Ислом ва сиёсат (Бахши аввал)

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Масъалаи иртиботи ислом бо сиёсат ва мавзеъгирӣ дар баробари он, дар ин айём ба яке аз пурҷанҷолтарин масоил табдил ёфтааст. Мардумоне ба ҷудоии ислом аз сиёсат шиор додаанд ва медиҳанд ва мардумоне ҳам дам аз сиёсӣ будани дини ислом задаанд ва мезананд. Мо дар ин баҳси худ, коре надорем, ки чӣ чиз боис гардида баъзеҳо шиори ҷудоии ислом аз сиёсат бидиҳанд ва дар садади ин ҳам нестем, ки ба дифоъ аз мавзеъи касоне ки аҳёнан ба ангезаҳои сиёсии маҳз, дам аз сиёсӣ будани ислом зада ва худ фарсахҳо аз меъёрҳо ва мизонҳои ахлоқии исломӣ ба дур ҳастанд, бархезем. Он чӣ мавриди баҳси мост, баёни ҳақиқати ҳол дар ин масъала аст, яъне қатъи назар аз ин ки мавзеъи мардум дар баробари ин масъала чист ва чигуна будааст, мо тибқи усул ва равише, ки аз аввали баҳсҳоямон дар ин китоб худро ба он пойбанд кардаем, бо такя ба манобеъ ва сарчашмаҳои асили исломӣ (китоб, суннат, иҷмоъ ва ақл) ҳақиқатро баён намоем.

Қабл аз вуруд ба асли мавзўъ, лозим аст тасаввуре аз мафҳуми “сиёсат” (ҳарчанд ба таври мухтасар) дошта бошем то бо рўшании комил вориди баҳси мавриди назар шавем.

Шакке нест, ки инсон мавҷудест иҷтимоӣ, яъне аз оғози пайдоишаш зиндагии гурўҳӣ ва бар асоси равобит ва доду ситадҳо бо ҳамнавъони худ доштааст. Иҷтимоӣ будани ў, аз дидгоҳи Ислом, дар матни хилқат ва офаринишаш пайрезӣ шудааст:

Эй мардум, мо шуморо аз як мард ва зан офаридем ва шуморо миллат миллат ва қабила қабила гардонидем то бо якдигар шиносоии мутақобил ҳосил кунед…[1]

Ва аз тарафе ҳам тардиде нест, ки зиндагии иҷтимоӣ, бидуни вуҷуди дастгоҳе ба номи “ҳукумат”, ки шуъуни иҷтимоъро идора намояд, қобили тасаввур нест. Идора ва танзими умури ҷомеаро, дар истилоҳ, “сиёсат” гўянд. Пас “сиёсат” ва ҳар он чӣ ба он марбут аст, яке аз шуъуни иҷтимоъ ва зиндагии иҷтимоист.

Ҳоло суоле, ки дар ин ҷо матраҳ аст, ин аст ки оё ислом дар зоти худ, мактабе ҳаст, ки ҷанбаи сиёсӣ дошта ва аз имоновардагон ба ин мактаб хоста бошад, ки давлат ва ҳукумате бар асоси он додаҳо бунён гузоранд, ё инчунин нест?

Гоҳе баъзеҳо зуд ба посухгўӣ баромада ва мегўянд: Ин масъала далеле намехоҳад. Ҳамин, ки мебинем мусулмонон аз ҳамон ибтидои зуҳури ислом давлат барпо намудаанд, худ кофист, ки мўътақид шавем ислом дине сиёсӣ будааст.

Аммо ин посух кофӣ нест, зеро дар посухи он метавон гуфт, ки мусулмонон, ки дар як муддатзамони кўтоҳе ба як ҷамъияти азиме, ки ҳудудаш ҳатто аз нимҷазираи Арабистон ҳам таҷовуз карда буд, табдил ёфтанд, ба сифати як ҷомеаи инсонӣ хоҳ нохоҳ (ба муқтазои зиндагии иҷтимоӣ доштан) ниёз ба як дастгоҳе сиёсӣ доштанд, ки умур ва шуъуни иҷтимоии онҳоро идора ва танзим намояд ва бинобарин чорае ҷуз ин ки давлате барпо намоянд, надоштанд. Ба иборати дигар, давлате, ки барпо намуданд, давлати “ҷамоати мусулмонон” буд, чӣ ин ки худи дини ислом дар дохили хеш муқаррароти сиёсӣ дошта бошад ва ё надошта бошад. Барпоии давлат аз сўи онҳо, ба муқтазои зиндагии иҷтимоӣ доштанашон сурат гирифтааст.

Аммо баёни ҳақиқати ҳол дар ин масъала ва ин ки дини ислом чӣ иртиботе бо сиёсат дорад, зимни тавзеҳи нуктаҳои зерин рўшан хоҳад шуд:  

 

Нуктаи аввал

Дар баҳси мушаххассоти ислом аз назари идеологӣ гуфта гузаштем, ки яке аз хусусиятҳои Ислом, “ҳамаҷонибагӣ”-и ўст нисбат ба динҳои дигар, манобеъ ва сарчашмаҳои чаҳоргонаи исломӣ (китоб, суннат, иҷмоъ ва ақл) кофист, ки уламои уммат назари Исломро дар бораи ҳар мавзўъе кашф намоянд. Масъалаи ҳамаҷонибагии ислом метавонад аз ду зовия мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигирад. Яке аз ин зовия, ки аз сўе мебинем муқаррарот ва “бояд”-ҳо ва “набояд”-ҳои исломӣ маҳдуданд ва бепоён нестанд ва аз сўе ҳам бо пешрафти замон ва тағйири паёпаи талаботи замон, мавзўъҳои нав ба наве падид меояд (ки қатъан дар замони рисолат вуҷуд надошта) ва бо ин ҳол чигуна метавон иддио кард, ки манобеъи чаҳоргонаи исломӣ кофист, ки уламои уммат назари Исломро дар бораи ҳар мавзўъе кашф намоянд? Дар баҳси мушаххассоти ислом аз назари идеологӣ, дар ин бора муфассал баҳс намудем.

Масъалаи ҷомеият ва ҳамаҷонибагии муқаррароти исломӣ, аз як зовияи дигар ҳам метавонад мавриди баҳс қарор гирад ва он ин ки оё ин муқаррарот ва “боядҳо” ва “набоядҳо”, ҳамаи ҷанбаҳо ва абъоди фаъолияти фард ва ҷомеаро дарбар гирифтааст? Медонем, ки абъоди фаъолияти фард ва ҷомеа хеле густарда мебошад; аз робитаи фард бо офаридгораш гирифта то робитаи фард бо ҳамнавъони худ аз инсонҳои дигар, робитааш бо ҷомеа ва ҳамчунин робитаи ҷомеа бо фард ва ғайраро дарбар дорад. Оё ислом барои ҳамаи ин равобит, “боядҳо” ва “набоядҳо”-и худро дорад?

Қуръон иддио мекунад, ки дини Худо ҳеҷ ҷанбаеро нагузошта ва барои ҳамаи онҳо, муқаррарот ва “боядҳо” ва “набоядҳо” вазъ кардааст. Нигоҳе кўтоҳ ба додаҳо ва муқаррароти исломӣ ин иддиоро таъйид менамояд. Ошноён бо маорифи исломӣ медонанд, ки ислом ҳатто барои ҷузъитарин масоил дастурот вазъ кардааст; кадом об пок аст ва кадом як наҷис, чигуна бояд ғусл анҷом дод ва ба чӣ тартибе, ҳатто дастуроте дорад марбут ба одоби халоҷой, ки инсон ҳангоми фориғ шудан чӣ вазъе бояд дошта бошад масалан барои ў ҷоиз нест рў ба қибла истода фориғ шавад ва ғайра, аҳкоми марбут ба ҳайз ва нифоси занон, ҳатто муқаррароте дорад дар робита бо одоби хўрду хўрок, ки ба “одоби дастархон” маъруф аст, масалан дастур мефармояд, ки бояд қабл ва баъд аз таом даст шуст ва ё ин ки мизбон бояд қабл аз меҳмон шурўъ ба хўрдани таом намояд, бо “бисмиллоҳ” таомро оғоз намуда ва бо шукру сипос ба Худо онро поён диҳанд ва ин ки бо дасти рост ғизо тановул намоянд ва ҳазорон ҳазор масоили дигар.

Рўшан аст, ки масоили сиёсӣ, ки гуфтем ҷузъе ҷудоношуданӣ аз зиндагии иҷтимоии инсон ба шумор меравад, аҳаммияташ барои инсон ва саодат ва шақовати ў, камтар аз аҳаммияти одоби дастархон ва ё одоби халоҷой намебошад. Худованди мутаол, ки дини худро ба унвони тазминкунандаи саодати инсонҳо, барои онҳо ташреъ намуда ва (масалан) вазъи муайяне доштан дар ҳангоми фориғ шудан дар халоҷой ва ё ин ки ҳолате мушаххас доштан дар сари дастархонро, ҷузъи саодати онҳо мешуморад, оё маъқул аст, ки аз масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки гуфтем аз муҳимтарин масоили инсон ва ҷомеаи инсонӣ маҳсуб мегардад, чашмпўшӣ карда ва дар баробари он мавзеъе бетафовутона гирифта бошад?

Дине, ки иддио мекунад барномаҳо ва муқаррароташ ҳамаҷониба буда ва ҷамиъи абъоди вуҷудии инсонро дарбар дорад, маъқул нест, ки аз масоили сиёсӣ, ки аз сарнавиштсозтарин масоили башарист, ғофил монда бошад.

Ин аз назари ақлист, яъне ақл қазоват мекунад, ки дине, ки чунин иддиои бузурге мекунад, набояд аз яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти инсонҳо, ки сиёсат аст чашмпўшӣ намуда ва бигўяд: “Ман бо сиёсат коре надорам”. Вагарна ин дин, дини ноқис буда ва даъвои ҳамаҷонибагияш дурўғ хоҳад буд. Ҳоло бояд бибинем, ки оё воқеъан ислом муқаррарот ва “боядҳо” ва “набоядҳо”-и сиёсӣ дорад ё надорад?  

Нуктаи дуввум               

Дар баҳсҳои қаблӣ гузашт, ки порае аз муқаррарот ва “боядҳо” ва “набоядҳо”-и исломӣ моҳияти иҷтимоӣ доранд (ва мисолҳоеро ҳам барои он зикр намудем) ва гуфтем, ки аз ҷумлаи он муқаррарот, муқарраротест, ки  ҷанбаи сиёсӣ доранд. Қуръон мусулмононро мавриди хитоб қарор дода ба онҳо дастур медиҳад, ки дасти дуздонро ба сазои амалашон бибуранд[2], касонеро, ки дар замин ба фасод мекўшанд (яъне амнияти давлат ва ҷомеаро ба ҳам мезананд) муҷозот намоянд[3], ҳангоми таҷовузи душман дар баробари ў ба ҷиҳод ва пайкор бархезанд, дастур медиҳад дар баробари душман нерў ва қувва таҳийя кунанд[4], аз сарватмандони ҷомеа мехоҳад миқдоре аз молашонро ба ниёзмандони ҷомеа бипардозанд[5], дастур медиҳад ғаниматҳои ҷангиро ба мустаҳиққинаш вогузоранд[6] ва ғайра.

Рўшан аст, ки татбиқ ва иҷрои чунин муқаррарот ва дастуроте замоне барои мусулмонон имконпазир аст, ки аз як дастгоҳи сиёсӣ бархўрдор бошанд. Пас фармон ба анҷоми чунин муқаррароте, дар навбати аввал фармон ба барпоии як дастгоҳи сиёсиест, ки заминаи иҷрои ин муқарраротро фароҳам месозад. Зеро агар чунин бошад, ки ислом дар зот ва гавҳари худ моҳияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ надоштааст, дар ин сурат маъқул нест, ки ислом аз мо иҷрои муқарраротеро бихоҳад, ки анҷоми онҳо ҷуз таҳти нерўи дастгоҳи сиёсӣ муяссар нест.

Илова бар ин, Қуръони карим аҳком ва дастуротеро дарбар дорад, ки баъзе ба масъулиятҳои ҳокими сиёсӣ дар баробари мардум марбут аст[7] ва баъзеи дигар ба масъулиятҳои мардум дар баробари ҳоким[8]. Агар ислом дине бошад, ки коре ба сиёсату умури сиёсӣ надорад, он гоҳ маъно надорад, ки гоҳе ҳокими сиёсиро мавриди хитоб қарор дода ва ба ў дастур бидиҳад, ки чунину чунон рафтор кун ва гоҳе ба мардум фармон бидиҳад, ки аз “соҳибони амр” (ки ҳамон ҳокимонанд ба истилоҳи Қуръон) фармонбардорӣ намоед.  

Нуктаи севвум

Дар суханони ҳазрати паёмбар(с) ба ишороти сареҳе бармехўрем, ки далолат мекунанд ҳукумату давлатдорӣ ҷузъе аз таълимоти ислом ба шумор мерафтааст. Масалан дар ривоят омадааст, ки паёмбар(с) ба назм бахшидан ба ҷамоат ҳарчанд аз се нафар ташкил шуда бошад ҳам, таъкиди фаровон доштаанд: “Шоиста нест барои се нафар, ки дар як саҳрое бошанд ҷуз ин ки якеро аз миёни худ ба унвони амир ва сарпараст ихтиёр кунанд.[9] Ва дар ривояти дигар мехонем: “Агар се нафар барои сафаре берун оянд, ҳатман якеро ба унвони амир таъйин намоянд.[10]

Ин таъкидҳои фаровон барои ин аст ки ҳар ҷамоат ва гурўҳе ҳарчанд аз се нафар ташкил шуда бошад ҳам, ниёз ба як дастгоҳи идоракунандае дорад, ки ба фаъолиятҳояш ҷиҳат мебахшад, вагарна мунҷар ба ҳарҷу марҷ ва бебандуборӣ мешавад. Агар ислом нисбат ба назми як ҷамоати се нафарӣ инчунин ҳарис аст, оё маъқул аст, ки нисбат ба назми ҷомеаи азими инсонӣ бетафовут буда ва гуфта бошад “Ман ба сиёсат коре надорам”?

Паёмбари акрам(с) дар бархе аз фармоишҳои худ тасреҳ мефармояд, ки бар ҳар мусулмоне воҷиб аст, ки таҳти байъати як ҳокими исломӣ қарор дошта бошад: “Ҳар он кас, ки дар ҳоле дунёро тарк кунад, ки байъате бар гарданаш набошад, бо марги ҷоҳилият (марги ғайри исломӣ) аз дунё рафтааст.[11]

 

Нуктаи чаҳорум

Кирдори паёмбар(с) ба монанди гуфтораш суннат аст, яъне яке аз манобеъ ва сарчашмаҳои маорифи исломист. Мебинем паёмбари акрам(с) амалан давлат барпо намудаанд ва ишон илова бар мақоми нубувват ва рисолат, мақоми имомат ва сарпарастии ҷомеаро низ бар ўҳда доштанд. Ба иборати дигар, ҳазрати паёмбар(с) раиси давлати исломӣ буданд, намояндагон таъйин менамуданд, қозиҳоро вазифадор месохтанд, сипоҳ ташкил намуда ва барои ҷанг мефиристоданд, закот ва молиёти лозимро гирдоварӣ намуда ва дар миёни ниёзмандон тақсим менамуданд, ҳадду ҳудудҳои ҷазоӣ ҷорӣ мекарданд, намояндагони хешро барои ақсо нуқоти дунё ирсол менамуданд ва ғайра.

Ҳамаи ин фаъолиятҳо, аз шуъуни ҳукумати сиёсист. Агар ислом коре ба сиёсат надошта бошад, ҳаргиз паёмбар(с) ба ин корҳо даст намезаданд ва ло ақал онро ба дигарон вогузор менамуданд. 

Нуктаи панҷум

Шитоби саҳобагон баъд аз реҳлати ҳазрати паёмбар(с) барои интихоби халифа ва касе ки сарпарастии умури мусулмононро бар ўҳда гирад ва мавриди инкор қарор нагирифтани ин кор аз ҷониби касе аз бузургони асҳоб[12], далеле возеҳ аст бар ин ки барпоии давлат ва қарор доштан зери байъати ҳокими исломӣ, ҷузъи зарурие аз ислом буда, ки исломи мусулмонон ҷуз бо он комил намешудааст.

Рўшан аст, ки иҷмои (иттифоқи) саҳобагон бар амре аз умури дин, худ далел ва ҳуҷҷатест бар шаръӣ будани он амр, яъне аз иҷмои асҳоб бар таъйини халифа ва ҳокими сиёсӣ баъди реҳлати паёмбар(с) мефаҳмем, ки ин кор ҷузъе аз заруриёти ислом ба шумор мерафтааст.

Бо баёни нукоти панҷгона комилан рўшан шуд, ки ҳам ақл, ҳам Қуръон, ҳам суннати қавлӣ ва ҳам суннати феълии паёмбар(с) ва ҳам иҷмоъ ҳамагӣ далолат бар ин доранд, ки ислом аз сиёсат ҷудо нест, балки сиёсат ва таваҷҷўҳ ба шуъуни иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҷузъе аз заруриёти дини ислом ҳастанд.  

                        (Идомаи сухан дар бахши дувум)

[1] – Сураи Ҳуҷурот, ояти 13.

[2] – “Ва марду зани дуздро ба сазои он чӣ кардаанд, дасташонро ба унвоне кайфаре аз чониби Худо бибуред…” (Сураи Моида, ояти 38).

[3] – “Сазои касоне, ки бо (дўстдорони) Худо ва паёмбари ў меҷанганд ва дар замин ба фасод мекўшанд, ҷуз ин нест, ки кушта шаванд ва ё ба дор овехта гарданд ё дасту пояшон дар хилофи ҷиҳати якдигар бурида шавад ё аз он сарзамин табъид гарданд…” (Сураи Моида, ояти 33).

[4] – “То охирин ҳадди имкон дар баробари душман нерў таҳия кунед ва нерўманд бошед.” (Сураи Анфол, ояти 60).

[5] – Мисли ояти 110 сураи Бақара “Намоз бигузоред ва закот бидиҳед…”, ва ояти 60 сураи Тавба “Садақот барои фақирон аст ва мискинон ва коргузорони чамъоварии он ва низ барои ба даст овардани дили мухолифон ва озод кардани бандагон ва қарздорон ва инфоқ дар роҳи Худо ва мусофирони ниёзманд…”.

[6] – “…ҳаргоҳ чизе ба ғанимат гирифтед, хумси он, аз они Худо, паёмбар, хешовандон, ятимон, мискинон ва дар роҳ мондагон аст…” (Сураи Анфол, ояти 41).

[7] – “Ҳамоно Худованд ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонаш адо намоед, ва агар миёни мардум ҳукм намудед, бо “адолат” ҳукм кунед.” (Сураи Нисо, ояти 58).

[8] – “Итоат кунед аз Худо ва итоат кунед аз паёмбар ва соҳибони амр аз худ.” (Сураи Нисо, ояти 59).

[9] Аҳмад дар Муснад”-и хеш ривоят кардааст. Нақл аз китоби “Ҳукм ва давлат”-и Муҳаммад Ал-муборак, с. 23.

[10] Манбаи пешин, с. 23.

[11] Ривояти Муслим ба нақл аз манбаи пешин, с. 24.

[12] – Агар гуфта шавад, ки бархе аз бузургони асҳоб бо интихоби Абўбакр барои хилофат розӣ нашудаанд ва инро баҳонае гиранд барои ин, ки бигўянд интихоби халифа аз пеши худи мусулмонон будааст, ба инҳо мегўем ихтилофи асҳоб миёни худ дар мавриди асли матлаб набуда, яъне дар мавриди зарурати сарпарастии ҷомеаи мусулмонон баъд аз паёмбар (с) набудааст, балки ихтилофи онҳо бар сари касе, ки ин мақомро баъди паёмбар (с) бояд бар ўҳда гирад, будааст.


One Response

  1. Дусти азизам Сайидюнус,

    ман Шуморо надидаам, вале як дусти худ мешуморам, зеро монанди ман меандешед ва месузед.

    Аммо хайронам, ки ширкатдорони Андеша дар бораи ин мавзуъ сукутро бартар медонанд.

    Агар хичоб мегуфтед ва ё масъалаи занони точик холо даххо нафар ба Шумо посух медод. Локин масъалахои хаётан мухим — Ислом ва сиёсат, дуздихои сарварони кишвар, хомушй ва хиёнати рушанфикрон, ояндаи фарзандон — ин хама барои мардуми мо чизхои мушкиланд ё фурсате барои андешаи онхоро надоранд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: