Зеботарин миллати дунё

tajik_jpg_display1Як ширкати ғарбӣ бо номи «Male Beauty» (Зебоии мардона) дар давоми ним сол кӯшиши зиёд ба харҷ дод, то зеботарин миллати ҷаҳонро муайян кунад. Бо ин мақсад 10 ҳазор марду зани синнусоли мухталиф дар мамолики гуногуни олам мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд. Хулосаи ин озмоишҳо чунин буд, ки итолиёиҳо зеботарин миллати дунё эълон шуданд. Ҷои дувум ба мардҳои амрикоӣ ва савум ба русҳо дода шуд. Вале маълум шуд, ки тоҷикон ва ирониҳо дар ин пажӯҳишҳо ба назар гирифта нашудаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки чанд сол аст, бонувони иронӣ ва тоҷикони Афғонистон дар озмунҳои зебоии ҷаҳон ҷойҳои аввал ё дувумро мегиранд ва бонувони рус дар торнигору торнамоҳои  бешумор аз зебоии мардони тоҷик — муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо иштиёқи бузург нома мезананд.

Ҷои шак нест, агар ин ширкат тоҷиконро низ ба озмоиш шомил мекард, онҳо метавонистанд, дар садри номгуи зеботарин миллатҳои ҷаҳон қарор бигиранд. Даҳҳо ҷаҳонгардону ҷосусони ғарбӣ ва рус, ки ошкору пинҳон дар оғози садаи бист ё пештар вориди Осиёи Марказӣ шудаанд, иқрор кардаанд, ки тоҷикон зеботарин мардуми ин минтақа буда, аз лиҳози фарҳангу маданият низ аз ақвоми дигар бартар будаанд.

atfoli-tojikАлбатта, инро ҳам бояд афзуд, ки дар озмуни зеботарин миллатҳои олам на танҳо зебоии зоҳирӣ, балки эътимод бар нафс, покизагии тан, интихоби либос, истифода аз атру мушк ва сабки сухану рафтору нишасту бархост низ ба ҳисоб гирифта шудааст. Тоҷикон дар ҳамаи ин риштаҳо низ дар сатҳи хуб қарор доранд, ҳарчанд сахтиҳову тангдастиҳои имрӯза ва бепарвоии наслҳои нав ин ҷанбаъҳоро ба заъф рӯбарӯ сохтааст. Бо вуҷуди ин як бонуи рус, масалан, навиштааст, ки мардони тоҷик на танҳо табиъатан зебоянд, балки зотан ҷентлмен мебошанд. Ишқи сӯзони бонувони рус ба муҳоҷирони тоҷик, албатта, аз сӯи дигар, мӯҷиби бадбахтӣ ва беиқболии духтарони тоҷик шудааст, ки дар ҷустуҷӯи сукутомези шарикони зиндагии худ ба пирии нобаҳангом ва афсурдагӣ мубтало мешаванд.

mardi-tojikАгар вазъи зиндагии мардуми тоҷик имрӯз камокон шабеҳи замони шӯравӣ мебуд, ин миллат метавонист, зебоӣ ва фарҳанги ашрофонаи худро ба беҳтарин шева падидор намояд ва лоақал бо ин доди Худо битавонад, худро дигарбора эҳё кунад. Шояд зарур аст ин умедро зинда дошт ва рӯзе ба мақоми баланди зеботарин миллати ҷаҳон расид? Зимнан як шарти дигари озмун ин буд, ки мардҳо дар синни пирӣ ва ҳатто бо бохтани мӯйи сари хеш низ ситораи гарм ва ҷолиби худро ҳифз намоянд. Вақте ба ришсафедони тоҷик менигарем, як зебоӣ ва нури ҷозибадорро мебинем. Пас метавон умедвор буд, ки фурсат ҳанӯз аз даст нарафтааст.

Advertisements

10 Responses

  1. Дар вокеъ точикон дар шумори зеботарин мардум хастанд. Шарт нест, ки инро кадом як созмоне ё ожонсе ё маркази тахкикоти эълон кунад. Мо худамон медонем ва дигарон хам агар инсоф бидиханд, медонанд, ки мардуми шарифи точик чи зохиран ва чи ботинан чи кадар зебо хастанд.

  2. Хоҳари азиз Зебуннисо,

    Комилан дуруст мегуед, ки мардуми мо хам ба зоҳир ва ҳам ба ботин наҷибу зебоянд. Аммо сухан дар идомаи як баҳси гузаштаи «Андеша» мерафт, ки чӣ гуна мешавад, эътибори лакнатдидаи тоҷиконро дар сатҳи ҷаҳонӣ эҳё ва поку воло сохт.

    Аз он ҷо ки дар ҳоли ҳозир дасти мо ба чизҳои дигар намерасад, шояд бо ин роҳ номи баланди хешро нигоҳ дорем ва баландтар бардорем? Шояд барои ин зарур аст, дар ин риштаҳо низ фаъол бошем?

    Дуруд бар Шумо ва номи зебои Шумо!

  3. Ин гапхои ахмакона, кучо он зебохо монд? Рав як Душанберо бин, хама лакайбашара шудаанд. Точики «зебоат» кариб 200 то хитойбача таваллуд карду, хазорабачахоро намегуи, дар ин дунё пур шудаанд. Узбакхо дар вакти чанг бо лакайхои дангараву кулоб чи кадар духтару занхои точикро тачовуз карда, чи кадар тухм гузоштанд. Паштуну покистониву эронихо ба Точикистонат омада духтаронро сига карда ба фуруш ба кишвархои Осиёву Араб фурухта истодаанду. Чихо мегуи? Хамааш барои ки? Барои мансаби чаноби оли!
    Касе ки хамин мавзуъро бардоштааст, фаросат дорад ё не? Аз ин хел мавзуъ бардоштану ифтихор кардан шарм доштан даркор! Шарму хаё хам чизи хуб аст. Медонам кариб хамаат дигар шуди, дар ин 16-17 соли лакайрежим мисли хамон беруйхо!

  4. Бародари азиз Рахим!

    Дар посух ба номаи худат ман факат сукути дардомез мекунам ва орзу дорам, бародарону хохарони дигар ба ту чавоб диханд.

  5. салом Рустамчон диккат нашав аслан, аз харфои Рахим норохат нашав. ман аслан муътакид хастам ки зеботарин зани дунё хохари шумо аст. ба чаноби Рахимчон хам бояд хак дод, чун магар миллати точик гирифторию мушкилоти дигар надорад?! зебо будан ё набудани эронию афгони чи рабте ба мо дорад, мо бояд талош кунем то зиндагии мардум точик зебо шавад!
    гузашта аз ин харфо аз кучо мегуи ки бонувони эрони зебо хастанду фулону бахмон, дар эрон ду намуд зан вучуд дорад: зани мухаччаба ва зани бадхичоб. аммо занхои мухаччабаро мову шумо намедонем ки зебо хастанд ё на, агар хам зебо хастанд зебоияшон насиби шавхаронашон аст. (дуруд бар ин гуна занони эрони). ва аммо занони бадхичоби эрони бошанд аз хук хам безебтаранд ва хамаи онхо аксаран гарбзада хастанд ва маълум ва равшан аст ки занони аврупои нисбат ба занони эронии бадхичоб зеботар хастанд ва низ дилкаштар мебошанд.
    ба хар хол банда ханузам эътикод дорам ки агар кулли оламро бигардем, зеботар аз хохари шумо наметавонем пайдо кунем!
    бо эхтиром!

  6. апаи зебунисо хам аз чумлаи зеботарин бабкахои точик хастанд.

  7. Рахим гизала навиштааст. Точики аслан тоза факат Рахим монда будааст?

  8. afsus, ammo man barodar Rahimro pushtiboni menamoyam. Chun dar sukhanoni u rostie hast. Dar Dushanbe kiyofaho Tojiki nestand, lakkaysuratand, Uzbakmonandand. Ya ba surati prsident va ahli oilaash nigoh andos va ba man biguy, ki kiyaofai kadomi onho Tojikist!

  9. Воқеъан, ки шармангиз аст…

  10. Ба назари банда, ин як ишораи нозукест, ки точикон охирин дороии худ — зебоии инсониро хам аз даст медиханд.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: