Тахкир ва тахрифи ислом бас шавад

qozidomulloХочй Акбар Турачонзода

Ба мушовири давлатии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба рушди ичтимой ва робита бо чомеа мухтарам Саймурод ФАТТОЕВ ва ба вазири маорифи Чумхурии Точикистон мухтарам Абдучаббор PAXMОHОB

Бо салому эхтиром ва орзуи муваффакиятхо.

Аз чониби Президенти мухтарами кишвар эълон гаштани соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) сахифаи наверо дар раванди худшиносии миллй ва исломии миллати точик огоз кард. Ин икдом фурсати муносиберо фарохам овардааст, ки мо бори дигар ба сарчашмахо ва арзишхи асили хуввияти худ бо чашми хирад нигариста, муносибати худро бо онхо вокеъбинона бахо дихем.

Яке аз мухимтарин масъалахое, ки имруз дар чомеаи мо матрах, аст, сатхи маърифати динии мардум ва тарзи муносибати чомеа бо арзишхои исломй мебошад. Президенти кишвар низ дар суханронидаи ахири худ дар чашни истиклолияти кишвар ва хангоми боздид аз нохияхои минтакаи Рашт ба масъалахои чудоинопазир будани фарханги миллй ва динй ва зарурати огохии мардум аз маърифати динй ба таври возех, таъкид намудаанд.

Дар айни замом, чои шубха нест, ки сатхи маърифати хар чомеа ва муносибати аъзои чомеа ба ин ё он арзиш пеш аз хама ба барномахои таълимии сохаи маориф вобаста аст. Яъне, махз дар раванди таълимй ба зехни хар толибилм гузошта мешавад, ки накшу чойгохи вокеии хар арзишу мафхум чист ва муносибати мо бо он бояд чигуна бошад.

Бинобар ин, зарур медонам, ки бо мурочиат ба Шумо, ки хам шахсиятхои огоху бомаърифат ва хам масъулони аввали ин соха дар кишвар мебошед, масъалаи муносибати имрузаи низоми маорифи Точикистон ба арзишхои исломиро дар миён гузошта, барои ислохи он чанд пешниходи мушаххаси худро эхтиромона ироа намоям.

Мутолиаи китобхои дарсии мактабхои миёнаи кишвар нишон медихад, ки бо вучуди дар фазой умумй ва сиёсй тагйир ёфтани муносибат ба Ислом ва арзишхои исломй, нигохи сохаи маориф ва маводи таълимии ироашаванда дар ин масъала хануз дар хамом колабхои пешина бокй мондааст. Метавон гуфт, ки дидгохи аксари муаллифони китобхои дарсй ба масъалахои марбут ба Ислом ва арзишхои исломй асосан гайрикасбй, гайриилмй, тахрифшуда ва дар аксари мавридхо гаразнок ва тухматомез мебошад. Ин навъи нигариш ба динй мубини Ислом хусусан, дар китобхои дарсии таърих, адабиёт ва дигар фанхои чамъиятй ба рушанй мушохида мешавад, ки натичаи он эчоди шакку нобоварй нисбат ба дини Ислом ва ба таври ошкоро ба инхироф кашидан ва захролуд намудани зехни фарзандони мактабхони мардуми мусулмони точик мегардад. Гарчй чунин мавкеи китобхои дарсии низоми маорифи мо як падидаи такрибан умумист, вале барои мисол, ба таври нихоят мухтасар мехостам ба дидгохи чанде аз ин китобхо ба масъалаи зикршуда ишора намоям.

Аввалин китобе, ки мехостам дар ин мавзуъ ба он таваччух намоем, китоби дарсии «Таърихи умумй. Таърихи асрхои миёна. Китоби дарси барои синфи 6» (Интишороти «Сарпараст», Душанбе, 2005) аст, ки аз тарафи муаллифон Т.Зиёев ва Р.Шарифов навишта шуда, онро Мушовараи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон барои чоп ва таълим тавсия кардааст. Китоб асосан таърихи давлатхо ва тамаддунхои чахонро ба таври умумй таълим медихад ва бахшхои 11 то 16 он (сахифахои 49-80) ба таърихи дини слом ва давлатдории мусулмонон дар асрхои аввали исломй бахшида шудааст.

Банда дар мавриди хатохои Чиддие, ки хангоми зикри санахои таърихй, номхои чугрофиёй, номхои шахсиятхои таърихй Ислом ва гайра дар китоб рох, ёфтаанд, чизе гуфтанй нестам, вале нисбати мазмуни баъзе аз бахшхои китоб хомуш буданро хилофи акидаи исломии худ медонам. Аз чумла, бахши 11-уми китоб (с.49-52) тавре навишта шудааст, ки дар он таълимоти динй мубини Ислом на хамчун мачмуаи вахйи илохи ва фармудахои Худованди Бузург, чалла чалолуху, ба пайгамбари худ, балки хамчун натичаи муомилаву тавофукхои сиёсии Хазрати Мухаммад (с) бо намояндагони динхо ва кабилахои гуногун нишон дода мешавад. Дар ин боб Паёмбари Худо хамчун «асосгузори дини нав» муаррифй гашта, амрхои Худованд, ки ба у аз тарики вайхи илохй расидааст, бар хилофи хакикат, ба хонанда хамчун «пешниходоти» шахсии худи Мухаммад(с) шарх дода мешаванд. Масалан, аз чумла, омадааст: «Мухаммад(с) ба туфайли пешниходоти инсондустонаи худ боиси таваччухи кабилаи Курайшихо ва кабилахои дигари араби Макка гардид», «Мухаммад (с) пешниход кард, ки хар кас бояд дахяки даромади худро ба бечораю бенавоён садака кунад.» (с.49). Ё, «Мухаммад(с) пайгамбар ин вазъро ба назар гирифта, пайгамбарони яхудия ва масехиятро хам пайгамбарони мусулмонхо эълон карда, худро пайгамбари охирин номид». Чунин даъвохо бофта тахрифи ошкоро дар хакки Ислом ва Пайгамбари бузургвори он аст!

Агарчи муаллифон дар радифи номи Мухаммад (с) истилохи «пайгамбар»-ро истифода мекунанд, аммо наход худашон нафахмида бошанд, ки маънои «пайгамбар» паёмовар ва расонандаи паёми Худованд аст? Агар Хазрати Мухаммад (с) ин ахкомро ба гуфтаи муаллифон, «бо дар назар гирифтани вазъ» аз пеши худ бофта бошад, пас чй гуна у пайгамбари Худо мебуд? Мувофики фармудаи Куръони карим, ки акидаи мусулмонон дар асоси он шакл гирифтааст, Паёмбари Худо хеч, чизеро дар Ислом аз пеши худ ворид накардааст, балки паёми Худованд ва хукми илохиро ба мардум расонидааст. Чуноне ки Куръони карим дар ин бора сарохатан шаходат медихад: «Ва мо янтиту анил хаво ин хия илло вахюн юухо» (Ва (Паембар) чизе аз пеши худ намегуяд ва ва харчй туфтааст, вахйи Худованд аст). (Сураи «Ан-начм», ояхои 3 ва 4). Ин нукта фарки асосии дин аз дигар таълимоти ахлокиию маънавй ва ичтимоию сиёсиест, ки инсонхо аз фикри худ эчод кардаанд.

Дар сахифаи 51-ум бошад, муаллифон се масъалаи усулии исломро, ки дар натичаи вахии илохй ба Паёмбар (с) амр шудааст, ба хонандагон хамчун натичаи музокира ва карордоду тавофуки байни ашрофи курайш ва Мухаммад(с) таълим медиханд: «Ашрофи курайшихои Макка … иброз доштанд, ки Мухамамд(с) се талаби онхоро ичро кунад: 1) Шахри Макка маркази дини ислом бошад. 2) Хонаи Каъба ва Санги Сиёх, мукаддасоти ислом эълон карда щавад. 3)3иёрати Макка, ё худ адои маросими хач барои хар як мусулмон хатмй гардад. Пайгамбари ислом ин пешниходоти курайшихоро кабул кард. Баъди ин курайшихо ва кабилахои дигари Макка дини исломро кабул карданд.»

Мувофики ин даъвои муаллифони китоб, дар таълимоти Ислом макоми мукаррам Доштани шахри Макка, чойгохй мукаддаси Каъба ва рукни панчуми Ислом карор гирифтани хач на аз тарафи Худованди Мутаъол, балки дар пайи як шартномаи сиёсй байни мушрикони Макка ва Мухаммад(с) кабул гаштааст. Ин тавр ба хонандаи хурдсол накл кардани таърихй Ислом на танхо дуруги махзу тахрифи ошкорои таъриху таълимоти исломй, балки болотар аз хама, инкори ошкорои мохияти осмонии дини мубини Ислом мебошад, ки барои мусулмонон харгиз кобили кабул нест. Мувофики акоиди исломй ва тибки назари тамоми мазхабхои фикхии исломй, аз чумла мазхаби ханафй, касе чунин акида дошта бошад, умуман мусулмон хисоб намешавад, зеро манбаи илохй доштани як рукни асосии Ислом, яъне хачро инкор кардааст.

Ин таърихнависон як бор фикр накардаанд, ки агар Паёмбари Худо бо мушрикони Курайш, ки сокинони Макка буданд, ба тавофук расида бошанд, пас чаро Ишон бо аксари касоне, ки ба Худо имон оварда буданд ба Мадина хичрат карданд? Ва чаро хашт соли дигар байни мусулмонхо ва мушрикони Курайш холати чангй идома ёфт ва чаро чангхои Бадр ва Ухуд рух дод? Факат баъд аз хашт соли чичрат Пайгамбари Худо ва мусулмонон Маккаро фатх, намуданд ва ахли он исломро кабул намуданд. Дуругнависй хам хадду канор доштагист?

Астагфируллох,! Магар аз навиштахои ин муаллифон фарзандони мо дар мактаб ба чунин хулоса намерасанд, ки дини Исломро Худо ба чахониён аз тарики Пайгамбар(с) нафиристода, балки таълимот ва ахкоми онро худи Пайгамбар(с) аз пеши худ фикр карда бофта баровардааст?! Магар максад аз ин гуна таълим нисбат ба Ислом эчод кардани шакку шубха дар зехни мактабхонхо ва аз Ислом дур кардани фарзандони мо мест? Инсофан, хатто дар давраи советй ва идеологияи атеистй ин гуна таълимот дар китобхои дарсии мактабхои миёна вучуд надоштанд! Маълум аст, ки муаллифон ба таълимоти исломй ё ошной надоранд ва ё доранду ба он имон надоранд ва маълумоти худро аз сарчашмахои тахрифшудаи зиддиисломй гирифтаанд.

Китоби дигаре, ки дар масъалаи таърих ва таълимоти динй мубини Ислом назари «хосси» худро дорад, китоби дарсии «Таърихй халки точик. Ибтидои асрхои миёна» (китоби дарси барои синфи 6) мебошад. Муаллифи китоб Юсуфшох, ЯЪКУБОВ буда, китоб аз тарафи Коллегияи Вазорати маорифи ЧТ ба чоп тавсия шудааст. Бахши сеюми ин китоб, ки такрибан нисфи онро ташкил медихад, ба мавзуъхое чун зухури Ислом, хилофати араб, пахншавии Ислом дар сарзаминхои Ирон ва Осиёи Марказй, таназзули давлати хилофат ва гайра бахшида шудааст. Ин чо низ мо ба баррасии хатогихои бешумори чопию имлой ва тахлили забону истилохоти комилан сунъию гайриилмии ин китоб напардохта, асосан, ба масъалаи нигохи ки¬тоб ба таърих ва таълимоти исломй таваччух, месозем.

Дар сахифаи 115 муаллиф дар бораи таваллуд ва давраи аввали зиндагй ва фаъолияти чаноби Пайгамбар(с) сухан ронда, санадхои нодуруст ва ривоятхои гайрисахехро истифода мекунад. Масалан, у таваллуди он хазратро 17 мохи рабеъулаввал нишон медихад. Тибки ривояти ахли суннат ва чамоат Хазрати Мухаммад(с) на дар таърихй 17, балки дар таърихй 12 рабеъулаввал ба дунё омадаанд. 17 рабеъулаввал дар ривоятхои бародарони шиъа омадааст. Маълум аст, ки муаллиф аз ин тафовут ё огох набуда, ё факат аз хамон сарчашмахо истифода кардааст.

Вале дар поёнтари сахифа муаллиф боз ривоятеро меоварад, ки бо ривоятхои ахли суннат ва чамоат комилан мухолифат дорад. У мегуяд: «Пайгамбар эълон дошт, ки касе аввалин шуда Худой яккаву ягона — Аллохро бишносад, у чойнишини ман хохад шуд. Хазрати Али аввалин шуда дини Исломро кабул намуд ва то охири умри пайгамбар хамрохи вай буд.» Аз дидгохи мазохиби алхи суннат ва чамоат ин ривояти овардаи муаллиф дар хеч, сарчашмаи муътабари илмй наомада, хазрати Мухамамд(с) харгиз дар бораи чонишини худ чунин меъёр нагузоштаанд ва эълон надоштаанд. Ин ривоят комилан бар хилофи акидаи ахли суннат ва чамоат аст, ки мардуми Точикистон аз он пайравй мекунанд.

Рухияи пурнафрати муаллиф нисбат ба арабхо ва тахкиру тухматхои пайвастаи у нисбати онхо низ, агарчй мавзуи бахси мо нест, бояд бознигарй шавад. Зеро аз хондани ин китоб саволе ба миён меояд, ки максади муаллиф аз ин кадар сиёх, ва бад кардани арабхо ва дар зехни насли чавон эчод кардани кинаву нафрати бепоён нисбати як халки дигар ва бародарони хамдинамон чист? Бо ин корашон чй мехоханд? Ба назари мо, ин кори муаллиф ва хамфикронашон дар доирахои идеологии кишвар метавонад се максад дошта бошад:

  • 1. Шояд аз тарики баду манфур нишон додани арабхо мехоханд дар зехни чавонони мо нисбат ба Ислом хисси нафрат ва бадбинй эчод намоянд.

  • 2. Шояд мехоханд дар зехни фарзандони мо ифтихор бо зардуштиятро эхё созанд, зеро дар ин ва дигар китобхои дарси оини зардушти бо таблигу мухаббати боло хамчун дини поку некуй, хамчун аввалин дини вахдони ва хамчун оини ачдодии мо тавсиф шуда, ба таври махсус дар мукобили Ислом гузошта мешавад: «Арабхо… дину ойини ачдодии моро аз байн бурда, дини худро бо номи Ислом кабулониданд» (с. 127).

  • З. Ё шояд мехоханд ба ин рох, дар наздик шудани давлати мо бо кишвархои арабию исломй монеаи равонй ва идеявй эчод кунанд. Зеро имруз густариши робитахо бо ин кишвархо яке аз самтхои мухимми сиёсати хоричии давлати мо ба хисоб меравад. Агар ин максадхо набошад, пас максад чист? Баёни хакикати илмию таърихй, чуноне, ки даъво мекунанд? Аммо, барои хар шахси бомаълумот ва боинсоф маълум аст, ки навиштахои муаллиф аз хакикати илмй ва таърихй фарсаххо дур аст… Муаллиф дар ин чода то чое ифрот кардааст, ки китоби дарсии таърихй у бештар ба як асари бофтаи бадей ва идеологй шабохат пайдо кардааст. (Касе бовар надорад, ба сахифахои 124, 126, 127, 159, 168 ва гайра нигарад.)

Вале чун мавзуи бахси мо Ислом аст, бояд гуфт, ки муаллиф гохо зери танкиди арабхо бисере аз шахсиятхои бузурги исломй ва мукаддасоти исломиро огохона зери танкиду тахкир мегирад. Масалан, у дар мавриди яке аз сахрбахои бузурги Паёмбар, халифаи дуввуми мусулмонон хазрати Умар(р) сухан ронда, чунин мегуяд: «Умар фарсудагии давлати Сосониёнро хуб медонист (ба муаллиф аз кучо маълум шуд, ки Умар(р) инро хуб медонист?) ва магрурона барои масхара ва ба иззати нафси шох, расидан сафиронро фиристода буд.» Ин ривоят бо чунин шакл хеч, асл надорад ва хамчунин, шояд муаллиф намедонад, ки тибки супориши Пайгамбари Худо дар мавриди сахобагони Паёмбар(с) беэхтиромона сухан гуфтани мусулмонон гунох, аст. Хусусан, истифодаи истилохи «магрурона» нисбати ин шахсияти бузургвор, ки дар тамоми таърих намунаи олии адолат ва хоксори будаанд, на танхо дур аз инсоф, балки тахкири мукаддасоти мусулмонон низ ба хисоб меояд.

Хулосаи калом, муаллиф пахнкунандагони Исломро, ки ба туфайли онхо, алхамдулиллох, хазору чахорсад сол ба ин чониб мо мусулмон хастем, хамчун лашкари чохилу тачовузгару госибу горатгару нобудкунандаи хама чиз тасвир карда, ба хонандаи хурдсоли худ чунин талкин мекунад: «Арабхо тамаддуни пешкадаму хазорсолаи моро нобуд сохта хату забони худро зуран чорй намуданд. Онхо дину ойини ачдодии моро аз байн бурда, дини худро бо номи Ислом кабулониданд» (с. 127). Чуноне ки то имруз идеологхои атеистй муборизони рохи истиклолият ва озодиро босмачихои хунхору тачовузгару горатгар нишон медиханд.

Ин чо суол аст, ки бо кадом максад мо дини мубини Исломро ба фарзандонамон хамчун «дини арабхо» муаррифй менамоем? Чунин андеша комилан мухолифи таълимоти исломист, зеро Ислом дини илохи буда, ба хеч кавму миллати хоссе тааллук, надорад ва онро Худованд барои тамоми башар то рузи Киёмат фиристодааст. Ба назари ман, бисер зарур аст, ки мо низ ба фарзандони худ Исломро аз нуктаи назари манбаъхои исломй таълим бидихем.

Чунин нигохи гайрикасбй, гайриилмй ва зиддиисломй ба таълими масъалахои марбут ба таърих ва арзишхои исломи дар китоби дарсии «Таърихи дин» низ мушохида мешавад. Ин китоб барои синфхои 7-у ми мактабхои миёна тавсия шуда, аз суй муаллифон Х.Рахимзода ва С.Ахмедов таълиф гаштааст. Чун бахши калони ин китоб (с.49-156) ба шархи таъриху таълимоти Ислом бахшида шудааст, ин чо имкон дорем, ки даххо галатхои таърихию мантики ва аз тарафи муаллифон истифода шудани афсонаю ривоятхи исроилиёт, адабиёти фолклорй, гайриилмй ва аз назари сарчашмахои исломй номуътабарро мисол оварем. Вале бо максади кутох намудани матн факат бо мисоле кифоят мекунем:

Масалан, дар сахифаи 59-уми китоб ходисаи аз чониби Худованд ба хазрати Мухамамд(с) нозил шудани вахн чунин оварда шудааст: «Як шаб, ки дар гор хобида буд, фариштае пеши вай омад ва гуфт: «Ба номи парвардигори ту, ки инсонро офариду ба у чизхоеро омухт, ки намедонист-. Эй Мухаммад, ту расули худой ва ман хам фариштаи у Чабраил». Мухаммад аз хоб тарсида бедор шуд, касеро надид, аммо суханхое, ки шунида буд дар хотираи у накш баста буданд.» Ва поинтар омадааст: «Пас аз ин ходиса вахй ба Паёмбар(с) мунтазам нозил мегашт ва ба ин тарин китоби Куръон фарохам меомад ва дини навдини ислом ташаккул меёфт». Ба ин восита муаллифон ба хонандаи мактаб таълим медиханд, Ки Куръон ба Мухаммад(с) хангоми хоб нозил мешудааст ва ин китоб «ба ин тарик,» навишта шудааст. Ин даъво тухмат ба Куръон ва тахрифи махзи хакикати вахйи илохй мебошад. Аввалан, тибки санадхои муътабари таърихй ва, аз чумла, тибки хадисхои сахех ва шаходати даххо сахобагони бузурги Пайгамбари Худо, вахйи илохй ба чаноби Пайгамбар(с) на дар холати хоб, балки дар бедорй мерасид ва Ишон онро огохона дармеёфтанд. Ин аст акидаи мусулмонон дар ин масъала. Аз ин ру, маълумоти овардаи муаллифон тахрифи ошкорои вокеияти таърихист. Сониян, ин гуна тасвир кардани манзараи вай чунин маъно медихад, ки Куръон ва Ислом хамагй натичаи хобу хаёли Мухаммад(с) «мебошад, зеро муаллифон овардаанд, ки «Мухаммад аз хоб тарсида бедор шуд, касеро надид, аммо суханхое, ки шунида буд дар хотираи у накш баста буданд.» Чунин фикр комилан мухолифи таълимоти Ислом ва эътикоди мусулмонон мебошад.

Масъулони мухтарам, бародарони гиромй!

Хамин тавр, баррасии бисер мухтасари махтаво ва дидгохи хамагй чанд китоби дарсии мактабй нишон дод, ки дидгохи аксари муаллифони онхо ба масъалахои марбут ба Ислом ва арзишхои исломи асосан гайрикасбй, гайриилмй, тахрифшуда ва дар аксари мавридхо гаразнок, тухматомез, зиддиисломй ва тахкиромез мебошад. Ба ин шакл таълим додани ин масъалахо боиси дар зехни хонандагоми мактабхо эчод шудани шакку нобоварй нисбат ба дини Ислом ва ба таври ошкоро ба инхироф кашидан ва захролуд намудани зехни фарзандони мардуми мусулмони точик мегардад. Аз ин ру, шакке нест, ки имруз нигохи низоми маорифи мо ба мавзуи таълими масъалахои таърих ва таълимоти Ислом ба бознигарии чиддй эхтиёч, дорад. Бо таваччух ба вазъияти мавчуда дар масъалаи мазкур, пешниход менамоям:

  • 1. Дидгохи китобхои дарсии мактабхои маълумоти умумии миёна ва олй ба масъалаи чойгохи дин ва хусусан, дини мубини Ислом, таърихи Ислом ва муаррифии арзишхои исломи ба таври куллй ислом гардад. Китобхои дарсй бояд барои хонандагон маълумоти дурусти илмию таърихй аз дидгохи сарчашмахои исломи ироа намоянд, на аз манбаъхои зиддиисломии яхудию атеистй. Чун аксари кулли мардуми кишвар мусалмонанд ва хонандагони мактабхои мо фарзандони хамин мусулмонхоянд, табиист, ки онхо харгиз розй нестанд, ки фарзандонашон зидди дину оини исломияшон тарбия ёбанд. Аз ин ру, зарур аст, ки дар китобхои дарсй нисбати Ислом ва арзишхои исломй, аз чумла, нисбати Худову Пайгамбар(с), Хулафои рошидин, сахобагони киром, имомхои мазхабхо, шахсиятхои таърихии исломи бо камоли эхтиром сухан гуфта, Исломро хамон гунае, ки мусулмонон мефахманд, муаррифй намоянд.

Гарчй мо медонем, ки шахсан худи Шумо дар замони тахия ва барои таълим дар мактабхо тавсия шудани ин китобхо хануз масъулияти ин сохаро ба душ надоштед, вале имруз Шумо мётавонед йн тахрифу хатохоро ислох намуда, ба миллату кишварамон хидмати сазоворе анчом бидихед. Зеро ислох нашудани ин барномахои дарсй дар дарозмуддат ба норозигии мардум оварда мерасонад.

  • 2. Он бахшхои китобхои дарсй, ки ба дини мубини Ислом ва таъриху таълимоти он дахл доранд, бояд аз тарафи мутахассисони босалохият ва огох, аз таъриху таълимоти исломи ва пеш аз хама боэътикод навишта шуда, ё пеш аз нашр аз назари мутахассисони ин соха гузарад. Чои таассуф аст, ки дар яке аз вохурихое, ки дар Вазорати маориф гузашт, яке аз муаллифони китоби дарсии «Таърихй дин» Х.Рахимзода ба огохии худ аз таъриху таълимоти Ислом ишора намуда, аз чумла, чунин гуфт: «Банда беш аз дах, сол директори «Хонаи атеизм» будам.» Оё муаллифе бо чунин собика ва чахонбинии зиддиисломй хукуки маънавии ба фарзандони мо омузонидани Ислом ва таълимоти онро дорад?

  • 3. Хамчунин, пешниход менамоям, ки барои бо донишхои сахех, дар бораи таъриху таълимоти Ислом ва, аз чумла, барои ошноии бевоситаи мардум бо таълимоти мазхаби ханафй дар барномаи таълимии мактабхои миёнаи тахсилоти умумй фанни мукаддимавии «Таърих ва таълимоти исломй» барои синфхои 8 ва 9 ворид карда шавад.

Ин дарс бояд хонандагонро илова бар таърихй нузули Ислом аз дидгохи муаррихони исломй, бо мохияти вахдатгаро, маорифпарварона, инсондустона ва сулхомези дини мубини Ислом ошно сохта, хусусан, чанбахои табиявию ахлокии онро ба таври васеъ таълим бидихад. Дар навбати худ, мо омода хастем, ки дар тахияи барномаи ва китоби дарсии ин фанн бо Вазорати маорифи кишвар камоли хамкориро дошта бошем.

Чои зикр аст, ки таълими чунин фанн дар низоми маорифи аксари кишвархои дунявии чахон, хусусан, кишвархои аврупой, чой дошта, аз чумла, дар кишвархое чун Олмон, Британия, Амрико, Испания, Юнон ва гайра мувофики дину мазхаби аксарияти ахолии он кишвархо ба таври хатмй ё ихтиёрй ба рох, монда шудааст. Аз ин ру, ба низоми маорифи кишвар ворид, намудани чунин дарс дар ислохи тафаккури динии чомеа ва пешгирии гароиши чавонон ба равняю харакатхои ифротиии динй сахми бисер чиддй хохад гузошт. Чомеае, ки саводи динй дорад, дар мукобили таблиготу тахочуми дину мазхабхои бегона иммунитети хосса дошта, аз харакатхои ифротию экстремистй камтар осебпазир мегардад. Ба ин восита суботу амнияти чомеаи мо боз хам устувортар хохад шуд. 

  • 4.Хамчунин, пешниход менамоям, ки мавкеъ ва нигохи имрузаи масъулони сохаи маорифи кишвар, хусусан, рохбарони муассисахои таълимии миёна ва олй ба масъалаи либоси духтарони талаба ва донишчу ислох, гардад. Дар ин масъала мо ба чуз эътирофи хакки духтарони мусулмон ба доштани пушиши фармудаи динашон хеч, рохи халли дигаре надорем, зеро масъалаи сатри занону духтарони болиг ва озод хам дар матни Куръони карим, хам дар хадисхои набавй ва хам дар манбаъхои фикхии мазхаби ханафй ба таври сарех, амр шудааст. Аз ин ру, на ин духтарон, на волидайни онхо ва на мову шумо, на Шурои уламо, агар мусулмон будани худро эътироф намоем, дар ин масъала имкони хеч интихоби дигареро надорем. Хар рохи халле, ки гайр аз ин бошад, он гайриисломй, муваккатй, бахсбарангез ва ихтилофомез хохад буд. Хамчунин, новобаста аз далелхои тарафхо, бояд эътироф кард, ки бахси пешомада дар масъалаи пушиши духтарон эътибори низоми маорифи моро дар миёни мардуми мусалмони кишвар паст карда, системаи маорифро хамчун як ниходи мухолиф бо арзишхои динии мардуми мусулмони точик муаррифй намудааст. Ин вокеият боис гаштааст, ки бисере аз талошхои чиддии хукумати кишвар ва, аз чумла, захматхои вазири мухтарам ва дигар масъулони сохаи маориф зери сояи ин масъала мондаанд. Идомаи ин бахс на танхо ба зарари низоми маориф, бакли ба зиёни суботу хамдигарфахмии хамаи чомеа хохад буд.

 Аз ин ру, пешниход мешавад, ки ба ин бахс дар доираи арзишхои диниву миллии точикон ба таври мутамаддин хотима бахшида шавад. Яъне, хар хохаре, ки мехохад бо риояти хичоб мактаб хонад, бигзор бихонад ва касе, ки мехохад бе риояти хичоб мактаб бихонад, бигзор бихонад. Он чй боиси тааччуб аст, ин аст, ки хамеша мо исломихоро ба тахмил кардани назари худ ба дигарон муттахам мекарданд. Имруз бошад мо, исломихо, мо низоми дунявии кишварро кабул карда, бехичобиро, ки агарчй бад мебинем, тахаммул мекунем. Вале баръакс, бародарони «дунявии» мо хичоби духтарону хохарони моро на дар мактабу донишгохо ва на дар идораву корхонахои давлатй тахаммул намекунанд. Хатто хафтахои охир комиссияхои махсуси ташкилнамудаи хукумат дар бозорхову корхонахои шахсй низ гашта, пушидани хичобро ба хохарони мусулмон манъ намуда истодаанд, ки ин хилофи Конститутсия ва хамаи нормахои байналмилалии хукуки башар аст. Инсоф бидихед, дар ин чо кй тахаммулпазир асту кй не? Кй экстремист асту кй не? Аввалхои солхои 70-уми асри гузашта хукумати шоханшохии Эрон низ айнан хамин корхоро карда буд. Касе мехохад, ба таърих нигарад…

Пеш омадани масъалаи хичоб имруз як хакикати дигареро ошкор намудааст: Гарчй дар бисер мавридхо мусулмонон ба тундравию экстремизм муттахам мешаванд, вале имруз мебинем, ки дар чомеаи мо экстремизими дунявй ба таври ошкоро ба хучум гузаштааст. Яъне, бо вучуди аз тарафи Конститутсия ба шахрвандон дода шудани озодии муайян кардани муносибати худ бо дин ва новобаста аз акида кафолат дода шудани таълим дар мактабу донишгоххо, имруз баъзе аз масъулини мо мехоханд ин озодии интихобро аз мардум бигиранд. Чунин мавкеъгирй на танхо аз назари хукукй, балки аз назари сиёсй низ ба суботу амнияти чомеаи мо тахдид мекунад.

Хангоми бахс дар масъалаи либоси духтарон, масъулини муассисахои таълимй ба фармони вазири маориф ишора мекунанд. Банда бо истифода аз ин фурсат аз чаноби Вазир эхтиромона даъват менамоям ин фармон ё карор бояд тагйир дода шавад. Тавре ки хамагон дар ёд дорем, дар вак;ти зарурй мо ба хотири сулху субт ва оштии миллй хатто ба Конститутсияи ЧТ тагйиру иловахо ворид намуда будем, аммо наход имруз суботу амнияти чомеаи мо арзиши онро надошта бошад, ки як банди гайриконститутсионии фармони вазири маориф тагйир дода шавад? Зеро идомаи ин бахс на танхо боиси бесавод мондани садхо духтарон, балки боиси пеш омадани ихтилофи чиддии акидатй ва сиёсй дар чомеаи мо хохад шуд. Албатта, агар мо суди конститутсионии мустакил медоштем, кайхо ин масъаларо баррасй намуда, ин фармони зиддиконститутсиониро бекор мекард…

Бовар дорам, ки пеш гирифтани ин икдомхои зарурй барои боз хам кармтар шудани муносибати дину давлат дар Точикистон ва солимтар гаштани фазои сиёсию маънавии чомеаи мо таъсири мусбат хохад гузошт. Хусусан, дар соли бузургдошти пешвои мазхабии мардуми мусулмони точик Имом Абуханифа(р) амалй гаштани ин икдомхо боиси хушнудии Худо ва халки у ва боиси ризоияти рухи поки он имоми бузургвор хохад буд. Бо камоли эхтиром ва бо умеди он, ки масоили гузошташударо хамчун масъули соха ва хамчун давлатмард фахм ва кабул мефармоед.

(Бознашр аз хафтаномаи «Нигох»)

7 Responses

  1. Мухтарам мудири блоги Андеша!

    Агар имкони дидани каналхои форсии чахонро доред, барномаи канали Channel 6 (Hotbird: 11470MHz, pol.V, SR:27500KS/s, FEC:3/4) форсиро, ки хар шом соати 20 доктор Ризо Фозили тахия мекунад, бубинед. Агар бовар накунед низ бубинед. Барои пешрафти фикрии миллат ин хам лозим аст.

    Ризо Фозили ба маколахое, ки оиди дин нашр мекунед, чавоб додаст ва боз посух хохад дод.

  2. Аввал салавот бар Муххамад ва оли асхобашон баъдан Салом ва дуруди бепоён ба ҳама бародарони исломи
    Дини Ислом ва Қуръони Каримро Правардигори Карим худаш нигоҳбон аст… Аз Аллоҳи Таборак ва Таъоло хоҳиш дорам ки моро бибахшояд ва роҳи рост ҳидоят кунад

  3. Аввал салавот бар Муххамад ва оли асхобашон баъдан Салом ва дуруди бепоён ба ҳама бародарони исломи
    Дини Ислом ва Қуръони Каримро Парвардигори Карим худаш нигоҳбон аст… Аз Аллоҳи Таборак ва Таъоло хоҳиш дорам ки моро бибахшояд ва роҳи рост ҳидоят кунад

  4. Hoji Akbar Turajonzoda!…..
    Man bovari doram ki agar dar namoyandagii halk dar Majlisi Oli,Vazoratho, va korhonahoi davlati Haddi Aqal 10 togi shahsoni durandesh , donishmand, va millatdust ba misli Shumo meshudand Tojikistoni mo 15 sol pesh Taraqqiyotashro sar mekard va Imruz mardum Rasiyarav, Dastnigar va Bedonishu bemarifat nameshudand. Ba joi mushkilihoi dohili ba misli besavodii honandaho, maoshi muallimon, tamin namudani joyhoi kori baroi aholi, kushodani zavodu fabrikahoi istehsoli, korkardi pahta va istehsoli mahsuloti libosa dar tojikiston, korkardi mevayu sabzavot, ki boisi peshravi va behtarshavii zinadagii mardum ast In vazoratho az pai Hijob, Masjidbandi va digar korhoi nolozim meshavand.Magar digar kor nest ? Hoji akbar Turajonzoda durust qayd namudand ki Huquqhoi Shahrvandon poymol meshavand hozir va Extremizm az samti Hukumat ast na az Halq.
    Man ba in mardi millatdust hela minnatdor hastam ki mushkilihoi millati moro jasurona meguyand, mo ba inhel mardho ehtiyoj dorem , Az Allohi buzurgvor ba in kas burdbori hohonam. Tashakkuri Ziyod Hoji Akbar Turajonzoda.
    Har yak javoni tojik boyad ana hamin tavr mardonavor kor kunad, ilm omuzad, hurmatu izzati kalonsolonro ba jo biyorad, jamiyatro pesh barad,….
    Javonon dar kujoed shumo hozir? Zinadagi Javoni bechora az donish dur va ba kori siyohu nochiz nazdik kard… Zindagi, vale boyad halli in mushkili boshad ba fikri man. Inson fikr mekunad ki dar tojikiston yagon nafar insoni barnomai iqtisodi durst mekardagi nest. To kay tojik Dastnigari Rus meshavad , Kay tojik dar vatani hudash joi kor meyoad va mehonad? To ka javononi boyad kushta shavand. Mo kurem magar? Boyad in masalahoi muhimro hal namoen, na in ki mardumro ozor dihemu, nomusi duhtaronro past kunem, va darhoi masjid ki insonro ruhan tarbiya mekunad bandem. Az in muallimoni besavodi maktabu donishgoh halq tarbiyai vatanparasti va ruhi qarib ki namegirad. Guzored aqqalan inson hudashro, ruhashro, odobashro va raftorashro nisbati kalonsolon va duhtraon bo rohi Ibodat kardani Honai Hudo Masjid a jo biyorad.
    Barodaron avval masalahoi muhimro hal namudan lozim ba joi korhoi mardumozori……..
    Tashakkur

  5. Навиштахои Авиценнаро ба сириллики точики баргардон намудем. Хуб мешуд агар мардум ба точикии сириллик менавиштанд, ки хонданаш аз лотини рохаттар аст. Ашхосе ки хати сириллик надоранд, метавонанд ба сайти centrasia.ru даромада матни лотиниро ба сириллик баргардон (транслитерация) намоянд:

    Хочи Акбар Турачонзода!

    Ман бовари дорам ки агар дар намояндагии халк дар Мачлиси Оли, вазоратхо ва корхонахои давлати хадди Акал 10 тоги шахсони дурандеш, донишманд, ва миллатдуст ба мисли Шумо мешуданд Точикистони мо 15 сол пеш тараккиёташро сар мекард ва имруз мардум Русиярав, дастнигар ва бедонишу бемарифат намешуданд. Ба чои мушкилихои дохили ба мисли бесаводии хонандахо, маоши ночизи муаллимон, таъмин намудани чойи кори барои ахоли, кушодани заводу фабрикахои истехсоли, коркарди пахта ва истехсоли махсулоти либос дар Точикистон, коркарди меваю сабзавот, ки боиси пешрави ва бехтаршавии зинадагии мардум мешуд. Ин вазоратхо аз паи хичоб, масчидбанди ва дигар корхои нолозим мешаванд. Магар дигар кор нест ?
    Хочи Акбар Турачонзода дуруст кайд намуданд ки хукукхои шахрвандон поймол мешаванд хозир ва экстремизм аз самти хукумат аст на аз Халк.
    Ман ба ин марди миллатдуст хела миннатдор хастам ки мушкилихои миллати моро часурона мегуянд, мо ба ин хел мардхо ехтиёч дорем. Аз Аллохи бузургвор ба ин кас бурдбори хохонам. Ташаккури зиёд ба Хочи Акбар Тураёнзода.
    Хар як чавони точик бояд ана хамин тавр мардонавор кор кунад, илм омузад, хурмату иззати калонсолонро ба чо биёрад, чамъиятро пеш барад,….
    Чавонон дар кучоед? Зиндагии чавони бечора аз дониш дур ва ба кори сиёху ночиз наздик кард… Зиндаги, вале бояд халли ин мушкили бошад. Инсон фикр мекунад ки дар Точикистон ягон нафар инсони барномаи иктисоди дуруст мекардаги нест. То кай точик дастнигари Русия мешавад. Кай точик дар ватани худаш чои кор меёбад ва мехонад? То кай чавонони точик дар Русия бояд кушта шаванд. Мо курем магар? Бояд ин масалахои мухимро хал намоед, на ин ки мардумро озор дихему, номуси духтаронро паст кунем, ва дархои масчид ки инсонро рухан тарбия мекунад бандем. Аз ин муаллимони бесаводи мактабу донишгох халк тарбияи ватанпарасти ва рухи кариб ки намегирад. Гузоред аккалан инсон худашро, рухашро, одобашро ва рафторашро нисбати калонсолон ва духтарон бо рохи ибодат кардани Хонаи Худо Масчид ба чо биёрад.
    Бародарон аввал масалахои мухимро хал намудан лозим ба чои корхои мардумозори……..

    Ташаккур.

  6. Бояд бигуям, ки акидаи банда аз акидаи окои Турачонзода фарк мекунад.

    Гап сари ин ки ду биниш вучуд дорад — мазхабй ва лойик (секулор). Дар мактаб бояд бисёр боэхтиёт харду бинишро матрах кард, на ин ки танхо бинишу фахмиши мазхабиро. Кудакон аввал бояд аз канор хам дин ва хам дунёро дарк кунанд ва сипас бо акли худ интихоб кунанд, ки кадоме ба мазоки онхо дуруст меояд.

    Агар муаллифони кутуби дарсй биниши лойики худро тахмил карда бошанд, окои Турчонзода мехохад аз як ифрот ба тафрити дигар равем, яъне атфол комилан дар рухияи мазхабй илм омузанд. Ба фикрам, ин хилофи озодии инсон аст ва набояд аз хурдсолй зехни наврасонро бо дидгохи худ банд кард. Бигзор бо рухияи озод биомузанд ва сипас худ интихоб кунанд. Кадом андешае, ки бартарии худро нишон дихад, мутмаин бошед, онхо ба хамон самт хоханд рафт.

    Ичбор дар дин хам мамнуъст ва албатта, кутуби дарсии мо хам дар хадди ифрот аст. Кай афроди миёнарав ва муътадил зухур хоханд кард?

  7. Ассалому алейкум ва рахматулохи ва баракотух домулои мухтарам мо як оила аз РУссиа аз шахри СПБ мехохам бо шумо савол тиям! фарзандои ман мехоханд ки чихел хохан хамихел зиндаги кунан (мисол) мо оилаи намоз хон ду писари хофизи куръон дорам писари калониям 21 сола аст! мехохад ки хози ман чавон хастам манда хамай кор мумкин аст! духтар бози ман бояд шабхо хона набиём барои чи хамаи корои ки ма мехохум (запрет мекунен) ай руи шумо шуда ислом дар бади мо зад! ман мефахмонам ки дар ислом мо запретит накардем зинокори бенамози дуруггуи арак нуши худованди бузург гуфтай домулои мухтарам чавоб тие ман чикор кунам? ман модари хамин фарзанд хастам!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: