Кӣ медонад, ки онхо субх соати чанд аз хоб мехезанд, ин кадар бори гаронро чӣ гуна ба бозор меоранд, нозирону милисахо бо онхо чӣ гуна муносибат мекунанд? Як зани шиносам, ки дар бозор либос мефурушад, мегуяд, ки тамоман савдо нест, се руз боз бо кудаконаш ба чуз «Роллтон» чизи дигаре нахурдаанд. Он зан рӯзи дароз дар бозор асту кудаконаш ру ба рахми Худо…

Хатто ба онхое, ки бо мошинхои гуногунтамга меоянд, ҳавас накунед. Шояд яке мисли шумо, вале дар гурбат, мардикорӣ карда, онро харидаасту имруз магрурона мошинсаворӣ мекунад? Шояд маблаги мошини бошукуҳи дигаре бо рохи халол ба даст наомадааст ва шабхо аз тарси фош шудани гунохаш хобаш намебарад?

Хатто ба онхое, ки галстукхояшонро таранг баста босалобат менишинанд, низ ҳасад набаред. Хамон галстук тавқи гуломии онхост. Гуломи мансабанд, гуломи сарватанд, гуломи хочаи аз худ ба вазифа болотаранд ва билохира гуломи хонумашон (ё худ хонумхояшон). Оё медонед, ки онхо бо чи дуругу хушомаду пораву роххои дигар ба ин мартаба расидаанд ва аз эхтимол дур нест, ки фардо онхоро чи интизор аст? Аз ин чост, ки танхо дар мавридхое, ки мақому мартабаашонро вонамуд кардан мехоханд, галстукро мебанданду чун аз нишастхои расмӣ берун омаданд, зуд онро мегиранд. Гулӯгирашон мекунад шояд.

Дар бораи кору маоши рузноманигорон намегуям, сухан ба дарозо мекашад. Танхо як вокеаро барои мисол меорам. Боре аз як сарояндаи навбаромаде, ки худро «ситора» мехисобад, пурсидам: «Оё минбаъд аз бе фонограмма суруд хондан наметарсед?» У шояд дар посухи суол душвори кашид ё аслан беморие дошт, ки дар посухи суоли хеле муаддабона додаи ман бо дурушти чунин гуфт: «Э шумо журналистхои бесавод, барои ду сум пули хофизон номусатонро мефурӯшед…» Ман дар хайрат афтодам, ки ин сухани у бо суоли ман чи иртиботе дорад ва аслан у чаро ба нафаре, ки тамоман намешиносад, чунин суханхо мегуяд. Ва уро бо чунин магзу сиришти тихиаш махз рузноманигорон бепулу ба кавли у «бо пул», бо сеҳри суханашон «ситора» кардаанд. Ва мардум барои гузаронидани маъракахояшон ба у ҳазорхо доллари дар муҳочират ёфтаашонро медиханд. Шояд у замоне назди рузноманигоре омада, хохиш карда буд, ки уро реклама кунад. Холо бо таргиби рӯзномахову радиову телевизион ва бо шарофати фонограмма пулдор шудаасту рузноманигоронро назараш намегирад. Ва боз бахташон баланд аст, ки расму оинхо ба танзим даромаду нархи ҳофизон не.

Ва шояд у намедонад, ки на хама рузноманигорон ба хотири пули сарояндагон менависанд ва баръакс барои навиштахояшон ҳакки калами ночизе мегиранд ва боз баъзан дучори озору тахдидхо мешаванд.

Хулоса, хамаи мо дар зиндаги гуё мардикорем. Факат баъзехо метавонанд инро мохирона пинхон бидоранд, баъзехо лаб зери дандон ниходаанд, вале бархеи дигар мисли шумо, мардикорон дарду мушкилоташонро пеши мардум урёну ошкоро мегузоранд. Вале магар ман метавонам аз назди шумо магрурона бигзарам, чун ҳамаи мо имрӯз ҳамдардем. Харчанд на ҳама…

2 Responses

  1. Аз мардикорон чаро ту шарм дори?
    Ту онхоро ба ин хол наоварди, чаро ту бояд шарм дори?
    Ту як давлати зебову бохайру баракаро аз байн набурди ва халкро ба мардикор табдил накарди, чаро ту шарм дори?
    Хайрият дар як давлат як зане пайдо шудааст, ору номус доштааст. Агар дар Точикистон хама мисли ин хохар хамин тавр нангу номус медоштанд, хеч кас мардикор намешуд.

  2. Ахсан! Навиштаи хеле чолиб аз вокеияти зиндагии имрузи мо. Хеле дуруст аст, ки на хамаи мардикорон аз ухдаи кори ваъдадодаашон ба хуби мебароянд. Иддае аз онхо хатто асбобу анчоми лозимиро низ надоранд. Аз ин ру бехтараш он устоеро бояд чалб кард, ки дар бораи кори у дустону рафикон аллакай медонанд ва уро ба ту маслихат додаанд.

    Инчунин дуруст аст, ки хамаи мо дар чунин шароит як навъ «мардикорем».

    Сарбаланд бошед!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: