Миллионхои барбодрафтаи Точикистон

Аз як су боиси ифтихор буд, ки Хукумати Точикистон талош кард дар Додгохи Олии Ландан аз обруи худ ва сармояи мамлакат дифоъ кунад. Аз суи дигар, анчоми мурофиа ва натичахои он на танхо ба хукумати кишвар, балки ба хамаи миллати точик бадномй ва нокомии нав овард.

Хулосаи сухан ин аст, ки хукумати Точикистон 500 миллион доллари миллатро, ки мегуфт, Аваз Назаров (раиси ширкати «Ансол») ва Абдукодир Эрматов (собик сарвари корхонаи арзизи Точикистон) дар найрангхои пасипардагии худ обулой кардаанд, яъне дуздидаанд, ба онхо бахшид. Хатто мумкин аст, ба нишони узру маъзарат боз ба онхо маблагхое хам дод, ки дам ба дарун биншинанд. Ба гайр аз ин барои хидмати вакилони хукукии инглис 200 миллион доллар музд дод. Чамъан метавон гуфт, Точикистон аз ин додгохбозй 700 миллион доллар зарар дид. Ин ончи ки маьлуму эълон шудааст. Харчи сафархои батакрори даххо нафар ба Ландан дар ин хисоб нест.

Пирузии «Ансол» (халномаи мурофиа факат хамин маъноро дорад) ракибони дигари Талкоро водор кард, ки бо даъвохои наве ба додгох мурочиат кунанд. Онхо кам нестанд: ширкати норвегии «Хидро» бо пуштибонии хукумати Норвегия, ширкати «Русал»-и Русия, ширкати «BVI» ва боз як ширкати хурди швейтсарй, ки хамагй аз тарафи Талко айбдор мешуданд, холо ба хучуми чавобй гузаштанд. Онхо як чизро фахмиданд, ки Точикистон ва Талко аз ягон далелу санади кавии «Ансол» шикаст нахурдаанд, балки пешниход карданд, мурофиа бо оштии тарафхо ва акиб гирифтани даъво аз харду чониб ба поён расад.

Чаро чунин шуд? Ин чо ду сабаб буд. Якум, додраси мурофиа Стефен Томлинсон фармони катъй дод, мурофиа, ки чахор сол боз идома дорад, то охири мохи ноябр ба охир расад. Вай гуфт, ки дигар ба хеч гуна таъхир рох нахохад дод. Дувум, шурои додгох аз рахбарияти Талко талаб кард, шеваи харидуфуруш дар ин корхона, тарзи фармоиш ва пазириши маводи хом, тарики нархгузории арзиз, тарзи пардохти кимати мол ва дар чи микдору ба кучо рафтани пули алюмин ба таври пурра ва ошкоро шарх дода шаванд. Ичрои ин шарт барои тарафи Точикистон сангин аст, зеро дар ин байн метавонад сирру асрори зиёде фош гардад. Ин додгох буд, ки муайян кард, холо, пас аз ронда шудани «Ансол» ва «Русал» фуруши алюмини точик дар дасти ширкатхои пушидаест, ки ба раиси «Ориёнбонк» Хасан Асадуллохзода тааллук доранд.

Фош шудани бархе аз схемахои кори Талко сабаб гашт, ки Бунёди байнулмилалии асъор, Бонки чахонй ва Бонки Аврупоии Бозсозй ва Рушд талаб карданд, фаъолияти Бонки миллии Точикистон ва ширкатхои Талко ва «Барки точик» санчида шаванд. Дар умки худ ин талаби бозу шаффоф кардани хамаи фаъолиятхои пулию молии хукумати Точикистон аст.

Дар чараёни мурофиа дар Ландан як санаде руи об баромад, ки ба андозаи зиёд шеваи кори Талкоро нишон медихад. Ин созишномаест, ки дар 20 декабри соли 2006 аз тарафи мудири Талко — Садриддин Шарипов ва раиси «Хидро» — Симон Сторесунд имзо шудааст. Мувофики он «Хидро» арзизи Точикистонро ба нархи арзоншуда мехарад, ба кимате, ки хатто харочоти корхонаро барои тавлиди алюмин намепушонад ва ба бозори чахонй мебарорад. Баъд аз фурухта шудани ин арзиз фоидаи он на ба Талко (?!), балки ба ширкати «BVI» гузаронида мешавад. Тахмин меравад, бахши асосии махсулоти Талко бо хамин рох фурухта мешавад ва дар холе ки даромади асосии он ба тарафи чап меравад, танхо як маблаги ночиз ба Точикистон бармегардад. Барои кам кардани нархи фуруши аввалинбораи арзиз, ширкати «Барки Точик» кимати неруи баркро барои Талко сол ба сол поинтар меорад. Нархи паст даромади ба дасти чап мерафатаро зиёдтар мекунад.

Садриддин Шарипов дар додгох икрор кард, ки як дафъа ба ширкати «BVI» алюмин дода, аслан хеч пуле дар иваз ба даст наовардааст. Вале на у ва на хеч яке аз ширкаткунандагони мурофиа часорат накарданд, сохибон ва саххомони ширкати «BVI»-ро номбар кунанд. Касе хам намедонад, ки саххомони ин ширкат чанд нафаранд. Ба таври сода агар гуфта шавад, ин на ширкат, балки як хисоби бонкиест, ки бахши асосии даромади алюмини Точикистон ба он гузаронида мешавад. Сохибони хисоби бонкй шахсони номаълуманд. Ё шояд хеле маълум.

Асноди дигаре додрасонро ба хайрат овард, ки даромади куллии Талко дар миёни солхои 2005 то 2007 хамагй 15 миллион долларро ташкил додааст, дар холе ки танхо як ширкати дигари миёнарав дар фуруши алюмин — «CDH» (мансуб ба Хасан Асадуллохзода) дар хамин давра зиёда аз 500 миллион доллар даромад кардааст.

Дар мурофиа хуччатхое хам ба мушохида расидаанд, ки дар онхо баъзе ном ва маблагхо сиёх карда шудаанд, то касе хонда натавонад. Инчунин чандин санади такаллубии тафтиш ва ичозаномаи гумруки Точикистон ифшо гаштааст.

Бад набуд, агар маводи ин мурофиа ба Додситонии кулли Точикистон фиристода шавад. Бигзор хатто арои архив. Зеро рузе мерасад ва миллат чавоби ин хама аъмолро талаб мекунад. Он гох зарурат ба тафтиши дубора намемонд, зеро ин чо чандин чилд парванда тамом-айёр аст.

Аммо сабаби савуми поёни мурофиа низ вучуд дорад. Манобеъи инглисй мегуянд, хукумати Амрико нахостааст, мочаро бузург шавад ва корро ба чое расонад, ки эътибори сиёсии хукумати Точикистон ба ларза афтода, давлатхои дигар ва бонкхои байнулмилалй аз додани карзу имдод ба ин хукумат даст кашанд. Гуфта шудааст, дар шароити бухроние, ки Точикистон дорад, ин холат сабаби бурузи як минтакаи дигари ноамн дар пахлуи Афгонистон хохад шуд.

2 Responses

  1. Ba nazari banda to hol sababi asosii sulho Talco va Ansol ifsho nashudaast.

  2. Самандари азиз, бешубха, хак бо шумост. Афсус хамаи тарафхо карор карданд, ки сирру асрори ин мурофиа пушида бокй бимонад.

    Аммо рузе хама чиз фош хохад шуд, зеро сирре нест, ки абадан махфй монад. Ин исбот шудааст.

    Зинда бошед!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: