Конуни Парето: 80 ба 20 ва ё 99 бар 1

Як иктисодшиноси точик менависад, ки Хукумати Точикистон аз руи Конуни Парето (Вилфредо Парето) 80 ба 20 сохта шудааст. Яъне хукумати калоне, ки бояд кори хурдеро анчом дихад. Тибки хамин конун мешавад таносубро баракс кард, яъне 20 ба 80 — 20% бехтарин кадрхо барои халли 80 дарсади вазифахои хукумат.

Росташ, аз ин макола чизи зиёде барнаёмад, чуз ин ки Хукумати Точикистон зарурат ба тахаввул ва хуни нав дорад, зеро ба гуфтаи ин иктисодшинос он ба андозае натавонист, вазифаи худро ичро кунад, ки хатто обруи мансаби давлатй дар чашми чамъият ба хоки сиёх баробар шуд.

Албатта, ин масъаларо нахустин шуда андешавари чавон Ботур Косимй дар яке навиштахояш барои «Андеша» матрах карда буд. Вале формулбандии Конуни Косимй дигар буд: 1 бар 3. Яъне аз се корманди Хукумати Точикистон 1 нафари бехтарин дар сари кор монад ва дигарон курсиро холй кунанд. Хамзамон ин 1 нафари бехтарин бояд он се маошро бигирад ва аз фикри пораву ришва худро дур кунад.

Ба фикрам, Конуни Косимии точик аз Конуни Паретои итолиёй барои Точикистони имруза ба маротиб бехтар аст. Аммо шояд аз он хам бехтар Конуни Субхонист бо номи 99 бар 1. Яъне 1 нафари маълум бо он ки натавонист, зиндагии бошарафонаи 99 дарсадро таъмин кунад, охиста ба истеъфо равад ва ин 99 дарсадро аз худ начот бидихад. Мумкин он вакт хамаи конунхои дигар нодаркор шаванд.

 

7 Responses

  1. Гайриинтизор ин масъала хеле чолиб аст, харчанд фикр намекунам, андешаварони моро таконе бидихад.

    Дар Википедия хондам, ки асли Парето як чанбаъи дигар низ дорад — дар низомхои номутаносибе монанди ватани мо 80% сарвати як миллат дар дасти 20%-и ахолй чамъ меояд. Ба наздикй хонда будам, ки ба кавли Пажухишгохи иктисодии Фархангистони Улум 87 дарсади сарвати миллии Точикистон дар дасти 15 дарсади ахолии кишвар гирд омадааст.

    Ин боз як натичаи рахбарии чаноби Рахмон аст, ки окибати нек дошта наметавонад. Зеро ин чо на инсофе хаст ва на мантике. Рахбарияти мамлакат бояд тавре кунад, ки дар кишвар як синфи миёнахол ба вучуд ояд. Чунин синф метавонад, поя ва зербинои оромию амният дар мамлакат гардад.

    Вакте дидаву дониста, баракс амал мешавад, дар хама гуна ояндаи кишвар Рахмон бояд худро гунахкор донад, на ягон каси дигарро.

  2. Optimalnost Pareto imeet eshe odno ne malovajnoe znachenie kotoroe podkhodit k segodneshney situatsii v TJ. Ekonomicheskaya sistema shitaetsa Pareto Optimalnoi esli v etom obshestve nikto ne uluchshaet svoe sostoenie za shet kogo to drugogo. Ili je system is Pareto optimal if nobody gets better off by making someone else worse off. Otsuda vivod, TJ sednya is not Pareto optimal

  3. Яъне принсипи Парето дар холе метавонад, судбахш бошад, ки агар як бахши ахолй вазъи худро аз хисоби бахши дигари он бехтар накунад. Дар акси хол асли Парето фоидае намеорад.

    Бардошти ман дуруст аст?

    Дар он сурат пешниходи Косимй хам фоида намедихад ва танхо Конуни Субхонй метавонад халли масъала бошад. Ё гапам нодуруст аст?

  4. Rosti gap barodar tojvar, Tojikiston ba yagon ramkai iqtisodi namedaroyad. Yane az nuqtai nazari teoriyai iqtisodi vazi imruzai Tojikistona fahmondan dushvor ast. Misoli odi, narkhi jahoni naft. Benzini ki ba Tojikiston vorid meshavad az Kazoqiston va Russiya meoyad. Narkhi nafti Russiya az mohi Iyul to imruz ziyoda az 80% kam shud. Lekin narkhi benzin da Dushanbe qarib 50 diram arzon shudast. Da Amriko masalan, mohi Iyul narkhi benzin qarib yak dollar bud, hozi ba 35 cent faromad. Boz bozori moshini Dushanbe aynan ast, bozori kharidu furushi khona boz ya misol.

    Man shakhsan bo fikri Qosimi rozi hastam. Yane mo boyad taqriban az 30 to 50 foizi kadrhoi imruzai Tojikistona «sokrasheniya» kunem. Mondagish boyad hamashon pereattestatsiya guzaran.

  5. Транслитератсияи навиштахои боло – Tojik:

    Рости гап бародар Точвар, Точикистон ба ягон рамкаи иктисоди намедарояд. Яъне аз нуктаи назари теорияи иктисоди вазъи имрузаи Точикистонро фахмондан душвор аст. Мисоли одди, нархи яклухти нафт. Бензини ки ба Точикистон ворид мешавад аз Казокистон ва Русия меояд. Нархи нафти Руссия аз мохи июл то имруз зиёда аз 80% кам шуд. Лекин нархи бензин да Душанбе кариб 50 дирам арзон шудаст. Дар Америка, масалан, мохи июл нархи бензин кариб як доллар буд, хозир ба 35 цент фаромад. Боз бозори мошини Душанбе айнан аст, бозори хариду фуруши хона боз як мисол.

    Ман шахсан бо фикри Косими рози хастам. Яъне мо бояд такрибан аз 30 то 50 фоизи кадрхои имрузаи Точикистонро ихтисор кунем. Бокимонда бояд хама переаттестатсия щаванд.

  6. Сипосгузорем, барои баёни андешахои чолиб. Аммо ду пурсиш – ба фикри Шумо, чаро хукумати Точикистон монанди хамаи хукуматхо дар чахон дар наздик парламент чавоб намедихад? Онхо намехоханд ё парламент чунин хакро надорад?

    Сониян, аз 30 то 50 дарсади мансабдорони имрузаро кй бояд ихтисор кунад ва чаро хеч коре барои ташкили хукумати пуркувват карда намешавад?

  7. Parlamenti mo ba nomash parlamentay. Kadom kora ijro mekunan? Hamash baroi protokol. Davlati befoida sohibistiqloli dunyavi naguftaand.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: